Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 292

Ислоҳ нет

Номаи пур аз хашму ғазаб ва моломоли изтиробу ҳаяҷонро, ки дар аввали ин шумора ҷой додем аз сокинони узбектабори Турсунзода расидааст. Ин сокинон аллакай бори чандум аст ки масъалаи чапагардон кардани хонаҳояшон тавассути раиси шаҳрро ба мо менависанд. Аммо ин бор, ба назар мерсад, ки корд ба устухонашон расидааст. Ва, онҳо қасд доранд аз ҳоли зори худ ба Шавкат Мирамонович Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбекистон шикоят баранд.

 Номаи дигар аз Алма-Атои Қазоқистон аст, ки гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик аз таҳқир ва зери по шудани худу ҳуқуқҳояшон шикоят кардаанд.

Муаллифи мо аз Волгоград ин бор низ сомонаҳои нашрияҳои Душанберо мурур карда ва як матлаберо фиристодааст, ки онро низ дар барнома қабул кардем.

Ҳодисаи куштори Саидаъзам Раҳмонов барои риш аз тарафи КГБ-и Тоҷикистон ҷомеаи кишварва ҳамин тавр фазои сиёсиро мутазалзил кард. Режим, ки хавфи ҳарлаҳзаии хезишҳои мардумиро дорад барои маҳори он дар азҳон ва афкори умумӣ як блогери чечениро махсус даъват намуд ва танҳо роҳи заминӣ миёни Душанбе ва Хуҷандро баст ва барои вай пойгаи мошин ташкил кард. Нигорандаи ин нома аз Душанбе дар ин бора навиштааст.

Ва, ҳоло шурӯъ мекунем аз номаи шикоятии ҳамватанони узбекамон дар Турсунзода

            Турсунзода 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин бор низ нисбати Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Турсунзода ва ҷиноятҳои зидиинсонии вай навиштаниам, ки бениҳоят беҳисоб аст. Ҷиноятҳои Парвизи Акрамзода рӯзторӯз зиёд шуда истодааст. Вай болои мардуми Турсунзода зулм карда истодааст. Хонаҳои махсусан узбекҳоро ба домсозҳо фурӯхта истодааст. Дар ин ҳавлиҳо мардум зиндагоӣ дорнд, аммо яке як домсоз меояду мегӯяд, ки ҳавлиҳои шуморо чапа мекунем, чунки қарори раиси шаҳр баромадӣ. Дар инҷо доми многоэтажка сохта мешавад. Барои қарори дом раиси шаҳр аз домсозҳо аз 100 то 200000 доллар ришва мегирад. Аммо ин домсозҳо ба соҳибони ҳавлӣ, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданду зиндагӣ карда истодаанд, ягон хел пул ва ё ҷойи дигаре барои истиқомат пешниҳо намекунанд.

Домсозҳо сокинон-соҳибони ҳавлиҳоро ба суд дода қарори Парвиз Акрамзода, раиси шаҳрро асос карда бо зӯрии суд, яъне бо қарори суд аз хонаҳо бароварда истодаанд. Мегӯянд, ки мо квадратний метр медиҳем, аммо пул барои ягонҷо рафта иҷора гирифтан намедиҳанд. Мегӯянд, ки домро сохта тамом карда баъд хона –яъне квадратний метр медиҳем.

Мо чи кор кунем, ба куҷо шикоят барем, пеши кӣ равем? Чунки Парвиз мегӯяд, ки ин корро «кучонидани узбекҳо аз ҳавлиҳояшонро маҳз Президент ва бо қарори махсус фармон додааст. Гуё Президент фармон дода бошад, ки узбекҳоро аз маркази Турсунзода берун карда ба ҷойи онҳо тоҷикҳоро ҷой кунанд».

Мо ба ин гапҳои Парвиз Акрамзода, ки аз забони Президент гуфта истодааст, бовар надорем. Чунки президент хуб медонад, ки мо узбекҳои Регар дар вақти ҷанг  дар ҳайати Фронти халқӣ ҷанг кардаем. Ва, имрӯз ҳам узбекҳои Турсунзода бо меҳнати ҳалоли худ кор карда истодаанд.

