Мо дар бораи дарду доғ ва мушкилоти сокинони Қубодиён на як бору ду бор навиштаем. Ҳамин чанд рӯзи пеш ҳам як навиштаи мо дар мавриди проблемаҳои ин ноҳия дарҷ шуда буд. Аммо, ин бор ин нома фарқ мекунад. Номаро мехонеду муи танатон рост мешавад. Боваратон намешавад, ки инсонҳо то чи ҳад бераҳму беинсофанд. Барои онки зиёд вақтатонро нагирем, ин номаро пешкашатон мекунем. Аммо, ҳаминро пешакӣ мегуем, ки қаҳрамони марказии ин матлаб Муҳибулло (ҳамон номард бошаму зинда бошам) аст, ҳамон Муҳибуллои хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Ва шарҳи ин нома ба шакли зайл аст:
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мо аз зулми «6 –ой отдел» -и ноҳия ва Муҳибулло Асадуллозода ва Раҳматулло Асадуллозодаи хусурбачаи Ҷаноби Олӣ ва раиси маҳалла Мамараҷабов Шуҳрат Маҳмадраҳимович ҷонамон ба лаб омадааст. Намедонем ба куҷо арзу дод намоем, аз ҷабру зулми инҳо аз ҷонамон сер шудем. Мо ба хулосае омадем, ки охирон одаме, ки дарди халқу миллатро гуш мекунаду мефаҳмад ин шумо будаед.
Ман Ашуров Тоҳир Сайдалиевич, сокини деҳаи Бошқала, ҷамоати Утакара Назарови ноҳияи Қубодиён мебошам. Дар қишлоқамон як раиси маҳалла дорем, номаш Мамараҷабов Шуҳрат аст. Ба вай ягон кас гап зада наметавонад. Агар гап касе зад зуд «подстава» карда ё пулашро мегирад ё пушти панҷара мебарад. Тақрибан 80-90 гектар замини маҳаллаамон дар дасти ӯст. Ба ягон кас намедиҳад.
10-15 сол мешавад, ки фақат ӯ истифода мебарад. Кадоме саҳмашро талаб кунад ба ӯ мегуяд, ки ба ман ин заминро ТАС додааст, ман ба ҳиҷ кас намедиҳам. Агар замин гирифтан хоҳӣ, пеши ман не, пеши раиси ТАС рав. Мо дар аввал намефаҳмидем ин ТАС кӣ боша ё чӣ бошад. Баъд фаҳмидем, ки ин ТАС хусурбачаи Ҷаноби олии мо будааст. Мо вақте фаҳмида будем, ки аллакай дер шуда буд.
“Соли 2016 падарам хост, ки саҳми оила ва хешу таборамонро аз Шуҳрат ҷудо карда гирад ва бо тарзи қонунӣ ба ҳукумат ариза навишт. Баъди аз байн гузаштани як ҳафта аз ирсоли ариза миёни Шуҳрат ва падарам баҳсу кашокаш сар шуд.”
Мо бисёр хостем, ки падарамон ба ӯ сарбасар нашавад. Лекин падарам мегуфт, ки ман бо қонун мебинам, қонун ҳаст. Зарур шавад то президент меравам. Хуллас, падарам аз раъйяш нагашт. Аз байн 3-4 рӯз гузашт, ки аз ҷамоати худамон 2 нафар ва аз Бохтар 3 нафар ба хона омада худашонро «мо бачаҳои 6 отдел» гуфта падарамро гирифта ба ҷамоат бурданд.
Ба кабинети котиби ҷамоат даромаданду ягонтои моро даромадан намонданд. Қариб 30-40 дақиқа бо падарам баҳс карданд. Ба фикрам ба падарам чи пешниҳоде дод, ки
падарам норозигии худро бо овози баланд баён медошт. Баъди чанде ҳамакаса баромаданду падарамро ба мошин савор карда бурданд. Мо тамоми талошамомро кардем, ки бигуянд падарамро куҷо мебаред, аммо ягонтоаш ҷавоб надод. Сипас ману модарам таксӣ гирифта аз пасашон район рафтем .Ба шуъба даромада пурсидем. Онҷо гуфтанд, ки не, ягон касро наоварданд. Баъд ба ҳукумати ноҳия рафтем. Дар онҷо ҳам падарам набуд. Модарам дар назди ҳукумат бо коргарони он бисёр ҷангҷол кард. Гуфт, ки чаро ин қадар зулму ноадолатӣ мекунед. Мо боз ба таксӣ нишастему ба маркази вилоят-Бохтар омадем. Қарибии шом буд. Таксиро гуфтем, ки моро 6-ой отдел бар. Таксист моро онҷо бурд. Мо хостем, ки падарамонро бинем. Охраник дар аввал намедонам гуфт.
