Куштор барои «риш» дар фурудгоҳи Душанбе

Ислоҳ нет
Screenshot

Ҷавони 29 солаи тоҷик, ки сафари Маскав дошт, 6-уми октябр дар фурудгоҳи Душанбе аз тарафи кормандони КГБ-и СС.Ятимов барои риш боздошт ва13 октябр, баъди як ҳафта ба хок супурда шуд. Маросими шустани ҷасади ин ҷавон, кафан, намози ҷаноза ва хоксупории ӯро низ ҳамин кегебешникҳо анҷом доданд.

  Саидаъзам Раҳмонов 29 сол дошт. Панҷ-шаш соли ахир дар Гамбурги Олмон (Германия) ба сар мебурд. Вай 6 октябр ҳангоми сафар ба Маскав дар толори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нопадид шуд. Телефони мобилиаш қатъ шуда буд. Нафароне, ки дар Маскав истиқболаш мекарданд, гуфтанд, ки наомад.

  Бо Саидаъзам чи иттифоқ рух дод?

Раҳмонов Саидаъзам Ҳамроевич 14апели соли 1996 дар маҳаллаи Қазоқони Душанбе ба дунё омада аст. Саидаъзам мисли соири ҷавонҳои тоҷики дар суроғи нону зиндагиро чархи фалак ба Олмон мебарад ва 5-6 соли охир дар Гамбурги ин мамлакат ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекард. Саидаъзам соли 2022 ё 2023 бо як духтар дар Олмон издивоҷ мекунад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Гамбург сурат мегирад. Ин духтари олмонӣ исломро қабул мекунад ва мусалмон мешавад.

Сайидаъзам дар Гамбург барои ҷавонони тоҷик кору ҷойи хоб ва мошин барои равуо то ба маҳалли кор пайдо мекард ва чуноне маълум шуд, бародароне, ки бо вай кор мекарданд, аз ӯ розӣ буданд.

Саидаъзам ду моҳ пеш ба Тоҷикистон меояд, то инки дигарбора тавассути раводиди издивоҷ- визаи воссоединение семйи ба Олмон баргардад.

 Дар сафорати Олмон дар Душанбе ҳама аснодашро супорида мунтазири дарёфти раводид, яъне ҷавоби иҷозаи иқомаи доимиаш буд. Мехост ҳарчи зудтар баргардад ва ҳамроҳи занаш зиндагиашро идома диҳад.

 Дар Душанбе ранги ҳама одӣ зиндагӣ мекард. Дар маркази шаҳр манзилеро барои иҷора гирифта буд.

  Рӯзи 6 октябр ба самти Маскав билети самолёт дошт. Кадоме аз шиносҳояш дар Маскав ӯро ба тӯй даъват карда буд.

             Ҳодиса дар фурудгоҳ

Яке аз дӯстони Саидаъзам бо вай барои бадрақа ба фурудгоҳ меояд. Дар фурудгоҳ, Саидаъзам, ки билет дошт, вориди бино-толори мусофирон мешавад, аммо нафари мушояаткунандаро иҷозат намедиҳанд. Зеро баъди раиси фурудгоҳ шудани Зайнулло Шарифзода бародари домоди Эмомалӣ Раҳмонов қоидаи нав ҷорӣ кардаанд ва нафароне вориди толор мешаванд, ки билет доранд. Гуселкунандаҳо иҷозат надоранд, ки  даруни бинои фурудгоҳ дароянд. Он рафиқи ҳамроҳаш ба Саидаъзам хайрухуш мекунд. Саидаъзам даруни бино медарояд.

Аммо бадрақагар аз оинаи тиреза мебинад, ки як нафар ба Саидаъзам наздик мешавад ва удостоворенияшро нишон медиҳад ва як ҷавоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард Саидаъзамро ба самти дигар мебаранд. Байни онҳо чи радду бадалҳое мешавад, ки рангу рӯи Саидаъзам тағйир меёбад. Хуллас, Саидъзамро аз сафи мусофирон ба дигар тараф мебаранд. Саидаъзам риш дошт, вале ришаш баланд набуд, шояд то се сантиметр ҳам набуд. Бо ҳамин дигар Саидаъзам нопадид мешавад. Ӯро амниятиҳо мегиранд, мебаранд маҳкам мекунанд.

Бо ҳамин дигар ҳеҷ хатту хабаре дар бораи Саидаъзам шунавида намешавад.

