Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои хурдии Эмомалӣ Раҳмонов дар ин авохир дучори нафрату хусумати СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода, ду вазири пурқудрату бонуфузи ҳукумати Раҳмонов ва ҳамчунин мавриди итобу хашми шадиди Зоири ҷайра-Маҳмадзоир Соҳибов-домоди калони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Зоире, ки як замоне Юсуф Раҳмон аз даступобӯсон ва аз қаринтаринҳои вай ба ҳисоб мерафт ва чуноне ҳолдонҳо мегуянд, чун саги вафодор дар хидмати Зоир камар баста буд, айни замон Прокурори генералиро чени хук бад мебинад.
Ихтилофу душмании миёни Юсуф Раҳмон ва СС.Ятимову Рамазон Раҳимзода қаблан ҳам боиси гапу калочаҳо шуда буданд вале баъд аз онки Юсуф Раҳмон бо Эмомалӣ Раҳмонов қудову анда шуд ва аз онки ҷаноби Прокурори генералӣ акнун ҳар қадами онҳоро таҳти контрол гирифтаву ба хеле аз манобеъи молии онҳо «пломб» задааст, боз ҳам пуршиддат шудааст.
Вале зиддияти миёни Зоир ва Юсуф Раҳмон ончунон амиқу тезутунд шудааст, ки Зоир дигар барои маҳор кардани таъсири Прокурор ва аз зери фишори ӯ раҳо шудан нақшаҳову барномаҳо кашида истодааст.
Бинобар маълумотҳое, ки ба дасти мо расида, кадоме аз «умнийҳо» ба Зоир машварат додааст, ки бо Президент маслиҳат бикунад ва дар пайравӣ ба Русия «Следственный комитет» таъсис диҳанд. Ин ниҳод дар заминаи Прокуратураи генералӣ ташкил карда мешавад ва хеле аз функсия ва салоҳиятҳои Прокуратураро дар ихтиёри худ мегирад. Ин кумита дар Русия аз чанд сол ба ин су фаъол аст ва як ниҳоди бузург ва бо имконоти бисёр ҳам фароху густарда амал мекунад. Ин пешниҳод барои Зоир бисёр ҳам хуш омадааст. Акнун вай бояд дар танҳоӣ ба Президент ончунон бифаҳмонад, ки ҳам ӯ розӣ бишавад ва ҳам Юсуф Раҳмон огоҳ нашавад. Вале, чуноне хабарҳо мерасанд, Прокурори генералӣ ҳам дигар дорад дасту бозу нишон медиҳад. Ва, гуфта мешавад, дар байни телехҳои Президент ҳам нафареро пайдо кардааст, ки ҳама афродеро, ки пеши ӯ медароянду мебароянд ва ҳар гуна ҳаракатҳои таваҷҷуҳангезро ба вай хабар бидиҳад. Хуллас, Юсуф Раҳмон дар байни охранаи Президент агенти худро аҷир кардааст.
Зоир ҳоло мехоҳад, ки масъалаи президентшавии Юсуф Раҳмонро ҳарчи бештар доман занад ва Президентро бовар кунонад, ки ин гап асос дорад.
Зоир нақша кашидааст, ки вақте Прокурори Генералӣ ба Аврупо сафар мекунад, пеши Президент дарояду масъалаи таъсиси «Следственный комитет»-ро матраҳ кунад.
Ва аз ҳамин ҳоло Зоир бо Рамазон Раҳимзода ва СС..Ятимов масъалаи таъсиси «Следственный комитет»-ро дар миён гузоштааст ва аз онҳо ҳам хоҳиш кардааст, ки вақте президент онҳоро дар бораи пешниҳоди ӯ мепурсад, ӯро дастгирӣ кунанд ва ба Президент фаҳмонанд, ки ин ниҳод бисёр ҳам зарур аст. Маълум аст ки ин ду нафар Худо гуфта шишта буданд, ки илоҷе карда, роҳе ёфта, фишор, дахолат ва таъсири Юсуф Раҳмонро, ки болои онҳо бештар шуда истодааст, кам кунанд. Ҳатман Президент савол медиҳад, ки Прокуратураи Генералӣ ҳаст, ҳоҷат нест ба таъсиси ин ниҳод. Вале Зоир хуб тайёрӣ дида истодааст, Русияро мисол ва намуна оварда истодааст, ки «Следственний комитет» боиси кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ шудааст. Барои Зоир таъсиси ин ниҳод бисёр хуб аст. Тамоми делоҳои даркориашро ба воситаи ин ниҳод, яъне «Следственный комитет» кашида гирифта обу лой мекунад. Хусусан ҷиноятҳои хариду фурӯши наркотикро. Зоир вақте дид Юсуф Раҳмон дигар ончуноне пеш буд нест, дар садади амалӣ шудани ин кор сахт кушиш дорад.
