Ақиқа ва ҳукмаш дар ислом

Ислоҳ нет

Ақиқа ва ҳукмаш дар ислом

Фарзанд неъмати Худододист ва бояд барои он шукр намуд:
Шукр намудани Худованди таборак ва таоло яке аз муҳимтарин мақсадҳои ибодат аст.Шукр намудан барои накӯиҳо қалби инсонро пур аз ризо ва ва муҳаббат менамояд нисбати Холиқ ва офаридагораш. Файз мебахшад дӯстдоштани Холиқ дил ва равони муъминро.Инсони муъмин бояд татбиқ намояд онро дар ҳаёташ.Бояд инсон ҳаргиз худро аз ибодат ва ё аз итоъати Холиқаш фориғ надонад зеро ин ғайри имкон аст.

Бузурге гуфтааст:
Ман бе ту даме қарор натвонам кард.
Эҳсони туро шумор натвонам кард,
Гар бар Тани ман забон шавад ҳар мӯе.
Як шукри ту ҳазор натвонам кард,

Чуноне,ки Ҳазрати Муҳаммад(салому дуруди Худо бар Ӯ бод)Кафили тарвиҷи манҳаҷи қуръонист.Он оёти гӯҳарборро барои мо умматонаш бо тарзи бояду шояд бо манҳаҷи зебо ва шево баён намудааст ва рисолаташро бо волотарин шево ба итмом расонид.Моро аз авомир, навоҳи,макруҳот, ҳалолҳо,ҳаромҳо ва… хабар додаст.Барои шахси оқил дигар чизеро номафҳум ва печида боқи нагузоштааст. Танҳо моро мебояд бо он фармудаҳо амал намоем ва аз зиндагии ин дунёи баҳравар гардем ва дар охират аз хоссагони бори таъоло бошем.
Ҳадисе аз расули акрам( салому дурӯди Худо бар Ӯ бод) ки дар ин маврид фармудааст
(في الغلام عقيقة فأهرقوا عنه دما وأميطوا عنه اللأذا )

Дар таваллуди навзод Ақиқа аст пас барои он хун кунед ва аз он (навзод) дўр намоед озорро»
Ин ҳадис ба ривояти имом Бухорӣ аст.
Ин аст ақиқа дар шариъати исломи.Вале мутассифона ин суннат қарибки фаромуш гаштааст ва ҷои ин суннатро туи хатнасур гирифтааст,ки аз расули акрам барои туи хатнасур ва маъракае барои он ташкил намудан аслан наомадааст.

Ақиқа чи маъно дорад?
Ақиқа дар истилоҳи шариъати ислом он чорпоеки кушта мешавад барои навзод.Инчунин онро дар шаръ ба номи «Насика» низ гуфтаанд.
Дар луғат Ал-ақ-Пора кардан ё буриданро гўянд.Ё барои он чорпоеки кушта мешавад барои навзод онро аз ин хотир «Ақиқа» меноманд,ки бурида мешавад гулу ё гардани он чорво барои навзод.Инчунин барои муйи сари навзоде,ки бо он муй аз модар таваллуд мешавад онро «Ақиқа» мегўянд.Ин қавли охирро Имом Замахшари асл ва саҳеҳ ҳисобида ва он гусфанде,ки барои навзод мекушандро ба он рабт додаст.

Ҳукми ақиқа дар шаръ.

Ақиқа аз шариъати ислом аст вале уламои дин дар суннат ва ё воҷиб будани он ихтилоф доранд:

1-Дар мазҳаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р.а.ҳ) Ақиқа ро воҷиб медонанд. Аммо Имом ибни Қудома (р.а.ҳ) яке аз мутаахирини мазҳаби Ҳанбали Ақиқаро суннат медонад на воҷиб

2- Дар мазҳаби Имом Молик (р.а.ҳ) Ақиқаро суннат медонанд.

3- Дар мазҳаби Имом Абуҳанифа(р.а.ҳ) Ақиқаро на суннат медонад ва на воҷиб(фарз). Дар мазҳаби Абуҳанифа (р.а.ҳ) Ақиқаро як амали савоб мешуморад тамом. Ҳангоме,ки дар ин масъала бар китобҳои мазҳабиамон ҷуё шудам танҳо Имом Абуҳанифа (р.а.ҳ) дар номи он ихтилоф кардаанд яъне Имом баҷойи Ақиқа –Насика ро писандида фақад сухан дар ном меравад на чизи дигаре ва амали намудани онро мисли ҳадисҳое,ки дар зер пешкашатон менамоям номи Насика –ро писандидааст.Насика ҳамон Ақиқа аст.Дар ин масъала кутоҳи набояд кард зеро ин амали Расули акрам (с) буд.

