Тиҷорат дар донишгоҳи тиҷорат давом дорад…

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Наворҳо дар бораи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар барномаҳои шумо тамошо кардам. Мехоҳам дар бораи ин донишгоҳ баъзе аз мушоҳидоти шахсиамро барои хонанда ва бинандаи “Ислоҳ.нет”  пешкаш гардонам. Ҳар ончики дар барномаҳои пешинаатон дар бораи ин Донишгоҳ ва махсусан ректори он Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат гуфтед комилан дуруст аст, балки камтар гуфтед. Инро ба маълумотатон бирасонам, ки ин ректор аз  наздикони Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Дар бораи ин хешутаборӣ поинтар гап мезанам вале ҳоло аз худи Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ бароятон мегӯям.

Фармони озодсозии Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович аз вазифаи ректори ин донишгоҳро бисёре аз кормандони ин муассиса  бо оби чашм қабул карданд.  Чунки устод аз аввали ба фаъолият пардохтани ин донишгоҳ  дар рушду инкишофи он саҳм ва нақши калон доштанд. Фақеров бори аввал то соли 2008 ректори ин донишгоҳ буданд. Баъди он кас дар ин муассиса Шарипов Мумин Машокирович, ки феълан ректори Донишгоҳи ҳуқуқ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аст, таъин шуд. Ҳар ончи ободӣ ва навоварие, ки дар замони ректории Фақеров буд ҳамон то ба имрӯз тағйир накардааст. Зеро ректори баъдӣ бюҷети Донишгоҳро ба ҷайби худ зада ва ҳиссае аз онро ба “боло” медод ва дигар парвои ободиву навоварӣ надошт. Яке аз ин “боло” будаҳо раиси Тоҷикматлубот Идиев Ҳусайн мебошад. Чунки ДДТТ зери назорати Тоҷикматлубот мебошад. Донишгоҳ на аз Тоҷикматлубот ва на аз ҳукумат ягон сомонӣ дарёфт намекунад ва аз лиҳози молиявӣ мустақил аст. Донишгоҳ тибқи қарордод донишҷӯ қабул мекунад ва таҳсили бюҷетӣ надорад. Вақте Шарипов Мумин ректор таъин шуд ҳамаи бюҷети донишгоҳ таҳти назорати Тоҷикматлубот гузашт. Ва, ягон кору амали донишгоҳ бе иҷозати Тоҷикматлубот сурат намегирифт. Ҳатто кормандони донишгоҳ ҳуҷҷатҳои худро гирифта ба Тоҷикматлубот мерафтанд то ягон корашон  буд шавад. Кӯтоҳ карда гӯем донишгоҳро Идиев хизматгори худ карда буд. Ин усули кор ба донишгоҳ таъсири манфии худро расонд. Чунки акнун донишгоҳ ҳам бояд худро “сер”мекард ва ҳам ишками  сернамешудании Идиев бо Тоҷикматлуботашро. Соли 2017 дубора Фақеров ректор таъин шуда ва ин усулуби корҳоро аз байн бурд. Хизматгории Тоҷикматлуботро ба калла нагирифт. Ҳар он чизе, ки ба Тоҷикматлубот тааллуқ надошт, зери салоҳияташ набуд ба ихтиёри худ гирифт. Табиист, ки ин ба Идиев нафорид ва ҳар вақт пайт ҷуста Фақеровро сиёҳ мекард, ба корҳои донишгоҳ халал мерасонд ва талош мекард, ки таҳти назорати худ гирад, аммо натавонист. Фақеров ҳам мехост, ки донишгоҳро ба пуррагӣ аз таҳти назорати Тоҷикматлубот барорад аммо мутаассифона ба мақсади худ нарасида аз вазифа озод шуд. Ман худ шоҳиди он будам ки чи гуна Фақеров Ҳамидуллохон устодону  донишҷӯён ва инсонҳои корафтодаро дастгирӣ  мекард ва бисёр ҳам инсони хоксор буд. Ман ҳамаи инро ба ин хотир мегӯям, то мардум бидонанд, ки роҳбаре, ки мардумро дастгирӣ мекунад ба ин ҳукумат лозим нест. Баракс одамоне, ки зулму ситам мекунанд, мисли Идиев мисли, Шарипов мисли Абдуҷаббор Раҳмонов ва ингунаҳо, ки хеле бисёранд ба ин ҳукумат лозиманд, ки зулмро ва фасодкориро зиёдтар намоянд, то ки мо-мардум бисёртар азоб кашида ноилоҷ ба хориҷа рафта кор кунем. Ва, дар инҷо онҳое монанд, ки чора ва роҳи рафтан надоранд ва бояд мурда-мурда инҳоро хуронида ҳаминҷо биистанд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз ноябри соли 2020 дар инҷо ректор таъйин шуд. Дар муддати ду моҳи фаъолияташ донишгоҳро ба як училиш табдил кард. Профессорону олимони донишгоҳ нодаркор шуданд ва ба ҷойи онҳо одамони худро овард, ки ин нуктаро шумо дар барномаҳои пешинаатон дуруст зикр кардед.

