Чаро мусалмонон пирӯз намегарданд???

Ислоҳ нет

Чаро мусалмонон пирӯз намегарданд???

(бахши дуввум)

Ислом, ки ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Мусалмонон, ки дар ҳар гӯшаи дунё ба сар мебаранд дини худро дӯст медоранд, аммо мутаассифона дар ақида ва эътиқоди худ устувор нестанд. Пас дар ин сурат набояд пирӯзиро мунтазир бошанд. Ин қоидаест, ки мебояд онро донист, дар ғайри ин сурат (агар намедонем) боз ҳам мебояд дар фикри амалӣ кардани он бошем.
Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу мефармояд :
﴿ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ ﴾
Тарҷума: Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид. (Сураи Муҳаммад,ояти 7)

Пас мушкил дар мо уммати ислом аст, на дар динамон ва на дар онки чаро Аллоҳ моро бар душманони золиму ситамкор пирӯз намегардонад.

Агарчӣ имрӯзҳо нуфуси мусалмонон хеле зиёд аст, аммо ҳама ҷо мазлуманд. Золимон ва ситамкорон бар онҳо ҳукумронанд ва онҳо аз оддитарин ҳуқуқҳои худ маҳруманд.

Бояд сабабро ҷуст ва омили онро метавон бо баёни содатарин намунаву мисол ҳадс зад. Ҳангоме ки назди пизишк меравем ва аз бемории худ шикоят мекунем пизишк дарҳол барои муайян намудани бемории мо озмоиш мегузаронад, сипас барои дармони мо дорӯ мефармояд ва таъкид месозад, ки барои аз ин дард раҳо ёфтан ва сиҳату саломат будан фармудаҳои ӯро баҷо орем, дар ғайри ин сурат дарду беморӣ метавонад моро ба нобудӣ расонад.

Аммо моро Аллоҳ тавассути паёмбараш 1400 сол қабл хабар додааст. Эй мусалмонон! Гурӯҳ-гурӯҳ нашавед, зеро бар хилофи якдигар бархурд мекунед ва заифу нотавон мегардед, аз ин рӯ зери ливои тавҳид муттаҳид шавед!!! Оё мо зери як ливо ҷамъ шудаем, ки пас аз он шикаст хурдаву мазлум гардида бошем? Ҷудо-ҷудо ҳазор ҳизбу созмон ва гурӯҳҳо ташкил кардем, ки ахиран ба нокомӣ расидем. Магар чунин нест ҳоли имрӯзи мусалмони мо?

Дунё, ки ба андозаи донае арзиш надорад онро бар охират набояд муқаддам донист. Фикри охиратро бояд кард. Оё мо ин фикрро аз зеҳни худ мегузаронем? Он чи Аллоҳ ва паёмбараш фармудаанд ба онҳо амал мекунем ва аз ончи моро манъ кардаанд боз меистем?

Оё ончи дар динамон ба куллӣ мамнуъ аст, мисли: рибо, зино, нӯшидани шароб, хӯрдани моли ятим, зулм бар зердастон, золимеро аз зулмаш манъ намудан, беҳиҷобии занону духтарон, бенамозии фарзандон ва садҳои дигар дурӣ ҷустаем ва дар фикри ислоҳи ҳол ва тағйири он аз худ кӯшишу ҳиммат нишон додаем?
Кадоме аз мо боитминон метавонад гӯяд: ман панҷ вақт намозамро бо ҷамоъат адо мекунам, дар рӯз як ҷузъ Қуръон мехонам, фарзандамро ба ин ду бо худ ҷалб кардаам. Духтарамро бо маърифати исломӣ тарбия дорам ва ҳамсарам ҳам дар таҳаққуқи ин бо ман якҷост. Падару модарам аз ман розиянд бо тамоми зувиларҳом муносибати нек дорам. Ин ҳама қатраест аз баҳр.

Моро мебояд дар рӯз ду ё се маротиб хӯрок хурем ва барои ин фикр ҳам мекунем. Агар ин корро анҷом надиҳем нотавону заиф мешавем, аммо барои расидан ба саъодати абадӣ хеле кам меандешем. Агар бар ин андешем ҳам на мисли хӯрдану пӯшидан, хонаву мошини хуб доштан меандешем. Пас мушкил дар мост на дар каси дигар ва на дар ҷойи дигар!

Имтиҳони Илоҳӣ!

