(бахши дуввум, давраи дуввум)
Шуруъи фаъолияти расмӣ ва ошкорои ҲНИТ. Қатъи ин фаъолият дар тобистони 1993
Ба муҷарради сабти ном шудан ҲНИТ, ки аллакай тамоми сохтору созмонҳои он дар саросари кишвар ба таври ғайрирасмӣ амал мекард ва мунтазири фаро расидани як чунин рӯз буд, дар зудтарин фурсат ба фаъолияти аланӣ оғоз кард.
Нахустин шумораи органи чопии ҲНИТ бо номи «Наҷот» , ки ҳанӯз дар соли 1990 ба нашр расида буд, акнун ба таври расмӣ мунташир мешуд. Расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз фаъолияти расмии он хабару гузоришҳо ба чоп мерасониданд ва мақомоти ҳизб ҳам бо камоли майл ба хабарнигорон сӯҳбат мекарданд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки баъди ин ҳама солҳои пинҳонкорӣ ва зиндонӣ шуданҳову таҳти таъқиб қарор гирифтанҳо ва дар ҳавои шикастани ҳайкали Ленин, манъи Ҳизби комунист ва ба моликияти миллӣ бадал кардани дороиҳои он вориди саҳнаи сиёсати расмӣ шуда буд, то андозае худро ғолиб мешуморид
Воҳидхон Қосиддинов, яке аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ ва аз ширкатдорони Анҷумани нахустини ҲНИТ, ки ҳоло заҷри завлона ва зиндон мекашад, он рӯзҳоро чунин ёдоварӣ кардааст:
«Баъд аз баргузории Анҷумани аввали Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 1991 ва расмӣ гардидани фаъолияти ҳизб, аввалин конфронси бахши ноҳиявӣ дар деҳаи Чоркӯҳ, дар маҷлисгоҳи совхози «Иттифоқ» бо иштироки уламои бузурги ноҳия, қорӣ Абдусамеъ ва домулло Сафиюллоҳхон (Худо раҳматашон кунад) ва зиёда аз ҳазор нафар аъзову ҷонибдори ҳизб баргузор гардид. Дар кӯтоҳтарин муддат шумораи аъзо дар ноҳияи Исфара ба беш аз 10 ҳазор нафар расиданд».
Ҳамин тавр Мавлавӣ Муҳаммадрасули Салом, яке аз собиқадорони ҲНИТ ҳам тасдиқ мекунад, ки баробар бо сабти номи ҳизб ва аз қайди давлатӣ гузаштани он бо як шавқу шӯр ба фаъолият пардохтанд:
«Вақте ҲНИТ ба таври расмӣ ба фаъолият шуруъ кард, дар ин марҳала ба пешрафтҳои калон ноил гардид. Махсусан дар собиқ вилояти Қурғонтеппа шуъбаи вилоятии ҲНИТ ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд ва он ашхосе, ки пештар метарсиданд, ки бо ҳизби мо ҳамкорӣ дошта бошанд, акнун ба таври ошкоро дар бисёр риштаҳову соҳаҳо бо мо дар тамос буданд, ҳамкорию ҳамдастӣ мекарданд. Аз тарафи дигар, як қисм шахсоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ кор мекарданд, ба узвияти ҳизб пазируфта шуданд. Ба ғайри аз ин дар шӯъбаи бонки давлатӣ суратҳисоби махсуси ҳизбро кушодем, ки дар он маблағҳои зиёде аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ҷамъ оварда шуда буд, ки онҳоро барои корҳои таълиму иршод, даъват ва дигар умури ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ сарф менамудем. Дар назди шӯъбаи вилоятии ҲНИТ маркази хайрия ҳам ташкил намудем, ки ба ашхоси бечораву нодор ва камбағал дасти кӯмаку ёрӣ дароз карда мешуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шӯъбаҳои ҲНИТ-ро ба таври расмӣ таъсис додем ва онҳо фаъолияти расмӣ доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамин давра, яъне аз конфаронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии ҲНИ Иттиҳоди Шӯравӣ то давраи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат ба қаламрави Афғонистон, агарчанде давраи хеле кӯтоҳ буд, барои ҲНИТ хеле марҳалаи муҳиму босамар ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра дар тамоми минтақаҳо бахусус водии зарнисори Вахш ҲНИТ фаъолияти худро ба тарзи ошкоро ва расмӣ вусъат дод ва теъдоди аъзову ҷонибдоронаш беш аз пеш зиёд гардид».
