Намунаи сездаҳум ИЗДИВОҶ БАЙНИ ХОНАДОНИ АЛӢ (Р) ВА ХОНАДОНИ ЗУБАЙР (Р)

Ислоҳ нет

Намунаи сездаҳум

ИЗДИВОҶ БАЙНИ ХОНАДОНИ АЛӢ (Р)
ВА ХОНАДОНИ ЗУБАЙР (Р)

Ин намуна пурракунандаи матолибе аст, ки то кунун дар мавриди дӯстӣ миёни ахли байт ва саҳобагон ба таври куллӣ ва миёни хонадони Алӣ ибни Абӯтолиб (р) ва хонадони Зубайр (р) ба таври ҷузъӣ зикр шудааст.
1- Ин издивоҷҳо баъд аз воқеаи Ҷамал дар соли 36-уми ҳиҷрӣ рух дода ва баёнгари он аст, ки воқеаи Ҷамал мояи буғз ва кина байни онон нашудааст ва даъвоҳои пуче, ки мусташриқон ва бархе ҷоҳилон аз рӯи кинаварзӣ ва ҳасодат ба он нисбат медиҳанд поя ва асосе надорад ва дурӯғе беш нест.
2- Чордаҳ издивоҷ дар тӯли як қарн ва байни шаш силсилаи насаби онон сурат гирифтааст.
3- Шаш гурӯҳ аз ин издивоҷҳо бо афроди аз хонаводаи Ҳасан ибни Алӣ (р) рух дода, ки шомили: Издивоҷ бо духтари вай Руқия ва Нафиса, издивоҷ бо се набера (ду писар ва як духтар ба номи Малика) мебошад ва Абдулло (мулаққаб ба Нафсу закия) набераи Имом Ҳасан (р) ду бор бо афроде аз хонаводаи Зубайр (р) издивоҷ кардааст.
4- Шаш гурӯҳ аз ин издивоҷҳо бо афроде аз хонаводаи Ҳусайн ибни Алӣ (р) буда, ки шомили духтари вай Сакина ва панҷ нафар аз набераҳои вай мебошад.
5- Аз аъзои хонаводаи Мусъаб ибни Зубайр (р) панҷ нафар бо хонаводаи Алӣ (р) издивоҷ карданд.

Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Share This Article