чаро маҳз дар Кулоб куштор ва таркишҳо ба амал омада истодааст?
Таркиши мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб, барканории дастаҷамъонаи масъулини ниҳодҳои қудратӣ дар ин минтақа ва интиқоду иттиҳоми шадиди Раҳмон аз нодида гирифтану пушонидан ва ҳатто мушорикати баъзе аз онҳо дар вуқуи амалҳои террористӣ аз оғози як бозии хунин дар ин шаҳр дарак медиҳад. Ҳамакнун мақомот талош дорад ончики бо мошини раиси ҲХДТ дар Кулоб дар 5 январи сои ҷорӣ рух дод, амали террористӣ ба қалам диҳад. Дар аввал ин ҳодисаро дар доираи моддаи 104-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон (қасди куштор) банду баст карданд. Инро бояд махсус таъкид намоям, ки ифтитоҳи парванда бо ин банди қонун қабл аз барканории масъулони ниҳодҳои қудратӣ дар Кулоб буд. Аммо баъд аз омадани масъулини нав дар ин ниҳодҳо, аз ҷумла дар прокуратураи минтақаи Кулоб ин ҳодиса дар чаҳорчуби моддаҳои дигар, моддаи 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) банду баст шуд ва матбуот ҳам навишт додситонӣ дар робита ба ин қазия бар муқобили 8 нафар парванда боз кардааст ва тафтишоти он бар души Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вогузор шудааст. Аммо чанд рӯзи пеш, қабл аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб ба кор бипардозад эълон шуда буд, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ аз ҳисоби Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва ВКД ташкил шудааст. Ва он вақт расонаҳо, аз ҷумла «Озодӣ» навишта буд, ки «як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафш ба гумони таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб дар боздошт аст. Мақомот ӯро рӯзи 9-уми январ дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд. Падари ин ҷавон гуфтааст, ки ду рӯз боз фарзандаш дар боздошт аст.”Бароям пурра маълум нест, ки писарамро барои чӣ қапидаанд. Фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст,” -гуфт ӯ. Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ гуфт, аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо карданд.
Вале, чуноне гуфтем прокурори нав,Ҳамзаалӣ Музофиров,ки қабл аз таъйиноташ дар мақоми прокурори минтақаи Кулоб дар Прокуратураи генералӣ Раёсати назорати кору фаъолияи Кумитаи давлатии амнияти миллиро раҳбарӣ мекард, ҳамин ки ба кор омад, аллакай 30 январ гуфт, ки ин 8 нафар бар асоси моддаҳои 179 ва 307-и Кодекси ҷиноӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам ҳастанд. Додситони нави минтақаи Кӯлоб илова мекунад, ки “онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд”. Вале вай аз шарҳи бештар худдорӣ мекунад.
Азия плюс ҳам дар ин бора менависад «Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гумонбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид. “Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, – гуфт Музофиров. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд».
Маълум аст ки ин парванда ба таври махфӣ ва пушида баррасӣ мешуд. Чунки инҷо кадом амали террористӣ даркор нест ва як бозии дигаре аст ки аз тарафи мақомот тарроҳӣ ва ба иҷро дароварда шудааст.
Савол ҳам ин аст ки прокурор ва он ҳам нафаре, ки фаъолияти муҳимтарин аркони давлат-амниятро таҳти контрол дошт ва боястӣ аз ҳама чиз муталеъ бошад, аз чи дорад ҳарф мезанад? Яъне вай далелу мадрак дорад, ки дар Кулоб на як бору ду бор «корҳои террористӣ» анҷом дода шудааст? Пас, чаро масъулони қаблӣ, масалан прокурори собиқ аз он нагуфт, сукут варзид? Магар мақомот, ба шумули Прокуратура пинҳон доштанд?
