Дар матлаби гузшата роҷеъ ба як бахше аз афёра ва махинтасияҳои Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон роҷеъ ба ин соҳаи бисёр ҳам муҳимми кишвар навишта будем. Матлаби имрӯза идомаи «фаъолият»-ҳои ин раиси нафақадузд ва амалан душмани нафақахурони Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Баъд аз нашри матлаби қаблӣ,бинобар маълумоти ба мо расида Дилмурод Давлатзода ва Ҷамила Абдураҳмонова бисёр ҳам асабонӣ шуда ва дар фикри ошкор ва пайдо кардани муаллифи он шудаанд.Чунки дар ҳақиқат муаллиф корманди худи ҳамин ниҳод аст ва навиштаҳояш ҳам ҳама бо факту далел буданд ва барои ҳамин Давлатзода сахт дар тарсу ваҳшат афтодааст, ки баъди нашри он ӯро дар мақом боқӣ хоҳанд дошт ва ё дар аввалин тағйироти кадрӣ ҷавобаш медиҳанд.
Бинобар маълумотҳои расида вай дар як нишасти «узкий круг»-аш гуфтааст: « аз Раҳмонов он қадар дилам пур нест. Шояд ин мақола ба воситаи одамҳои худи вай дар «Ислоҳ» чоп шуда бошад. Вақти дар Палатаи ҳисоб кор карданам тамоми «хизматҳо»-яшро саривақт анҷом медодам. Ҳатто барои Нуриддини тракторист ҳам кам хизмат накарда будам. Аммо бе ягон гапу хабар аз кор сур кард. Ҳоло ҳам аз ҳамин пулҳои аз нуги нафақа ҷамъ карда бурда медиҳам. Вале ба назарам маро аз кор гирифтанӣ».
Маълум аст ки ҳаҷми маблағи нафақахӯрон дар Тоҷикистон дар соли 2024 тағйир намеёбад, яъне зиёд намешавад. Агарчи имкон ва зарфият барои афзоиши ҳаҷми нафақапулӣ ба он шакле, ки ҳар ду ё се сол зиёд мекунанд, барои ҳар сол вуҷуд дорад.
Дилмурод Давлатзода як инсони тундмизоҷ, дағалгуфтор ва ҳақоратчӣ аст. Ҳатто сардорони раёсатҳои Агентиро ба зану модар ҳақорат медодааст.
Вале ин Абдураҳмонзода Ҷамила чи кашиш ва ҷозибаи хосе дорад, ки баъзеҳо пешаш дароянд соатҳо намебароянд. Аз пешаш дил канда наметавонанд. Ва, ин кормандон дигар ҳар супориш ва майлу хоҳиши Абдураҳмонзода Ҷамиларо , агарчи ҳатто ғайриқонунӣ ҳам бошад, иҷро мекунанд.
Дар низоми Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ аз фонди музди меҳнаташон 25% ва аз корхонаҳои ғайри буҷети 20% шуруъ аз якуми январи 2022 пардохт карда мешавад.
Аз соҳибкорони инфиродӣ ҳам 20% аз фонди музди мехнаташон пардохт мегардад. Ин маблағҳо барои таъмини нафақа, кумакпулиҳо (барои беморӣ (болничний), ҳомилагӣ ва таввалуд (декрет), бекорӣ барои касоне, ки дар қайди шуғли аҳолианд, ва гирифтани маблағи гуру чуб барои нафароне,ки дар руихати оилаҳои камбизоат мебошанд) равона карда шудааст. Ҷамъовари андозҳои ичтимоӣ ба зиммаи Кумитаи андоз вогузор шудааст. Ба ғайр аз ин боз 1% андози иҷтимоӣ мебошад,ки аз маоши худи кормандон дошта ва ба АСИН гузаронида мешавад. Ин маблағи 1% хусусияти баргардондан дорад, ҳангоми расидани синни корманд ба сини нафака.
