Таъйину барканории 130 судя аз тарафи Раҳмонов бо як фармон ба қоидаву қонун мутобиқат дорад ё неро ҳаволаи ҳуқуқшиносон мекунем. Аммо як чунин таъйиноту барканории булаҷаб, ки барои бори аввал иттифоқ меуфтад, чи асрореро дар худ пинҳон кардааст ва чи маъно дорад?
Дар воқеъ чаро Раҳмонов фармони 130 судяро «оптом» ва бо шитобу аҷала имзо кард? Дар ҳоле, ки қисмати бештари онҳо ба ин мақом барои бори аввал мансуб мешаванд ва ба истилоҳ кадрҳои ҷавонанд. Кадри ҷавонро мешавад ба ин суръат ва бо ин шитобу саросемагӣ таъйин кард? Ҳоло агар дар ягон мансабу масъулияти дигари давлатӣ буд, дарди бахайр вале аз ин кадрҳои ҷавон ҳаёти инсонҳо, сарнавишти онҳо вобаста аст ва ин ҷавонҳо роҳат метавонанд имзои ҳабси абадро ҳам ба бегуноҳон монанд. Оё онҳо аз озмуну санҷиш гузашта бошанд, омодаи фаъолият ба ҳайси додрасро дошта бошанд?
” Барои таъйини як судя барои мисол дар Амрико байни раиси ҷумҳурӣ ва сенату кунгура чи қадар баҳсу кашокашҳои лафзӣ пеш меояд. Аммо дар мо якбора 130 кас (!!!)ва бо як фармон судя таъин мешаванд. Ин судяҳо аз ноҳияву шаҳрҳо гирифта то вилоят ва судҳои ҳарбӣ таъйин шуданд. Бале, дар Тоҷикистон ҳам низоми додгоҳӣ як шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст ва бар мабнои ислоҳоте, ки чанд соли ахир идома дорад, феълан як судя-додрас барои даҳ сол таъйин мешавад, то инки вобастаи шохаи дигари ҳокимият-ниҳоди қонунгузор Маҷлиси Олӣ, ки фармони таъйини судя аз тарафи раиси ҷумҳуриро таъйид мекунад, вобаста набошад, чунки аъзо ва намояндаи Маҷлиси Олӣ барои панҷ сол интихоб мешавад.”
Аммо воқеият ин аст ки дар мо Маҷлиси Олӣ як ниҳоди суварӣ ва намоишӣ аст ки агар Раҳмонов ҳамаи 400 судя дар Тоҷикистонро барканор ва дигарбора таъйин кунад, лому мим намегуяд ва бо калаи хам ва кафкубиҳои бардавом таъйид мекунанд.
Вале ҳамоно пурсиш инҷост ки чаро Раҳмонов фармони 130 судяро «оптом» имзо кард? Ё ба гуфтаи дигар дар ҳокимияти қазоӣ якбора130 касро таъйин кард. Кореро кард, ки собиқа надорад. Як нукта яқин аст ки Раҳмонов ин таъйинотро ба ҳеҷ ваҷҳ ба хайри мардум ва миллат намекунад ва то ба ҳол ҳам ба хайру хубии ин миллат ва мардум накардааст. Ҳар коре мекунад, аз ҷумла ҳамин таъйини коллективонаи судяҳо, ба хотири ҳифзи манофеи худ ва оилаи худаш мекунад. Раҳмонов хост ба ҳокимият ҷалб кардани насли нави «круг»-и худро аз назари мардум бипушонад, чун ба непотизм ва маҳалгироӣ муттаҳам мешавад.
Инҷо барои таъйиди ин иддаои худ чанд далел меоварем. Дар миёни таъйиноти ин судяҳо медонед киҳо мебошанд?
Чиллазода Акмалҷони Қарахон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод ва муовини раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин шуд.
Шарифзода Рудоба Ҳомиддин аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод ва муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин шуд.
Низомӣ Шерзод Аслиддинзода аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва муовини раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин гардидид.
Қарахон Чиллазода падари Акмалҷон, раиси Палати ҳисоби Тоҷикистон ва яке аз афроди наздики худи Раҳмонов аст.
Шарифзода Ҳомиддин, яъне падари Рудоба марҳум Ҳумдин Шарифов, вазири собиқи умури дохилаи ҳукумати Раҳмонов мебошад.
Аслиддин Низомов (Низомовӣ) падари Шерзод, ки мушовири собиқи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Акнун ин се судияи ҷавонро хуб шинохтед, ки кӣ будаанд ва “пешво” чӣ гӯна кадрҳоро иваз мекардааст?
