“Шикасти Фитна” Раҳмоновро фитнагар ва мақомоташро фитнаандоз муаррифӣ кард

Ислоҳ нет

«Шикасти фитна»- як талоши ноком ва номуваффақи «фермаи ҷавоб» аст, ки аз номи «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта шудааст. Ин ба истилоҳ филми мустанад ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар ҳоли давр задан аст. Тайи ду рӯзи ахир ҳама каналҳои телевизионии Тоҷикистон онро ба такрор нишон доданд.

Мақсади ин филми бебунёд маълум аст. Сафед кардани аъмоли ҷиноии масъулини мақомоти қудратӣ, ки бо куштори даҳҳо сокини бегуноҳи Бадахшон мехоҳанд султаи ҳокимияти хонаводаӣ-қабилаии худро болои ин мардум бор кунанд. Ҳамин лаҳзаҳо ҳам хабарҳо расида истодааст, ки бо ҳар баҳона ба дилхоҳ манзили маскунии сокинони алоҳидаи Хоруғ ва Рушон зада даромада истодаанд. Дар фазои Хоруғ низ чархболҳоро ба гардиш даровардаанд. ТВ. «Бадахшон» ҳар лаҳза бо пахшу нашри наворҳо аз Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов ва шаҳид Муҳаммадбоқир Боқиров ба унвони роҳбарони «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ»,ки муқобили давлат хестаанд ва қасди  ғасби ҳокимият доштанд, дар вилоят тартибу назмро вайрон ва қонуншиканӣ мекарданд, ба сиёҳсозӣ ва бадном кардани онҳо машғул аст.

Аммо, «Шикасти фитна»,ҳамчуноне, ки филмҳои пешини «фермаи ҷавоб» низ кадом таъсире ба мардум нарасонду накард ,чуноне гуфтем, як кушиши аз қабл нокомшуда мебошад? Чаро?

Ҳоло, ба муҳтавои ин филм ҳам хоҳем пардохт, аммо дар оғоз бояд ба яке ду нукта ишорат бикунем.

Вақте Абдураҳмон Аламшозода, ки феълан контроли Бадахшонро дар даст дорад ва одами асосии Эмомалӣ Раҳмонов дар инҷо аст гуфт, ки «мо 30 сол тоқат кардем» воқеиятро гуфт. Тули ҳамин 30 соли ҳукумати ҳоло акнун хонаводагӣ-қабилавии Эмомалӣ Раҳмонов танҳо минтақае, ки натавониста буданд, ҳарчи коре бо он ва мардуми он бикунанд Помир ва помириҳо буданд. Кинаи Раҳмонов бо ин мардум кинаи дерина аст, ки ба ҷузъиёти он зиёд намепардозем. Раҳмонов ва масъулони блоки қудратии вай барои саркуб ва таҳти сиёсати тарсу ваҳшат қарор додани помириҳо, ҳамчуноне худи ҳамин Аламшозода иқрор ва эътироф кард, аз соли 2008 то ба имрӯз походҳои ҳарбӣ баргузор карданд. Давоми ин ҳама солҳо чандин тан аз сокинони соиҳибэътибор ва бонуфузи ин минтақаро зиндонӣ карданду куштанд. Соли 2012 ба Хоруғ артиш ворид кард. Фақат ба хотири онки болои ин мардум, ки ҳукумати вайро эътирофи зоҳирӣ дошт, зӯр ва фишор оварад ва онҳоро бишканад ва мутеъ созад. Ин ҳама солҳо муваффақ нашуд. Вале, хуб, ки дигар дар ихтиёраш қудрат ва силоҳ дорад. Ба тадриҷ ва бо ҳар роҳу васила миёни ин мардум ҳам тухми шак ва нобоварӣ кошт. Аммо нақша ва нияташро, ки боқии лидерони онҳоро ҳам сарбанест кунадро ҳамеша дар дастури кораш нигоҳ медошт.

Дар як ҷаласае, ки ду ё се рӯзи пеш танҳо дар як доираи маҳдуд доир кардаанд, Абдураҳмон Аламшозода гуфтааст, ки набояд мо фориғ бишавем, ки Боқирро куштему чандешаро зиндон мекунем «ин гансҳо моро ором намегузоранд, бояд чи тарафдорони мо бошанд ва чи муқобили мо, тамоми як камтар «вес» доштааҳояшонро аз байн барем, агарне инҳо моро рӯз намедиҳанд».