Мо ба ин Парвиз ва ин судя гуфтанием, шумо ва ё отаҳоятон барои мо ҳавливу хона харидагӣ ва сохтагӣ нестанд. Шумо аз номи Президент дуруғ гап назанед. Ин ҳавлиҳо аз падарону бобоҳои мо ба мерос мондагӣ аст. Баъзеи мо даҳ сол зиёд дар Русия мардикорӣ карда ин ҳавлиҳоро рост кардаем. Шумо чи ҳақ доред, ки хонаҳову ҳавлиҳои моро чапа мекунед? Моро,з ану кудакҳоямонро пирҳои барҷомондаро аз зиндагӣ дар ватани бобоии худ маҳрум мекунед?

Дар Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳар як домсоз гуфтааст, ки кадом соҳиби хона  шикоят карда мебиёяд қарорро бекор мекунам. Барои ҳамин дар Душанбе суми ҳавлиҳои мардумро дода баъд чапа карда истодаанд.

Як хеши мо хонааш дар Душанбе дар снос афтод. Дар Регар ҳам хона дорад. Барои вай пули иҷора доданд. Ҳозир ин одам дар хонаи Регараш зиндагӣ дорад ва пули иҷораи хонаи дар снос афтодааш дар Душанберо гирифта истодааст. Аммо ин беномуси Парвиз ба домсозҳо гуфтааст, ки «ин узбекора очашона фалон кунам чапа кунен хонашона, зурӣ кунен суд кати тарсонен, ин фармони худи Ҷанобай гуфтааст Парвиз».

Ва барои ҳамин инҳо ҳоло болои халқ зулм карда хонаҳоро чапа карда дар ҷои онҳо дом бардошта истодаанд.

Бародар халқи Турсунзодаи мо тарсончак, ғулом шудагӣ, метарсанд. Аммо мо ин корро ин тавр намемонем. Агар ба муроҷиати мо дар ҳукумати Тоҷикистон гӯш накуннад ба Президенти Узбкистон муроҷиат мекунем. Инҷо генотсиди узбекҳо рафта истодааст.

 Парвиз Акрамзода хуб гуш кун. Илоҳо ҳамон котеҷи дар 2.миллион доллар харидаат дар қафои сафорати Амрико дар Душанбе бисузад ва хокистар шавад.. Мо туро фақат дуъои бад мекунем. Вақту соаташ меояд, узбекзабонҳо медонанд, ки бо ту чи кор кунанд?

Ин шо аллоҳ ту ҳам ранги раиси Конибодом як рӯз барои ин беадолативу порахӯриҳоят ва зулму ҷабрат ба мардум дар назди қонун ҷавоб медиҳӣ ва ба кунҷи маҳбас меравӣ.

Ман ҳоло ба Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат карда гуфтаниам, ки ба узбекҳои шаҳри Турсунзода зулму зӯроварӣ карда хонаҳояшонро дар ин фасли сармои зимистон гирифта истодаанд, халқро аз ҷои зисту зиндгони маҳрум карда истодаанд, ба мо кумак кунед. Бо Президенти Тоҷикистон дар ин масъала гап занед.

Муроҷиатам ба Прокурори генераии Тоҷикистон! Магар шумо намебинед, ки моро бехонаву дар карда истодаанд. Наход як прокурори боинсоф набошад дар Тоҷикистон, ки чораи ин Парвиз Акрамзодаи золимро бинад?

 Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос ин номаи маро ҳарчи зудтар нашр кунед то ҳамаи мардум бифаҳмад, ки раиси шаҳри Турсунзода чи гуна ҷинояти зидибашарӣ содир карда истодааст.

Ман садфоиз бовар дорам, ки ҳамаи ин корҳоро худи Парвиз барои пул ва барои пора карда истодааст. Қарори домро бо нархи гарон фурухта истодааст. Тақдири мардумро бизнес карда истодааст.

Мо як ҳаёт, пуштбапушт ҳамроҳи бародарони тоҷики худ дар ин ватан зиндагӣ кардаем. Инҷо ватани мо ҳам ҳаст. Ба доди мо бирасед!

Боқӣ дар амони Аллоҳ бошед!