Ҳоло бубинед боз писару духтарони киҳо боз судия шуданд
Вале «кадрҳои ҷавон»-и ин таъйинот, масалан Гулмаҳмадзода Мавзуна Давлатшоҳ судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Ализода Шаҳноза Зариф, судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Умарзода Масрур Мансурҷон судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
Ин се кӣ буданд медонистед ?
Духтарони наздикону ҳамшаҳриёни Раҳмонов. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия, Зариф Ализода, ёрдамчии президент ва намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ ва Мансурҷон Умарзода, муовини аввали вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон мебошанд. Раҳмонов ин нафарон-писару духтарони афроди наздики худро ба мақомоти давлатӣ мансуб карда саъй мекунад, маҳалгароӣ ва хешутаборчигии худро дар сатҳи олии давлат пинҳон бидорад. Азбаски бархе аз волидони ин афроди таъйиншуда ҳамин ҳоло ҳам дар ҳукуматаш кор мекунанд ва маззаву лаззати мансабро ба хубӣ мешиносанд, фарзандони худро ҳатмани ҳатман насиҳат мекунанд, ки ҳама буду набуди шумо Раҳмонов ва Рустам ҳастанд ва ҳар ончи онҳо мегуянд ҳатман гуш мекунед, на ба қонун ва на ба чизе дигар, ба ҷуз аз ин ду. Аз тарафи дигар онҳо дигар падару писар ё духтар дар мушти падару писар Раҳмонов ва Рустаманд, ҳамчуноне, барои мисол Убайдуллоев ва Достиев буданду то ба имрӯз ҳам ҳастанд, мадюни Раҳмонов, ки ҳам худашонро «одам» карду ҳам писаронашонро дар лаби дастархони ҳукумат ҷо додааст.
“Албатта, ин суол пеш меояд, ки магар онҳо бо инки писару духтарони наздикони Раҳмонованд ҳақ надоранд, ки таъйин ва мансуб нашаванд? Албатта, ки ҳақ доранд. Вале, онҳо ба маҳзи инки фарзандони афроди наздики Раҳмонованд ба ин мақомҳо мансуб мешаванду ва сипас зуд-зуд аз пилаҳои мансаб боло мераванд ва рутбаву унвонҳои нав мегиранд. Раҳмонов мехоҳад бо ин васила «команда»-и Рустамро аз ҳисоби ҷавонҳои наздикону ҳаммаҳалҳои озмудаву содиқи худ ташкил кунад. Ва чуноне ҳам гуфтем онҳо низ амсоли падарони худ гушҳоро қат карда фармон бибаранд.”
Бубинед, ки бар фарзи мисол судя маоши калон надорад. Вале аз чаҳорсад судя дар Тоҷикистон шояд ба адади ангуштони як даст судяҳо бошанд, ки мошини гаронарзиши хориҷӣ надошта бошанд. Барои мисол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон як парки алоҳидаи мошинҳои хориҷӣ дорад, ки ҳамарӯза барои шустушуи онҳо то 1000 сомонӣ масраф мекардааст ва низ ин раиси маъракаҳои бузкашӣ дар саисхонаи худ даҳҳо зоти аспҳои арабиву англисиву аҳалтегинӣ дорад, ки арзиши онҳо аз миллионҳо доллар ҳам боло аст. Ин ҳама сарвату давлат бо як маоши қоқи судягӣ ба даст намеояд, ба ҷуз аз инки ришвату фасод дар низоми додгоҳӣ аз солҳост, ки реша давонидааст. Тибқи маълумотҳои расида Нусратулло Абдуллоев, раиси собиқи Суди Олии Тоҷикистон аз наздик ба 24 миллион доллари худ, ки дар «Тоҷиксодиротбонк» пасандоз гузошта буд, маҳрум шудааст, чун дигар «Тоҷиксодиротбонк»-е вуҷуд надорад.
Дар ҳар сурат порахорӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон як амри маъмулӣ аст. Чун ҳеҷ яке аз судя бидуни пардохти на камтар аз 5.000 доллар судя таъин намешавад. Он ҳам дар ҷоҳои на он қадар равғанӣ, агар ҷоҳои равғанӣ ва сердаромад хоҳед пас ставка болотар аст.