“Модарам ҷанҷол кардан гирифт. Баъд ба мо гуфт, ки дар инҷо наистеду баргардед, бо шавҳаратон як саволу ҷавоб мекунанду ҷавоб медиҳанд. Баъд камтар модарам ором шуд. Тағоямон ҳам бо мошин расида омад. Мо то саҳар дар назди шуъба шиштем, бо ин умед, ки ҷавоб медиҳанду гирифта мебарем. Саҳар ҳам шуд, падарамро ҷавоб надоданд. Ва ба мо гуфтанд, ки дар инҷо нишастанатон фоида надорад. Мо соатҳои 1 ё 2 вақти нисфирузӣ ба хона баргаштем. Хулосаи гап модарам ба чанд ҷо даводав кард. Аммо ягон чи дигар нашуд. Баъди 8 рӯз аз отдел ба мо занг зада гуфт, ки омада падаратонро баред.”
Мо рафтем. Он рӯз падарамро берун бароварданд. Рангаш сап-сафеду беҳолу бемадор. Мо зуд ба мошин шинонидем. Падарам хост, ки зудтар ба хона барем. Ҳамон шаб падарамро давлений зад. Дасту пойҳояш аз кор монд. Ба чандин беморхонаҳо бурдем, фоида накард. Аз байн 2-3 моҳ гузашту падарам ба худ наомаду дар сини 57-солагӣ аз дунё гузашт.
Ин муносибат ва рафтори ноодилонаро дида модарам тоқат накарда хост, ки ба назди Озода Раҳмонова ба Душанбе равад. Чанд бор хост, ки бо Озода Раҳмонова вохурад, лекин афсус, ки натавонист. Дар он рӯзҳое,ки модарам нияти бо Озода вохурданро дошт аз 6-ой отдел омада ман ва модарамро угрожат мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо ноҳақед. Мо ба тамоми инстантсияҳо шикоят бурдем, аммо чизе тағйир накард. Ман баъди ин ҳама ба Русия омадам ба назди акаам. Модарам аммо аз шикояту даъво даст накашид. Охирҳои соли 2017 ба хонаи мо кадоме дар ҳаёти ҳавлиамон нашъа корид. Ва боз аз ҳамон 6-ой отдел бо камераҳо омада модарамро ту наша мекорӣ гуфта туҳмат карда гирифта бурданд. Аз пушти модарам писартағоям даводав карда ва через-через ба Муҳиби хусурбачаи Ҷаноби олӣ мебарояд. Ва, аз муҳиб дархости кумак мекунад. Муҳиб мегуяд, ки 50.000 доллар диҳед, ҳал мекунам. Тағоям ин ҳамаро ба мо занг зада гуфт. Гуфт, ки Муҳиб бар ивази 50.000 доллар модарамро мебарорад. Мо розӣ шудем. Дар қишлоқ як ҳавлӣ ва 18 сотих замин доштем, онро фурӯхтем.33000 доллар шуд. Боз 18.000 доллари дигар илова намудем.
Модарамро суд карду ҳабси хонагӣ ҳукм дод. Ба муҳлати ду сол. Баъди ин корҳо аз байн 3юним сол гузашт. Аммо ин бор худи тағоямро бо роҳи фиребу дуруғ подставит карданд. Ин корро Шуҳрат кард. Дар миёнаҳои соли 2020 ба мо хабар омад, ки ба хонаи Мамараҷабов Шуҳрат, раиси маҳалла дузд даромаданӣ шуда аст. Дуздро милисаҳо пешакӣ фаҳмида омада ба хонаи Мамараҷабов Шуҳрат, раиси маҳалла истоданд. Шаб соати 12 ё 1-и шаб дуздҳо даромаданӣ шудаанд. Дуздҳоро милисаҳо қапидаанд. Аз дуздҳо пурсиданд, ки кӣ шуморо ба инҷо барои дуздӣ роҳӣ кард? Дуздҳо гуфтаанд, ки моро Имомназаров Муҳибулло, яъне тағои ман равон кард. Шаб омада тағоямро аз ҷои хобаш гирифта бурданд. Дар асл тағои ман аз ягон чиз хабар надошт. Чи шуда истодааст ва барои чӣ бурда истодаанд? То овардан ба хонаи Шуҳрат тағоямро зада даҳону биниашро пури хун карда меоранд, рост ба Душанбе. Хешу таборҳо даводавӣ карданд. Милисаҳо гуфтаанд, ки гуё тағоям ба хонаи Шуҳрат дуздӣ даромадааст. Ва милисаҳо дар онҷо ӯро қапидаанд. Аммо дар асл бошад, тағоямро аз ҷогаҳи хобаш, аз назди янга гирифта мебаранд. Дарашро зада шикаста медароянд. Мо дар ҳамаҷо шикоят бурдем, аммо касе ба додамон нарасид.