Филми сохтаи «Шикасти фитна» ҳам дар ҳамин руҳия сохта шудааст. Яъне, мо қадам ба қадами на танҳо шумоҳо, балки роҳбаронатонро ҳам зери назорат дорем. Мо, болои шумо танку тупу автомату пулемёту вертолёту аскару афсар овардем, ки шуморо зада-зада таҳти итоатамон дароварем. Аммо аз сӯи дигар чи корҳое дар пушти саҳна карда истодаед аз онҳо ҳам бохабарем.

Фикр мекунед, ки нишон додани кадом шахсони номаълум дар кадом ресторане, ки гӯиё Улфатхонум Мамадшоева бо онҳо тарҳи тазоҳурот мекашидааст, аз онҳо пул мегирифтааст, маълумот мефурӯхтааст, ба кадом хотир буд? Ба хотири онки мардуми Тоҷикистонро, мардуми авоми онро бовар кунонанд, ки амалиёти ҳарбии анҷомдодаи онҳо ва куштори сокинони Бадахшон беҷиҳат набуд. Аммо мардуми авом ҳатто бо як каме тааммул ба ин хулоса мерасад, ки ин ҳама дурӯғи маҳз аст.

Ин филм саропо аз далелу фактҳо ва кадрҳову манзараҳое банду баст шудааст, ки дар ҳақиқат сахт «примитив» аст ва чуноне гуфтем ба мардуми авом нигаронида шудааст.

Далелу фактҳое, ки оварданд бисёр содалавҳона ва авомфиребона аст.

Ҳатто агар Улфатхонуму Муҳаммадбоқиру Холбаш дар як хона нишаста суҳбат карда ва дар бораи тазоҳурот ва баровардани мардум ба эътироз машварат карда бошанд, ин чи чиз ва чи кори ғайриқонунӣ сурат гирифтааст? Дар ҳоле, ки Алим Шерзамон на як бору ду бор гуфт, ки ҳеҷ гоҳ кадом пуле ирсол накардааст, чун чунин имконоти молӣ ҳам надорад. Гузашта аз ин дар он шабу рӯзҳо дар Бадахшон интернет қатъ шуда буд ва табиист, ки Алим наметавонист бо онҳо дар тамос бишавад. Аммо баргузории эътироз ва ё гирдиҳамоии осоишта ба хотир қонеъ кардани талабот ва расонидани садои эътирозӣ ба ҳукумат магар ғайриқонунӣ аст. Ва, барои ҷилавгирӣ аз он бояд мардуми осоишта аз тарафи давлат ва ниҳодҳои масъули назму тартибот ва ҳифзи ҳуқуқ паронида ва ба қатл расонида бишаванд?

Дар ҳоле, ки ҳукумат ним сол аст ки иллати куштори Гулбиддин Зиёбековро ба мардум намегуяд вале дар муқобил ҳар рӯз як нафар, ду нафари бадахширо дар дохил ва аз хориҷ оварда ба зиндон меандозад. Мисли Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбеев ва даҳҳо бадахшониҳои шаҳрвандӣ доштаи Русияро зери назорат ва таҳдиди истирдод интизорашон аст,то зиндонӣ шаванд. Ҷурмашон танҳо ин аст,ки онҳо Бадахшонианд. Ин мардум бояд чи кор мекарданд? Ҳоло агар Улфтахонум ба баргузории эътирози моҳи май масъул бошад, даҳҳо тазоҳуроти баргузоршуда аз соли 2008 ба ин тарафро бори дӯши кӣ мекунед?

Чаро як бор аз худ намепусед, ки тазоҳуроту эътирози мардуми Бадахшон вокуниш ба аъмолу бархурди шумост, эътирози онҳо ҷавоб ба ҷабру зулми шумост ва онҳо ҳамин қадар метавонанд, дар ҳоле ки шумо таъқиб мекунед, латту куб мекунед, боздошту зиндон мекунед ва ҳатто мекушед, ҷони инсонҳоро мегиред, аз ҳаёт маҳрум мекунед. Коре, ки шумо тӯли ин ҳама солҳо бо ин мардум карда истодаед, магар кори як давлат бо саканааш аст? Кори як инсон бо инсони дигар аст?

