Исфара пилони облаваро чигуна иҷрокард?
Дар Исфара, ноҳияи ҳамсарҳад бо Қирғизистон, маъракаи “облава” ва ё даъвати тирамоҳӣ дар ҳоле ба анҷом расид, ки дар шаҳру навоҳии дигари кишвар, то ҳамин имрӯз ҳатто нисфи нақша иҷро нашудааст.Барои иҷрои нақша дар инҷо мақомоти интизомиву амниятӣ даст ба аъмоле заданд, ки ҳатто дар замони ҷанги бо Гитлер фашистон муқобили мардуми шӯравӣ ҳамчунин террор ва ваҳшониятро раво надида буданд.
Бо шурӯъи маъракаи даъват тамоми сохторҳои қудратӣ:- милиса,амният, додситонӣ аз шаҳру ноҳияи Исфара ва ҳатто бо ҷалби нерӯҳои изофӣ аз маркази вилоят барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани нақша шаҳр ва деҳоти Исфара ва бахусус ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворухро ба арса ва сангари “облава” қарор доданд.Тавассути расонаҳо, ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ болои мардуми бахусус Чоркӯҳ ва Ворух ҳамлаҳоро ба роҳ монда онҳоро дар муқобала бо сиёсати Раҳмонов ва ҳамкориву пайравӣ аз ҲНИТ муттаҳам карданд. Ин деҳаҳо тайи чанд ҳафта ба маҳалли кашокаш, муноқиша ва бархӯрд миёни маъмурини милиса ва амният ва падару модари ҷавонони синни даъват табдил шуд. Авзоъ ба ҳадде рӯ ба вахомат овард,ки корманди КГБ мардумро ошкоро тӯҳмат ва таҳдид карданд, ки Шумо зидди сиёсати давлат ҳастед,барои ҳамин фарзандонатонро амдан ва барқасд ба хизмати ҳарбӣ намефиристед. Инҷо аз зикри дашному ҳақоратҳои қабеҳе,ки болои зану мард, пиру барнои Исфара рехтанд, иҷтиноб меварзем. Аммо ин нуктаро,ки битавонад асрори ба ин зудӣ дар иҷрои нақша комёб шудани Исфара ва раиси он Сиҷоуддин Саломзодаро ифшо кунадро ҳатман тазаккур хоҳем дод.
Ба чаҳор подшоҳ маълум ва ҳеҷ касеро ҳам пӯшида нест,ки аксарияти аҳолии Чоркӯҳ,ки беш аз 40 ҳазор аст ва низ мардуми Ворух,ки аз деҳоти пурҷамъияти Исфара маҳсуб меёбанд, пайравону аъзои ҲНИТ мебошанд. Аммо бо қатъи фаъолияти ҲНИТ онҳо ба таври механикӣ ҳеҷ гуна амалҳои сиёсӣ анҷом надоданд. Вале фишори милиса ва бахусус КГБ болои ин ду ҷамоат дар ҳамин маъракаи даъвати тирамоҳӣ ва ё ҳамон “облава” башиддат боло гирифт.Мисли онки ҳамин рӯзу ҳамин лаҳзаҳоро бесаброна мунтазир буданд, ки ба як бор тақрибан 50 нафар аз падару модарони чоркӯҳиро,ки ҳамагӣ наҳзатиҳои собиқ буданд, ба дастонашон завлона зада бурданду дар ИВС-и милиса ва таҳхонаи амнияти шаҳр маҳкам карданд. Шарти озодӣ ҳам ин буд,ки фарзандонашонро аз Русия баргардонида ба хизмати ҳарбӣ месупоранд. Кадоме аз онҳо, ки шароит доштанд, манзур фарзандонашон пули бозгаштро дошт, баъди омадани фарзандон раҳо карданд. Зимнан,чанд нафаре аз онҳоро маҷбур карданд,ки дар навор бигӯянд,ки бо ихтиёр ва хоҳиши худ барои ҳимояи ватан омадаанд, аммо дар асл он наворҳо,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд, дурӯғи маҳз аст, бофта ва сохта.
Дар як рӯз се,чаҳор маротиба сӯҳбати телефонии падару модарон ба писаронашонро ташкил карда ва ҳоли онҳоро бо дастони занҷирбанд дар таҳхона нишон дода ҷавонҳоро водор мекарданд,ки аз Русия баргарданд. Аммо он падару модароне,ки аз фарзандонашон дар Русия пули барои бозгашт надоштанд чандин рӯзу ҳафта, ҳатто занҳо дар боздоштгоҳҳо қарор гирифтанд. Ин аст сиёсати пешгирифтаи пешвои муаззами миллат бо мардуми мазлуми Исфара.