Барои ҳамин, ба эҳтимоли зиёд, мо шояд то анҷоми соли ҷорӣ аз таъсиси ин кумитаи нав огоҳ мешавем. Албатта, ба ягон ваҷҳу вақт ин кумита кореро ба манфиати халқ намекунад, балки боз ҳам хидматгору бардаи Зоир ва авлоди Раҳмонов хоҳад шуд.
Ташкили ин ниҳодро қаблан чанд бор Русия ба Точикистон тавсия кардааст, аммо луқма аз дасти Прокуратураи Генералӣ меравад гуфта сарфи назар карда буданд.
Манобеъи мо мегуянд, ки баъди интишори барномаи «Наркокартел» 1 ва 2 тамоми он нафароне, ки бо ҷурми наркотик шиштаанд, аз тарафи Прокуратураи Генералӣ ба таври пушидаву махфӣ пурсида шуда истодаанд, ки кадоме аз онҳо ба Зоир тааллуқ дорад. Албатта, ин хабарҳо ҳатман, ки ба гӯши Зоир рафта мерасад. Ба замми онки Зоир яқин кард дар ҳарду навбати дастгиршавии ба миллионҳо доллар ҳероинаш дар Қирғизистон ва Узбакистон дар соли гузашта Юсуф Раҳмон даст дорад, бо вай сахт чап шуда буд. Ва, акнун, ки Юсуф Раҳмон дар зиндонҳо бар зидди Зоир компромат ҷамъ карда истодааст, Зоирро сахт душмани Юсуф Раҳмон кардааст.
Юсуф Раҳмон тавассути Прокуратураи нақлиёт фаъолияти ширкатҳои Зоир-ҶСК « ЗУМРАД», «ҶСК РУҲАФЗО- 2015» ва ҶДММ «ДАРЁ- 2015», татҳти тфатиш гирифта ва баъзе аз маълумотҳоро ба Президент расонид, масалан инки дар осоишгоҳи Зумрад Зоир амбори героин ташкил кардааст, Раҳмонов ба Зоир машкук шудааст. Аз дигар тараф бо ин гуна маълумотро расонидан Прокурори генералӣ СС.Ятимов ва Р.Раҳимзодаро ҳам «подставит» кард, ки ин ҳама вазъу ҳолро медонистанд ба президент хабар надоданд, балки пушониданд, пинҳон карданд. Юсуф Раҳмон, ки табиати Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳарисии ӯро ба пул медонад, ҳаҷми ин «борҳо»-ро чанд баробар гуфта ва низ хабар додааст, ки бо Зоир СС.Ятимов ва Р.Раҳимзода «қуш»-анд.
Прокурори Генералӣ, чун пештар бо президент хеш набуд, бо Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов дар баъзе шуримуриҳо иштирок мекард. Акнун, ки хеш шудааст, аз вай дар ҳаросанд, ки мабодо ба президент онҳоро нафурӯшад. Аммо Юсуф Раҳмон ҳамчун козер камбуд ва ҷиноятҳои медонистагиаш дар бораи инҳоро дар якҷо «баҷо» карда истодааст. Азбаски нақшаи Президент шуданаш нимколафош шуд, камтар забонаш кутоҳ шудааст вале маълум аст ки ин ҳам то замоне мебошад.
Инро ҳам бояд гуфт, ки қаблан дилхоҳ кори ҷиноӣ ва парвандаҳоро МВД ва КГБ бо Прокуратураи Генералӣ якҷо обу лой мекарданд. Аммо феълан авзоъ тағйир хурдааст. Прокурори Генералӣ фармон додааст, ки фарқ надорад Ятимов аст, муовинонаш ё коргараш аст, Раҳим Рамазон аст, муовинҳояш любой любойтааш бошад қапида маҳкам кунед, ман ҷавобашонро медиҳам. Чандин бор Рамазон Раҳимзода, вазири МВД ба Зоир шикоят кардааст, ки Юсуф Раҳмон дигар шудааст, номардӣ дорад. Зоир гуфтааст,ки «и, к..зан х..т кард, бади қуда шиданш. Ҳиҷ гап не, нашид шербачаҳора мегуям оста убратыш мекнан».
