Раҳмонов дар Чкалов соли 1994 сухане гуфт,ки ҳама занҳо толоро тарк карданд

Аз ин рӯйдод 26 сол мегузарад. Ман шоҳиди бевоситаи он будам. Тақрибан ҳамин шабу рӯзҳо буд. Дақиқ ёд надорам. Вале чанд рӯз пеш аз интихоботи президентии 6 ноябри соли 1994 буд. Дар шаҳри Чкалов (Бӯстон) аввалин гурӯҳҳои омадаҳо аз минтақаи ба ҳама маълум сар дароварда ба хариди хонаву муқимӣ шудан шурӯъ карда буданд. Мардуми таҳҷоӣ бо онҳо муносибати хуб надоштанд. Баъзеашон бо камону туфанг мегаштанд. Махсусан овардану паҳн карани нашъа ва афюну геройинро онҳо маҳз ҳамон солҳо сар карда буданд.

Он вақт интихобот байни ду нафар Абдумалик Абдуллоҷонов, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон доир мешуд. Ҳамин тавр як рӯзе аз он айём вохӯрии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов бо интихобкунандаҳои ин шаҳр доир шуд. Вохӯрӣ дар бинои “Дом Култура”-қасри фарҳанги шаҳр баргузор шуда буд. Абдуллоҷонов ҳамроҳи тахминан 20 нафар аз командаи интихоботиаш вориди толор шуд. Сӯҳбат ва суханронӣ карда чанде аз ҳамроҳонашро ба аҳли толор шинос кард ва гуфт, ки дар сурати ғалаба ва президент шуданаш фалонӣ вазири кишоварзӣ, фалонӣ вазири саноат фалонӣ ба фалон мақом таъин хоҳад шуд. Онҳое, ки мебоист ба ин мақомҳо мансуб мешуданд, ҳамроҳи Абдуллоҷонов дар ин ҷаласа ҳузур доштанд. Сипас Абдуллоҷонов ба саволҳои интихобкунандаҳо ҷавоб дод. Инро ҳам бигӯям,ки эҳсос мешуд саволҳоро ба дасти мардум “шпаргалка” карда додаанд, чунки баъзе аз саволдиҳандаҳо аз рӯи коғаз мехоанданд. Баъдан ҳам инро ҳам мушоҳида намудам, ки ду нафар духтар аз ҳамроҳони Абдуллоҷонов тамоми саволҳоро аз дасти  аҳли толор ҷамъ оварданд ва болои мизи ӯ дар минбар гузоштанд. Он вақт дар Чкалов  бештар русҳову немисҳо ва ҳамчунин тоторҳо дар қатори мардуми тоҷик зиндагӣ мекарданд. Саволу ҷавоб ҳам бо Абдуллоҷонов бо русиву тоҷикӣ вале бештар бо русӣ ҷараён мегирифт. Ҷавобҳои Абдуллоҷонов интихобкунандаҳоро қонеъ мекард. Бархеашон ҳатто бо ӯ мунозира ҳам карда буданд вале Абдуллоҷонов ба ҳайси як сиёсатмадор ва одами фаҳмидаву ҷаҳондида ба ҳама пурсишҳои онҳо буррову пухта посух медод. Бештар саволҳо ҳамин сар мешуд, ки “Агар шумо президент шавед ин масъаларо, он масъаларо чи тавр ҳал мекунед?”

Як немисзани коргари заводи урани Чкалов бо ӯ хеле мубоҳиса кард ва дар охир эълон кард, ки “вы очень грамотний, достойний. Мы все будем голосоват за вас ”. Тамоми аҳли толор кафкӯбӣ карданд. Мулоқоти Абдуллоҷонов бо интихобкунандаҳои шаҳри Чкалов аз се соат ҳам зиёд идома кард. Ҳама аз Абдуллоҷонов қаноатманд буданд.

