Туҳмате дар Корвон: «мард будан аз нар будан фарқ дорад» ҳаётамро тағир дод

Ислоҳ нет

Соли 2012 аз муаллимӣ даст кашида, то соли 2013 дар мағозаи бародарам дар Роғун кор кардам. Ҳамон сол омада дар Корвон, аввал ба ҳайси шогирд, пасон иҷоранишин корро оғоз карадам. Соли 2020 шуд, бозорро қисман канданду сохтанд. Ҳамагӣ хомуш буд, ман сухан гуфтам. Пас аз гузаштӣ, 6 ё 7 моҳ бо дасисаи ҳамкорам Юнус, ки қаблан ӯ низ бо дасисаи  Муҳсин Олимов, барои замоне дар Зоҳидон   ” таҳсили ғайриқонунии динӣ” карданаш, ба УУР бурда шуда буду бо кумаки одамони дар амниятдоштаашон раҳо шуд, маро дастгир карда буданд. Ба ман Юнус дар заминаи тиҷорат рашку ҳасади девонавор дошт ва Муҳсинро васваса мекард, ки то метавонӣ, коре бикун.

Падарам умре пулис буд. Дар солҳои душвори ҷангӣ ҷон бар каф гирифта, адои вазифа мекард. Борҳо ҷонаш дар якваҷабии марг қарор дошт. Вале имрӯз моро ба ҳайси аввалин ашхосе, ки дар соли 2010 то 2013 шӯъбаи ҲНИТ-ро дар Роғун расман кушода будем, ҳамчун “зоғҳои ало” қабул доранд. Замоне бо ҳукумат будаем, замоне бар ҳукумат. Аз замони донишҷӯӣ ба баъд дигар натавонистам бо ҳукумат бошам.

Соли 2015 бародар ва писартағоямро ҳамроҳи 40 нафари дигар аз манотиқи гуногуни Роғуншаҳр бо туҳмати салафигарӣ боздошт карданд. 3.5 солӣ нишастанду баромаданд. Дар сайти Ховар нигоштанд соли 2016, ки Исоев Умед гӯё шӯъбаи ҲНИТ-ро дар Роғун бо дигарон барои “пардапӯш” кардани фаъолиятҳои “салафигароию экстремистӣ” роҳандозӣ карда будааст.

Он рӯзгорон туҳмати  “ҳамкории салафӣ-наҳзатиҳо” муд буд. Вале, пасон ин мақоларо маҳв карданд. Дигар он нест. Пас аз зиндон бародарам дигар он зиндадилию кордӯстии пешинаашро надорад. Падарамро ҳар моҳе ба  фаҳмондадиҳӣ” таклиф карда, барои нарафтан ” ба роҳи Умед” дигар писаронашро “дастуру ҳидоятҳо” медоданд.

Ҳар ҳафта ба Ёвон (зиндон) волидайнам рафту баргашт доштанду ҳар моҳ ба Роғун “насиҳатшунавӣ” мерафт падарам. Падареам, ки дар солҳои қатлу куштор як по берун аз Роғун нагзошта буд, пас аз сулҳ ниёзманди “насиҳат”-и чӯҷаҳои мормулакҳое шуд, ки тиёқи даҳмардагияшонро аз хода фарқ кардан наметавонанд.

Аз дасти он ҳама мақомоти “хафгиру чапгир” бародарам мағозаи хӯрокаашро ба мағозаи либосворӣ иваз карду боз ҳам аз Роғун дилсард, алакӣ Русиярав шуд! Бо мақомот сахтравӣ карду бор-бор ба ” насиҳат” фарёдаш мекардагӣ шуданд. Бо туҳмат зиндон рафту дар УБОП шиканҷаи 3-4 рӯзаи сахт шуд. Ҳамон сол (2015), ки авҷи террори маънавии наҳзатиён буд, қасоси дастаҷамъиро аз ӯ гирифтанд. Ман ба шумо дарҳаму барҳам чизҳое навиштам. Ҷавоб додед, ки бародар “чизе нафаҳмидам”, равшантар нависед. Ман тарсида будам, ки маро ҳам ба дунболаш  зиндон баранд. Ҳоли волидонамро ман медонистам. Модарам он қадар дар изтироб буд, ки… ҳамеша мегуфт, «ҳами бачам броя я рӯз дига да и давлат наместм».

Бародари бузургиямон- Суҳроб дар Роғун ҳамон солҳо главврач буд. Дар рӯйхати дастгиршавандаҳо номи нафаре (бидуни насаб) Суҳроб- доктор буда аст. 3-4 рӯз, ҳарчанде Умед гуноҳи “салафият”-ро ба дӯш гирифта буда аст, вале боз бояд “Суҳроби салафӣ”-ро ҳам, ҳамон бародари ман аст гуфта, баёнот медода аст, вале Умед тазйиқу душному зарбу латро 3-рӯз ба гардан гирифта, Суҳробро нафрӯхта аст. Танҳо, рӯзи 4-ум Суҳроби рӯйхат, ки аз дигар минтақа ва ӯ ҳам “медбрат” буда аст, пайдо ва ғулу занҷири ҳаромии Чақир-Шарип аз дасту бозуи ӯ раҳо мешавад.

Ҳарчанде 40-у чанд тоҷики кӯҳистонӣ, пасон дар маҳкама куллан туҳмати салафиятро аз худ инкор карда бошанд, вале “зери барқи пулисҳои Рамазон Раҳимзодаи Буқача“, ки дар тамоми дару деворҳои мақомоташ ин лозунгаш нигошта шуда аст: ” Ҳатто ҷиноятҳо, бигузор, нокушода монанд, вале аз зуроварӣ ва шиканҷа кор нагиред“, онро ба гардан гирифта буданд, аз 3.5 то 10 сол ба зиндон рафтанд!