Далелҳои ононе,ки Ақиқаро воҷиб мешуморанд.

Ҳуҷҷат ва далел овардаанд бархе аз аҳодиси Расули акрам(с) ро дар мавриди Ақиқа ва чунин медонанд,ки он ҳазрат (с) дар ин маврид ҳам гуфтаанд ва ҳам худ Ақиқа намудаанд ин барои онҳо нахустин далел ва ҳуҷҷат аст.
1-) Он ҳадисе,ки Имом Бухори (р.а.ҳ) дар саҳеҳаш овардааст таълиқ ба Сулаймон ибни Омир Ал-Забби аз Расули акрам (с) ки чунин фармудаанд 
( في الغلام عقيقة فأهرقوا عنه دما وأميطوا عنه اللأذا )

Тарҷума: «Дар таваллуди навзод Ақиқа аст пас барои он хун кунед ва аз он (навзод) дўр намоед озорро»( Ин ҳадис инчунин омадааст дар Тирмизӣ ва саҳеҳеш донистаанд.Инчунин Ибни Дақиқ дар китоби Алимом –аш овардааст инро ба ин лафз)
Ин ҳадис чуни наст мафҳум ва муҳадисин онро чунин истинбот менамоянд,ки лозим ва зарур аст Ақиқа намудан барои навзод.Расули акрам (с) амр намудаанд ба хун кардан яъне чорвоеро забҳ намудан.Аз ин ҳадис чунин қарор намудаанд,ки амри расули акрам(с) ифода ва ё далолати Воҷиб буданро менамояд.Ин аст истидлоли вуҷубияташон дар ин масъала.

2-) Аз Уммул муъминин Оишаи Сиддиқа (р) аз Расули акрам (с) чунин ривоят аст,ки он ҳазрат фармуданд: Аз навзоди писар ду гусфанди яксол ё монанд ва аз навзоди духтар як гусфанд забиҳа намоед»(Ин ҳадис ро Имом Аҳмад ва Тирмизӣ ривоят намудаанд инчунин саҳеҳаш донистаанд онро аммо Имом Аҳмад ва Ибни Моҷа инчунин бо ин лафз ҳам ривоят намудаанд: «Амр намуданд Расули акрам(с) моро инки Ақиқа намоем барои навзоди духтар як гусфанд ва барои навзоди писар ду гусфанд»

3-) Самуратубни Ҷундуб (р) ривоят менамояд,ки Расули акрам (с) чунин фармуданд: «Ҳар навзоде дар гарави Ақиқааш аст,ки кушта ё забҳ карда мешавад барои навзод рўзи ҳафтуми таваллудаш. Ва сари навзодро тарошида ва ном гузошта шавад» (Ин ҳадисро ривоят намудаан Нисой,Абудовуд,Ибни Моҷа.Саҳеҳаш донистааст Имом Тирмизӣ ва Ибни Дақиқ дар китобаш)

4-) Абдуллоҳ ибни Бурайда (р) аз падараш чунин ривоят менамоянд, ки Расули акрам (с): «Ақиқа намуданд расули акрам (с) барои Ҳасан ва Ҳусайн»( Ин ҳадисро Нисои ривоят намудааст инчунин баривояти дигари ў ба лафзи изофие аз Абдуллоҳ ибни Аббос(р) « Ақиқа намуданд Расули акрам(с) барои Ҳасан ва Ҳусайн ду гусфанд ду гусфандиро(яхне барои ҳар кадом 2 гусфанди Ақиқа намуданд)»
Бале хонандаи гироми чуноне,ки далелҳои ононе,ки мегуянд Ақиқа воҷиб аст аҳодиси дар боло зикр гардидаро ҳуҷҷати худ намуда ва мегўянд,ки Расули акрам(с) амр намудаанд барои Ақиқа намудан чунонеки дар ҳадиси яккум ва дуввум дар боло зикр гардид аммо дар ҳадиси севум Ақиқаро як амри лузуми барои навзод қарор дод. Ҳатто дар он ҳадис Ақиқаро ҳамчун гарави саломатии он навзод эълон намуд.Инчунин исбот намудаанд бо ҳадиси охирон,ки худи Расули акрам (с) Ақиқа намуданд барои ду набераашон Ҳасан ва Ҳусайн (р .а)

Далелҳои ононеки Ақиқаро Суннат мешуморанд.