Воқеан дар Кулоб чи хабар аст? Инҷо акти террористӣ анҷом дода шудааст ва ё бозие дар пеш аст ки Кулобро ҳадаф қарор додааст. Чун ҳарфи прокурори тозатаъйини минтақа, ки гуфтем КГБ-ро контрол мекард, “онҳо дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд” аз вуҷуди кадом нақша ва ҳадафе дарак медиҳад. Ин гуфтаро, ки оё огоҳона ё ноогоҳона, хоста ва ё нохоста садо додааст ва он ҳам аз забони нафаре, ки акнун муҷрии калидии таҳқиқи ин нақша хоҳад буд, мешавад тавзеҳ кард? Бале мешавад, аммо як каме поинтар. Вале вай аз ҳамин ҳоло, ҳануз, ки тоза ба мақом расидаву тоза бо маводи парванда ошноӣ пайдо кардааст, чи тавр бо итминони тамом изҳор медорад, ки «дар ноҳияҳои дигари Кӯлоб низ даст ба корҳои террористӣ зада буданд». Аз «корҳои террористӣ»-е мегуяд, ки қабл аз ҳодисаи ахири руйдода дар Кулоб бо мошини раиси ҳизби Эмомалӣ Раҳмонов дар Кулоб руй дода будаанд. Пурсиш инҷост,ки он «корҳо» чи «корҳоеанд», чанд ҳодисаи ҳамсон рух дода аст, ҳаҷми хисороти расида аз ин «корҳои террористӣ» чи қадар аст ва муҳимтар аз ин пурсиш ин пурсиш аст ки чаро ҳоло ва акнун ва баъд аз тағйироти кадрӣ, ки бо як дастури мустақим ва бесобиқаи раиси ҷумҳурӣ ва он ҳам дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Шурои амният сурат гириф, дам аз амалҳои террористӣ дар Кулоб ва ноҳияҳои дигари он мезананд? Ва, мояи нигаронӣ ҳам ин аст, ки қабл аз онки мақомот аз «корҳои террористӣ» лаб во кунад, раиси ҷумҳурӣ аз анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ дар Кулоб ва нодидаангории амдӣ ва ҳатто «қуш» будани маъмурину масъулини ин сохторҳо суҳбат мекунад. Дар воқеъ агар дар Кулоб амалҳои террористӣ анҷом дода шуда буд, чаро он замон нагуфтанд? Ва, ҳоло ки эълон карданд, ҳадафашон чӣ аст? Чаро ин бор эълон карданд, пинҳон надоштанд?
Мо, ба ростӣ, таъйид ва ё тардид карда наметавонем, аммо ночорем ва ногузирем ончиро, ки аз ҳамин мақомот дар дасти мо расид бо шумо дар миён бигзорем. Манбаъи мо мегуяд ин «кори террористӣ» бо ҳадафи заминагузорӣ, барангехтан ва шароитсозӣ барои анҷоми як амалиёти дигари хунин, айни амалиёт бар муқобили Салмон Лангариев дар соли 2008 дар Кулоб дар ин шаҳр ба иҷро дароварда шудааст. Бояд коре амсоли ошуби ҳоҷӣ Ҳалим дар Кулоб ташкил бикунанд ва бо ин баҳона мардуми инҷоро ба хун нишонанд. Яъне Кулобро Хоруғи дигар созанд. «Кулоб дар зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик ба як маҳалли доғ-горячая точка мубаддал шавад. Чунки аз чанд вақт ба ин тараф Кулоб дар харитаи мақомоти амният бо ранги қирмиз ҳак шудааст».
Ин манбаъ гуфт, ки ҳадафи Раҳмонов дар воқеъ як бор «задан»-и Кулоб аст. Ҳануз ду соли қабл корҳои ваҳшатноке дар Кулоб ва навоҳии давру бари он сурат гирифта буд, ки аз он чанд нафари ангуштшумор бохабар аст. Мақомоти амниятӣ дар ин шаҳр ва навоҳии акнофи он яроқҳоро баҷо карда буданд, яроқҳои вомонда аз давраи ҷанги дохилиро. Мақомот ба ин натиҷа расидаанд, ки дигар бо он услубу методҳои боздошту дастгиркарданҳои мардум ва бо телефони ҳамроҳ тарс доданҳо, ки бо мухолифин дар иртиботед барои тарс додани онҳо таъсир накарда истодааст. Зеро истибдод болои мардум афзуда истодааст. Мавсими сарбозгирӣ ин бор аз ҳоло, аз моҳи феврал шуруъ шудааст. Мавсиме, ки Раҳмоновро бо мардум дар тарафҳои муқобил ва зид қарор медиҳад. Дар тамоми нуқоти марзӣ, дар худи дохили кишвар ҷавонҳои синни даъват ва волидони онҳо бо мушкил рубаруянд. Ҷавонҳо аз хонаҳо баромада наметавонанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки беш аз 80% ҷамъияти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамон Кулобу навоҳии атрофи он дар бесветӣ нишастааст. Нозирони минтақа-участковийҳо дар деҳот хонабахона даромада телефони мобилӣ мекобанд ва дар аксари маворид худашон ҷои мардум лайк мегузоранд ва поделитса мекунанд ва ҳазорҳо сомонии пули онҳоро бо зурӣ кашида мегиранд. Ин ҳамаро ҳукуматдорон аз ману шумо беҳтар медонанд, ки косаи сабр дар ҳоли лабрез шудан аст. Барои сарнабардоштан бояд боз бизананд ва ин минтақа Кулоб аст, ки бояд зада бишавад, чун норизоият ва эътироз дар инҷо бештар буруз мекунад.