Сардори ин “салафиҳо” як эшонзодае аз эшонҳои Қалъаи нав буд, ки 10 сол маҳкум шуд. Аз паси кори ӯ эшони Абдулвоҷиб- сархатиби кулли минтақа, ки сахт муҳтарам буд, ба допросу иҳонат, аз ҷониби кормандони КДАМ, кашида ва танҳо аз сабаби инки “сардори салафиҳо” ҷияни ӯст, аз ҳама масъулиятҳояш сабук душ шуду ба ҷояш як девонаавзоъе ба номи Мулло Абдулазиз, ки алифро аз тиёқ фарқ кардан наметавонад, сархатиб гашт. Ин мулло чӯҷаи қуд-қудаки неоамниятиҳост.

“А” гӯянд, а гӯяд. “Б” гӯянд “бэъ” гӯяд. “Ц” гӯянд, ҳам онро бо соди арабӣ адо кунад. Дар солҳои тоҷикхорӣ ин ҷаноб, шогирдҳои бедилхони зиёде дошту боре чанд тане аз онҳоро “самосуд”, барои мурғу ҳезумдуздияшон “дурраи шаръӣ” зада буд.

Замоне… эшони Абдулвоҷиб рӯи минбари Расули Худо такя мекарду кормандону намояндагони “ҳукумати Раҳмонов” дар минбари масҷиди навсохти Обигарм қаторак мешуданду оид ба “Роғун”-у гулгуншавии ғору роғҳои он, аз ҷониби сарфармондеҳи Фронти халқӣ”  гуз— ор—-иш (гузо-риш) мекарданд ё медоданд.

Пас аз он сандуқчаҳои сайёр дар дасти ходимони масҷид барои “ятимон, ятимони кулл, маъюбон, бечораву нодорҳо” саф-саф пул мечиданду ҳоло ҳам мечинанд.

Ба Яздон, дидаам, ки пеш аз дингуззании ин “намояндагони муҳтарам” (ба талаффузи муллообигармиҳо- бо ح-и ҳалқӣ)-и ҳукумати Роғуншаҳр, дар утоқи имомхатиб, сандуқҳои барои “маъюбон…” пурпулшударо рехта, “маъюбони галстукдор” ҳай, бо ҳавас пулшуморӣ доштанд. Медонам, ин пул тибқи Сарқонун набояд ба кисаи “маъюбон”-и маънавӣ- ҳукуматӣ равад, чун тибқи Сарқонун “чунон дину давлат зӣ ҳам нотавъаманд”, ки ин ба он он ба ин набояд “ба корҳои ҳамдигар” лезит кунанд. Ман ку ин навъи давлатдориро дар ҷое аз олами муосир надидаам, ки ҳам масҷид ҷои аскаргирӣ, навкарёбӣ, садақа ба маъюбони давлатӣ, гузориши сиёсидиҳӣ, отчоти солонадиҳӣ ва ҳам кумак ба ятимхона, “солдатҳои гушна” ва ғ., бошад.

Ин масҷид аз тарафи соҳибкори мазлум, бо роҳнамоии ҳамон эшони Абдулвоҷиб, чанде қабл аз дастгиршавияш -Зайд Саид, сохта шуд, вале чилчароғи бузургаш насб ношуда монд, чун касе зайдона дигар ёфт нашуд, ки чилчароғе ба он бузургиро ба ин масҷид ҳадя кунад.

Дили зайдона мехоҳад, ватансозӣ! Дили тарсуи буздилон  парастишгоҳи Яздон нест! Аҷобаташ инки ин ягона масҷидест ба тирози ғайри тирози форсии бостон сохта шуда- манора надорад?!

https://tojkiston.ucoz.ru/index/pos_obi_garm/0-5200

Баргашт:

Пас аз соли 2020 то 2022 дигар на ба сиёсат кордор шудам на ба ахбори дохилу хориҷ коре доштам. Гуфтам, ки 1:1 ҳисобам бо ҳукумат баробар аст!

Вале, инҳо алам доштаанд.

Соли 2022 гузоштам риши амрикоӣ, чун зиёд орзуву бовар доштам, ки барандаи баргаи сабзӣ амрикоӣ мешавам.

Вале ин ришро ҳам “сиёсӣ” “риши эътирозӣ” қабул карданд.

Аввал кас ин Муҳсини хук буд, ки омада гуфт: Акай Суҳайл, и риш да странаи мо (то есть, страна уже принадлежить им), намешава.

Гуфтам, ҳоло сабр кн, 5 сол пас пур мешава!

 Мисли занҳои доимноризо, зери лаб ғур -ғур карду сурх шуд! Фиръавнак-да, вазифачае дорад! Бояд гапи рад нашнавад!

Пасон гитар харидаму дарс оғоз кардам. Боз ҳамон  насиҳатҳо”: ака, и гитарта қатит нагардон, бо “снайпер” фикр накунанд.

Гуфтам: наход, болонишинон он қадар донише надошта бошанд, ки снайперро аз гитор фарқ накунанд.

Дар таксӣ бо гитар менишастам, ронандаҳо, ки аксаран “буз”-анд, ҳангоми гитарро дар бағочи мошин гузоштанд мегуфтанд: ака снайпер надошта бошӣ бо?!

Ва дигаре “насиҳат” мекард, яхелш да Тоҷикистон зиндагӣ мекна, фикрош да ким-куҷоҳай. Фикрош да Америкаҳай. Не, иҷа давлат соҳиб дора. Я мекаша любойташа сар метия, ҳушш да сарш мезана. Ва вақте мефароям, боз ҳамон таксӣ таъкид мекунад: саломат бошен. Ба фикрм, фаҳмиден”!

Ишқи навои Борбад дар миёни ин ҳама зоғҳои ба зоҳир демократу ба ботин “бадтар аз олотимусиқишиканӣ толибонмаоб” ҳам риши амрикоиро ва ҳам гитори Ямаха F-600-ро дар назарам бад кард. Дар ин дунёи “афсонаҳо” на риши амрикоӣ ҷой дораду на гитори молезӣ ва на борбадӣ каёнӣ! Инҷо ҷуз зоғу бузу шеру шағол будан, чорае нест!

Пасон сар шуд, чун сар карданд. Бояд ба мисли Закариёи Розӣ гиторамро дар сарам он қадар мекӯбиданд, ки то дидаам нобино гардад. Ва он қадар риши амрикоиям чангол заданд, ки гумон кардам дар зиндонам. Зиндоне, ки ҳамагӣ бояд либоси мотам -сиёҳпӯш буда бошанд!

