Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон кист?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

 Тарҷумаи ҳол:

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли  1966  дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

 Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ)  хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст.

 Аз июли соли 1991  —  муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии  шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ноябри соли 1993  — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.

Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз октябри соли 1998  — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе. Аз  июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012  — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014  – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини  якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.24 январи соли ҷорӣ   бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон бори дуюм аз сӯи Маҷлиси миллии Тоҷикистон раъйи таъйид гирифта, барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд

 Генерал-полковники адлия  буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

Ин ҳасби ҳоли расмии Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Вале дар асл ӯ кӣ аст ва чи тавр ба ин мақом даст ёфт ва беш аз ин тавонист,ки барои бори дуввум мақоми худро ҳифз кунад. Яке аз нафароне, ки барои то ба ин мақомҳо даст ёфтани Юсуф Раҳмон мусоидат кардааст, Амиршо Миралиев аст, ки ҳам роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва ҳам мушовир оид ба масоили кадрии Раҳмонов буд. Ҳамчунин Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон дар аз ин зина ба зинаи болотари додситонӣ роҳ ҳамвор кардани Юсуф Раҳмон шароити имконоти калон додааст. Он солҳо, ки Бобохонов ба ҳайси Прокурори генералӣ фаъолият мекард, кадрҳо ва кормандони додситониро аксари вақт худ интихоб мекард ва ба Раҳмонов муаррифӣ менамуд. Юсуф Раҳмон дар он солҳо аз наздикони прокурори Ҳисор Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов буд ва онҳо Ҳабибулло Воҳидов, Баҳодур Ҳомидов, Юсуф Раҳмонов наздиктарин нафарони Бобоҷон Бобохонов дар Прокуратураи генералӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ҳабибулло Воҳидов ҳоло ҳам прокурори вилояти Суғд аст. Баҳодур Ҳомидов, дар гузашта сардори Раёсати ҷароими сангини Додситонии кулл муовини Прокурори вилояти Хатлон буд. Вале Файзулло Бобохоновро боздошт ва ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Бар пояи маълумот аз манобеи наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов феълан ин Маҳмадзоир Соҳибов, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки дар пушти Юсуф Раҳмон истодааст. Гуфта мешавад тибқи “тақсимот” дар  “Оила”  куратори мақомоти қудратӣ ҳамин домод ва Рустами Эмомалӣ мебошанд. Ҳамин ду нафар номзадҳо барои ишғоли вазифаҳои асосии ниҳодҳои қудратиро мушаххас мекунанд ва сипас Эмомалӣ Раҳмонов  таъйин мекунад.

Дар оғози соли ҷорӣ фармони аз кор барканоршавии Юсуф Раҳмонро Эмомалӣ Раҳмонов содир кард. Сару садоҳо дар бораи дигар ба ин мақом таъйин нашуданаш ҳам зиёд буд. Аммо маҳз бо миёнравии Маҳмадзоир Соҳибов кор дар як шаб ранги дигар гирифт. Маҳмадзоир 3.5 миллион доллари ӯро гирифта тавонист розигии хусурашро барои таъиноти вай ба даст оварад.  Юсуф Раҳмон барои кадом гуноҳе намебоист таъйин мешуд. Мисле, ки барои истирдоди Хӯҷа Карим, қумандони каллабури Фронти халқӣ аз Дубай ба Душанбе мухолифат кардааст ва ё чизе монанд ба ҳамин.  Аммо 3.5 миллион доллар пули кам нест. Гузашта аз ин миёни Маҳмадзоир ва Юсуф Раҳмон кадом корҳое дигар ҳам будааст.

Бар пояи маълумоти расида ин ду нафар як созмони ҷиноиеро барои қочоқи ҳеройин созмондеҳӣ кардаанд, ки то ба  ҳоло бомуваффақият фаъолият дорад.

