Аз Украинаи ҷангзада то Ғаззаи хунин, аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия то сиёсатҳои нав дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо-ҷаҳон ба гирдоби бесобиқа меафтад. Тоҷикистон, заъифтарин иқтисоди минтақа, дар банди вобастагиҳо қарор дорад. Ҳушёрӣ, ваҳдат ва талаби истиқлолият ягона роҳи наҷоти миллат аст.
Украина ва Русия: ҷанги тӯлонии номаълум
Ҷанги Русия ва Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 оғоз ёфт, то ҳол ба анҷом нарасидааст. Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 20% қаламрави Украина-ро таҳти назорат дорад: вилояти Луганск, бахшҳои зиёди Донетск, қисмати ҷануб ва Қрим.
Ҳамлаҳои ҳавоӣ ва дронӣ ҳар ҳафта идома доранд. Дар сентябри соли 2025, барои аввалин бор Полша як дрони русиро суқут дод-ин аввалин оташкушоии мустақими НАТО алайҳи техникаи Русия буд (Reuters, 10.09.2025). Ин нишонаест, ки ҷанг метавонад аз марзи Украина ҳам берун шавад.
Оқибатҳо барои тоҷикон:
- Зиёда аз ду миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳастанд.
- Маблағҳои интиқолии онҳо то 40% ММД Тоҷикистон-ро ташкил медиҳанд.
- Ҳар фишор ба иқтисоди Русия мустақиман ба зиндагии тоҷикон таъсир мерасонад.
Таҳримҳои Ғарб: аз 18 баста то интизори 19-ум
Иттиҳодияи Аврупо
То имрӯз Иттиҳодияи Аврупо 18 бастаи таҳримӣ зидди Русияро тасдиқ кардааст.
- Пакети 18-ум (18 июли 2025) бахшҳои молӣ, низомӣ ва энергетикиро ҳадаф гирифт:
- Нархи нафти Русияро аз $60 то $47,6 поин овард (Guardian, 18.07.2025).
- Ба рӯйхати «ҳавзи сояӣ» 105 киштии дигар илова шуд ва шумораи умумӣ ба 444 киштӣ расид (DLA Piper, 2025).
- Корхонаҳои ҳарбӣ ва бонкҳои нав таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
- Ҳоло баррасии пакети 19-ум идома дорад, ки метавонад ширкатҳои чинӣ ва миёнаравонро ҳадаф бигирад (Reuters, 10.09.2025). Албатта ин пакет шомили кишварҳои осиёӣ ҳам мешавад,ки вазъияти хело вахимро вахимтар мекунад.
Амрико
Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро идома медиҳад. Президенти кунунӣ Доналд Трамп (сентябри 2025) гуфт, ки мумкин аст ба кишварҳои мисли Чин ва Ҳиндустон, ки аз Русия нафт мехаранд, гумруки калон ҷорӣ шавад (Bloomberg, 09.09.2025).
Таъсир ба Русия
- Соли 2022 иқтисоди Русия 2,1% коҳиш ёфт (CSIS, 2024).
- Сипас Маскав иқтисодро ба шакли «иқтисоди ҷангӣ» бурд: истеҳсолоти низомӣ боло рафт, корхонаҳо ба эҳтиёҷоти ҷанг мутобиқ шуданд.
- Бо вуҷуди ин, таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Русия аз ҳисоби нархбандиҳо ва маҳдудиятҳо ҳар рӯз то $152 млн доллар зарар мебинад (arXiv, 2022).
- Дастрасӣ ба технологияҳои пешрафта маҳдуд аст ва Маскав маҷбур аст аз Чин ва дигар кишварҳои миёнарав ворид кунад (CFR, 2024).
- Таъкидҳои мақомҳои Украина: Шӯрои генералӣ (General Staff of Ukraine) эълон кардааст, ки аз оғози ҷанг то кунун, талафоти нерӯҳои Русия-қисман кушташуда ва маҷруҳшуд- аз 1 миллион нафар гузаштааст; аз ин шумора 628,000 нафар дар соли гузашта танҳо ба қайд гирифта шудаанд.
- Манбаъҳои ғарбӣ ва мутахассисон: Масалан, Вазорати дифои Бритониё (UK MoD) хабар медиҳад, ки талафоти Русия-кушташуда ва маҷруҳшуда-беш аз 1 миллион нафар расидааст .
Инчунин, маркази таҳқиқотии CSIS натиҷаи таҳқиқоташро ин тавр хулоса кардааст: тарафи Русия ба тахминан 950,000 нафар талош кардааст, аз онҳо 250,000 нафар кушта шудаанд ва боқимонда маҷруҳанд .