Ва ришамро тарошидам.

Бо ин ҳам  бас накарданд.

Ва ҳоло ҳам даст барнамедоранд!

Муҳсин омада назди Файзу Бобику Акбару Фаррух менишинаду оғоз мекунад:

Оғози қисса:

Соли 2022, вақте насиҳати насиҳатгаронро ба тин нахаридам, вақте диданд, ки тарсдиҳӣ, шантаж, латукӯб коргар нест, ба туҳмат оғоз карданд. Медонистам, ки ин корро аз болоҳо роҳандозӣ мекунанд. Вале бадтарин зарбаи равониро рӯи ҳайсияту обуруву торҳои аъсобам ҳамин 5 нафар (ба шинохти ман, мунофиқони воқеӣ) заданд. Як бору дубор не, ҳар рӯз, пай дар пай, бо калимоту вожаҳои наву аъсобхарошу вақоҳатзо идома доданду медиҳанд. Дар оғоз ошкоро, ҳоло бошад, дар хафо, назди шиносу харидорону байни худҳошон!

Медонам, ҳама касро ва ҳама сухану ҳодисотро метавон бо далел исбот кард ба ҷуз туҳмат, ки ҷавоби мантиқӣ-илмӣ надорад. Ва туҳматро бо далел намешуда аст радд кард. Чун туҳмат зодаи рашку ҳасодату кинаву душманист. Медонанд, ки ҳақиқат нест, вале чун дигар чизе намемонад то ба он туро шикананд, домани туҳматро сахт меқапанд!

Барои ҳамин чун аз домони Оиша даст набардоштанд, лоҷарам паёмбари ислом, ҳамагиро дурракорӣ карду ақли ақлгумгаштаҳо хуб ба сарашон омад!

Инҳоро ҳам ҷуз ҳамин роҳ аз роҳ нахоҳад гардонд.

Дар ин бозор ҳазорон тоҷир асту садҳояш маро солҳо мешиносанд, кӣ буданамро медонанду ҳангоме маро туҳматҳои бардавому гуногун заданд, онро ривоҷ надоданд. Нахандиданд. Ба дигарон иброзу тарвиҷ надоданд. Сукут карданд, чун маро хуб мешинохтанду ғаразе надоштанд.

Кор аз инҷо оғоз шуда буд. Ҳамон шабу рӯзе, ки ба Шумо туҳматнома бофтанд, он гоҳ ман ба ҷуз видеои оид ба қатли Мирзоҷага пахш кардаатон, чизеро тамошо намекардам. Фақат мешинохтам. Аз замони донишҷӯӣ медонистам, ки як нафар муллое сайти Васатият дорад. Чун бо маркази ҲНИТ дар ш. Душанбе ва дарсҳои Кабарӣ алоқа доштем, номатон шинос буд. Вале, вақте дар бозор бузҳо оғоз ба туҳматпароканӣ дар идомаи смс-ҳо шуданд, асабам набардошту дар рӯйи ҳамаашон, хусусан Саид Олимови тоҷиккуши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гуфтам: бо ин туҳматҳо миллати тоҷикро шарманда карданд инҳо. Дига туҳмат наёфтанд, ки дар назди дига миллато тоҷикора ба кунтигӣ бадном кардестан?!

Саид, ки эътирози баланди маро дид, сахт асабӣ шуда, бо қаҳр дасте афшонду дохили дуконаш шуд. Бачаҳо, ки гӯш доштанд ҳамагӣ хап, пароканда шуданд.

Ман худ намедонистам, ки танҳо пас аз 2 сол айнан маро ҳам ба ҳамин туҳмат “сазовор” медонанд.

Оҳ аз ин мунофиқин. Аҳли масҷиду намозанд. Аз аҳди Абдуллоҳ ибни Салул ибни Убай то  Э. Ш. Раҳмонов сари мӯе тағйир накардаанд!

Ман инҳоро ба ин ҳоли хушашон нахоҳам гузошт!

Имрӯз, ки дурра ҷоиз нест. Усулҳои муосири муассир ҳам дорем.

Муҳсинро, ки мешносед. Дигар ҳоҷати гап нест. Падараш ҳам маълум. Вале ҳамон видеои қатли Мирзо Ҷагаро ман (соддалавҳона) барояш дар телефонам монда нишон додаму ӯ сокитак, дар дуконаш то охир тамошо карду гуфт: Мирзо Ҷага дипломдор ва одами босавод буд. Ва хело таърифаш кард вале афсус нагуфт.

Аввалин бор ин гуна оғоз карданд:  аз раста мегузаштам, маро боздошта як видеои Муллои Бохтариро, ки дар он мегуфт: да дунё дига мард кам мондай-ро нишон дода , Муҳсин гуфт: акай Суҳайл и чӣ мега? Мега мардак кам шидай?! Ман дарке накардам. Гуфтам, эй дафш кн я бадбахтай. Ман намефаҳмам, ки ин Бохтарӣ чӣ ин қадар аз “камчинии мард” гила дорад. Ба фикрам, ки дарде дар мардонагияш дорад, ки чун дигар нимколамардони ин ҳукумат менолад. Менолад аз камбуди мард!

Ин нашуд. Баъдаш як рӯз номарди  Муҳсин Файзу Бобикро гирди худ ҷамъ карда чизе гӯшакӣ карданд. Фардояш Файзи зинокор гуфт: Бобика ҷӯраҳош гуфтиян, ки агар

пулмон натии ме…емат!  Тарсидай, ки бачагима мегиран, пул дода ҷонша халос кардай. Ман хандидам. Чун нафаҳмидам, ки чӣ гап аст инҷо. Пас аз чанде пай бурдам, ки мори туҳмат дорад вориди аъсобам мешавад. Рафтаму Бобикро гуфтам: кунта ҷқу шин. Барои чӣ туҳмат мекунен?! Ҷавоб метен. Бобик, ки табиатан марди шух аст, гуфт : ба номи Худо ма ичӣ нагуфтам! Файзу Муҳсина бқап!. Хай, бин- гуфтаму рафтам.

