Капаи СС.Ятимов дуд кард?

Ислоҳ нет

  Боздошти пурсарусадои Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси пешини ҲДТ бо иттиҳоми талоши анҷоми «табаддулоти давлатӣ» аз як су ва аз суи дигар дур кардани СС.Ятимов ва муфаттишони КДАМ аз ширкат дар бозрасии ин парванда қазияро боз ҳам пуробурангтар кардааст. Гап дар бораи он меравад, ки иттиҳоми бастаи мақомот ба Усмонзода ва «дигарон», ки дар ин дигарон Акбаршо Искандарову Ҳамрохон Зарифӣ ва чанд нафари дигар шомил шудаанд, боварнакарданӣ аст. Аммо мавзуъи навиштаи мо боварбахш ё боварнакарданӣ будани ин «табаддулот» нест. Пуробурангии қазияи мазкур дар инҷост ки КДАМ аз ин бозӣ берун зада шудааст. Дар ҳоле, ки маҳз КДАМ аст ки тафтишу бозрасии аъмоли зидди давлатӣ ва бахусус кудето, ошуб ва ғасби ҳокимиятро бар уҳда дорад ва ин ваколати касбиву рисолати аслии КДАМ аст ки бояд ин гуна ҳодисаҳоро таҳқиқу тафтиш намояд.

Ин маълумот ба дасти мо хеле пештар расида буд. Аммо, мо маътал ва мунтазир мондем, то бубинем, ки воқеияти он то куҷост? Ҳамин ҳоло ҳам, ки менависем, он қадар мутмаин нестем. Аммо ногуфта ҳам наметавонем.

Гап дар он бора меравад, ки «бо дастури мустақими Эмомалӣ Раҳмонов КДАМ аз тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода дур карда шудааст.» Бори дигар мегуем, ки  иттиҳоми ворида ба Усмонзода дар доираи моддаи 306-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банду баст шудааст, ки тафтиши он қонунан ба салоҳят ва ваколати мақомоти амният медарояд.

Раҳмонов ба мақомоти КДАМ таъкид ва амр кардааст, ки ба «парванда»-и Усмонзода «қуш» нашаванд. Маълум нест, ки ин дастурро мустақим ба худи СС.Ятимов додааст ва ё инки тавассути Юсуф Раҳмонов, Прокурори генералии Тоҷикистон расонида аст? Чунки, бино бар маълумотҳои расида Раҳмонов аз моҳи май ба ин тараф, баъди онки аз Маскав аз назди Путин омад (9 май) дигар СС.Ятимовро қабул накардааст.

Қабул накардани СС.Ятимов ва аз тафтишот дур андохтани вай дар доираҳои болоии ҳукумат ба ҳар шаклу мазмун таъвилу тафсир шуда истодааст. Дар ин доираҳо бар ин назаранд, ки «қуш» накардани СС.Ятимов ва кормандони вай дар тафтиши парвандаи Усмонзода ба ин маъно аст ки Раҳмонов ба вай эътимод ва боварро аз даст додааст. Вай СС.Ятимов коре кардааст, ки мардуди эътимоду бовари Раҳмонов шудааст. Аммо, ин чи коре аст ки СС.Ятимов метавонад анҷом диҳад, ки уро бо Раҳмонов ғаш ғалтонидааст? Магар ин тавр шуданаш мумкин аст,ки масъули идораи амният аз назари роҳбар биуфтад ва машкук бишавад? Бале, гоҳо ҳатто саги дастомуз пойи соҳибашро мегазад, чи расад ба одам, ки шири хом хурдааст.

 Ба як нукта таваҷҷуҳ фармоед. Дар ҳодисаҳои ошуби ҳоҷӣ Ҳалим КДАМ бисёр ҳам фаъол буд ва баёнияҳову изҳоротҳо содир мекард, ҳоло аз нашри паёпайи матолиби «фабрикаи ҷавоб»-аш дар он шабурузҳо намегуем. Аммо ин бор чаро хомуш аст? Дар лабаш қуфли хамушӣ задааст. Ин бор Прокуратураи генералӣ «марди майдон» асту КДАМ ва «масъули даҳ миллион шаҳрванд» ҳарфе берун намеоварад?

