Дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав навишта истодаанд ва гуфта мешавад, ки Рустам барои «дуо»-и Путин ба Русия рафт ва онро гирифт ва акнун вай дигар президент мешавад. Хуб, маълум буд, ки Раҳмонов ӯро ба ҷойи худаш омода карда истодааст. Аммо пурсиш ин аст ки вай аз уҳдаи кор мебарояд ва ягон сабукиву суҳулат ба мардум фароҳам мекунад ё инки мисли падараш фақат дар ғами худу оилаи худ мешавад. Албатта, мо дар бораи фаъолияти Рустам ба ҳайси шаҳрдор борҳо навиштаем. Ҳеҷ кори хубе, ки карда бошад надидаем ва баракс тамоми хадамоти шаҳрдорӣ баъди онки Рустам раиси шаҳр шуд, ҷойи пешравӣ ба қафо задааст.
Номаи аввали ин шумораи барнома ба ҳамин масъалаи уҳдабароӣ ва ноуҳдабароии Рустам ба ҳайси шаҳрдор бахшида шудааст ва муаллиф, яке аз муҳоҷирони кории тоҷик солҳо баъд, ки ба ватан баргаштааст, бо зикри мушкилоти пойтахт ин суолро матраҳ кардааст, ки бо ин вазъу ҳол Рустам чи гуна метавонад президенте шавад, ки аз вай мардум розӣ бошад? Мегуяд вақте як шаҳрро наметавонад мудирият кунад, кишварро чи гуна метавонад мудирият ва идора кунад?
Душанбе
Асалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Баъди чанд соли мусофирӣ Душанбе омадам. Як ду моҳ барин гаштам. Бовар кунед, ин Душанбе Душанбеи солҳои пешина нест, дигар шудааст. Ман ҳайронам, ки Рустам чи хел президент мешавад? Тамоми бизнесҳоро худаш гирифтагӣ, халқро намемонад, ки бизнес кунад, як даҳан нон биёбад. Президент бояд дар хизмат ва дар тарафи халқ бошад, халқро бояд ёрдам диҳад, шароит диҳад, ки дар ватанаш кору бизнес кунад. Агар шумори бизнесмен зиёд шавад сериву пурӣ мешавад. Аммо Рустам чи хел президент мешавад, ки тамоми намуди бизнесро бо апаву язнаҳояш ҷиқида гирифтагӣ аст. Вай бояд одамҳоро як воля диҳад, ки зиндагиашонро ёбанд. Бояд, ки язнаҳояш ва апаҳояшро бичиқад, то ба дигарҳо ҳам шароити бизнес пайдо шавад. Он гоҳ халқ ба тарафаш мешавад. Вале агар мисли падараш кунад, кораш пеш намеравад. Як магазин ё ки бозор меравӣ, мошинатро дар ҳамон лаби раҳ панҷ минут мемонӣ, мебароӣ мебинӣ, ки мошинат нест, ки ё бор карда бурданаш штрафплошадка ё як кас пешаш истодагиву мегуяд панҷ сомонӣ бидеҳ инҷо стоянка, платний аст. Охир лаби раҳ чи хел стоянка аст? Мепурсӣ, ки ин стоянка аз кӣ аст? Мегуяд аз Рустам. Одамон одамони кӣ? Мегуяд одамони Рустам. Ин Рустам дар чунин ҳолат бо кадом рӯ президент шуда метавонад. Бубинед, ки президенти Узбекистон ақлу савод дорад, гуфта истодааст, ки касе аз кадом мамлакате фарқ надорад биёяд Узбекистону бизнес кунад, бизнеси худашро кушояд дар Узбекистон кор кунад. Аммо инҷо бизнесменҳоро ҷиқида истодаанд, ба дараҷае, ки онҳо гурехта рафта истодаанд, ҳар сӯ. Ё як одами худоҷӯ як гов ё гусфанд мекушад мебарад бозору мехоҳад арзонтар фурушад. Ту арзон фурухта истодаӣ гуфта ӯро ғам медиҳанд, ё ки бо ҳар баҳона штрафаш мекунанд, маҷбураш мекунанд, ки бо ҳамон нархи таъинкардаи онҳо фурӯшад. Барои онки бизнеси гушт ҳам, тухм ҳам дар дасти Рустам аст. Мақсад, бояд ки ту арзон нафурӯшӣ. Аммо бояд