“Барои онки кришаи Шуҳрат Раҳматуллои хусурбачаи Ҷаноби олӣ мебошад. Тағоям 56 сола ва ҳоҷӣ аст, коре надошт, танҳо бо набераҳояш бозӣ мекарду халос. Бачаҳояш дар Русия ба чандин ҷо муроҷиат карданд, ки ин ҳамааш туҳмат аст дар нисбати падари мо, падари мо ба хонаи Шуҳрат надаромадааст. Аммо касе гуш надод. Баъд бачаи тағоям Муҳибро ёфта вомехурад ва ҳама ҳолати ҳодисаи шударо ҳикоят мекунад.”
Муҳибулло Асадуллозода 70 ҳазор доллар мепурсад. Мегуяд, ки «кори падарат серёзни,падаратро турма мекунад». Бачаи тағоям намедонист, ки чи кор кунад. 7-8 рӯз гузашт. Ночор розӣ мешаваду мегуяд, ки нимашро ҳозир медиҳам, мондагиашро кор буд шавад, баъд медиҳам. Муҳибулло Асадуллозода розӣ намешавад. Мегуяд, ки агар ҳамаашро диҳӣ ҳал мекунам, набошад не. Бачаи тағоям қариб 2 моҳ пул кофта 3 то замини бародарҳояш буд,ҳарсеяшро бо нархи 20 ҳазор долларӣ фурӯхта 60.000 доллар ҷамъ кард ва боқиашро аз ҳарҷо қарзу қавола кард. Аз банк ҳам пул гирифт. Дар хона ҳар чизе, ки дошт фурӯхт. Мошин, гову гусфанд. Ҳамачиро фурӯхта ба Муҳибулло дод.
“Муҳибулло Асадуллозода ваъда додааст, ки падаратро мебарорам. Ба наздикӣ суд мешавад. Судяҳо ҳамааш шогирдонам, ту бепарво гаштан гир, ман ҳал мекунам. Баъди пулро додан як моҳ гузашту суд ҳам доир шуд. Рӯзи мурофиа бачаи тағоям ба Муҳибулло занг мезанад. Мегуяд, ки ҳозир суд мешавад. Падарамро ба суди ноҳияи Қубодиён оварданд, шумо меоед?”
Муҳибулло мегуяд, ки бе парво шиштан гир, падаратро озод мекунанд, ман гуфтагиам мегуяду телефонро хомӯш мекунад. Ӯ ҳам бовар карда ба суд медарояд. Суд сар мешавад. Баъди баҳсу баррасиҳо судя ба тағоям ҳукми 13 сол аз озодӣ маҳрум карданро мехонад ва ҳама ҳайрон мемонад. Барои кори накарда 13 сол медиҳад. Тағоям 56 сола, ягон касро накуштааст, ягон ҷоро накафондааст, ҳақи ягон касро нахурдааст, 13 сол барои чӣ? Ин саволи бепосух дар дили тамоми хешу таборони ман монд. Бачаи тағоям садҳо бор ба Муҳибулло занг мезанад. Муҳибулло Асадуллозода телефонашро намебардорад. Аз суд тағоямро бароварда мебаранд. Баъд бачаи тағоям рост ба Колхозобод меравад. Ба хонаи Муҳибулло ва Муҳибуллоро то шаб интизор мешавад. Муҳибулло Асадуллозода меояду мегуяд, ки «переживат» накунад, ба суди касатсионӣ шикоят кунад. Онҷо ҳамааш «худӣ», мебарорам мегуяд.
