Кӣ рақиби Рустам хоҳад шуд?

Ислоҳ нет

дар пасманзари интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия

    Барои пирӯзии неруҳои оппозитсионии Туркия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳамагӣ 3% камӣ кард. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нафаре, ки бист сол аст зимоми қудрат дар Туркияро қабза кардааст, бисёр ҳам ба сахтӣ комёб шуд. На танҳо ҳамин фосилаи андаки орои касбкардаи номзадҳои интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Туркия танҳо кишвари мусалмонии узви НАТО боис шудааст, ки то ҳамин ҳоло роҷеъ ба чанду чунии он сару садоҳо фурукаш нашавад. Воқеият ин аст ки ин бор интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар як сатҳи олӣ ва бисёр ҳам ҳавасангез доир шуд.

   Ин интихобот бар хилофи пешгӯӣ ва назарсанҷиву ҳадсу гумонҳои коршиносон бар манфиати нафаре хатм шуд, ки мебоист бозанда мешуд. Аксарияти коршиносон муътақид буданд, ки ҷомеаи Туркия аз султаи бистсолаи як нафар хаста шудааст ва ба эҳтимоли қавӣ ҳукумат иваз мешавад. Аммо, чуноне мебинем, ин тавр нашуд. Ин яке аз хусусиёти фарқкунандаи интихоботи Туркия аст.

 Хусусияти дигари фарқкунандаи ин интихобот аз он иборат буд ки то ба охир натоиҷи он қобили пешбинӣ набуд. Чуноне ҳам гуфтем, аксарияти коршиносон эҳтимоли пирӯзии номзади неруҳои оппозитсиониро бештар медонистанд.

  Яке аз дигар хусусиёти ҷолиб ва омӯзандаи ин интихобот, махсусан барои ҷомеаи кишварҳои мусалмоннишин аз он иборат аст ки номзади неруҳои оппозитсион ва худи неруҳои оппозитсион дар майдони мубориза ба ҳадде тунду тавоно бозӣ ба роҳ андохтанд, ки ҳокимияти бистсола ва намояндаи довталаби вай дар хеле аз ҳолатҳо эътидол ва ҳолати табиии худро аз даст доданд. Ҷидоли лафзӣ васати Эрдуғон ва Қиличдоруғлу гоҳо ба ҳадде тунду тез ва пур аз қаранфулу филфил буд, ки мегуфтӣ ҳолоҳолоҳо ҷонибдорони онҳо васати хиёбонҳо мерезанд ва гиребондарӣ мекунанд. Аммо, чуноне мушоҳида кардем ин гуна маворид ва лаҳазоти олуда ба хушунат дар ин мусобиқа ва мубориза иттифоқ науфтод ва ҷамъияти беш аз 60 миллионии овоздиҳандаи ин кишвар, ки ба ду баробар, ба ду сангари рӯдарӯи ҳам тақсим шуда буд, натоиҷро ҳамчуноне эълом шуд, пазируфт.

  Яъне интихобот ба дараҷаи олӣ ва дар чаҳорчуби тамоми мавозину меъёрҳои демократӣ баргузор шуд ва аз тақаллубу қонуншиканӣ кадом хабаре ҳам нест.

Худи ҳамин ҳолат, ки як нафари беш аз бист сол дар сари қудрат натавонист дар давраи аввал баранда бишавад, ва дар давраи дуввум ҳам бо азоби алиме пешӣ гирифт, тасбит мекунад, ки ин корзор чи рақам муборизаву талошу ҷидолҳоро ба ҳамроҳ дошт.

Воқеият ин аст ки туркҳо як бозии диданиву пуршӯреро ба тамошои ҷаҳониён гузоштанд, ки ба маънои томаш интихоб дошт ва интихобот буд. Демократияи интихоботӣ ва ё интихоботи демократӣ бо тамоми фалсафа ва моҳияташ таъмин буд ва муроот шуд.

Масъули ҳайати нозирони ОБСЕ-Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки корзори интихоботӣ миёни рақибони сиёсӣ ошкоро ва шаффоф сурат гирифт ва танҳо айбе, ки гузошт ин буд, ки «пешдоварӣ» карда шуд ва расонаҳои давлатӣ бозтоби яктарафа доштанд.

  Аммо худи нафари бозанда Камол Қиличдороғлу ҳеҷ эътирозеву ҳеҷ шиквае накард, ба ҷуз аз инки гуфт, муборизаро дар оянда идома хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷараёни корзори интихоботӣ борҳо ва батакрор худро баранда ва пирӯзи ин маърака эълон карда бо тамоми иқтидор риёсат ва раҳбарияти бистсолаи Эрдуғонро ба боди интиқод мекашид. Албатта, Эрдуғон ҳам сокит набуд, амали ба мисл нишон медод ва Қиличдороғлуро «нофаҳми сиёсӣ» ва ҳатто ҳамҷинсгаро ҳам гуфт.

