ИДДАИ ЗАНРО ЧӢ ТАВР ШАРИАТИ ИСЛОМ МУАЙЯН КАРДААСТ?

Ислоҳ нет

ИДДАИ ЗАНРО ЧӢ ТАВР ШАРИАТИ ИСЛОМ МУАЙЯН КАРДААСТ?
(бахши ҳаштум)

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, устод Муҳаммадиқбол, хаста набошед. Мехоҳам нисбати иддаи зан маълумот пайдо кунам, зеро дар як ҳолати хеле ногувор қарор дорам ва посухи ин суол бароям муҳим аст, аз ин рӯ мехостам нисбати идда маълумоти пурра пайдо кунам. Агар боиси заҳмат набошад ин масъаларо бароям равшан мекардед. Мисли ман зиёданд нафароне, ки аз ин масъала огоҳ нестанд. Аллоҳ шуморо ҳифз кунад, аз посухҳои шумо хеле зиёд истифода мекунем. Бо эҳтиром, Мунисаи Азаматулло.

Ва алайкуму-с-салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, пас аз ҳамду сано бар Аллоҳи поку бузургмартаба, салому дуруд бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва олу асҳоби эшон паё пай бод. Аллоҳ бар занону бонувони мо иффату покдоманиро ато намояд, омин. Ин суол бароям барвақтар расид ва мебоист дар вақташ посух медодам, аммо аз хоҳари гиромӣ пурсидам, ки ба суол мухтасар посух диҳам ё муфассал? Гуфтанд: мехоҳам муфассал бошад, то хуб фаҳмам. Аз ин рӯ посухи суолро дар ин бахш баён месозам, то ҳамагӣ аз он огаҳ гарданд.

Идда муҳлатест, ки зан баъд аз ҷудо шудан аз шавҳар издивоҷ бо марди дигар барояш манъ аст.

ҲИКМАТИ ШАРЪИИ ИДДА.

Барои идда ҳикматҳо ва фоидаҳои зиёде аз ин қабил аст:

1. Махлут нашудани насаб.

Агар идда намебуд ва зан метавонист баъд аз ҷудоӣ аз шавҳараш бе таваққуф бо шахси дигар издивоҷ кунад, эҳтимол дошт, ки аз шавҳари аввал ҳомила бошад ва эҳтимол дошт, ки набошад. Аз ин рӯ тифле, ки ба дунё меоварад, аз шавҳари аввал ё аз шавҳари дуввум буданаш маълум намегардид.
2. Фурсат додан барои зану шавҳар.
Ба ин маънӣ, ки муҳлати идда барои зану шавҳар имкон медиҳад, ки баъд аз талоқ, тавонанд дубора ба зиндагии муқаррарии худ баргарданд, зеро агар идда намебуд ва зан метавонист дар ҳамон рӯзе, ки талоқ дода шудааст, бо шахси дигар издивоҷ кунад ва баъд аз ин ӯ ва ё шавҳараш аз талоқ пушаймон мешуданд, роҳе барои бозгашт вуҷуд намедошт.

3. Аҳамият додан барои никоҳ.

Яъне никоҳ монанди ақдҳои дигар, мисли хариду фурӯш нест, ки битавон дар як соат молеро чандин бор даст ба даст гардонид, балки бояд зану шавҳар дар бастани ақди никоҳ ва дар бекор кардани он, андеша ва фикри зиёд кунанд.

НАВЪҲОИ ИДДА.

Идда назар ба ҳолати зан фарқ мекунад ва шарҳи он нисбат ба зани озод (яъне зане, ки каниз набошад) чунин аст:
1. Се бор ҳайз дидан.
Ин барои зане аст, ки шавҳараш ӯро талоқ дода ҳайзаш қатъ нашуда бошад, яъне зане бошад, ки одати моҳонааш ҷорӣ бошад.
Шарҳи он аз ин қарор аст, ки чун шавҳар занашро дар айёми пок будани зан аз одати моҳонааш талоқ дод, баъд аз ин ки зан ҳайз гардида пок шуд, боз ҳайз дида, пок шуд ва боз ҳайз дида пок шуд, дар лаҳзаи пок шудан аз ҳайзи сеюм, агар баъд аз даҳ рӯз бошад ва баъд аз ғусл кардан, агар дар камтар аз даҳ рӯз бошад, иддааш ба поён расида, метавонад бо марди дигар ба шавҳар барояд.