Баъди фармони приздиент барои ғайринақдӣ гузаронидани маблағҳо аз ҷониби ҳамаи корхонаҳо ба бонкҳо оиди ворид кардани хизматрасониҳояшон ба барномаҳое, ки доранд ба воситаи телфони мобилӣ аз корти худ гузаронидани маблағ пешниҳодҳои худро карданд ва аз телфонҳояшон дилхоҳ кас андозҳояшро месупорад, ба ҷуз ҳамин андози 1 ва 2% -и иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ. Аксар корхонаҳои ғайрибуҷети ҶДММ-ҳо ва хочагиҳои деҳқонӣ дар чунин масъала дар рназди бонкҳо сарсону саргардонанд. Ин ҳам натиҷаи ноуҳдабароии роҳбарияти Агентии нафақа мебошад.
Ҳамин маблағҳои андози иҷтимоӣ 1 ва 2%, ки инро андухти нафақави низ меноманд,аз ҳисоби захираи ин маблағҳо дар бонкҳо депозити зиёде гузоштаанд, ки солҳост бо сабаҳои гунгун ин маблағҳоро бозпас гирифта наметавонанд.Масалан аз ҳисоби маблағҳо андухти дар ҶСП «Тоҷпромбонк» 50 158 000 (панҷоҳ миллиону яксаду панҷову ҳашт) сомонӣ пасандоз гузошта буданд. Баъди муфлисшавии ҶСП «Тоҷпромбонк» як миқдори каме аз амволи ночизеро бо нархи гарон ба ивази пасандозҳои андухти нафақавии нафақахурон гирифтанду тамом.
Мисоли дигар ин қарздории ҶСК «Фононбонк» аз ҳисоби пасандозҳои андухти нафақавӣ 79 255 500 сомониро ташкил медод, ки аз ин маблағ дороиҳои бонк 50 409 000 сомонӣ ба Агенти ҷиҳати ба моликият қабул намудан мувофиқи ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе гузаронида шудааст. Нафақахурон чикор мекунанд? Як фермае аз даври шуравӣ валангор шуда боқӣ мондааст ё ду хонае, ки дар Душанбе гирифтеду ба манфиати шахсии худ истифода мебаред ба ивази андухти онҳо медиҳед. Аммо се сол мешавад, ки фурухтаву маблағро ба ҷояш гузаронида наметавонед. Ин мисолҳо қатрест аз баҳр (Шумо тасасвур кунед Агробанк, Тоҷиксодиротбонк ва банкҳои оиларо) Коратон фақат махсус ревизия ташкил кардану кормандони худро сиёҳ кардаву аз кор рондан мебошад. Бигзор оне, ки ҷинояту хиёнат ба нафақахурон кардааст шумо аз кор гиред ё ҷазоаш бидиҳед. Наход барои як нафар, ки гапи шуморо нагирифтааст ва дар асл ҳиҷ хилофи қонун кор накардааст, шумо санҷиш ташкил карда тамоми Раёсатро, ки ҳамасола аз ҳамаи мақомот фаъолияташ санҷида мешавад, даҳсола пешро боз аз сари нав бардоштаву ревизия кардаву мардумро сарсону саргардон карда гардед. Метавонам дар ин маврид санҷишатонро дар ноҳияи Рудакӣ мисол орам. Махсус бо супориши Абдураҳмонзода Ҷамила санҷиш гузарониданд. Аз ҳисоби маблағҳои гирифтаи нафақахурон (яне ревизия ташкил кардед) зиёда аз 450000 сомонӣ камбудӣ баровардед ва нагузоштед, ки кормандони АСИН-и ноҳияи Рудакӣ шуморо бо қонунҳои амалкунанда исбот намоянд, ки ин маблағҳо дуруст ҳисобӣ шудаанд. Санад кардеду ба Агентии коррупся супоридед. Натиҷаш ин шуд, ки шумо шарманда гардидед. Кормандони Агентии Рудакӣ исбот карданд, ки ин маблағҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳисоби шуда ба нафақхурон дода шудааст. Танҳо тавонистанд 35000 камбуди ёбанд, чунки ин санҷиш ҳам бо супориши шумо буд. Дар охир шумо чи кор карданатонро надониста чанд мутахассиси хубро аз кор рондед. Мисоли дигар вазъият дар Сараёсати вилояти Суғд. Ҳамаи кормандони Агентӣ медонпнд, ки шумо то ҳол ба мақомотҳои болоӣ доля медиҳед, ки даъвои онҳоро кабул накунанд.
