КДАМ ба модари Шабнам: Барои сафар аз амнияти Кулоб иҷоза гиред

Ислоҳ нет

Дар қазияи имрӯзаи мамониати мақомоти амниятӣ ба сафари духтар ва модари Шабнам Худойдодова ба хориҷ аз кишвар, фарзияҳои аҷибу ғарибе пайдо гаштанд.

 

Тибқи иттилои манбаи мо ҳангоме, ки аз кормандони КДАМ  дар қазияи мамониати имрӯза аз сафари духтар ва модари Шабнам савол карданд, намояндаи  КДАМ гуфтааст, ки қазияи Шабнам Худойдодова ё мамониати духтар ва модари ӯ ба КДАМ ҳеҷ иртибот надорад.

 

“Мақомоти марказии КДАМ ба сафари пайвандони Шабнам Худойдова ҳеҷ мамониате надоранд. Бояд ба шаҳри Кулоб рафта, аз шуъбаи Кумитаи амнияти миллии вилояти Хатлон  иҷозаи сафар бигиранд”. -гуфтааст корманди мақомоти амниятӣ.

 

Оё КДАМ аз шаҳри Кулоб идора мешавад?

Вақте як корманди идораи марказии КДАМ мегӯяд, ки мо ҳеҷ мамониате ба сафари пайвандони Шабнам надорем ва танҳо мушкилӣ дар иҷоза додан ё надодани мақомоти амниятии Кулоб аст, саволе ба миён меояд, ки Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон магар аз шаҳри Кулоб идора мешавад? Ё шахсе дар Кулоб нишаста аст, ки Ятимов лухтаки ӯст?

 

Оё  метавонад зери парда, афроде аз “ОИЛА” қарор дошта бошад, ки ҳама ҷиноёте, ки дар кишвар сурат мегирад, ба номи Саймумин Ятимов ва КДАМ навишта шуда, ӯро “Подстава” кунад?

Share This Article