(матн аз рӯйи як соата суҳбат бо яке аз занҳои ҷабрдида)
Гуля То замоне, ки ба Душанбе наомад, касе пай набурда буд ва намедонист, ки ӯ хешу табори зани Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст. Гуля дар асл ҷияни зани сарвазири Тоҷикистон аст. Ин қиссаи тахминан 10–12 соли қабл аст, замоне, ки ҳоло Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон буд. Ҳоло ки Расулзодаро ба ҳайси сарвазир аз Хуҷанд ба Душанбе шогирдашро наоварда буданд хонум Гуля дар Душанбе пайдо мешаваду аз чи роҳҳое ва бо чӣ василаву шеваҳое бо Ҳасан Асадуллозода қаробат пайдо карда ба андозае дӯсту рафиқи қадрдон мешавад, ки ҳариму хилваткадаи ӯро ба даст мегирад. Дар аввали кор арӯсбиёри Асадуллозода мешавад. Баъди як ё ду арӯси Асадуллозода ва як каме дертар ба зани никоҳии дуввуми ӯ мубаддал мегардад. Ҳозир Ҳасан Асадуллозода ду зан дорад. Модари Муҳиддин Ҳасанзода, муовини раиси “Тавҳидбонк” -зани калонӣ ва зани дуввум Гуля. Намешавад гуфт, ки Гуля як моҳи шаби чаҳордаҳ бошад. Аммо як бонуи дилкаши хуҷандист. Шояд ягон хислату хосияту сифати вижа дошта бошад, ки ба тадриҷ аз ҳамхобаи муваққатӣ ва асбоби хушгузаронӣ ба ҳамбистар ва ҳамболину ҳамсари никоҳии Ҳасан Асадуллозода, нахустин мултимиллиардери тоҷик ҷойгоҳ ба даст овард. Дар ибтидо ӯро ҳама шиносҳо ва “окружений” аз Ӯзбакистон мегуфтанд. Вале як каме дертар, дар соли 2013 вақте Қоҳир Расулзода аз Хуҷанд ба Душанбе омад, ҳарфу ҳадис дар бораи Гуля ранг ва тобиши тамоман дигар касб кард. Вақте Расулзода омад оҳиста-оҳиста ин шойеъа ва сару садоҳо Душанберо мусаххар кард, ки Гуля ҷияни зани Сарвазири Тоҷикистон аст.
Ҳасан Асадуллозода ҳам баъдтар фаҳмид. Одамҳои давру бари Ҳасан дар ҳайрат буданд, ки чи тавр як зани кӯча ва он ҳам ба истилоҳ “Мамароза”,ки худи Ҳасан аз ӯ шинохти 100%-дорад, Ҳасанро лаҷом зада, таги по карда ва ранги саворӣ истифода мебарад. Болои Ҳасан ҳукми худро то ҳадди беш аз бас гуфтан гузаронида, алови чашмашро гирифтааст. Ҳасанро ба ҳадде гирифтору шефтаи худ карда аст, ки ҳатто барои онки фарзанд биёбад, даҳҳо бор Олмон барои табобат бурд, аммо фарзанддор нашуд ин зан. (Маъмулан ин гуна занҳо, ки чандин бор исқоти ҳамл-аборт мекунанд, борвар намешаванд). Ба никоҳи худ даровардани Ҳасан Гуляро дар хонавода мушкили сахт пеш овард. Ҳасан дар аввал ба наздикон, аз ҷумла ба ҳамсари якумаш инкор мекард, ки Гуля зани никоҳӣ шудааст.
Чанд бор Азизмои зани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, ки апаи Ҳасан аст, ҳамсари якуми Ҳасан хоҳиш мекунад, ки насиҳаташ кунад, то аз ин роҳи шармандагӣ баргардад. Зани Ҳасан ба Азизмо гуфтааст,ки ба тухми зан қаҳт омадаст, ки як фоҳишаро ба болои ман мегирад?