    Обиски манзили пайвандони Саидаъзам  

  Пагоҳи нопадидшавии Саидаъзам дар фурудгоҳ,соатҳои 7у 50дақиқаи саҳарӣ як гуруҳи амниятиҳо ба хонаи бачаи холаи Муҳаммад (як рафиқи Саидаъзам) мерезанд. Мераванд, аммо Муҳаммадро пайдо накарда бачаи холаашро мегиранду мебаранд ба КГБ ва то шаб мурданивор мезананд ва дар куҷо будани Муҳаммадро мепурсанд. Вай мегӯяд, ки Муҳаммад куҷое баромад рафт, аммо нагуфт, ки ба куҷо ва ҳиҷ маълумоте ҳам надорад.

 Дар рӯзи 8 октябр КГБҳо хонаҳои холаву тағо, амаку амма ва ҳар куҷое, ки Саидаъзам рафта буд, пахш карда обиск мегузаронанд. Аммо ягон чиз пайдо карда наметавонанд.

Ҳама ҳайрон мешаванд, ки барои чи омаданду хонаҳоро зерурӯ карданд ва чӣ мекофтанд. Ва Саидаъзам куҷо шудаасту бо вай чи ҳодиса руй додааст. Чунки амниятиҳо ҳеҷ маълумоте, ки ӯро дастгир кардаанд, намедиҳанд. Ҳамон хонаи иҷорааш дар маркази шаҳрро ҳам омада кофтукоб мекунанд.

   Муҳаммад кист?

Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ телефони Саидаъзамро амниятиҳо мегиранду дар он навори амри маъруфро пайдо мекунанд. Сипас, ба кофтукоби даруни телефон мепардозанд. Мехоҳанд бифаҳманд, ки дар Душанбе бо кӣ ҳамроҳ будааст. Маълум мешавад, ки бо ду нафара ҷурагӣ доштааст. Аз вай мепурсанд, ки ин ду нафар киҳоянд. Маълум мешавад, ки аз он ду нафар якеашон ду рӯзи пеш ба Олмон рафта будааст, бо номи Муҳаммад. Муҳаммад чанд соли пеш таҳсилоти олии диниро дар Арабистони саудӣ гирифта будааст.

Муфаттишони амният бо вай телефон мекунанду мегуянд, ки «ҷураат, яъне Саидаъзам аллакай ҳамаро нақл кард, ки дар куҷо ва чи хел шумо шинос шудагиед. Ту бигӯ, ки сеюминатон дар куҷо аст»?

Аммо он нафар ҳеҷ маълумот намедиҳад ва чизе ҳам, ки намегуяд.

Боз амниятиҳо ба он нафар таҳдиду фишор оварда мегуянд, ки «и гуфт, ки дар куҷо шинос шудагиед ва шумо чи касоне ҳастед».

 Мунтаҳо на Муҳаммад ва на Саидаъзам дар воқеъ намедонистанд, ки рафиқашон дар куҷо аст. Мегӯянд чанд рӯзи пеш дида будем, ҳоло намедонем, ки дар куҷо аст.

Вале зери зарбу шаллоқу шиканҷа ва қувваи барқ Саидаъзам гуфтааст, ки ҳамроҳи бачаи холааш будем ва адреси бачаи холааш фалонҷо. Ва, барои ҳамин амниятиҳо соати ҳафти субҳ ба хонаи бачаи холаи Муҳаммад юриш мебаранд.

Обиски хонаҳо ба хотири чӣ буд?

  Саидаъзам дар шаҳр як хона дошт, ки онро 90 000 доллар нарх гузошта буд ва мехост бифурӯшад ва дар 30 000-и он як хона барои яке аз ҷиянҳояш бигирад, ё писари хола ё тағоияш. Аз ин нақшааш танҳо наздикону шиносҳояш воқиф будаанд. Шояд инро ягон буз фаҳмидаву хабар карда бошад. Шояд ин обиско барои пул бошад? Чунки ин хабар ҳам будааст, ки шаҳид Саидаъзам аз Олмон бо худ 100.000 доллар оварда будааст ва инҳо ҳам фикрашон ҳамин будааст, ки ин бача аз Олмон омаду пулҳояшро дар куҷое баҷо кардааст. Барои ҳамин ҳамаи ин хонаҳоро омада чапагардон карданд. Ин ҳама кофтукобу обискҳо баъд аз онки ӯро заданду куштанд.