Фардош пеши Муҳсин рафтам, ки чӣ гапу чап дорӣ?

Гуфт, акай Суҳайл рул да дасти ма набуд. Дига аз ҳамон пас, ҳатто як калима соли 2 юмаст бо ӯ назадам. Бо падараш ҳам пас аз чанде қатъи робита кардам.

Вале, чун диданд, ки ин туҳмат он қадар асар накард, баъди чанде калонтараш карданд. Яъне аввал гуфтанд, ки бачаҳо Суҳайлро тарс додаанд, ки пул натиӣ ме….мат, тарсида пул дода аст. Пас аз он туҳматро бузургтар карданд: ин дафъа гуфтанд, ки ира қапидиян, да ку…ш к….р шакидиян.

Я рӯз шишта будам, ки Азамт гуфтани узбаке, ки дар дукони собиқам рӯ ба рӯ ҷойгир будем омаду гуфт: зани и раисам б…ом, ай Азими буғалтершам. Пулма хай надодестан, ба ҷои ҳами пулм ябор да кабинетш медромадм я ме…йдмш расчет мешидем. Ақалан, хай наме…..омшу я ке…ма да лави к….нш монм я кайф кнм, мешава. Ва рафт. Акунун худатон хулоса бароред, ки ин чӣ таъсире рӯи аъсоби як марди барӣ аз ин ҳама туҳмат мегузорад. Танҳо ҳаминро пурсидам: ҳами гапа да рӯш гуфта метонӣ?!

Медонистам, ки ин сухан киноя ба он туҳмат асту бас.

(Пасон ким кадом ашхосе 2 бор ӯро бурданду насиҳат карданду ҳақиқатро фаҳмиду ба туҳмат будан пай бурд).

Файзро як рӯз конкретно насиҳат кардам, ки ай Хдо бтарс ту даъвои ҳоҷигӣ дорӣ! Туҳмат назан. Худашро ба нодонӣ зада гуфт,  ма чӣ гуфтм? Гуфтам медонӣ! Гуфт, хай иқаша бгу ба усӯш да ёдм мезана. (Мунофиқ ҳамаро ана ҳамин одам, ҳарчӣ аз Муҳсин туҳмат мешунавад, ҷамъ карда, бо обуранг “қисса” мехонад). Гуфтам, надонӣ бҷқ гард. Гуфт, гапа гуфтӣ фикри ақибта кн. Рафт. Боз омада ба муханнас- Фаррух гуфт: рӯзои башуморш мондай ира. Фаррух интизор дошт, ки рӯзҳои башумори ман кай сар мерасад.

Ман он шабу рӯзҳо худро ҳар лаҳза мисли паланг ё шери захмӣ ҳис мекардам, ки баногоҳ дар чангу дандони галлаи шуғолон афтодааму намедонам, ба кадоме аз онҳо аввал ва чӣ гуна ва бо кадом нерӯ ҳуҷум барам. Наметонистам, аз инрӯ ягона роҳро дар адами сухан гуфтану қатъи робита дидам. Вале онҳо то ҳол пайт меҷӯянд то душмани пешвояшонро боз захми дандон бизананд.

Рӯзе, Бобик (Номи аслияш Ҳайдар, аз хурдҷуссагӣ Бобикаш хонанд) ҳам чун маро дид ба Юнус хитоб кард: Ака, мегум велики нав харидай ҳъ? Ба фикрм, ки велика бурди бачаҳот танай личт кадан ҷуфтт кашидан ҳъ?

Худатон хулоса кунед, бародар. Ин дафъа туҳмат ба “танай луч кардану ҷуфт кашидан” мубаддал шуду ба ман равона буд на ба Юнус.

Пасон, нашуд назди Муслиҳиддин ҳамкорам рафта гуфтам, ки акай Сорбон (сорбон аз Данғара асту 8 сол дар паҳлуям савдогар буд. Гумон мекунам ду бор дар хафо маро аз зиндону пайгард наҷот дода асту чанд бор насиҳат ҳам карда буд. Боре ҳам гуфт, биё ай ҳами савдода ягон мошин хар бро ай бозор. Ризқта миёвӣ. Ман он гоҳ нафаҳмидам, ки инҳо бар ман туҳмату шантажи бузург ба роҳ монда истодаанд. ) мега, ки гап то болора рафтай бачаҳора бгу куншона ҷқан

 ДА ЯГОН МАҚОМОТ ҲИЧКИРА НАМЕБАРАН Б…ЯН, АЙ ИҶА БО ДАСИСАИ ҲАМИ МУҲСИН АКАЙ ЮНУС, АКАИ БАҲРИДДИНИ САЛАФАНФУРӮШ, МАНИЖА ва дигарора бурда дашному шаттакорӣ карда бдан. (Манижаро бошад, “ҷодугар”-е, ки аз ҳар гуна алафҳо доруи зарарнок таҳия мекарда аст гуфта, бор-бор дар ТВ-Сафина бо як

“ҷодугар”-и дигар намоиш дода буданд. Да УУР мара телефонма кофтан, ҳичӣ наёфтан раҳо кардан. Гуфт, ки майлаш ака, бачаҳора ҳақиқата мефаҳмонам.

Пагоҳаш омадам, дидам, ки хук Муҳсин дар дукони Муслиҳиддин даромада, бо ханда “қиссахонӣ” дорад, маро диду хай ҳамихел гуфту рафт

Пасон аз пеши Муслиҳиддин радд шудаму шунидам ки гуфт: Мард бдан ай нар бдан фарқ дорад. Фаҳмидам, ки боз ҳамон туҳмати марду номардист. Дигар бо Муслиҳам, ки ҳамеша дар вақтҳои бекорияш Қурон мехонад, хафа шудам. Ки ҳар рӯз ояи

وَلَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ قُلْتُم مَّا يَكُونُ لَنَا أَن نَّتَكَلَّمَ بِهَٰذَا سُبْحَانَكَ هَٰذَا بُهْتَانٌ عَظِيمٌ

 [الجزء: ١٨  |  النور  |  الآية: ١٦]

ро мехонаду бар он амал кард.