Аммо ин ҳама фоида накардааст. Гуля аз кадом муллои мусаллаҳ бо илми кашмирӣ уд сӯхтаву дуд дамидааст ва ё аз “Канз-ул-ҳусайн” тӯмору таштоб гирифтааст ва ё инки дар косаи шир ё шӯрбояш чакидааст, ки Ҳасан Асадуллозода дигар дар дасти вай тағйир ба мум шудааст, балки мисли дарозгӯши зери поҳои Хоҷа Насриддин: ибо кунад меравад, имо кунад меистад.
Дар яке аз рӯзҳои моҳи мубораки Рамазони соли 2016 Муҳиддин-писари калонии Ҳасан Асадуллозода бо Гуля сахт ҷангу ҷангҷол бардошта ва ӯро ҳадафи тир қарор медиҳад-мепаронад. Аз қазо тири ба самти Гуля андохтаи Муҳиддин на ба худи Гуля, ба кӯдаке марасад, ки дар оғӯши Гуля қарор дошт. Кӯдаке, ки ба хонаводаи Асадуллозода рабт надорад. Ташхиси тафтишот муайян мекунад, ки тир аз туфанги ПМ шиллик шудааст. Азбаски пойи кӯдак майдабод шуда буд, шабошаб оварда дар бемористони Қаряи боло ҷарроҳӣ мекунанд, балки пойи кӯдакро буриданд. Ҳеҷ кас намедонист,ки ин кӯдак кӣ ва аз кӣ аст. Аммо аз ин ҳодиса ҳама бохабар мешавад: МВД, КГБ…. пизишкони навбатдор, ҳамшираҳои шафқат, бахши ташхиси рентген, ҷарроҳон ва дигар врачҳо. “Кор”-ро дар сари ронандаи Ҳасан бор карданд. Гӯиё аз рӯи беэҳтиётӣ. Ва “ по не осторожности” ронандаро муттаҳам карданд. Гуля ҳам ба шиддат талаб мекунад, ки пойи кӯдаки маро сиҳат карда диҳед. Ҳатто таҳдид мекунад, ки журналистонро даъват карда ҳама моҷароро ҳикоят мекунад. Дигар имкон ва маҷоли руст кардану пӯшонидан набуд. Шофёр ба калла мегирад.
Худи ҳамон шаб Ҳасан Муҳиддинро ба Олмон мегурезонад. Ёдатон бошад се, чор сол қабл аз ин ҳодиса писари Амонулло Ҳукум дар як сониҳаи автомобилӣ се касро зада кушта буд. Амонулло Ҳукумов аз Ҳасан Асадуллозода сахт хафа шуда буд, ки нагузошт ин қазия орому сокит ҳаллу фасл шавад. Вай доман задан дар расонаҳоро кори Ҳасан меҳисобид. Маҷбур шуда буд, ки писарашро ба хориҷа гурезонад. Ана,акнун пойи худаш ҳам дар дом афтод…Ва, Амонулло Ҳукум ҳам хурсандона гуфтааст, ки чоҳкан ба чоҳи худ афтод.
Чанде пас Ҳасан Асадуллозода ба Муҳиддини писараш,ки аз ҷабру қаҳри падар кам монда буд одам бикушад ва номи одамкушро бигирад ду бинои калонро инъом кард. Яъне барои инки аз дилаш барорад, ҷуброни зарари маънавӣ. Яке бинои “Тавҳидбонк”-собиқ “Соҳибкорбонк” ва дуввум бинои мӯҳташами “Рӯдакӣ- плаза”. ”Рӯдаки плаза” бино бар гуфтаи соҳибкорони биносоз 25 миллион доллар камтар арзиш надорад. Дар ҳар сурат инҳоро тӯҳфа кард, то дили ӯро мулоим кунад. Ягон ҷойи шакку шубҳа надорад, ки Муҳиддин бо машаварати модараш ба сари Гуля омада бо туфанг омада буд.