Албатта, ин маълум аст ки дар он сохтори нав, яъне «Следственний комитет» Зоир одами наздики худашро оварда мемонад, ки то ки тавонад бо Юсуф Раҳмон сарбасар шавад ва мухолифат кунад.
Вале, ҳамчуноне маълум мешавад, Юсуф Раҳмон на фақат бо Зоир ҳамчунин бо ширкат ва фирмаҳое, ки бо номи дигарҳо вале дар асл аз они Рустам ҳастанд, низ сар халонида истодааст. Ширкати «Авестогрупп»,ки ба тибқи аснод ба бародарон Мирзоевҳо вале амалан моли Рустам аст дар ин авохир аз тарафи Юсуф Раҳмон ва кормандони прокуратура на як бору ду бор мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Феълан нафсашон «бешенний» шудагӣ аст. Нафси оила ва масъулони сохторҳои қудратӣ. Инаш дар интереси онаш, онаш дар интереси инаш нул зада истодааст. Ҳар кадомаш ба худаш кругу банда дорад. Рустам, Исмоил, Ҳасани Ориёнбонк, Озода, Прокурори генераливу дигару дигар. Аммо ҳоло Юсуф Раҳмон боз бозии худашро пеш бурда истодааст. Онҳоро байни ҳам ҷанг андохта истодааст. Мақсад ҳамон мақсад. Бачааш ба Ҷаноб наздиктар бишаваду худаш инҳоро яксара қир карда вазифаро гирад.
Як чизро бояд тамоми халқи Тоҷикистон бифаҳмад: инҳо як сари му аз Худо наметарсанд. Тамоман ба Худо бовар надоранд. Фиръавну Намруду қавми Лут дар пеши инҳо чизе нестанд. Яке аз «масъала»-ҳо, ки айни замон рақами 1 байни оила шудааст, ин бизнеси наркотикро аз худ кардан аст. Барои комилан ва ба пуррагӣ зери контрол гирифтани ин тиҷорати миллиардӣ Юсуф Раҳмон сахт талош карда истодааст.
Ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки «очаша б…м, кай рӯзе мерасида боша, ки Зоира биёран да кабинет худум допрос кунаму занша дар пешуш бу..ом»
Юсуф Раҳмон дар ин авохир чанд бор ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия сафар кард. Гуё барои ҳамоҳангӣ барои гирифтани ҷойи СС.Ятимов,раиси КДАМ. Аммо ба назар мерасад сару садоҳо дар бораи онки болои боло биравад фақат гапи хушку холӣ нест.
Аз қафои Зоир «я чи кофтестай». Юсуф Раҳмон гуфтаст, ки агар Президент пурсад, ки чаро ҳозир нисбати Зоир ҷиноятҳоро ошкор карда истодаӣ, мегуям,ки Ҷаноби Олӣ чандин сол шуд мегуям Зоирро, ки даст каш аз ҷиноят, дар ҷавоб таҳдидҳо мекард. Акнун, ки бо Шумо қудо шудам, намегузорам, ки ягон нафар номи Шуморо доғдор кунад. Аммо мақсад калтаи Зоирро нест кардану бизнеси наркотикро ба даст гирифтан аст.
Пештар мақому маъмуриятҳо дар системаи тюрмаҳову СИЗО-ҳоро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъин мекард
Ҳоло бошад сардори СИЗО, зиндонҳоро Прокурори генералӣ таъин мекунад, ё ҳеҷ набошад бояд розигӣ бидиҳад. Ҳоло як шогирди Юсуф Раҳмон дар СИЗО-и1 сардор аст. Тамоми ҷинояткорони номӣ ва асосиро ба ин СИЗО меоранду баъди суд ба зиндонҳо равон мекунанд. Ҳар ҷинояте, ки дар он заррае ягон наздики Президент «қуш» бошад, Юсуф Раҳмон зуд дар назорати махфии худ ӯро мегирад.