Ин сухан : “Нар бдан ай мард бдан фарқ дора“-ро ҳамон мавлавии  Бохтарӣ бароварда аст, ки имрӯз ба ҳар марди воқеӣ, ки ба Раҳмонов шӯрида аст, “нисор” мекунанд!

Пасон, Муҳсин Фаррухро ба дуконаш чанд рӯз пай дар пай фаро мехонду гап ёд медоду равон мекард. Ин падарлаънати муханнаси воқеӣ ҳар чапу рост гаштан як гапро такрор мекард: ” мард бдан ай нар бдан фарқ дорад”. “К…т нахеза янга меброя мерава”. Ва,  боз, ҳар боре хонум Зарафои Раҳмонӣ дар робита бо мушкилоту беморияш намоиш дода мешуд, ин хук-Фаррух онро оварда ба ман нишон медоду мегуфт: ира мешносӣ?! Кленттай ҳъ? Ман мефаҳмам, ки ба ӯ туҳмат заданд ё таҷовузаш карданд, дуюми инро бовар надорам, вале медонам, ки гӯё маро ҳам бурда, таҷовуз кардаанд гуфтанҳои бешарафонаи Муҳсину кентҳои асосияш: Файзу Акбари сиёҳи ҳиз (воқеан ҳиз аст) маро ҳамтақдир“-и Зарафо кард!

Ба Фарух гуфтам, ки бале ин кас Зарафо Раҳмонӣ собиқ ҷонишини Кабирист. Чӣ проблема дорӣ бо ин зан? Наметонад, ки бигӯяд, ки ин занро т…даанд! Чим чизҳое вақте дур шудам ғур-ғур кард, ки нашнидам.

Охирин, боз Зарафоро нишон доданд, чанде пеш. Боз дар дасти Манижа як телефон – телефони Муҳсин оварда ба ман ҳамон видеоро нишон дода гуфт: акай Суҳайл, ҳами апашкара мешносӣ? Ҳо. Чӣ буд? Ҳичӣ, бечора касалии рак бдай. Касалии рак чӣ бечорагӣ дора? Дилм сухт. Ва рафт. Вақте хона мерафтам хук Муҳсин гӯё ба чеҳраи Худо, ки Зарафоро- душмани пешворо наказат кардаву бемор карда ё барои инки ману ӯро туҳмату ифтиро задаву шарманда кардаанд, заҳрханд мекард!

Рӯзе, Фаррухро аз кадом ниҳоде бурданду саркашол омаду пас аз он на дигар А гуфту на Б. Вале ман дар интизори рӯзи шағолон ба чангам афтодан, рӯзшуморӣ дорам.

Фарҷоми тоқат:

Дар ин байн ба Акбар Норов гӯш зад кардам, ки асли моҷаро чист? Мақомотиёни бесаводи УУР касеро тарс дода гуфтанд, ки мо аз телефонат маълумот ёфта “ме..емат” маънои онро надорад, ки туро б…янд! Аблаҳ, ин пропаганда ҳаст. Ту борҳо хонаи ман рафтагии. Кӯдакома дидаӣ. Медонӣ, ки ман зан доштам. Гуфт, ки бачаҳора мефаҳмонам, вале роҳи нифоқ рафт.

Аввал омаду гуфт, ака ҳаму ришта трош. Гуфтам, ки игапа тда ёд дод? Нагуфт.

Пас аз он пичинггуиро сар кард! Мард бдан ай нар бдан фарқ дорад. Охир….ҳаром. Гелик. П….з. Нашуд бо ин саг сахт рафтам! Кор қариб ба занозан мекашид. Гуфтам, ин сагро аз дигарҷо фасс медозанд. Вале ваъдааш кардам, ки ҷавоб медиҳӣ!

Ваъда дода буд, ки к….о меҷқад, вале бар акс кард.

Рафта аз Муҳсин “дарсу вазифа” гирифта, омада аввал ба Бунёди узбак нақлу қисса кард! Баъдан, ба охирин дӯстам Хусрави шӯрободӣ, тамоми туҳматҳои нестам дар ҷаҳонро кард “кӣ, ҳиззӣ, занш барои ….бромада рафт, кӯдакош ай хдш нест” ва ғайраро нақл кард. Пасон бо бачаҳо бори аввал Хитой рафт, ҳарду: Акбари ҳизу Файзи зинокор ба тамоми одамоне, ки аз дигар растаҳо буданду аз ин туҳматҳо бехабар қиссахонӣ кард.

Бо Хусрав, ки ман ӯро дар ин бозор дар дукони иҷораи собиқам ҷой дода будаму соҳиби як тикка нон шуд, низ қатъи алоқа кардаму як буғзи ҷонгудоз дар дилам тавлид гашт! Ҳатто Муҳсин дилёв намешуд ба ӯ нақл кунад, чун ин шахс 9 сол зиндон нишаставу аз пропагандаву дасиса бояд, гумон мекардам, огоҳ бошад. Вале, Хусрав як рӯз аввал ишора кард: Худо ба як кас пулу мол метаву беҳтарин неъмата, ки мардияй мегира! Ҳичиш нагуфтам. Чанде пас, боз, ин дафъа кареҳтар гуфт: Шайтон я каса ай сарш васваса кна, касера, ки к…тӣ боша ай к..ш васвос мекна! Дигар ҳурмати калонсолияшро накарда гуфтам: значит шайтон тра ай к…нт васвос мекна?! Дар гирифт вале аз инки метарсид, ки руйрост гӯяд, ки аз Акбар шунидам, ки мегуфт: ту к…нте ва ғ, ҳастӣ.

Дамашро дарун гирифту асабӣ шуд!  Ин ҳолатро аз дур Акбар дида давида омада ба Хусрав гуфт: акай Хусрав и кремота ҳамаша гирм чандӣ метӣ?! Вале Хусрав аз бас алам дошт, гуфт надорм. Мақсади Акбари сиёҳи ҳиз ҷуз ин набуд, ки мехост ман нафаҳмам, ки ин қиссаҳоро кӣ ба Хусрав гуфтаву байни мо ин буғзу кинаро барафрухта аст. Ва бо Хусрав ҳам алоқаам мурд!