Гуля дигар узви хонаводаи Ҳасан Асадуллозода шуд, агарчанде мегӯянд, ки дар маърака ва маросимҳои хонавода ва авлод баъди ҳоисаи Муҳиддин ӯро ҳамроҳ намегирад.
Соли 2018 маълумот мешавад, ки Гуля танҳо як зани одӣ ва ҳамин тавр дар суроғи шӯи сумғафс набудааст. Ӯро ба зери Ҳасан “подсунут” кардаанд. Вай як нақшаи ҷолибе будааст аз тарафи Илҳом Шокиров,як тоҷиру соҳибкори миллиардери тоҷики муқими Русия,ки ҳам дар Русия ва ҳам дар Ӯзбакистон тиҷоратҳои пурдаромад дорад. Илҳом Шокиров, қудои муовини собиқи сарвазири Узбакистон Рустам Азимов. Писари Шокиров дар соли 2010 духтари Рустам Азимовро мегирад. Рустам Азимов яке аз ворисони асосии Ислом Каримов дониста мешуд. Соли 2017 Шавкат Мирзиёев ӯро аз ҳукумат тамоман дур кард. Номи Рустам Азимов барои тоҷикистониҳо оз аз он ҷиҳат ошно аст ки вай роҳбари ҳайати комиссиюни муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон буд, ки аз тарафи Тоҷикистон ин масъулият бар дӯши Муродалӣ Алимардон гузошта шуда буд. Вале ҳоло инҷо аз Гуля хоҳем гуфт. Инки номи асосии Гуля чи аст: Гулизор, Гулбаҳор, Гуландом, Гулчеҳра ва ё Гулчитой ва ё шояд дар номи асосиаш аслан калимаи гул вуҷуд надорад, касе чизе гуфта натавонист. Ҳамчунин инки ӯ шавҳар дошту аз ӯ баромад ягон донишгоҳро хондааст, падараш кисту чи кора, миллаташ кист низ маълумоте дар даст нест.
Аммо ҳамин ки дар “круг”-и Ҳасан аз Гуля ном бурдед, ҳама медонанд, мешиносандаш. Вале акнун маълум мешавад,ки ин нақша ва барнома бозии хуҷандиҳо будааст ва онҳо, ки дар воқеъ бозигарони зӯранд, ин оператсияро бо сарфу харҷ ва гузаронидани чанд сол моҳирона анҷом медиҳанд. Солҳои сол Қоҳир Расулзода ва Илҳом Шокиров ин духтарро “сохта” “внедрит” карданд. Гуля дақиқан ҷияни зани Қоҳир Расулзода аст ва ҳоло вай як манбаъ ва сарчашмаи бисёр ҳам муътабар дар бораи зиндагии пасипардагии Ҳасан Асадуллозода ва бахусус, корҳои “левий”-и ӯ, арӯсбозиву чаправиҳои ӯст. Ҳатто наворҳоеро ҳам барои “мабодо” запас кардааст.
Гуля аз ҳисоби хонаву пул ҳеҷ мушкил надорад. Барои ҳамин ӯ дертар 5 ё 6 кӯдаки Ҳасан Асадуллозода аз занҳои фоҳиша ба дунё овардаро падйдо ва ҷамъ мекунад. Ӯ аз онки нозо буд ин кӯдакҳои аз арӯсҳои Ҳасанро худаш бонӣ мекунад. Иттифоқан кӯдаки тирхӯрда яке аз онҳо аст. Муҳиддин дониста ва ё нодониста додар ё хоҳари худро паррондааст. Фарзанди ғайриникоҳии падар аммо бародар ё хоҳари худи Муҳиддин. Албатта, ин сабаби шарманда кардани Худо аст. Чун бо як роҳе пинҳону паноҳии ҷинояткорон ва разилонро рӯ мезанонад, ки аслан дар фикру хаёлашон намеояд, ки ҳодиса ҳамин тавр тоб мехурад. Он духтарҳои фарзанд ба дунё оварда ҳамагӣ одамҳои ба истилоҳ “известниянд”. Баъзе аз онҳо огоҳ набуданд, ки фарзандҳояшон зинда аст. Чун гуфтагианд, ки вақти валодат мурданд. Аммо ҳолат пас аз тирпаронии Муҳиддин дигар мешавад ва Гуля ҳама модарони ин кудаконро мегӯяд,ки ӯро кумак кунанд,то Ҳасан падари кудаконашон аст ва кудаконашон зинда боқӣ мемонананд. Вале онҳо айни замон ҳам “сари коранд”. Барои мисол вақте Илҳом Шокиров аз Русия дамгирӣ меояд, дар гирди ӯ чанд бизнесменҳо ва шарикони тиҷоратиаш аз Ӯзбакистон ҳам меоянд.
