1 миллиард доллар ё ҳудуди 11миллиард сомонӣ. Ҳаҷми %-баҳраи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон
Дар се соли оянда «барои хизматрасонии қарзҳои беруна» давлати Тоҷикистон 1миллиард доллар, наздик ба 11миллиард сомонӣ пардохт хоҳад кард. Агар ба забони сода ва оммафаҳм бигуем процент-баҳра (%) –и қарзҳои хориҷии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бюҷети давлатӣ пардохт мешавад, ҳамин сифри бузургро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки «барои хизматрасонии қарзҳои берунӣ» ва ё ҳамон % дар соли ҷории 2022 тибқи таъйиди вазорати молия наздик ба 100 млн доллар ҷудо шудааст. Пас, ин рақами 1миллиард доллари %-и қарзи давлатӣ аз хориҷа барои се соли оянда аз куҷост ва чиро %-ҳои қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то ин ҳудуди рекордӣ афзоиш ёфтааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки чанд рӯзи пеш дар Маҷлиси Намояндагон дар бораи барномаи қарзгирии давлат суҳбат мекард гуфт барои соли 2025 ҳаҷми бозгардони баҳраи қарзи хориҷӣ наздик ба 455 миллион доллар, яъне беш аз чоруним-миллиард долларро ташкил хоҳад дод:
“Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи беруна маблағҳои зарурӣ дар ҳаҷми 991,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои соли 2023 дар ҳаҷми 253,9 миллион доллари амрикоӣ, дар соли 2024 дар ҳаҷми 284 миллион доллари амрикоӣ ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 453,7 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст”.
Ҳоло пурсиш ин аст ки як чунин тафовути бузурги баҳраи қарзҳо аз куҷост? Бубинед, ки тафовути рақам то чи сатҳ аст: соли 2022 барои бозгардони қарзҳояш давлат наздик ба 100 миллион доллар % медиҳад. Аммо баъди як сол, яъне дар соли 2023 ин рақам то 253,9 яъне 154 миллион доллар зиёд мешавад, дар соли 2024 бошад протсентҳои қарзи хориҷии Тоҷикистон 284 миллион, яъне дар қиёс бо соли 2022 ,184 миллион доллар зиёд ва дар соли 2025 бошад 453,7(!!!!),яъне 354 миллион доллар бештар %-и қарзи хориҷӣ месупорад.
Ин, ҳолат чунин маъно дорад, ки қарзҳои, то ба имрӯз гирифтаи Раҳмонов дигар ӯро ором намегузоранд ва ҳарчи бештар «ҷуқидан» мегиранд ва Раҳмонов ҳам табъан, ки тамоми вазнинии пардохти ин қарзҳоро тибқи одат ва риволи ҳамешагиаш бар души мардум меугзорад-аз пули буҷҷа. Пули буҷҷа пули зану бача ва додарарусону домодҳои бешумори расмиву ғайрирасмии вай нест. Арақи ҷабини мардум ва обилаи кафи дасти онҳост, пули муҳоҷирони ғариб аст. Аз инҷост ки на ҳаҷми маош ва на ҳаҷми нафақа онгуна ки бояд боло меравад. Ва ҳамчуноне дар паёми имсолааш ҳам эълон кард, афзоиши ҳаҷми маошу нафақа арқоме нест, ки дар ҳадди нисфи таваррум бошад.
“Вале саволи аслӣ ва асосӣ ин аст, ки чаро баҳра ё фоизҳо (протсентҳо)-қарзи хориҷӣ дар фосилаи ҳамагӣ се сол, аз соли 2022, ки наздики 100 миллион доллар, чизе бештар аз 1 миллиард сомонӣ буд, дар соли 2025 ба 453,7 муодили чор миллиарду 600 млн сомонӣ боло меравад. Наздик ба 5 баробар!! Ин дигар як воқеияти раднопазир аст, ки агар қарзҳои аз хориҷ гирифтаи Раҳмонов босамар ва фоидаовар масраф мешуд, фоизи онҳо кам мегардид, зиёд намешуд, чун он дурусту оқилона харҷ гардидааст. Аммо мо вазъияти тамоман бараксро дорем, ҳаҷми баҳраи бидеҳиҳои давлати Тоҷикистон беш аз пеш зиёд шуда истодааст. Ва, феълан аҳолии 10миллионии Тоҷикистон сари кас 320 доллар қарздор аст.”
