(бахши севвум )
Аҷабо! Юсуф Раҳмон ҳам президентшав будаст, курсии Прокурори генералӣ барои генерал Юсуф Раҳмон майдагӣ карда истодааст
Ба назар мерасад, ки баъди қудоӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов дар сари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ҳам хиёлу ҳавои президентӣ афтодааст. Хабарҳое, ки ба «Ислоҳ.нет» мерасанд, ҳамин тавр мегӯянд, ки ҷаноби Юсуф Раҳмон дилаш «Ҷаноби олӣ» ва «фарзанди фарзона» шудан аст. Барои ҳамин ҳоло ба як қатор чора ва тадбирҳое даст задааст, ки пеш вақт ин корҳоро намекард, ҷуръаташ камӣ мекард. Масалан ҳоло дар пайи пайдо кардани камбуд ва ҷиноёти ширкати ҳамашумулу ҳамаарсаи «Avesta group» шудааст, ки ҳамагон медонанд молики асосии он Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, раиси Маҷлиси Миллӣ ва нафари дуввуми Тоҷикистон аст, ки қарор аст имрӯзу фардо ба курсии падараш бишинонанд. Прокурори генералӣ нисбати роҳбар ва муовинҳои ин ширкат сахт кор бурда истодааст. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки таъмиру навсозии кучаи Қаҳҳоров дар Мяскомбинатро ба ҳамин ширкат супориданд. Ҳавлиҳои ду бари ин роҳ тибқи нақша хезонида мешаванд. Яъне бояд инҳоро «Avesta group» бихезонад. Юсуф Раҳмон ба восиати «агентура»-и ташкилдодааш байни сокинони ин ҳавлиҳо даромада иғво андохта истодааст, ки «нахезед, давлат шуморо фиреб мекунад, хона намедиҳад».
Маълум аст ки роҳбарони ширкати Авесто -групп Мирзоев Муҳаммад, Мирзоев Хуршед, Бежан, Зафар, Асрор, Шӯҳрат одамони наздики Рустами Эмомалианд. Юсуф Раҳмонов инҳоро бояд сиёҳ кунад, бар зидашон компромат ҷамъоварӣ намояд. Раиси ширкати Авестогрупп Муҳаммад Мирзоев аст. Мирзоевҳо аз Масковский-Ҳамадонианд, бисёр оилаи сарватманд. Додари Муҳаммад Мирзоев, Хуршед Мирзоев наздиктарин дӯсти Рустами Эмомалӣ мебошад. Хуршед Мирзоев муовини авали Кумитаи сармоягузорӣ ва муовини аввали Федерасияи футболи Тоҷикистон аст. Муҳаммад Мирзоев дар соҳаи тиҷорат таҷрибаи калон дошта дар командаи худаш нафарони бо таҷриба ва босаводро ҷамъ кардааст. Ин ширкат тамоми самтҳои афзалиятноку фоидаоварро кашида гирифта имконият ба дигар ширкатҳоро намедиҳад. Ин ширкат тамоми самтҳоро пайгирӣ мекунад. Тиҷорат, сохтумон, истеҳсолот, хариду фурӯши доруворӣ ва дигару дигар. Калонтарин фермаву корхонаҳои гушти гову мурғ ба монанди Мармари, заводхои орд, заводи автобуси Акия, ширкатҳои таксӣ, заводи истеҳсоли лӯлаҳои обгузар- труба ва дигару дигар. Гуфта мешавад, ки Юсуф Раҳмон ба кори Бонки миллӣ ҳам сар халонида истодааст. Болои бархе аз масъулони бонк фишор ворида карда истодааст, ки қурби пули миллиро дар баробари рубли русӣ ва доллар хеле пойин бубаранд. То инки мардум норозӣ бишаванд, зеро дар ин ҳолат нархи маҳсулот боло меравад.
Яъне дар асл инҷо Юсуф Раҳмон зидди Рустами Эмомалӣ кор карда истодааст. Хиёл мекунад, ки бо ин васила ҷангу шурише ташкил мекунаду инҳо мераванду мо меоем.
Аммо бо чи ҷуръате Юсуф Раҳмон ба ин кор даст задааст ва бо чи нақша-ниятҳое фақат худаш медонад. Аммо манобеъи огоҳ гуфтанд, ки баъди қудо шудан бо Эмомалӣ Раҳмонов ӯро дар хонаи Раҳмонов зуд-зуд мебинанд.