2. Се моҳи пурра.

Ин барои зане аст, ки шавҳараш ӯро талоқ дода, вале зан бо сабаби пирӣ ва ё беморӣ ва хурдсолӣ ҳайз набинад. Агар шавҳар ҳамсарашро, ки одати моҳонааш қатъ гардидааст, масъалан, дар рӯзи шашуми моҳи январ талоқ дод, иддаи чунин зан дар шоми рӯзи шашуми моҳи апрел ба поён мерасад ва баъди ба поён расидани ҳамон рӯз метавонад бо марди дигар издивоҷ кунад.

3. Чаҳор моҳу даҳ рӯз.

Ин барои зане аст, ки шавҳараш вафот намуда, он зан ҳомила набошад. Масъалан агар шавҳараш дар рӯзи шашуми моҳи январ вафот карда буд, иддааш дар шоми рӯзи понздаҳуми моҳи май ба поён мерасад.

4. Таваллуд кардан.

Ин барои зане аст, ки ҳомила бошад, хоҳ шавҳараш ӯро талоқ дода бошад ва хоҳ вафавот карда бошад. Агар зан бордор аст, шавҳараш ӯро талоқ дод ва ё вафот кард, дар ҳамон лаҳза, ки таваллуд кард, агарчи таваллуд карданаш баъд аз як соат аз талоқ ва ё вафоти шавҳараш бошад, иддааш ба поён мерасад ва метавонад бо марди дигар издивоҷ кунад.

Чанд нукта.

1. Агар занеро шавҳараш пеш аз ҳамхобагӣ ва пеш аз хилват намудан бо вай талоқ дод, бар чунин зан идда лозим намегардад ва метавонад баъд аз талоқ шудан бе таваққуф бо шахси дигаре издивоҷ намояд;

2. Агар шавҳари зан пеш аз ҳамхобагӣ кардан ва ё хилват намудан ё бо вай будан вафот кард, бар чунин зан идда лозим мегардад ва иддааш монанди иддаи зане аст, ки шавҳараш бо ӯ ҳамхобагӣ карда, хилват намуда бошад;

3. Агар зан одати моҳонааш қатъ нагардид ва ба таври доим ҳайз медид, одати худро дар ҳайз ва покӣ, дар рӯзҳое, ки пок будааст дар назар бигарад, ки баъд аз гузаштани се ҳайз иддааш ба поён мерасад ва агар аз вақти булуғ то вақти талоқ ба таври доим ҳайз бинад, иддааш муддати шаст рӯз аст;

4. Ба зани зинокор идда лозим намегардад, ба ин маънӣ, ки агар зане зино кард ва дар ҳамон рӯз издивоҷ кард, никоҳаш дуруст аст. Баъзе аз уламо мегӯянд: Агар касе аз зинокории зан хабар дошта бошад набояд то ҳангоме, ки аз тавба ва тарки зинои он зан яқин ҳосил накардааст бо вай издивоҷ кунад ва аз рӯи эҳтиёт ба назар ба зоҳири ояти каримае, ки дар мавзуъ омадааст амал кардан ба сухани дуввум бартар ба назар мерасад. Ояти карима ин аст:

Сухани Худо: «Марди зинокор ҷуз зани зинокор ва ё зани мушрикаро ба никоҳ намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ва ё шахси мушрик ба никоҳ намегирад ва ин кор барои муъминон ҳаром гардонида шудааст».
(Сураи Нур, ояти 3)
Албатта, касоне, ки никоҳи зинокорро ҷоиз медонанд, барои худ далел ва ё далелҳо доранд ва ояти каримаро ба таври матлубе таъвил ва тавҷеҳ менамоянд.