«30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003 «Империал-групп»
Аз сӯи дигар ҲНИТ ҳамроҳ бо дигар неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул кард. Аммо явош-явош ба ташкили созмонҳои ноҳиявӣ ва ячейкаҳои аввалияи худ дар саросари кишвар оғоз кард. Ба баёни возеҳтар ҲНИТ ин ҳама созмону ячейкаҳоро то номнависӣ ҳам дошт вале баъди сабти ном шуруъ кард ба фаъолиятҳои расмӣ дар манотиқ ва маҳалҳо.
Аммо ҳанӯз аз сабти номи расмӣ, яъне номнавис шудани ҲНИТ чаҳор моҳ ва аз интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар шаш моҳ нагузашта буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар муассисаҳои маърифатӣ-масҷидҳо, донишгоҳи исломӣ, донишгоҳҳои олии кишвар аъзои фаъол дошт, ба рағми қарори қаблиаш, ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳо минбаъд ширкат намекунад, боз ҳам вориди майдон шуд.
Иллати баргузории тазоҳуроти баҳории соли 1992 (моҳи март-май) муҳокимаи таҳқиромези Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилии Тоҷикистон буд, ки рӯзҳои нахуст чанд тан аз ҷавонони бадахшӣ онро дар назди кохи Раёсати ҷумҳурӣ ташкил карданд. Ин тазоҳурот оқибат кишварро ба ҷанги дохилӣ кашид ва ҲНИТ ҳам ба ночор рӯ ба ҳиҷрат овард ва ватанро ба қасди Афғонистон тарк кард, агарчи барои камтар аз ним сол намояндаи ҲНИТ дар ҳукумати марказӣ мансаб гирифт ва ба маҳзи фишори ҳамин тазоҳурот Ҳукумати Муросои Миллӣ ташкил карда шуд.
Марҳум Сӯҳроб Шарифов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як навиштааш ҲНИТ-ро ташаббускори ин тазоҳурот ба қалам додааст:
“Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) моҳи октябри соли 1990 таъсис ёфта, 4 декабри соли 1991 номнавис шудааст. Ҳамон сол ҲНИТ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба сифати ягона созмони намояндаи исломи сиёсӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат варзид, вале намояндааш шикаст хӯрд. ҲНИТ яке аз ташаббускорони намоишҳои «ғайриқонунии» моҳҳои март-майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе буд. Дар натиҷаи ин намоишҳо Ҳукумати ваҳдати миллӣ арзи ҳастӣ кард, ки ба ҳайати он ҷонибдорони ҲНИТ дохил шуданд. Ин нахустин таҷрибаи бебароронаи ҳамкории сарварони динӣ ва сиёсӣ буд. Баъди давраи кӯтоҳи бенизомии сиёсӣ дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. ҲНИТ ба Афғонистон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо Ҳаракати исломии Тоҷикистонро ташкил дод. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли 1993 фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди мамлакат манъ кард».
«Истиқрори бовари миёни исломиён ва дунявигароён-таҷрибаи тоҷикон» Душанбе, «Деваштич»,2004
Аммо воқеият ин аст ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон бо тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ворид шудааст. Ҳатто барои сабти номаш ҳам маҷбур шуд даст ба тазоҳурот бизанад ва бо неру ва зарфияти худ мақомотро ба чолиш бикашад. ҲНИТ дар тафовут ва қиёс бо неруҳои нави дигари сиёсӣ, масалан ҳамин Ҳизби демократ, Растохез ва Лаъли Бадахшон як ташаккули комилан созмонёфта ва муттаҳид ва омода буд. Аз инҷо буд, ки ҳамзамон бо ворид шудан ба майдони сиёсат ва гирдиҳамоиҳо ҳарфи аввалу охирро ӯ мезад.
Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали ҲКТ ва ҳамакнун раиси ҷумҳурии мунтахаб даст ба манёвҳоре зада талош кард, ки бар нуфуз ва эътибори ҳукумати худ шаҳомат ва неру бубахшад. Аммо дучори иштибоҳ шуд. Якеи он манёврҳо ҳамин муҳокимаи телевизионии Навҷувонов буд.
Иштибоҳи дигари ӯ овардани Сафаралӣ Кенҷаев ба ҷойи меросии намояндаи минтақаи куҳистони Қаротегин ва Бадахшони куҳӣ, яъне раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Роҳбарияти неруҳои нави сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ бардошташон ин шуд, ки Набиев ва Кенҷаев дар пайи ниқору қасосанд. Чун онҳо болои Мақсуд Икромов, шаҳрдори вақти Душанбе, ки ҷонибдорӣ аз неруҳои навзуҳури сиёсӣ мекард, ҳам фишор оварда ӯро ба ҳабс гирифтанд. Икромов шаҳрдори Душане дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пуштибони неруҳои нав буд ва Навҷувонов ҳам дастури мутафарриқ кардани митингичиёнро иҷро накард. Бар зидди чанде аз шахсиятҳои маъруф назири Мирбобо Мирраҳим парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бо ин вуҷуд раҳбарияти олии ҲНИТ барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии моҳи март мавқеи ягона надошт.
Давлати Усмон, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотиаш мавзеъгирии баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1991-ро чунин баён кардааст:
«Ман фикр мекунам, ки кашида шудани ҲНИТ ба тазоҳуроти охирине, ки боиси ба вуҷуд омадани Ҳукумати Эътилофӣ ё худ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ гардид, ба таври ногузир ва маҷбурӣ буд. Чунки воқеан, муҳокимаи вазири умури дохиии ҷумҳурӣ М.Навҷувонов, сохтаю бофта буд ва мехостанд аз ӯ қасос бигиранд. Ба хотири он ки дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои гузашта ба саркубии неруҳои демокративу исломӣ даст назад. Мехостанд ӯро барканор кунанд ва ин амал сабаби дар аввал тазоҳуроти кучак ва баъдан бузург дар майдони Шаҳидон гардид. Раиси ҲНИТ оқои Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва як зумра аз роҳбарони дигари ҳизб ба ҳамроҳ шудан ба тазоҳурот муқобил буданд, қисмати дигари роҳбарон бар он буданд, ки ба дигар неруҳои демократӣ дар ин вазъияти душвор ёрӣ расонем ва онҳоро дастгирӣ намуда, ба тазоҳуркунандагон бипайвандем. Ман дар мавқеи дуюмӣ будам». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003
Устод Муҳаммадшариф Ҳиммтазода, раиси ҲНИТ дар он солҳо, ки дар рӯзҳои оғози тазоҳуроти баҳории соли 1992 дар хориҷ аз кишвар қарор дошт мегуяд, вай комилан зидди ҳамроҳшавии ҲНИТ ба ин гирдаҳомоӣ буд. Вай аз Давлат Усмон ном мегирад, ки ба маҳзи пофишориҳои вай ҳизб ба ин моҷаро кашида шуд:
«Бале, дар он рӯзҳое, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, ман дар сафар будам. Ҳамон пагоҳие, ки гурӯҳе аз ҷавонони бадахшӣ ба нишони эътироз ва пуштибонӣ аз ҳамшаҳриашон вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадаёз Навҷувонов ба майдони назди қасри Президент ҷамъ омаданд, озими сафар будам. Дар майдони ҳавоӣ ба бародароне, ки барои гуселам омада буданд, гуфтам, ки мо набояд ба тазоҳуркунандагон ҳамроҳ шавем, зеро ҳизби мо ҳизби сиёсӣ аст. Барои аз кор гирифтани ин ё он мансабдор мо набояд орӯи созмонамонро паст кунем. Чанде пеш аз ин ҲНИТ дар