Пас аз ин, дар дигар раста Мурод гуфтани ҷойнамозфурӯш ҳангоми ким чӣ суҳбате гуфт, и намуди крема ай “лойи сиёҳи мертвий море” месозан. Таги и баҳрда қавми Лут меган қарор дорад! Ва ба ҳамсояаш, ки беҳтарин дӯстам- Алишер аст нигоҳ кард, ӯ зуд вориди дуконаш шуд ва ин Мурод гӯё қувваи ҷозибаро кашф карда бошад, лабханди нозебе карду хап шуд.

Гуфтам, то ҳол  инро таърих исбот накардааст! Бале ҳамон гуна, ки Млоавдраҳими мнофиқ шуморо “лутӣ” гуфта меаррид, ба ҳамин минвол маро ҳам чунин гуфтанд.  

Ин қавм мусулмон нест!

Ӯ дигар ҳеч гоҳ даҳонфарозӣ накард, вале дигар алоқаҳомон мурд!

Дар Хитой ба Баҳриддини аттор, ба Файзуллои ҳамсояаш, ба Ҳоҷираҳматулло ва Бунёди узбак Муҳсин+Файз+Акбари ҳиз нақлу қиссаи “к…нтегӣ”-иамро кардаанд. Пас аз он ҳоҷӣ Раҳматулло, ки дӯсти хубе буд, ба якборагӣ аз ман рӯйгардон шуд.

Акбар, Акбар, Акбар! Чаро танҳо Акбар!? Чунки ман ҳамаи ҳақиқатро аз лаҳзаи дастгиршавӣ то баромаданам барояш нақл кардам, вале ба роҳи Муҳсин дорад меравад.

Як сабаб: соли 2021 ман пас аз  тахриби дуконам маҷбур шудам дар бари Акбар дукони кунуниямро аз як ӯзбак бихарам. Ин ҳам асос нест. Соли 2022 Акбар ба Узбакистон борхарӣ рафту дар Ғончӣ ӯро кормандони комиссариат дастгир карда, ба Душанбе барои як сол ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд. 40.000 сомонӣ пешниҳод кард, вале раҳояш накарданд. Падараш, ки ба ин ҳез умуман монандӣ надорад, дар ҳама ҷо аз Президент сар карда то вазири дифоу генералҳоро душном мегуфт. Акбар ҳаёти сарбозиро ба сахтӣ паси сар кард. Ҳамеша пул медоду худро “бемор” нишон дода, балничний мегирифту омада 3-4 рӯз кор карда мегуфт: пули командирора кор кардан даркор, вале дар кунҷе аз дилаш бовари норӯшане дошт, ки гӯе ман “бузи амниятиҳо” ӯро маълумот дода ба аскарӣ фиристодаам. Вале далел надошт. Далелаш ин буд, ки чаро кормандони комиссариат ҳатто 40.000-ро ҳам радд карданду ӯро хидмат бурданд.

Бо Акбари  ҳез ҳам алоқаам пурра тира гашт. Баъдаш кормандони Генсел омада аз дукони Акбар маводи зиёди “зарарнок” ёфтанду бурдандаш. Як ҷаримаи 4500-а супориду ба миқдори 5000 сомонӣ колояшро ҳам мусодира карданд. Бор-бор давида наздашон рафту барояшон хурмову ананас “пешкашҳо” доду зора кард, ки борома диҳед Вале на ҳамаашро доданд.

Инҷо қисса сари он аст, ки боз ҳам ин аблаҳ аз ман гумони бад бурд. Гӯё ман ононро ба сараш оварда бошам, вале ман хурсанд ҳам будам, ки каме ба сазои туҳматпароканияш расид. Вале на! Ин саг, ки ҳамаро бо ман тира кард, аз Муҳсин бадтар асту камтар не! Чунки ӯ пинҳон дар гӯши инҳо хонду инҳо пароканда карданду кардан доранд!

Мешишту мепурсид, ака “таҷовуз” чияй?! Ман ку дар сатҳи инҳо нестам, ки дарҳол бигӯям, таҷовуз яъне занта …! Ё ки таҷовуз ҳамин ки туро бурда ҷаримат карданду зораашон кардӣ. Ва боз ҳам ҳамон корманди Генсел ба миқдори 3000 сомонӣ бо номи “қарз” борҳояшро ба наздикӣ гирифту “таҷовуз” -аш кард.

Дасташ дард накунад! Бояд он ҷавонмард мисли ин ҳизҳову таҷовузшудаҳои воқеиро бор-бор ҳамин гуна таҷовуз кунад!

Як ҳодиса:

Рӯзе як охраник бо ман ҷарру баҳс карда дари асосиро ба рӯям баст. Гуфтам рафтем пеши Раис, ки дар 200 қадамии мо меистод, вале баҳона ҷусту нарафт. Инро раис дида, дар ҷояш ӯро аз кор озод мекунад. Фардояш инро шунида, ҳамагӣ туҳматзанҳо кунакзаниро сар карданд. Гумон карданд, ки яқин ин одам “бузи Раис” аст. Дар ҳоле,ки ин як тасодуфи маҳз буд! Вале муассир буд.

Вале ин 5 нафар бояд ҷавоб бидиҳанд!

1. Муҳсин

2. Файз.

3. Акбар

4. Бобоҷон

5. Фаррух

Файз, 2 писари синни ҳарбӣ

Бобик (Бобоҷон) 3-писар

Акбар 1 додар

Фаррух 1 ҷиян, писари шефаш.

Муҳсин доранд.

                            Аризаи шикоятӣ:

Хостам, борҳо аз як ду шиносе, ки дар амният (Сорбон Маҳмудов) ва акаи Абдуманнон (коррупсия) дорам, оид ба ин моҷаро даъвои ҳуқуқӣ алайҳи ин шоеъапароканӣ кунам, ки тибқи моддаи 23-и Сарқонуни Ҷ. Т инҳо ҷинояткоранду назди қонун ҷавоб доданашон зарур, вале аз онҷо, ки ин ҳама пропагандаву агитатсияву шоеъоту буҳтон аз идораҳои худи УУР мебаромаду аз ин ҳама худи Сорбон хабардор буд, онро ба вақти дигар гузорам! Вале аз он намегзарам!