 Ё, шояд мехостанд, ки ягон китобу адабиёти динӣ биёбанду ӯро тамғаи террористӣ зананд.

   Саидаъзамро кай куштанд?

Рӯзи 8 октябр, вақте ба обиски манозили пайвандони Саидаъзам шурӯъ мекунанд, ки ӯ дигар зинда набуд. Маълум мешавад, ки аллакай Саидъзамро кушта будаанд. Ӯро дар бинои КДАМ-и ҷумҳурӣ мекушанд, дар ягон утоқи фурудгоҳ мекушанд, номаълум.

 Рӯзи душанбеи 13 октябр ҷасади Саидаъзамро худи кормандони амният оварда шуста, кафан карда гӯр мекунанд. Ҳеҷ  касро иҷозати гирифтани аксу навор намедиҳанд. Маълум нест, ки ба пайвандони Саидаъзам чи гуфта бошанд.( Бачаатон буд, дигар нест, бачаатонро куштем)

 Ҳамчунин маълум нест, ки зарбаи чи касе аз амниятҳои СС.Ятимов ҷони Саидаъзамро гирифт. Чи қадар ӯро заданд ва зарбаи охирро кадоме аз онҳо зад, ки ҷонситон ва марговар буд ва Саидаъзамро ба шаҳодат расонд. Ин нафар ҳоло гирифтори азоби виҷдон аст, сари дастурхон ва ё шаби хоб ором бошад ва ё инки ҷоиза аз СС.Ятимов гирифт?  Ҷони як ҷавони бегуноҳро гирифт, зани ҷавони ӯро бева кард, зани олмоние, ки барои Саидаъзам ислом оварда буд. Ин зан, ки ҳоло дар сӯгу мотам нишастааси, ба ин мусалмонону мусалмонии онҳо чи мегуфта бошад? Вай шояд бовараш наояд, ки органҳои давлатӣ ва нафаре, ки масъули амнияти 9униммиллион нафар аст худаш мезанаду мекушад ва ба лаб кулӯх молида мегардад.

 Дар Тоҷикистон солҳост, ки ҳукми қатл мамнуъ аст. Ҳатто агар ҳукми қатл ҳам роиҷ ва иҷорӣ буд магар КГБешник ҳақ дорад, ки онро бе суд ва бе тафтиш ба иҷро гузорад? Ин кгбешник муҷозот мешавад ё хайр? Вай одам кушт, одами бегуноҳро кушт. Одаме, ки дар даст билет дошту Маскав мерафт. Нагузоштанд, ки равад, фақат барои риш доштанаш, он ҳам як рише, ки ҳаҷму тӯли онро қонун иҷозат додааст.

Чаро ҷасади Саидаъзамро баъди як ҳафтаи куштор доданд?

Вақте ҷасади Саидъзамро бегоҳи 13 октябр оварданд, аллакай Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Маскав қарор дошт ва сафари давлатиаш ба Душанбе хатм шуда буд.

Вале як нафари аз ин амниятиҳо, ки ҷасадро оварду гӯронд мегӯяд, ки сабаби дер овардани ҷасад ин буд, ки дар Душанбе меҳмонҳои зиёд омада буданд, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Русия. Вай мегӯяд, ки «ҷасадро доштем, чунки паника нашавад, одам зиёд ҷамъ нашавад, хабар ба гӯши президентҳои омада нарасад».

Ин амниятӣ мегуяд, ки Саидаъзам худаш худашро кушт. Аммо, Саидъзам чаро худашро мекуштааст? Магар одами худкуш қасди сафари Маскав мекард ва омада-омада худро дар фурудгоҳ мекушт? Вай, ки дар дасташ чизе надошт, ки худро бикушад, чи гуна худро кушт?

Бубинед, ки қадри як тоҷик, як одам ончунон пасту поин шудааст, ки мегӯянд, ки барои он надодаем ҷасадро, ки меҳмонҳои президент нороҳат нашаванд. Ҳоло барои меҳмонҳои президент чи фарқ дошт, ки кӣ мурдааст. Дар асл тарсашон аз ин буд, ки имкон дошт мардум ҷамъ шаванд ва эътироз кунанд. Ҳамчуноне чанд соли пеш дар Кулоб милисаҳо як ҷавонро бо пойи худаш бурданд шӯъба ва дар онҷо куштанд ва мардуми ғаюри Кулоб чанд рӯз пушти ҳам ба майдони назди ҳукумат таҷаммӯъ карда буданд. Аз бими такрори он ҳодиса ҷасадро аз рӯзи 8 то 13 дар кадом морг ё таҳхонаи КГБ (шояд ҳоло дар он таҳхона морг сохтанду даруни он пур аз аҷсоди ҷавонҳои ришдор аст) нигоҳ доштанд? Бо бадани гарму зиндаи Саидъзам чи гуна муносибат карданд, ки надоданд бибишӯянду кафан печонанду дар қабр гузорнадаш. Нагузоштанд аксу навор бигиранд. Таҳдид карда, касеро наздик шудан намонданд, худашон то дар гӯр бурда монданд. Чаро? Чиро пинҳон карданд?

