(бахши аввал)
Саид Зуҳурзода кӣ аст ва ба Эмомалӣ Раҳмон ва Бек Сабур чӣ нисбат дорад? Авлоди Раҳмонов,ба истиснои бачаҳову духтарҳову домодҳову хусурбурдаҳову ҷиянҳо бақияи ин қавми бадтар ва гушнатар ва ҳаристар аз қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ба чи корҳо машғуланд ва чи тавр хуни халқро макида истодаанд. Бо таҳқиқоти нави “Ислоҳ.нет” ошно бишавед:
Саид Зуҳурзода, сардори Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ ҷияни Бек Сабури Зуҳур аст. Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон,қудои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Саид Зуҳурзода, шавҳари духтархолаи Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо пешниҳод ва пуштибонии Бек Сабур дар мақоми сардори Хадамоти назорати амволи давлатӣ фаъолият мекунад.
Вай дар ин мақоми баланди давлатӣ тайи чанд сол мешавад, ки бо ревизия-тафтиши ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки бо пули бюҷет сару кор доранд, машғул аст. Ин шахс чуноне гуфтем, бародарзодаи Бек Зуҳур буда солҳои пеш дар мағозаҳои Бек Сабур (Зуҳур) дар Москва ҳамчун хазиначӣ фаъолият мекардааст. Дар тиҷоратҳои амакаш дар Маскав аз ҷумла тиҷорати маводди мухаддир шарик буд. Ростӣ,ӯро чанд вақт омӯхтам. Дақиқ кардам,ки вай аз як хизматгори дарбори оилавӣ беш набудааст.
Ва ҳоло инҷо биоям сари матлаб ва ё моҷарои миёни ман ва Саид Зуҳур,ки оқибат аз дасти ӯ ночору ноилоҷ тарки ватан кардам. Банда ба соҳибкорӣ банд будам. Дар вилояти Суғд амборхонаҳои валангори як корхонаи давлатиро бо бастани шартнома иҷора гирифтам. Харҷи зиёде карда таъмиру обод намудам. Кору борам хеле нағз буд: андозро саривақт месупоридам, ба коргарон маоши хуб (7 нафар коргар) ва пули иҷораро ҳам дар муҳлати таъйиншуда медодам. Дар ҳар ҳол зиндагонии хуб доштам. Як вақт роҳбари корхона даъват мекунад ва ба ман ҳуҷҷате нишон дода мегӯяд, ки омода бошам: “аз боло омадагӣ, моя тафтиш мекунанд”. Ман ҳам гуфтам хуб, марҳамат бинанд. Ва, ман фикр кардам боз шояд аз андоз бошад. Вале ин тавр набудааст. Ин аз Хадамоти назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия будаст. Маро даъват карданд. Чи ҳуҷҷату санаде гуфтанд,бо ду дасти адаб ба дасти онҳо расонидам. Баъди як рӯз даъват карда ба ман гуфтанд, ки ту барои иҷорапулии пардохт накардаат бояд ҷарима супорӣ, зеро моҳи сеюм мешавад,ки иҷорапулӣ ба бюҷети давлат ворид нашудааст.
Барои ҳамин мо ба ту ба маблағи 12 500 сомонӣ ҷарима ҳисоб кардем. Ҳамин тавр ман бо як ҳолу рӯзе ними ҳамон ҷаримаро оварда супоридам. Ба ман ҳатто квитансия ҳам надода рафтанд. (Бо сабаби онки айб на дар мош асту дар ош, ман ному насабамро инҷо ифшо намесозам, чунки бо ману оилаам ҳарчи метавонад рӯй диҳад). Дере нагузашта буд, як вақте ба телефони дастиам занг мезананд. Бо овози шинос нафар номи маро мегирад. Ман мегӯям бале, гап занед. Ва ин шахс худро корманди ҳамин хадамот муаррифӣ карда мехоҳад дар коргоҳе, ки ман онҷо кору фаъолият мекунам, рӯбарӯ шавад. Ман ҳам розӣ шудам ва ниҳоят шинохтам, ки ӯ хамон шахсе , ки соли гузашта омада аз ман ҷаримапулӣ гирифт ва квитансия надода рафт ҳамон мебошад.
