Ҳангоме номи ин дуро мегиред пеши назаратон чӣ меояд?

Ислоҳ нет

      4 апрели соли 1994 расо 30 соли қабл, нахустин нишасти ҳайатҳои музокиротии ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик дар яке аз бустонсароҳои вазорати хориҷӣ дар Маскав –пойтахти Федератсиюни Русия ба кори худ оғоз кард. Музокироти мазкур дар шароите,ки дар кишвар оташи ҷанги ҳамватанӣ бештар аланга мегирифт ва як миллион нафар аз атбои Тоҷикистн дар ИДМ-Кишварҳои муштаракулманофеъ ва 200.000 дар Афғонистон гурезаву паноҳанда шуда буданд, баргузор шуда ва дар дилҳо орзу ва умедҳоро ба зиндагӣ аз нав зинда мекард. Ин нишаст ибтидои раванди ҷустуҷӯ ва дастёбӣ ба сулҳ буд, сулҳе, ки кишварро дар ниҳоят аз ҷанги бародаркушӣ берун овард, тарафҳоро ба гузашту ҳамдигарбахшӣ водор сохт ва Тоҷикистонро ба ватани амну субот бадал кард.

27 июни соли 1997 баъди панҷ соли ҷангу хунрезӣ ва давраҳои гуногуни музокирот дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Эрон ва Афғонистон дар пойтахти Русия бо ҳузури намояндаи махсуси СММ, намояндагон аз ҳамаи ин кишварҳои зикршуда ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли САҲА(Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва Созмони конфаронси исломӣ ва бо ширкати Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии Русия тарафҳои даргири тоҷик хатми ҷангро эълон ва санади сулҳро имзо гузоштанд.

Онҳое, ки берун аз ватан ва овораву муҳоҷир ва гурезаву паноҳанда шуда буданд, бо сари болову баланд бозгаштанд. Кишвар ба марҳалаи одиву ороми зиндагӣ оҳиста-оҳиста бармегашт. 

  Аммо ин  сулҳу субот ду даҳа ҳам идома накард. Оне, ки қудратро бо дастони русу узбак гирифта, тараф ва ҷангафрузи асосӣ буд, дигарбора ҷомеаи тоҷикро ба ду тақсим кард.

Як нуктаи асосӣ ва муҳим дар робита ба сулҳи тоҷиконро бояд ошкоро бигуям. Ин сулҳе, ки соли 1997 ба даст омад, саҳлу сода ба даст наёмада буд. Ин натиҷа, ҳосил ва паёмади ҷанги артиши ҲНИТ буд. Гурзи говсари Артиши ҲНИТ-ро, давоми ин панҷ сол, ки ҳамзамон музокирот ҳам пеш мерафт, бар тораки сараш хурда буд.  Ночор шуда буд, ки биёяд ва бинюшад, ки ёрону ҳамраҳони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон чи мегуяд. Онҳо чизе хосе нахостанд. Гуфтанд, ки мо сулҳ мехоҳем, мо оштӣ мехоҳем мо ватанамонро мехоҳем, мо хонаамон меравем. Мо на иҷозат дорем ва на иҷозат медиҳем, ки ватан, ҷойе ки хуни нофамон рехтааст,ҷое,ки ободаш кардаем, ҷое,  ки қабри обову аҷдодамон аст, ҷое, ки бачаҳоямон ба дунё омадаанд, ҷое, ки тую мотами мову гузаштагони гузаштааст, мунтаҳо ҷое, ки Аллоҳамон барои мо бахшидааст, ба харобазор ва макони аҷнабӣ ва аҷнабипарастон бадал шавад.  Дурусту дақиқ ҳамин чизе, ки имрӯз мо муҳоҷирону паноҳандагони даври дуввуми ҳиҷрат мехоҳем. На кам ва на беш. Мо ҳам ватанамонро мехоҳем,  хонаву дарамонро мехоҳем.Ин шо Аллоҳ бо лутфу марҳамати илоҳӣ бо сари баланд, ҳамонгуна, ки падарам ва ёрону дустонаш ва халқи тоҷик аз Афғонистон баргаштанд, бархоҳем гашт.

 Устод Нурӣ ва ҲНИТ ва раоёи Нурӣ ва артиши Нурӣ ва мардуми Нурӣ ва пайравони Нурӣ ва оворагону гурезагон  «добитсия» карданд, ҷон бохтанду ҷон доданд ва ниҳоятан  баргаштанд, инки фиребамон карданду ғиромбозӣ ва шайтанат сурат гирифт ин гапи дигар аст.