гирдиҳамоие, ки барои пуштибонӣ аз мири шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов барпо карда буд расман иштирок накард ва ман шахсан масъалаи бойкот эълон кардани тазоҳуротро гузоштам, ки бо дастгирии аксарияти аъзои Раёсати ҳизб ба тасвиб расид. Вале мутаассифона бо ибтикори баъзе аз дӯстон махсусан кушишҳои Давлат Усмон ҳизби мо низ ба саҳна пайваст. Барои ҳамроҳ нашудан ба тазоҳурот ва пешгирӣ аз он то андозае, ки имкон доштам кӯшиш кардам. Аз Маскав ба қароргоҳи ҲНИТ чандин бор тамоси телефонӣ гирифта мавқеамро нисбати напайвастан ба гирдиҳамоӣ баён кардам вале дар набудани банда гуё бо дастгирии аксари аъзои раёсат қарори ҳамроҳшавӣ ба гирдиҳамоӣ гирифта шуд. Вақте баргаштам вазъиятро дидам, масъалаи истеъфо (манзур истеъфои худаш) низ дар он рӯзҳо матраҳ шуда буд. Вале буҳронӣ шудани вазъи сиёсӣ имкони тасмим гирифтани раёсати ҲНИТро дар ин замина аз байн бурд». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум» Душанбе-2003
Гирдиҳамоии баҳории соли 1992 дар ниҳояти амр мунҷар ба ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ бо ширкати намояндагони неруҳои нави сиёсӣ, ба шумули ҲНИТ гардид. Ҳукумате, ки аз тарафи ду вилояти калони ҷумҳурӣ Ленинобод (Суғди имрӯза) ва Кулоб пазируфта нашуд ва сабаб гардид, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ сар занад ва давлатҳои Русия ва Узбакистон ба қазияи Тоҷикистон мудохила карда ҲММ-ро аз байн бурданд. Русия ва Узбекистон таҳаммули ҳузури намояндаи исломи сиёсӣ дар давлати Тоҷикистонро надоштанд. Давлати Усмон, ноиби аввали раиси ҲНИТ дар Ҳукумати Муросои Миллӣ ба ҳайси муовини нахуствазир қабул шуда буд.
Баъд аз таъсиси ҲММ роҳбарони неруҳои оппозитсион эълон намуданд, ки минбаъд онҳо дар мухолифат бо ҳукумат қарор надоранд:
«Азбаски мо нафарони худро шомили Ҳукумати Муросои Миллӣ намудем, наметавонем, ки дар оппозитсия бошем. Лозим меояд, ки дар ин ҳукумат ба муросо бошем, зеро обрӯву эътибор ва бурду бохти он аз они мо ҳам хоҳад буд». Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҲНИТ «Чароғи рӯз» (45)№24.1992
Бад-ин ҷиҳат, ки Ҳукумати Муросои Миллӣ дар густураи шӯравии пешин як модели нави идорӣ буд, зарур донистем, як каме дар бораи он аз навиштаҳои қаблӣ иқтибос оварем. Зеро ин ҳукумат, чунон ҳам гуфта шуд бо саъю талоши ҲНИТ сохта шуд ва меъмори он маҳз исломи сиёсӣ-неруи навзуҳури сиёсии Тоҷикистон аст:
«Ҳукумати Мусолаҳа ё Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон дар густураи шӯравии пешин собиқа назир надошт. Дар Тоҷикистон, ба унвони як кишвари тоза ба истиқлолрасида вале ҳамоно таҳти нуфузи Русия қарордошта барои бори аввал ҳукумате бо ширкати тамоми аҳзобу ҳаракат, яъне неруҳои сиёсӣ ташкил шуд, амалан ҳукумати эътилофӣ. Дар таркиби ин ҳукумат, бахши аъзамашро намояндаҳои номенклатураи шӯравии пешин, ҳамон коммунистони дар сари қудрат буда, вале як ҳиссаи ками онро намояндаҳо аз неруҳои нави сиёсӣ:-ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, созмонҳои халқии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва «Носири Хусрав» ташкил доданд. Раиси ҷумҳур-Раҳмон Набиев, коммунист, Раиси Шӯрои Олӣ-Акбаршо Искандаров, коммунист, раиси Шӯрои Вазирон-Акбар Мирзоев, коммунист буданд. Аз ҳақ набигзарем, ки тарзу роҳи равиши короии ин ҳукумат маъмулӣ набуд. Зери фишори неруҳои нави сиёсӣ ин ҳукумат таъсис дода шуд. Аммо, таъсису ташкили ҳамчунонии ҳукумат дар кишварҳои демократӣ як кори озмуда ва таҷрибашуда аст. Неруҳои милливу мардумӣ аз роҳи муҷоз ва қонунӣ ҳукуматро водор ба ҳамкорӣ карданд. Бидуни хунрезӣ, истифода аз силоҳ.”