  Раҳмонов барои он ба СС.Ятимов машкук аст ки иттилои табаддулоти давлатии Саидҷаъфар Усмонзода ва дигаронро аз дигар ҷо ва аз дигар ниҳод шунид. Табиист, ки ҳар касе дигар ҳам дар ҷойи Раҳмонов буд, шаку шубҳа мекард, ки раиси Идораи амнияти кишвар аз табаддулоти давлатӣ бехабар мондааст. Наметавон гуфт, ки «бехабар» мондан ва бехабар будан дарди бахайр аст. Чун инҷо ва инкор –табаддулоти давлатӣ, коре нест, ки Кумитаи амният бехабар монаду маслан дигар ниҳоде бохабар бишавад. Аммо яқинан ин шабурӯзҳо гургон дилу ҷигари Раҳмоновро талаву тороҷ карданд, ки шояд СС.Ятимов ҳам «қуш» аст? Вагарна имкон надорад, ки то Акбаршо Искандаров, то Ҳамрохон Зарифӣ ва ҳатто то чанд нафаре, ки дар вақташ аз муаллифони «фабрикаи ҷавоб» ҳам буданд, дар ин бозӣ «қуш» бошанду СС.Ятимов дарак наёбад, пай набарад?

Вале, мо гумон намебарем ва гуноҳи гумони бадро намегирем вале худо мегуем, ки ҳамин тавр бошад. Чун ин СС-и махуф аз саги вафодор ҳам ба Раҳмонов зиёдтар хизмат кардааст ва ба маҳзи хизматҳои вай аст ки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми намуди озодиҳо аз байн бурда шудааст ва бадтар аз ин, роҳбари ин давлат ба ҳадде ақлу шуурашро аз даст додааст, ки бар муқобили амру дастуроти илоҳӣ қонун содир кард. Коре, ки ҳатто дар давраи комунистони бехудо, дар аҳди шуравӣ давлат накарда буд.

То куҷо дар паси бозии Усмонзода СС.Ятимов меистад танҳо вақт нишон хоҳад дод. Аммо радди эътимоду итминон шудани СС.Ятимов баёнгари он аст ки Раҳмонов роҷеъ ба вй маълумотҳои бад дар даст дорад ва вай корҳое барои Раҳмонов кардааст, ки хеле бад аст.

Албатта, мо бовар надорем, ки СС.Ятимов бар муқобили системаи сохтаи Раҳмонов буда бошад. Аммо ин эҳтимол, ки ҷойи Раҳмоновро ҳадаф қарор дода бошад имконпазир аст.

Вале аз тарафи дигар дар паси саҳна боз бозигарони навзуҳур тавре пеш рафта истодаанд, ки ба назар мерасад, дар ҳақиқат капаи СС.Ятимов дар ҳоли каҳдуд аст (дарундарун ва ноаён месузад) ва Раҳмонов на фақат аз кор канораш меандозад, ин имкон вуҷуд дорад, ки ба ҳабс ҳам бигирад ва он вақт аст ки дуди даруни каҳ ба забонаҳои дароз бадал шуда алангаҳои бадвоҳимаеро зоҳир мекунад.

Тими Юсуф Раҳмон, Прокурори генералииТоҷикистон, ки ҳоло бо Шоҳрух Саидзода, сардори милисаи Душанбе, Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ, Фарҳод Камолов, муовини аввали КДАМ ва Рустами Эмомалӣ такмил ва тақвият ёфтааст, сахт кор карда истодааст.

   Бовараш сахт аст ки Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ кегебешники СССР ва аз  «кулобӣ»-ҳои ҷонсупор ба Фронти халқӣ ва шахси худи Эмомалӣ Раҳмонов Ансоруллоҳ ё Муҳиддин Кабириро ба Раҳмон тарҷеҳ диҳад ва барои барандохтани Раҳмонов бо Кабирӣ ҳамроҳ бишавад. Аммо аз тарафи дигар, агар ҳеҷ гап набуда бошад, барои Раҳмонов чи азоб аст ки пойи онҳоро дар ин бозӣ бикашад.

Маълум аст ки Раҳмонов ҳукуматро намедиҳад ва додан намехоҳанд ва барои ҳифзу бақои он на фақат Зарифӣ, тамоми Тоҷикистонро сар мезананд, аммо ин нафарон, масалан Зарифӣ, ки генерали амният аст дар руи чи ҳисобу китобе муқобили Раҳмонов мехезад ва ё Акбаршо Искандаров?

Ҳоло агар Раҳмонов ба амниятиҳо машкук аст амнияти давлату ҳукуматашро ба дасти кӣ супоридааст ва кӣ аст ки амнияти ӯро таъмин мекунад?

Ва ё ин ҳама фақат ва фақат як бозие беш нест ва Раҳмонов бо ин бозӣ ҳар каладору ҳар саладору ҳар шахсиятеро, ки метавонад, имкон дорад дар ҳукумати зери дасти Рустам коре бикунад аз саҳна руфтанист. Яъне як кишвару мамлакате, ки барои мудирияташ Рустам ягон зара мушкил надошта бошад:- аз ягон зовия ва ноҳия эҳсоси хатар накунад ва нафаре ба ҷуз аз худи вай набошад ва бигзор танҳо Шоҳрух Саиду Хуршед Мирзоеву Дилшод Ҷураеву Исмоилу ҳаминҳову амсоли ҳаминҳо бошанд ва ҳиҷ ному насабе ба мисоли Убайдулоев аслан вуҷуд надошта бошад, шунида нашавад?