Ба ин ҳам бовар мекунад. Бачаи тағоям ҳамроҳ бо адвокат ба суди касатсионӣ ариза менависанд. Аммо суди касатсионӣ боз 2 соли дигар добавит мекунаду ҳукм 15 сол мешавад. Боз ба Муҳибулло занг мезанад. Телефонро намебардорад. Хонааш меравад, интизор мешавад. Муҳиб ба хонааш намеояд. Ба хона баргашта боз чанд бор занг мезанад. Аммо намебардорад. Охир телефонашро мебардораду мегуяд пагоҳ Қурғонтеппа ҷои корам биёед мегуяду телефонро мекушад. Субҳи зуд меравад. Муҳибулло Асадуллозода мегуяд, ки зиқ нашав ман бо калони судяҳо гап задагиям, ӯро уже дело кардагианд, намешавад бароварда. Мон суд кунанд, дар моҳи сентябр амнистия мешавад, дар амнистия мебарорем. Тағоям моҳҳои июли соли 2021 маҳкам карда шуд, 2 моҳи дигар тоқат кунед, аз тюрма мебарорем, без проблем, мегуяд Муҳибулло Асадуллозода ва писартағоямро обратно роҳӣ мекунад. Дар хона бачаи тағоям хеле зиқ шуда намедонист, ки чи кор кунад. Фақат ба хешу табор гуфт, ки «ҳиҷ гапе нест, мебаровардааст дар моҳи сентябр».
Моҳи сентябрам омад лекин Муҳиб ҳеҷ кор накард, набаровард, гуфт, ки имсол намешавад соли дигар мебарорам, писартағоям фаҳмид, ки дуруғ мегуяд. Хост, ки пулро гардонда диҳад. Ман қарз карда гирифта будам, гардонида диҳед. Муҳибулло Асадуллоза мегуяд, ки чи хели пул, ман аз ту пул нагирифтаам. Агар як бори дигар аз ман пул мепурсӣ, ё занг мезанӣ туро ҳам пеши падарат роҳӣ мекунам гуфта таҳдид мекунад. Ин дигар мебинад, ки Муҳибулло Асадуллозодаи хусурбачаи Ҷаноби Олӣ аст дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонаду ноумед шуда ба хона бар мегардад ва баъди як ҳафта Русия меояд. Бо ҳамин тағоям барои 15 сол зиндонӣ шуду рафт. Бар изофаи ин боз 70 ҳазор долларам ҳам рафт. Мо чи кор кунем дигар намедонем. Моҳи декабри соли 2021 ман боз ба Тоҷикистон рафтам. Гуфтам модарам ва зану фарзандонамро гирифта меораму дигар ба Тоҷикистон намеравам. Бо ҳамин ният рафта будам. Ман 50% шаҳрвандии Русияро ба даст овардам, яъне РВП дорам. Хостам ҳамаи оилаамро оварда гражданини Русия кунам ва дигар ба ватанам барнагардам, хонаамро ҳам фурӯшаму дигар наравам. Барои он ки ин ҳукумати Ҷаноби Олӣ падарамро кушт, модарамро суд карда қариб инвалид кард, тағоямро маҳбус сохт. Дигар дилам аз ватанам хунук шуда буд.
“Як ҳафта аз рафтанам ба ватан нагузашта буд, ки аз 6 отдели ноҳияи Шаҳритуз ба хона бо як мошинаи Карола серебринитса, номери мошин 10-10 буд омад. 2 нафар буданд, як марди кал бо формаи гражданӣ удостворениашро бароварда ба ман нишон дод ва гуфт, ки ман полковник ё инки подполковник дуруст дар ёдам нест, Қосимзода Баҳром мебошам. Гуфтам, ака чи хизмат? Гуфт ту Ашуров Тоҳир? Гуфтам, ҳа,ман Ашуров Тоҳир. Гуфт паспортатро гир, бо мо шуъба меравӣ.”
Гуфтам барои чи? Аммо нагуфт барои чӣ? Равӣ баъд мефаҳмӣ гуфт. Майлаш гуфта хона даромадам ва паспортамро гирифта баромадам. Маро гирифта ба шуъбаи Шаҳритуз бурд. Ту чи гуфтани як шахс ва ҳамин Қосимзода Баҳром саволу ҷавоб карда ба ман гуфт, ки чи кор мекунӣ? Ман гуфтам дар инҷо ягон кор намекунам. Дар Русия апарати стяжка дорам, стяшка кор мекунам гуфтам. Гуфт, ки не, ту дуруғ мегуӣ. Гуфт, ки ту бо афғонҳо нашъа бизнес мекунӣ. Ман гуфтам, ки не чунин кор намекунам. Ҳамон Баҳром Қосимзодаи тоссар, ки дар назди ман нишаста буд, бо мушташ дар китфам зад. Ман ба қафо афтодам. Омаду пояшро дар гарданам монда сахт зер кард. Росташро гӯй гуфт. Боз гуфтам, ки охир ман ин корро намекунам. Не, гуфт, ту ин корро мекунӣ ва маро мисли саг лату куб кард. Қариб ним соат дар даруни кабинеташ маро заду таҳқир кард. Фақат аз гарданам поёнро зад. Гуфт модаратро фалону ину он, модарат аз аввал нашъа бизнес мекунад, ту ҳам мекунӣ. Ва маро маҷбур кард, ки дар як коғаз, ки чизе навишта буд, имзо монам, «набошад ҳозир подвал дароварда дар асбобат ток мемонем» гуфт. Ман тарсидаму майлаш гуфта имзо мондам. Гуфт,ки туро барои ин корҳоят ба камияш 10 сол зиёд тюрма мекунам. Ин таҳдидҳоро Туйчи мекард. Гуфтам илтимос, ака ин корро накунед, чизе хоҳед мекунам. Аммо ман тюрма шудан намехоҳам гуфтам. Манро он шаб сар надод, дар отдел будам. Саҳар Баҳром омад. Гуфт агар 40ҳазор сомонӣ диҳӣ сарат медиҳем, меравӣ.