Магар Саидаъзам кӣ буд, ки ин тавр муносибат карданд? Вай магар Усома бен Лоден буд? Барои онки наздикон набинанд, ки ӯро чи гуна заданду дар куҷоҳояш заданду чи гуна изу нақши озору бадрафториашон дар бадани ӯ боқист, ана барои ҳамин ҷасадро то зери хок худашон гузоштанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки СС.Ятимов саддарсад огоҳ аст ва нақшаи чи гуна супоридани ҷасадро ҳам бо вай ҳамоҳанг кардаанд.

СС.Ятимов аз паника тарсид. Вай аз онки фардо дар пеши худо ҷавоб хоҳад дод, парво надорад, чунки худонобовар аст ва бо ришу масҷиду ислом танаффури беинтиҳо дорад ва Идораи амнияти мамлкат ва кормандони онро ҳам дар ҳамин рӯҳияи худонобоварӣ ва даҳригӣ тарбият карда истодааст ва дар онҳо эҳсоси танаффур ва бадбинӣ ва ваҳшат ба исломро ҷой кардааст.

Яқинан барои ин куштор ҳеҷ яке аз кормандони КДАМ-и СС муҷозот намешавад.

                Риш иллати шаҳодат?

Таълимоти даҳрӣ ва зиддисломии СС .Ятимов кормандони ин ниҳодро ба ҳадде аз ришу ҳиҷобу масҷид мутанаффир сохтааст, ки рӯирост зада мекушанд. Гуё Ятимов ба андозае душмани риш аст ки куштори ришдорро иҷозат медонад. Риш кофист, киҳоло туро дар Тоҷикистон ба қатл бирасонанд. Ҳоло агар бар фарзе хоҷа Ҳофиз- қори мураттаби Қуръон, мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургони динӣ, Мавлонои Балхӣ , Шайх Саъдӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар ҳаштсолагӣ кулли Қуръонро ҳифз намуд то Аҳмади Донишу домулло Айнӣ, ки солҳо мударриси яке аз мадрасаҳои Бухоро буд, имрӯз ҳамроҳи мо буданд, барои он ришу сала зиндонӣ мешуданд, 307 мезаданд ё мекуштанд, мисли Сайидқиёмиддини Ғозиву Махдуми Абдусаттору ё ахиран домулло Зубайдуллоҳи Розиқ? Хуб, бигзор инҳо ҳам айни мо барои ришу намоз ҷазо бигиранд вале агар Марксу Энгелсу Ленин пирони мазҳаби СС имрӯз Душанбе меомаданд, яке гузорашон меуфтод, пас онҳо бо дастони кегебешникҳои СС кушта ё зиндонӣ мешуданд, Бо онҳо СС чи кор мекард?

Чаро маҳз Саидаъзамро аз ҷамъи мусофирони парвози Душанбе-Маскав ҷудо карда ба самти дигар бурданд. Чунки вай риш дошт.Т амом. Ҳамин риши кутоҳи ва боис шуд, ки ӯро дастгир ва сипас кофтукоб карда телефонашро бигиранд ва аз вай суроғи рафиқонашро бигиранд. Аз вай чи пурсиданд, барои чи рухсат надоданд, ки сафарашро идома диҳад, номаълум. Вале вақте ба кофткоби манзилҳо шуруъ карданд, аз ҷумла манзили наздикони Муҳаммади рафиқи Саидаъзам, мешавад тахмин зад, ки чи гумонҳое кардаанд, ки Муҳаммад ҳам риш дорад ва Саидаъзам ҳам риш дорад, шояд инҳо бесабаб риш надошта бошанд. Аммо ин фикр, ки риш сунати пайғамбар аст ва марди мусалмон онро мемонад ё мегузорад, дар мағзи онҳо ҷо надорад, чунки СС дар мағзи онҷо дигар чизро ҷой кардааст.