Раҳмонов гумонаш ин аст ки СС.Ятимов медонисту пинҳон дошт. Раҳмонов гумонаш ин аст ки СС.Ятимов худаш дар ин табаддулот қуш аст?

 Боз ҳам саволи асосӣ ва калидӣ ва дар ҳақиқат муҳимму ҷиддӣ ин аст ки чи гуна СС.Ятимов, ки дар Хоруғ ёдатон бошад худро масъули амнияти давлату миллат ва 9уним миллион тоҷикистонӣ муаррифӣ карда буд бехабар мондааст ва ин маълумот ба Раҳмон на аз тарафи СС балки аз роҳҳои дигар расидааст. Надодани иттилоъ аз ғараз ва ҳадафҳои пинҳонӣ гувоҳӣ медиҳад?

Бинобар маълумотҳои расида ҳоло Асадулло Қиматович –Сумбулоғо ҳам дар ин шайка ворид шудааст ва ҷолибтарин хабаре, ки дастамон расид ин аст ки яке аз коргардонҳои пушти ин саҳна Фаттоҳ Саид, падари Шоҳрух Саид аст. Вай, ки бо дастони маҳз СС.Ятимов беобру ва дар айни авҷи иртифоъи карйера аз тарафи СС.Ятимов зада шуд, айни замон на шаб хоб дорад на рӯз. Ва, бинобар маълумотҳо ҳамин гуё иттилои қасди анҷоми табаддулоти давлатӣ доштани Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳам Шоҳрух Саид тавассути «одамҳо»-яш аз хориҷа шунидааст.

 Худи амниятиҳо ҳам тасдиқ карданд, ки онҳоро аз тафтиши қазияи Усмонзода якнима кардаанд. Дело дар дасти Прокуратура ва Прокурори генералӣ аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам худаш шахсан мехост, ки СС.Ятимов ҳарчи зудтар дафъ   шавад. Ин тарзи корро Шоҳрух ҳам мехоҳад, ки дигар СС.Ятимов дар давру бари Раҳмонов парса назанад. Нафари дигар ҷойи вай ояд. Чун яқинан вақти вазиршавии Шоҳрух агар СС.Ятимов сари вазифа бошад справкаи безеб медиҳад.

 Абдураҳмон Бузмков-Аламшозода ҳам баъд аз ВМКБ мебоист вазир мешуд, аммо маҳз характеристикаи додаи СС.Ятимов сабаб шуд, ки вай ноҷунбон бимонад. СС.Ятимов аз дуздии сангҳои қиматбаҳои Помир ва дар тиҷорати наркотик қуш будани Бузмаков маълумотро ба Раҳмонов ироа кард. Бузмаков аз Помир сангҳои қиматбаҳоро мусодира карда ба давлат насупорида будааст ва ҳамчунин вай наркобаронҳои Ёвон ва Масковскийро  «кришават» мекардааст. Ин маълумотҳоро СС.Ятимов ба Раҳмонов дода будааст.

 Феълан барраси парвандаи табаддулоти давлатии Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳимми Прокуратураи генералӣ аст ки роҳбарии ин раёсат чанде пештар ба ихтиёри Машрабов Хушвақт аз вахёчиҳои Панҷ гузошта шуд.

  Бинобар хабарҳое, ки ҳамин чанд лаҳза қабл аз нашри ин матлаб ба дасти мо расид СС.Ятимов ҳам даст руи даст нанишастааст. Манбаъи мо навишт, ки ахиран

  СС.Ятимов тариқи се канал як папка маълумотҳо, ки дар зери муҳри «Top secret»-махфӣ қарор доштанд ба Бортников Александр Васильевич, раиси ФСБ равон  кардааст. Ҳам ба воситаи фельдиегерская служба, ҳам ба воситаи почтаи электронӣ ва ҳам бо дасти оперативный курьер. Ин гуна маврид бори аввал аст. Аз идораи кашфи КДАМ  гуфтанд, ки ин маълумот оиди Раҳмонов аст ки 6 моҳи охир чи переговорҳои махфии паси пардагӣ бо Толибон ва низомиёни хориҷӣ доир кардааст ва боз чи мақсадҳо дорад.