Ҳамин чанд рӯзи пеш Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аз сафари Маскав баргашту омад. Гуфтанд, ки вай тибқи риволи то ба ҳамин имрӯз роиҷ дар «давлатдории мустақили Тоҷикистон» ва «давлати ниҳодина кардаи Эмомали Раҳмонов» барои «имтиҳонсупорӣ» ва гузаштан аз «собеседований»-и Кремл рафтааст, то курсии раисии КДАМ-ро бигирад. КДАМ-и Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоно дар Кремл интихоб ва тасдиқ мешудааст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки СС.Ятимов дучори бемори сахт шудааст ва мегӯянд, ки ибтило ба саратон аст ва аз чанд вақт аст, ки дар дохили бинои КДАМ табобат мешавад.
Ҳоло маълум нест, ки Юсуф Раҳмон фақат барои раиси КДАМ шудан ба Маскав рафта бошад ё дар ҷойи худи Эмомалӣ Раҳмонов. Аммо ахиран ба корҳое аҷибу ғайримаъмулие даст зада истодааст, ки барои нафаре чун ӯ, ки сахт эҳтиёткор, тарсу ва аз ин ҳама бештар -пур аз ҷиноят аст, тамоман мувофиқ намеояд. Худи Эмомалӣ Раҳмонов медонад, ки Юсуф Раҳмон яке аз аввалин кормандон дар мақомоти қудратии ҳукумати ӯст, ки тиҷорати маводди мухаддир дар кишвар ва хориҷ аз онро роҳандозӣ карда ва то ба ҳоло дар ин самт бо як шабакаи махсус, ки дар он Зоири домоди Раҳмонов ҳам шарокат дорад, идома медиҳад. Ба хусус дар замоне,ки дар Прокуратураи ҳарбӣ кор мекард, аввал марзу марзбониро ва сипас вақте ба Суғд прокурор шуда омад масирро барои ин кор «бехавфу хатар» кард. Мо дар бораи тиҷорати маводди мухаддири Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон қаблан ҳам навишта будем (https://isloh.net/jusuf-rahmon-prokurori-generalii-tojikiston-kist/) “Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон кист ?” ва дар навиштаҳои баъдӣ бо ҷузъиёти бештар хоҳем гуфт. Чун пас аз нашри барнома ва матлаби охирамон “«Наркокартел»-и тоҷикӣ Тоҷиддин-командир, Зоири домоди Э. Раҳмонов, мудир Исо ва боз киҳо?
хело иттилоотҳои ҷолибе ба “Ислоҳ” расидааст,ки рӯяшон кор карда истодаем.
Мегуянд, ҳанӯз, ки дигарҳо Мерседесро дар хоби шабашон намедиданд, Юсуф Раҳмон Мерседесҳои гарон арзиш доштааст.
Юсуф Раҳмон барои он чунин кор карда истодааст, ки ӯ фикр мекард, ки ин навбат ӯ ба вазифааш бо «скидка» таъин мегардад, аммо баръакс ҳеҷ «скидка» нашуд, «двойной плата» дод. Ӯ ба дараҷае Президент ва аҳли оилаашро бад мебинад, ки мехоҳад ҳарчи зудтар Раҳмонов ҷон ба ҳақ супорад. Ӯ ба Зоир сахт бадбинӣ дорад. Дар ҳоле, ки дар вақташ маҳз ҳамин Зоир через шуда вазифаро гирифта дода буд. Дар ҳоли ҳозир Юсуф Раҳмон бо Зоир Соҳибов-домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов чап шудааст. Юсуф Раҳмон тавассути яке аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, ки каналҳои махсуси худро дорад ба ҳамтоёни қирғизи худ –Прокуратураи генералии Қирғизистон дар бораи «бор»-и Зоир хабари мувассақ медиҳад. Бо «наводка»-и Юсуф Раҳмон дар Қирғизистон дар тобистони соли гузашта наздики 200 кг «бор»-и Зоирро қапиданд. Ҳамчунин бо «наводка»-и Юсуф Раҳмон ду бор дар қаламрави Ӯзбакистон низ «бор»-ҳои Зоир наздик ба 400 кило-геройин аз ду мошини борбар кашфу мусодира карда шуд. Албатта, ин як зарбаи сахт ба Зоир буд. Юсуф Раҳмон бо ҳамин роҳ аз Зоир қасд гирифт ва ӯро барои онки пули барзиёд барои курсии зери пояш гирифта буд ба шакле «наказат» кард. Зоир аз ин «амал»-и Юсуф Раҳмон бохабар мешавад. Маълум нест, ки хабари мазкурро ба Зоир аз Қирғизистон дода бошанд ва ё аз худи Прокуратураи генералӣ. Вале факт инки Зоир мефаҳмад, ки «бор»-ҳои ӯро қирғизҳо ва узбекҳо бо «наводка»-и Юсуф Раҳмон қапидаанд. Дар мавриди шакли расонидани маълумот тавассути яке аз сардорҳои раёсатҳои прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст.
