Ман як маликаам! (қисса дар бораи ҳиҷоб)

Ислоҳ нет

Ман як маликаам!!!
(қисса)

Шаш сол қабл ин қиссаро хонда будам ва то он ҳад бароям таъсир гузошт, ки нақше дар хотираам баст ва дар ин рӯзҳои ҳассоси ҳиҷобкашӣ дар кишварам ё худ манъи сатру ҳиҷоби зани мусалмони тоҷик аз ҷониби худкомагон ин хотира дубора дар зеҳнам тоза гардид. Ин қиссаи хитобӣ, ки аз оғоз то анҷом аз «ифтихор», «итминон» ва «имон»-и комил ба ислом, нақл мекунад, қиссаи як бону, як зан, як маликаи ғарбии тозамусулмон мебошад.

 

Хонандаи азиз! Қисса басо ҷолибу хонданист, зеро бедоркунандаву такондиҳандаи имони ҳар як фарди мусалмон аст, аз ин лиҳоз бо такя бар ин абёт:

 

Ин ҷаҳон поку хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

 

Ба қисса таваҷҷӯҳ кунед:

Дар он замон, ки тоза ба ислом гаравида будам, баҳсҳои ҷиддие дар бораи духтарони маҳҷуба (ҳиҷобпӯш) дар мадориси Фаронса вуҷуд дошт, ки ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Аксарият бар ин назар буданд, ки масъалаи ҳиҷоб хилофи ин аслро собит мекард, ки мадориси давлатии Фаронса бояд нисбат ба мазҳаби донишомӯзон бетафовут бошад ва ҳатто ман ба унвони як ғайримусулмон меандешидам, ки чаро бояд чунин васвосе дар бораи мавзӯи кӯчаке миёни донишомӯзон вуҷуд дошта бошад.

 

Ин эҳсос то он ҳад дар миёни ғайри мусалмонон бо қувваи худ боқист, ки занони мусалмон, пӯшиши исломӣ бар тан мекунанд, танҳо бар ин далел, ки маҷбур ба итоат аз суннатҳо ҳастанд, бинобар ин ҳиҷоб нишони зулму ситам аст. Аз ин рӯ истиқлол ва озодии занон муяссар нахоҳад шуд, магар бо бардоштани ҳиҷоб.

 

Чунин дарки нопухта дар миёни мусулмонони камогоҳ ё бехабар аз ислом ҳам вуҷуд дорад. Ин афрод чунон ба илтиқоти (барчидан) динӣ ва фаромӯшӣ хӯ гирифтаанд, ки аз дарки ин матлаб: «ислом дини ҷаҳонӣ ва ҷовидонӣ аст», нотавонанд. Ин дар ҳоле аст, ки занони ғайриараб дар саросари дунё ба дини ислом мегараванд ва ҳиҷобро ба унвони як шарти мазҳабӣ мепазиранд, на ба хотири бардошти нодурусте аз суннат. Ман ҳам намунае аз ин занон ҳастам. Ҳиҷоби ман на бахше аз ҳуввияти суннатӣ ё нажодии ман аст ва на маънои сиёсӣ ё иҷтимоӣ дорад, балки ҳиҷоби ман танҳо ва танҳо ҳуввияти мазҳабии ман аст.
Ман пеш аз он ки дар Порис дини исломро қабул кардам ҳиҷобро дар ҳадди худам риоят мекардам. Шакли ҳиҷоб баста ба кишварест, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад ва ё мизони огоҳии ӯ аз ислом тағйирёбанда аст. Дар Фаронса ман танҳо шолӣ бар сар мегузоштам, ки аз назари ранг бо дигар либосҳоям мутаносиб буд. Ин таркиб тақрибан муд ба ҳисоб меомад. Акнун, ки дар Арабистон ҳастам чодари сиёҳ сар то сарӣ бар тан мекунам, ки ҳатто чашмонамро мепӯшонад.

 

«БАД-ИН ТАРТИБ МАН ҲИҶОБРО АЗ СОДАТАРИН ШАКЛ ТО КОМИЛТАРИНИ ОН ТАҶРИБА КАРДАМ».

 

Воқеъан маънии ҳиҷоб чист?

Бо вуҷуди ин ки мавод ва мақолоти зиёде дар бораи ҳиҷоб нигошта шуда, аммо тамоми онҳо нигариши афроде ҳаст, ки аз берун ба ин қазия нигоҳ мекунанд. Ман умедворам бо дар назар гирифтани ин нукта, ки аз дохил ба ин масъала менигарам, тавонам онро шарҳ диҳам.