Тули ин ҳама солҳо шумо помир ва помириҳоро фақат таҳти фишору таҳти силоҳу таҳти теғ нигоҳ доштаед. Муносибати Шумо бо ин мардумро ҳеҷ ҳукумате бо ин мардум накардааст. Шумо бо ВМКБ тарзе бархурд кардаед ва карда истодаед, ки чунин муносибатро танҳо бо душман мешавад кард.

Масалан бо Данғара муқоиса намоед. Данғараро чи қадар ободу зебо кардед? Дар як Данғара чи қадар донишгоҳ, чи қадар корхона ва чи қадар сармояи дохилӣ, аз буҷҷаи кишвар ва аз хориҷа ҷалб кардаед? Ё маблағҳои дуздиҳои мақомдоронро ба худашон оҳиста гуфтед дар Данғара масарафшон кунед вагарна зиндонӣ мешавед ва онҳо ҳам карданд ин корро.Дар Бадахшон ҳам минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад вуҷуд дошта бошад, масалан мисли минтақаи озоди иқтисодии Данғара?

Аммо чаро ин ҳамаро дар Бадахшон накардед? Ҳоло барои Бадахшон накардед, ҳиҷчӣ, бошад? Аммо дар Данғара, ки чи дар тамоми он вилоят чанд помирӣ сардори милиса аст, чанд помирӣ сардори амният аст, чанд помирӣ судя ва прокурор аст? Хуб, бигзарем аз ин тарафаш ҳам. Аз ҳамон соли 2008 ягон соле набудааст, ки болои ин мардум ҳамла ва юриш набаред. Ва, аз ҳама ташвишовараш ҳам ин аст ки тамоми муҳоҷимин дар давоми ин солҳо фақат мардуми як маҳал аст. Мардуме, ки аз дасти ҷабри ҳамонҳо дигар тухми помирӣ дар Душанбе анқо шуд. Боз, аз ин мардум чӣ мехоҳед?

  “Ин хандаовар аст ки Интернюс-як созмони байналмилалии амрикоӣ, солҳои зиёд дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва на танҳо ба Улфатхонум ба ҳазорон нафар грант додааст, меояду дар Бадахшон инқилоб мекунад? Чаро ҳамин 5000-и гирифтаи Улфатхонум ба чашми шумо намуд? Барои онки вайро гунаҳкор созед? Ҳоло, дар ҳамин шабу саҳар Амрико барои арсаи низомии Тоҷикистон 60 миллион доллар медиҳад, ки ба 20 миллиони он «безпилотник» мехаред. Пас, ин пулҳоро шумо барои чи гирифтед? Магар 5000 ва ё ҳатто 400.000 сомонӣ бар муқобили 60. миллион доллар чи кор карда метавонад? Ин грантҳое, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ва афроди алоҳида аз муассисаҳои байналмилалӣ мегирнад, ҳамагӣ расмӣ, қонунӣ, шаффоф астанд. Ҳамин тавр не? Як бор аз Абдулло Раҳнамо ва Девонсолор Сайф пурсед, ки онҳо ҳам на як бору ду бор гранти созмонҳои хориҷиро гирифтаанд.”

Аз худатон пурсед, ки чи қадар грант аз муассисаҳои   байналмилалӣ гирифтед, чи қадар кредит гирифтед? Масалан ҳамон кредити пусарусадои МВФ, ки онро бо Муродалӣ Алимардон обу лой кардед, чи шуд? Аз ҳисоби бюҷет гардонидед ва ё роҳи Душанбе-Хуҷанд бо кредити Хитой сохта шуд ва ҳамасола протсенти онро мардум дода истодааст аммо фоидааш ба кисаи домоди Эмомалӣ Раҳмонов. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Русия ба садҳо миллион доллар гузаргоҳу дидбонгоҳу казармаву мошину абзори ҷангиву дигар дигар чизҳо доданд, барои чӣ? Оё мешавад бо ин пуле, ки мегӯед, манзур бо он ҳаҷм кадом ғасби ҳокимият бишавад? Ҳоло агар билфарзе ин созмони Интернюс бо ҳамин 5000 ва 13 000 Алим Шерзамон дар Бадахшон ҳокимиятро ғасб кард, магар шумо, ки бо миллионҳо доллар кумакҳои низомии дарёфткардаатон, бо техникаву лавозими ҷангӣ болои онҳо бомборон намекунед? Барои 5000 гирифтани Улфатхонум ӯро душмани халқ хонда ба зиндон бурда истодаед!