Гап дар инҷост, ки вақте Юсуф Раҳмон дигарбора ба курсии Прокурори генералӣ таъйин мешуд, Эмомалӣ Раҳмонов дар имзои фармони ӯ чанд рӯз таъхир кард. Фармони аз корбароии ӯ эълон шуд вале таъйиноти такрориаш номаълум монд ва ин Юсуф Раҳмонро сахт нигарон кард.
“Дар ин миён Зоир болои 2.миллион доллар ҳақ ё доляи имзои фармони Эмомалӣ Раҳмонов боз 1.5 миллион «доля»-и худро ба сифати «посредник» зам мекунад ва ин ҳаҷми маблағро аз забони худи калон-Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд. Юсуф Раҳмон мегуяд, ки 2 миллион медиҳам, «имкониятам ҳамин қадар аст». Вале ниҳоят маҷбур мешавад, ки ба маблағи 1 миллион доллар «дом» ва 500.000 дигарашро ҳам нақдӣ ёфта диҳад.”
Ҳозир бо дастури Прокурори генералӣ прокурорҳои назорати маҳбасҳо дар зиндонҳо барои пайдо кардани ба истилоҳ «поделник»-ҳои Зоир сахт кор карда истодаанд. Ин прокурорҳо бо қочоқчиёни героин, ки бо ҳаҷми калон нишастаанд масъалаи бори Зоир будани героини ба дастафтодаашонро матраҳ карда истодаанд. Ба баъзе аз онҳо пешниҳод додаанд, ки аз нав «показаний» бар зидди Зоир диҳанд, ки бори ба даст афтодаи онҳо дар асл бори Зоир буд. Прокурори генералӣ бо ин роҳ ҳам аз Зоир ниқор гирифтан мехоҳад ва ҳам ҳолати зиндонҳоро ноором карданист. Мақсад дар даруни зиндон ягон нооромӣ бисозад. Прокурори генералӣ хуб медонад, ки барои мисол тамоми баригаву оқипадаре, ки ҳаст бештаринашон одамони Зоиранд ва инро ҳам медонад, ки барои мисол як нафаре ёвари Сарвазир панҷ забонро балад аст, мутахассиси хуб мебошад, тамоми докладҳои Сарвазирро менависад, аммо вай неву як нафаре мисли Исои даҳмарда, ки чанд рӯзи пеш бо наздики 100 кг «сафедӣ» ғалтид 200,000 доллар ба Зоир медиҳаду ба курсии муовини вазир мешинад.
Аммо, корҳое, ки гуфтем барои Юсуф Раҳмон ғайримаъмулӣ аст чӣ аст? Прокурори генералӣ, баъд аз онки бо Раҳмонов қудо шуд талош дорад тамоми структураҳо ва махсусан сохторҳои қудратиро зери назорат бигирад. Бархе аз сардорони Раёсатҳо дар КДАМ, ВКД, Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддирро барои онки чашму гуши Юсуф Раҳмон дар идораҳои худ бошанд, ба тарафи худ кашида истодааст. Бо бархе аз сардорони раёсатҳои КДАМ суҳбатҳои ғайрирасмӣ ва мулоқотҳои пинҳонӣ доир карда онҳоро ба «ҳамкорӣ» даъват кардааст ва низ куратароне, аз Прокуратураи генералӣ, ки ин ниҳодҳоро назорат мебаранд, дастури акид додааст, ки бо онҳо «ҳамкорӣ»-ро сахт кунанд. Вай ба сардорони раёсатҳои КДАМ дастур додааст,ки руихати сети агентура, источники финанс, спонсорҳову кашелокҳои ғайрирасмӣ аз ҳисоби бизнесменҳоро барояш оварда диҳанд. Мақсадаш ин аст ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро ба зону дароварда маҷбур созад, ки барои ӯ «кор» кунанд. Пештар дар Прокуратура генералӣ системаи биллингӣ амал намекард. Детализатсияи гуфтугӯҳои телефонӣ ҳам набуд. Ҳоло ин ҳамаро дар Прокуратураи генералӣ муҳайё кардааст.
“Кори дигаре, ки Юсуф Раҳмонов карда истодааст ин аст ки телефонҳои Рустами Эмомалӣ, Азизмоҳи модараш, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ, Рамазон Раҳимзода,вазири дохилӣ, Шоҳрух Сайид, сардори УУР, Шодӣ Ҳафиз, сардори УБОП, Хуршед Мирзоев, муовини раиси Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, Зоир Соҳибов , Исмоили набераи Раҳмоновро бар «прослушка» мондааст.”
Ҳангоме бештар хостем иллати ин корро фаҳмем манбаъи мо гуфт ин корро бо нима ризояти Раҳмонов ҳам гирифтагӣ будааст. Гӯё содиқ будани худашро ба пешво бештар нишон додани будааст,ки аз наздиконат ман ба ту наздиктар буданмро нишон медиҳам. Аммо тибқи маълумоти расида аз яке аз сардорони прокуратураи генералӣ “комилан мақасади Юсуф Раҳмон дигар аст. Агар пешво медонист як сония ӯро дар ин мақом намегузошт.”