   Ҳоло саволи ман инҷо аст, ки чаро дар Туркия беш аз 60 миллион (64 миллион) овоздиҳанда меравад ба пойи сандуқҳои рай, овоз медиҳад, бидуни онки кадом хушунате, кадом нооромиву амали ғайриқонуние сар занад, бидуни онки касе ва махсусан ҳукуматиҳо ва рӯ ба ҳукуматиҳо бигӯяд, ки агар Эрдуғон аз президентӣ равад, агар Қиличдороғлу президент шавад, ҷанг мешавад. Ҳамчуноне мебинем интихобот ба анҷом расид, ҳама боз пайи зиндагии худ шуданд.

 Мубориза ва мусобиқа дар ин майдон дар ҳақиқат сахту ҷонкоҳ буд. Аммо пирӯзӣ ва ё шикасти рақибони интихоботиро барои мисол аъзои комиссияҳои интихоботӣ на, балки худи халқи Туркия муайян кард.

 Қиличдороғлу нагуфт, ки интихобот ғайриқонунӣ гузашт, шикоят накард. Аз тақаллуб ва овоздуздӣ, аз онки аъзои комиссия бар манфиати Эрдуғон раъйҳоро дасткорӣ кард, лаб во накард, чунки чунин мавориде сабт нашудааст ва Эрдуғон дар ҳақиқат баранда ва пирӯзи ин интихобот шуд. Ҳоло аз онки вай яке аз масъулони ҳаракати исломи сиёсӣ ва ҳизби исломӣ аст чизе намегӯем. Ҳоло аз онки ӯро барои нақзи ҳуқуқи башар зиёд муттаҳам мекунанд, чизе намегӯем. Умуман ҳадафи матлаби мо Эрдуғон ҳам нест. Балки мо инҷо аз онки ин интихобот чи гуна баргузор шуд ва мо тоҷикон ҳам ҳақ дорем, ки ҳамчунин интихоботеро дар ватанамон бигазаронем гуфтанием ва аз он гуфтанием, ки дар баробари Рустами Эмомалӣ Қиличдороғлуе хоҳем дошт ё хайр? Ин ки агар Фаромуз Иргашевро барои 30 сол зиндонӣ намекарданд, як чунин нафареро медоштем вале ҳоло ки Фаромуз нест, пас интихоботи раёсати ҷумҳурии мо, ки шояд дар соли оянда ва шояд пештар ва ё дертар баргузор мешавад дар баробари Рустам киро болои саҳна хоҳад овард ва он нафар метавонад мисли Қиличдороғлу бишавад?

Қабл аз онки дар бораи Қиличдороғлуи тоҷикӣ, рақиби Рустами Эмомалӣ бигӯям инро ҳам дар шумори хусусиёти вижаи интихоботи Туркия тазаккур бидиҳам, ки раъйи муҳоҷирони Туркия дар ақсо нуқоти ҷаҳон ва бахусус кишварҳои урупоӣ дар натоиҷи интихобот таъсири мустақим дорад ва ҳар шаҳрванди дар хориҷ будаи Туркия медонад, ки овози вай чи арзише дорад. Барои ҳамин мераваду раъй медиҳад. Шумо дидед, ки наздик ба 85% дар сади воҷидини шароити рай дар ин кишвар ба интихоб рафтанд. Явка ё ҳузуре,ки дар ҷаҳон беназир аст. Аммо барои 2 миллион муҳоҷири тоҷик ҳамагӣ 200.ҳазор бюллетен мефиристанд.

  Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ҳарду довталаб дар баробари издиҳом ва ҷамъиятҳои чандмиллионӣ суханрониҳо карданд. Ин тавр набуд, ки Эрдуғон имкон надода бошад, ки номзади неруҳои оппозитсион аз толор ва ё майдони аз қабл омода кардааш маҳруум шуда бошад.

 Зӯрозмоӣ инҷо ошкоро гузашт. Қиличдороғлу ҳеҷ шикояте накард, ки мақомот дари фалон биноро ба руяш бастанд, дар фалон варзишгоҳ ва ё майдон ва ё толор қувваи барқ қатъ карда нашуд.

Эрдуғон худаш ба минбарҳо меомад, ба тазоҳурот меомад то дили халқро ба даст оварад, то барномаву ҳадафҳояш барои шукуфоии Туркияро барояшон бигӯяд. Қиличдороғлу ҳам паст намеомад, заррае паст намеомад.

