НАМОЗИ ҶАНОЗА

Ислоҳ нет

НАМОЗИ ҶАНОЗА

Чанд нафар аз ман савол намуданд тарзи гузоштани намози ҷанозаро муфассал нависед.Зеро чунонеки медонед мо дар русия қариб,ки ҳафтае нест бе ҷаноза гузарад. Тарзи гузоштани намози ҷанозаро нависед бо матни дуъоҳоеки дар он хонда мешавад. Зеро инҷо гоҳо онро бо шаклҳои гуногӯн мегузоранд мо мехоҳем онро тибқи мазҳаби Ҳанафӣ адо намоем.Дар ҳаққи мо ҳазрат дуъогӯй бошед хело дар ҳолатҳои сангине қарор дорем.Ҷамъе аз муҳоҷирбачаҳо аз шаҳри Екатеренбург.

Алллоҳ шуморо ҳифз намояд ва ҳамеша дар ҳифзу амони Аллоҳ қарор дошта бошед. Албатта дар ин шакке нест,ки намози ҷанозаро фазли хоссе мебошад.Гузоридани намози ҷаноза бар мурда сабаби камгаштани азоб дар қабр ва шафоъат кунандаи он майит мебошад.Хоссатан агар дар намози ҷаноза мардумони зиёд ҷамъ гарданд ва бар ӯ намоз гузоранд.

Мо аҳодиси зиёде дорем дар ин маврид аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ба ду ҳадис иктифо менамоем.

Аз Молик ибни Ҳабйира (раз) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунад,ки он ҳазрат чунин фармуданд: “Ҳар муъмине аз дунё мегузарад ва бар ӯ уммати аз мусалмонон намоз мегузоранд.Ададашон агар се саф бошад магар,ки сабаби мағфирати он майит мегардад” (Ҳадиси саҳеҳ аст аз шаш муҳаддис ба ҷуз Имом Насоӣ ҳама ривояташ кардаанд)

Муҳаддисин мегӯянд: Молик ибни Ҳабйира (раз) дар ҳар ҷанозае иштирок мекард агар сафи намоз гузоронро камтар аз се саф медид сабр мекард.То инки мардумро ба гузоридани намоз даъват мекард ҳангомеки се саф мешуд сипас онро адо мекарданд.

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят аст,ки аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) шунидам,ки чунин гуфтанд:
“Ҳар марди мусалмоне мемирад ва ҳозир мешаванд дар ҷанозаи ӯ чиҳил мард.Дар ҳолеки шарик наоранд ба Аллоҳ чизеро магар,ки шафоъат мекунад Аллоҳ он майитро”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Аҳмад,Имом Муслим ва Абудовӯд)

Чигӯна гузоштани намози ҷаноза дар чаҳор мазҳаби Аҳли Суннат ва Ҷамоъат.

Мухтасар чаҳор мазҳабро меорам то донед,ки ҳамааш дуруст аст ва инчунин ончи дар мазҳаби мо Ҳанафӣ омада аст онроҳам меоварам хуб диққат диҳед.

Намози ҷаноза чаҳор такбир аст ба ҷуз дар мазҳаби Ҳанбалӣ.

Дар мазҳаби Ҳанбали зиёда аз чаҳор такбирҳам омадааст,ки он панҷ аст.

Бардоштани дастҳо ба гӯш дар чаҳор такбир назди мазҳаби Имом Шофеъӣ ва Ҳанбалӣ омадааст.

Аммо назди мазҳаби Ҳанафӣ ва Моликӣ танҳо дар оғози намоз дар такбири таҳрима бардошта мешавад ва дар се такбири дигар бардошта намешавад.

Инчунин дар оғоз сураи фотиҳа хонда мешавад назди Шофеъи ва Ҳанбалӣ ва воҷиб аст хондани сураи фотиҳа назди ин ду мазҳаб.

Аммо назди мазҳаби Ҳанафӣ ва Молики сураи фотиҳа хонда намешавад танҳо салавотҳо ва дуъои махсусе ҳаст,ки дар поён меорам онҳоро.

Дар охир назди мазҳаби Ҳанбали ва Молики як салом медиҳанд. Аммо назди мазҳаби Ҳанафӣ ва Шофиъӣ ду салом дода мешавад ба рост ва чап мисли дигар намозҳо.

Майит бояд рӯ ба қибла гузошта шавад ва имоми ҷаноза бояд дар васати он қарор бигирад. Албатта бархе уламо мегӯянд агар мард бошад дар назди сараш қарор бигирад ва зан бошад дар назди китфҳо ё миёнааш.