Як оила,ки танҳо яккаписар доштанд ва ҳарду узви собиқи ҲНИТ буданд,чандин рӯз дар таҳхонаи КГБ нишастанд.Вақте фаҳмиданд,ки фарзандони онҳо билет гирифтааст, занро раҳо карданд, аммо мардро не. Гуфтанд,ки то наояд, мешинӣ.Онҳо ҳарду бекоранд.Бо пули мефиристодаи писарашон мезистанд. Ягона ноноварро онҳо водор карданд,ки биёяд, ҳарчанд тибқи қонуни уҳдадории ҳарбӣ яккаписар аз адои хизмати аскарӣ озод аст…. Аммо рӯзи аз ин ҳам сиёҳтарро болои имомхатибон оварданд. КГБ онҳоро маҷбур кард,ки аз намозгузорон дар масҷидҳо пул ҷамъ карда билети ҷавонҳоеро,ки аз Русия барои хидмат омаданианду аммо роҳхарҷӣ надоранд, пардохт намоянд. Дар сурати ғайр масҷид баста мешавад. Намозугузорон ҷамъ карда медиҳанд. Ҳатто вақте дар телевизионҳои вилоятӣ ва Душанбе аз иҷрои пеш аз мӯҳлати даъвати тирамоҳӣ дар Исфара намоиш медоданд, дасту пойи чандин нафар аз падару модари ҷавонони сини даъват ба аскарӣ дар шуъбаи милисаи Чоркӯҳ ва дар ИВС-и милисаи шаҳр баста будааст.
Вале танҳо маъракаи сарбозгирӣ баҳона нашудааст,ки Раҳмонов ва ниҳодҳои махсуси вай бо мардуми Исфара нигоҳи каҷ ва хасмона дошта бошанд. Мардуми Исфара аз хеле вақт аст ки медонанд ва фаҳмидаанд,ки Раҳмонов бо онҳо миёнаи хуб надорад. Онҳоро ба чашми душман менигарад.Аз инҷо буд,ки тӯли чандин сол зимоми раёсати Исфараро ба дасти Раҳмоналӣ Амиров солҳои 2011-2014) аз ҳаммаҳалҳо ва аз ҳамразмони пешинаш дар Фронти халқӣ супорида буд.Агарчи Зоидзода Даврон (2014-2016 ) як Хуҷандиҳам раиси карда буд,ки хубу баде аз ӯ ёд намекунанд ва пас аз ин Дилшод Расулзода,ки зодаи Исфара буд корҳои зиёде анҷом додааст ва мардум аз ӯ розӣ буданд дақиқан солҳои (2016-2018) роҳбари кардааст.
Раҳмоналӣ Амиров дақиқан ҳамоне,ки ҳамин ҳоло дар Ваҳдат раис аст ва барои пешво дар дараи Ромит биҳишт месозад. Амиров, ба замми онки дуздиду хӯрду бурд ва барои худаш дар инҷо чанд қасрҳои муҳташаме бино кард, ҳеҷ ҳарфе хуше аз ин ноҳия ба Душанбе на гуфт ва на фиристод.Аслан овардан ва таъйин кардани Раҳмоналӣ Амиров аз тарафи Раҳмонов ба он маъно буд,ки вай битвонад султа ва сиёсати Раҳмонро инҷо бинишонад ва ин мардуми мутадаййинро то битавонад аз дину мазҳаб дур бисозад.