Алма-ато

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо дар ин шаҳри Қазоқистон кор ёфтем. Вале ду руз баъд ду наркомани бангиро кор гирифтанд. Шиштанду папиросро пур карданд ва гуфтанд кашед. Гуфтем ҳаром аст,мо иншоаллоҳ мусалмонем. Гуфтанд, пас, шумо харед. Мо гуфтем, на, бузем, намекашем, ки бихарем. Гуфтанд, ки мо одамҳои ҳукуматем, мо ҳатто бо ҷинҳову ҷодугарҳо алоқа дорем, шуморо мисли девона мекунанд ва ин гапҳое мо ба шумо гуфтем шуморо ҳиҷ кас бовар намекунад. Рост гуфта хона омадем, ҳеҷ кас нест. Касе гап мезанад, лекин мо ин шо Аллоҳ ҳушёрем.   

Пагоҳаш началник бо нуки биниаш гуфт, чизеро нафаҳмидем. Мо ҳам бо ишора гуфтем. Дафъ шав гуфт, набинам. Мо шиштагӣ, магарам як тика нон ёбем. Мисли хар, бо арақи резрезони ҷабин ва бе перекур кор мекардем. Ҳар рӯз тоҷикҳоро наҳ мезад.

Гуфтем мо айб дошта бошем худи моро гӯ,  чаро тоҷикҳоро оскорблят мекунӣ? Гуфт ба куҷое хоҳед гап занед. Аз пушти шумо тоҷикҳо касе намехезад, ҳеҷ кас намедавад. Меояду мегӯяд, ки дар ин як моҳ муддате, ки шуморо гонят кардем хона харидем. Рости гап аз наҳзаниву таҳқиру мазамматаш безор шудем. Тоқат накардему дигар ҷо рафтем. Дар онҷо ҳам рӯзи дуюми кор банг бароварданд ва гуфтанд, ки биёед. Не гуфтем. Боз гуфтанд, ки бо мо ҳамроҳ шавед:-мо оҳиста-оҳиста наркобизнеси тоҷикро меёбем, подставит мекунем, мекушанаш. Гуфтем, ки ҳоло дар дасти ту наркотикро мебинем, дар тоҷик не. Ҳамааш талху турш шуданд. Ягон рӯз аз инҷо ҳам меравем, агар ки бо инҳо ёр ва ҳамроҳ нашавем, Бояд дар чунин вазъият кор кунем. Боз баъди соати 6 ҳам, то ки инҳо низ квартира харанд.

Мо дар мелнитса кор мекардем. Баъди се рӯз сардори корхона як турк омад гуфт: «тоҷикҳо якдигариашонро фурухтанд». Милиса омад, штраф мекунад, чунки беҳуҷҷатанд. Ваъда кард, ки ҳуҷҷатҳоро дуруст мекунам.

Рӯзе мигратсионий служба омад. Ман гурехта пеши юрист рафтам ва гуфтам чи гуям? Аммо вай дар ҷояш набуд. Ҷонишинаш як духтари рус буд. Занг зад, бачаи хуб гуфт маро. Гуфт дар ҳамонҷо баҷояш кун. Баъд як турке омад ва ба нуки биниаш гуфт, ки инро баҷо кардӣ? Рус гуфт, ки бале ва афзуд, ки рафтаму дидам бос ҳамроҳашон аст.Рӯзи дигар гуфт,ки инҷо баҷо нашавед.

Гуфтам гуям,ки охир худат фарёдамон кардӣ, пулҳоямон мондагӣ, вале медонистам, ки ҷанг мешавем. Дере нагузашта рус бо юрист аз кор рафтанд. Туркҳо узбекҳо ва тоҷикҳоро шум мебинанд. Барои онки дар Узбекистон зада будаанд онҳоро. Дар инҷо чандеашонро, ки дидам, коммерсатҳояш бо милисаҳо кор мекунанд.Номи началники ин мелниса Вадиса.М аст.Вай худаш милиса фарёд мекунад. Дар инҷо ҳуҷҷатсозӣ аз Русия душвортар аст. Бародар Муҳаммадиқбол, инро ҳам гӯям, ки баъди депорт шуданам аз Русия дар моҳи августи 2024 дар Тоҷикистон 8 моҳ ҳар рӯз кор кофтам наёфтам, нашуд. Дар ин муддат як дона карамел харидагӣ нестем. Таги қарз ба Қазоқистон омадем. Ҳоло ҳам қарзҳо мондагӣ.Чи хурдем?Ба ҷуз орду руған. Тамом накардем. Бачаам синфи 4. Гуфт амакамро аз ИВС (депорт) ҳуй доданд, омад. Гуфтам 100 сомонӣ севанчӣ медиҳам. Пурсидам агар ин пулро гирӣ чи кор мекунӣ? Мегуяд пули китобҳоро медиҳам. Ана давлатдорӣ. Ба ҷое, ки кудак коржик ё трубка харад! Як сол зиёд шуд, ки як бор ду мурғ хариданд. Гӯшт хурдагӣ нестанд, бовар кунӣ накунӣ бародар, ихтиёрат.

