Ахлоки паёмбари гиромиямон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи ва салллам)!

Чанде аз вижагиҳои неки ӯро дар зер барои хонандагони гиромиямон ба таври хеле кутоҳ ва мухтасар ҷамъ овардаем:

Ахлоки паёмбари гиромиямон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи ва салллам)!

Чанде аз вижагиҳои неки ӯро дар зер барои хонандагони гиромиямон ба таври хеле кутоҳ ва мухтасар ҷамъ овардаем:

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва салллам) чунон буд, ки ҳамсуҳбаташ ӯро наздиктарин шахс ба худ медонист.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бо касе рӯбарӯ мешуд аввал шуда салом мегуфт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳамеша ба зикри Худо буд.

-Паёмбар (саллаллоху алахи ва саллам) ҳаргиз аз чизе айбҷӯӣ намекард.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳамнишинии фақиронро мекард.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) сахитарини мардумон буд.

-Паёмбар (саллаллохй алайхи ва саллам) бар ҷоҳилон бурдбор буд.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бар азиятҳо шакибо буд.

-Паёмбар (саллаллохй алайхи ва саллам) аз дуруғгӯӣ нафрат дошт.

-Барои Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллом) ҳамон амал беҳтар буд, ки бардавом агарчи кам бошад.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) дар намоз бо дигарон сабукгир ва дар танҳои намозаш ба дарозо мекашид.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро агар кори хӯшоянде пеш меомад саҷдаи шукр мегузошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро агар аз чизе хушаш намеомад, аз чеҳрааш шинохта мешуд.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам)-ро аз коре хуш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳамаи неъматҳояш ситоиш бод, агар аз он бадаш меомад, мегуфт: Худоро ба ҳар ҳол шукр.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) бо се ангушт луқма мебардошт, пас аз ғизо онҳоро лесида покашон месохт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) рӯзҳои душанбе ва панҷшанберо рӯза медошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) мегуфт: «Худоё ҳамон гуна, ки суратамро нек кардаи сиратамро нек кун».

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва салллам) ҳамеша аз нифоқу бадбахтӣ ва бадахлоқӣ ба Худо паноҳ меҷуст.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) дар ҳар коре аз дасти рост шуруъ карданро дӯст медошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) чун сар ба бистар мегузошт кафи дасти росташро зери рухсораи росташ мегузошт.

-Паёмбар (саллаллоху алайхи ва саллам) ҳаргиз таомеро бад намегуфт, агар аз он хушаш меомад мехурд ва агар не, онро мегузошт.

Чун хамехохи мусалмон зистан.

Нест мумкин чуз бар К,уръон зистан.

***
Мапиндор Саъди ки рохи сафо.!

Тавон ёфтан чуз пайи Мустафо (саллаллох алайхи ва саллам).

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Аҳодиси сохтаву заиф роҷеъ ба шахсияти Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу).

Дар мақолаи таҳқиқотии мазбур, дар мавриди баъзе аз аҳодисе, ки аз Расули Акрам (с) дар мавриди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) омада, ки миёни ҷомеа роиҷ ва машҳуранд вале заифанд ва ё дар онҳо халале вуҷуд дорад, равшанӣ меандозем. Пажӯҳиши ин таҳқиқот бо такя бар кутуби ҳадис сурат мегирад ва санади онҳоро низ барои огоҳии шумо зикр мекунем.

Хумс аз куҷо баргирифта ва чӣ тавр тақсим мешавад?

Эй он тудаеки мехоҳед хумсро ба ғайри ғаноими ҷанги аз мардуми мусалмони мазлум бо фиребу найранг бигиред? Бидонед ва огоҳ бошед хумсе, ки фуқаҳои шиъа барои мансубият ё мунтасибият ба паёмбари ислом (с) қарордодаанд,
Read More

Ибни Ҳазм амири уламои Андалус

Алӣ ибни Аҳмад ибни Саъид ибни Ҳазм ибни Ғолиб ибни Солеҳ ибни Халаф ибни Маъдон ибни Сафён ибни Язид, кунияааш Абумуҳаммад, машҳур ба Ибни Ҳазм дар ҷониби шарқии шаҳри Қуртуба дар Андалус (Испанияи кунунӣ) ба дунё омадааст. Бобояшро Язидӣ мегуфтан, зеро ӯ мавлои амир Язид ибни Абусуфён ибни Ҳарби Амавӣ (раз), яъне бародари Муъовия (раз) буданд. Дар таърих маъруф ба Язди хайр аст, ноиби амирулмуъминин Абуҳафс дар Димишқ буданд. Бобояш Халаф ибни Маъдон аз аввалинҳое буд,ки ба Андалус дохил гашт ба малики он сарзамин,ки он вақт Абдурраҳмон ибни Муъовия ибни Ҳишом буд, аз ин сабаб бобяшро дохилӣ мегӯянд. Дар 30-юми моҳи рамазони соли 384 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 7 ноябри соли 994 мелодӣ дар Қуртуба ба дунё омадааст. Вилодати ӯ дар он шаб баъд аз фаҷр ва қабл аз тулуъи офтоб будааст.
Read More

Манзалати асҳоб (раз) аз назари аҳли байт (раз)

Ба хотири ин мадҳи пурбаракати Қуръон аз асҳоби Паёмбари акрам (с) муждаи бисёр бузурге додаанд ба касе, ки бо асҳоб ҳамаср шуда ва ё яке аз онҳоро дида бошад. Паёмбар (с) мефармоянд: «Хушо ба ҳоли касе, ки маро дидааст ва ё бинандагони моро дидааст ва ё бинадагони маро дидааст».