Баъди чанд рӯз буд, ки номзади дигар Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳам омад. Ӯ бо ҳамроҳии марҳум Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вилояти Ленинобод омад. Боз ҳам дар толори бинои “Дом култура”-и шаҳр вохӯриро ташкил карданд. Саволҳоро “шпаргалка” карда ба дасти аҳли толор дода буданд. Ҳомидов, Худо раҳмат карда бошад, ҷаласаро оғоз карда чанд сухан дар бораи авзоъи ҷумҳурӣ ва корҳои анҷомдодаи ҳукумат зери роҳбарии Раҳмонов дар он давра гуфт ва аз мардум даъват намуд, ки номзадии Раҳмоновро дастгирӣ ва ба ӯ овоз диҳанд, ҳамааш нағз мешавад. (Абдуҷалил Ҳомидов, раиси вилояти собиқи  Ленинобод  соли 2002 бо як силсила туҳматҳо 18 сол зиндонӣ гашт ва пас аз ҳашт сол дар зиндон яъне соли 2010 даргузаштанд ва даҳ соли дигарашро адо нанамудаанд. Ҳимоят аз Раҳмонов оқибаташ дар зиндон мурдан аст,то имрӯз ҳар касе бо ӯ будааст ва аз ӯ ҳимоят карда аст бо ҳолатҳои хори аз олам гузаштааст ва ё зиндонӣ шудааст.)

Сипас қисми дигари ҷаласа ‑саволу ҷавоб- бо номзад сар шуд. Ба Раҳмонов аз толор чанд савол доданд. Ҷавобҳои подарҳаво медод. Маълум шуд, ки русиро хуб балад набудааст. Дар пеши Раҳмонов ҳам саволҳои дар шпаргалкаҳо тайёркардаро  гузоштанд. Ӯ варақҳоро титу пит мекард, саволҳоро мехонд, саволи осон мехост, ки шпаргалкаҳоро таҳурӯ мекард, чандтоашро ҳам хонд. Дид,ки ҷавоб дода наметавонад, ақлаш ба ҷавобҳо намерасад ва дар ҳолати ногуворе қарор гирифта аст. Сукути мутлақи толор тӯлонитар шуд. Чанд дақиқа гузашт, ҳама мунтазири ҳарфи Раҳмонов. Маълум буд, ки сахт дар изтиробу ҳаяҷон буд, саросемавор варақи саволҳоро тит мекард. Боз Ҳомидов микрфонро назди худ оварду ба хотири аз зери хиҷолат ва обу арақ раҳонидани Раҳмонов ба гап даромад ва боз ҳам дар охири сӯҳбаташ даъват кард, ки ба Раҳмонов овоз диҳанд, ҳамааш нағз мешавад. Ниҳоят Раҳмонов варақҳоро яксӯ гузошту аз ҷанг гап сар кард. Забонаш ба ҳарф намепечид. Толори ҷаласа пури одам. Раҳмонов аз соли 92, аз одамкушии оппозитсия аз соли 93 боз ҳам аз одамкушиҳои ҷанг нақл кард. Сонӣ аз баняи совхози Туркманистони Қурғонтеппа гуфт. Гуфт онҷо мардҳоро медароварданду азобу азият медоданд. Инҷо айнан гуфтаашро меварам,ки ҳоло ҳам дар гӯшам сдо медиҳад:

“Мужиков загнали кургантюбинсикой баня им всем член отрезали”.

”Шумо агар “член”-ро ба тоҷикӣ гардонед калимаи бенур мешавад мардакиша буридагӣ гуфтанӣ гап аст.

 

Шарҳи Ислоҳ: “Ман худ шоҳиди бевоситаи ҷангҳои шаҳри Қурғонтеппа соли 1992 будам ва они дар мавриди  “Ҳаммоми савхози Туркманистон”  мегӯянд Аллоҳ шоҳид аст ин ҳама туҳмат аст. Худи “Фронти халқӣ” вақте вориди шаҳри Қурғонтеппа шуда буданд барои таҳрики мардуми Кулоб ҷасадҳоро дохили он ҳаммом карда ва гӯшу биниҳояшонро бурида ба Кулоб фиристоданд,то хашми мардуми Кулобро биёранду мардум ба ҷанг бархезанд. Чун,ки барояшон ҷанганда лозим буд ва ягона роҳ ин даҳшатро бояд ташкил мекарданд. Пас аз ташкили чунин амалҳои хашин ва дур аз инсонӣ хашми мардуми Кулобро оварда буданд. Раҳмонов ва ҳукумати имрӯзаи кишвар ҳамеша барои худро ҳақ нишон додан ҳамеша,то имрӯз ин ҷинояти худро бар гардани размандагони “Ҳукумати муросоӣ миллӣ” ва “Ситоди наҷоти ватан” бо туҳмат бор карданд. Бояд зикр намоям,ки он вақт “Фронти халқӣ” опозитсияи “Ҳукумати муросои миллӣ” буданд. Худатон фикр намоед,ки “Ситоди наҷоти ватан” иборат аз афроди варзидаи миллӣ ва сарсупурдагони ин ватан ва ин миллат буданд. На инки зархаридони Русия ва Узбекистон мисли “Фронти халқӣ”. Акнун чӣ гӯна фарзандони ин миллат гӯшу бинӣ мебуранд ва ё ончи Раҳмонов дар ин сабқати интихоботӣ дар назди занҳо ношармида гуфта буд.”

