Конибодомиҳо аз сардори ШВКДи худ  ба “Ислоҳ” шикоят карданд

Ислоҳ нет

3 декабри соли 2018 бо розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов  ва бо фармони вазири корҳои доҳилӣ Раҳимзода Рамазон  подполковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло – сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом таъин шуд. Мусибати мардуми Конибодом ҳам аз он рӯз шуруъ шуд.

Баъди ба кор шуруъ намудани Пирзода Сафар Қузратулло ба ҳайси сардори  милитсия бедодгариҳои кормандони милитсия  аз нав сар шуд ва  Конибодоми обод ба харобазор табдил ёфт. То ин дам собиқ сардори милитсияи шаҳри Конибодом Маҳмадзода Алимардон Маҳмад дар мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом  тартибот дароварда буд. Милитсияҳо одамонро дар кўча, бозор бар ва қалянхона ғайриқонунӣ дастгир карданро хотима дода буданд.

Вале бо омадани Пирзода С.Қ. ба ШВКД шаҳри Конибодом боз кормандони милитсия бедодгариҳоро сар карданд. Сокинонро бе ягон айб ё айби ночиз, милисаҳо дастгир карданро сар карданд. Кормандони Уголовний розиск бо сардории Эминҷонзода Эркин, ки писари Ҷалилов Эмин, собиқ сардори ШВКД ноҳияи Мастчоҳ буд ва ҳозир муовини сардори РВКД вилояти Суғд мебошад, сокинонро сахт ғам медиҳанд. Эркин расо ҳам одами баднафс буда, аз одамон пул талаб намуда мегирад вале корҳои онҳоро ҳал намекунад. Чандин нафарро фиреб дод. Магазину ошхонаҳо, қалян бару дорухонаҳоро кришават мекунад ва аз онҳо маблағи муайян гирифта меистад. Барои пуштибониаш. Шабона бо ду се нафар ҳамкоронаш ба дискоклуб, чойхона ва калян барҳо рафта шербачаҳои конибодомиро тартиботи  ҷамъиятиро вайрон кардӣ гуфта онҳоро ба милисахона мебарад, агар пул дошта бошад пулашро мегираду сар медиҳад. Агар пул надошта бошад, ёфта биёр аз таги замин ҳам бошад, набошад дело мекунам гуфта таҳдид мекунад. Бечора бачаҳо  аз тарс пули гуфтагиашро ёфта медиҳанд.  Инҳо милиса не, дуздони давлатӣ гӯем дуруст меояд. Духтарҳои бероҳаро барои худ информатор карда гирифтаанд. Он духтарҳои бероҳа ба Эминҷонзода Эркин занг зада, бачаҳои конибодомиро подстава мекунанд. Як рӯз шаҳрванди Федератсияи Русия, ки барои дидорбинии хешу табораш ба Конибодом меояд,  ўро дар роҳ автомашинашро манъ  намуда таҳдид мекунад. Вай шербачаи конибодомӣ  ба Эркин  «агар мард бошӣ формаатро каш як ба як мебароем» гуяд, вай мурғ ба дежурка телефон карда милисаҳоро даъват мекунад.  Ўро бурда хеле таҳдид мекунад. Аммо ягон чи карда наметавонад на протоколу на дело ва маҷбур озод мекунанд.

Боз ҳоло як усули дигари пулканиро кашф кардаанд. Бачаҳое, ки аз мухоҷират меояд, бо нашъа, бангдона, афюн подстава карда истодааст. Дар дискоклуб духтарҳо ба назди бачаҳо рафта ё дар автомашинааш савор шуда афюн ё банги қоғазпечро мепартояд.  Ин корро Султонзода Бахтиёр, ки  началники ОБНОН шаҳри Конибодом аст мекунад. Муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Русия пул кор карда меояд, бо дасти ин гургони гушна подстава мешаванд. Бахтиёр бачаҳоро подстава мекунад, агар пул диҳанд сар медиҳад. Як муфаттишбуд Суннат ном дошт. Вай кассаи началник буд, вале вафот кард. Ҳозир бошад кассаи началник Муминов Имом аст. Кличкаи вай дар отдел Имомзода-Ҳаромзода аст. Коргарони ҳалол кам монд дар отдел. Бисёрии онҳоро перевод карданд, ё онҳо аз кор рафтанд. Ин корҳо баъди Пирзода С. сардори ШВКД шахри Конибодом таъин шудан боз авҷ гирифт.

Сардори милисаи Конибодом Пирзода Сафар замини назди почтаи шаҳри Конибодомро ғайриқонунӣ ишғол карда, арчаҳо ва дарахтони мевадиҳандаи онро бурида, ба онҷо магазин-супермаркет месохтааст. Мардум норозигӣ карданд, вале онҳоро тартиби ҷамъиятиро вайрон карди гуфта милисахона бурда латту куб карда баъзешонро чандрӯзӣ  ҳабс кард.

Дар кадом қонун ё қарор навишта шудааст ки заминҳои давлатиро ғайриқонунӣ ишғол карда, дар онҷо супермаркет бисозӣ. Пирзода ба зердастонаш  супориш додаст, ки ба сохтмони  супермаркет ҳиссаи худро гузоранд. Масолеҳи сохтмонро аз стройматериалчиҳо бепул мегирад. Онҳо аз банк қарз гирифта савдо мекунанд. Коргарони милиса рафта ҳуҷҷатҳои магазинро бинем, гуфта ягон камбудиро ёфта, дело мекунем гуфта метарсонанд. Сонӣ  яке аз ин милисаҳо омада таклиф мекунад, ки коратон ҳалшаванда аст. Як тонна семент ба супермаркети началник, диҳед шеф дастгириатон мекунад гуфта бо ҳамин васила ба сохтмони супермаркети началник «ҳиссагузоӣ» мекунанд.

Дар Конибодом сардори милиса  аз хонаҳои навсохти бисёрошёна панҷ квартираро гирифтааст. Акмали Мерос се квартираро ба сардори милиса ҳадя кардаст, чунки  Акмали меросро худи началники милиса кришеват мекунад.

Собиқ сардори милиса Маҳмадзода А. одами баднафс набуд, ин сардор бошад гуруснаи носерам аст, ки ҳамаи ҷойҳои даромаднокро ишғол карда истодааст.  Боғи назди бинои почтаи Конибодомро ҳам вайрон кард. Устоҳоро бепул кор мефармояд, пули онҳоро ҳам намедиҳад ва обеди онҳо ба гардани ошхонаҳо аст, онҳо обедро оварда медиҳанд. Устоҳоро бошад Эркин ва дигар милисаҳо аз ҷои корашон оварда маҷбур мекунанд, ки дар инҷо кор кунанд.

Сардори милисаи Конибодом Пирзода кай аз Конибодом мераваду мардум нафаси озод мекашида бошад? Агар митинг ва ҷамъ шудану эътироз хоҳед мо омодаем ба ин кор. Мо ин номаро навиштем, ки «ИСЛОҲ»  нашр кунад ва мардум донад, ки дар Конибодом  сардори милиса бо чи кор машғул аст. Марҳама комиссия ташкил кунед ва омада санҷед. Мо дигар ҷое барои шикоят кардан надорем ва ягона ҷое метавонем шикоят кунем ин “Ислоҳ” аст ва тавассути он дарди мо ба гуши вазир ва президент мерасад. Мо медонем ӯ бо пораи калон ба ин мақом таъин шудааст вале мо Конибодомиҳо инсонем мехоҳем инсонвор зиндагонӣ кунем.

Share This Article