Эй касе, ки сарпарстии хонаву хонаводаро бар ӯҳда дорӣ, вақте ба масъулияти хеш дар баробари тарбия ва парвариши дурусти кӯдак таваҷҷӯҳ нанамоӣ ва ӯро дар муҳити носозгоре ба ҳоли худ бигузорӣ, бими он меравад, ки ду баробар азоб биниву ба иллати бо зишту бад омехта намудани он ҷавҳари мукарраму шариф мавриди азоби сахте қарор гирӣ ва саҳми муайяне аз он ҷинояти фарогирро насиби худ созӣ. Ба ҳамин сабаб аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) масъулияти комили тарбияи кӯдаконро бар дӯши волидайн гузошта, эшонро бар ин кор ташвиқ намудааст, чунонки аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст, аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам, ки мефармуданд:
«Ҳамаи шумо сарпараст ҳастед ва нисбат ба зердастони худ масъул мебошед, ба ин маъно, ки пешво сарпарасти уммат ва масъули афроди зерфармони худ мебошад. Ва мард сарпарасти хонаву хонаводаи худ мебошад ва дар баробари онон масъул аст. Зан дар хонаи шавҳараш сарпараст ва нисбат ба хонаву афроди хона (фарзандон) масъул аст. Хидматгор сарпарасти молҳои мавло ва корфармои худ мебошад ва дар баробари он масъул аст. Ба таври куллӣҳамаи шумо, чӣ дар баробари худ ва чӣ дар баробари дигарон масъул мебошед». (Ба ривояти Бухорӣ.)
Масъулияти падару модар ва соири сарпарастон нисбат ба фарзандон ба ҳадде аст, ки Пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) як қоидаи асосӣ барои он вазъ намуда, ифодаи он ин аст: Фарзанд бар дини падару модараш парвариш меёбад ва ба ҳадди булуғу ҷавонӣ мерасад. Пас падару модар барои ӯ ду василаи бисёр муассир ва нерӯманд мебошанд. Чунонки Абӯҳурайра (р) аз Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят намуда, ки мефармуданд:
«Ҳар навзоде бар фитрати пок таваллуд мешавад ва ин падару модари ӯ ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ, ё насронӣ, ё маҷусӣ мегардонанд, ҳамон гуна ки чаҳорпо ба сурати ҳайвоне комил ва солим ба дунё меояд. Оё ҳангоми таваллуд шуданаш онро ноқис ва гӯшбурида мебинед?» (Ба ривояти Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р).)
Абуҳурайра мегуфт: «Агар бихоҳед, ин оятро бихонед:
«Ин сириште аст, ки Худованд мардумро бар он сириштааст, ҳеҷ тағйир ва табдиле барои офариниши Аллоҳ нест, ин аст дину ойини собиту устувор». (Сураи Рум, 30: 30.)
Бинобар ин, Худованд тарбияи дурусти исломиро ба волидайн дастур додааст ва масъулияти онро мутаваҷҷеҳи эшон гардонидааст, ки мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо мебошанд, нигаҳ доред! Фариштагоне бар он гуморида шудаанд, ки дурушту сахтгиранд, Худоро дар он чӣ ба онҳо фармудааст, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон чизеро анҷом медиҳанд, ки ба он маъмур мешаванд». (Сураи Таҳрим, 66: 6.)
Алӣ ибни Абутолиб (р) дар тафсири ин оят мегӯяд: «Яъне, хайру некиро ба худ ва хонаводаи худ биомӯзед». (Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак»)
Аммо Фахри Розӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: «Яъне, даст бикашед ва бас кунед аз он чӣ, ки Худованд шуморо аз анҷоми он наҳй кардааст».
Муқотил мегӯяд: «Мурод аз он ин аст, ки шахси мусалмон худ ва хонаводаашро тарбия кунад, пас бояд хайру некиро ба хонаводаи худ дастур диҳад ва эшонро аз шарру фасод боздорад».
Соҳиби «Кашшоф» мегӯяд: «Дар ояти боло мурод аз «хештанро нигаҳ доред» ин аст, ки гуноҳҳоро тарк кунед ва тоату ибодатро анҷом диҳед ва мурод аз «аҳли хонаи худро…» ин аст, ки шумо дар он чӣ хештанро мавриди бозхост қарор медиҳед, хонаводаи худро низ мавриди бозхост қарор диҳед».