Манбаъ афзӯд:
Ин одам дилаш президент шудан аст. Прокурори генералӣ дар аввал мехостааст, ки бо Зоир қудо бишавад ва тавассути ҳамин қудоӣ ба Ҷаноб наздиктар шуда дигарҳоро махсусан Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимовро аз бозӣ барорад. Мехост бо ин васила ин камбудҳо, махсусан дуздиҳову порахориҳои ин ду генералро ошкор карда ба президент расонад. Дар асл ин нақшаи Зоир буд. Нақшаи Зоир бар зидди Рустами Эмомалӣ буд. Чун Зоир мехоҳад, ки худаш президент шавад. Барои онки Рустамро аз бозӣ барорад ва нишон диҳад, ки кор карда наметавонад ҳатто ҳамон қазияи тазоҳурот дар Кулобро ҳам Зоир ташкил карда буд-яъне қазияи Абдуқаҳҳор. Мехостанд, ки табаддулот кунанд бо дастони мардуми Кулоб. Ин нақша, нақшаи Зоир буд. Аммо барор нагирифт.
Ҳозир бо бархе аз сардорони Раёсатҳои КДАМ Юсуф Раҳмонов забон ёфтааст, бо бархеашон не. Гумон мекунанд, ки акнун, ки Юсуф Раҳмон қудои президент шуд ӯро ба ҷои Ятимов, ки касали мурданӣ аст, меоваранд. Яъне ҳама амалиётҳоро бо мо «согласоват» кунед, аммо роҳбариятро нагуед. Аз қафои роҳбаратон ҳам кор кунед ва моро дар ҷараён бигзоред. Аз се то шаш сардори Раёсат ба ин кор кашида шудааст. Се нафар аз сардорони Раёсатҳои Прокуратураи генералӣ барои назорати ин ҳама корҳо вобаста шудаанд.
Сардорони раёсатҳои ген прокуратура сахт қарздор шуданд
Як чизи дигар ҷолиб ин аст ки аз бархе аз ин сардорони Раёсатҳо барои гузаронидани туяш пули калон ҳам гирифтааст. Бо ин ваъда, ки мақому мансаби калонтаре ба онҳо хоҳад дод. Ҳоло чанде аз онҳо зери қарз мондаанд. Мегуянд, ки дар туйи писараш генерал бисёр сахти бад расход кардагӣ. Баъзе аз бизнесменҳо, ки қарз дода будаанд, аз болои ин сардорони раёсатҳо ба Прокурори генералӣ шикоят бурдаанд. Акнун ҳам он сардорони раёсатҳо дар пеши Прокурори генералӣ забонкутоҳ шудаанд ва ҳам бизнесменҳо, ки бо даъво ба ӯ муроҷиат кардаанд, заказу супоришҳое аз Прокурори генералӣ гирифта истодаанд, ки иҷронашаванда аст. Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан вазнин ва Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ. Ҳарду ин раёсат шабу рӯз гуш карда истодаанд, кофта истодаанд, ҷиноятҳоеро, ки дар онҳо наздикони Президент даст доранд ва ё шариканд. Рафта баҷо- баҷо дар зиндонҳо одамонеро, ки бо миқдори махсусн калони героин шиштагианд мепурсанд, ки дар ин кор Зоир «қуш» буд ё не, ё ягон хеши президент «қуш» буд ё не? Тамоми ҷиноятҳоеро, ки мефаҳманд хешони Президент қушанд дарав папка карда якҷо мемонанд. Барои чи карда истодаанд? Барои он, ки замонаш расид, ҳамаашро Юсуф Раҳмон бароварда ба халқ нишон медиҳад ва баъд аз паси мақсадҳояш мешавад.
“Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки як маълумоти дигар ба дастамон расид. Прокурори генералӣ ба шогирдони вернияш дастур додааст, ки Нусратулло Давлатов, раиси Кмитаи андози Тоҷикисонро ҳам дар «прослушка» монанд ва аз «қафо»-яш шаванд. Бачаи Давлатов яке аз пештозони бозори сохтмон дар Душанбе аст ва ҳоло акнун Юсуф Раҳмон, ки бо президент қудо шуд, мехоҳад дар ин тиҷорат писари худашро дар ҷойи аввал гузорад, яъне бизнесро аз дасти бачаи Давлатов кашида гирад ва ба бачаи худаш диҳад.”