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Дар ҳоле ки то ҳол телефони маро истимоъ мекунанд. Ва баъзан, худам ҳадафмандона, масалан бо додарам сари замине ҷарру баҳс кардем, фардояш дар бозор ҳама мегуфтанд, ки ин чунин аст! Ё бо падарам оид ба боҷаи собиқам як чанд ҷумла гуфтаму ин саги Муҳсин қисман бо ишорат ба дигарон нақл мекард!

Ва чӣ гуна ман дар он ҳавлӣ қаблан то нимашав машқи гитор мекардамро корвониён аз куҷо медонистанд, ки мепурсиданд, ки дар он хона худам танҳо чӣ мекунам?! Пушти ҳавлиям лексуси сафед ҳама шаб гузошта мешуд!

Вале, ман бояд ҶУБРОНИ ЗАРАРӢ МАЪНАВИЕРО, ки ин 5 фарди муайян тули 2 соли охир ба равону шахсияту ҳатто аъзои оилаву саломатиям расониданд, 100 чандонашро бар бояд гардонанд.

Корро инҳо то ҷое расонидаанд, ки ба 4 бародар, падар ва ҳамагӣ ҳамсинфони деҳотияму дигар шиносу авлодонам нақлу қиссаи “гей” будану “таҷовуз” шудани маро расонидаанд. Дар гуруҳи ҳамсинфон дидам, ки гапро ба ҳамин самт бурданиян, берун шудаму дигар суҳбате накардам. Падарам тули 1 сол ба чеҳраам нигоҳ намекард. Ман, сараввал намедонистам, ки чаро рафтори мусафед ингуна аст, вале пасон вақте ҳамин нигоҳгурезониро дар чашму рӯи бародари хурдиям Наҷибулло ва Умед дидам,

донистам.

Падарам дилкасал набуд, шуд. Хело дар бемористони Истиқлол табобат гирифт. Вале дилаш бемор набуд, аъсобаш туҳматеро, ки ҳақиқат гумонаш мекард, набардошт. Касе,ки тули 7 соли ҷангу кушторҳо, ҳатто дар рӯ ба рӯи нуги туфанг истоду дилкасал нашуду наларзид. Имрӯз дар сари пирӣ туҳмати ҳамсилоҳони собиқаш то ҷойгаҳи беморӣ бурдаш. Ман мардонагиро аз ӯ омухтам. Гоҳе,ки ҳамагӣ фирор мекарданд аз ду сӯ. Ӯ моро раҳо накард. Тарсиду нагурехт. Вале туҳмат душман нест, ки бо он мубориза барӣ. Туҳматзану туҳматпароканонро бояд нест кунӣ, ки бо ҳамин қиссаашонро ба гӯрашон баранд!

Инҳо бо номи қонун ҷинояти амниятӣ, ахлоқӣ, инсонӣ мекунанд!

Зангирӣ! Исботи мардонагӣ?!

Сар аз соли 2021 то 2022 бо як духтаре аз Ҳамадони Хатлон бо номи Бунафша Давлатова дар алоқа будаму орзу доштам, ки пас аз ҳуҷҷатсозии он хонаам бо ӯ хонадор ва туй хоҳам кард. Вале он қадар ин туҳмат ба равонам таъсир кард, ки он духтар гумон кард ман дар алоқаам ҷиддӣ нестаму бо дигаре ба шавҳар баромад. Барояш сахт месӯзам то ҳоло.

Оғози соли 2023 бо як духтари кӯлобӣ, ки дар ҳамин бозор тиҷорат мекард ва ду -се сол пеш мешинохтам ҳамсуҳбат шудаму модараму дигареро хонаашон хостгорӣ фиристодам, ки туй кунаму аз ин туҳмат наҷот ёбам ё лоақал бо ишқи ӯ оромишам баргардад. Воқеан духтари оромтабиату дӯстдоштание буд! Волидонаш розӣ шуданд. Маро падараш фаро хонд. Бояд корро оғоз мекардем. Дар ин байн бародараш ҳамкорамон, Нурмуҳаммад аз Фаррухи муханнас оид ба ман мепурсад, ҷавоб мегирад, ки ин “буз, кунте, ҳез” асту хоҳарат ҳайф мешавад!

Падараш фардо занг зада, баҳона ёфт, ки як ошиқ дошта асту духтар розӣ нашуд, ҳол онки он духтар худ дуконам омада сурху сафед шуда ҳамсуҳбатам мешуд. Ва духтарро шӯй доданд, 10 рӯз пас. Ва ба рағми ман бародараш маро тӯй ҷаҳт кард, ба хонае, ки 15 рӯзаш қабл бояд ман домоди он хонадон мешудам, барои ошхӯрдани духтараки кӯлобӣ! Ва нарафтам ба он хонае, ки ронданам ва ин саги Фаррухро бошад хоҷааш (савдогари тағояш асту бас фақир) ҳатто ба як табоқ ош хӯрдан иҷозат надод!

Аҷабо, ин ҳама корҳоро баҳрӣ чӣ мекард,ки  як коса шӯрборо Худояш аз даҳонаш гирифт.

Ман бошам Раҷабмои духтари Шодиро барои ҳамеша, пас аз Бунафша, аз даст додам.

Чанд бор қасд кардам, ки Муҳсинро корд занам, вале боз ба хотири фарзандонам ва дигар инки арзише надорад, ки барои як саг ҳаёти ҷавонамро сӯзонам, аз ин фикр даст кашидам.

Пешниҳод ва хоҳиш аз Шумо.

Ман медонам, ки маро аз мақомоти болоӣ ин қадар вақт фишор меоранд, чун дар шахсияти ман шахси “зарарнок”-ро шинохтаанд.

Хоҳишам аз Шумо ин аст, ки ҳамин 5 нафарро ПРОФИЛАКТИКА гузаронед.

