Муҳаммад (с.а.в) аз фитнае хабар

Ислоҳ нет

Муҳаммад (с.а.в)  аз фитнае хабар медиҳад, ки он шаҳодати Усмон ибни Аффон (р) буд

 

(бахши дуввуми нақд ба Абдуқодир Талбаков)

 

Дар ин бахши мақола мехоҳам суханони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вобаста ба ин фитна ё ба шаҳодат расидани Усмон ибни Аффон (раз) тақдими шумо намоям. Хостам ақволи Саҳоба ва уламоро дар ин замина тақдим намоям.Аммо барои онки масъала рӯшантар гардад,нахуст аз суханони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оғоз менамоям.Дар оянда ва мақолаҳои баъди меравем ба суроғи асли моҷаро ё ин ҳодиса.

1 – Абдуллоҳ ибни Ҳавола аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад, ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “ Ҳар кас дар се воқеа худро ҳифз кунад, наҷот ёфтааст ва он се чиз иборатанд аз: марги ман, Масеҳи Даҷҷол ва қатли  халифаи бар ҳаққе,  ки бар он сабр ва пойидорӣ меварзад”.[i]

Равшан аст,  ки манзур аз он халифа Усмон ибни Аффон (р)  аст ва далилҳо  ва қаринаҳо низ ҳамин матлабро таъйид мекунанд.  Дар воқеъ ин ҳадис мухотабро ба дастгир нашудан дар он фитна фаро мехонад. Ин мушорикат дар фитна мумкин аст амалӣ ва бе восита бошад,  ки ҳамон мушорикати бе восита дар куштани халифа ва ташвиқ  ва тарғиби мардум ва он ошуб ва балво аст ва мумкин аст забонӣ ва маънавӣ бошад, ки аз тариқи радду бадали суханони ботил ва нораво ва овозаҳо ва дурўғҳо дар мавриди он  халифа сурат мегиранд, ки дар ин сурат ин ҳадис ом ва фарогир аст ва ҳамаи мусалмононро дар ҳар замон ба маконе дар бар мегирад.[ii]

2 – Ин мард дар он фитнаи бузург кушта хоҳад шуд. Ибни Умар (р)  аз Расули акрам  (саллаллоҳу алайҳи васаллам)нақл мекунад, ки рўзе  он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди фитнае, ки гиребонгири мусалмонон  хоҳад суҳбат мекард, ки марде аз он ҷо гузашт,  ки сару рўяш бо амома пушонида буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо сар ба ў ишора ва фаврмуд: “ Дар  он рўз ин мард кушта хоҳад шуд”. Ман низ дар он мард диққат кардам ва донистам, ки ў Усмон ибни Аффон (р) буд.[iii]

3 – Ин мард дар рўзи фитна бар роҳи рост аст: Каъб ибни Уҷра аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад: Рўзе  Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар мавриди фитнае, ки умматро дар бар хоҳад гирифт суҳбат менамуд, ки ногоҳ марде аз он ҷо гузашт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: “ Дар он рўз ин мард ба роҳи рост хоҳад буд”. Ман зуд худро ба он мард расонидам ва  дидам, ки ў Усмон ибни Аффон (р) аст. Сипас назди Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) баргаштам ва аз  Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)пурсидам:  Ё Расулуллоҳ (с)! Оё манзуратон ҳамин мард аст? Ва Ў  (саллаллоҳу алайҳи васаллам)посух дод: “ Бале, манзурам ҳамин мард аст”.[iv]

4 –  Фитнаи азиме рўй хоҳад дод ва ин мард ва ёронаш дар он рўз барҳақ ҳастанд:

 Муҳрраи Беҳзӣ ривоят мекунад, ки рўзе назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)аз фитнаи бузурге, ки умматро дар бар  хоҳад гирифт суҳбат мекарданд. Сипас фармуданд: “ Дар он рўз ин мард ва ҳомиёни ў бар ҳақ ҳастанд”. Дар ин лаҳза бархостам ва назди он мард рафтам ва дидам, ки ў Усмон ибни Аффон (р) аст.[v]

5 – Дар он рўз ин мард ва ёронаш бар ҳақ ҳастанд:

 Абулашъас ривоят мекунад, ки дар даврони Муъовия (р)  бар Шом дастае аз хатибҳо дар минтақаи “ Ийлиё” гирди ҳам омада ва ҳар як суханонеро баён кард. Дар ин миён Мурра ибни Каъб бархост ва гуфт: “ Мехоҳам ҳадисеро бароятон бигӯям, ки агар бар хотири гуфтани он набуд ва дар ин ҷо сухан намегуфтам: Рўзе назди Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) будем ва Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оиди фитнае, ки уммат дучори он хоҳад шуд, сухан мегуфт, ки ногаҳон марде аз он ҷо гузашт, ки сару рўи худро бо амома пушонида буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо дидани ў фармуд: “ Ин мард ва ҳомиёни ў дар он рўз бар ҳақ ҳастанд ва онон ҳастанд наҷотёфтагони он фитна”. Ман суол кардам: Ё Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)! Оё манзуратон ҳамин мард аст? Ва Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) рў ба он мард карданд ва фармуданд: “ Бале, манзурам ҳамин мард аст”.  Чун  диққат кардам, фаҳмидам касе набуд  ҷуз Усмон ибни Аффон (р).[vi]