Ҳозир як кори дигаре, ки дар саросари кишвар карда истодаанд ин аст ки аз боғчаву яслӣ гирифта то мактабу омӯзишгоҳу коллеҷу донишгоҳҳо ва муассисаҳои истеҳсоливу корхона, масҷид ташвиқоту таблиғот бурда истодаанд, ки ба Ютуб, ба Фесбук ва умуман ба шабакаҳои иҷтимоӣ надароянд. Ин корро асосан амният ва милисаҳо кара истодаанд. Аммо ҳоло ба ин кор ҳам прокуратура шарик шудааст. Прокурори генералӣ мехоҳад, ки ҳамаи корҳоро худаш иҷро кунад. То ба имрӯзҳо ҳар коре дар «арсаи идеологӣ» ва мубориза бо диндорон мешуд, онро КДАМ иҷро мекард, ҳоло Прокурори генералӣ талош дорад, ки худаш «ҷилавгирӣ» ва «обезвредит» кунад. Гуфтааст, ки ман ҳар коре бикунам, иҷозат аст, чун қудо шудам, маро касе чизе намегуяд.
Юсуф Раҳмон фармон додааст, ки бо любой роҳу маблағ Муҳаммадиқбол ва Кабириро бо ташкили барномаҳои фаврӣ сиёҳ кунанд. Як ҳафта муҳлат додааст. «Агар накнен занотона м..м, срочно источники утечкара ёвен гуфтааст».
Тамоми аҳкоме, ки нисбати аъзои ҲНИТ содир карданд, бо пешниҳоду контроли Юсуф Раҳмон сурат гирифта буд. Ҳамон Юсуф Раҳмон буд ва ҳаст, ки духтарони ғармиро таҷовуз мекунаду мегуяд, ки «касе я дыхтари ғармӣ ё вахёчӣ наг…я мардак нест».
“Баъди барномаи «Минбари муҳоҷир» Юсуф Раҳмон талхакаф шуда ва фармони ҷиддӣ додааст, ки бо кадом роҳҳо, ки набошад ин гапҳоро хомӯш кунанд. Ҳамчунин нақша доранд ба Шумо низ иртибот пайдо ва бовар кунонад, ки ин гапҳо дуруғанд. Зоир ҳозир нисбати Юсуф Раҳмон дандон тез карда истодааст.”
Маҳз ҳамин Юсуф Раҳмон фармону амр додааст, ки Кабириро бо ҳамроҳии наҳзатиҳо ва ҷонибдоронаш статяҳои вазнинтар зада ва ҳарчи қадар лозим шавад шоҳидҳои сохтаву баёнотҳои дурӯғин ташкил кунанд.
Юсуф Раҳмон Прокуратураи генералиро ба бозор табдил додааст. Нафароне ҳастанд, ки дар баъзе ҷиноятҳо олудаанд, аммо боз ба ҳайси ёрдамчии сардорони раёсатҳо кор карда истодаанд. Ҳамин чанд рӯзи пеш як одамро бо номи Сулаймон қапиданд. (Шояд дар ТВ-ҳо нишон ҳам диҳанд). Ин одам брои таъйин шудани як нафар дар вазифаи прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 200.ҳазор доллар гирифта будааст. Чанд вақт мегузарад. Аммо он одамро таъйин намекунанд. Он одам пеши посредник омада мепурсад, ки чи шуд? Прокурор пул гирифт,чаро аз фармн дараке нест? Аммо корро тавре ташкил карда он нафарро дастгир намуданд. Яъне чи тавр? Ба ӯ мегуянд, ки 5000 доллари дигар медиҳӣ тамом, фармон мебарояд. Ин одам ҳам мегуяд 200000 рафт,5000 дигар чизе нест. Вале вақте 5000 ро доданӣ мешавад ӯро дастгир ва бо тамоми ҷузъиёт ба навор мегиранд. Мақсад инки бубинед, ки мо чи қадар честний ҳастем, пора намегирем, мо фаришатем, софдилона кор мекунем. Аммо дар асл 200000 доллари он одамро гирифта ӯро «кидат» карданд.
Ин одами байндаро ҳамсояи яке аз бародарони Юсуф Раҳмон будааст, ки дар «колхози Россия»-и Душанбе зиндагӣ мекунад ва корманди идораи андози Душанбе аст. Пулро бо воситаи «посредник» ҳамин бародари Прокурори генералӣ гирифтагӣ будааст. Барои ин кор боз ду каси дигарро ҳам қапидагианд.