Нуқтаи дигаре, ки мо мусалмонон набояд фаромӯш созем ин имтиҳони Илоҳӣ аст, ки онро Аллоҳ аз падарамон Одам (а) пас аз ронда шуданаш аз Ҷаннат барои ҳама фарзандони Одам (а) ба мерос гузошт. Имтиҳони Илоҳӣ аз падарамон Одам (а) оғоз ёфт ва то мо фарзандонаш идома дорад ва то рӯзи Вопасин низ идома хоҳад дошт.

Пас дунё хонаи амалу имтиҳон аст, на хонаи савобу подош. Инчунин имон танҳо даъвату навиштан ва иддаъо кардан, ки ман муъминаму даъват мекунам, нест. Агар чунин мебуд ҳама онро анҷом медоданд ва муъмин маҳсуб меёфтанд. Муъмин ин ҳамаро бояд бо амал собит кунад, пас дар ин ҳол сидқи имони банда муайян мегардад, ки ончи мегӯяду менависад бар он амал мекунад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид мефармояд:
“Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем (ва ба ягонагии Худо ва рисолати паёмбар иқрор кардаем), раҳо шаванд ва дигар (бо таколиф ва вазоиф ва ранҷу сахтиҳое,ки бояд дар роҳи дини Худо таҳаммул кард) озмоиш нашаванд”.

Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад. Оё инҳо, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд (ва аз ҳавзаи қудрати мо мегурезанд ва аз чанголи кайфари мо раҳоӣ меёбанд )? Чӣ бад доварӣ мекунанд!”
(Сураи Анкабут,оёти 2-4)

Ин дунё хонаеро мемонад, ки бояд дар он амал намоем ва мавриди озмоишу имтиҳон қарор бигирем. Танҳо Ҷаннат аст, ки подоши амалҳоямонро мегирему соҳиб мешавем. Бешак Ҷаннат маконест беайбу нуқсон ва ғаму андӯҳ.

Пас вақте ин ҳамаро фаҳмидем набояд аз олами куфр битарсем. Набояд дилшикаста ва ғамгин бошем, ки чаро уммати ислом дар ин ҳолати тангно ва зери зулму истибдод қарор доранд.

Агар сафаҳоти таърихи исломро варақ занем мисолҳои зиёде дар меёбем, ки бо тасвири мушобеҳе қарор доштанд.

Абуҷаҳл, Утба, Абулаҳаб дар Макка бо роҳату ноз болои тахтҳои бошукӯҳ мехобиданд ва бо шикамҳои сер мегаштанд. Ҳама нӯшу неъмат он замон барояшон муҳаё буд. Дар ҳоле, ки бадтарин афрод назди Аллоҳ буданд. Аммо Муҳаммад (с) аз шиддати гуруснагӣ ду сангро дар шикам мебаст, то камараш рост бошад ва эҳсоси гуруснаги накунад.

Чанд соати ба шумор мехобид ва барои намози шаб бедор мешуду ибодат мекард,то он ҷо, ки пойҳои муборак аз истодани зиёд варам мекарданд. Вақте субҳ мешуд аз ҳамсаронаш мепурсид: барои тановул чизе ҳаст? Мегуфтанд: -на. Пас мегуфтанд: мо имрӯз рӯза мегирем. Гоҳо моҳ мегузашт, ки аз хонаи эшон дуд намебаромад, яъне барои хӯрдан чизе надоштанд то хуроки гарм тановул кунанд ва хонаводаи он Ҳазрат (с) бо обу хурмо зиндагӣ мекарданд.

Оё фикр мекунед Аллоҳ Абуҷаҳлу Утба ва Абулаҳабро аз Муҳаммад (с) фазилат дода буд? Ҳаргиз на. Сайиди олам ва хотами паёмбарон, Муҳаммад (с) буданд. Он имтиҳоне буд, ки сабру таҳаммули он Ҳазрат (с)-ро месанҷид.

Бояд гуфт, ки мо уммати ислом дар тангтарин ҳолат зиндагӣ дорем. Зани боиффату мастураи мусалмон дар сол як бор шавҳарашро мебинаду он ҳам бошад чанд рӯзи ба шумор. Аммо зани яҳуду насоро бошад ҳар рӯз дар айшу ишрат, кайфу роҳату сафост. Ҳарчи бихоҳад мекунаду умр ба сар мебарад, пас ин ҷо зани фоҳишаи яҳуду насоро бар зани мусалмон бартарият дорад? Фарзандони онҳо дар беҳтарин ҳолату имконот зиндагӣ мекунанд, аммо фарзанди мусалмон бошад имконот як тараф истад, ҳар рӯз кушта мешаванд ва аз ҳама имконоти маъишӣ маҳруманд. Фарзанди яҳуду насоро аз фарзанди мусалмон бартарият дорад?