 

6-Ҷониби амини уммат ва ҳомиёни ўро бигиред:

Абу Ҳабиба нақл мекунад: Чун дар ҳангоми фитна вориди манзили Усмон ибни Аффон (р), ки дар муҳосираи шуришиён буд шудам, ба ёди сухани Абу Ҳурайра афтодам, ки дар маҷлис  аз Усмон ибни Аффон (р) иҷозаи  сухан гуфтан гуфт ва чун  Усмон (р) ба ў ин иҷозаро дод, ў бархост ва пас аз ҳамду санои Парвардигор гуфт: Ман аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шунидам, ки Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “ Шумо баъд аз ман дучори фитна ва ихтилофи бузурге хоҳед шуд” . Ёрон гуфтанд ё Расулуллоҳ ! дар он ҳангом чӣ бояд кард. Ва Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳоле, ки  ба Усмон (р) нигоҳ мекардан фармуданд: “  Бояд ҷониби амини уммат ва ёрон ва ҳомиёни ўро бигиред”.[vii]

1-   Агар мардумоне хостанд, ки он пероҳанро аз танат бароваранд, ту пойдорӣ кун:

          Абудуллоҳ  ибни Омр ибни  Нуъмон ибни Башир аз Уммулмуъминин Оиша (р) накл мекунад, ки рўзе Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фардеро ба ҷониби  Усмон (р) фиристод то ўро назди Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) биёварад. Ҳангоме, ки Усмон (р) назди он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ў истиқбол карданд карданд ва ба гуфтугӯ бо ҳам пардохтанд. Ҳангоми рафтани Усмон (р), Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ў фармуданд: “ Усмон  ! ба ёд дошта бош, ки Худованди мутаъол пероҳани муборакеро бар тани ту хоҳад кард ва агар мардумоне хостанд онро аз танат бароваранд, ту дар баробари онон муқовимат кун”.[viii] (Манзур аз ин пероҳан хилъат ё ҷомаи хилофат аст)

2-   Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ман паймоне бастааст, ки ман бояд ба он вафодор бимонам:

 Абу саҳла аз Уммулмуъминин Оиша (р) ривоят мекунад, ки рўзе Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ман гуфт, ки мехоҳад бо яке аз Саҳоба (р) суҳбат кунад. Ман пурсидам: Мехоҳам фардеро ба сӯйи падарам, Абубакр (р) бифиристам? Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам)посухи рад доданд. Чун  ман гуфтам, ки оё Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мехоҳад бо Усмон (р) суҳбат кунад, Ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам)посухи мусбат доданд. Ҳангоме, ки Усмон (р) назди Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омад, он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ман фармуданд, ки аз онон дур шавам ва сипас ба таври ором ва оҳиста бо ҳам ба гуфтугӯ машғул шуданд. Дар аснои ин гуфтугӯ буд, ки дидам ранги рухсори Усмон (р) дигаргун шуд. Он рузе, ки шуришиён хонаи Усмон (р) –ро муҳосира карда буданд, назди ў рафтем ва ба ў гуфтем: Ё Амирулмуъминин! Оё намехоҳед фармони ҷанг бо шуришиёнро бидиҳед? Усмон  (р) посух дод : ҳаргиз, зеро, ки маро бо Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) аҳде аст, ки бояд ба он пойбанд бимонам.[ix] Ин ҳадис, баёнгари шиддати муҳаббати ҳазрати Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нисбат ба Усмон (р) ва исрори шадиди он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бар ҳифзи масолеҳи дин ва уммат аст. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам)Усмон (р)- ро аз масъалаҳои муҳимми он фитна, ки сабаби кушта шудани ў низ мешуд, огоҳ намуд. Усмон (р) низ бино ба васияти ҳазрати Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) онро пинҳон нигоҳ дошта буд ва аз он суханон танҳо он микдорро, ки худи Усмон (р) дар гармогармии финта бозгу намуд ва ба дасти мо расидааст. Аз ин ҳадис , равшан мешавад, ки Расули Худро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Усмон (р) ба гирифтани мавзеъҳои дуруст ва муносиб дар пеш аз рўидоди муҳим фаро хонда ва дастурҳои лозимро ба ў дода буд ва Усмон (р) низ аз ин дастурҳо ва раҳнамоиҳо пайравӣ намуда ва ба ин тариқ монеъи паҳн гаштани фитна ба дигар минтақаҳо шуд. Дар ривоятҳои дигаре матлабҳое омадааст, ки гушаҳое аз ин сирҳоро, ки Расули  Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Усмон (р) бозгў кард барои мо равшан мекунад ва ба унвони мисол дар ривояти нақл аст, ки Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба Усмон (р) фармуд: “Эй Усмон ! Худованд либосеро бар тани ту хоҳад кард, ки бояд ба ёд дошта бошӣ, агар мардумоне аз ту хостанд то онро аз танат бароварӣ, бояд дар баробари он поидорӣ кунӣ”.[x]