“Ман розӣ шудам. Гуфтам ягон касро монед пешам дарояд, ман мегуям оварда медиҳад. Модарамро даровард. Ман ба модарам гуфтам,ки хона равед. Дар хона пул дорам-рубл. Онро гирифта иваз карда 40.ҳазор сомонӣ оварда диҳед гуфта ҳолати корро фаҳмонидам. Модарам зуд рафту гирифту овард. То чошт маро бароварданд. Аз ман забонхат гирифт, ки маро ҳеҷ кас назадааст, пул ҳам нагирифтааст. Забонхатро навишта баромадам. Ва пагоҳаш ҳамакаса билет гирифта ба Русия омадаем ва дигар ба Тоҷикистон барнамегардам, на ман, на оилаам. “
Акаи Муҳаммадиқбол,ман узбекзабон ҳастам,тоҷикиро соз намедонам. Ман як касро илтимос кардам ва ин ҳамаро ба узбекӣ гуфтам. Ин бародар перевод карда навишт.Ман ин ҳамаро барои он ҳикоят кардам, ки тавассути барномаҳои Шумо, ки ҳоло ҳамаи мардуми Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашанд ва дар ҳама хонаҳо тамошо мекунанд, чи гуна инсон будани раиси маҳаллаамон ва 6-ой отдели ноҳия ва хусурбачаҳои Ҷанобро бишиносанд. Барои онки ба гапҳои ман бовар кунед, метавонед аз ҳар сокини деҳаи мо бипурсед. Ҳама шоҳиданд, ки дар ин 5-6 соли охир ҳукумат чи балоҳоеро ба сари мо оварда истодааст. Хоссатан хусурбачаҳои ҷаноби олӣ моро ҳар шакле хоҳанд истифода мебаранд ва ҳар коре хоҳанд мекунанд бо мо. Ягон сухани туҳмат ва дурӯғ дар ин навиштаам нест ва ба ҳама ончи гуфтам Аллоҳ шоҳид аст ва мардуми маҳаллаамон ҳам шаҳодат медиҳанд ин гуфтаҳои маро. Рости гап номи нафароне, ки модарамро суд карданд, болои падару тағоям зулм намуданд, дар ёд надорам. Манзурам ҳамон пагондорҳо мебошанд. Аммо онҳое, ки бо худам зулму ситам раводидаҳояшонро медонам. Ягон хешу таборам намехоҳад, ки ин зулмҳоро ба ягон кас гуяд. Лекин ман барномаҳои шуморо тамошо кардам, дидам,ки ҳақиқатро фақат шумо ошкор мекардаед. Барои ҳамин ман ин дардҳоямро хостам ба шумо гуям. Дар ҳар куҷое бошед акаи Муҳаммадиқбол, Худо нигаҳбонатон бошад. Мо Узбектаборон фаҳмидем, ки шумо ҳимоятгари мо ҳам ҳастед ва дардҳои моро мегӯед ва шуморо эҳтироми хосса дорем.
Ps: Хуб хонандаи гиромии “Ислоҳ” ин ҳам яке аз афроде,ки натарсиду пас аз ин ҳама мусибате болои хонаводаашон падарашон, модарашон, тағояш ва писартағояшу ниҳоятан худаш ин оила анҷом дод ба мо навиштанд. Куҷои ин туҳмат ба ҳукумату мақомоти Раҳмонов аст? Куҷои ин туҳмат ба хусурбачаҳои Раҳмонованд? Умедворам хуб фаҳмида истодаед,ки зулм ва шиканҷа то куҷоҳо расидааст ва барои чӣ мардум хонахез аз кишвар фирор мекунанд ба Русия ва дигар кишварҳо. Пас хоин кӣ будааст , мо мухолифони сиёсӣ ё Раҳмонову оилааш? Ҷавобашро ба ба худатон диҳед, на ба мо.