 Устод Нурӣ ва ҲНИТ омаданд ба ватан. Чанд муддати кутоҳе соҳиби иззат ва пазироиҳои гарми Раҳмонов қарор гирифтнд. Аммо баъд…Раҳмонов, ки санг дар бағал дошт пустинро чапа пушид. Вале бо ин ҳама вуҷуд устоди худобиёмурз ба тамоми номардӣ ва ноҷавонмардӣ ва аҳду паймоншикании Раҳмонов таҳаммул ва тоқат кард. Чун дунболи озу ниёзи дунё, дунболи суратҳисобҳо, дунболи онки роҳи халқро пулакӣ кунад, дунболи онки   бачаву духтару домодҳояшро ба ҳукумат ворид кунад, набуд.

Фикру гумону хиёлаш ин буд, ки қурутови боолича хураку таҳмол хурак як рӯзе сер хоҳад шуд. Аммо хасдузд қасрдузд мешуду сер намешуд. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

Фикр мекунед, ки чаро дар аксарияти мақомот аз Данғараву Фархор мондааст? Фикр мекунед, ки чаро тамоми олу авлод, муру малах, яъҷуҷу маъҷуҷро овардааст? Ҳеҷ гоҳ барои ободӣ ва осоиши мардум нест. Аллоҳи бузург гувоҳ аст ки ҳамчунин нияту нақша надорад, ки барои ин мардум рӯзу рӯзгори беҳтаре фароҳам бисозад.

Ҳар кадоме аз шумо, ки ин набиштаро мутолаа мекунед, аз хонаи худ, аз хонаи ҳамсояи худ, аз деҳаи худ қиёс кунед, ки панҷ соли пеш чанд нафар муҳоҷир  доштеду ҳоло чӣ? Магар дигар муҳоҷират барои тоҷику тоҷикистонӣ фарзу воҷиб шудааст?

Раҳмонов чи кор мекунад? Кушониён месозад, Сиёма –молл месозад, Бонки байналмилалии Тоҷикистон месозад, Коммерсбонк месозад, Спитаменбонк месозад, Авестогрупп месозад, Мармарӣ месозад, Сифат-фарма месозад, Озода –косметикс месозад, Сафеддара месозад, Фароз месозад, Амирӣ месозад ва духтару домоду бачаҳову набераҳояшро таъмин, серу пур ҳар кадоме аз онҳоро миллионер месозад.

Бубинед, ки чи гуна дар малаи ом, дар моҳи барои мусулмонҳои тоҷик шарифу муборак, дар моҳи нузули Қуръони маҷид вай, раиси ин мардум, ба гуфтаи худаш Пешвову Асосгузору доҳии муаззам масту девона мебарояд ва Навруз баргузор мекунад ва занҳову духтарҳоро дар пешаш меҷунбононад:

Қабила чи бошад,ки шоҳӣ кунад?

Ба қудрат чу ояд табоҳӣ кунад?

Мо, оппозитсиони тоҷик ҳамин ҳоло ҳам ёрону пайравони устод Нурӣ ҳастем ва ҳарфи сулҳу оштӣ ба лаб дорем ва барои мардум ва миллати азиз ба сулҳу оштӣ ва бозгашти сарбаландонаро ба армағон хоҳем овард.

Абдуллораҳнамоҳо, атомирхоҷаҳо, низомқосимҳо ва дигару дигарҳо, инҳо на асл доранд на ҷойгоҳ ва на мавқеъ. Ҳоло агар Достиев ҳам буд мегуфтанд, Убйдуллоев ҳам буд мегуфтанд ва фардо  агар ин ҳама чапа шаваду бар фарзе  раис аз оппозитсион ояд боз ҳам ҳаминанд. Ҷойи онҳо исми моро мегиранду леслес мекунанд.

Аммо мо неруҳо ва афроди оппозитсиюн медонем, ки Тоҷикистн дорад ба самти варта ва фалокат пеш меравад.

Мо на як бору ду бор гуфтем, ки ҳадафи Раҳмонов аз шикасту  бастани ҲНИТ чӣ буд?   

Таҳким ва тамдиди қудрати худ, овардани бачаи наркомани худ ба ҷойи худ ва ташкили ҳукумати авлодӣ-қабилаӣ.

Танҳо неру ва мафкурае, ки зидди ин нияти нопок ва шум меистод ва мубориза мекард, ҲНИТ ва ислом буд. Ҳамин имруз ҳам, ки мо инак наздик ба 10 сол мешавад дар ватан нестем ва дар кишвар амал намекунем, аз ҳизби мо ва аз идеология-мафкураи мо тарсу ҳарос дорад.

Раҳмонов, ҳамон номарди ноҷавонмарде аст ки дасти ба сулҳ дарозкардаи худро пас кашид ва дигарбора ба ҳамон боевики сарвайрони Фронти халқӣ бадал шуд.