  Қисмате аз ин маълумотҳо ба робитаи Раҳмонов ба Си Ҷин Пин, раиси ҷумҳурии Чин, ки ба Тоҷикистон омад, рабт дорад ва боз чанд маълумотҳои дигар, ки ҳатмани ҳатман диққати Кремльро ҷалб мекунад. Гуфтанд, ки ин ҳама маълумотҳоро СС.Ятимов омода кардааст, ки ҷони худ ва Маҳмадсаид Убайдуллоевро страховка кунад. Убайдуллоев ҳам, чуноне манобеъ гуфтанд дар шароити ҳабси хонагӣ қарор дорад ва шиносномаҳои дипломатии вай лағв шудааст.

 Бидуни шак ҳар оғозеро фарҷомест. СС.Ятимов ва дору дастааш ба чоҳи кандаи худ уфтоданд. Аз ҳамон соот, ки дар курсии аввали амният нишаст, шуруъ кард ба тавтиа ва иғвову дасиса ва фитна.

Фирори 25 маҳбус ба шумули Абдурасули бародари Ғаффор Седой, ҳодисаи қатли Абдулло Назар, муовини раиси КДАМ дар ВМКБ, ҳодисаи ҳоҷӣ Ҳалиму қатъи фаъолияти ҲНИТ ва ҳама хунрезиҳои мукаррар дар марзи бо Қирғизистон ва низ ҳамон ҳодисаҳои Хоруғ дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори 2022 чеҳраи чингизии ин ноҷавонмардро дар оинаи тамомнамо намудор мекунад. Ташкили «фабрикаи ҷавоб»-у овардани фабрикантҳо ба бархе аз муассисаҳои ҳатто пажуҳишӣ ва аҷир кардани онҳо барои сияҳсозии мухолифин, бастани матбуоти озоду яксараву якбара кардани он, ба зиндон андохтани журналистҳову шахсиятҳои пулдору сиёсатмадор, мунтаҳо ба як диктатори тамомаёр бадал кардани Раҳмонов аз хадамоти ҳамин ноҷавонмард буд, ки барои истиқрор ва истеҳкоми Раҳмонову Рустам кард. Бахусус сиёсатҳои исломҳаросиву ислмситезӣ, ки

дар сатҳи давлат, ки дигар ба «бой безправила» монанд шудааст.

 Тафтишоти парванди Усмонзода акнун на фақат таҳти контроли Прокуратура генералӣ, балки мустақиман дар ихтиёри Прокуратура вогузор шудааст ва Юсуф Раҳмон дастури махсус додааст ва ҳар руз бо пайдо шудани улик ва ваҷҳҳои нав  ба Эмомалӣ Раҳмонов доклад мекунад.

Берун карани муфаттишони амният аз ин қазия як кори муқаррарӣ нест. Раҳмонов ба СС машкук аст. Мусаввадаи фармони барканории СС.Ятимов аз чанд вақт бад-ин тараф дар болои мизи кории Раҳмонов қарор дорад.

PS: Ҳангоми омода намудани матлаб як занге аз афроде ба круги Шоҳрух Сайидзода омад. Пурсидам шефат чи ҳол дорад? Гуфт хуб аст нав ҷо ба ҷо шуда истодааст ва тақрибан корҳои ҷо ба ҷойи ба поён расида истодааст. Дар мавриди СС.Ятимов пурсидам дар ин ҳодисоти охир чи ҳол дорад? Гуфт ҳазрат мехоҳед СС.Ятимов зиндонӣ шавад ? Гуфтам инро ман не ҳама миллат мехоҳад. Гуфт илтимос ҳоло ҳеҷ чиз нагуед,ки ин кор ба таъвиқ меуфтад. Гуфтам чихел ? Гуфт ҳар вақте марҳалаи боздошташ наздик мешавад аввал худаш як ҳодисае анҷом медиҳад, ки ҳолати боздошташ каме дуртар гузошта шавад. Чанд мисолҳоро овард  масалан дид ҳолат безеб аст дар ҳол се ҳарфаҳои Русияро занг мезанад фишор болои муҳоҷиронро бештар кунанд, то ба он банд шаванд ва охираш оташсузии бозори Қумсангирро гуфт, ки ин ҳам яке аз корҳои СС.Ятимов аст, то ҳолати ошуб ва норозигиро аз як минтақаи кишвар ба бор овараду барои чанде ин ҳукм дуртар гузошта шавад. Дигар ҳар вақте менависед чизе ҳатто як пости кутоҳ дар Фейсбук ҳам ин равандро дуртар мебарад. Кушиш кунед чизе нагуед, то шеф масалаша тезтар бинад. (Манзур аз шеф Шоҳрух Саидзода аст. ) Дар мавриди Фаттоҳ Саиди падари Шоҳрух пурсидам ? Гуфт ҳозир мушоври тими амалии Рустам акаи Абдуфаттоҳ аст. Хуб дигар қазия бояд барои ҳамагон маълум ва равшан бошад, ки «капаи СС Аниқ сухтагӣ аст»!

 .

Share This Article