Бинобар ин, лозим аст дар ислоҳи кӯдакон ва аз байн бурдани хатоҳову иштибоҳоти онон кору кӯшиши доимӣ карда шавад ва пайваста ба анҷоми корҳои нек одат дода шаванд, чунки ин ҳамон роҳу равиши пайғамбарону расулон мебошад. Чунонки Нӯҳ (а) писарашро ба сӯи имони ба Худо фаро хонд ва Иброҳим (а) низ ду писари худро ба ибодати Парвардигораш супориш намуд…
Имом Нававӣ дар китоби худ «Бӯстону-л-орифин» аз имом Шофеъӣ (р) аз Фузайл нақл кардааст, ки Довуд (а) гуфт: «Худоё! Ҳамон тавре, ки барои ман ҳастӣ, барои писарам низ бош!». Худованд ба ӯ ваҳй кард:
«Эй Довуд! Ба писарат бигӯ: «Он тавре, ки ту барои Ман ҳастӣ, ӯ низ чунон бошад, Ман ҳам барои ӯ он гуна хоҳам буд, ки барои ту ҳастам». («Бӯстону-л-орифин».. – С. 45)
Имом Ғаззолӣ (р) дар рисолаи худ «Айюҳа-л-валад» гуфтааст: «Дарвоқеъ, маъно ва мафҳуми тарбия ба амали шахси кишоварзе мемонад, ки хорҳову гиёҳони нодаркорро аз миёни кишту зироати худ решакан ва дур месозад то ин ки рушду нумӯи он хуб ва беҳтар шавад ва ҳосили бештар диҳад».
Ибни Қайим дар бораи масъулияти волидайн нисбат ба фарзандони худ таъкид кардааст ва дар ин робита гуфтаи бисёр муфиде дорад, ки мегӯяд:
«Баъзе аз аҳли илм гуфтаанд: «Худованд дар рӯзи қиёмат аз падар дар бораи фарзандаш савол мекунад пеш аз он ки аз фарзанд дар бораи падараш бипурсад, пас ҳамчуноне ки барои падар бар фарзандаш ҳаққе аст, барои фарзанд низ бар падараш ҳаққе аст».
Чунонки Худованд мефармояд:
«Мо ба инсон тавсия мекунем, ки ба падару модари худ комилан некӣ кунад». (Сураи Анкабут, 29: 8.)
Боз Худованд Мефармояд:
«…хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо мебошанд, нигоҳ доред…». (Сураи Таҳрим, 66: 6.)
Алӣ ибни Абутолиб (р) мегӯяд: «Фарзандони худро босаводу огоҳ ва боадаб кунед, чунки Худованд мефармояд:
«Худовандро ибодат кунед ва (ҳеҷ кас) ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва хешовандон некӣ кунед!..». (Сураи Нисо, 4: 36)
Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд:
«Дар миёни фарзандони худ адолат ва баробариро барқарор кунед!».
Худованд супориш ба волидайнро нисбат ба фарзандони худ, бар супориши фарзандон нисбат ба волидайни хеш муқаддам шумурдааст ва мефармояд:
«Ва фарзандонатонро аз тарси фақру тангдастӣ накушед, Мо онон ва шуморо рӯзӣ медиҳем. Бегумон куштани эшон гуноҳи бузурге аст». (Сураи Исро, 17: 31.)