Ончи омадааст аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин аст: 
“Ин (яъне каъба) қиблаи мусалмонон аст дар ҳолати зинда ва мурдаи онҳо”(ҳадиси саҳеҳ)

Муҳим рӯ ба қибла гузошта шудани майит аст валлоҳу аълам биссавоб

Шарҳи муфассал бо зикри ончи дар дохили намоз аст.

Баъд аз такбири аввал сано бихонад ба ин тариқ: «Субҳонакала- лоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука»

Баъд аз такбири дуввум салавот бихонад ба ин тариқа:

«Аллоҳума саллиъало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад. Камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим. Иннака ҳамидум маҷид. Аллоҳума борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад. Камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим. Иннака ҳамидум-маҷид».
Баъд аз такбири саввум агар мурда мард бошад, ин дуъоро бихонад:

«Аллоҳуммағфир ли ҳйино, ва майитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фааҳйиҳи алалисломи ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффаҳу алалимони ва хусса ҳозал майита бирравҳи варроҳоти варраҳмати валмағфирати варризвони. Аллоҳумма ин кона мўҳсинан фазид фи иҳсониҳи ва ин кона мусиан фатаҷоваз анҳу ва лаққиҳил- амна валбушро, валкаромата ваззулфо. Аллоҳуммаҷъал қабраҳу равзанат мин риёзил ҷанони вало таҷъал қабраҳу ҳуфратам-мин ҳуфарин-нийрони, раббиғфирли вали волидайя ва лилмуъминина валмуъминоти вали ҷамъил- муслимина- вал-муслимоти, алаҳёи минҳум вал- амвоти бираҳматика ё арҳамар- роҳимин».

Ин матни арабиеки мегузорам метавонед ба ин шаклҳам хонед.

اللهم اغفر لحينا وميتنا وشاهدنا وغائبنا وصغيرنا وكبيرنا وذكرنا وأنثانا، اللهم من أحييته منا فأحيه على الإسلام، ومن توفيته منا فتوفه على الإيمان

اللهم اغفر له وارحمه وعافه واعف عنه، وأكرم نزله ووسع مدخله، واغسله بالماء والثلج والبرد، ونقه من الخطايا كما ينقى الثوب الأبيض من الدنس، اللهم أبدله داراً خيراً من داره، وأهلا خيراً من أهله، اللهم أدخله الجنة وأعذه من عذاب القبر ومن عذاب النار، وافسح له في قبره ونور له فيه، اللهم لا تحرمنا أجره ولا تضلنا بعده

Агар мурда зан бошад, ин дуъоро мехонанд:

«Аллоҳуммағфир лиҳайино ва майитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳума ман аҳяйтаҳуминно фааҳйиҳи ъалалисломи, ва ман таваффайтаҳу минно таваффаҳу алаллимони ва хусса ҳозал майита бирравҳи варроҳати варраҳмати валмағфирати варризвони.

Аллоҳумма ин конат мўҳсинатан фазид фи иҳсониҳо ва ин конат мусиатан фатаҷоваз анҳо ва лаққиҳ-ал-амна валбушро валкаромата ваззулфо.

Аллоҳуммаҷъал қабраҳо равзатан мин риёзил ҷанони вало таҷъал қабраҳо ҳуфратан мин ҳуфарин- нийрони, раббиғфир лӣ вали волидайя ва лилмуъминина валмуъминоти ва ли ҷамъил муслимина валмуслимоти, алаҳёи минҳум валамвоти, бираҳматика ё арҳамар – роҳимин».

Агар мурда тифл бошад ин дуъоро бихонад:

«Аллоҳуммаҷъалҳу лано фаратав – ваҷъалаҳу лано аҷрав – ва зухрав- ваҷъалҳу лано шофиъав – ва мушафиан – раббиғфир лӣ ва ливолидайя ва лилмуъминина валмуъминоти ва лиҷамиъил муслимина валмуслимоти, -алаҳёи минҳум валамвоти, биҳраматика ё арҳамар-роҳимина».

Баъд аз такбири чаҳорум монанди ҳар намози дигар

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» гуфта ва ба тарафи рост ва чапи худ салом бидиҳад.

Дар охир инро мехоҳам биафзоям ҳар шахсе имоми ҷаноза мешавад саросема нахонад намозро. Зеро зиёде аз намозгузорон ҳама ин дуъоҳоро чун ҳамеша намехонанд имкони пурра нахондани онҳо мегардад. Зеро дуъоҳои дар боло омада агар аз сидқ хонда шавад сабаби шафоъат гаштани он майит аст.Пас таъҷил ва саросема набошед оромона бо қалбу забони содиқу ҳазин онҳоро хонед.

Share This Article