Дар худи хамон рӯз ба ман амр дод, ки моликияти давлатӣ бо озмун (яъне манзураш амборхона) ба иҷора супорида мешавад ва ту бояд барои он ки қимати моҳонаи иҷора боло наравад бо мо маслиҳат намоӣ. Ман гӯш дода хомӯш меистодам, то дилу нияти ин одамро то охир бифаҳмам. Дар охир ба ман пешниҳод кард, ки аз ҳисоби боло рафтани қурби долллар ва нарху навои бозори ҷаҳонӣ якмоҳаи иҷорапулии коргоҳ ба маблағи 3000 сомонӣ зиёд карда мешавад ва бояд истифодабаранда бо додани «доля» ин нархро поин карда шартнома барои 2 сол ба имзо расонида оянда дар ин коргоҳ кор барад. Ва, ман пурсидам, ки ҳамагӣ бояд ман чанд пул ба шумо диҳам? Дар ҷавоб гуфт,ки 40 000 сомонӣ медиҳӣ ва барои иҷора ба ҳар моҳ танҳо 600 сомонӣ илова мешаваду халос. Ду соли дигар бе проблема кор карда мегардӣ. Агар розӣ набошӣ, иншооти давлатро холи кун! (дар ин миён ман фақат ба хотири таъмири бому атрофи ҳамин амборхона аз банк қарздор будам).
Ман ду рӯз вақт гирифта ба пуррагӣ аз ҳамон иншоот бо дарду алам баромада рафтам ба давлати ҳамсоя. Инак 3 сол мешавад ба кору бори беминнат машғул ҳастаму озод.
Ва ҳоло инҷо нуктаи асосӣ, кулминатсияи қиссаро ҳикоят карданӣ ҳастам. Он корманди Хадамот, вақте ман бо аламу дарду ғазаб рафтанӣ шудам, бо ман тунду тез шуда шӯриш ба по карда ҳушдор дод, ки ту медонӣ бо кӣ сару кор мегирӣ? Вакте пурсидам манзурат чӣ аст? Ҳамин Саиди Зуҳурзодаро муаррифӣ кард. Гуфтам ҳамаи шуморо ба даъво мекашам. Коргари Саид Зуҳурзода гуфт медонӣ вай кӣ аст? Вай домод мешавад, домод!!!
“Даркор шавад аз хаминчо бардошта мебарад ба пешаша. Мардак шаву суханша рад кун. Вакте ӯ сухан кард ҷура кор ранги дигар мегирад ва на арзи туро ягон кас мепурсад на суханат ба ягон ниҳод мерасад. Давомша худут фикр кун”.
Имрӯзҳо,ки ҳамроҳ бо чанд нафар аз бачаҳои тоҷик дар давлати ҳамсоя кору зиндагӣ мекунем, яке аз онҳо,ки ӯро мешинохтааст, таърихи Саиди ҳаромхӯрро бароям гуфт.
Саид Зуҳурзода, бародарзодаи БекСабур ва падараш Хол Сабур мебошад. Ӯ духтархолаи Рустами Эмомалиро ба занӣ гирифта соҳиби ду писар ва ду духтар мебошад. Аз ҳисоби домод буданаш дар чанги кормандони зиддикоррупсия ягон вақт намеафтад ва доимо дар фикри тафтишҳои ғайриқонуниӣ пайи ҳам аст ва аз паси маблағ роҳзанҳои худро равон карда интизори тангаву тилло мебошад. Баъд аз онки ман он коргоҳро тарк кардам, чандин маротиба тафтишҳои пайдарпай дар ҳамон коргоҳ гузаронида мешавад. Ба ҳадде мерасонанд,ки роҳбари корхона бо аризаи худаш аз вазифааш даст кашидааст. Вақте ба як корхона корманди як мақомоти давлатӣ як бор ба тафтиш меравад, соли оянда боз ҳамон меравад ва боз соли дигар низ маҳз хамон меравад, ин алаккай худ фаъолият ва амали коррупсионӣ ҳисоб мешавад.