 

Ҳангоме, ки тасмим гирифтам исломи худро иброз кунам, ҳаргиз фикр накарда будам, ки оё метавонам рӯзе панҷ навбат намоз бихонам ё худ метавонам аз ҳиҷоби худ ҳифз кунам? Шояд аз ин метарсидам, ки агар ҷиддӣ ба ин мавзуъ фикр кунам ба натиҷаи манфӣ бирасам ва ин кор метавонист тасмимамро мабнӣ бар мусулмон шудан таҳти таъсир қарор диҳад. То замоне, ки масҷиди ҷомеи Порисро надида будам, ҳеҷ коре бо ислом надоштам ва бо намозгузорон ва ҳиҷоб низ ошноӣ надоштам. Дар воқеъ ҳар ду бароям ғайри қобили тасаввур буданд, аммо шавқи мусулмон шудан чунон дар ман қавӣ буд, ки нигарони чизҳое, ки дар он сӯи ин тағйир дар интизорам буданд, набудам.

 

Пас аз гӯш додан ба як суханронӣ дар масҷиди Порис маҳосини (ҳусни) риояти ҳиҷоб бар ман равшан шуд, то ҳадде, ки ҳатто пас аз хориҷ аз масҷид ҳам рӯсариро аз рӯи сарам барнадоштам. Он суханронӣ маро ғарқ дар навъи ризояти рӯҳӣ кард, ки ҳаргиз қаблан намешинохтам. Он чунон, ки аслан намехостам рӯсариро аз сарам бардорам. Дар он вақт ба далели сармои ҳаво пӯшиши ҳиҷобам таваҷҷӯҳи зиёдеро ба худ ҷалб накард, вале худ ба шиддат эҳсос мекардам, ки аз дигарон фарқ дорам. Эҳсоси амният мекардам, эҳсос мекардам, ки дар маҳзари Худованд ҳастам. Ба унвони як хориҷӣ дар Порис аз ин ки мардон ба ман таваҷҷӯҳ мекарданд эҳсоси хубе надоштам, вале бо пӯшиши ҳиҷоб аз нигоҳи мардон дар амон будам.

 

Риояти ҳиҷоб боиси хушҳолиам шуд ва нишонаи фармондории ман аз Худованд ва таҷаллии имонам буд. Дигар лозим набуд, ки эътиқодамро ба садои баланд фарёд бизанам, зеро ҳиҷоби ман онро ба равшанӣ барои ҳамагон баён мекард, ба вижа барои дигар мусулмонон. Бад-ин тартиб ҳиҷоб ба тақвияти пайванди ман ба дигар хоҳарону мусулмонон кӯмак мекард. Ҳиҷоб барои ман хеле зуд ба як амри табии ва комилан ихтиёрӣ табдил шуд. Ҳеҷ кас наметавонист маро маҷбур ба риояти ҳиҷоб кунад, агар ҳам мекард ман аз он сарпечӣ мекардам. Дар аввалин китобе, ки дар бораи ҳиҷоб хондам, нависанда бо забони фасеҳу мулоиме баён карда буд, ки: «Худованд ҳиҷобро ҷиддан тавсиъа мекунад» ва дар ислом мо бояд аз хостаҳои Худованд итоат кунем. Аз ин ки ман ҳам муваффақ ба анҷом ва вазоифи динии худ ба сурати ихтиёрӣ ва бидуни ҳеҷ мушкилӣ шудам, аз худ розӣ будам.

 

Ҳиҷоб ба мардум ёдоварӣ мекунад, ки Худованд вуҷуд дорад ва ҳамеша ба ман ёдовар мешавад, ки ман бояд мисли як мусулмон рафтор кунам, дуруст монанди афсарони низомӣ, ки дар либоси хидмат огоҳтар ва муроқибтар ҳастанд. Ман ҳам бо ҳиҷоб бештар эҳсоси мусулмон будан мекунам. 

 

Ду ҳафта пас аз он ки ба ислом гаравидам барои ширкат дар як ҷашни арӯсии хонаводагӣ ба Ҷопон бозгаштам ва тасмим гирифтам, ки таҳсил дар Фаронсаро раҳо кунам. Ҳаваси таҳсил дар риштаи адабиёти Фаронса ҷойи худро ба шавқи таҳсил дар адабиёти араб дода буд. Барои ман чун як тозамусалмон бо огоҳии андак аз дини ислом, зиндагӣ дар Ҷопон, ки маро аз соири мусулмонон ҷудо месохт, озмоиши бузурге буд, ҳарчанд ин дурӣ аз иҷтимои мусулмонон огоҳиҳои исломиамро афзоиш дод ва донистам, ки танҳо нестам, Худованд бо ман аст.