Акси якҷояи Саидаъзам ва Муҳаммад ҳам ҳеҷ улике наметавонад бошад, ки Саидаъзам барои он гунаҳгор дониста ва беягон сабаб дастгир карда шавад. Агар ҳамроҳӣ ва нишасту бархост бо як нафар ҷурм бошад, пас Эмомалӣ Раҳмонов ҳам барои нишасту бархосту ҳамкорӣ бо Зайд Саид, Ғаффор Мирзо, Муҳаммадрӯзӣ Искандар ва нафарони дигар бояд дастгир бишава ва ҷазо дар намуди қатл дода шавад. Тибқи мантиқи шумо бояд ҳамин тавр шавад.

Саидаъзам узви ҳеҷ гуруҳи ҳаракату ҳизби оппозитсионӣ нест, блогери намекунад, таҳти пайгарди қонунӣ қарор надорад, чаро ӯро подозрения карда дастгир намудед? Фақат барои онки риш дошт?

Вай агар таҳти ҷустуҷӣ буд, чи гуна омада аснодашро ба сафорати Олмон дар Душанбе месупорид, чи гуна аз КПП(гузаргоҳи марзӣ) дар фурудгоҳ мегузашт? Вай агар парванда дошт, табиист, ки намеомад аз Олмон. Вай баракс омад, ки визаи издивоҷ бигирад ва иқоматаш дар Гамбургро тибқи қонун пеш барад. ай мунтазири визо буд ва хонуми олмонии мусалмоншудааш интизораш буд. Аммо шумо ӯро баноҳақ ва ноҷавонмардона куштед.

Дигар мақомоти Олмон ва кишварҳои аврупоӣ бояд Тоҷикистонро давлати амн наҳисобанд. Шаҳрвандоне дар и н кишварҳо зиндагонӣ менамоянд набояд ба онҳо бигӯянд ба Тоҷикистон баргардед ва визаро гирифта ба аврупо баргардед. Дирӯз кишвари Фаронса як ҷавони дигари Язгуломиро ,ки бо туҳмати намедонам кадом моддаи ғариби дигар муттаҳам мешуда ӯро нахуст 40 рӯз зиндонӣ ва сипас ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ҳоло Олмон хело сахтгирӣ бо паноҳандагон дорад,ки рафта аз сафорат шиноснома оред ва пас аз он бароятон иқома медиҳем. Дар ҳоле сафорат шиноснома намедиҳад ва нома ҳам намедиҳад, ки дар кофтукобед. Мақсад ин паноҳанда бояд ба тоҷикистон баргардад ва онҷо зиндонӣ ва кушта шавад мисли Саидаъзам ва ҳазорҳои дигар. Мақомоти олмонӣ бояд қазияи тоҷиконро диққат диҳанд ва тоҷикистониро бо афғонистонӣ ҳатто монанд накунанд. Чунки дар Афғонистон ин даҳшатҳое дар Тоҷикистон мешавад нисбати шаҳрвандонаш аслан намешавад. Ба раҳмонов ва режими ӯ бовар кардан ин худ ҷиноят маҳсуб мешавад.  

  Кӣ ба ин ҳама ваҳшоният, барбарӣ, бебандуборӣ бояд ҷавоб диҳад?

 Аз КДАМ тамоми пайвандони Саидаъзам Раҳмонов, ин шаҳиди 29 соларо даъват карданд, ки соати…рӯзи 14 октябр ҳозир шаванд. Ҳоло  онҳо чи хоҳнд гуфт номаълум. Бидуни шак таҳдид мешаванд,ки хомӯш бошанд ва чизе нагуянд. Аммо бидонеду огоҳ бошед! Хомӯшии имрӯзи падару модар ва бародарони Саидаъзам сабаби куштани ҳазорҳо фарзандони дигари ин миллат мешавад. Чуноне дар Ваҳдат бо Умар карда буданд хомӯш истодем, дар Кулоб карданд хомӯш истодем магар инҳо бас карданд? На бас накарданд ва дар оянда ҳам бас кардани ҳам нестанд!

Мо мунтазири ҳукми одилона нисбати ин куштор хоҳем буд. Агар прокуратураи генералӣ ин қазияро ҳамингӯна гузорад ва гӯйё ҳеҷ коре нашудааст пас интизори авоқиби вазминтар аз ин миллат бошед!

Share This Article