Агар Саид Зуҳурзода Алибобо бошад, коргарони вай роҳзан мешавад. Ин Саидбобо ва 40 роҳзанро кадом ҳукумат ва кай пеши роҳашро мегирифта бошад? Дар давлати ҳамсоя чунон шароит фароҳам шудааст, ки дар ватани хеш ин шароитро надоштам. Фикр мекунам, чунин домодҳо, ки ба роҳзанӣ машғуланд, шумораашон кам мешуда бошад ва аз ҳаромхӯриву ҳаромталабкунӣ сер мешуда бошанд ё не? Ҳаминаш ташвишовар аст.
Ман то имрӯз бо соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон дар ҳамон корхонаҳои «Госимушество- амволи давлатӣ» фаъолият доранд, дар тамос ҳастам ва доим мегӯянд, ки ба тафтиш омад ва чи қадару чанд талаб кард ва чанд гирифта рафт. Ҳамаашро мегӯянд ва ҳатто мегӯянд дар Тоҷикистон дигар шаҳру ноҳия вуҷуд надорад, ки фақат ба шаҳри Хуҷанд меоянд коргарони Саидбобо? Мегӯянд,ки тасмим гирифтаанд дар оянда сангсор карда равонашон мекунем.
Як бародар,ки дар корхонае муҳосиб аст, гуфт,ки аз коргарони Сайидбобои домод ду нафар меоянд, гӯиё бо роҳбари корхона ошнои сахт шудаанд. Ноомада ҳаққ-«доля» ашонро тайёр мекунад роҳбар. Вақте расиданд ду рӯз меҳмондорӣ карда баъд бо пачкаи 50 сомонаи нав гусел мекунад. Баъди рафтани онҳо ин роҳбар тамоми дашному ҳақоратро дар ҳақашон мекунад: на зан, на модар,на духтар, на хоҳар, ҳамаашонро ҳақорат медиҳад. Аммо дар ин вақт онҳо аз туннели Шаҳристон ҳам гузашта рафтагианд. Барои ҳамин инҷо ман танҳо нестам. Тамоми вилоят мешиносад ва медонанд, ки Саид Зуҳурзода, кӣ аст ва дар пушти ӯ кӣ меистад то ӯ боз ҳам ҷиноятҳои худро дар дохили кишвар идома дихад. Ӯ дар маҷлиси президент ҳам иштирок мекунад. Аз фаъолияти ӯ президент медонад. Аммо аз ӯ ягон чизро махсус намепурсад. Ва Саид Зуҳурзода ҳам аз маҷлисҳо бо табъи баланд берун мешавад. Гӯё бахти баланд ӯро ҳамеша ҳамроҳ аст. Ба мо маълумот расида буд, ки баъд аз пурсиши Шаҳбоз Рачабов, сардори Терминали хадамоти гумруки Душанбе бояд Саидро низ ба пурсиш мекашид, вале бо сабабе, ки ӯ шавҳари духтархолаи Рустам ва Озода мебошад, дигар тарафи ин сухан тоб нахӯрд.
Айни ҳол дар Душанбе чанд маркази савдо дорад ва як осиёби истеҳсоли орд (мелница)-хориҷӣ харида аз Қазоқистон гандум оварда ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул мебошад. Дар назди Домпечать як шоколадница аст аз они уст. Бинои маркази савдои «Ситора»-ро ҳам гӯиё бар ивази намедонам чанд миллион доллар аз Таҳминаи духтари холааш, бале ҳамон Таҳминаи Раҳмонова харидааст. Пештар шаҳрванди Русия буд. Ҳоло аз ин шаҳрвандӣ даст кашидааст ё не,маълум нест. Зеро тибқи қонун шаҳрванди хориҷӣ дар вазифаҳои давлатӣ ҳаққи кор надорад. Албатта, мову шумо хуб медонем,ки аъзои Оила ва наздикони он «в не законе» ҳастанд.