Бовар кунед, вақте кори Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси Бонки миллӣ ва «Агроинвестбонк»-и муфлисшуда ба Прокуратураи генералӣ афтид ӯро ончунон ҷӯшиданд, ки ҳеҷ чизаш намонд. Хеле аз кашарҳои гову гуспандонашро кашида гирифтанд. Гусфандони ҳисории ӯро ҳам гирифтанд. Ҳамаро ҳамин акаи налогавики Юсуф Раҳмон (номаш Музаффар) гирифтагӣ аст. Алимардонов як ПМК-и калон дошт онро ҳам тасоҳуб карданд. Хуллас луб-лучи урён карданд. Яъне дуздро қарақчӣ зад. Чанде пеш Зафар Қурбонови домоди Нуриддин Раҳмоновро, ки прокурори ноҳияи Ҷомӣ буд ба Прокуратураи генералӣ овард. Ду соли пеш барои инҷо овардан аз вай 200.000 доллар пора гирифта буд.
“Зафар Қурбонови прокурори пешини Ҷомӣ додари Анвари текстил аст. Ҳоло вай муовини сардори раёсати назорати мақомоти қудратӣ дар Прокуратураи генералӣ таъин шудааст. Ду соли пеш қариб буд байни ӯву Юсуф Раҳмон ҷангҷоли калон мехест. Юсуф Раҳмон 200.000 доллар гирифта ба ӯ ҳеҷ вазифа надода буд. Зафар рӯирост мегуяд, ки ман зан неву шӯ гирифтагӣ, чунки занаш духтари Нуриддин Раҳмонов, ҳамон тракторчии раҳматии бародари Эмомалӣ Раҳмонов аст.”
Юсуф Раҳмон на фақат дар бозори сохтмон ба тиҷорат машғул аст. Дар пеши бозори Саховат аптекаҳои Гарант ва домҳои ба иҷора гирифта бо подвалаш аз Юсуф Раҳмон аст. Аз дилхоҳ одам пул мегирад, бе онки чашмаш парад, бе сум кори ягон касро буд намекунад. Ҳозир ҳам як- ду -се шогирдакҳое аз ҷойи худашон дорад, ки якеаш Нуралӣ ном дорад. Нуралӣ милиса кор мекунад. Корҳои Юсуф Раҳмонро пеш мебарад. Махсусан назорат ва пеш бурдани тиҷорати маводди мухаддир дар ихтиёри ҳамин аст.
Ҳамроҳи кали Фаттоҳ Саид, раиси собиқи Хадамоти гумрук бизнеси дору дорад. Аз Ҳиндустон медароранд доруро. Асосан дар сети дорухонаҳои «Мадад» мефӯршанд. Юсуф Раҳмон кабкбоз ҳам аст.
Дар омади гап як пора аз матлаби навбатиямон, ки дар бораи Прокурори вилояти Хатлон асту гуфта мешавад ба қариби муовини аввали Прокурори генералӣ таъин хоҳад шуд як.ду ҷумла меоварем
“Абдураҳим Раҳимови хуҷандӣ, ки ҳоло прокурори вилояти Хатлон аст ҳама хешу таборони Президентро аз номи президент тарсонида аз онҳо пул –пораҳои калон мегирад. Президент ба хотире ӯро дар вилоят прокурор мондааст, ки «ленинободиҳо ҳушёртаранд» ва хабари хешовандонаш то президент намеравад ва бо ҳамин гушашро ором кард. Ин прокурор онҳоро тарс медодааст, ки «мана президент барои шумо мондагӣ инҷо» Дар мавриди Абдурраҳим Раҳимови ҳамкурси Юсуф Раҳмон барномаи махсӯс аз дороиҳо аз домод ва қудою ба чи корҳо машғул буданашон ҳатман тақдиматон менамоем. Дар баъзе аз ҷиноятҳои ин шахс ҷонивар инсонро ба фикр водор мекунад,ки чи гӯна инсон ба ин ҷиноят қодир аст. Корномаи ҷиноятиии ӯ воқеан хело даҳшатнок ва ғайри оддӣ мебошад,мунтазир бошед…”
Албатта, Прокуратураи генералӣ ҳуқуқ ва салоҳият дорад, ки дурустии иҷрои қонун дар ҳама ниҳодҳоро назорат кунад. Аммо ин назорат на ба манфиати роҳбар ё нафари дигар бояд бошад. Ҳоло Юсуф Раҳмон барои ба сари қудрат омадан тамоми ҳолатро омухта тайёрӣ дида истодаааст ва дар мавриди зарурат ҷавобҳои лозима низ тайёранд. Ҳатто нафаронеро барои туҳмат тайёр мондаанд, ки дар ҳоле, ки нақша аз контрол барояд, он бечорагонро «подставит» карда несту маҳкам мекунанду худ тоза боқӣ мемонанд. Яъне мақсадаш ин аст ки сохтор ва қудрати онро бузургтар ва «вседозволенност» карда истодааст омода аст ба қир кардани миллат ва барои ба манфиат расидан ҳазар накардан аз ҳеҷ коре.