Ҳанӯз дар замоне, ки Юсуф Раҳмон сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон буд, ба харидуфурӯши ҳеройин сару кор дошт. Вай ба таври фаъъол ва мудовим ҳероинро аз Афғонистон гузаронида  ба воситаи вилояти Суғд аввал ба Узбекистон ва сипас ба Қазоқистону Русия гусел мекард. Яке аз шогирдони асосиаш дар ин кор Мирзоев Саидшоҳ, аз н.Муъминобод мебошад, ки айни ҳол дар ш.Гулистон (Чкаловск) зиндагӣ дорад ва корманди қушунҳои сарҳадии КДАМ мебошад. Соли 2010 Саидшоҳ Мирзоевро кормандони КДАМ ҳангоми ба вилояти Суғд кашонидани 500 кг ҳероини Раҳмонов Юсуф дастгир карданд. Он вакт Саидшоҳ сардори заставаи Ғончи буд. Нисбати вай ҳатто дело накарданд, фақат аз вазифааш озод карданд. Баъди 6 моҳи бекор гаштанаш боз бо дахолати Раҳмонов Ю, ба вазифаи коменданти ноҳияи Зафаробод таъин гардид. Дар маҷлиси сарҳадчиён Ятимов С. аз Мирзоев Саидшоҳ мепурсад: Туро кӣ ба ин вазифа таъин кард, ту ҷинояткорӣ. Мирзоев Саидшоҳ нотарсида: Худи Шумо раис ва медонед, барои чи таъин кардед гуфта ҷавоб мегардонад. Ятимов Сайдмуъмин, ягон чи гуфта наметавонад. Мирзоев Саидшоҳ, ҳамаи ҳероини Рахмон Юсуфро ба Москва, Петербург, Екатеринбург, Новосибирск гусел карда, ба воситаи шогирдони Ваҳҳоби қистакӯзӣ (ҳоло дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад) ва Алиев Муртазои хуҷандӣ паҳн мекунад. Мохи майи соли 2010, вакте Раҳмонов Юсуфро прокурори вилояти Суғд таъин мекунанд, Вадудов Мадёр — раиси онвақтаи “Сомонсуғд” ва аз “одам”-ҳои Ҳасан Саъдуллоев хонаи 4 ҳуҷрагиро дар бинои нав, рӯ ба рӯи стадиони Спартаки ш.Хуҷанд, бо арзиши 120.000$ тӯҳфа мекунад. Ҳамаи мебел ва лавозимоти зарурии ин хонаро Мирзоев Саидшоҳ харида медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир барои ба расмият даровардани  маблағҳои ҳароми наркотик Раҳмон Юсуф дар шаҳри Душанбе якчанд бинои баландошёна, аз ҷумла бо Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов  сохта истодааст. Вай дар наздикии идораи Тоҷикматлубот як бинои баландошёнаро сохта ба муштариҳояш фурӯхт ва ҳоло сохтмони як бинои дигарро дар назди микрорайони 84 дар пушти мағозаи Милано Мода ба анҷом расонидааст.

 

Дар вилояти Суғд якҷоя бо Муҳаммадӣ Давлатов -додари раиси Кумитаи андоз (Душанбе ва Хуҷанд), Алиев Муртазо (Хуҷанду Б.Гафуров), Алишери АВИС (Истаравшан), Шокиров Акмал (Конибодом ва Исфара), биноҳои баландошёна сохта истодаанд. Дар ҳоле,ки ба як нафар мансабдори давлатӣ  қонун иҷозаи фаъолият дар тиҷоратро намедиҳад, аммо инҳо ошкоро тиҷорат карда истоданд. Барои подхалимӣ кардан ба Муҳаммадзоир -домоди президент ба Алиев Муртазо ва Шокиров Акмал супориш додааст якчанд биноҳои нави осоишгоҳи Зумрадро, навсозӣ ва тармим бикунанд.

 

Яке дигар аз ҷиноёте, ки Прокурори генералӣ на як бору ду бор содир кардааст, таҷовуз ба номус ва робитаҳои ҷинсии номашрӯъ мебошад. Раҳмонов Юсуф дар давраи фаъолияташ ба ҳайси Прокурори вилояти Суғд бо котиба-коргузори прокуратура Муҳадиёрова Малика ишқварзӣ мекард. Ин котиба ҳамроҳ бо модараш-судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд ба ӯ “мамарозагӣ” мекард ва  дигар духтаронро туғрӣ мекард. Барои ин хизматҳо Муҳадиёрова Малика ҳозир ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Ҳозир Раҳмон  Юсуф яке аз сарватмандтарин одамҳои Тоҷикистон буда, дороиаш на кам аз 300 миллион доллар мебошад ва дар бозори сохтмони манзил дарсадии зиёдеро контрол  мекунад.

Як нафар аз кормандони пешини Прокуратура, ки чанде пеш аз олам даргузашт, гуфта буд, ки вақте Раҳмон Юсуф солҳои 2000-ум дар ноҳияи Октябрский (ҳозира Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе ҳамчун прокурор кор мекард, бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ  ҳамеша ба таҷовузи духтарон машғул буд. Духтар ё зане, ки ба прокуратура барои ягон кор муроҷиат мекард Раҳмон Юсуф ба доми худ ғалтонда дар як хонае, ки дар наздикии ҷои кораш гирифта буд бурда ба он духтар таблеткаҳои беҳушкунанда ва ё возбудител-шаҳватангезро ба таври пинҳонӣ дода онҳоро таҷовуз мекард.