“Яке аз сохта будани ин филм ин аст, ки дақиқан пас аз иттиҳоми ВКД Улфатхоним Ммадшоеваро хабарнигорони “Радиои Озодӣ” ва “Натояший Время” боз ҳам афроди “ношинос” бо мошини Кемери дар рӯзи равшан ҳамла мекунанд ва таҷҳизотҳои ин ду хабарнигорони “Радиои Озодӣ” Мулораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфиро маҷбуран бо зурӣ зада гирифтанду чанд мушту лагад ҳам ба онҳо заданд. Дақиқан ин корро бо хабарнигорони “Натояший Время” Анушервон Орипов ҳам  мекунанд. Мақсад аз ин амал чӣ буд, бояд барои ҳама маълум бошад, ки КДАМ ва ВКД дар садади сохтани “тарҳи фитна” барои ин амалиёти низомӣ сохта шуда истода буд. Метавонист интервюи  Улфатхонум Мамадшоева мухолифи ин филми дурӯғи “Шикасти фитна” бошад. Чун,ки ончи дар навор дар шароити бад ва таҳдид сабт шудааст дар суҳбат бо ин хабарнигорон набуд. Яке аз боризтарин дурӯғҳои ин филм ана ҳамин амали мақомот бо ин хабарнигорон буд. Агар шумо рост мегӯед ва Улфатхонум Мамадшоева дар ин нооромиҳо даст дошта бошад. Наворҳои сабт намуда ва интервюи ин ду хабарнигоронро нашр кунед, то мардум худашон қазоват кунанд. Ҳаргиз ин корро намекунед, чун ин фитнаи шумо буд ва ҳаргиз намехоҳед фитнаатон бармало шавад. Аммо ин амали нангин шумо “Пешво”ро фитнагару мақомоташро фитнаандоз муаррифӣ намуд.” 

Чизи дигар:

Чаро тамоми дунё дар фикри чапа ва нобуд кардани шумо ва ҳукумати шумоҳо аст?

Чандин сол бо Узбакистон мушкил доштед. Чандин сол бо ҳамин Путин ва аз болояш ба сафири Амрико шикоят ҳам карда будед, ки он кгбешник моро ором намегузорад. Аммо имрӯз гардани кулуфти балони газиатро бо гушҳои дар даруни чарбуи руйҳои равғаниат нопадидшуда мебарӣ дар рости даҳани Путин мегузорӣ ва ба зонӯ мезанӣ дар назди ӯ боз дар назди Президентони чанд кишвари пасошурвӣ ва чи шикваву шикояте ва чи бузие мекунӣ. Шармат бод, асосгузор шармат бод пешво, ки лумб-лумб мехезиву меравиву коғазпораҳота ба Путин нишон медиҳиву боз дуқат мешавиву мисли як  ғулом пеши хоҷа сар ба пеши мояҳои вай мефурорӣ. Путин дари курси нишастаасту ту фукатро то пеши миёни пойи вай мефарорӣ. Ва, боз бармегардӣ Тоҷикистон  ва аз соҳибистиқлолӣ дам мезанӣ. Хиҷолат бикаш лаънаткарда Аллоҳ, аз ин кори кардаат, ки мисли як раиси район дар пеши Путин пуштатро чухт мекунӣ.

 “Ин филми сохтаи шумо айни ҳамон филмҳои дигаратон бо номҳои «Хиёнат» ва «Бешарафон» аст, ки касе ба онҳо бовар накард ва намекунад.  Дар посух ба филҳои сохтаи шумо ҷомеа аксуламали ҷиддӣ нишон дод ва шуморо шармандатару русвотар кард. Вале боз ҳам ба шумо кавданҳо дарс нашуд ва идома додеду русвотар гаштед. Шумо на танҳо Узбакистону Русия, Эронро ҳам чанд сол душман гирифтед ва ҳоло Қирғизистонро душман тарошида истодаед ва имрӯз аз «давлатҳои скандинавӣ (?)» шикоят карда истодаед. Ақалан чуноне номи чанд давлате дар боло номҳояшонро зикр намудем, номи он давлатро гиред,то донем он давлат кадом аст ва чӣ тарҳе доштааст?  Аммо ахиран бидуни кадом хиҷолате боз пеши пойи эрониҳо сар хам кардед ва онҳо бароятон «Абобил-2» месозанд то аз шарри қирғизҳо амон ёбед. Аммо ҷолиб ин аст ки дар канори ин давлатҳо ҳатмани ҳатман Ҳизби наҳзати исломиро ҳам дар даруни ин иттиҳомотатон ҷойгир мекунед. Ин қадар аз ҲНИТ метарсед, ки дар берун аз кишвар аст, аммо ҳамоно онро ба ҳар кор шарик месозед?”