Ёдатон бошад мо қаблан дар бораи Эмомхуяк –яке аз наркобаронҳои Тоҷикистон навишта будем. Вақте ки Эмомхуяк Зоирро кидат карду бачааш Обид шогирди Зоирро аз пушти наркотик кушт, Хуякро маҳз Прокуратураи Генералӣ кумак кард. Делоро Прокуратураи шаҳри Душанбе гирифту Хуякро гуфтанд, ки агар Зоир нуқ гуфт баёнотои бачаат дар бораи бори Зоир буданро ошкор мекунем.
Зоирро Прокурори Генералӣ ҳатто пештар аз онки ба Раҳмонов қудо шавад шум медид. Вақте ин ҷанҷол байни Зоиру Эмомхуяк рух доду Зоирро «кидат» карданду шогирдашро куштанд, Юсуф Раҳмон аз ҷояш хесту гуфт «ана акнун мег…мыт мындық».
Одаме, ки бори Зоирро бо фармони Эмом Хуяку Искандари додари Хуяк дар Русия кидат кард, дар Русия қарор дошт ва мешуд, ки боздошташ кунад, дастгир бишавад, лекин ҳамон шабу рӯзҳо Юсуф Раҳмон фармон дод, ки запрос надиҳед. Баъди интишори барномаҳо таҳти номи «Наркокартел» оиди даст доштани авлод дар бизнеси наркотик, Зоир ва дигарҳояшон дар сухта задаанд. Орому қарор надоранд. Аммо, ҳоло, баъд аз онки шумо парда аз рӯи нақшаи президентшавии Юсуф Раҳмон бардоштед ва низ Зоирро фурухтанашро ҳам ошкор кардед Юсуф Раҳмон мехоҳад то чанд вақт бо Зоир часпонад.
Юсуф Раҳмон чанде пеш Туркия рафт, аммо натавонист касеро биоварад. Далелҳои муваҷҷаҳ пешниҳод карда натавонист. Хост аз тариқи ҳамтои туркияш барои овардани шумо, Муҳаммадиқболи Садриддин кор кунад. Вале натавонист. Нақша кашида буданд, ки бо дастони ягон аъзои ҲНИТ дар зиндоне кадом бетартибӣ анҷом диҳанд ва онро бори дӯши роҳбарияти дар хориҷаи ҲНИТ кунанд. Кор ҳатто бояд ба куштор мепечид ва ин кушторро бори гардани Кабирӣ ё шумо мекарданд, чун нақшаи овардани шумо аз Фаронсаро доранд. Ҳамин чанд рӯз пеш боз ба сари Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик рафтанд, албатта, бо фармони Прокурори Генералӣ, ки биё нишондод деҳ оид ба оне, ки замоне, ту адвокати ҳизб шудиву бо онхо дар алоқа будӣ, зиёд маълумоти дақиқ оиди террорист будани онҳоро муайян кардӣ.
Яъне Бузургмеҳр Ёров бояд нишондодҳои дурӯғи омода намудаи инҳоро тасдиқ кунаду шоҳид гузарад. Дар иваз «срок»-и ӯро кам карда баъди соле режи зиндони ӯро тағйир дода колонияи поселения –низоми сукунатӣ бароварда озод мекардаанд.
Прокурори Генералӣ ин корро барои он карданист, ки ҷомеае, ки аз хориҷ барои озодии ӯ этирозҳо мекарданд, фаҳманд, ки Бузургмеҳр бозичаи дасти Наҳзатиҳо гашта буду метарсид аз Кабирӣ. Гуё Кабирӣ ба Ёров гуфта бошад, ки нишондодҳоеро дар вақти адвокатиат аз аъзоёни ҳизб гирифта будӣ ифшо накун, ки тарафдорони мо зиёданд, аввал хона будагиҳоятро «изнасиловат» мекунанд, бад мекушанд. Спектакли навбатӣ. Баъд нишондодҳои Бузургмеҳрро гирифта дар дархости наве, ки бояд ба Фаронса баранд замм мекунанду нишон медиҳанд, ки ана собиқ адвокаташон рӯ ба ростӣ оварда ҳақиқати инҳоро гуфта истодааст.