Ҳатто консерту барномаҳои овозхононе чун Нигина ва Шабнамро ҳам дар Исфара ташкил карданд. Аммо Раҳмонов, бо онки гумон мерафт Исфараро таҳти контрол гирифт ва бархе аз шахсиятҳои нисбатан бонуфузи онро мисли домулло Наимҷон Самиев аз Русия оварда 15 сол зиндон ва Низомхон Ҷӯраев саркӯб кард, боз ҳам ба ҷойи Раҳмоналӣ Амиров нафаре дигарро аз Данғара ба ин ноҳия раис таъйин кард. (Зимнан дар мавриди Низомхон Ҷӯраев чандин маълумотҳое дорам солҳе дар Бишкек будам ва агар фурсате пеш омад, чи гуна аз ҷониби духтари машҳуре аз Тоҷикистон тороҷ шудани моликияташ ва боз ҳам бо мусоидати ӯ ва бархе дигар аз маоқмоти болорутба, тарки кишвар карданашро хоҳам навишт)
Ин нафар Сиҷоуддин Саломзода аст,ки ҳоло дар курсии раиси ноҳияи Исфара нишастааст. Барои ӯ салоҳият ва ваколатҳои беҳадду марзе дода шудааст. Даҳони ӯ ба ҳадде бефаровез аст ки дар ҷаласаҳо дар ҳузури занҳо дашном медиҳад.Аз болои ӯ шикоят карданд. Вале, азбаски дар боло ҳам болоиҳо аз худи ӯ ҳастанд аз номаи шикоятӣ дарак медиҳанд.Вале ӯ ин навбат беш аз пеш ҳақорату дашном медиҳад ва ошкоро мегӯяд,ки ҳеҷ кадомат бо ин навиштанҳо мара коре карда наметавонед.Ошкоро дар ҷаласаҳо дар даъватҳои ҷавонон ба сафи артиш дар соли гузашта мегуфт шумо мардони Исфара мард нестед ва ягонтаатон номус надоред ошкоро чунин мегуфтааст.Дар ҷаласаҳо имомхатибони масоҷиди ноҳияро ончунон таҳқирҳои сахт мекардааст,ки аз навиштани онҳо албатта худдорӣ мекунем ва метавонед аз худи онҳо ин таҳқирҳоро бипурсед. Ва ҳатто таҳдид мекунад, ки ин шумоед исфарагиҳо,ки бояд талош кунед,ки Ҷаноби олӣ аз гуноҳатон гузарад. Чандин сол дар инҷо бародари М.Убайдуллоев,сардори милиса буд ва ҳоло Шоҳ Искандаров ба ҷойи ӯ таъин шудааст. Бале ҳамон Искандаров,ки дар гузашта қумандони ИНОТ буд.
Шоҳ Искандаров дар оғози сардори милиса шуданаш эълон кард,ки касе ба ришу ҳиҷобу сатр кор нахоҳад гирифт ва дар шуъбаи милеса шаробхурӣ ва фаҳшу фоҳишаро набинам ва ҳамаатон намозхонед. Агар касе дар ин масалаҳо шикоят кунад ман ҳатман чораҷӯйи мекунам.Масҷидҳо ҳам бидуни мамониат кор хоҳанд кард, ҳатто як масҷидро худаш рафта кушода ва бо микрафон гуфтааст азон гуед,ки ҳуш аз сари мардуми исфара парида буд.
Вале андаке нагузашту ҳама чун пештара шуд. Ришу сатру ҳиҷоб проблема шуд.Масҷидҳо ҳам дигарбора зери заррабин қарор гирифтанд.Дурбинҳои мадорбасат равуои намозгузоронро сабт мекунанд.
Ин мо нестем,ки маҳалгироиро доман бизанем. Ин Раҳмонов аст ки ошкоро маҳалгароӣ мекунад ва ҳатто дар як деҳа кадреро аз маҳалли худаш маъмур кардааст. Ҳам Раҳмоналӣ Амиров, ҳам Сиҷоуддин Саломзода,ҳам Шамсулло Маҳмудов, ҳам Шомадзода Фирдавс ҳам Прокурори ноҳия Анвар Холов,Военкоми ноҳия Авазализода.А ва амнияти Чоркӯҳ Қурбонов ва Шоҳ Искандаров ва то чанд моҳи пеш раиси амният ва раиси андози ноҳия ҳато аз ҳамон бачакои боло буданд,ки дар ин ноҳия масъулиятҳоро бар уҳда доштанду доранд ва дигарҳоеки намехоҳам зикри номи он санги болоиҳоро биорам далели рӯшани гуфтаи мо аст.