- Статистикаи муҷаввизи 2025: Ҳамчунин-истилоҳи 1 миллион талафот марбут ба матлабҳои таҳлилии ҷанг дар миёнаҳои соли 2025 мебошад, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва мақомоте мисли Украина истифода шудааст
Ховари Миёна: Ғазза ва оташи ҷанги бузург
Фоҷеаи Ғазза ҷаҳонро такон дод. Ба гузориши The Gurdian Таҳлилҳои мустақил, аз қабили таҳқиқотҳои дар Lancet нашршуда, нишон медиҳанд, ки шумораи қурбониён 40 % бештар аз омори расмӣ аст, масалан то июни 2024 аз ~46 000 расмӣ ба ~64 260 расидааст.
Омори аз манбаъҳои дигар, аз ҷумла Wikipedia, рақами умумӣ-ҳам шоҳидони мустақими ҷанг ва ҳам қурбониёни ғайримустақим, то 66 700 нафар кушташударо нишон медиҳад, ки аз ин 64 739 нафар фаластинӣ ва 1 983 нафар исроилиҳо мебошанд.
Боз як таҳлили дигар ҳаст, ки дидаву дониста бо шуморҳои ғайрирасмӣ ҳамкорӣ мекунад: як манбаи илмӣ дар medRxiv пешгӯи мекунад, ки то январ 2025 дар Ғазза ~84 000 нафар кушта шудаанд (ин рақам аз шумораҳои травматикӣ ва ба ҳисоби қурбониёни гуруснагӣ ва беморӣ баробар аст)
Метавон хулоса кард, ки шумораи қурбониёни ҷанг дар Ғазза аз октябри 2023 сар карда, ҳоло ҳадди ақал аз 64 000 нафар гузашта, хоҳ ба қавли манбаъҳои расмӣ ва хоҳ таҳлилҳои мустақил бошад.
Эрон ва гурӯҳҳои шиамазҳабӣ (Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо) ҳушдор медиҳанд, ки ҷанг густариш меёбад. Ин вазъ метавонад ба як ҷанги бузурги минтақавӣ табдил ёбад.
Барои Тоҷикистон:
- Ихтилофоти мазҳабӣ метавонад ба ҷомеаи мо низ сироят кунад.
- Наздикии Афғонистон ва робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон хатарҳои амниятиро зиёд мекунанд. Шаҳрвандони мо аз ин танишҳо сахт бояд ҳазар кунанд.
Аврупо: байни ҷанг ва муҳоҷират
Аврупо имрӯз бо ду мушкил рӯбарӯ аст:
- Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина то имрӯз зиёда аз 118 миллиард евро кумак расониданд, ки ин кумак дар бар мегирад:
Иқтисодӣ, низомӣ, ва гуманитарӣ-баъзе манобеъ рақамро “беш аз €118 млрд”низ мепиндоранд .
- Муҳоҷират: Аврупо бо вуруди садҳо ҳазор муҳоҷир рӯбарӯ шудааст. Танҳо дар Олмон соли 2023 зиёда аз 35 ҳазор тоҷик сабти расмӣ шуданд (Eurostat). Аз ин адад 12 ҳазорашон иҷозати иқомати расмиро ба даст овардаанд.
Дар Бритонё тибқи омори Joshua Project, гурӯҳи тоҷикон дар дар ин кишвар ҳамагӣ 5 100 нафар ҳисоб шудааст.
Дар Фаронса бошад тибқи маълумоти оморӣ миёни 1200 то 1500 шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд.
Барои тоҷикон:
- Аврупо имкони зиндагии нав ва амниятро медиҳад.
- Аммо сиёсати муҳоҷират сахттар мешавад. Тоҷикон бояд мутобиқ шаванд ва қонунҳои ҷомеаи мизбонро риоя кунанд.
Осиёи Марказӣ: роҳҳои гуногуни ҳамсоягон
Қазоқистон
- ММД: ~225 млрд доллар (2023).
- Қасим-Жомарт Токаев дар СММ (сентябри 2022):
«Қазоқистон истиқлолият ва тамомияти ҳар як кишварро эҳтиром мекунад. Мо эътироф кардани минтақаҳои ишғолшударо намепазирем.»
- Остона мекӯшад миёнарав бошад ва ҳам бо Русия, ҳам бо Ғарб ва Чин ҳамкорӣ кунад.
Узбекистон
- ММД: ~90 млрд доллар (2023).
- Шавкат Мирзиёев (декабри 2022):
«Узбекистон сиёсати бетарафиро идома медиҳад. Мо ба ҳеҷ як низоъ ҳамроҳ намешавем ва роҳи дипломатиро дастгирӣ мекунем.»
- Узбекистон сиёсати бисёрсамтиро пеш мебарад: бо Туркия, ИМА, Аврупо ва Чин ҳамкорӣ мекунад ва аз вобастагӣ ба Русия канора мегирад.
Қирғизистон
- ММД: ~14 млрд доллар (2023).