Ба эътиқоди коршиносони огоҳ яке аз иллатҳои афзоиши қарзҳои хориҷӣ ва мутаносибан фоизҳои онҳо ин аст, ки Раҳмонов ҳадди ақал дар даҳ соли ахир бо маблағи қарзҳои хориҷӣ тавре муносибат мекунад, ки Мавродӣ (МММ) бо мардуми Русия ва Ҷамшед Сияев (муҳрабизнес) бо тоҷикҳо карданд. Раҳмонов ҷойи онки ин қарзҳоро дар ҷойи даркорӣ ва лозимӣ истифода кунад, ба хариди чизҳои масрафшаванда, на тавлидотӣ ва истеҳсолӣ харҷ карда ва барои онки онҳоро бозпас бидиҳад, боз аз муассиса ё давлати дигар қарзи нав гирифт. Ин ба ин маъност, ки ба қарзи нав талош мекунад, ки қарзи пешина ва процентҳои онро бипӯшонад. Аммо ин кор оқибат надорад. Чун як навъ найранги молиявию иқтисодӣ аст ки, мутаассифона, давлати Тоҷикистон гарантӣ, яъне замонати онро бар уҳда гирифтааст. Раҳмонов имзо кардааст, ки «қарзи шуморо дар муҳлати пешбинишуда ва фоизҳои муқарраршуда» бозмегардонам. Аммо чуноне мебинем дар буҷҷаи давлатӣ барои бозгардони фоизи қарзҳои хориҷӣ, ки барои хизматрасонии қарзҳои хориҷӣ номида мешавад маблағ солтосол бештар шуда истодааст. Барои мисол Тоҷикистон дар соли 2017 дар ҳаҷми 500 миллион доллар евробондҳо-коғазҳои гаронарзишро дар бозори Аврупо ба фурӯш гузошт ва ин маблағ барои сохти Роғун масраф мешавад. Аммо баҳра ва ё фоизи ин қарз солона наздики 7,2% аст ки бисёр ҳам гарон мебошад. Ва муҳлати бозгардони он 10 сол пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон ҳам он 500 миллион доллари қарзро медиҳад ва ҳам 350 миллион доллар фоиз ё проценти онро! Яъне барои Раҳмонов ва командаи вай муҳим гирифтани маблағҳои бузурги қарзӣ аст, ба пардохти он ки аз ҷайби онҳо нест, аслан эътино намекунанд.
Барои ин иддаои худ боз як мислои дигари мушаххас меоварем, ки ҳамарӯза шоҳиди он ҳастем. Манзурам қарзи Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Давлати Чин барои сохтмони ин роҳ 282 миллион доллар бо баҳраи солона 2% додааст ва он бояд давоми даҳ сол бозгардонида шавад. Яъне ҳар сол ин қарз се миллион доллар процент мехурад. Тамоми ин пул ва проценти он аз ҳисоби буҷҷа боз мегардад. Аммо ба баҳонаи «нигоҳдории ҳолати роҳ» ин роҳро ба манбаъи даромади худ ва домодаш табдил додани Раҳмонов ҳазорон бор гуфтаву достону ҳикояву роман шуда бошад ҳам парво надорад.