Намехоҳам суханро ба дарозо кашам, аммо бояд зикр кард, ки мо уммати Муҳаммад (с) дар муқоиса ба асрҳои гузашта дар имтиҳон ва озмоиши бузурге қарор дорем. Қуввату қудрате, ки кофирону золимони яҳуду насоро ва будоиҳо дар олам доранд хеле аз мусалмонҳо бештару қавитар аст. Ҳаргиз набояд ин масъаларо бо ин тафовуте дар чашм аён аст бингарему баҳогузорӣ, намоем зеро дар асл чунин нест.

Шахси мусалмон ин масъаларо бо манҳаҷи Раббонӣ бингарад, ки шомили ду ҳол бошад, дунё ва охират. Яъне сари ин мавзуъ набояд аз як тараф баҳо доду натиҷа гирифт.
Масалан як нафари бедин дорои ҳама чиз аст. Хонаи боҳашамат қасри зебову муҷаллал, мошини хуб, ҳамсару фарзанд ва пулу сармоя, ки бо ин ҳама дар дунё бениёз аст. Чанд сол умр мебинад? Оқибат мемирад ва бозгашташ назди Аллоҳ аст. Ҳатман ба ҷазои аъмолаш мерасад, ки он оташи Ҷаҳаннам аст. Зиндагии муваққатии садсолае, ки ин бедин дошт дар ин дунё чӣ суд, ки ниҳояташ Ҷаҳаннам бошад.

Аллоҳ дар ин маврид дар Қуръони карим мефармояд:

“Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем, боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад. Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон суд накард?”
(Сураи Шуъаро, оёти 205-207)

Барои ҳар фарди мусалмон мегӯям: Ончӣ Аллоҳ барои мо муқаррар кардааст дар баробари он бояд сабр пеша кард. Дар ҳолати оромӣ ва рафоҳияту некӯаҳволӣ, инчунин дар ҳолати сахтӣ ва мусибат аз Аллоҳ битарсед. Умуман ҳарду ҳолат чӣ дар пирӯзии аҳли ҳақ ва ё шикасти он ба Аллоҳ гумони нек дошта бошед, зеро ҳама дар дастони бе мислу монанди Аллоҳи ҳакиму доност. Мисли кӯдаке мабош, ки аз дорӯву дармони фоидаовар мегурезад, аммо ҳалвое, ки ширин асту масмум онро мепазирад.

Алъаёзубиллоҳ аз он тоифаи гумроҳе набош, ки Аллоҳ онҳоро чунин гуфтааст:

“Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гираду мутмаин шавад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст.”
(Сураи Ҳаҷ, ояти 11).
Эй мусалмони ноумед сабр кун, зеро ниҳояти хубӣ ва подош аз сабркунандагону парҳезкорон аст. Комёбии ҳақиқиро Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин оят чунин сутудааст:

“Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рӯзи Қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба Биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъе фиреб анда нест.”
(Сураи Оли Имрон,ояти 185).

Эй мусалмони мазлум ва мустазъаф! Иншоаллоҳ, мо умеди пирӯзӣ дар ин дунёро дорем. Агарчӣ дар ин дунё зулму ситам бар мо раво дидаанд, аммо барои мо подоши бузурге ваъда шудааст.

Дар ҳадисе аз Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

“ Дар рӯзи қиёмат орзӯ мекунанд онҳоеки дар дунё зиндагонии хубу гуворое доштанд.Он ҳангом,ки аҳли балоро савобу подошашонро медиҳанд.(он мусалмононеки дар дунё аз тарафи золимону ситамгорон, мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтаанд, подоши зиёдеро сазовор мегарданд)Эй кош пустҳои баданамон бо амбурҳо ё қайчиҳо пуст ё канда мешуд (аз тарафи золимону ситамгорон (яъне таманно мекунанд, ки мо ҳам дар дунё аҳли бало мебудем, то подошу аҷри зиёдеро дар охират соҳиб мегаштем)”. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Тирмизӣ).

Фарҷоми суханро бо ин мақулаи Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) хотима мебахшам.

“Агар ҳақ пайваста пирӯз ояд сафи даъватгарон пур аз мунофиқ мегардад. Агар ботил доиман чирагӣ ба даст орад даъватгарон дар саҳеҳ будани роҳи ихтиёр намудаи худ шубҳа мекунанд. Бад-ин сабаб қонуни Илоҳӣ тақозои онро дорад, ки гоҳ ҳақ ва гоҳе ботил пирӯз гардад.”

Умед аст аз ин посух истифода бурда бошед.
Бо умеди пирӯзии ҳақ бар ботил, пирӯзихоҳи шумо,

Share This Article