Фикр кардед, ки ба онки дар даҳони Генерал Холбаш Холбашев гап мемонеду вай мегуяд, ки бо хоҳиши худаш гап мезанад, кӣ бовар кард? Маълум аст ки тамоми азияту озорро додед, фишор овардед, зӯрӣ кардед. Маъулмотщои нашр шуда дар мавриди ин,ки гӯйё Генерал Холбашро дар Суғд ва Исфара боздошт карда будед инаш ҳам дурӯғ баромад. Генерал Холбашро дар роҳ ба сӯйи Бадахшон дар Кулоб боздошт кардед. Ӯ дар Душанбе буд ва аз ӯ хостед вазъро рафта дар Рушон ором кунад ва сабр накардед,ки ки ба Рушон ҳатто расад дар роҳ боздошт ва ба Душанбе баргардонидед. Ончунон тарсӯ ҳастед,ки тарсидед ва нагузоштед,ки  генерал Холбаш ҳатто ба Бадахшон расад. Чун,ки шумо қотил ҳастед ва ин фарзияро ҳам кардед,ки мабодо генерал Холбаш ба зодгоҳаш равад ва вазъияти мардумашро бубинаду ба муқовимат шурӯъ накунад.

Ҳатто аз паси айнаки сиёҳи Улфтахонум маълум аст, ки ин занро латту куб кардаед. Охир агар мардум навор ва сабтии онро нафаҳманд мо ку дар ин соҳа солҳост кор мекунем ва шакли сбатҳоро медонем,ки “Тв Суфлёр” чи хел истодааст ва Улфатхонум аз он чихел бо мушкилӣ мехонанд. Ҳатто  бечора навиштаҳои дурӯғи шуморо чанд маротиба иштибоҳ кардаасту онро шумо буридаед. Навор ҳаст наметавонед инкор кунед,ки на, ӯ худаш бо хоҳиши худаш ин “иқрор”ҳоро кардааст. Холбаш Холбашовро аз Кулоб ба Душанбе овардеду чунон шиканҷааш кардед, ки бечора мурдаи Сангак Сафаровро бо Холмуъмини язнаи Раҳмоновро ба кала гирифта ҳарчи барояш дикта кардаед онро гуфтааст ва муқобили худаш «показаний» додааст.  Охир шумо наход як “давлат” шакли ҳамин спектаклҳоятонро дуруст карда натавонед,ки шахсони мутахассис ба он бовар кунанд. Мардумро шумо ,то имрӯз фиреб карда омада истодаед вале мутахассисони соҳаро наметавонед фиреб кунеду гул бизанед. Боз бадбахтиро бубинед,ки парвандаи онҳоро пушида эълон кардаву аммо онҳоро душману хиёнаткору ҷинояткор мегуед. Худатон худатонро ва қонунҳои худатонро инкор карда истодаед. Ин ҳамаро мардум фаҳмида истодааст. Агар парвандаи онҳо махфӣ буд, шумо бо чи асосе филм кардавву оммавӣ кардаву дар чор тарафи дунё ҷор задед? Чунки таги думатон тар аст, чунки медонед, ки дурӯғед, як дуруғи бузург.

Аммо, бо ин ҷиноятҳоятон ба ҷое нахоҳед расид. Чун, мо нуқта ба нуқта ҷузъ ба ҷузъ дурӯғу туҳматҳои шуморо ба мардум мерасонем.