“Аз соли 2009 ба ин сӯ, дуруст аз ҳамон лаҳзаҳое, ки ин роҳ ба истифода супорида шуд, онро ба ширкати машкуки IRS супорид ва ин ширкат солона то 105 (як саду панҷ) миллион доллар даромади соф дорад. Ин ширкат аз пардохти кулли вобастагиҳои давлатӣ муоф аст: не молиёт мепардозад ва не боҷу хироҷу дигар уҳдадориҳо. Яъне қарзи Хитой ва фоизҳои онро буҷҷаи давлатӣ-мову шумо месупорем вале роҳати онро Ҷамолиддин Нуралиеви домоди Раҳмонов мебинад. Хуб, чаро агар ин роҳ пулакӣ карда шуд, онро ба ихтиёри вазорати нақлиёт надоданд, ки аз ҳисоби даромадаш қарзи Хитойро баргардонад? Ана ин аст яке аз иллатҳои афзоиши баҳраи қарзҳои хориҷӣ.”
Яке дигар аз иллатҳои асосии афзоиши баҳраи қарзҳои хориҷӣ ин аст, ки шеваи масрафи он шаффоф нест ва яқинан як қисми калони ин маблағҳо аз тарафи Раҳмонов ва афроди наздик ба Раҳмонов дуздида мешавад. Ёдатон бошад дар даҳаи аввали солҳои 2000 ҳудуди 800 миллион доллар қарзи Сандуқи байналмилалии пул, ки барои арсаи кишоварзии Тоҷикистон, соҳаи пахта гирифта шуда буд, чи шуру қиёмате барпо кард? Чунки он замон ин пулҳоро худи Эмомалӣ Раҳмонов ва Муродалӣ Алимардонов, раиси вақти Бонки миллӣ обу лой карданд. Сипас «ведимост» сохтаву бори фючеристону корхонаҳои пахтаву воҳидҳои кишоварзӣ кардаву бо ҳазоруяк найрангу дуруғ гиребони давлатро аз дасти Сандуқи байналмилалии пул раҳо карданд. Аммо, баъдан Шариф Раҳимзода гуфт, ки ҳамаи ин қарз ва фоизҳои онро Бонки миллӣ, яъне буҷҷаи давлатӣ давра ба давра пардохт кард. Вагарна бозрасон (аудитҳои ин бонк) асноди дуздӣ ва ба сирқатбурдаи ин пулҳо аз тарафи Раҳмоновро омода карда ва дар садади интишори он буданд. Танҳо пения ё ҷаримаи баҳраи ин қарз дар ҳудуди 48 миллион доллар ҷамъ шуда буд, ки онро Бонки миллӣ мурда мурда пардохт намуд. Ҳамин тавр даҳҳову садҳо лоиҳаҳои қарзӣ ва маблағҳои он аз тарафи афроди наздики Раҳмонов ва худи вай обу лой шуданд ва ҳоло акнун ин буҷҷаи кишвар аст, ки солбасол «барои хизматрасонии қарзҳои хориҷӣ» беш аз пеш бемиён мешавад, камараш хамида мешавад.
“Акнун саволи дигар ин аст ки Бюҷети давлати Тоҷикистон метавонад дар соли 2025 беш аз чоруниммилиард сомонӣ % -проценти қарзҳои аз хориҷ гирифтаи Раҳмоновро бидиҳад? Тавон ва зарфияти пардохти ин ҳаҷми маблағи бузургро хоҳад дошт?”
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, ки дар ним соли ҷорӣ барои баҳраи бидеҳиҳои давлатӣ наздикба 45 миллион доллар, яъне 450 миллион сомонӣ масраф шудааст. Агар дар сол бигирем ин рақам 90 миллион доллар, хуб бигзор 100 миллион доллар бишавад. Ва ҳаҷми буҷҷаи давлати Тоҷикистон дар соли 2022 3,3 миллиард доллар муқаррар шуда буд. 3,3 миллиард доллар баробари 33 миллиард сомонӣ. Яъне вақте ҳаҷми буҷҷаи давлатии мо дар сатҳи чизе бештар аз се миллиард доллар муқаррар шудааст «барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ» ва ё ҳамон баҳра 90 миллион доллар ҷудо шудааст.