  Вақте исми Эмомалӣ Раҳмоновро мегиред Фронти халқӣ, Сангак ва ҷурму ҷиноят ва арақ ва водкаву пиво пеши назаротон меояд. Аммо бо зикри исми устод Нурӣ, ислому масҷиду саҷдава Қуръон пеши ру меояд. Иқрор ва эътироф бикунед, ки худи ҳамин тафовути заминиву осмонӣ гувоҳ ва гуё аст ки мо бо чи касофату хабосат бо чи манҷалоб ва бо чи манфуре рубару ҳастем.

Аммо устод Нурӣ то ба охир аҳди худ содиқ монд. Мурду бо сулҳу оштӣ мурд. Аммо Раҳмонов бо чи мемурад? Бо овардани Рустам, бо овардани Озода? Тафовутро мебинед?

Шахсе, ки мегуфт бо ҲНИТ дар ҳар гуша аз дунё сулҳ мекунам, мункир шуд, худаш худашро дурӯғгу кард ва бидуни хиҷолат ва шарм гуфт бо ҲНИТ сулҳ имзо накардааст

Пас, Нурӣ кӣ буд? 

Афту башарааш мисли хук, мисли барзагови ҷуфткаш, мисли буққаи карпатӣ, дам кардааст, таранг дам кардааст, мисли бушкаҳои зарди шуравӣ, ки дар куҷаҳо пиво мефурухтанд, мисли бочкаҳои квасфурушӣ. Чашмонаш намоён нест. Мегуянд, ки ҳарчи меёбад то колбасаву то панир дарун кардан мегираду мебалъад.

 Чанд соли пеш музейи уро ташкил карданд.

  Доскаву партаву столустулҳоро ранг заданд. Зачетная книжка карданаш, дипломаш доданд. Аммо ин чизҳо барои як студенти воқеӣ на зошник сидқ мекунад. Заошникҳо чи тавр мехонанд ба ҳама маълум.

Бор худоё!  Ҳоло ба ин хабар мутаваҷҷеҳ бишавед: «Дар Душанбе Маркази «Пажӯҳиши афкорӣ сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат» таъсис ёфт». Афкори сиёсиву илмии пешвои миллат яъне чӣ? Кадом афкори сиёсӣ, кадом афкори илмӣ

  Ин косалесони дарбори Раҳмонов намедонанд, ки ва чи кор бикунанд? Вақте фарқи ҳарфи хурд аз калонро намефаҳмад, вай чи афкори илмӣ дорад? Шарму ҳаё пок аз шумо рафтааст. Як нафареро, ки шабурӯз дар фикру нақшаву нияти дуздиву тозӣ аст, шахсе, ки ба ҷуз аз дуздиву тозӣ фикру зикре надорад, шахсе, ки чашмаш аслан сер нахоҳад шуд, шахсе, ки медонад, ки духтаронаш рӯирост шавҳарҳояшонро шохбарсар мекунанд, ҳар кадоме чанд шавҳару хушдору бойфрендҳои ғайримашруъу ғайриникоҳӣ доранд, даюси даюсон аст чи гуна метавонад Пешво бошад ва боз афкори сиёсӣ ва илмӣ дошта бошаду ҷиҳати таҳқиқи он Пажуҳишгоҳ бисозанд.

  Ҳоло мунтазир бошем, ки ин Пажӯҳишгоҳ мақоми байналмилалӣ бигирад. Даҳҳо кас номзади улуми асосгузоршиносӣ, пешвошиносӣ, раҳмоновшиносӣ бишавад, зери назари акдемисиян СС.Ятимов ҳимоя кунад. Ҳей даврону ҷавлон доред, ҳей кайфу сафо доред. Дунё ба коматону сика ба номатон.

Аммо, бо ин ҳама шумо бадбахтед. Чун шумо аз ин ва бо ин мардум нестед. Шумо дигаред. Комилан дигар. Дунёятон, уқбоятон, афкору ақидаатон,  фаҳмишатон, ҳамаҳамаатон дигар аст. Шумо ҷаълӣ, шумо тақаллубӣ, шумо дуруғиед!

Шумо сахт мушкил доред. Мушкили ҳалношуданӣ.

Аммо, мо ҳамин ҳоло ҳам толиби сулҳ ҳастем. Мо дар ватанамон осоишу оромиш мехоҳем. Шарти мо ҳам садо дод, ки ҷиҳати шуруи музокира зиндониҳои сиёсӣ ва бузургони Наҳзат бояд озод бишаванд.

 Ин пирмарди 70уандсоларо хеле хуш меояду мефорад, ки дар наздаш бирақсанд: духтарҳо, ҷавонҳо, хонумҳо ва кампирҳо. Хеле мефорадаш, ки биравад санги асос гузорад, парда пардорад, сипас аҳсан- аҳсан гуяд, як ҷаҳон ташаккур гуяд.