Аммо ононе,ки Ақиқаро суннат мешуморанд бар далелҳои зерин такя намудаанд,ки ҳукми вуҷубияти онро дар маконати суннат қарор медиҳанд ва далелҳояшон аз ин аҳодис аст.

1-) Амр ибни Шуайб аз падараш аз бобояш ривоят мекунад,ки гуфтаанд: Савол карда шуд аз Расули акрам (с) аз Ақиқа он ҳазрат (с) чунин фармуд « Худованд Ақуқонро дўст намедорад» Расули акрам (с) ба истинботи муҳадисон номи Ақиқаро писанд накарданд.Савол кунандаи дигаре аз Расули акрам (с) пурсиданд Эй Расули Худо (с) аз шумо мепурсем барои оне,ки дар хонадонаш навзоде таваллуд мешавад чикор кунем? Расули акрам (с) фармуданд « Хуб ва писандидааст барои шумо он,ки Нусук намояд барои навзодаш ва Нусуки он барои навзоди писар ду гусфанд (ҳамчун)ҳадия аст ва барои навзоди духтар як гусфанд» Дар ин ҳадис чунин маълум шуд,ки фақад расули акрам (с) калимаи Ақиқаро написандид вале айнан мисли он ҷавоб доданд.

2-) Дар ҳадиси Абирофеъ омадааст,ки ҳангоме,ки Ҳасан ибни Али (р) таваллуд шуд модарашон Фотима (р) хостанд,ки Ақиқа намоянд барои фарзанди навзодашон ба ду гусфанд.Расули акрам(с) гуфтанд: «Ақиқа накун вале сарашро тарош ва садақа бикун ба монанди вазни мўй сараш маблағи пулиро» Сипас таваллуд шуд Ҳусайн Фотима(р) ончунон карданд. Ин ҳадисро Имом Аҳмад ривоят намудаанд)

3-) Имом Бухори ривоят намудаанд аз Анас ва Саҳл ибни Саъд инки Расули акрам(с) «Оварданд наздашон баъзе аз навзодонро сипас номгузошт онҳоро ва таҳник( таҳник-оби даҳони муборакашонро бо каме аз хурмо олуда намуд ва дар даҳони он навзодон гузоштанро гуянд) намуд он навзодонро» (Ин ҳадисро Имом Муслим низ ривоят намудааст)
Бале хонандаи гироми ин буд далелҳои онҳое,ки Ақиқаро суннат мешуморанд.Чуноне,ки баён гардид дар ҳадиси яккум «Хубтар он аст,ки Нусук карда шавад» Ин ихтиёр гузошташудааст ба ихтиёри анҷомдиҳанда.Дар ҳадиси дуввум ки ба духтарашон Фотима (р) гуфтанд,ки «Ақиқа накун» балке садақа кун. Дар ҳадиси севвум «Оварданд наздашон баъзе аз навзодонро сипас номгузошт онҳоро ва таҳник намуд он навзодонро» Чунин мегуянд онон,ки ба суннат буданш эътиқоддоранд,ки агар Ақиқа мекарданд аз он навзодон падаронашон бояд то рўзи ҳафтум номгузориашонро низ ки рўзи Ақиқа аст ба таъхир мегузоштанд то дар он рўз он навзодонашонро ном мегузоштанд.

Чун дар ин ривоёти дар ин бахш муроҷиа намудам дар ҳадиси аввл дар санади он ихтилоф ёфтам ки дар ривояти Амр ибни Шуайб аз падараш ва аз бобояш.Мунзири дар ривояти Нисои онро баён намудааст.Аммо дар ривояти Молик дар он марди маҷҳул ва ношиносе аст ва дар ҳадис ҷаҳолат ва ношинос будани рови айб ё нуқс шумурда шуда ва он пазируфта намешавад.Муҳадисин дар баёни ин бахш чунин мегуянд: Аммо

Расули акрма(с) ҳангоме,ки ба духтарашон гуфтанд,ки Ақиқа накун дар ҳоле,ки худи он Ҳазрат (с) Ақиқа намуданд аз барои ҳарду набераашон ки дар аҳодиси саҳеҳ ва бо ровиёни сиқа ривоят шудааст ва дар санадашон ва сиҳаташон ҳеҷ ихтилофе нест.Ин чунин ҳадисро саҳеҳ намешуморанд Чуноне,ки дар аҳодиси боло зикрашон кардем.Аммо дар ҳадиси севвум ба ин назар анд муҳадисон,ки мешавад номи навзодро ҳатто қабл аз рўзи ҳафтум ихтиёр намуд ин далолат бар накардани Ақиқа намеравад