  Ба назарм любой кас мешуд дар ин ҳолате,ки ман дорам аз пулгирӣ шарм мекард, лек инҳо –милисаву мигратсионии қазоқ пусту гӯшти танаатро мекананд. Эзоҳи Ислоҳ:

Ин бародар, ки номаи мазкурро фиристод ду аудионавор ҳам роҳӣ кардааст, ки дар он як садои мардона чунин мегӯяд:

— Эй, ты чего так говоришь? Тебя это так оскорбляет? Где ты сейчас, скажи адрес.

Ва низ як садои занона:

— Короче, Али… С самого начала говори, таджики они такие, как будто целый народ такой. Ладно, чёрт с ним. Все вы одинаковые. Ааа, смотри, я знаю, где ты работаешь-устроился на мельницу. Ну всё, жди миграционку! Я сейчас выпишу тебя, скажу, что ты свою волну ушёл, и подскажу, где ты работаешь. Потому что я тебя выпишу-ты должен покинуть страну, сам знаешь.

«карочи Алӣ …не из начално говори таджики они, как би такой народ.Ладно черт с ним. Ни все одинаковие. Ааа смотри я знаю где ти работаеш, на работу усторился на мелнитсу. Ну чо ждите мигратсионку ,я потому что сейчас випишу тебя,скажу что ти свою волну ушёл и подскажу что где ти работаеш.Потому что я тебе випишу то дожен покинут страну, сам знаеш»

Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Қабл аз ҳар чизе дигар мехоҳам ҳамдардии худро ба хонаводаи шаҳид Сайидъзам,ки кегебешникҳои хуношом куштанд,бирасонам ва бигӯям,ки дар ғаму мотами шумо ҳамаи мардуми тоҷик шариканд.

Ин ҳодиса,ки дар фурудгоҳи Душанбе руй дод-марги иҷбории Саидаъзам Раҳмонов ки Шумо ва дигар расонаҳои озод нашру паҳн кардед ҳамон вақт фикри мардум ба Саидъазам буд. Дар тамоми кишвар дар ҳамин масъала гап мезаданд. Баъди расонаӣ шудани ин ҳодиса дар мардум эҳсоси шубҳаву бадбинӣ нисбати ҳукумат зиёд шуд,як ҳолати нафрату бадбинии аҷибе пеш омад.Се-чор рӯз гапи даҳони ҳама шуда буд. Агарчи чоплусҳо хомуш буданд, Абдулло Раҳнамои рӯсурхак надид, нафаҳмид, Ато Мирхоҷа надид, нафаҳмид, дигару дигараш ҳам надид нафаҳмид, вале ҳукумат чи кор кард?

 Ин мусобиқаи пойгаи мошин бо як блогери чеченӣ Аcҳаб Тамаевро ташкил кард,то ки фикри мардум дар самти дигар бошад. Тамоми кормандони вазорати дохилӣ дар баргузори ин мусобиқа нақши калон доштанд.Тамоми блогерони Тоҷикистон дар тамоми каналҳояшон нашр карданд: видикҳои 30 секунда ва як минута. Хулоса, бо ин роҳ ҳушу зеҳни мардумро ба ҳамин чизи беҳуда банд карданд 

  Имруз ман худ шоҳиди суҳбатҳои ин блогери чечентабор будам. Вай гуфт ин мусобиқа ҳоло маълум набуд. Саросема шуда бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон омадам.