Ва ин масхараро дар шабакаҳо нишон диҳанд.

 Раҳмонов сулҳи бар ивази ҷони даҳҳоҳазорро аз байн бурд.

Он қадар бо ислому муслимин мушкил ва масъала дорад, ки маъмурони амниятӣ ва милисааш рӯзе нест, ки як мулло ё муллобача, як нафраи ришдорро дастгир накунанд. Шумо суҳбатҳои вай бо аҳли уламо дар оғози моҳи шарифи Рамазонро дидед, ки чиҳо гуфт? Ин таъкид ва ин эълони сиёсати зидидинии вай аст ки акнун дигар руирост ва ошкоро дар сатҳи давлат ба амал бароварда мешавад.

  Раҳмонов эълон кард, ки вай ва ҳукумати вай дар марҳалаи ҷадид барои исломситезӣ ва динҳаросӣ ворид шудааст. Албатта,  Раҳмонов,ҳанӯз аз аввалин сооти вуруд ба арсаи сиёсат бо ҳамин ваъда ва қавл, ки бо ислом мубориза хоҳад кард ва таҳти шиори «Нест бод ислом» омада буд, ҳеҷ гоҳе аз ҳошиякашонӣ ва рондани ислом аз ҳаёти мардум даст накашидааст.

Қонуни озодиҳои динӣ ва виҷдон ва Қонуни волидону танзим, ки қабул шуданд, ҳамагӣ нақшу ҷойгоҳи дин дар ҷомеаро коҳиш медиҳанд. Аммо ин як чизи маснуӣ ва муваққат аст.

 Бархеашон аз мо мепурсанд, ки шумо чи кор кардед? Дарахт шинонидед? Ё мегуянд, ки биё инҷову бо мо бош.

Ман дарахт шинонидаам. На якто. Аммо ман агар биравам, ки ҳатман ва ин шо Аллоҳ хоҳам рафт, мегираду турма мекунад. Аз ин ба шумо чи суд ва ё ба худи ман чи суд? Мо аз рӯву рӯзи хушӣ Аврупо наомадаем.  Лаҳистон, Донмарк, Ҳуланд,  Олмон ,Фаронса …Чаро мо бояд инҷо бошем. Бале мо гушна ва бараҳна ва бесарпаноҳ нестем. Амнем. Аммо мо ватан дорем бояд дар ватанамон бошем.

Сулҳ ҳамин аст ки дар ватан бошӣ. Вале дар ватан моро ин буқаи зотӣ, ин барзагови холмогорӣ иҷоза намедиҳад. Дар ватан иҷозаи зист фақат барои Рустаму Озодаву Заринаву Сомониву Парвинаву Рухшонаву …то охир инҳоро зикр кардан намешавад. Ва, инҳо дар сиёсат «қуш» мешаванд, мо қуш набояд шавем, ҳаминки қуш шудем ҷоямон зиндон аст. Мо барои он дар ватан нестем, ки Раҳмонов намемонад. Раҳмонов мегуяд, ки биёву исту дам назан, хап куну шин, заминатро метозам, хонаву даратро, номусатро, масҷиду мадрасаатро, динатро метозам, хоҳару бародару ҳамаатро метозам, ту хап кун бишин.”Агар ба сиёсат кордор шудӣ дар назди қонун ҷавоб мегуй”

Аммо Худо чи мегуяд? Худо мегуяд бо золим будан султаашро қабул кардан иҷозат нест. Ман бар асоси дастуроти Аллоҳ тарки ватан ва ё ҳиҷрат кардам. Ман бар асоси дастуроти Аллоҳ  мубориза карда истодаам. Агар ҳамроҳам бошед, шукру хайратон диҳад, ки ба яқин аҷру подошатон ҳаст дар назди парвардгор, чун хабар додааст, вале агар,  ки ҳамроҳам набошед, ҳамроҳиам ҳам накардед боке нест, кори худатон аст ва тани танҳо меравам ва то ба охир, чун бори дигар мегуям, ки мо сарбози Аллоҳем ва уммати исломем.

Аллоҳ зиндагӣ дар хиффат ва залолат ва таҳти итоати як тоғут ва як мардуд ва як ёғии осиро мамнуъ кардааст.

Аз 4ум то 19уми апрели соли 1994, яъне 30 соли пеш барои оштиву сулҳу салоҳ сари мизи музокирот нишаста ниҳоятан ба он даст ёфта будем. Аммо, ин Раҳмонов ҳамон тоғут ва ёғии зери аҳду қавлаш зада аст, санади имзокардаи худро худ даронду пора карду хиёнате кард,ки на Алллоҳ ва на он шаҳидони гулгункафан ва на зиндониёни бегуноҳи дар зиндонҳои ин касиф буда ӯро нахоҳанд бахшид!

Share This Article