«…..Ҳадафи асосии онҳое, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олиро дар Хуҷанд ташкил карданд, сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон буд, на чизи дигар. Вагарна ҳамонвақту ҳамонзамон метавонистанд сулҳи дар Президент –оттели Маскав дар соли 1997 ба имзо расидаро дар қасри Арбоб и Хуҷанд ба даст оваранд».
ҲНИТ, тули фаъолияти тақрибан нимасрии худ, ки бештарини онро дар муборизаҳои пинҳонӣ гузаронидааст, ҳамеша ошкор ва шаффоф амал кардааст ва дар интихоботҳои парлумониву президентӣ, ки ба таври расмӣ ширкат кард, ба ҳиҷ ваҷҳ берун аз доираи қонун по нагузоштааст. Инро мехоҳем ё не Ҳукумати Муросои Миллӣ ҷузъи таркибии Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст. Вай, новобаста аз онки муваффақ ба ислоҳоти сиёсӣ шуд ё хайр бо ҳузури кутоҳи худ дар амри таҳкими равандҳои мардумсолорӣ дар кишвар ва минтақа нақши муҳим ифо кардааст. Аҳдофи он озодӣ, истиқлол ва мардумсолорӣ то ҳамин имрӯз ҳам барои неруҳои милливу мардумӣ аслӣ ва асосӣ ба шумор меояд. Инки Ҳукумати Муросои Миллӣ барои ба арсаи сиёсати калон ворид шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муаррифии ин ҳаракати бузурги сиёсии исломӣ дар саросари олам замина гузоштааст, воқеъияти холис аст.
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва раиси Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон солҳо баъд роҷеъ ба ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ изҳори назар карда иқрор мекунад, ки ин заъф ва нотавонии ҳукумати он рӯза буд, ки онҳоро барои як чунин амал таҳрик кард, вагарна ҳеҷ ният ва омодагӣ барои гирифтан ва ё саҳим шудан дар ҳукуматро надоштанд. Ин нуктаро Давлати Усмон, аз роҳбарони онвақтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад ва беш аз ин ёдовар мешавад, ки ҳукумат ба ҳадде беқудрат буд, ки бархе комилан барандохтани онро ҳам матраҳ карда буданд:
«Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Раҳмон Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Раҳмон Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ солҳо баъд дар як суханрониаш изҳор медорад, ки ташаккули зери раҳбарии вай қасд ва нияти гирифтани қудрати сиёсиро надошт вале раванди ҳодиса тавре сурат гирифт, ки онҳо нохоста вориди ҳукумат шуданд:
«Роҳбарият ва аъзои ҲНИТ аз рӯзи аввали таъсиси ҳизб то имрӯзу минбаъд ҳам нияти ҷангу хунрезиро надоштанду надоранд. Бояд изҳор кард, ки роҳбарияти ҳизб аз сабаби надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ва сатҳи баланди сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дунболи расидан ба қудрат набуд. Аслан лаззати курсӣ ва мансабро дарк намекард. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва беобрӯшавии Ҳизби коммунист мардуми кишвари мо аксаран рӯ ба ислом, аз ҷумла рӯ ба ҲНИТ оварданд ва наҷоти худро аз истибдоди ақидатӣ дар такя ба ҳизби мо диданд. Зеро ҲНИТ ягона гурӯҳи муташаккил ва мавриди эътимоди онҳо буд.