Бо омадани ин нафарон ришваву порагирӣ 200 не 300% зиёд шуд. Дасти Тоҷикматлубот дигарбора болои донишгоҳ дароз шуд ва дар таъйини кормандон ба вазифаҳо ҳам дахолат мекунад. Идораи донишгоҳ боз ба мисли давраи Шарипов Мумин шуд. Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорат ҷияни вазири маориф аст. Айни замон ҳамаи корҳои фасодолудаашро бо ҳуқуқшиноси донишгоҳ пеш бурда истодааст. Инро ҳам бояд гӯям,ки Фақеров Ҳамидуллохон зиёда аз 20 сол дар ин донишгоҳ кору фаъолият ва онро обод карда буд. Вай ин ҳама харобкориҳоро дида тоқат накард ва барои кор ба Донишкадаи соҳибкорӣ гузашт. Онҷо ҳам кори илмӣ мекунад ва ҳам ба ҳайси профессор дарс медиҳад. Мутаассифона имрӯзҳо дар Тоҷикистон инсонҳое, ки дар дил ғами миллат дошта бошанд, камтаранд. Ва, чанд нафари ангуштшумори чунинҳоро ҳам аз муассисаву донишгоҳҳову корхонаҳо дар аксари вақт ронда истодаанд, ҳамчуноне, ки дар ДДТТ сурат гирифта истодааст. Барои мисол муовини аввали ректор Толибов Қобил бо омадани Қурбонзода аз вазифа барканор шуд ва ба ягон вазифа таъин нашуд, чунки одами ректор ва Тоҷикматлубот нест.

Маҳмадалиев Зафар ки декани факултет буд, аз вазифа озод шуд. Вале ба хотири он ки бо Идиев рафту омад дошт ба вазифаи директори литсейи донишгоҳ таъин шуд ( пеш ҳам дар ин литсей директор буд)

Олимони ҷавон ба монанди Шаропов ва профессорҳо ва онҳое, ки тӯли чанд сол ба ҳайси декан, мудири кафедра ва раёсати таълим ва илм кор мекарданд, ҳамаро озод карда аз берун одамҳои бесавод ва бе собиқаи кориро оварда истодааст

Бисёр олимони ҷавон ва собиқадорон аз донишгоҳ ба дигар донишгоҳҳо рафта истодаанд.

Сардори Раёсати кадрҳои донишгоҳ Мумтоз Назирӣ аз вазифааш озод ва ба вазифаи сардори шӯъбаи кадри литсей таъин шуд.

Қурбонзода Маҳмад Раҳмат, ҷияни Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Дар барномаҳои пешина дар бораи ин оила маълумот дода будед, ки чи гуна ноҳияи Восеъро тохту тоз мекунанд.