Зани ӯ Нақшова Мунира чанд вақт дар кадом филиали «Амонатбонк»-и Душанбе кор кардааст. Дар бораи хонаводаи Нақшовҳо ҳам гапу ҳарф бисёр аст. Танҳо ҳаминро гуфтаниам,ки аз дасти ҷабру зулми яке аз Нақшовҳо,ки муовини раиси Тоҷиксемент аст, даҳҳо нафар соҳибкор зарарҳои миллионӣ дидаанд. Амалан онҳоро «кидат» кардагӣ аст,ки ин мавзӯи навиштаи дигар мебошад. Вале Саид Зуҳуров,ки дигар кассир ва магазинчии Бек Сабур нест. Вай дигар як муфаттиш ва мансабдори калони давлатӣ аст.
Дар идомаи навишта саргузашти талхи як нафари дигарро ҳам меоварем,то маълум шавад,ки Саид Зуҳуров бо ӯ чи гуна муносибат ва рафтор кардааст. Ҳикоя аз ин қарор аст:
Ман тӯли 8 сол дар яке аз зерсохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайси мутахассис кор мекардам. Вале баъди як нафар аз домодҳои ин Оила,ки роҳбари мо шуд ва маро сахт беқарор кард, аз кор рафтам. Ман аз тарси ҷони ҷавонам ва аз тарси он ки ба падару модар ва фарзандонам хатар наоварам ба касе ҳам арз накардам. Ин лаънатӣ писари Хол Сабур, бародарзодаи Бег Сабур ва домоди Накшов Файзиддин, боҷаи Рахмон аст. Номи ин лаъини палид Саид Зуҳурзода аст. Сардори Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ мебошад.То имрӯз на амният ва на коррупсия, на прокуратура аз ҷиноятҳое, ки ин палид содир мекунад, пайгирӣ ва тафтиш намекунанд.
Сабаб дар инҷост,ки оилааш дар хонаи Раҳмон ба воя расидаву то имрӯз ҳамчун духтари он хонадон ҳурмат доштааст. Рустам ӯро ҳамчун хоҳари калон нағз медидааст ва барои духтарҳои Эмомалӣ ҳам ҳамчун хоҳар ба ҳисоб мерафтааст. Аз инҷо аст ки Саид Зуҳур аз соли 2014 сардори Хадамоти назорати амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҳисоби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ милионер шуд. Амволи давлатиро, ранги бозор,бидуни кадом ибо ва нотарсида ҳаққи худро дар болояш мемонаду аз соҳибкорон маблағ мегирад. Ӯро ҳама органҳо мешиносанд ва аз кору кирдораш ҳам 100% огоҳанд. Аммо ба он хотире, ки занаш дар хонаи Раҳмонов ба воя расидаву хеле наздикашон аст, метарсанд ба санҷиши ӯ оғоз кунанд. Дар бозорҳо ва тамоми мағозаву тарабхонаҳое, ки дар шахр ҳаст бо баҳонаи амволи давлатӣ (замини ин иншоотро кай гирифтӣ,чи хел гирифтӣ?) санҷиш мегузаронад ва бо тарсонидан аз соҳибони ин нуқтаҳои савдо пул-пора гирифта ҷавобашон медиҳад!