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар мавриди ҳадиси « Худованд Ақуқонро дўст намедорад» Чунин мегуяд: «Ҳеҷ ҳуҷҷате вуҷуд надорад барои онки нафи намояд машруъияти Ақиқаро зеро аҳодиси дигар анҷоми Ақиқаро собит менамоянд.Агар онро низ қабул намоем анҷоми он бар соҳиби навзод вуҷуд дорад агар онро Ақиқа наномад пас онро Насика ё Забиҳа номад муҳим амали намояд онро ба навзодаш…»

Хонандаи гироми намехоҳам дар ин бахш баҳсро тулони намоям мехоҳам ин бахшро бо ин сухан ба поён расонам.Ақиқа барои навзод як амали хело хуб ва писандида буда дар анҷоми он барои навзодони зебоятон онро дареғ надоред зеро ҳар тифл дар гарави Ақиқааш аст пас онро анҷом диҳед ва навзодонатонро аз озор ва гарав бираҳонед.

Ки бояд Ақиқа намояд?

Ақиқаро бояд падари навзод анҷом диҳад ё шахсе,ки нафақаи навзод бар гардани ўст Ақиқаро бояд ин ашхос аз пули худашон кунанд на аз пуле,ки ба навзод иртибот дорад.Яъне масалан барои навзод меросе вуҷуд дорад ё боқи мондааст,ки он хоси он навзод аст аз он пул намешавад Ақиқа намуд зеро барои истифодаи он бояд аз ў иҷоза гирифт ва чун ин кор то оқил гаштани ў имкон надорад пас бояд аз он Ақиқа карда нашавад. Инчунин мешавад агар падару модари навзод нодор бошанд Ақиқаро бобои навзод амали намояд хоҳ аз тарафи мард бошад ё аз тарафи зан агар инҳоҳам нодор бошанд мешавад ҳар шахсе,ки доро аст барои он кумак намояд ва ин суннати расули акрам (с) ро зинда намояд чуноне,ки дар мо туйи хатнасурро сарватмандон барои оилаҳои камбизоат анҷом медиҳанд.Инчунин мешавад дар рўзи Ақиқа якбора навзодони писарро хатна намуд барои ононе,ки дар хатна намудани кудакони камбизоат камари ҳиммат мебандад инро бояд биафзоям,ки савоби Ақиқа хело зиёд аст ва метавонед онро дар рўзи ҳафтуми таваллуди навзод амали намоед ва аҷри бузургеро,ки зинда намудани суннати Расули Акрам (с) аст онро соҳиб гардед.

Оё дар Ақиқа амали муштарак дуруст аст ?

Чуноне,ки дар кишвари мо барои туйи хатнасур ва ё туйҳои аруси шахси сарватманде як чаҳорпоро мекушад ва дар он чанд писарро хатнасур менамояд ва ё ду ё се навҷавонро дар як туй барои харҷи камтар як чаҳорпо мекшанд ва он маросимро мегузаронанд дар Ақиқа ин амал агар дар шакл гўем дар як маърака мешавад онро анҷом дод вале барои ҳар навзод як чаҳорпо яъне як гусфанд бояд сарбурид ва забиҳа намуд зеро дар Ақиқа ин шарти муҳим мебошад тибқи фармудаи Расули акрам (с) «Ҳар навзоде дар гарави Ақиқааш аст,ки кушта ё забҳ карда мешавад барои навзод…» чуноне,ки дар ҳадоё ё қурбони чанд нафар дар як чаҳорпо шарик мешаванд ва онро анҷом медиҳанд дар Ақиқа бояд барои ҳар навзод як сари чаҳорпо бурида шавад.Мешавад агар як шахс масалан дар як маросим барои панҷ навзод панҷ сар гусфандро забҳ намояд ва Ақиқа намояд ё панҷ нафар як гусфанди харида онро дар як маҳфил анҷом диҳанд.Барои ҳар навзод забҳи як чаҳорпо шарт аст.

Дар Ақиқа чи чорвоеро бояд кушт?