Масалан рақиби Рустами Эмомалӣ ҳам метавонад аз вай танқид кунад ва бигӯяд, ки ман пирӯз мешавам, пирӯзи ин интихобот ман ҳастам, ҳамчуноне Қиличдоруғлу бо тамоми овоз ҳамчунин суханрониҳое мекард. Ҳамин гуна нафар дар интихоботи оянда рӯи саҳани сиёсии Тоҷикистон меояд ё не? Нафаре дигар, ки бозиро пуршур ва тамошобоб ва диданӣ кунад, пайдо мешавад? Ба Рустам бигӯяд, ки биё дар дебати телевизионӣ иштирок кунем.

Ба назари шумо мо метавонем бубинем, ки Рустам бо рақибаш дар мулоқот бо раъйдиҳандаҳо иштирок мекунад.

  Номзадҳои интихоботии мо ҳам метавонанд ҳақу ҳуқуқи баробар дошта бошанд. Қиличдороғлуи тоҷикӣ метавонад дар баробари Раҳмонову Рустам бигӯяд, ки шумо натавонистед, ман метавонам! Ва, даъво кунад, ки Шумо ҳақи дар он курсӣ нишастанро надоред!

Вақте дар як чунин муборизаи ошкорову рӯирост, дар як чунин ҷидолу зӯрозмоӣ, ки қудрат ба даст меояд, даҳони дӯсту душман баста мегардад. Зеро ин нафари музаффар ва фотеҳ қувваи бузурги халқро дар пушташ дорад ва вобаста аз касе ба ҷуз аз халқ нест. Ҳатто агар раъйи ин халқ ба андозаи вазни боли магас бар суди ӯ тамом шуда бошад ҳам ҳамин вазни боли магас ё пари коҳ ва тори муй басанда аст ки бигӯяд вайро халқ интихоб кард. Моҳият ва рисолат ва фалсафаи интихобот ҳам ҳамин аст ва чунин нафари баргузида ҳақи гап задан ҳақи қисмати халқро ҳал кардан орад. Аммо вақте мисли гунгакҳо худро даруни пироҳани модараш руст мекунад, аз ҷойи вай шахси боэътимодаш пеши мардум меравад ва рақибонеро вориди користон мекунад, ки дар пеши мардум мебароянду барои худ на, барои вай овоз ҷамъ меоваранд, вай ҳеҷ гоҳ баргузида мардум нест ва ҳақи аз номи мардум ва давлат гап задан надорад.

  Саҳнаҳое, ки тамошо мекуниву ҳавас мехурӣ. Қобили қиёс нест. Танҳо дар маъракаи интихоботи депутатҳои  Шурои Олии соли 1990, ки дар шароити фавқуллода ва қуюди комендантӣ доир шуда буд аз ҳамин гуна саҳнаҳо мушоҳида карда будем. Дигар, аз бозе, ки Раҳмонов сари кор омадааст, ҳеҷ интихоботе надоштаем. Раҳмонов худашро аз номи халқ ва аз ҷойи пирӯз эълон мекунад. Бо 99%.

    Ва, инки Раҳмонову дору дастааш ин навбат Рустамро ҷойгузин карданианд, дигар равшан ва яқин аст. Аммо рақиби ӯ кӣ хоҳад буд? Вай мисли Қиличдоруғлу мешавад ва  ё ҳамон  Рустам Латипов ё Абдуҳалим Ғаффоров, ё Олим Бобоев ва амсоли инҳо нафароне, ки ҳатто ҳамсояашон намешиносад, боқӣ мемонад? Ҳоло Раҳмонову дору дастааш барои мо чи касеро ба унвони рақиби Рустам муаррифӣ мекарда бошанд?  Чи сюрпризҳое дар интизорамон аст? Рустам пеши мардум мебаромада бошад? Вохурӣ мекарда бошад?

  Мардумамон чӣ? Дигар то рӯзи қиёмат «агар Раҳмонов равад ҷанг мешавад» гуфта гушҳоямонро таги тоқӣ мекунему мешинем?

   Метавонед нафареро дар ҷойи Қиличдороғлу бибинед?  Метавонед худатонро дар ҷойи туркҳо бигзоред?

Қиличдороғлу лому мим нагуфт, ки дар фалон ҳавза, дар фалон қитъа аъзои комиссия баргаҳоро бар фоидаи ҳарифи ӯ шумурданд. Халқ омад, интихоб кард ва тамом шуду рафт.

 Дар мо чӣ? Халқ меояд даруни ғурфаҳо медарояд баргаҳоро мегирад дар қуттиҳо мерезад, аммо овозу раъйро дар ҷойи дигар муҳосаба мекунанд.

Ёдатон бошад Маҳмадсаид Убайдуллоев дар соли 2006 гуфта буд, ки халқ интихобашро кардааст ва ин интихобот як расмиёт ва як формализим аст.

 Мо,аз мардуми турк чи кам дорем? Ва, агар кам дорему кам ҳастем кай камамонро рафъ ва ислоҳ мекунем?

Share This Article