“Соле пеш дар саунаи Прокурори генералӣ, ки болотар аз «Қурутоби Олим» ҷойгир Сафар ном дорад, зане бо хамрохии духтарчааш ҳамчун фаррош кор мекард. Шофёри Прокурори генералӣ духтарчаро ба яке аз утоқҳои он меҳмонхона-сауна дароварда таҷовуз мекунад. Ин гуна ҳолатҳо зиёданд. Юсуф Раҳмон корро ҳамин хел ором карду рафт, дар таҷовуз ба номус ва боз ноболиғ… Бубинед, як журналист ё блогер, ё ҳомии ҳуқуқе ё нафаре, ки каме рост мегуяду думболи бедории миллат мешавад, дар ҳол бо туҳматҳои ҳамкорӣ бо ҲНИТ рост бе саволу ҷавоб паси панҷара мекунанд.”
Илова бар ин Юсуф Раҳмон қасд дорад дар таъиноти кадрии ҳукумат ҳам таъсир дошта бошад ва кадрҳоро худаш ва ё тавассути вай интихобу таъйин кунанд. Яъне «доля»-ро гираду пешниҳод кунад ё пешниҳоди шударо дастгирӣ ва ё рад кунад. Дар ин ҷо низ мавқеи Зоирро ба куллӣ аз байн бурданист.
Мегӯянд, нафаре, ки Юсуф Раҳмонро ба кор дар прокуратура овардааст, бо номи Сафари пастак дар доираҳои додситонӣ шинохта мешуд. Вай прокурори ҳарбӣ буд. Ҳар гоҳе барои Тоҷиддин Пиров лозим мешуд ҳамин тавр садо мезад: Сафари калта. Ва Сафари калта ҳам сарупо шуда медавид.
Дар ишғоли вазифаи прокурори ҳарбӣ бо Юсуф Раҳмон прокурори дигар-Шариф Қурбон конкурент буд. Он вақт Юсуф Раҳмон барои кор ба вилояти Суғд фиристода шуд.
Шерхон Салимзода, вақте Прокурори генералӣ шуд, Юсуф Раҳмонро хуш надошт, сахт бад медид, аз додситонӣ ронд, сур кард. Вай чанд вақт дар Дастгоҳи иҷроия сардори шӯъба шуда кор кард. Аз ҳамон Дастгоҳ гирифтанду Прокурори генералӣ монданд. Барои ҳамин бархеҳо мегӯянд, ки дар омадани ӯ ба ин мақом Озода Раҳмонов ёрдам кардааст.
Туйи арусӣ зери тадобири шадиди амниятӣ баргузор гашт
“Дар маросими арӯсӣ-тӯйи Сафару Фарзона хешу таборашро даъват накард. Барои онҳо дар хонаи қишлоқашон туй кард.Туйро таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гузаронд. Бо ҷалби кормандони милисаву амният ва прокуратура туйро барпо кард, то инки съемка накунад касе. Мақсад бо запис карда ба Ислоҳ нафиристанд. Ягон инсонро бо телефон роҳ надоданд. Вақтҳои ахир ҳато ягон худоӣ ё ягон маъракаи дигар, ки мегузаронанд, полний рост назорат мекунанд, то мабодо запис карда ба «Ислоҳ» надиҳанд. «Яке ба «Ислоҳ» наравад» гуфта дар сари дегу ҷойи табақу косашӯӣ маъмур мемонанд.”
Тӯи Сафару Фарзона (писари Юсуф Раҳмон ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов) дар Пуғуз-бустонсарои Бонки Миллии Тоҷикистон дар дараи Варзоб баргузор шуд. Ин туй се рӯз давом кард. Аммо дар ягон ҷо хабар нашуд аз ин туй. Чунки сахт зери назорат гирифтанд. Онҳое, ки навор мегирифтанд, одамони худашон буданд. Тамоми меҳмонҳоро кисаковак карда баъд вориди толор мекарданд. То инки ягон кас бо телефон надарояд ва съемка накунад. Шаҳу арӯс ҳам аз шаҳр хеле ҳам хапу хомӯш оварда мешаванд. Яке аз ҷураҳои шаҳ-Сафари писари Прокурори генералӣ гуфтааст, ки президент касал буд, ягон соат иштирок карду рафт. Аммо як шоҳиди туй гуфт, ки Эмомалӣ сахт маст буд. Як нафар дар даст потнос бо арақу газак аз қафояш мегашт ва вай бисёр ҳам задагӣ буд. Пиён. Рӯзи асосии тӯй духтар ва домодашро табрик мекунад ва азбаски масти бад будааст, дар як ҷойи махсӯси ҳамон бустонсаро истироҳат мекунад. Аммо дар ду рӯзи дигари туй ҳузур доштааст. Барои вай дар онҷо як ҷойи махсус ташкил карда будаанд. Гуфта мешавад тамоми харҷу масрафи туй аз ҳисоби Бонки миллӣ шудааст. Кормандони баландмақоми бонк дар хидмат қарор доштаанд. Се рӯз дар хизмат истодаанд. Барои он ин туй аз ҳисоби Бонки миллӣ доир шудааст, ки Бонки миллӣ тамоми масорифи зиёфатҳои расмӣ ва меҳмонони хориҷии ҳукумати Тоҷикистонро пардохт мекунад.