Сонӣ дар он зал занҳо бисёр буданд. Ҳамааш  ууу гуфта додгӯён аз ҷояшон хеста  баромада бурафтанд, ки ин одам чи хел бесавод, чи хел бемаданият .…..ҳамин одам президент мешад мӣ оянда ба? О, ин гап зада наметонад, пеши занакҳоба член гуфта истодааст, толор бутун бенур шуд, шавқун шуда бурафт. Вай шарманда шудагиашро фаҳмида монд Эмомалӣ. Раҳматӣ Ҳомидов хесту ба Эмомалӣ овоз диҳед, ҳамааш нағз мешад, гуфт, дар ҳоле ки аллакай дар толор танҳо чанд нафар монда буд.…”

Бовар кунед, ки ҳамагӣ нафарони бо Эмомалӣ Раҳмонов омада хестанду гурехтанд. Вохӯрӣ ҳатто ним соат ҳам тӯл накашид.

Баъди чанд рӯзи дигар аксҳои Абдуллоҷонов ва Раҳмоновро дар девори биноҳову корхонаҳо ва дар дарвозаҳо ва умуман дар ҳар ҷое, ки имкон дошт насб карданд. Ёдам ҳаст, ки аз они Абдуллоҷонов плакати калони хушрӯву ранга ва дар Маскав чоп шуда буд. Аз Эмомалӣ хеле ҳам хурд ва  “чернобели” буд. Се одам омад, плашҳои кожаннийи дароз пӯшидагӣ шляпа ва галстук дар сару гардан. Аксҳои Абдуллоҷоновро канданду даррониданд. Директори корхона як нафар рус буд. Ӯро дашному ҳақорат доданд, ки чаро иҷзоат додааст аксҳои Абдуллоҷоновро часпонидаанд. “Интихобот уже ҳалай, Президент кӣ мешавад ҳал шудагӣ”. Дар ин вақт як гурӯҳ аз занҳо баромаданду онҳоро дашному ҳақорат карда аз назди дарвозаи корхона ронданд.

Вой, войи мо, ки ҳамин гуна инсони сазовор, сиёсатмадор, чашму дасту дили сердошта ҳайф шуд ва имрӯз як тӯрпӣ ва як барзагови сохти шведиро  Пешвои миллат гуфта гаштаем…

Ҳоло фаҳмидед,ки чаро Раҳмонов  ҳеҷ гоҳ бо интихобкунандаҳо вохӯрӣ ва мулоқоти рӯбарӯ карда наметавонаду надоштааст? Ӯ наметавонад берун аз матни барояш омодашуда ва дар сӯҳбати рӯбарӯ бо мардум гап занад. Инро ҳам бигӯем, ки боз 7 соли дигар бо Раҳмонов ба сӯи торикиву сардӣ роҳ хоҳем паймуд. Аз ҳамин ҳоло, ки ин лимити барқ шурӯъ шудааст, Худо медонад баъди интихобот боз чи балои дигареро болои ин миллат меоварад…

Ps: Ин садои як иштирок кунандаи сабқати пеш аз интихоботии соли 1994 е,ки дар Хуҷанд шуда гузашта буд. Ба телефони мо занг заданд ва хоҳиш намуданд ӯро гӯш кунем.Ҳарчи гуфтем ин масалаи куҳна аст вале исрор варзиданд. Хело аз ман ин пирамард хоҳиш намуданд,ки ин хотираи Ӯро дар “Ислоҳ” нашр намоем ва мо ҳам ба хотири мӯй сафеди эшон ин хоҳишашонро иҷро намудем. Агар дигарон бо ватсап,имо,телеграм занг зананд,эшон бо рақами дастӣ занг заданду ин паёмро гузоштанд.

Total
21
Shares