 

Мазмуни ин паймоне, ки Усмон (р) дар рўзи фитна бозгў намуд, марбут ба ҳамон супориши Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба ў аст, ки ба ў фармуд, ки бояд дар баробари он фитна сабр ва истиқомат дар пеш гирад агар чӣ дар ин ҳадисҳо сухане аз халифае аст номаълум, ки рўзе бар маснади қудрат хоҳанд нишаст, равшан аст, ки дар ин миён Усмон (р) роҳнамоиҳо ва супоришҳоеро аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дарёфт намуд, ки дигар Саҳоба (р) аз он бехабар буданд.  Пинҳон гуфтани он матлабҳо ба Усмон (р) ба гунаи Умулмўъминин Оиша (р) низ набояд онро мешунид ва низ дигаргун шудани рангирухсори Усмон (р)  ҳини шунидани он суханон, худ далиле аст равшан бар ин ки он матлабҳо дар бораи ҳодисаи бисёр муҳим ва сарнавиштсозе чун ҳамин фитнаи бузург аст. Дар айни ҳол он суханон дар бар гирандаи васиятҳо ва дастурҳое буд, ки бар асоси он супоришҳо Усмон (р) дар рўзи ҳодиса мавзеъҳои дуруст ва муносибе  дар баробари он ҷараёнҳои машкук гирифт. Дар воқеъ Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дастурҳо ва супоришҳоеро ба Усмон (р) намуд, ки шояд бар пояи ҳамон васиятҳо буд, ки Усмон (р) дар ҷараёни фитна на аз мақоми худ канора гирифт ва на ба ҷанг бо фитнагарон ва ошубталабон пардохт. Дар воқеъ ин ду масъала ҳамеша зени муҳақиқон ва муаррихонро ба худ машғулсохта , ки чаро Усмон (р) дар он айём на аз мақоми худ истеъфо дод ва на фармони ҷанг бар шуришиёнро дод.[xi]  Бояд гуфт Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳамон тавр, ки хабар аз вуқуъи ҳодисаҳои бисёре дар оянда доданд дар ин маврид низ  чун бо ғайб дар иртибот буданд хабар аз вуқуъи чунин фитнаи бузурге доданд. Ҳарчанд яқин дорем, ки ғайбро танҳо Худованди бузург ва беҳамто медонад, аммо ў бино ба шароит ва ҳикматҳои хос, ахбореро дар ихтиёри Паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарор медод, то мардумро аз онҳо огаҳ созад, чуноне ки дар Қуръон омадааст:

 

Сухани Худо

 

 

يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ رَبِّي ۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقْتِهَا إِلَّا هُوَ ۚ ثَقُلَتْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ لَا تَأْتِيكُمْ إِلَّا بَغْتَةً ۗ يَسْأَلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنْهَا ۖ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ ﴿١٨٧﴾

     

«Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд (гуё ту аз он бисёр пурсидаи ва вуқуъи онро медонӣ), ки чӣ вақт фаро мерасад? Бигў: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ўст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар осмониёну заминиён пўшида аст, ҷуз ба ногаҳон бар шумо наёяд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гўӣ ту аз он огоҳӣ? Бигў: «Илми он назди Худост, вале бештари мардум намедонанд».

                                                      (Сураи Аъроф, ояти 187)

 

То инҷо иктифо менамоям,дар мақолаи баъдӣ саъӣ мекунам дигар масоилро вобаста ба шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) тақдими шумо хонандаи гиромӣ ва баъзн муғризон намоям,бо мо бошед!

 

 



[i] . Муснади Аҳмад (4/419).

[ii] . Фитнату мақтали Усмон (1/44).

[iii] . Фазоилус – саҳоба (1/551).

[iv] . Саҳиҳи сунани Ибни Моҷа (1/24).

[v] . Муснади Аҳмад (5/33).

[vi] . Фазоилус – саҳоба (1/550).

[vii] . Фазоилус – саҳоба (1/550).

[viii] . Фазоилус – саҳоба (1/631).

[ix] . Фазоилус –саҳоба (1/605).

[x] . Фазоилус – саҳоба (1/631). Табақоти Ибни Саъд (3/66).

[xi] . Фитнату мақтали Усмон (1/48).

Share This Article