«Ин як дасисаи хунини навбатӣ мисли ошуби сохтаи ҳоҷӣ Ҳалим аст, ки метавонад боз мардуми зиёди Тоҷикистонро саргардону гуреза созад ва дар баъзе ноҳияҳо ба хунрезиҳо оварад. Барои нарафтан аз мансабу омадан ба вазифа алакай ба ҷони халқу миллат «ставка» гузошта истодаанд.
Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шумораи зиёди яроқҳоро пинҳон кардаанд.
Рӯзҳои наздик бояд бо баҳонаи тарконидани мошини раиси ҳизби халқӣ- демократӣ дар Кулоб ва минтақаи Кулоб як «амалиётча» гузаронида шавад. Гуё гурӯҳи нафарони дастдоштаро дастгир мекунанд. Агар ҳадаф фақат дастгир кардан бошад, гапе нест. Аммо нақша чунин аст, ки мақомот бояд чунон кунанд то ба изати нафси мардуми оддӣ расанд ва мардумро то ба муқобилият ва задухурд водор созанд. Ба хонаҳо даромада занҳоро дастдарозӣ кунанд, то ки мардҳо ба ғазаб оянду хезанд. Баъдан нафаронеро тайёр кардаанд, ки ҷараёнро видео карда дар интернет партоянду бо лозунгҳои иғвоангез мардуми баъзе минтақаҳоро ба по хезонанд. Ҳатман он яроқҳоеро, ки пинҳонанд, ба мардуми хестагӣ тақсим мекунанд.
Ин корҳо нақшаи як- ду нафар аст ки мехоҳанд бо ин тавтиа ва фитна ба мақсад бирасанд. «Ҳатман Кулоб ва минтақаи Кулобро бояд барои як муддати кутоҳ ноором кард, Бадахшон автоматӣ мехезад. Ҳозир бояд дар Кулоб, Данғара, Восеъ ва боз ду ҷои дигар, ки нафаҳмидем куҷост, ин амалиётро гузаронданиян. Минтақаи Кулобро минтақаи ЧП эълон мекунанду аловро сар медиҳанд».
Манбаъи мо мегуяд аммо дар иҷрои ин амалиёт, ба назар мерасад, ки байни мақомот, ба вижа Прокуратураи генералӣ ва КДАМ суитафоҳум вуҷуд дорад.
Манбаъи мо мегуяд, «замоне, ки мошини раиси Ҳизби халқӣ- демократиро дар Кулоб кафонданд, амният ҳама маълумотро дар ихтиёр дошт, ки кӣ, кай, аз куҷо ва дар куҷо? Парвандаро оғоз карда ба Прокуратураи вилоятӣ меоранд. Прокурори онвақтаи вилоят Абдураҳим Раҳимов мегуяд, ки генерал -яъне Юсуф Раҳмон иҷозат надод, ки бо статяҳои террористӣ онро кушоед. Амниятиҳо дар хашм омада гапашон бо Прокуратура мегурезад. Гап дар инҷо аст ки соли ҷорӣ вақти баргузории маршировка барои омодагӣ ба ҷашни рузи Истиқлолият байни кормандони Прокуратура ва бачаҳои амният дар чи масъалае баҳсу даъво мешавад. Прокурорҳо зурӣ мекунанд. Бачаҳои амният мезананд. Гап ба боло мерасад. Аз боло дастур мешавад, ки «гапа кшен». Аммо ин буғз дар дили прокурорҳо мемонад. Маҳз ин ҳодиса сабаб мегардад, ки он шабу рӯз Прокуратураи Генералӣ дар ифтитоҳи парванда бо статяи террористӣ «стоп» мемонад.