Магар дар худи Исфара кадрҳо нестанд,ки ҳатман бояд аз “бачаҳакаои боло” таъин бишаванд. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад,ки Раҳмонов бо ин мардум бо шакку шубҳа менигарад. Ростӣ то ба ҳамин ҳоло ташхис ва аломатгузорӣ нашудани марзи миёни Исфара ва навоҳии Қирғизистон ҳам ҳадафҳоеро дорад ва инҷо бар иловаи манфиатҳои тиҷоратии хонаводаи Раҳмонов дар симои ширкати ҳам акнун дар ҳоли ликвидатсияи Фароз нақшаҳое дигаре ҳам вуҷуд доштааст. Тибқи баъзе аз маълумотҳои расида яке аз нақшаҳое, ки барои ҳалли низоъи марзӣ бо Қирғизистон рӯи мизи Раҳмонов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, вогузории Чоркӯҳ ва Ворух ба кишвари ҳамсоя аст. Ин то куҷо асос дорад,то куҷо воқеият дорад,номуайян аст. Аммо огаҳони умур ақида доранд,ки Раҳмонов бо ин муомила мехоҳад ҳам ба баҳси марзӣ бо қирғизҳо хотима гузорад ва ҳам аз шарри наҳзатиҳои Исфара ва марду зани мутадаййини он ба як бор халос бишавад.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд дар ҳеҷ ноҳияе аз Тоҷикистон маъракаи “облава” –сарбозгирии маҷбурӣ дар баҳори соли равон ва махсусан ҳоло онгуна ки дар Исфара ва бахусус Воруху Чоркӯҳ сурат гирифт вазнину шадид ва бо азиятиу озор ҷараён нагирифтааст.Инҷо ҳама кор бо ранги дигар пеш меравад. Маъмурони амниятӣ ошкоро мегӯянд,ки чаро Ватани шуморо (манзурашон сарҳад бо қирғизҳо) бачаҳои дигар ноҳияҳо омада ҳимоят кунанд. Бачаҳоятонро фиристед. Кӯча ба кӯча, манзил ба манзили мардум гашта сарбоз ҷамъ карданд. Ин як навъ тарсу ҳароспароканӣ ва эҷоди фазо ва муҳити ваҳму ваҳшат дар миёни аҳолии мутадаййини Исфара аст. “Ҳукумат зӯраша гирифтагӣ, бо ҳукумат шӯхӣ карда намешавад”, то нафиристед халос нахоҳед шуд”(ин бо лаҳҷаи мардуми исфари бостонии ҳоло асири як оила) Аз ин қабил таҳдидҳо карда бидуни кадом андеша муносибати махсус,нақшаи махсус барои Чоркӯҳ ва Ворух доштани худро пинҳон ҳам намекунанд. Як моҳи пеш як корманди шӯъбаи милиса ҷамоати Чоркӯҳ вориди синфхонаи мактаби рақами 64 шуда талабаеро барои онки се дақиқа баъди занг вориди синф мешавад дар ҳузури муаллма ва ҳамсинфон зери латту кӯб қарор медиҳад. Ба доди мудири маориф, мудири мактаб, муаллима ва падару модари ӯ касе нарасид, балки баракс гуфтаанд,ки дар ҳаққи корманди милиса тӯҳмат кардаанд.
Аммо фишору тазъиқи Раҳмону маъмурони милиса ва КГБ-и вай болои мардуми Чоркӯҳу Ворух тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам идома дошт. Аз як сӯ ҷавонҳои иҷборан аз Русия бозпас оварда тавассути навор аз “ихтиёрӣ” ба аскарӣ рафтани худ сӯҳбат кунанд аз тарафи дигар тавассути “фермаи ҷавоб” болои ин мардум фишору таҳдидро ба роҳ андохтанд. Як муаллифи гумноме бо номи Баҳодури Замон дар гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”,ки навиштаи ӯ тавассути Махина Рачабова гузошта шуд, рӯирост ба ҷавонони чоркӯҳӣ дӯғу таҳдид карда мавқеи Раҳмон ва нафарати ӯ ба ин мардумро изҳор дошт:
…..”барои чӣ писарони дигар шаҳрвандонамон дар марзҳои ш.Исфара бо Ҷумҳурии Қирғизистон омада ба даст силоҳ гирифта,шабҳо хоб накарда хизмати ҳарбиро адо мекунанд,аммо писарони Шумо ҳам аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд ва ҳам дар Россия пул кор мекунанд…..чӣ магар он ҷавонон то ба ҳамин дараҷа беномусанд,ки падарону модаронро дар азият қарор медиҳанд”.