Шаҳрвандоне, ки дар асоси қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои шаҳрвандони ҶТ» ба нафақа баромаданду андозаи нафақаашон аз андозаи ҳади аксар (максимални) зиёд мегардид, тибқи қонуни мазкур то андозаи ҳади аксар ба онҳо нафақа дода мешуду боқимонда маблағи нафақаашонро гирифта наметавонистанд.
Тибқи қонуни мазкур то 01.01.2017шаҳрвандон нафақа баромаданд. Яъне шахсоне,ки то он давра ба нафақа баромадан алакай охирон нафаронашон 7-сол мешавад бознишаста аст, пештар баромадагиҳояшон шояд 10, 15, 20 сол шуда истодааст, ки миқдори муайяни маблағи нафақаашон дар буҷаи Агентӣ захира меистад. Роҳбарияти куру кари Агентӣ мебоист дар ин масъала пешнидоде карда маблағи заҳираи онҳоро бе маҳдудият пардохт кунад. Охир ҳафт сол мешавад ба нафақа баромадани он нафарҳоро ва агар 63 сола буд, 70 сола шуд. Аксарияташон маълум, ки аз дунё гузаштанд. Охир кай шумо маҳдудият (ограничений)- мебардоред ё боло мебаред то онҳо тавонанд маблағи худро ба пуррагӣ гиранд. Дар бозҳисобии соли 2019 низ ин гурӯҳи нафақахуронро фиреб карда тибқи фармони призидент амал накардед. Андозаи нафақаашонро бояд аз андозаи аксари (максималны) 20% зиёд мекарде вале шумо 30 сомонӣ дар нафақаашон зам кардеду тамом. Шумо бевиҷдонҳо ҳатто фармони пешвоятонро ҳам ба инобат намегиред.
Индексатсияи нафақахои сугуртавӣ: Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртави ва давлатӣ» аз 18 марти соли 2015 №1200 моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавї ва нафақаҳо.
Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:
Индексатсия- ин яъне тағир додани андозаи нафақаҳои таъингардида ва сармояи шартии нафақавӣ бинобар тағир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ.
-Барои давраи аз 01 январи соли 1999 то 01 январи соли 2013 мутобиқи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян гардидааст;
-Барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян карда мешавад.
Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шуру аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад.
Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад.
Бубинед қонун муайян ва муқррар кардааст, шарт нест, ки то вақте Пешвояшон дар паёмаш нагуяду нархи маҳсулот 100% боло равад баъд инҳо дар 2 ё 3 сол як маротиба онро ҳам на ҳамаи намуди нафақаҳоро 5% индексатсия бикунанд. Тибқи ҳамин моддаи қонун бояд ҳамасола ба таври автоматӣ индексатсия яъне маблағи нафақаро зиёд кунанд.
Ҳамватани азизам, оне ки сӣ солу панҷоҳ сол меҳнат кардиву хостӣ бознишаста шавӣ зиндагиат хуб гузарад, оне, ки меҳнат карда истодаиву туро маҷбур мисли ғулом истифода мебаранду дар болои сарат меистанду супориш медиҳанд, ки ба барномаҳои мухолифон ворид шуда рӯзро шаб ва шабро рӯз бигуйед агар шумо пиндоред, ки бо Мухаммадиқбол хоинҳо ҳамкорӣ доранду хиёнат ба миллату ватан мекунанд як бор аз интернет қонуни мазкурро ҷустуҷу карда лоақал моддаи болозикрашро бихонеду хулоса бароред. Ин онҳое, ки аз чунин сиёсатҳо пуштибонӣ мекунанд, ба мисли муовини раиси ноҳияи Ванҷ, ки мегуяд: «Дар ноҳияи мо ба шахсе, ки дар ҳеҷ куҷо кор накардааст 250 сомонӣ нафақа медиҳанд», дар сурате, ки қонун нафақаҳои иҷтимоиро яъне онҳое, ки дар ҳеҷ куҷо кор накардаанд то 1 июли ҳамин сол 124 ва баъди 1 июли 2023 150сомонӣ муайян кардааст, шуморо фиреб медиҳанду гул мезананд.