Дар ин масъала аҳли илм бар ин назар анд,ки чун Расули акрам (с) гусфандро зикр намуданд ва худашон гусфанд Ақиқа намуданд беҳтар ва хубтар он аст,ки гусфанд кушта шавад ва чорвои дигар мисли гов ва буз ё шутар ҷойгузини гусфанд намегардад зеро амали Расули акрам (с) ин буд бояд он амали гардад.
Бояд гусфанди Ақиқа менамуда чигуна бошад? 
Уламо дар мавриди гусфанди Ақиқа чунин мегуянд: Ҷоиз аст дар Ақиқа гусфандеро кушт,ки дорои айб бошад бар хилофи гусфанде,ки дар қурбони кушта мешавад ,ки он солим аз ҳама айбу нуқсон аст.Вале бархи дигар бар он анд,ки ин албатта ҳатми нест вале агар имкон бошад ончизе,ки дар роҳи Худо забиҳа карда мешавад солим бошад хубтар аст.Зеро дар роҳи Худо ончи хуб ва дуст дошта шудааст бояд дод ва забиҳа кард на ончи,ки дар садақа кардани он ҳеҷ парвое надори яъне аз дил берун набошад бояд он бо сифат ва дуст дошта шуда бошад. «Худованд пок аст қабул наменамояд магар аз поконро» 
Вақти Ақиқа кадом рўз аст ?

Суннат он аст,ки Ақиқа барои навзод дар рўзи ҳафтуми тавваллуди он анҷом шавад тибқи аҳодисе,ки дар боло зикр шуд «Забиҳа карда мешавад барои навзод рўзи ҳафтуми таваллудаш…» Инчунин омадааст дар ривояте агар рўзи ҳафтум имкон нашуд рўзи чаҳордаҳум агар даст наёфт рўзи бисту якум вале дар миёни уламо дар ин чаҳордаҳ ва бистуякум ихтилоф аст.Исҳоқ аз Оиша (р) ривоят мекунад: «Ақиқа агар пас аз он яъне рўзи ҳафтумҳам намояд подоши онро хоҳад гирифт зеро мақсуд ҳосил мегардад»
Дар назди Имом Шофеи (р.а.ҳ) Ақиқа вақташ намегузарад ба сабаби таъхири он вале хуб аст дар он таъхир нанамояд падар ва ё вали навзод. «Ақиқаро метавон то сини балоғат анҷом дод вале агар кудак ба сини балоғат расид соқит мешавад ҳукми он ва он вогузор мегардад ба худи он шахс ва худи он тифли ба балоғат расида ва ў мухайяр мегардад ба Ақиқааш,ки онро кунад ё не » Хонандаи гироми ислом дини фасеҳ ва фарох аст кушиш намоем ин суннатро дар вақташ анҷом диҳем то навзодҳоямонро аз гарав озод намоем ва суннатро зинда намоем.

Ақиқа афзал аст аз садақа намудани пули он

Барои он Ақиқа аз садақа намудаи пули он афзал аст,ки Забиҳа ё резонидани хуни чорво аст мақсад ва он ибодат аст ва онро Худованд бо намоз тавъам ва якҷо зикр намудааст чуноне,ки мефармояд дар сураи Кавсар
«Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун» 
(Сураи Кавсар,ояти 2) 
Ин чунин забҳи чорпо аз фармудаҳои Паёмбари акрам (с) ва суннати Муҳаммад(с) аст набояд онро сарфи назар намуд ва онро бо чизи дигаре иваз ва табдил намуд ҳар чиз дар ҷой худаш аҷр дорад садақа дар ҷойи худаш ва Забҳи чорпо дар ҷойи худаш.

Оё аз хуни он гусфанди забҳ карда бар сари навзод мемоланд?
Дар бархе аз мардуми кишвари мо ин одати рўзҳои ҷоҳилиятро анҷом медиҳанд.Хуни он чаҳорпои забҳ кардаро табаррукан бар сари навзод мегузоранд ,ки ин амали норавоест бояд аз ин амал дури намуд.Ин амали даврони ҷоҳилияте аст,ки қабл аз ислом арбҳо хуни забиҳаи Ақиқаро бар сари навзод мегузоштанд.Расули акрам (с) ин амалро шадидан манъ намуданд ва дар ивази ин амал ё ин амалро бар тарошидани сари навзод дар рўзи Ақиқа амр намуд ва бар вазни он мўйи сари навзод тилло ва ё нуқра бояд дод то шукри Аллоҳро адо намоем.Зеро ҳастанд оилаҳое,ки дар орзўи фарзанданд вале ба онҳо ин нури чашми инсоният дода нашудааст.