Баҳодури Замон,ки дуруст корманди фермагии КГБ аст ҳатто ба ҷавонони ворухӣ ва чоркӯҳӣ ҳушдор медиҳад,ки шумо бояд марзи зодгоҳи худ бо Қирғизҳоро ҳимоят кунед. Вай “тадбири” ба роҳ монда шуда, яъне ҳабс ва ба гарвгириву ба асорат бурдани падару модари ҷавонони исфарагӣ аз сӯи мақомоти интизомиро тадбири қонунӣ мешуморад:
“ Лозим ба ёдоварист,ки дар тули чанд соли сипаришуда шаҳри Исфара ва махсусан ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух,ҳатто 50% меъёри муқарраргардидаро дар самти даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ иҷро накардааст. Барои ҳамин ҳам ҷамоати Оқсойи қирғиз бо 2-3 ҳазор аҳолиаш дар баробари 60-70 ҳазор аҳолии Чоркӯҳу Ворух истодагарӣ мекунад ва заминҳояшонро маҷбур кашида мегиранд. Табармусулмон гуфтани тоҷикон беҳуда нест. Танҳо ба роҳ мондани чунин тадбирҳои қонунӣ,соли 2018 шаҳри Исфара меъёри даъватро иҷро намуд”.
Воқеан ин навиштаро хонда кас ба ин хулоса меояд,ки сиёсати пешгирифтаи Раҳмонов ва амнияти вай барои тамоми Тоҷикистон яксон ва якранг нест ва барои бархе аз навоҳӣ ӯ на раиси ҷумҳур ва на роҳбари давлат, балки як душман ва як аҷнабӣ аст. Магар мешавад,ки як ҷавони тоҷики муздурро,ки наметавонӣ бо ҷойи кор таъмин бикунӣ, таъна бизанӣ,ки ғуломи дар хоҷаи бегона шудаӣ. Ва, боз ба сари ӯ арбада ва фишор оварӣ,ки ба дасту пойи волидонат завлона задани мо дуруст аст ва бигзор,ки мо “пишакат”-яъне падару модаратро,агарки ту аскарӣ намеравӣ пишт бигӯем:
“Ғуломи дари хоҷаи бегона шудан мехоҳанду дар Ватан хизмат карданро намехоҳанд.Боз мехоҳанд,ки ба пишаки онҳо касе пишт нагӯяд”. Ана,ҳаминҷо чуқур фикр кунед.
Бархӯрд ва муносибати хасмонаи ҳокимияти марказӣ дар симои Раҳмонов ва ҳокими Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо сокинони деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух аз ҷониби иддае аз чоплусони косалесе чун Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси ноҳияи Исфара мавриди тавсифу ҷонибдорӣ қарор гирифтааст ва ин сухангӯи лаганбардор дар як сӯҳбати матбуотиаш аз “принсипи дуруст” ва роҳи ҳалли муносиби мушкили сарбозгирӣ дар ситоиш карда тавсия додааст,ки таҷрибаи Сиҷоуддин Саломзода барои навоҳии дигари Тоҷикистон қобили пайравӣ аст.Бидуни шакку тардиде, ҳамагонӣ кардани он барои боз ҳам афзудани нафрат ва норизоиятии мардум нисбати Раҳмону дору дастааш замина ва бистари хуберо фароҳам хоҳад кард.
Зеро то ба ин муддат чандин усулу тарзи “облава” истифода шудааст: -Раҳмонов ба унвони сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ бо хабар аст ки ҷавонон аз манзил, аз ҷойи хоб,аз қади роҳ, аз даруни автобус, аз дохили тролейбус ва таксӣ, аз вокзал,аз фурудгоҳ дастгир мешаванд.Вагарна то ҳамин имрӯз, ки 28 сол мешавад Раҳмонов сари қудрат асту “облава” идома дорад, ягон масъули комиссияи даъват, комиссариати ҳарбӣ, нозири минтақа, корманди ҷамоа барои ҷалби ғайриқонунӣ муҷозот нашудааст. Баракс маъракаи “облава” ба маъракаи пулҷамъкунӣ табдил шудааст. Баҳори имсол масоҷиди ноҳияи Нуробод ва бархе дигар навоҳиро бубастанд, то инки нақша иҷро бишавад.Ҳатто намози ҷумъаро манъ карда дари масҷидро қуфл заданд.