Соли таваллуди Саид Зуҳурзода 1980 аст. Дипломи кадом ВУЗ- и Русияро харидааст, ба фикрам. Чунки русиро хуб намедонад. Вай метавонад аз утоқҳои ширкати Тоҷиктелеком, ки Бек Сабур дар чанде аз онҳо офисҳои ширкати сохтмониашро бо номи «Комил-2010» ҷо додааст, пули иҷора бигирад. Зеро ин утоқҳои корхонаи давлатианд, ки бидуни пардохти як дирам пули иҷора ба давлат Бек Сабур барои фурӯши биноҳои истиқоматиаш истифода мебарад. Қарори ҳукумат дар бораи иҷораи амволи давлатӣ аз соли 2011 амал мекунад. Аммо Саид Зуҳур ба ҷои ин кор рӯзи дароз дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр барои пайдо кардани истифодабарандагони амволи давлат машғул аст. Аммо чаро ба офисҳои амаки худаш, ки бе иҷора истифода мешавад як бор назар намекунад? Чаро қонун дар бораи иҷора танҳо барои мардум тааллуқ мегирад аммо барои наздикони оила дахл намекунад. Ҳатто аз ошхонаҳои донишгоҳҳо (студенческие столовий), ки он ҳам дар асоси озмун супорида мешавад, ҳатман Саид Зуҳрови ҳаромхӯр аз нафари ба иҷора гирифта маблағ меситонад. Нархи моҳонаи ичорапулиро худаш мемонад ва шартномабандиро ҳам худаш анҷом медиҳад.
Ҳамаи ин аъмоли зиддиқонуниро Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ медонад ва дастгирӣ мекунад.Чун метарсад, агарки чизе бигӯяд аз вазифа дафъаш мекунанд. Тамоми соҳибкороне, ки аз Кумитаи амвол коргоҳе, амборе,иншооте ба иҷора гирифта соҳибкорӣ мекунанд аз дасти Саид ба дод омадаанд. Зеро чи хеле мефорадаш моҳона ва ё солонаи иҷораро нархгузорӣ мекунад. Агар розӣ нашавад он объекти иҷора аз дасташ гирифта мешавад ва ё коре мекунад,ки нархро боло мебарад, то худи соҳибкор партофта ва аз баҳраш баромада равад. Гуфтем,ки Саид Зуҳуров домоди Файзиддин Нақшов аст. Нақшов аз Данғара аст,ки чанд моҳ пеш мурд. Ҳозир раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе яке дигар аз домодҳои Нақшов аст.
Нақшов, раиси филиали «Амонатбонк»-и назди Мохинави қасабаи Маяковскийи Душанбе буд. Чи хеле мебинем домодҳои боҷаи Раҳмонов назорат ва идоракунии моликияти давлатиро дар контрол доранд.
Як факти ҷолиби дигарро мехоҳам зикр намоям. Ҳоло фурӯш ва ба иҷора додани хонаҳои Фонди манзили ҳукумати Душанберо боҷаи Саид Зуҳуров ба даст гирифтааст. Дар ҳоле,ки дар ин соҳа заррае таҷриба надорад.Мағоза ва дорухона ва офисҳое, ки дар ҳисоб ва тавозуни биноҳои хукумати шахр аст ҳамин домоди Нақшов ба иҷора медихад ва Саид Зуҳуров шароиту санадҳои иҷораи онҳоро назорат мекунад. То ин дам раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволаи давлатӣ дар Душанбе Одинаев Ҷаҳонгир буд. Ӯ низ аз ноҳияи Ховалинг буд. Хулоса,хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ расидааст.
Бовар кунед, агар як сол аз 12 моҳ иборат бошад, чанд санҷишгаре,ки Хадамоти Саид Зуҳуров дорад 8 моҳро дар Хуҷанд мегузаронанду ба киссаи ӯ пора ҷамъ мекунанд. Мардуми Хуҷанд аз санҷишҳои беасосу бемавриди ин аблаҳ ба дод омадаанд. Кадом муассисаи тиббӣ, мактабу донишгоҳҳои вилояти Суғдро бипурсед ҳамагӣ дилгир ва безор шудаанд. Ҳаминро ҳам зикр намоям,ки ҷудо аз Палатаи ҳисоб ва Агентии зидди фасод,ки ҷойи гап надорад, дар боқии мақомоти санҷишу тафтишот низ 90% кормандонаш аз Данғара ва наздикони Оила мебошад.
Дар охир аз ҳама тоҷирон ва соҳибкороне,ки аз дасти Саид Зуҳуров ранҷ ва озор дидаанд ба пойгоҳи «Ислоҳ» нависед,то ин корупсионерро ба сазои аъмолаш расонем. Поёни бахши аввал,идома дорад…