Аз Бурайда (р) ривоят аст,ки «Дар рўзҳои ҷоҳилият яъне қабл аз зуҳури ислом ҳангоме,ки фарзандор мешудем барои навзод гусфандеро забҳ мекардем ва бар сари навзод аз хуни он гусфанд мегузоштем. Аммо вақтоки дини ислом зуҳур намуд барои навзод гусфанде забҳ менамудем ва сари навзодро метарошидем ва бар сари навзод ба ҷойи он хун заъфарон мемолидем»( Ин ҳадисро Абудовуд таҳти рақами (2843)овардааст.Имом Таҳови дар китоби( Ал-Мушкил ҷ1\460) овардааст.Ҳоким дар ҷ 4 238) овардааст.)
Дар ҳадисе аз умул муъминин Оишаи Сиддиқа (р) ки ба ҳадиси Ақиқа машҳур аст чунин мегуяд: «Буданд мардум дар замони ҷоҳилият мегузоштанд пахтаеро дар хуни (чаҳорпои забҳ гардидаи рўзи)Ақиқа ва онро бар сари навзод мемолиданд.Сипас Расули акрам (с) амр намуд моро инки тағйир бидиҳем ба ҷоий он хун хушбуйи ё маводи атриёти хушбў истифода намоем»( Ин ҳадисро Ибни Ҳаббон таҳти рақами (1057) овардааст.Байҳақи дар (ҷ 9\303) овардааст.

Гушти Ақиқаро тақсим кардан хуб аст ё хурок пухтани он афзал аст ?
Дар ин масъала уламо бар ин назаранд,ки агар он гуштро таъом пухта ба камбағалон ва ҳамсоягон диҳад хубтар ва афзал аст.Ин тарз зиёдтар эҳсони шахси Ақиқа кунандаро ва шукрашро ба ин неъмати ато намудаи Худо ҷилвагар менамояд ва дигаронҳам аз таваллуди ин навзод бо хабар мешаванд.Ин тарзро яке аз шаклҳои волои саховат ва карам шумурдаанд.

Суннатҳое,ки бар навзод дар рўзи Ақиқа бояд амали шавад.
Суннат аст инки ҳангомеки навзод таваллуд шуд бояд дар гуши росташ азон дода шавад.Чуноне,ки Расули акрам (с) дар гуши Ҳасан ва Ҳусайн (р.а)дар рўзҳои нахусти вилодаташон дар гушҳои росташон азон гуфтанд.Инчунин суннат аст барои навзод номи зебое ихтиёр намоед.Ҳар номе,ки он ном тавъам бо номҳои Аллоҳ бо изофаи калимаи «Абд» бошанд мисли Абдуллоҳ –Абдурраҳмон ва ғайра.
Ё номе аз номҳои Паёмбарони Худованди ё номҳои саҳобагони Расули акрам (с) ё мардони солеҳе,ки номи зебое доштаанд.Агар солеҳе,ки худи ў шахси накукоре аст ва номи хубе надорад набояд бо он ном гузошта шавад ба ин масъала бояд диққат дода шавад чӣ дар навзоди писар ва ёдухтар.
Зеро ном барои фарзанд яке аз муҳимтарин роҳхате аст дар зиндаги ба он аҳамаияти бештаре бояд дод.Ин чунин агар навзод писар бошад хатна намудан дар рўзи ҳафтум ва ё рўзҳои авали таваллудаш суннат аст ва инчунин барои тифл фоидаовар аст аз он натарсед баракс хатна дар аёми авали таваллуд осонтар аст аз он ки кудак чандсола мегардад ва сипас хатна мешавад.

Дар охир барои ҳар онки Худованд барояш навзоди некрўяке ато намудааст ҳатман барои он Ақиқа намоед ва ҳам тифли худро бо ин амал аз озор ва гарав дўр намоед ва барояш номи зебое ихтиёр намоед ва ин суннати Расули акрам(с) ро зинда намоед.Ин амал бароятон хушбахтии ҳам навзодро иншоаллоҳ бабор хоҳад овард зеро ҳаргиз дар суннатҳои Паёмбарамон барои мо умматонаш мушаққате нест балке онҳо раҳматеанд,ки мо ба ҳикматҳои он ба хуби огоҳи надорем ҳоло,ки ин суннати Ақиқаро муфассал фаҳмидем пас онро амали намоем.Бори дигар аз хонандагони гироми бахшиш мехоҳам,ки боз навиштаам каме тулонитар шуд.Бо арзи сипос ва самимият дўстдори шумо азизон 

Share This Article