Ва, дар охир ин чизро бигӯям, ки ин чи маълумоти хусусияти сиррӣ дошта будааст, ки  Улфатхонум ба он дастрасӣ доштааст? Магар маълумоти хусусияти сиррӣ доштаи шумо ин қадар паҳну парешон аст, ки «дипломатҳои хориҷӣ» бар ивази сад доллар онро аз ҳеҷ касе не аз Улфатхонуми журналист мегирифтаанд? Чизи дигар инки ин дипломати ғарбӣ бо Улфахонум инқилоб карда Ҳизби наҳзату Кабириву Шерзамонро меоварад? Яъне ин дипломати ғарбӣ аз рӯи гуфта ва таъвили шумо бар шумо ва давлати шумо ва неруҳои низомии шумо Кабирӣ ва Ансоруллоҳро тарҷеҳ додааст? Охир ҳамон сенарянависи шумо ки ҳаст ? Ё ӯ шуморо масқара карда шарманда карданист ва ё ончунон кавдану аҳмақ аст, ки ҳатто фарқиятҳои бузургро наметавонад ташхису тафкик кунад. ҲНИТ куҷо? Ансоруллоҳ куҷо? Давлатҳои Искондинавӣ куҷо ? МПО ҳои мустақил куҷо ? Сирри давлатӣ дар куҷо буду чихел ба дасти Улфатхонум расид? Ин ҳама аслан ба ҳам ҳеҷ пайвастӣ надоранд. Аз якдигар фарсахҳо дуранд. Ҳой чёртв “стратег” ҳо шумо ончи дар ин филми сохта омадаро якбор диққат додаед ? Ҳайф бар шумо ва пиндору ақлу донишу малакаи шумо бод кавданҳои фурӯмоя.

“Тамоми шабакаи Фейсбук ҳар равшашфикру зиёии ин миллат филми мазҳакавии шумо “Шикасти фитна”ро ба шакле маҳкум ва онро тақаллубӣ ва сохтаву бофта ва ё “Фалш” номидаанд. То ин лаҳзаҳо беш аз 50 навиштаҳои кутоҳ ва муфассале пайдо намудам, ки аз шармандагӣ ва русвоии шумо бо ин туҳматномаатон мегуфтанду менавиштанд. Шармандагӣ ва русвоии аз ин бештар намешавад.”

Абдураҳмон Аламшозада-Бузмаков дар ҷаласае гуфта буд, ки «Мамадшоева Улфатхоним ….  тамоми ҷо да рафт, тамоми шабакаҳо қатӣ вай кард, тамоми ташкилотҳои ҷосусӣ қатӣ ҳамкорӣ кард. Ҳамаи ин чизҳо исбот шудагӣ аст, ягон ҷои баҳсуш нест. Касе, ки мехоҳад далел, далелро мо нишон дода метавонем.», ҳоло ҳамин навору ҳамин гранту ҳамин дипломати ғарбӣ дар ресторан «улик» ва исботи ҷосусии вай аст, ҳамин Интернюс?  Магар Интернюс дар вазорати хориҷӣ сабти ном нашудааст? Хайр Бузмаковда простительно аст, бечора як «киллер» аст ва  аз таҳлилу, илму, сиёсат ва давлатдорӣ ба дур аст. Як одамкуш аст ва аз одамкуш чӣ таваққуъе метавон кард?

Ҳой стратегҳои хреновы Раҳмонов бо худи ӯ, шумо аз дашти қипчоқ ба шаҳрҳо ва тамаддун поён фуромада моро низом, давлатдорӣ, сиёсат ва “хиёнат” ва “фитна”ҳои не обдуманний мурғонаи худро бар мо таҳмил накунед,ки мо онро бо зури пазирем. Аслан ба Аллоҳ қасам ҳар коре доред бештар дар назари мардум манфуртар ва девтару махуфтар шуда истодаед. Сабабашро ҳам хуб медонед, агар надонед пас вой бар ҳолатон ва ин давлатдориятон мамқуртони фурумоя.   Шумо филм месозед, филм мебофед, ҳар ғалатеву ҳар харигарие мекунед, кардан гиред, чун метавонед, давлат дар дастатон ҳаст аммо мутмаин бошед, ки помириҳоро шикаста наметавонед ва аз ҳамин Помир ин шо Аллоҳ шикаст ва нобудии шумо сар мешавад. Нагӯед, ки Помир 200 ҳазор аҳолӣ каму беш аз он аст ва ҳар баду ҷинояте кунем мегузарад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хело хуб махсӯс барои ин фикрҳои ботили шумо фармудааст: «Ба хости Худо чӣ бисёр гурӯҳи андаке, ки бар гурӯҳи бисёре ғалаба кунад», ки Худо бо касонест, ки собиранд.”( Сураи Бақара, қисмати охири ояти 249)

Share This Article