Душманони дохилӣ ва хориҷӣ аз ин фурсати барои онҳо муносиб истифода карда ҳизбро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Роҳбарият ва пайравони ҳизб дар тангно қарор гирифтанд. Назди онҳо ду роҳ буд, ки якеро бояд интихоб менамуданд. Ё даст ба яроқ бурда аз ҷону имони хеш дифоъ мекарданд ё бо хориву зиллат тан ба мурдан медоданд.
Метавон гуфт, ки муҳаррики асосии ҷанги дохилӣ дар кишварамон тоҷикон набуданд. Ҷанг ба болои мардуми Тоҷикистон аз берун таҳмил шуд. Тарроҳони ҷанг чанд сол қабл ин ҷангро тарҳрезӣ ва ба он омодагӣ дида буданд. Онҳо ба қудрат расидани гурӯҳи мавриди назари хеш ва ба ин васила ба даст овардани манофеи худ омодагӣ дианд ва дар камин мунтазири фурсат менишастанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои ба даст омада ин омодагиҳо ба қудрат расидани доираҳои ғайриисломӣ сурат гирифта буд. Мо роҳбарони ҳаракати исломӣ аз ин рози нуҳуфта, мутаассифона огоҳ набудем». «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2003
Инки Русия, Тоҷикистонро як минтақаи таҳти сайтара ва нуфузи худ мешуморид ва ҳеҷ тағйроту дигаргунии бидуни мувофиқа бо ӯро дар инҷо ва боқии кишварҳои Осиёи марказӣ қабул надорадро ҳамагон қабул доранд.
Нависандаи китоби «Моҷарои рафта» Абдухалил Холиқзода бар ин назар аст ки фаъолиятҳои бобарори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон русҳоро ба ташвиш овард, ки дар ин кишвар таъсири ҳамсоне дар манотиқ мусалмоннишини Русия хоҳад гузошт:
«Дар масъалаи Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард, гарчанде ки Ҳизби исломӣ аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як шуъбаи он буд. Онҳо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёсӣ дар фазои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар ҷумҳуриҳои мусулмони дохили Русия, аз қабили Тотористону Чеченистон бе ин ҳам ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад».
Абдухалил Холиқзода. Моҷарои рафта. – Душанбе: “Мастер-принт”, 2018.
Ниҳоят, чуноне гуфта шуд Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки неруҳои навхези сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар таркиби он дар як муддати кутоҳ ба қудрат нишаст, таҳти фишори Русия ва Узбекистон аз байн бурда шуд.
Ҳукумати дастнишондаи Русия ва Узбекистон, ки то ҳамин ҳоло ҳузури худ дар қудрати сиёсиро ҳифз кардааст, ба муҷарради расидан ба ҳокимият ба таъқиби аъзо ва роҳбарияту пайравони ҲНИТ шуруъ кард. Дар қатори садҳо ҳазор аз гурезаву беҷову маконшудаҳо роҳбарону аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хориҷа ва бештаринашон ба Афғонистон ҳазимат карданд.