Раҳмон Юсуф, Прокуратураи генералиро ба як ниҳоди ришвахору фасодзада табдил додааст. Вай Прокурори генералӣ нест, бизнесмен аст, вазифаи касбиашро иҷро намекунад. Назорати иҷрои қонунҳо пурра фалаҷ шудааст, дар тафтиши парвандаҳо ягон муфаттиши ҳалол намондааст, кор фақат сиёҳкунӣ. Кормандони оперативии милиса, амният, коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир барои “резултат” шуда чи хеле форад, парванда оғоз мекунанд, прокурорҳо онҳоро тасдиқ мекунанд ва ба суд роҳӣ мекунанд. Суд бошад  хулосаи прокурор ва муфаттишро бе ягон тағйирот дар ҳукмномааш такрор карда амалан нақши  нотариусро бозида, ҳукм мебарорад. Садҳо одамони бегуноҳ суд шуда истодаанд. Адолат намондааст. Пештар барои наркотик ё пора то одамро бо далели шайъӣ (вещдок) дастгир накунанд, дело оғоз намешуд ва суд одамро маҳкум карда наметавонист. Ҳозир бо як нишондод (дар бисёр вақт нишондодҳои бардурӯғ) одамро суд карда истодаанд. Ин беназоратӣ ва камбудии асосии Прокурори генералӣ мебошад. Раҳмон Юсуф системаи қонунгузории ҷиноиро фалаҷ кардааст.

Чи хеле дар боло ҳам гуфтем Раҳмон Юсуфро собиқ Прокурори генералӣ Бобохонов Бобоҷон сахт дастгирӣ мекард. Аммо вақте ӯро президент  аз вазифа озод кард (соли 2010 Фаттоҳ Саид, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия, сиёҳ карду Бобохоновро аз кор гирифтанд) ва ба ҷои ӯ Шерхон Салимовро Прокурори генералӣ таьин кард Раҳмон  Юсуф дигар аз Бобохонов (бризгать) мегурехт. Аммо  баъди ба ҳабс гирифтани бачаи Бобоҷон Бобохонов, Файзулло Бобоҷонов, прокурори собиқи Ҳисор, ки гуфта мешавад ҳамкурс ва рафиқи наздики Юсуф Раҳмон буд, дигар ӯро суроғ намекард ва ӯ ҳамин хел номард аст.

Дар он солҳо Раҳмон Юсуф бо боевикҳо ҳамкории наздик дошт. Махсусан бо наркобизнесҳо ва худаш шахсан тавассути онҳо то дусад- сесад кг афюнро дар солҳои 1997то солҳои 2001 равон мекард. Баъдан ба фуруши героин машғул шуд.

Бо наркобаронҳои номӣ- Боим, ки чанд рӯз пеш аз зиндони Русия озод шуд, бо Зоҳири сиёҳи московскигӣ, ки 30 сол ҳукм гирифт ва бо Эраҷи развилка, ки 28 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, бо Рустами хамери фархорӣ, ки 24 соли зиндонро тай мекунад, қаробат, рафтуомади наздик ва ҳамкорӣ дошт, аммо чи хеле,ки мебинем на танҳо аз об хушк мебарояд, балки Прокурори генералии Тоҷикистон мебошад, чунки “крыша”-аш Маҳмадзоири домоди президент аст. Айни замон бо худи президент ҳам додугирифти пулӣ дорад. Айни вақт аст, ки дар бораи як ҷияни Юсуф Раҳмон бо номи Зафар чанд маълумоте ироа бишавад. Зафар 2 сол пеш дар прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун муфаттиш кор мекард. Шояд ҳоло ҳам кор карда истода бошад. Зафар писари бародари калонии Юсуф аст. Ҳанӯз 27 ё 28 сола аст. Ҷавони бисер золим аст, мардуми бечораи ноҳияи Рӯдакиро бо ҳар баҳона, бо ҳар тӯҳмат зиндон мекунад ва пулҳояшонро мегирад. Агар бигӯем,ки муфаттиш неву  як оқи падар аст, хато накардаем. Чунки падараш коргари Кумитаи андози ҷумҳурӣ аст, ва чанд сол пеш бародари калонии Зафар падарашро чанд корд зада буд.Аммо касе ӯро ба ҷавобгарӣ накашид. Чаро,ки ҷияни генерал аст. Руирост мегӯяд,ки ман гапи прокурори ноҳияро дар ке….м задагӣ. Агар бихоҳӣ,ки парвандаро муфаттиши дигар тафтиш кунад, намедиҳад ва ба парванда чандин туҳматҳои дигар зам мекунад ва парвандаи сохтааш аз ҷониби Суди ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад. Судяаш ҳам як зани золими дигар аст, ки номаш Заррина аст. Падари ин судя бо иттиҳоми пораву ҷиноятҳои дигар  беш аз 5 сол зиндонӣ буд. Дар зиндони пушти ГАИ. Баъд аз 5 ё 8 сол,  ҳоло ҷавоб шудааст. Заррина то ҳол ҳамроҳи  ҷияни Прокурори генералӣ пора гирифтаву мардумро бо тӯҳмат зиндон карда истодаанд.

Доссияи сиёҳи Юсуф Раҳмон прокуррори генералии Раҳмонов идома дорад…

Ps: Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” маълумотҳои дигари ҷиноии ин ҷонситони кишварро дар даст дорад.Агар шумо ҳам шаҳрвандони кишвар,ки бидуни шак аз ӯ ҳатман зарар ва наздиконатон бо туҳматҳои ӯ зиндонӣ шудаанд доред. Он ҳамаро ба мо ирсол намоед, то онҳоро дар бахшҳои дигар илова ва тақдими мардуми кишвар намоем.

Share This Article