Як бародари ректор Рустам Қурбонов яке аз масъулони Раёсати гумруки вилояти Суғд аст. Хоҳари ӯ Мушаррафа Қурбонова, раиси ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ, бародари дигариашон Сафарбек Қурбонов, раиси дастгоҳи ноҳияи Восеъ мебошад. Ҷӯрабек Қурбонов бародари дигариашон сардори Фонди нафақаи минтақаи Кӯлоб буд, аммо азбаски сахт арақхурӣ мекард ва доим маст буд аз ин вазифа гирифтанд. Як хоҳари онҳо бо номи Камина Қурбонова судяи суди шаҳри Душанбе аст. Бародари дигарии онҳо Ҳотам Қурбонов дар вазорати хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳар кадоме аз онҳо заминҳои зиёдеро дар Восеъ ишғол ва қасру кӯшкҳои се ва чаҳорошёна сохтаанд. Худи Қурбонзода Маҳмад  рисолаи номзадиашро ба 5.000 доллар харидагӣ аст. Вай ҳам бо кӯмак ва пуштибонии Юсуф Раҳмон ба ин вазифа расидааст. Ҳатто дар як конфаронс ба саволи инки экология чист, ҷавоб додааст,ки “ман аз куҷо донам”? Як нуктаро хостам ба шумо маълум намоям, ки Қурбонзода Маҳмад кадрҳои донишгоҳ ба шумули Шаропов. Ф , Қодиров.З, Толибов. К ва чанд нафари дигарро ба маҳзи онки шогирдон ва ҳамкорони Фақеров Ҳамидулло буданд аз вазифа ва ҳатто аз кор ҷавоб дод. Ин номбурдагон гунаҳгор нестанд, ки зери роҳбарӣ ва дастгирии Фақеров. Ҳ ба дараҷаҳои профессорӣ ва дотсентӣ ва ба вазифахои гуногун расида бошанд. Ректори нав ин шахсонро барои он намехоҳад ба вазифа таъин намояд, ки онҳо мисли ректр баднафс нестанд ва ончизеро, ки ӯ талаб мекунад ҷамъ кардаву бурда додан наметавонанд. Барои ҳамин ректор одамҳои бесавод ва бетаҷрибаро ба вазифаҳои гуногун таъин карда истодааст. Чунки мехоҳад тамоми фармонҳо ва супоришҳои ғайриқонунии ӯро ҳамеша бе гапи зиёд ва сари вақт иҷро кунанд. Аз вақте ки Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори донишгоҳ шуд қабулгоҳи ректор дараш аз пушт кушода мешавад ва касе ба наздаш намеравад. Чун ӯ аз аввал дағалона рафтор карда ба ҳама шунавонд,ки ман вақти қабул дорам ва ба назди ман ҳар вақт наоед:

Ман вақти қабул дорам ва дар рӯзҳои муайяншуда оед. Ба ягон профессор ва устодони калонсол, умуман на ба хурду на калон эҳтиром қоил нест. Гӯё аз кӯчаи одамгарӣ нагузашта бошад, гӯё вай муаллим-таълимдиҳанда, тарбиятгар набошад.

Агар бахши аввалро нахонда бошед ба ин силка ворид шуда онро мутолеа намоед:

Тиҷорат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ps: “Ислоҳ “дар масалаи соҳаи маориф ва илм диққати ҷидди медиҳад. Мо бояд ин соҳаро аз тамоми афроди тасодуфи пок созем,то насли нави худро тарбият намоем. Аз ҳама шаҳрвандон хоҳиш менамоем ҳар ҷиноятҳои ректорони донишгоҳҳо,проректорҳо, деканҳо ва муаллимони порагир ва бе савод ба мо маълумот фиристед. Мехоҳем як ба як чеҳраи онҳоро ба намоиш гузорем,то ҳама онҳоро хуб шиносанд. Аслан фарқ намекунад ӯ шавҳари кӣ аст,ҷияни кӣ аст, рафиқи кӣ аст. Ба мо нависед мо дар хидмати шумо азизизон ҳастем.

 

Share This Article