Суди Олии Тоҷикистон бо як қарори худ фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократ, созмони мардумии Растохез ва Лаъли Бадахшонро дар моҳи июни соли 1993 дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Воқеият ҳам ҳамин аст ки ҲНИТдар тазоҳуроти баҳори соли 1992 ва дар рӯи кор овардани Ҳукумати Муросои Миллӣ нақши калидӣ дошт ва аксарият неруҳое, ки ба дифоъ аз ин ҳукумат дар водии Вахш меҷангиданд, низ аз ҳисоби тарафдорони исломиҳо буданд.
Бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, ки «ҳамроҳӣ ба тазоҳуроти баҳори 1992 ва он ҳам ба хотири дифоъ аз вазири вақти дохила Мамадаёз Навҷувонов, ки на демократ буду на исломӣ, бузургтарин иштибоҳи стротегии ҲНИТ шуд. Иштибоҳе ки нафақат ба сарнавишти ҳизб, балки роҳи таърихии Тоҷикистонро дигар кард.
Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав гуфтааст, як далели чунин бераҳмона саркӯб шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ ва неруҳои милливу демократӣ дар соли 1992 маҳз иттиҳоди онҳо бо ҲНИТ шуд:
“Агар ҲНИТ сиёсату идеологияи худро бор намекард, шояд касе барои иваз кардани ҳукумати соли 1992 ташкилшуда кӯшиш намекард. Вале инҳо бо рафтори худ тамоми ҷаҳонро тарсонданд. Ва он табаддулоте ки дар Тоҷикистон шуд,алайҳи ҲНИТ шуд.”
Ҳукумати дастнишондаи Маскав ва Тошканд дар раъси Эмомалӣ Раҳмонов, собиқ раиси колхози Ленини Данғара, ки туфайли Сангак Сафаров, як ҷинояткори бо бистусесол собиқаи зиндон аз Хуҷанд ба Душанбе омад, бо ҳама васоили таъсиргузор ба афкори омма ба бадном ва сияҳсозии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарияти он пардохт.
Як нафар аз нависандагони таҳрифкори ҷонибдори Раҳмонов бо номи Г.Зокиров менависад: «Роҳбари давлат ҳанӯз 31 декабри соли 1992 зимни ироаи паёми табрикотӣ ба муносибати соли нави мелодии 1993 таъкид намуда буданд, ки «ҳар гоҳ дар бораи фоҷиаи ҷомеаи мо амиқтар фикр мекунем, пеши назарамон сиёсатҷаллобии он пешвоёни ҳизбу созмонҳое ҷилвагар мешавад, ки вобаста ба забт кардани ҳокимият ниқоби идеологии худро ҳар замон дигар мекарданд.
Бо истифода аз фазои холии идеологӣ Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фишороварӣ ва силоҳи оташфишон ба ғасби ҳокимият кӯшиш намуда, тамоми сохтору механизмҳои ҳокимиятиро фалаҷ намуданд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки моҳи сентябри соли 1992 Президенти мамлакатро, ки тамоми аҳолии ҷумҳурӣ интихоб карда буд, маҷбур намуданд ба истеъфо равад.
Чунин амалкарди ҳамонвақтаи ин ҳизбу ҳаракатҳоро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «таҷовузи мақсадноки идеологӣ» унвон намуда, изҳор дошта буданд, ки фазои холии идеологӣ ва сиёсатҳои бепояи нобаҳангом имкон доданд, ки қувваҳои мухолифи сиёсии ҷомеа арзи ҳастӣ карда, ошкоро барои забти ҳокимият ба мубориза бархезанд.
Маҳз фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои навтаъсис ва ҷунбишҳои сиёсӣ буд, ки 21 июни соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби демократӣ ва Ҳизби наҳзати ислом, инчунин ҷунбишҳои сиёсии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» бинобар сабаби даст задан ба амалҳои ғайриқонунӣ қатъ карда шуда буд.»
Поёни бахши дуввуми давраи дуввум, ин давра бо ин ду матлаб ба охир расид.Давраҳои дигарро дунбол кунед!
Идома дорад….