Ин духтарҳоро ҷамъ мекунанд ва дар як рейси алоҳидаи “Сомонайр” аз 40 то 50 тоашонро аз Душанбе Хуҷанд меоваранд. Духтарҳои хушрӯву фасони Душанберо чанд рӯз кайф мекунанд. Баъди хатми “кор” барои ҳар кадоме 2000 то 3000 долларӣ ҳақ медиҳанд. Албатта барои худи Ҳасан хушрӯ-хушрӯҳояшро мебаранд. Масъулияти ташкили рейси мазкур аз ёфтану дастрас кардан бар ӯҳдаи Исмати дуллик-Исмат Абдуллозода аст. Вай раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аст. Ба ин мақом бо фурӯхтани Амонулло Ҳукумов дастрасӣ пайдо кардааст. Чун муовини Ҳукумов дар Роҳи Оҳан буд. Аммо дертар Ҳасан Асадуллозодаро, ки маҳз ӯ ба ин мақом оварда нишонда буд, ”кидат” карда бо Зоир ва Рустами Эмомалӣ, домод ва писари Раҳмонов “кор” мекунад. Албатта ин Исматулло ва занҳои бешумору кӯдакони қатораш, ки бархеи онҳоро ҳатто намешиносад мавзӯи як матлаби дигар аст ки дар ояндаи наздик таҳия ва нашр мешавад.
Вале Гуля, бо ин вуҷуд ки медонад ин бачаҳо аз камари Ҳасан Асадуллозода ҳастанд, онҳо ва модарони онҳоро Маскав ба “Био-папа” бурда мушаххас кардааст ва дилаш қарор намегирад боз онҳоро дар Дубай ҳам ба ташхиси ДНК мебарад ва ҳамин тавр 100% дақиқ месозад, ки онҳо фарзандони шавҳараш-Ҳасан Асадуллозодаанд. Ана ҳамин шакл Гуля сарпарасти ҳама кудакони Ҳасан Асадуллозода аст. Худаш нозо аст вале барои дар даст нигоҳ доштани Ҳасан ҳама кудакони ӯро бо худаш дорад,то Ҳасан ба хотири онҳо бо Ӯ бошад. Инро мегӯянд макри аср ва дар даст нигоҳ доштани Ҳасан Асадуллозода.
Идома дорад….
Ps: Хонандаи азиз! Ҳоло ин қисса идома дорад. Дар баробари расидани маълумот дар ин бора бароятон пешкаш мекунем. Аммо чизи дигар ин аст ки феълан Ҳасан он Ҳасани қаблӣ нест. Ҷойи ҷалол ва мавқеъу мартбаи ӯро домодҳои Раҳмонов гирифтаанд. Вале ин сабаб намешавад,ки мо сокит бошем,шумо ҳам дӯстони азиз сокит ва бетараф набошед. Ҳар маълумотеро,ки шунидаед ва ё шоҳидаш будед дар бораи ин оила бигӯед ва ё бинависед. Мо ҳамеша дар канори шумо ҳастем ва шуморо хоҳем шунид.