Чунки он далелу бурҳону асосҳое, ки Юсуф Раҳмон мехоҳад пешниҳод кунад, кофӣ нестанд, барои ҳамин боз ин нақшаро кашида ситодаанд. Вале Бузургмеҳр Ёров ба гардан нагирифтааст. Барои ҳамин ӯро бо туҳмат боз барои чаҳорум бор суд карда истодаанд. Инҳо мехостанд, ки баъди иҷрои нақшаи тайёркардаашон дар зиндон бо иштироки ягон Наҳзатӣ зуд парвоз карда мерафтанд ва мегуфтанд, ки инҳо дар давлатҳои Аврупо истода дар Тоҷикистон қатлу куштор анҷом дода истодаанд. Ҳоло акнун зӯр зада истодааст, ки бо фаронсавиҳо ва мақомоти адлияи ин кишвар кори натавонистаашро иҷро кунад. Ҳамчуноне медонем Юсуф Раҳмон дар соли 2017 ваъда дода буд, ки Муҳиддин Кабириро аз Аврупо оварда ба Раҳмонов «подарка» мекунад. Вале ба ин ваъдаи додааш амал карда натавонист. Ҳоло акнун ваъда додааст, ки ман-Муҳаммадиқболи Садриддинро хоҳам овард.
Як ҳодисаи дигарро нақл мекунам,ки боиси забондарозии Юсуф Раҳмон дар нисбати наздикону одамони Эмомалӣ Раҳмонов шудааст. Вақте Хуҷа- командирро оварданду бо ӯ кор карданд, Хуҷа номҳои зиёдро гирифт. Ана ин Юсуф Раҳмонро Худо дод. Якто -якто фарёд карда сумҳои калону молу мулки зиёд гирифта «рыба» карданд байни худ. Хуҷа номҳои Музаффар Ашуриён, Нусрати бетурсук,Тоҷиддин Пиров, Ҳасани Ориёнбонк, Зоир, Таҳминаи Раҳмон, Нури Фақир, худи вазири МВД-и ҳозира, Гул Шералӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Авази кур, Аҳмади Колбаса, Муроди телех, Умар Алиматов ва боз чанд тани дигарро гуфта буд. Хулоса, ин нафарон баъзе ба Хуҷа кумакҳои моливу пулӣ ва баъзе кушиши ҳали проблемаҳояшро мекарданд. Музаффар Ашуриён, калтаи шустрияк, замоне фаҳмид, ки бояд Хуҷаро қапанду биёранд, дарав тамоми имкониятҳояшро истифода бурда бо Зоир қудо шуду ҷонашро харид. Вагарна «благодаря» Хуҷа дар вақтҳои ҷангу баъди ҷанг ин калтаи Ашуриён обод монд. Бисёр чизҳоро медонад Калтача. Бачаҳояш ҳам Парвизу Азиз мегуянд то ҳозира, ки амакии Хуҷаамон сахт отама дастгирӣ мекард.
Вале ин ҳама нишондоҳои Хуҷа алайҳи ин нафарон феълан дар дасти мақомоти тафтишот, Прокуратураи генералии Тоҷикистон аст.
Як ҳикояти воқеӣ аз аъмоли ҷиноии Юсуф Раҳмон.Файз Назриев, мулаққаб ба Файзи геран, писартағои зани Юсуф Раҳмон аст. Барои он кличкаи геранро гирифтааст, ки вай чанд сол роҳбарии як воҳиди кишоварзӣ дар ноҳияи Қумасангирро бар уҳдадошт, ки заводи геран дар ҳамон хоҷагӣ ҷойгир шуда буд. Ин Файз ҳамин заводро талаву тороҷ карда тамоми техника, ферма, заминҳо ва тамоми анҷому афзори хоҷагидории ин заводро канду нобуд карду фурӯхт. Вале суҳбати мо дар бораи он аст, ки ин Файзи геран, аз Назрулло ном яке аз роҳбарони як корхонаи тиллошуии Шугнов,ки соли 2016 барои кадом ҷурме ва ё бо туҳмат дастгир мешавад, 100.000 доллар мегирад, ки тавассути Юсуф Раҳмон халосаш мекунад. Аммо ин Файзи геран аз ин 100.000,ки бо Ҷамшед Сангов, нафари наздиктарини Юсуф Раҳмон аст, мегиранд. Чи миқдор аз ҳаҷми бузурги пул ба Юсуф Раҳмон дода шудааст, номаълум аст. Аммо Нарзулло танҳо дар соли 2019, баъди 2 солу 7моҳи шиштан дар зиндон озод мешавад. Ва, он ҳам баъд аз онки тамоми чизу чора ва молу амволашро мегиранд ва ҳатто охирин ҷойи даромадаш, 5 гектар боғ дар шаҳри Душанберо ҳам мегиранд ва сипас раҳо мешавад. Хулоса гап ин аст ки Юсуф Раҳмон,дар ришвату фасоду пора аз хешованди наздикаш ҳам истифода мекунад ва ин нақли мо, як намуна, мушт намунаи хирвор буд.