Аммо акнун биёд бубинем, ки дар буҷҷаи давлатии соли 2025,ки «барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ» ё ҳамон фоиз 454 миллион доллар, ҳудуди 4 миллираду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ мешавад, ҳаҷми буҷҷаи мо чи қадар аст? Яъне вақте ки баҳраи қарзҳои хориҷӣ панҷ баробар афзоиш меёбад, ҳаҷми буҷҷаи давлатӣ ҳам ҳамин қадар боло меравад? Агар аз 3.3 миллиард доллари ҳаҷми буҷҷаи солонаи дар соли 2022 ,100 миллион доллар баҳраи қарзи хориҷӣ пардохта бишавад, ин 454 миллион доллари баҳраи қарзҳои хориҷӣ дар соли 2025 аз чи миқдори ҳаҷми буҷҷаи давлатӣ пардохта мешавад. Вақте баҳраи қарзи хориҷӣ панҷ баробар дар ҳамагӣ се сол боло меравад ҳаҷми буҷҷа ҳам ҳамин қадар зиёд мешавад? Яъне ҳаҷми даромади буҷҷаи давлати Тоҷикистон дар соли 2025 бояд 15 миллиард доллар бошад? Яқин аст, ки Раҳмонов тамоми ҷояшро дарронаду тикаву пора кунад ҳам ин тавр намешавад. Барои мисол маблағи буҷҷа дар соли 2023, 37 миллиард, яъне 4 миллиард сомонӣ назар ба соли 2022 зиёд нишон дода шудааст, ки ин баробар аст ба 3,6 миллиард доллар. Яъне маблағи буҷҷаи давлатӣ дар соли 2025 бо ин суръати рушд, ҳатто агар 5 миллиарди ҳам афзӯд 47 миллиард сомонӣ ва ё 4.7 миллиард доллар мешавад. Пас, дар соли 2025 баҳраи қарзҳои хориҷӣ, ки аз ҳисоби буҷҷаи давлатӣ пардохта мешавад, як сарборӣ ва як фишори ниҳоят гаронеро болои он меоварад. Ин ба он маъно аст ки мо минбаъд барои бозгардони қарзҳои хориҷӣ 10 то 12% маблағи буҷҷаи худро пардохт менамоем.
Яке аз дигар иллатҳои афзоиши баҳраи қарзҳои хориҷӣ ин ноустуворӣ, дақиқтар уфти қурби сомонӣ-асъори миллии мо дар баробари доллар аст. Мусалламан қарз бо доллар гирифта ва пардохта мешавад. Муомила, ки дар Тоҷикистон бо сомонӣ сурат мегирад ва сомонӣ дар баробари доллар беш аз пеш мавқеъ ва қурби худро аз даст медиҳад. Чун ҳеҷ пуштвонаи яқин ва қоим надорад. Барои мисол агар бо баҳраи 2% қарз бигирад мизони уфти қурб ё таваррум солона 12-12% ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб низ ин қарзҳои хориҷӣ як балои овезоне болои давлат ва мардуми тоҷик хоҳад буд. Дар мо ҳеҷ истеҳсолу тавлидоти қобили мулоҳизае нест. Алюминий ва пахта ашёи воридкунандаи валюта буданд, ки Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозодаи додарзанаш ин ду ашёи стратегиро ба хоки сиёҳ нишонданд. Дигар маҷбур мешавад, ки бо сарватҳои табиӣ ва ё муассисаҳои истеҳсолӣ, масалан ширкати «Барқи тоҷик» ,неругоҳҳо, масалан Сангтуда, Норак ва ё Роғун ва ё заводи алюминий қарзҳои худро бигардонад.
“Раҳмонов аз рӯйи шиори як рӯзу бошу хурус бош рафтор карда истодааст, дар ҳоле ки нақша дорад писарашро ба ҷойи худаш оварад. Барои писараш қарзҳои ҳангуфт ва бо % баланд вогузор карда истодааст. Ин кори Раҳмонов айни мақоли мардумии мост, ки мегуяд «обмурӣ аз боғ калон».”
