Ҳамватанони азиз!
Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон, ба шумо мужда медиҳем, ки бо ирода ва эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулият дар баробари сарнавишти миллат, ҳаракати нави сиёсии «Ислоҳотхоҳон»- ҳамчун як ҳаракати ислоҳотталаб ва озодихоҳро имрӯз расман таъсис ва эълон медорем.
Аксари аъзоёни ин ҳаракати ҷадид дар даҳ соли охир, ба далели зулм ва таъқиб, дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳанда ба сар мебаранд. Аммо дурӣ аз ватан моро аз ишқу ормони он канда натавонист. Мо бо ҳам аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон гирд омадем, бо нияти ягона кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз як ҳукумати худкома ва оилавӣ, ки беш аз сӣ сол аст сарзамини моро ба асорат гирифтааст.
Мо шуморо шаҳрвандони бедор ва озодихоҳи Тоҷикистон даъват мекунем, ки бо мо бошед, моро ҳамроҳӣ намоед ва дар ин роҳи пурифтохору пурмасъулият шарик гардед.
Чаро мо вориди саҳнаи сиёсӣ шудем?
Пештар низ мо бо шеваҳои мухталиф аз нияти ташкили чунин ҳаракат хабар дода будем. Ҳадаф равшан аст: наҷоти миллат ва давлати Тоҷикистон аз вартаи диктотураи хонаводагӣ.
Моро садҳо паём, нома ва зангҳои ҳимоятгаронаи шумо рӯҳбаланд ва мутмаин сохт, ки вақти амал фаро расидааст.
Мо эълон медорем: муборизаро то охир идома медиҳем. Ва охири ин роҳ сарнагунии режими худкомаи диктаторӣ мебошад.
Ин режим давлати моро ба дастгоҳи манофеъ барои хонаводааш табдил додааст. Ҳар рӯзе ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад. Моро дигар чораи ҷуз мубориза боқӣ намондааст.
Ҳамгироӣ бо дигар нерӯҳои мухолиф
Мо бо тамоми неруҳои мухолифи режими диктаторӣ барои як ҳадафи муштарак, ки он ҳам наҷоти Ватан аст, омодаи ҳамкорӣ ҳастем.
Ҳар нерӯе, ки бо диктатура мубориза мебарад, барои мо ҳамсаф ва шарики стратегӣ аст. Канори ҳамаи мухолифин меистем, ҳамчуноне, ки оғӯши мо ба рӯи так-таки муборизон боз аст. Ҳеҷ мухолифи воқеии ин режим мухолифи мо нест ва наметавонад бошад, ҳамаи мо фарзандони як миллат ва як сарзаминем.
Ҳадафи мо чист?
Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш озод бошад.
Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш ҳоким бошад.
Тоҷикистоне мехоҳем, ки ҳукуматаш интихобӣ ва ҷавобгӯ бошад.
Мо озодӣ, адолат, шаффофият ва баробари дар ҳама заминаҳоро талаб дорем.
Мо ислоҳот мехоҳем, тағйири амиқ ва воқеӣ. Ва барои ин мақсад, тамоми василаҳои муборизоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандиро истифода хоҳем кард.
Намояндагиҳои «Ислоҳотхоҳон» дар кишварҳои мухталиф
Бояд зикр намоем,ки таъхири мо дар эълони ҳаракат ин ҷобаҷогузорӣ ва таъсиси намояндагиҳоямон дар кишварҳои гуногӯн буд. Чанд рӯз пеш дар ҷаласаи намояндагиҳо аз такмил ва омодагияшон ба гурӯҳи тадорукот ва муассисон хабар доданд.
Феълан «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» дар ин кишварҳо арзи ҳастӣ менамоянд:
Фаронса, Олмон, Итолё, Испонё, Бритонё, Лаҳистон, Латвия, Туркия, ИМА , Конодо, Мексик, Зеландияи нав.
Дар ояндаи наздик дар кишварҳои дигаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо зиндагонӣ мекунанд намояндагиҳои ҳаракатро таъсис хоҳем кард.
Дар ҷаласаи якҷояи муассисон, гурӯҳи тадорукот ва намояндагиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин роҳбари «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» интихоб гардид.
Даъвати мо ба шумо
Мо ба таври ошкор ва аланӣ фаъолият хоҳем кард. Ҳеҷ кори пинҳонӣ ва сиррӣ нахоҳем дошт. Пуштибони мо бидуни ҳеҷ шакку тардиде шумоед, мардум! Чи дар дохил ва чи дар хориҷ.
Биёед бо ҳам муттаҳид шавем! Ин ҷанги миллат бо як режими хонаводагист ва пирӯзии миллат дар ин набард ногузир аст.
Ба ҳимояти шумо ниёз дорем. Ба дуъои шумо ниёз дорем. Итминони комил дорем, ки Худованд моро дар ин роҳи ҳақ ҳимоят ва кӯмак хоҳад кард.
«Бо қалам, бо нидо, бо ислоҳот Тоҷикистонро месозем!»
«Навис, бигӯ, бархез- ислоҳот аз ту оғоз меёбад!»
«Фасод- душмани миллат. Ислоҳот-наҷоти миллат!»
ИСЛОҲОТ ТАҒЙИРОТ ПЕШРАФТ
Зинда бод озодӣ!
Зинда бод Тоҷикистон!
Бо эҳтиром ва самимият:
Муассисон ва гурӯҳи тадорукоти «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»
06.08.2025