 

Пас аз шаш моҳи таҳсил дар Ҷопон шавқам ба таҳсили забони арабӣ ба ҳадде афзоиш ёфт, ки тасмим гирифтам ба Қоҳира биравам. Ман дар он ҷо дӯстеро мешинохтам, аммо ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи мизбон забони инглисӣ ё ҷопониро намедонистанд ва бонуе, ки маро дар мавриди ворид ба дохили хона ҳидоят кард аз фарқи сар то нуги по сиёҳпӯш буд ва ҳатто чеҳраашро ҳам пӯшонда буд. Агарчӣ акнун ин навъи пӯшиш дар ин ҷо (Риёз) бароям оддиву ошност, вале ба ёд меорам, ки дар он замон аз дидани чунин зоҳире сахт шигифтзада шуда будам, зеро ба ёди ҳодисае дар Фаронса афтодам, ки бо дидани чунин либосе ба худ фикр карда будам, ки «ин зане аст, ки асири суннат шуда, бидуни камтарин огоҳӣ аз исломи воқеӣ», зеро ба назари ман пӯшондани сурат на як зарурат, балки суннати бумӣ буд.

 

Дар Қоҳира мехостам ба он хонум бигӯям, ки дар пӯшиш зиёдарӯӣ кардааст ва ин навъи пӯшиш ғайри оддӣ ва ғайри табии буд, аммо дар иваз ба ман гуфта шуд, ки ман ба унвони як мусулмон пӯшиши муносибе барои зоҳир шудан миёни мардум надорам. Ман бо ин назар мухолифат кардам, зеро бар асоси он чӣ ман дарк карда будам, ин навъи пӯшиш барои як зани мусулмон кофӣ буд. Аммо дар як зарбулмасали инглисӣ омада: «ҳангоме, ки дар Рум ҳастӣ мисли румиҳо рафтор кун». Аз ин рӯ миқдори порчае харидам ва либосе назири он чи занони мисрӣ мепӯшиданд барои худ дӯхтам. Либосе, ки бозӯҳо ва пойтанаро комилан мепӯшонад ва ҳатто омодагӣ доштам, ки суратамро ҳам мисли ақалияти хоҳарони мисрӣ, ки бо онҳо ошно шуда будам, бипӯшонам.

 

Пеш аз мусалмон шудан либосҳои сабуки мардона назири шалворро бар пӯшидани либосҳои занона назири доман тарҷеҳ медодам. Аммо нави пӯшиш ба сабки занони мисрӣ бароям хушоянд буд ва дар ин либос бештар эҳсоси оромиш ва виқор мекардам.
Пас аз иқомати кӯтоҳ дар Арабистон маҷбур шудам ба Порис баргардам. Дар он ҷо мутваҷҷеҳ шудам, ки зоҳири хоҳарони мисрӣ шабеҳ ба роҳибаҳои католикӣ нест. Дар роҳ бо як роҳиба ҳамсафар будам, дар ҳоле, ки аз шабоҳати либосҳоямон лабханд бар лаб доштам. Либоси ӯ мисли либоси як зани мусулмон нишони ин буд, ки худро вақфи Худованд кардааст. Ҳайрон шуда будам, ки мардум дар бораи рӯбанди роҳибаҳои католик ҳеҷ сухан намегӯянд, вале аз рӯбанди як зани мусулмон ба шиддат нафрат мекунанд. Барои ман муҳим набуд, ки либосҳои рангинам ҷойи худро ба либосҳои мушкӣ дода буданд. Дар воқеъ пеш аз мусулмон шудан ба гунае орзӯи зиндагие чун зиндагии як роҳибаро доштам.

 

Боре шунидам, ки духтаре бо ишора ба ман ба дӯсташ гуфт: ӯ як роҳибаи буддоӣ аст. Чӣ қадар роҳибаҳои мусулмону масеҳӣ ва буддоӣ ба ҳам шабоҳат доранд. Боре низ дар қатора марде, ки канорам нишаста буд аз ман пурсид: Чаро чунин либоси ғайриоддиеро пӯшидаӣ? Вақте барояш тавзеҳ додам, ки:

 

“МАН ЯК ЗАНИ МУСУЛМОН ҲАСТАМ! ВА ИСЛОМ БА ЗАНОН АМР КАРДААСТ, ТО АНДОМИ ХУДРО БИПӮШОНАНД, ТО МАРДОНИ ЗАЪИФНАФС БА ГУНОҲ НАЯФТАНД!”