Ибни Қайим дар ин робита мегӯяд: «Ҳар падару модаре нисбат ба омӯхтани он чӣ, ки ба фарзандонашон суд мерасонад ва ононро аз бадӣ бозмедорад, сустӣ кунад, ба эшон ниҳоят бадӣ ва хиёнат кардааст, чун бештари фарзандоне, ки мунҳарифу табаҳкор мешаванд, бар асари наомӯхтани фароизу суннатҳои дин ба эшон ва беаҳамиятиву бетаваҷҷӯҳии волидайнашон дар ин робита ва дар соири умури тарбиятӣ будааст. Зеро волидайн аз ҳамон даврони кӯдакӣ фарзандони худро зоеъ ва фосид мегардонанд, ки дар натиҷа дар даврони бузургӣ на барои худ, на барои волидайн ва на барои ҷомеаи худ афроди муфид воқеъ намешаванд. Ҳамчунон дида мешавад, ки баъзе аз фарзандон волидайни худро мавриди итоб ва сарзаниш қарор медиҳанд ва мегӯянд: «Эй падар ва ё модар! Шумо дар даврони кӯдакӣ дар мавриди огоҳӣ ва тарбияи дурусти ман кӯтоҳӣ намудед ва ба ман зулм кардед. Пас ман низ дар даврони бузургӣ шуморо мавриди зулму бадрафторӣ қарор медиҳам, шумо маро фарзанди зоеъ ва фосид гардонидед. Акнун ман низ шуморо дар пирӣ азияту озор медиҳам ва нисбат ба шумо беэҳтиромӣ мекунам».
Бояд донист, издивоҷи номуносиб парешон намудан вазъи тарбияву парвариши саҳеҳи кӯдакон масъулияти бузурге аст, ки дар рӯзи қиёмат шахс дар баробари он маврид муҳосибаву бозхост қарор хоҳад гирифт. Чунонки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудааст:
«Дар рӯзи қиёмат Худованд бандаи худро ҳозир мекунад ва ба ӯ мегӯяд: «Оё Ман (дар дунё) гӯшу чашм ва молу фарзанд ба ту надодам,ҳайвоноту замини зироатеро дар ихтиёри ту қарор надодам? Оё туро ба ҳоли худ нагузоштам, то дар рӯи замин раёсат ва худнамоӣ кунӣ? Оё намедонистӣ, ки ба чунин рӯзе хоҳӣ расид?» Он мард мегӯяд: «Не, намедонистам». Худованд ба ӯ мегӯяд: «Имрӯз Ман туро фаромӯш мекунам (мавриди лутфу мағфирати Худ қарор намедиҳам) ҳамон тавре, ки ту дар дунё Маро фаромӯш кардӣ». (Ба ривояти Тирмизӣ аз Абусаъиди Хударӣ (р) ва Абӯҳурайра (р).)
Дар ривояти дигар ин ҷумла низ омадааст: «Оё магар Ман ҳамсаре насиби ту накарда будам?».
Барои сабуксарӣ ва камақлии шахс чӣ далеле бузургтар ва беҳтар аз ин, ки фарзанди ӯ дар оянда ба ҳадди булуғи комил мерасад, дар пеши чашмаш ошкор ва муҷассам мебошад ва ҳамчунин даврони баъд аз булуғаш, ки дар миёни ҷомеа бояд чӣ гуна ва дорои чӣ шахсияте бошад, дар хаёлаш сурати зиндаи он таҷассум меёбад, аммо бо вуҷуди ин, ӯ намекӯшад, то фарзанди худро чунон тарбияи саҳеҳ ва парвариши хубе намояд, ки битавонад дар оянда фарди фозил ва бузургвор гардад. (Нақл аз «Ассаодату-л-узмо».. – С. 90, (Муҳаммад Хизри Ҳусайн). )
Бояд донист, чунин тарбия на бахшиш аст ва на ҳадя, балки ҳаққе аст барои фарзанд бар гардани падару модараш ва ин чизе аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бар он таъкид намуда, мефармояд:
«Худованд аз ин ҷиҳат эшонро афроди некӯ номидааст, чун онон ба волидайн ва фарзандон некӣ ва муҳаббат варзиданд, зеро ҳамчунон ки падару модарат бар ту ҳаққе доранд, фарзанд низ бар ту ҳаққе дорад (яъне ҳамчунон, ки падару модар бар фарзандон ҳаққе доранд, фарзандон низ бар эшон ҳаққе доранд)». (Ба ривояти Табаронӣ.)
Дар ривояте омадааст:
«(Дар рӯзи қиёмат) Худованд аз ҳар сарпараст роҷеъ ба афроди зерфармон ва вазифадори ӯ савол мекунад, ки оё ҳаққи ононро риоя намуда ва ё зоеъ гардонидааст? Ҳатто аз мард дар бораи хонаводааш низ савол мекунад» (Ба ривояти Насоӣ ва Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳ.)
Муҳаммаднур Сувайд.