 Аҷиб аст,не? Асҳаб Тамаев гуфт, ки ман дар чандин давлатҳо будам, вале ингуна пешвозу пешвозгириро, ки дар Душанбе ташкил карданд бори аввал мебинам.  
Мақомот ва мардуми Тоҷикистон чӣ мегуянд? Мо барои чи ӯро чунин пешвоз гирифтем ва барои вай шуда ҳатто магистрали байналмилалиро бастем. Ягона роҳи миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро бастем барои чандин соат ва садҳо нафарро дар сафар дучори мушкил кардем. Ҳатто як модари панҷакети дар роҳ писри беморашро мебурдааст, ки аз ин кор сахт асабонӣ шудааст. Чунки ин блогер 3 -4 миллион подписчик дорад, барои соҳаи сайёҳӣ- туризм хуб мешавад.

Бародар Мухаммадиқбол шумо барои ин мардуми беҳуда худатонро дар обу оташ назанед, ғам надиҳед. Ба Аллоҳ қасам фоида надорад. Ин мардуми Тоҷикистон аксарияти ҷавонони ҳозира ва калонсолаш ҳам тамоман номусу ғурурро аз даст додаанд. Барои онҳо фақат прикол бошад. Як девонагӣ, беҳад тарсуянд. Агар хоҳӣ ҳақро фаҳмонӣ намефаҳманд. Худатонро хаста накунед, мардум намефаҳманд.

  Волгоград

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Боз ман аз шаҳри Волгоград, аз ин мусофириҳо ба шумо менависам. Вақте саҳифаҳои интернетии рӯзномаи Тоҷикистонро мехонам ва бо бо Ислоҳ муқоиса мекунам, мебинам,ки дар ҳақиқат нашрияҳои мо ҳамааш,чи давлативу чи ғайридавлатӣ ягон проблемаи ҷиддии кишварро намебинанд ва ё бинанд ҳам чизе наменависанд ва фақат таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмонову Рустами Эмомалӣ аст, илло Ислоҳ, ки дар он мардум аз мушкилоти худ мегӯянд ва мақолаҳи хуби хонданӣ нашр мешавад. Гоҳ-гоҳе, баъзе нашрияҳо ба ягон масъалаи иҷтимоӣ рӯ меоваранд вале роҷеъ ба масоили сиёсӣ,фаъолияти ҳукумат, Президент, парлумон чизи интиқодӣ чоп намекунанд. Ва ёагар чоп кунанд ҳам тавре менависанд, ки нафари мутасаддӣ, шахси масъул танқид намешавад.

Дар шумораи рӯзи 18 октябри СССР Зариф Ғулом,адиби тоҷик ба як мавзӯи иҷтимоӣ аммо мавзӯъи ҳаррӯза таваҷҷуҳ кардааст. Мавзӯъ мавзӯъи сафари мардуми тоҷик ба зиёрати хонаи худо-ҳаҷ аст. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни бинои ислом аст ва барои ҳар мусалмони дорои имконот иҷрои он фарз аст. Аммо дар мо,ин фаризаи исломиро бархеҳо ба як маъракаи худнамоишдиҳӣ ва такаббуру шӯҳратталабӣ табдил додаанд, ки тамоман дуруст нест.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман зидди ин гуна гапҳо, ки ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон ва ё инки пули ҳаҷро барои роҳу мактаб харҷ кун ва аз ин қабил суханҳои аблаҳонаву аҳмақона ҳастам. Ҳоло боз дар ин бора як ду фикри дигар дорам, ки баъди пешниҳоди ин мақола баён месозам. Инҷо ин мақолаи нашрияи СССРро ба шакли комил пешниҳод мекунам:

  Ҳоҷиёни дурӯя

Салом, ССР! Чандин хешу табор, ёру дӯстон, шиносу ҳамкорон баъди аз синни 50 гузаштани умр ва ё пас аз ба нафақа баромадан, гӯё барои шӯстани гуноҳҳои содиркарда, ҷиҳати талаби авф аз Худованди 18 000 – и олам ба зиёрати Хонаи Худо мераванду илова ба ном соҳиби лақаби Ҳоҷӣ мегарданд, ки дигар дар пеши нафасашон нишаста намешавад.Муддати зиёде нагузашта,гузаштаи худро фаромӯш намуда, якбора ба авлиё табдил меёбанд. Гӯё ки аз осмон ситора оварда бошанд, карру фар ва ифтихорашонро дида, кас дар ҳайрат мешавад.