Бовар кунед, ягон нафари онҳо бидуни пардохти ришва ба ин мақом мансуб намешаванд. Асадулло Раҳмон, ёрдамчии кадрҳои Раҳмонов, ҳамон Сумбулоғо ва Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон ҳаққи ҳар яке аз ин судяҳоро гирифта ва болои боло ба худи Раҳмонов мерасонанд. Ба ин шак надошта бошед. Агар худи Раҳмонов ва ё Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ё Рустам, ки нияти раиси ҷумҳурӣ шудан дорад ба пораву ришват «қуш» набошанд, дар кишвар фасоду ришват ба ин ҳад ошкоро ва руирост намешавад. Ва, ҳоло, ки гуё Раҳмонов мегуяд: « судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд» ва «дасту дили пок дошта бошанд» як чашмбандӣ, як назарфиребие ва як хокпошие беш нест. Ҳеҷ яке аз ин судяҳо бидуни пардохти доллар ба ин мақомҳо мансуб намешаванд. Бавижа, баъд аз сари кор омадани Шермуҳаммади Шоҳиён ба раёсати Суди Олӣ ҳеҷ меъёру арзише боқӣ намонд, балки баракс бар ивази маблағ онҳое, ки бо гирифтани ришват ва бо фармони раиси ҷумҳурӣ барои «паст задани шаъни судя ва рехтани обруи касбӣ» аз мақом барканор шуда буданд, боз бо фармони дигари Раҳмонов баъди андак фосилае ба кор дар зинаҳои дигари додгоҳ таъйин шуданд.
Судияҳои бо ришва иттиҳом шуда боз таъин шуданд?
Барои мисол нафаре бо номи Абдуллозода Орзу Зинатулло, муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъин шуд. Ин судя дар соли 2016 вақте ки дар ноҳияи Ёвон ба ҳайси муовини раис суд кор мекард бо ришват ба даст уфтода буд, аммо ҳоло дар ин феҳристи ба таври оҷил таҳия ва таъйиншуда исми ӯ ҳам омадааст. Ё барқасдона чунин судияи ришвахорро таъин намуданд,ки ба Бадахшониҳо ҳукмҳои бештар диҳад? Ё ин,ки ин вазифаро ба ӯ пас аз шантаж додаанд,ки дар хидмат бошаду ҳар ҳукме аз боло мехоҳанд бе таваққуй содир кунад? .
Дар ҳамин соли 2016 Искандар Саидзода, судяи додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо гуноҳи гирифтани 111 ҳазор доллар ришва ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ва ё дар ҳамон сол Муҳаббат Сафарализода “бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз мақом озод гардида буд. Муҳаббат Сафарализода, судяи ноҳияи Турсунзода, ҳамон судяе мебошад, ки бозори мутааллиқ ба хонуми Муҳиддин Кабириро ғайриқонунӣ ҳукм содир карда ва аз ӯ пас гирифта буд.
Албатта, таъйиноти дигарбораи судяҳое, ки бо иттиҳоми «қаллобӣ» мавзуи бисёр ҷолиб аст, ки бояд таҳқиқ бишавад, чун на танҳо Орзу Абдуллозода аст ки дигарбора судя шудааст.
«Фалонҷоӣ» будан имрӯз яке аз авлавият ва имтиёз барои гирифтани мансаб, бахусус дар мақомоти милиса, амният, прокуратура ва суд аст. Барои ҳамин аст ки имруз дар ин мақомот умдатан, шояд беш аз нисф «фалонҷоӣ»-ҳо бошанд.
Мо намедонем, ки Эмомалӣ Эмомализода кист? Вале як писар ва як духтари ҳамин нафар ҳоло бо ин фармони охири Раҳмонов судя таъин мешаванд. Аз тарафи дигар ин «фалонҷоӣ»-ҳо, ки дар тамоми навоҳиву шаҳрҳои кишвар «кору фаъолият» мекунанд ва сиёсати «Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат»-ро пеш мебаранд, чуноне як ишора ҳам кардем, ба тақдири мардуму шаҳру ноҳия сари муе парво надоранд, дар ҳақиқат задагианд. Онҳо инҷоҳо пулкоркунӣ омадаанд ва ҳатмани ҳатман таҳкиму тақвияти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар абзатси аввали рӯзномаи кори онҳо қарор дорад. Ҳамин «фалонҷоӣ»-иҳо тамоми зиндагии худро мадюни Раҳмонов медонанд ва ин воқеияти ҳол ҳам ҳаст. Ва, мову шумо на як бору ду бор шоҳид будем, ки Раҳмонов ҳар гоҳе хост онҳоро таънаву маломат кард, ки гузаштаи худро «фромӯш» накунанд: «панҷ сол пеш, кӣ будед, ҳоло кӣ шудед, як ба оина нигоҳ кунед.»