Ва, бигузор, ки 2 писари Файз, 3 писари Бобик (Бобоҷон), як писари шефи Фаррух- …, ва додари Акбар, Аслам, ки ҳамагӣ ба синни хидмати ҳарбиянду аз рӯзе маро туҳмату азият доданд, он писаронашонро дар хонаҳояшон пинҳон кардаанд, ки ман “нафурӯшамашон”,  ба саффи қувваҳои ҳарбӣ баранд. Аз авлоди мо, ҳамин шабу рӯз 2 аскар хидмат доранд, ҷиянам ва писари холаам. Бигзор инҳо раванд. Бар ивази обу рӯи ман!

Обрӯи ману ту,бародар набояд дастхуши ҳар хару саг шавад.

Ва имрӯз, ки ман наметавонам даъвои ҷуброни маънавӣ кунам, бигзор ҷаримаи ин ҳама шоеъапароканияшонро дар ҳаққи як шаҳрванди ҶТ пардозанд! Хеле серпуланд инҳо!

Бигзор, ҳамин ҳуҷуми психологиеро,ки ҳангоми дастгир шуданам ба ман сохтакорона ба роҳ монданд, ки ” ана, ҳози ай телфонт далел меёвем, ки информатсия ба Муҳаммадиқбол додаӣ, ба ме…оемт” -ро афсона бофтанду ин 4 нафар, ки фурсати шоеъот ёфтандро ҳам ба мисли ман ҳамин гуна “ме…оемтон” гуянд, ку бинем, то чӣ ҳадд асабҳояшон бардошт мекарда бошад!

Бигзор, ман охирин касе бошам, ки дар ин кишвар ба ӯ чунин туҳмати номардона зада бошад ин ҳукуматдороне, ки муваззафанд, аз ҳуқуқи якояки шаҳрвандон ҳимоят кунанд, аз ин сиёсати аблаҳона даст кашанд.

Ва  бигзор, ононе, ки ин туҳматҳоро мепарокананд низ ҷавоб диҳанд, ки дигар дар шаби хобашон ҳам туҳмату шоеъоте ҳам шунаванд, ҷуръати интишорашро наёбанд.

Бигзор мақомоти кишвар худашонро дар назари шаҳрвандон “таҷовузгар”  муаррифӣ накунанд, то як зарра обрӯе назди миллат, баъзе ниҳодҳо дорад, аз байн наравад. Чун ҳукуматҳо иваз мешаванд, вале мақомот боқӣ мемонанд.

Махсусан, Шоҳрух ҳамаро чун худ муаррифӣ накунад!

Бародар, тули 2 сол аст, ки ҳамеша бо дору мегардам, чандин борҳо назди психиатру психолог будам, вале то ҳисобам бо инҳо баробар нашавад, доруе таскинам надод.

Раҳмат, ки бо ҳавсалаву сабр ин ҳамаро хондед.

Чуноне қаблан гуфта будам, ҳамон апаи Сабоҳат,ки УУР мошинашро дар назди Жилмассиви Душанбе зада шикаста аз дарунаш “террорист” дастгир карда буду ӯро пасон бурда ба навор гирифта “тасдиқи далел” карданд, шавҳараш, ки марди 100% тансиҳат буд, бимурд. Ин зан, ки худ бо ҳамин марди хуб (шӯрободӣ) бахти дуввуми худро ёфта ва соҳиби як писарча буд, боз дубора бешавҳар монд. Ҳарчанд зани боирода асту барои ҳаққи кӯдаки ятимаш бор-бор бо Раиси ҷадиди Корвон ва ҷонишинаш: Суҳроб (ҳамон Суҳроби ҳузарб, ки қаблан номаш соли 2020 ҳамчун ҷонишини Раиси собиқи ин бозор : Оев Аҳрор расонаӣ гашта буд дубора, бо ким кадом роҳе, пас аз ихроҷаш аз ин симат, курсии муовиниро соҳиб гашт) ва як раисаки қисмати поёнии Корвон бо номи Фирдавс, даст ба гиребон шуда аст. Ин апаи муҳтарами мо Сабоҳат ном дорад. Дар дарвозаи 3 як дукони 4×2 дошт, ки ҳангоми “азнавсозӣ” (хонда шавад- тахриб) ними он: 2×2 яш чун дигар ҳазорон дукон ба бод рафту танҳо барояш 2000$ доданд. Вале мушкили ин бону ҷои дигар боқӣ монд. Ҳамин Фирдавс-раисак, ки дар вақташ як пулчинаки ғӯладингаки майда назарногире буда, имрӯз наздаш Дорюши Ҳахоманишӣ “никто” аст. То ҷое зур аст, ки ҳатто бо ҳамин бону, ки барои аз даст нарафтани ҳамон 2 метри боқимондаи дукони 4 метрааш, даст ба гиребон шуда аст. Вале ин бону ҷавобашро хуб ҳам дода асту Фирдавс “қочмаган” карда аст! Вале, апаи Сабоҳатро маҷбур ба ин кардаан, ки майлаш, то вақте боқимондаи бозор тахрибу азнавфурӯшӣ нашавад, дар дуконат шиштан гир  ва чун бозорро тахриб кардем, дигар ҳаққи талаби дуконатро надорӣ! Ва 2000$ доллари дигар ҳам барош додаанду аризаашро зери фишор гирифтаанд! Дар ҳоле, ки ин дукон насиби ҳамон нимаятимаш бояд бошад, на ҳаққи фарзандони Раисак Фирдавс! Ҳол онки ин Фирдавс умуман дар қисмати дарвозаи 3 риёсат надорад! Аксаран, корҳои чаламачутаи ин бозор аз мағзи ҳамин Фирдавс маншаъ мегирад, ки то имрӯз касе ба кораш кордор нест. Ва, шояд, мисли апаи Сабоҳат, садҳо нафари дигар ҳам дуконҳои лаби раҳ боқимондаашонро бо ҳамин услуб аз даст дода бошанд. Таҳқиқ бояд кард! Суҳроб чӣ гуна дубора барқарор гашт? Кӣ ӯро пас аз гадоӣ подшоҳӣ дод? Фирдавс чаро ҳама заминҳои тоҷиронро бо ин услуб кашида ғасб карду касе ба кораш коре надорад? Раиси ҷадид чаро натавонист роҳи ин бедодгарҳоро бигирад то бозор ба танзим дарояд?

Share This Article