Аммо КДАМ тоб медиҳаду мегуяд, ки Прокуратураи Генералӣ дар таркишҳо ва дигар амалҳои террористӣ «қуш» аст. Мақсад минтақаи Кулобро ноором кардану шуришро аз онҷо хезондан кори дасти Юсуф Раҳмон аст.
«СС. Ятимов ин ҳолатҳоро нарезондаву начаконда ба Раҳмонов расонд, ки Юсуф Раҳмон бозии худашро пеш бурда истодааст ва барои ифтитоҳи парванда бо иттиҳоми экстремистиву террористӣ иҷозат намедиҳад ва вақте мо эълон карда наметавонем, ки амали террористӣ анҷом дода шудааст, Кулобро задан мушкил мешавад, ва мо наметавонем онро ба пойи ҲНИТ бипечонем»
Аз инҷо буд, ки баъди тағироти кадрӣ дар Хатлон, якум шуда Прокурори нави минтақаи Кулоб аз оғози парванда бо бандҳои марбут ба акти террористӣ суҳбат кард. Бо ин роҳ Юсуф Раҳмон мехоҳад нишон бидиҳад, ки вай дар ин ҳодисаҳо «не причём» аст.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон ҳодисаи оташ гирифтани мошини Бобоҷон Давлатзода раиси Амонатбонки Восеъ дар шаби 26-ба 27 декабри соли гузашта яъне дар чанд рӯзи қабл аз таркиши мошини раиси минтақаии ҲХДТ-ро низ акти террористӣ эълон накарда буд ва худи он раисиАмонатбонки Восеъ ҳам изҳор дошта буд, ки мошинаш нуқси техникӣ дошт ва низ ҳодисаи дигари мушобеҳ бо мошини додситони ҳамин ноҳияи Восеъро ҳам Юсуф Раҳмон «амали қасдгирӣ» хонда ва омили ин корро як нафар корманди пешини нотариус эълон карда буд. Ҳодисаи оташгирии мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб шаби 12 ба 13-уми феврали соли гузашта сурат гирифта буд.
Айни замон Юсуф Раҳмон эзорашро тар кардааст, ки мабодо Президент «гапа накова».
Аз онки прокурори нави минтақаи Кулоб мегуяд «дар ноҳияҳои дигари Кулоб ҳам сурат гирифт» яқинан ҳам оташгирифтани мошини раиси Амонтабонк ва ҳам ҳодисаи сухтор дар мошини прокурори собиқ дигарбора бо банди марбут ба акти террористӣ корсозӣ мешавад ва табъан, ки мавқеи Юсуф Раҳмон дар инҷо суст ва осебпазир шудааст, чун дар иҷрои нақшаи задани Кулоб шояд нохоста ва ноогоҳона монеа эҷод кардааст. Юсуф Раҳмон хоста буд, ки бо ин кор мавқеи СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро заиф гардонад ва нишон диҳад, ки дар идораи авзоъ ва иҷрои вазоиф бемасъулиятанд ва содоқат ҳам надоранд. Аммо, кор чапа шуд ва ҳоло худаш зери зарба аст ва ба назар мерасад ҳоло ҳам СС.Ятимов тарҳҳои бузургро ба иҷро медароварад.
Манбаъи мо гуфт, ки «Маълум аст мақомот яроқҳоеро дар байни он яроқҳои баҷокардаашон нишон медиҳанду эълон мекунанд, ки инҳо аз они оппозитсия, яъне ҲНИТ аст ва ба Иттиҳоди Аврупо, кишварҳое, ки мухолифинро паноҳ додаанд маълумотҳои сохтаро пешниҳод мекунанд».