Бар се қасами ҳонисӣ метавонам қасам бихурам, ки тамоми «дело»-ҳо, ки ба суд ворид мешаванд, нарх дорад. Парвандаи наркотик, ҷангҷоли замин, ҷудошавии аъзои оила, автоавария, нигаҳдории силоҳ, салафиву террористу экстремист, хулоса ҳамаи парвандаҳо дар додгоҳ нархи махсӯси худро доранд. Парванда аз прокуратура меояд ба дасти раиси суд. Раиси суд парвандаро мебинад ва аллакай медонад, ки нархи он чанд аст. Ба судяҳои любимчик ва ё мавриди эътимоду боварӣ парвандаҳои руғаниро медиҳад. Судяҳо ҳатман «меруёнанд». Чунки қонунгузор лазейкаҳои зиёдеро дар қонунҳо ҷо додааст ва судя ҳам ба соҳиби парванда ва адвокати он нарх ва муҳлати ҳукмро мегуяд: “фалон қадар овардӣ минимально медиҳем”.
Судя аз муҷрим мегирад, раиси суд аз судя ва раиси Суди Олӣ аз судя (албатта ё ба воситаи муовини аввал ва ё котиб) ва ҳамин тавр боз ба болои боло.
Ҳамин Эмомализода Умеда Эмомалӣ, ки аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуд, низ ҳатмани ҳатман барои ин «пост» ришват дод. Ва, ҳамаи ин 130 нафари таъйиншуда на камтар аз панҷ ва то 40-50.000 доллар пора доданду ба ин вазифаҳо соҳиб шуданд. Масалан муовини раиси суди вилоят ва ё раиси суди ноҳия ба панҷу даҳу бисту сӣ ақалан наздик рафтан наметавонанд. Ин вазифаҳо хело гаронарзиш ва тез суд диҳандаанд. Дар чанд моҳ пули додаашонро боз пас мегиранд ва дигар ба ҷайби худашон кор мекунанд. Ин фабрика ва системаи коррупсионии дуруст кардаи “пешво” аст.
Аммо, агарчи судя метавонад тамоми тафтишотро чаппаву роста карда аз нав ба тафтишот бифристад, чун ин ҳуқуқро дорад, вале то кунун ягон бор мушоҳида нашудааст, ки судҳо маводди тафтишотро пас гардонида бошанд. Беш аз ин ҳарчизе, ки тафтишот муқаррар ва гуноҳ эълон кард, судяҳо дар Тоҷикистон ҳамонро ҷумла ба ҷумла рубардор мекунанд ва аз рӯи он ҳукм содир мекунанд. Аз инҷост ки суд дар Тоҷикистон ҳануз ба мақоми худ даст наёфтааст.
Бидуни шак ҳамаи ин нафарони таъйиншуда ба ҳайси судя, муовин ва ё раиси суд таъйид мешаванд ва касе на Маҷлис бо онҳо суолу ҷавоб намекунад, чун онҳо кадрҳои Раҳмонованд. То кунун ҳеҷ судяеро Маҷлис мустақилона радди салоҳият накардааст ва дар оянда ҳам, то он рӯзе Раҳмонов сари қудрат аст ёрои ин корро карданро ҳам надоранд.
Ҳеҷ судяе ҷуръат надорад, ки кори тафтишотро тағйир диҳад. Ҳамон матни тафтишотро копӣ мекунад ва пушти дарҳои баста ҳукмро мехонад. Вақте суд пушти дарҳои баста барои як журналист ва блогер ҳукм мехонад, ин чи суду чи судя аст? Яъне суду судя ҳам як Раҳмонови дигар аст ки фақат дуруғ мегуяду ва ё “ПАПКА”е, ки дар пушташ бо ҳарфҳои сурх “КҶО” (Контроли Ҷаноби Олӣ) навишта шудааст мурданӣ амал мекунанд.
“Дар тули ин ҳама солҳое,ки додрасҳо боздшт мешаванд ба ҷурми пора гирифтан ва онро унвон гузоштаанд “ба кирдоре даст задааст, ки шаъну эътибори судияро паст мезанад” Дақиқан имсол дар 29 уми июн Рустам Саидаҳмадзода Судияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар Душанбе боздошт карданд. Ҷурми ин додрас ё Судия сафед кардани як бегуноҳ будааст. Ҳатто боз шарм нокарда ба ӯ унвони “Ҳукми сафед бароварду зери фишор монд” додаанд. Акнун худатон ба “озодии додгоҳҳо ва мустақиллии” онҳо хулосаи худро бароред.”