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Бархе аз ин ҳоҷиёни дурӯя ба таври пинҳонӣ аъмоли зишти пештараашонро идома дода, тарзи мунофиқонаи ҳаёти худро пардапӯшона давом медиҳанд. Онҳо ҳеҷ дарк намекунанд, ки бо рафторҳои авомфиребонаи худ ба номи поки дини Ислом иснод оварда, қадру қимати зиёрати ҳаҷро паст зада истодаанд

Замонҳои пеш бинобар ҳанӯз набудани мошину самолётҳо, одамон пиёдаю савори хару шутуру асп биёбони тафсону беобро бо азобу машаққати зиёд паси сар мекарданд ва ба хонаи Худо рафтан имтиҳони бузург маҳсуб меёфт ва дар ин роҳи ҳақ чанде аз зоҳирин ҷон ба Ҷаббор месупурданд.

Бесабаб шоири бузургамон Саъдии Шерозӣ нагуфтааст:

Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он –к,

Бечора хор мехӯраду бор мебарад.

Зоиронро шутур мебурд ва барои ҳамин зарбулмасале пайдо шуда буд: «Ҳоҷӣ мурд, шутур халос шуд».

Аз ин хотир барои номи поки ҳоҷигӣ Кумитаи динро лозим аст, ки пеш аз сафари ин гуна ҳоҷиёни дурӯя дафтари аъмоли онҳоро варақ занад. Зеро бештари онҳо зиёрати хонаи Худоро ба тиҷорат табдил додаанд ва ҷиҳати покии дини ислом ва наовардани иснод ба ин маъракаи маъруф чораву тадбирҳои амалӣ андешанд.

 Зариф Ғулом,адиб.

Бародар Муҳаммадиқбол ва хонандаҳои сайти машҳури Ислоҳ!Шуморо намедонам,аммо бисёре аз фикрҳои баёншуда дар ин навишта дурустанд.Як мисоли одӣ меоварам.Яке аз муҳоҷирони кории тоҷик,ки чанд сол якҷоя дар инҷо ҳастем ва аҳли оилааш дар ватан ҳастанд,гуфт,ки бо пулҳои ҷамъкардаш мехоҳад падару модарашро ба ҳаҷ фиристад.

Ман ба вай гуфтам,ки кори баде намекунӣ,аммо аввал чор ишкелатро буд кун,барои зану фарзандонат,ки дар манзили падариат ҳастанд хонаву дар кун.Бираву бо падару модарат маслиҳат кун ва ин гапҳои маро ба онҳо гӯ.Вайте баргашту омад хурснад буд.Гуфт падару модарам ба ту ташаккур карданд.Чунки дар як хона онҳо се бародар ва оилаҳояшон ҳамроҳашон.Хуллас,ин бародар якҷо бо бародаронаш хона сохту оилаашро ҷудо кард.Ва,хотираш осуда шуд.Гуфт акнун метавонад падару модарашро ба ҳаҷ фиристад.Гуфтам бале.Дигар ҳақ дорӣ.

Манзури гапам ин аст ки ҳозир дар Тоҷикистон ин фарзи исломиро ба як маъракае табдил кардаанд,ки гӯё ҳоҷиҳо одамони сарватманду пулдоранд.Аммо дар асл на ҳамаашон ҳамин тавранд.Баъзеашон ҳоҷӣ шуданро барои худ як ифтихор меҳисобанд,кибру ғурур мекуннад,ки ҳоҷианд.

Бояд ба ҳаҷ бо пулу меҳнати ҳалол биравӣ ва фарзи худоро маншаи кибру манманӣ насозӣ.Агар ҳоҷӣ шавиву ҳоло ҳам бо роҳу усулҳои бад зиндагӣ кунӣ,пас,ту маънои ҳаҷ ва моҳияти онро нафаҳмидаӣ.

Зиёрати хонаи худо сирф барои анҷоми фарзи бандагӣ аст.Онро асбои худнамоишдиҳӣ,кату кӯт набояд кард.Барои онки ҳоҷӣ шудӣ набояд худро аз мардум боло гирӣ,боло шинӣ,иззатталабӣ кунӣ.

Ҳоҷӣ будан ягон имтиёз нест,далел ё нишонаи он нест,ки худро аз дигарҳо боло биҳисобӣ.

Share This Article