Аммо «нозукӣ»-и кор дар он аст ки худашонро худашон дар ноуҳдабароӣ ва ношоистагӣ ва ғайрипроффесионалӣ дар таъмини амнияти давлат ва мардум айбдор мекунанд. Вале ин тарафи масъала барояшон муҳим нест.
Инҳо «кор»-ро дигар хел нишон додан мехоҳанд. Ин далелҳои сохтаашонро бо аксҳои хунин, ки гуё аз кисаи кадоме аз кушташудаи иғвогар телефони мобилӣ пайдо шудааст ва дар он «инструктаж» аз ҷониби Кабириро ифшо намудаанд, нишон медиҳанд. Ва бо ҳамин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои паноҳдода паём медиҳанд, ки шумо террористҳоро ҳимоят мекунед ва ҳамзмон талаб мекунанд, ки Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва чанд тан дигар барои «очная ставка» ба Тоҷикистон фиристода шаванд.
Прокуратураи генералӣ таркишро амали террористӣ эълон кард. Муфаттишони амният нафарони дастгиршударо маҷбур карда истодаанд, ки баёноту нишондодҳояшонро тибқи гуфтаи инҳо бидиҳанд. Ҳамаро сабту навор мекунанду баъд амалиётро сар мекуннад. Аммо мегуяд манбаъи мо, «мисли онки аз чизе хавотиранд, яке ба мақсад нарасем, чи мешавад, авзоъ аз контрол берун шавад ва мардуми Кулоб ҳамакаса бихезад? Барои ҳамин як чанд нафарро аз зиндон бо расидани муҳлати адои ҷазояшон «колония поселения ва условно досрочное освобождения» бароварданду барои амалиёт омода карданд. Он нафарон як замон узи қатории ҲНИТ будаанду бояд бо ҳузури онҳо нақшаашонро тақвият кунанд, яъне боварбахштар бисозанд».
Анун ҳам Раҳмонов ва ҳам онҳое, ки дар даруни худи режиманду ин корро ташкил карданд, онро кори 307-иҳо нишон медиҳанд, чун ҳарфи дигар гуфтан наметавонанд. Тамоми талошашонро ба он равона карда истодаанд, ки онро теракт-амали террористӣ нишон диҳанд ва то метавонанд ба ҲНИТ рабт диҳанд.
Аммо дар Тоҷикистон мардум ягон теракт ё амали монанди онро иҷро намекунад ва дар фикраш ҳам нест: «Мошинро ба воситаи наводящий взрыв, ки системаи махсусро талаб мекунад, кафондаанд. Дар Тоҷикистон агар бод шикастӣ, ҳануз буяш набаромада хабаркашҳо онро мерасонанд. Ин корро танҳо худи мақомот кардааст. Именно раиси минтақавии ҳизберо, ки раисаш Президент аст, кафониданд, ин тактикаи сад дар сади КДАМ аст. Ҳодисае, ки дар Кулоб шуд ин сигнал ба худи Раҳмонов ҳам ҳаст, ки бубин ба мо ниёз дорӣ.
Нуктаи дигари ташвишовар ин аст ки дар раъси милисаи вилояти Хатлон Шариф Назарзода ва дар Прокуроратури вилоят Аваз Назарзодаро гузоштанд, ки ин ҳарду дар саркуб ва куштори бадахшониҳо дар Хоруғ ва ташкили куштори Гулбиддин Зиёбеков, ки боиси аланга гирифтан Бадахшон шуд, нақши муассир бозидаанд. Яъне таҷрибаи ташкили хунрезии омавиро доранд, ҳадафе, ки бояд режим дар Кулоб анҷом диҳад.
Ps: Ҳангоми омода намудани ин матлаб маълумотҳои ҷолиби дигар аз ду ниҳоди қудрати дар қазияи инфиҷори охири Кулоб ба мо расид. Аммо мо бояд ҳама ончи омадаро пурра омӯзем ва сипас расонаӣ кунем. Чун,ки метавонад ин маълумот ба хотири таҳаққуқи нақшаҳои шуми ин ниҳодҳо бошанд. Чун,ки манбаъ аз он манобеъе нест,ки рӯйи ҳарфаш эътимод дошта бошем. Муҳим хело дар ҳаракот ва тавтиъаҳое мехоҳанд ба роҳ андозанд мардуми Кулоб ҳушёр бошанд!