Ба онҳое, ки ба Шумо суол медиҳанд, ки аз дасти шумо чи кор меояд, аз дур нишаста гап мезанеду бадбинӣ мекунеду халос, ё суол медиҳанд чанд дарахт шинондед, гуфтаниам, ки ана ҳамин ифшокориҳои Муҳамадиқболи Садриддин буд, ки дар барномаи аввале,ки нисбати хиёнатҳои роҳбарияти Агентии нафақа хусусан ҳамасола индексатсия нагардидани нафақа мардум аз дуздиҳову ғоратҳо дар ин ниҳоди муҳимми давлатӣ бохабар шуд ва ҳоло бояд мақомоти танобкаш таноби раиси ин Агентиро бикашад.
Яқин буд,ки имсол ҳам мисли солҳои пеш 5% индексатсияи нафақахои суғуртавиро иҷро мекарданд. Ин буд, ки баъди он ифшокориҳо дар Ислоҳ ин моддаи қонунро каме ҳам бошад дар соли 2023 аҳамият дода ду соли омориро ба назар гирифта бо соли ҳисоботӣ 15% индексатсия карданд, ки инро мутахасисони соҳаи нафақа медонанд. Аз соли 2014 касе ба ин аҳамият намедод.
Магар ман ё каси дигаре, ки аз зулму хиёнати як Агентие, ки ба болои ҳар як хонадони мо тоҷикон (ҳамаи мо як нафақахуре дорем дар оила дорем) расида истодааст бигуям оне, ки нашру видео бикунад то мардум бифаҳманд болои онҳо чигуна зулмҳо сурат мегирад хиёнат аст ё қаҳрамонӣ? Ҷавобашро ба инсофу имони шумо ҳавола мекунем.
Дар охир чанд пешниҳод ба роҳбарияте, ки баъди Давлатзода Дилмурод ба кор меояд ироа доданиам. Бояд дар кору амали Агентии нафақа як дигаргунии куллӣ ворид карда шавад:
1.Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродиҳо бояд вазифаҳои худро ичро намоянд;
2.Маблағҳои аз ҳисоби саҳмҳои суғуртавии аз шаҳрвандон ворид мегардидаро бояд хатман барномае ворид созанд, ки ҳангоми бознишастагии онҳо сарсону саргардон нагарданд.
3.Ҳангоми муроҷиаташон ба нафақа на дертар аз 10 рӯз ба нафақахур тариқи паёмак хабар дода шавад.
4.Маблағҳои андухтии нафақагирон мувофиқи хоҳишашон ба нафақаашон тақсим ва ё якбора дода шаванд.
5.Давраи эҳтимолият аз 180 моҳ ба 120 моҳ баргардонида шавад чигунае, ки дар аввал буд.
6.Таъиноти нафақа чун пештара ба зимаи Раёсатҳои Агентии дар шаҳру ноҳияҳо буда гузошта шавад, чунки нафақахур роҳҳои дарозро тай карда сарсон ба марказҳо барои гирифтани маълумот нагарданд.
7. Нафақаҳои касбӣ бояд дубора барқарор карда шавад.
Ps : Хонандаи азиз, албатта, аз ин матлаб хеле маълумотҳо гирифтед. Вале, ин тавр нест, ки дуздиву ғорат танҳо дар ҳамин Агентии нафақа вуҷуд дошта бошад. Дар тамоми ниҳод ва мақомоти ҳукумати марказӣ дуздиву ғорат дар авҷи аъло аст. Махсусан дар ҳамон ниҳод ва мақомоте, ки роҳбари он аз «бачаҳакои боло» ва бахусус аз Данғара бошад. Ҳамин Давлатзода Дилмурод ҳам аз данғарагиҳои «бачаҳакои боло» аст ва яқинан дар ин дуздиҳояш ҳатман аз боло ё Озодаи Раҳмон (қили асп) ё Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ё ягон ҳамшаҳриии дигараш ба истиснои худи Раҳмонов истодагӣ аст ва ӯро зашишат мекунад ва ҳадафи ин гурӯҳ на хидмат ба мардум ва давлату ватан аст, ҳаадфи инҳо фақат дуздиву ғорату пур кардани ҷайбу счетҳои оффшорӣ аст.
Аммо, ин бадбахти Давлатзода пули онҳоеро дуздидаву аз он ҳисоб бойшудаву ишрату комронӣ карда истодааст, ки муҳтоҷу мустаманданд. Ин нафақадузд ҳануз дар давраи кор дар Палати ҳисоб наҳанг шуда буд…..