Дар бораи ин туй мо дар матолиби баъдӣ муфассалтар хоҳем навишт.
Яке аз дардҳое, ки Юсуф Раҳмон дораду онро ҳамеша азият медиҳад ва дар ҳар мулоқоту сӯҳбаташ бо Прокурорҳои дигар кишварҳо матраҳ мекунад, ин аст ки «як бало карда ёрдамаш кунанд то оппозитсионерҳо»-ро аз Аврупо дастгир карда оваранд. Вай мехоҳад нишон диҳад, ки кори ҳеҷ кас натавонистаро иҷро кардааст.
Аммо мегуянд, ки ҳоло КДАМ аз ин ҳама ҷунбуҷулҳои Юсуф Раҳмон бохабар шуда ва фермаи ҷавобро сахт супориш додааст, ки аз пайи Юсуф Раҳмонов шаванд. Ростӣ, мо ҳам намедонем, ки фактҳои дар ин мақола ва махсусан қасди презиентшавии Юсуф Раҳмоновро ба мо «источник»-ҳои КДАМ дастрас карданд ва ё касоне дигар. Аммо мо масъулияти худ медонем, ки ин ҳамаро ба ихтиёри хонандагони худ бигзорем. Қазоват дигар аз шумост…
Поёни бахши севвум, тадқиқоти “Ислоҳ” идома дорад ва мо рӯйи афроди муҳимми Прокуратураи генералӣ корро идома дода истиодаем.
Ps: Аз ҳисоботи солонаи прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар маҷлиси миллии Тоҷикистон. ( аз 18.03.2023)
“Дар cамти таъмини амнияти иттилоотии кишвар бо санҷишҳои гузаронида 188 амр ва 46 пешниҳодҳо ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 14 эътироз оварда шуда, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Чунончи, бо баррасии маводҳои интернетӣ ҳолатҳои ҳамкории собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Боймуродзода М., хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо” Иззатмандов А. ва дигарон бо сомонаи “Ислоҳ нет” ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Гунаҳгорон бо ҷазоҳои сазовор маҳкум гардиданд. Ё ин ки, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Солиҳов, сокини ноҳияи Сангвор, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад, ба ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом шомил шуда, бо барандаи барномаи “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи С. муносибат пайдо карда, ба ӯ расмҳои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор, раиси ҷамоати деҳоти Вахёи ноҳия ва дигар маълумотҳоро тариқи шабакаҳои интернетӣ дастрас намуда, мусоидат кардааст, ки охирин дар барномаи “Ислоҳ.нет” барномаҳои иғвоангезро таҳти номгӯи “Тавилдара ё Сангвор дар қабзаи ғоратгарон” ва “Наҳанги Сангвор кист” намоиш диҳад. 16 феврали соли 2023 нисбати Солиҳов И.Д. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, кофтукови ӯ эълон гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати бастани 17 сомонаҳои экстремистии “Ислоҳ. нет”, “Паём. нет”, пешгирии пахши онлайнии барномаи иғвоангези онҳо ва бастани 172 сомонаҳои хусусияти шавҳони дошта амрҳои прокурорӣ ирсол намуда, сомонаҳои мазкур пурра қатъ ва пахши барномаҳои иғвоангез маҳдуд карда шуданд. Ба иттилооти иғвоангези интернетӣ 8694 вокунишҳо нишон дода шудааст.”
https://prokuratura.tj/news-tj/1881-alasai-ayati-mushovara-dar-prokuraturai-general-517.html
Ислоҳ ҳадафи асосии худ ғоратгарони бузург ва ҷинояткороне, ки дар Прокуратураи генералӣ нишастаанду ҷиноят доранд онҳоро дунбол дорад. Масалан Генерал Шариф Қурбон собиқ прокурори ҳарбӣ , собиқ прокурори вилояти Суғд, собиқ муовини прокурори генералӣ ва….
Дуввум : Гадоев Шамс сардори собиқи бахши зиндонҳо ва як шахси порахори маъруф,ки чандин ҷиноятҳояшон расидаасту рӯяшон кор дорем.
Инчунин афроде исмҳояшон қаблан дар “Ислоҳ” рафта аст кор дар мавридашон идома дорад. Пас аз поён ёфтани тадқиқот тақдиматон хоҳем кард.