- Содир Жапаров (2023):
«Мо узви ЕАЭС ва СПАД ҳастем, аммо дӯстии худро бо Туркия, Чин ва дигарон низ қадр мекунем.»
- Қирғизистон вобаста ба Русия боқӣ мемонад, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.
Тоҷикистон
- ММД: ~11 млрд доллар (2023).
- Қарзи хориҷӣ: ~3,2 млрд доллар, беш аз нисфаш аз Чин.
- Эмомалӣ Раҳмон (2023):«Русия барои мо шарики стратегӣ ва кафили амният аст.»
- Тоҷикистон вобастаи шадиди Русия ва Чин аст ва сиёсати хориҷии мустақил қариб,ки вуҷуд надорад.
Раҳмонов ва беғамии маргбор нисбат ба шаҳрвандон
Тоҷикистон имрӯз зери ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари нотавон ва бепаноҳ табдил шудааст. Ҳама чиз-аз иқтисод то сиёсат, аз тиҷорат то ҳокимият-дар дасти як хонавода монополия шудааст.
Ҳукумати хонаводагӣ ва тиҷорати оилавӣ
Дар ҳоле ки мардум аз бекорӣ, камбизоатӣ ва муҳоҷират ранҷ мебаранд, тамоми сарватҳои кишвар ба дасти аъзои оилаи Раҳмон афтодааст. Аз калонтарин ширкатҳои давлатӣ то содироту воридот -ҳама чиз дар ихтиёри фарзандон, домодон ва наздикони Раҳмон аст. Миллат ба як манбаи даромад барои як хонавода табдил дода шудааст.
Бе барқ дар сармо ва гармо
Ҳатто ниёзи аввалин «барқ» барои мардум таъмин нест. Дар сармо ва гармо мардум ҳафтаҳо бе барқ мемонанд, ҳангоми он ки хонаводаи ҳоким дар қасрҳои пурнури худ зиндагии шоҳона доранд.
Хомӯш кардани ҳар садои эътироз
Дар чунин вазъият, ҳар кӣ ҷуръати баланд кардани садо мекунад, саркӯб мешавад. Мухолифону озодандешон зиндониянд, рӯзноманигорон таҳқир мешаванд, ҷомеа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҳеҷ шаҳрванд ҳуқуқи озодона садо баланд карданро надорад.
Сафоратҳо-маркази тиҷорат, на ҳимоят
Ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар таҳқир мешаванд, кушта мешаванд, азият мекашанд. Аммо сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон ба ҷойи ҳимоя, танҳо маркази пулкорӣ шудаанд. Ҳар шиноснома, ҳар ҳуҷҷат бо пора ва ришва ҳамроҳ аст.
Эмомалӣ Раҳмонов ҳукумати худро ба як корпоратсияи хонаводагӣ табдил додааст, ки мақсади он танҳо нигоҳ доштани қудрат ва ғанӣ кардани оила аст.
Мардум бошанд, бе барқ, бе кор, бе ҳимоят ва бе овоз мондаанд. Ҳар садое, ки аз миллат барояд, дар ҳол хомӯш карда мешавад.
Тоҷикистон зери ин ҳукумат на давлат аст ва на сарпаноҳи шаҳрвандон-балки маҳбаси бузурге барои миллат аст.
Паёми мустақим ба шаҳрвандони Тоҷикистон
Ҷаҳон имрӯз пур аз ҷанг, таҳрим ва нооромист. Украина хунрезист, Ғазза зери оташ месӯзад, Аврупо зери фишори ҷанг ва муҳоҷират, Русия таҳти таҳрим, Осиёи Марказӣ роҳҳои гуногунро меҷӯяд.
- Қазоқистон роҳи миёнаравиро интихоб кард.
- Узбекистон бо сиёсати бисёрсамтӣ истиқлолияти худро ҳифз мекунад.
- Қирғизистон вобаста аст, вале мекӯшад роҳҳои дигарро боз нигоҳ дорад.
- Тоҷикистон бошад, заъифтарин ва вобастатарин боқӣ мондааст.
Агар мо тоҷикон ҳушёр набошем, бозичаи қудратҳо мемонем. Агар муттаҳид набошем, тақдири мо ба дасти дигарон мемонад.
Паём равшан аст:
- Огоҳӣ ва озодандешӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистони аст.
- Ваҳдат ва канорагирӣ аз тафриқаи мазҳабӣ ва сиёсӣ — шарти зинда мондани миллат аст.
- Ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз ин варта ҳушёрӣ ва иқтисод-кафили наҷоти оилаҳо ва ватан аст.
- Талаби ислоҳот ва сиёсати зираконаи мустақил-ягона роҳи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон бояд аз вобастагӣ раҳо шавад. Тоҷику тоҷикистонӣ бояд соҳибони ҳақиқии сарнавишти худ гарданд.