Аммо, чуноне мебинед, бо вуҷуди онки ин қадар пул ва ин ҳама дороиҳои Нарзуллои кони Шугновро мегиранд, фанду фиребаш дода мешинонад ва баъди се сол раҳо мешавад.
Юсуф Раҳмон, дар Муминобод ба номи занаш меҳмонхона дорад. Як ҳавзи калоне, ки дар Муминобод буд, даврашро маҳкам карда, дачаҳо сохтагӣ аст ва ҳар касе ҳам ба ин тараф тоб хурад, бидуни иҷозати одамони Юсуф Раҳмон ворид шуа наметавонад. Аммо ҷойи фаҳшу зинокории Юсуф Раҳмон деҳае аст бо номи Ғулбоғ дар тарафи Лучоб. Онҷо бо номи дачаҳои МВД маъруф аст. Инҷо мутааллиқ ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб аст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе духтарҳоро оварда дар онҷо айшу ишрат мекунад. Қариб дар масофаи як километр барои истироҳати худаш линияи алоҳидаи неруи барқ оварда ва касраеро, ки дар онҷо дачааш воқеъ аст асфалтпуш кардааст.
Дар меҳмонхонае, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,дар болотари қурутоби Олим сохтагӣ аст, фақат кайфу сафо мекунад. Суми свет, налог ва умуман ягон чи намесупорад. Дар бари меҳмонхонааш боз як ресторани калони монанди масҷид сохтааст.
Юсуф Рахмон дар рӯзҳои шанбе, ки тибқи қонун рӯзи қабули шаҳрвандон аст, умуман нест ва боре ҳам нафареро қабул накардааст. Агар қабул кунад ҳам, ягон сумғафсро қабул мекунад. Юсуф Раҳмон нисбати як бар- бар кормандони МВД ва КГБ маводҳои мошный ҷамъ карда мондааст. Маводҳо нисбати Шоҳрух, нисбати бачаи Раҳим Рамазон, нисбати Бызмаков-Аламшозода, нисбати Шодии УБОП-домоди Рамазон Раҳимзода,нисбати худи Рамазон Раҳим, ки чи тавр як духтари собиқ ҳофизаи ансамбли «Сипар»-и МВД, ки аз Данғара буд, номаш Сураё Мирзоеваро ба зани гирифт ва нисбати тамоми ҷиноятҳои Рамазон Раҳим нисбати сардорони раёсатҳои Ятимов, нисбати духтари Ятимов, нисбати худи Ятимов, нисбати Зоир, Рустам, Исмоил, Озода, Ҳасани Ориёнбонк, нисбати Умеди Раҳмон маводҳои калонро ҷамъоварӣ кардаасту карда истодааст. Прокуратураи Генералиро ба казино мубаддал кардааст.
Дар ҳар сурат ҳоло вазифаи ҷониву ҳаётии Юсуф Раҳмон дар вақтҳои наздик ин дастгир кардан ва истирдоди ман аз Фаронса ба Душанбе аст. Агар ба ин кор муваффақ шуд,ки иншоаллоҳ намешавад, тамоми ҳарифонашро чапа мекунад, вале агар натавонист, Зоир ва СС.Ятимов ва Р.Раҳимзода ба эҳтимоли зиёд «убрат»-аш мекунанд. Аммо, яқинан Зоир дигар думби ӯро сар намедиҳад. Бубинем, ки чи хоҳад шуд ва чуноне мегуянд: кӣ киро? Зоир Прокурори генералиро ё Прокурори генерали Зоирро!
Таҳқиқоти “Ислоҳ” идома дорад, ҳатман дар матолиби баъдӣ мепардозем ба паҳлуҳои дигари амалкардҳои ин “генпрокурорқудо”и дорои амбицияҳои аҷибу ғариб…