5. Агар занеро шавҳараш талоқ дод ва талоқаш раҷъӣ буд ва пеш аз он ки иддааш ба поён расад, шавҳараш вафот намуд, иддааш аз иддаи талоқ бо иддаи вафот тағйир меёбад, яъне бояд аз ҳангоми вафоти шавҳараш ҳомила набошад, чаҳор моҳу даҳ рӯз идда биистад ва агар талоқаш бойин бошад, иддааш ҳамон иддаи талоқ аст, ки баъд аз се ҳайз ба поён мерасад;

6. Агар зан ба сабаби хурдсолӣ ва ё бо сабаби дигар ба асоси се моҳ иддаашро ҳисоб мекард, вале пеш аз ба поён расидани иддааш ҳайз шуд, бояд иддаашро ба асоси ҳайз ҳисоб намояд;

7. Агар занро шавҳараш дар ҳангоми одати моҳонааш (яъне дар вақти ҳайз талоқ дод, ҳайзе, ки дар он талоқ воқеъ гардидааст аз идда ҳисоб намешавад).

МАКОНИ ИДДА.

Зане, ки дар ҳоли идда аст, чи идда ба сабаби талоқ бошад ва чи ба сабаби вафот ва чи талоқи раҷъӣ бошад ва чи бойин, бояд дар хонаи шавҳар истад ва аз он ҷо берун наравад.
Чанд нукта.

1. Зане, ки шавҳараш вафот кардааст, наметавонад дар қисмате аз рӯз ва ё шаб аз хона берун шуда, эҳтиёҷоти зиндагиро омода созад;

2. Зане, ки шавҳараш вафот кардааст, агар аз мардуми бодиянишин бошад, метавонад, бо вобастагони худ дар ҳангоми хонакӯч аз ҷое ба ҷои дигар нақли макон намояд;

3. Агар меросбарандагони шахси вафотёфта занашро, ки дар идда аст аз хона берун кардаанд ва ё бо ӯ бадрафторӣ мекарданд ва ё мехостанд ба ӯ дастдарозӣ намоянд, он зан метавонад аз хонаи шавҳараш баромада равад ва иддаи худро ба хонаи қавму хешовандони худ бигзаронад.

НАФАҚАИ ЗАНИ ДАР ИДДА БУДА.

Нафақаи зани дар идда буда, хоҳ идда аз талоқи раҷъӣ бошад ва хоҳ аз талоқи бойин, бар ӯҳдаи шавҳари зан бошад, яъне бояд шавҳар то ҳангоми ба поён расидани иддаи зан нафақаашро монанди айёми издивоҷ ба дӯш гирад.

ҲИДОДИ ЗАНИ ДАР ИДДА БУДА.

Ҳидод мотамдорӣ мебошад, яъне тарки зинат аст ва зинат иборат аз пӯшидани зеварот, ҳино бастан, сурма кашидан ба чашм ва пӯшидани либосҳои фохир ва қиматбаҳост. Зане, ки дар иддаи вафот ва иддаи талоқи бойин мебошад, бояд дар мотам биншинад ва аз истифодаи ҳамаи навъҳои зебу зинат худдорӣ намояд.

Чанд нукта.

1. Агар зане, ки дар идда аст русуми мотамдориро накард ва худ розӣ надод, гунаҳкор мегардад, вале иддааш сиҳат дорад;

2. Агар зане аз вафот ва ё аз талоқи шавҳараш нисбат ба худ хабардор мешавад, ки аз ҳангоми вафот ва ё талоқи иддааш ба поён расида бошад, иддаи чунин зан ба поён расида ҳисобида мешавад ва бар вай иддаи дигаре нест. 
Мақолаи баъдӣ “Зиҳор” аст, (ин монандсозии шахсе ҳамсарашро ба маҳоримаш) аст. Ин чӣ ҳукм дорад дар шариъати ислом? Бо мо бошед ва дунбол намоед.

Share This Article