 

Ба назар мерасад, ки ӯ таҳти таъсир қарор гирифтааст. Ҳангоме, ки мехост қатораро тарк кунад аз ман ташаккур кард ва гуфт: Дӯст доштам вақти бештаре бошад, то дар бораи ислом бо ту суҳбат кунам.

Ҳангоме, ки падарам маро медид, ки ҳатто дар рӯзҳои гарм ҳам бо либоси остиндор ва сарпӯшида берун мерафтам ибрози нигаронӣ мекард, аммо ман дарёфта будам, ки ҳиҷоб маро аз шуъоҳои хуршед ҳам дар амон медорад ва дар воқеъ ин ман будам, ки аз дидани пойҳои бараҳнаи хоҳарам дар шалвори кӯтоҳаш эҳсоси нороҳатӣ мекардам. Ман ҳамеша аз дидани чунин саҳнаҳое дар бораи занон эҳсоси шарм мекардам. Бинобар ин мушкил нахоҳад буд, ки фикр кунем ин саҳнаҳо чӣ таъсире бар мардон мегузоранд.

 

ДАР ИСЛОМ БА ЗАНОН ВА МАРДОН СУПОРИШ ШУДА, ЛИБОСИ ДУРУСТ ПӮШАНД ВА БАРАҲНА ДАР МИЁНИ МАРДУМ ЗОҲИР НАШАВАНД, ҲАТТО ДАР МАКОНҲОЕ, КИ ҲАМАГӢ ЗАН Ё МАРД ҲАСТАНД.

 

Дар ислом саъйи зан бар ин аст, ки барои шавҳараш зебо ҷилва кунад ва шавҳараш ҳам мекӯшад, то барои ҳамсараш зебо бошад. Дар ислом ҳатто миёни як зану шавҳар ҳаё вуҷуд дорад ва ин амр равобити онҳоро зиннат медиҳад.

 

Ин возеҳ аст, ки пӯшидагии андом бо таваҷҷӯҳ ба тафаккури фардӣ ва иҷтимоӣ таъин мешавад. Ба унвони мисол дар Ҷопон 50 сол қабл агар зане бо либоси шиноварӣ ба шино мерафт зишт маҳсуб меёфт, аммо имрӯз чунин либосҳо бо навъи боз ҳам зишттар роиҷанд, ҳарчанд шино кардан бидуни пӯшиши болотана беҳаёӣ маҳсуб мешавад, дар ҳоле, ки шино дар соҳили ҷанубии Фаронса бидуни пӯшиши болотана як навъи қоида аст. Дар бархе соҳили Амрико бараҳнагароён лухти модарзод дар соҳил дароз мекашанд. Агар як хонуми озод, ки ҳиҷобро нафъ кардааст, мавриди саволи яке аз ҳамин бараҳнагароён қарор бигирад, ки чаро барҷастагиҳои баданашро мепӯшонад? Дар ҳоле, ки ин андомҳо ба андозаи дастҳо ва сурати табъии ҳастанд, ҷавоби содиқонае хоҳад дод? Дар ин ҷо ҳавову ҳаваси мардони таъинкунанда ҳадди пӯшидагии занон маҳсуб мешавад. Аммо дар ислом чунин мушкиле вуҷуд надорад, зеро Худованд мушаххас кардааст, ки чӣ бахшҳое бояд ва ё набояд пӯшида бимонанд ва мо аз Ӯ итоат мекунем.
Пардаҳои шарм дар миёни мардуме, ки бараҳна ё нимбараҳна дар ҷомеъа зоҳир мешаванд ва дар муқобили чашмони дигарон иҷобати сиришт ё муошиқа (ишқварзӣ) мекунанд дарида мешавад ва ин рафтор мақоми инсонро то ҳадди як ҳайвон таназзул медиҳад. Занони ҷопонӣ танҳо ҳангоме, ки мехоҳанд аз манзил хориҷ шаванд ороиш мекунанд ва барои зоҳири худ дар хона аҳамияти зиёд қоил намешаванд.

 

Мусулмонон ба ҳассосияти беш аз ҳад дар бораи бадан муттаҳам мешаванд, вале озорҳои ҷинсии роиҷ дар ҷомеъа пӯшиши наҷибонаро тавсия мекунад. Пӯшидани домани кӯтоҳ метавонад паёме барои мардон бошад. Аён бар ин ки ман дастрас ҳастам, аммо «ҲИҶОБ БО САДОИ БАЛАНД ЭЪЛОМ МЕКУНАД, КИ МАН БАРОИ ШУМО МАМНУЪ ШУДААМ»!!!

