МЕҲМОНХОНА (HOTEL) -И ҲАЗРАТИ УСМОН ИБНИ АФФОН (Р) ДАР МАДИНА
Оё медонед, ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дорои ҳисоби бонкист? Ин достон воқеист.
Меҳмонхонаи Усмон ибни Аффон (р), ки ба итмом мерасад дар канори Масҷид-ул-набӣ воқеъ аст. Оё ин меҳмонхонаро варасаи (наводагон) Усмон ибни Аффон (р) ба номи ў месозанд?
Достонро бихонед, то аз он огоҳ гардед!.
Баъд аз ҳиҷрати Расули Акрам (с) аз макка ба мадина теъдоди мусалмонон афзуданд ва ба об ниёзи бештар доштанд. Чоҳи Рума аз бузургтарин чоҳ ва маҳалли ошомидании Мадина буд, аммо ў моликияти як яҳудие буд, ки аз ў истифода мебурданд ва ў обашро мефурухт.
Вақте ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) назди яҳудӣ рафт ва ба ў гуфт ман харидори чоҳат ҳастам, яҳудӣ розӣ ба фурўши чоҳ нашуд. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) аз ў хост нисфашро ба ў фурўшад,(бад-ин маънӣ, ки) як рўз моли ман ва як рўз моли шумо. Яҳудӣ бар ин асос мувофиқат кард, ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) тоҷири маъруф аст, қимати об боло меравад ва касбу даромадаш зиёд мегардад.
Аммо баръакс муштариёни об кам шуд, то онҷо, ки об аслан ба фурўш намерафт. Яҳудӣ шигифтзада дунболи сабаб шуд ва дарёфт, ки ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) саҳмияашро ба таври ройгон дар ихтиёри мардум гузоштааст ва мардум дар навбати ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) обро истифода мекунанд ва рўзе, ки навбати яҳудӣ мерасад касе муроҷиат намекунад. Яҳудӣ фаҳмид, ки зарар мекунад. Назди ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) рафт ва аз ў хост саҳми ўро бихарад.
Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) мувофиқат кард ва саҳмияи яҳудиро ба маблағи 20 ҳазор дирҳам харид ва вақфаш намуд, то мусалмонон аз обаш бинўшанд. Муддате баъд яке аз саҳоба назди Усмон ибни Аффон (р) омад ва хост чоҳро ба қимати ду баробар бихарад. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) гуфт: бештар аз ин муштарӣ дорад. Ў гуфт: ман се баробар мехарам. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) фармуд бештар аз ин муштарӣ дорад, ҳатто ба нўҳ баробар муштарӣ дорад, аммо ман розӣ ба фурўши ин чоҳ нашудам.
Ин саҳобӣ тааҷуб кард ва гуфт: муштарие ҷуз ман касе намеёбӣ, пас кист касе, ки бештар аз ман ин чоҳро бихарад. Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) фармуд: Аллоҳ ба даҳ баробари ин ба ман ҳасана додааст.
Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) чоҳро вақфи мусалмонон кард ва муддате дар атрофи он нахлҳое (хурмоҳое) рўйиданд, то замони давлати Усмонӣ, ки ба он эътино варзиданд ва ҳамчунон бузург шуд. Баъд аз ин давлати Саудӣ низ ба он эътино варзид, то ин ки теъдоди нахлҳо ба 1550 нахл расид.
Давлати Саудӣдар вазорати кишоварзӣ намояндае барои фурўши хурмоҳо баргузид. Нисф аз даромадашро миёни ятимону мискинон тақсим мекард ва нисфи дигари даромадро дар ҳисобе ба номи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дар яке аз бонкҳо таҳти назорати вазорати кишоварзӣ ва авқоф мегузошт.
Бад-ин сурат рўз то рўз сармояи бонкӣ афзуда мешуд, то ин ки бо он пул замине дар минтақаи марказӣ, канори масҷид-ул-набӣ хариданд. Бо хариди замин як меҳмонхонаи бузургу муҷаллал сохтанд. Сохти меҳмонхонаи мазкур рў ба поён аст ва ба зудӣин “Меҳмонхонаи панҷситора” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Пешбинӣ шуда, ки ин меҳмонхона солиёна 50 миллион риёли саудӣ даромад дошта бошад. Нисфи даромадаш барои ятимону мискинон масраф мешавад ва нисфи дигараш дар ҳисоби бонкӣ ба номи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ворид мешавад ва ин маҳал ба номи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) дар идораи сабти кишвари Саудӣ сабти ном мешавад.
Субҳоналлоҳ, ин аст подоши муомила бо Худованд, ки тўли чаҳордаҳ қарн ҳамчунон савобаш идома дорад. Бинобар ин паёмраи Худо (с) фармуданд: ҳар паёмбаре рафиқ ва ҳамроҳе дорад ва рафиқу ҳамроҳи ман дар биҳишт ҳазрати Усмон аст.
Хонандаи азиз, бихонед ва ирсол намоед ба ҳар ки дўсташ медоред. Парвардигор ба ман ва касе, ки инро ирсол мекунад чандин баробар подош бидеҳ.
Чаро фарди майит аз Худованд иҷоза мехоҳад, то дубора ба дунё ояд ва садақа диҳад.
وَأَنفِقُوا مِن مَّا رَزَقْنَاكُم مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِيَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوْلَا أَخَّرْتَنِي إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ الصَّالِحِينَ
[الجزء: ٢٨ | المنافقون (٦٣)| الآية: ١٠]
Аз он чӣ рӯзиятон додаем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке, аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд; «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»(Сураи Мунофиқун,ояти 10)
Бале хонандаи гироми чаро ин банда нагуфт, Худоё, маро баргардон ё боқи мегузошти ва муҳлат медоди то умра анҷом диҳам ва намоз бихонам ва рўза бигирам. Донишмандон гуфтаанд: мурда бад-ин хотир садақаро орзў мекунад, ки азамат ва подоши садақаро пас аз марг мебинад.
Пас, садақа зиёд диҳед, зеро муъмин рўзи Қиёмат зери сояи садақа қарор мегирад ва беҳтарин садақа ҳамин аст, ки айни ҳол ин матлабро ба нияти садақа нашр кунед, зеро ҳар ки инро бихонад ва ба дигарон ирсол дорад, ба изни Аллоҳ подошаш аз ўст.
Худованд аз ин ёри бо сафои Расули акрам (с) Усмони Зиннурайн(раз) рози бод маҳз сидқу хулуси амал ва нияти эшон буд,ки то ба ҳол пас аз чордаҳ аср ҳисоботи бонкиашон вуҷуд доранд ва садақа медиҳанд.Инро садақаи ҷория мегуянд агар ҳар яки мо ҳангоми садақа намуданамон холис барои ризои Аллоҳ онро анҷом бидиҳем бароямон соябон ва наҷот диҳанда ва пардае аз оташи ҷаҳаннам мегардад.