Як нафари огоҳ аз ҷараёни сарбозгирӣ гуфт, ки ҳоло ин маърака байни комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ, ҷамоаҳо ва ҳатто муовини раиси ноҳияҳо ба тиҷорат табдил шудааст.Барои мисол аз ҷамоаҳои сераҳолӣ ба ҷои 15 даъватшаванда 25 касро меоранд.Ва ба ҷамоае,ки нақшаро натавонист иҷро кунад, даҳ нафари изофиро мефурӯшанд.Ва ин кор идома меёбад дар сатҳи комиссариати ноҳия ба ноҳия,вилоят, шаҳри Душанбе. Пули хариду фурӯшро ҳам аз падару модароне меситонанд,ки намехоҳанд бачаҳояшон ба хизмат биравад. Онҳо пул дода бачаи худро аз хизмат халос мекунанд Ҷамоа ва камиссариатҳои нақшаро буд накарда бо ин пулҳо аз ҷамоа ва комиссариатҳое,ки барзиёд ҷамъ кардаанд мехаранд. Амалан хариду фурӯши одам ошкоро идома дорад. Ва, як ҳолати ҷолиби дигарро як нафари дигар бароям навиштааст. Вай,ки ҳоло дар яке аз сохторҳо кор мекунад мегӯяд,ки соли охири донишгоҳ натавонист маблағи шартномаро бисупорад. Ҳамин вақт буд,ки аз коммисариати ноҳия омада пешниҳод доданд,ки ҳарки ба хидмати сарбозӣ биравад маблағи шартномаашро месупоранд. Ҳамин тавр ӯ худро ба комиссариат фурӯхт. Ҳоло ҳам соҳиби диплому рутбаи ҳарбӣ шуд ва ҳам аз қарзи доншгоҳ халос хӯрд. Ҳамин тавр, ниҳодҳои поёнӣ, як коре карда “крутит” мекунанду корро “пеш”мебаранд.
Аммо ин ҳама дар ҳоле ҷараён дорад,ки Раҳмонов,сарфармондеҳи кулли Қувваҳои мусаллаҳ дар фикри овардани Рустам ба ҷойи худ ва ҷойгузин кардани ӯст. Рустамро, генералеро,ки ҳатто як дақиқа ҳам хизмати аскарӣ накардаастро Президент мекунад.Ва, ҳоло суоли мантиқӣ ҳам ин аст ки чаро бояд бачаҳои мардум бираванду Рустам ва бизнеси домодҳои Раҳмонро ҳифзу ҳимоят кунанд? Чаро Рустам ишрату айшу нӯш кунад,бачаҳои мардум ӯро,бонкҳои оиларо ҳимоя кунанд? Чаро бояд раванд? Киро,кадом ватанро ва барои чӣ? Чи фоида мебинанд? Ду соли ҳаёташонро сарфи чӣ ва чаро кунанд? Чаро барои нонковӣ ва таъмини ризқу рӯзӣ мардикорӣ, бираванд ва муздурӣ кунанду оянд ва боз биравад сарбозӣ? Ва,агарки нарафт падару модари ӯро Раҳмону Рустам гирифта “турма” мекунанд.
Аз миёни 260 нафар ҷавонони исфарагӣ беш аз панҷоҳ нафари онҳо зодагони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Воруханд,ки бо иҷбор ё маҷбуран аз Русия оварда шуданд. Онҳо омаданд, падару модари худро аз боздоштгоҳ ва асорати милиса ва КГБ халос карданд ва ҳоло дар хизмати ватананд. Онҳо ҳамчунин ватан доранд ва ҳамчунин роҳбар.Ин ҳам дар ҳоле аст ки шумори даъватшавандаҳо дар Тоҷикистон на камтар аз 600 ҳазор асту артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 20 ҳазор. Ин “ҷонҳои ҷавон” манбаи бизнесанд,ки Раҳмонов аз он ба хубӣ огоҳ аст.
“Досияи сиёҳи Сиҷоуддин Саломзода”
Дар мавриди ҷиноятҳои Сиҷоуддин Саломзода маъулмоти зиёде ба мо,то имрӯз расидаанд. Маълумотҳо аз ҷиноятҳои ташрифи Раҳмонов ба Исфара,ки се миллион сомонӣ аз мардуми Исфара бо зурӣ ҷамъовари карда ва чиқадари онро масраф кард ва бо “ифтихор” гуфтанҳоеки ман хеши Зоирам ва ин пулҳое ҷамъ мекунам ба Зоир домоди Раҳмонов гуё мерафтааст. Аз мардум пул ҷамъкарда “Осоишгоҳи Зумрад” – ро месозад,барои кӣ? Ҷиноятҳои заминфурӯшӣ ва амалҳои бади дигараш шаҳодат медиҳанд.Пас аз комил шудани “Досияи сиёҳ” ҳатман тақдими шумо азизон менамоем.Агар маълумотҳое аз ҷиноятҳои Сиҷоуддин Саломзода медонед ва онҳо бо далел бошанд онро бароямон ирсол намоед.