 

Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) аз духтараш Фотима (р) пурсид: «беҳтарин чиз барои як зан чист»? Вай фармуд: «ин ки на марди номаҳрамеро бубинад ва на дар маърази диди номаҳрамон бошад». Паёмбар (с) хушнуд шуд ва фармуд: «ба дурустӣ, ки ту духтари манӣ». Ин суханон нишон медиҳад, ки барои занон беҳтар аст, ки дар хона бимонанд ва то ҳадди имкон аз нигоҳи номаҳрамон ба дур бошанд. Дар хориҷи хона низ риояти ҳиҷоб ҳамон асарро дорад. Пас аз издивоҷ Ҷопонро ба қасди Арабистон тарк кардам, ҷое, ки занон бино ба расм дар берун аз манзил чеҳраҳояшонро бо ниқоб мепӯшонанд. Ман бесаброна мунтазир будам, то ниқобро имтиҳон кунам ва бидонам, ки пӯшидани он чӣ эҳсосе ба ман медиҳад. Албатта занони ғайримусулмон ҳам либосҳое ба номи шинел мепӯшанд, ки озодона аз шонаҳояшон овезон аст, вале чеҳраҳояшонро намепӯшонанд ва занони муслмони ғайриараб ҳам камтар суратҳояшонро мепӯшонанд.

 

Ҳамин ки ба пӯшидани ниқоб одат кардед мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки аслан нороҳат нестед. Дар воқеъ ман бо ниқоб эҳсос кардам, ки шоҳкор ва ганҷеро пинҳон мекунам, ки наметавонӣ онро бубинӣ ва бишносӣ. Вақте як зани ғайримусулмон як зани мусулмонро дар хиёбон мебинад ба ин меандешад, ки онҳо корикотурҳое ҳастанд, ки адои зиндагиро дармеоваранд. Золим дар канори мазлум дар ҳоле, ки бо ин навъи пӯшиш зани мусулмон эҳсос мекунад «МАЛИКАЕ ҲАСТ, КИ ХИДМАТКОРАШ ӮРО ҲАМРОҲӢ МЕКУНАД».
Аввалин ниқобе, ки пӯшидам чашмонамро намепӯшонд, аммо дар зимистон ниқобе истифода мекардам, ки чашмҳоямро ҳам дар бар мегирифт ва ба ин тартиб эҳсоси сангини чашм дар чашм шудан бо мардони номаҳрам аз байн мерафт ва дуруст монанди як айнаки офтобӣ аз диди бегонагон ҷилавгирӣ мекард. Ин иштибоҳ аст, ки фикр кунем занони мусулмон худро мепӯшонанд. Азбаски ҷузи амволи хусусии шавҳаронашон маҳсуб меёбанд, бо ин кор шарофат, матонат ва виқори худро ҳифз мекунанд. Бояд ба ҳоли занони ғайримусулмон ва занони мусулмони сарватманд таассуф хурд, ки он чиро бояд бипӯшонанд, дар маърази диди умум қарор медиҳанд.

 

Нигоҳ ба ҳиҷоб аз берун, дидани ҳақоиқи пинҳони даруни онро ғайри мумкин месозад, мисли касе, ки аз берун ба ислом менигарад, мумкин аст онро омили маҳдудкунандаи мусалмонон бидонад, аммо аз дарун ислом чизе ҷуз сулҳ, озодӣ, ва лаззат (лаззате, ки ҳеҷ кас қаблан онро таҷриба накардааст), нест. Агар ислом ба занон зулм мекунад, чаро шумори зиёде аз занони ҷавон ва таҳсилкарда дар Аврупову Амрико, Ҷопону Испониё ва амсоли ин кишварҳо «озодӣ»-и худро раҳо мекунанд ва ба ислом рӯй меоваранд.
Хонандаи азиз бояд донист, ки:

 Зани ороста ба ҳиҷоб зебоии фариштаро мемонад; пур аз виқор, оромиш ва эътимод ба нафс, аммо афсӯс, ки чашми иддаеро ҳирси чоҳу мансаб кӯр кардааст ва садду девори баланди ин зебоии бӯстони адабу ахлоқ мешаванд, то назари хирадии дигарон низ ба ин сӯ нашавад.

Ба ростӣ, ки ин чашмҳо нестанд, ки кӯранд, балки ин дилҳои даруни синаҳост, ки кӯр ҳастанд. Дигар чӣ гуна метавон беҳтар аз ин тафовут миёни мо ва чунин инсонҳоеро бар сари фаҳм ва дарки ҳиҷоб тавзеҳ дод???

Бознашр 

Share This Article