Мухаммадикболи Садриддин с Khursheed Abdul Qayum.

Ислоҳ нет

Устод Қаразовӣ ва саволҳои эшон аз миллати тоҷик!
Чанд сол пеш мулоқоте бо Устод Қаразовӣ доштам.Чанд суханаш ҳаргиз аз ёдам намеравад.
Аввал ин буд,ки ҷавонони миллати тоҷик дар чанг заданашон ба дини ислом чӣ гуна аст?
Оё миллати шумо эҳтиром бар уламояшон доранд?
Оё тоҷик худро бидуни ислом тасаввур карда метавонад?
Рости ҳар се саволашро мусбат посӯх додам.Дарҳоле на ҳамааш мусбат ҳастанд чун агар мусбат гуям мегӯед на ба таври кулли чунин нест.Вале барои паст нарафтани шаъну шарафи миллатам онро ногувор мусбат посӯх додам.
Вале вақте гуфт ба фикри шумо аз тоҷик дигар Бухорие, Тирмизие, Абуҳанифае барои олами ислом дар назараст тақдим шавад ё ёди он рӯзҳои нек ба хайр бошад ? Ман сахт ба фикр фурӯ рафтам ва фақад чунин гуфтам ман аз оянда хабар надорам зеро он ба дасти Худост.Агарчӣ уламои зиёд дорем вале на оламшумул танҳо дар минтақа ва кишвар онҳоро мешиносанд.Гуфт на ман фақад хостам бидонам оё наберагони ин бузургонеки олами ислом бо онҳо мефахранд оё бори дигар чунин уламои оламшумул тақдим мекунад!
Ончунон гиристам устод Қаразовӣ бо ман гирист ва гуфт акнун яқин дорам ҳатман аз ин миллат бори дигар чунин ашхос зуҳур хоҳад кард.
Як шогирд ё ёрдамчи доштанд ба номи Кассобӣ,ки пас аз хориҷ шудан аз наздашон чунин гуфт аз ақтору акнофи олами исломӣ барои зиёрати устод меоянд вале бо касе аз онҳо гиристанашро надида будам.

Share This Article