То ба имрӯз Раҳмонов ва хонаводаи вай ва тиҷоратҳои онҳо иқтисоди кишварро дар ҳоли варшикастагӣ оварда аст. Ҳамчуноне ҷомеаи кишвар наметавонад озодона, осуда ва роҳат кору зиндагӣ кунад, арсаи иқтисоду корхонаҷоту тиҷорат низ ва дар ҳоли бад, дар ташвишу изтиробу нобасомонӣ қарор дорад, нафасгир аст.Тиҷоратҳо ва ширкатҳои аъзои хонаводаи Раҳмонов аз пардохти тамоми маҷбуриятҳо ва вобастагиҳои молиявӣ озоданд. Ҷойи онҳо мардуми дигар андозу боҷ месупоранд. Содироти ашёҳо ва амволи асосии давлат ва ҳамин тавр воридоти маҳсулоти умда дар дасти аъзои оилаи Раҳмонов аст.Тиҷоратҳои бузургро аз дасти давлат, ба баҳонаи хусусигардонӣ. Раҳмонов ва наздиконаш ғасб ва тасарруф карданд. Акнун,ки давраи бозгардонии қарзҳои давлатӣ фаро расида ва муҳлати аксарияти онҳо дар ҳоли тамомшавиаст, бовар кунед, пардохти ин қарзҳоро низ бори души мардум хоҳад кард. Худатон қазоват кунед, ки вақте 10 то 15 % буҷҷаи давлат барои бозгардони баҳраи қарзҳо ихтисос дода шавад, сарчашмаи пушонидани он маблағ ва ё рӯёнидани он аз куҷо хоҳад буд? Дар ҳоле, ки чуноне гуфтем ҳарҷи тиҷорату истеҳсоли калоне, ки дорем дар дасти худи Раҳмонову домоду духтару бачаҳояш асту онҳо аз тамоми анвоъи пардохтҳо озоданд. Яқинан як чунин имкониятро ҳеҷ буҷаи давлатӣ дошта наметавонад, ки то 15 % он барои бозгардони проценти қарз масраф шавад.
“Раҳмонов аз кӯрпа поро бештар дароз карда истодааст. Бар тибқи муҳосаботи муасссаҳои молиявии ҷаҳонӣ аз 35% боло рафтани ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар баробари ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ риск ва таҳдиди ҷиддӣ ба суботи иқтисодӣ хоҳад буд. Зеро зури кишвар намерасад.”
Тасаввур кунед, ки ба мошини ЗиЛ бори КаМаз ва ё Дулан гузошта шавад ва ё бори пушти уштурро ба маркаб бигзоред. Камаршикан хоҳад шуд. Нафас кашида наметавонад. Инҷо ё ҳаҷми буҷҷаи Тоҷикистон хеле зиёд асту омори воқеии он эълон карда намешавад ва ё инки Раҳмонов боз ҳам талош мекунад айни Ҷамшед Сиёев (муҳрбизнес)ва Мавродӣ(МММ) муассисаҳои молиявӣ ва давлатҳоро фиреб карда қарз болои қарз гирифтан гирад. Аммо баъид аст, ки бо Чин чунин муомила карда тавонад. Ба эҳтимоли зиёд Чин барои бозгардони қарзҳояш бо конҳои нуқраву сурмаву симоуб тилло қаноат нахоҳад кард ва арозии муайянеро дар моҳҳои наздик расман ва ё бо муомила даъво мекунад, ҳамчуноне дар дигар кишварҳо ин корро кардааст. Акнун чуноне шоҳиди ин паёми охири соли 2022 и Раҳмонов будем ва маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо нафақа “боло” бурд ин мушкили бузурги дигар болои буҷаи кишвар мешавад,ки пардохти он ҳатман ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.