Рустам як сабукӣ ба халқ оварад, баъд даъвои президентӣ кунад. Як мисоли одӣ. Дар пеши бозори Саховат як стоянкача ҳаст, ки максимум чил -панҷоҳ мошин меғунҷад. Одамҳо, ки бозор харидкунӣ меоянд, мошинашонро дар куҷо монанд? Дар ҳамин лаби раҳ мемонанд, медароянд 10-20 дақиқа бозорӣ мекунанд мебароянд, мераванд. Аммо ҳамин медароиву мебароӣ, ки мошин нест. Бор карда бурданаш. Меравӣ штрафплашадкаковӣ, чунки намегуянд, ки куҷо бурдагианд. Мековӣ шаҳрро. Дар дастонат сеткаҳои хариди кардагиат. Аз кофтанаш безор мешавӣ, ки дар куҷо бурданаш. Як рӯз то бегаҳ аз пушти мошин саргардон мешавӣ. Хуллас даракашро меёбӣ. 150 сомонӣ медиҳиву мошинатро мегирӣ, не ягон чек, не ягон квитансия медиҳанд. Боз онҷо очередро гӯ. Ончики бозорӣ кардӣ ба нархи тилло меафтад. Дар хонаат меҳмону то шаҳрро мековӣ, ки штрафплошадка дар куҷо аст? Аммо дар кишварҳои дигар маслан дар ҳамин Узбекистон мегуянд зиндагиатонро пеш баред, таксӣ мезанед, бизнес мекунед, якчи нимчи налог супореду зинадагитонро баред. Аммо инҳо наобород ҷиқида халқро сокашро мебароранд. Нафар бо чор тангаи аз Русия овардааш мошин харидааст, ки таксӣ занаду зиндагиашро пеш барад ҳаминро ҳам ҷиқида гирифт Рустам. Садҳо нафар таксист ин шабурӯзҳо дар Душанбе сарсону саргардон, аз бонкҳо қарздор.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гуфтааст, ки аз сӯи ин ниҳод фаъолияти ягон ширкати таксӣ маҳдуд ё бекор нашудааст. Аммо дар Душанбе фақат ба чор ширкат иҷозат додаанд, боқии ширкатҳоро бастаанд. Ин Хадамот гуфтааст, ки таксии Душанбе дар ихтиёри раиси Душанбе аст, дар боқии навоҳии мамлакат тамоми таксиҳоро онҳо назорат мекунанд. Ин маънояш он аст ки бозори таксии Душанбе дар ихтиёри Рустам аст ва ин Рустам аст ки кори таксӣ дар Душанберо ба фоидаи ширкатҳои худаш мувофиқ кардааст. Вақте ҳатто дар таксӣ мардумро иҷозати кор намедиҳӣ, ту агар президент шавӣ ҳоли халқро аз ин бадтар намекунӣ? Ба худо як ҳолу рӯзе. Худашон дидаву дониста халқро гурезон карда истодаанд. Намемонанд, ки халқ нафас бикашад. Дигар ин халқ чи кор кунад. Ин Рустам бо кадом рӯ президент шуда метавонад? Нархи билети самолетро бинед. Бо 28 -30 ҳазор рубл ба Тоҷикистон меоӣ. Аммо нархи билет ба Узбекистон 14 ҳазор, ба Қирғизистон 12 ҳазор. Қирғиз мепарад ба 12 ҳазор, узбек меада то 14 аммо парвози ба тарафи Тоқикистон ду баробар гарон. Чаро?
Ин чи хел инсоф аст? Самолети худатон, компанияи худатон, арзон кунед намешавад. Чи қадар фарқи роҳ аст байни Маскав ва Тошканд ва Маскав Бишкек ва Маскав Душанбе. Ҳамааш чор соат ё чанд дақиқа камтар ё бештар. Ягон фарқе нест. Баракс дар парвози самолетҳои Узбекистон ба мусофирон хурок медиҳанд, дар мо ҳатто бутерброд намедиҳанд. Рустам бо ба ин вазъу ҳол боз президентшав аст.
Қубодиён
Салом устод Муҳаммадиқбол! Ман аз нохия Қубодиён. Мехоҳам дар бораи ҷамъоварии маблағ дар мактабхо гап занам. Устод валлоҳӣ қасам решаи ин сум ҷамъкуниҳо аз боло, аз бачаи Майрами гурсухта аст. Мактуби секретний меояд аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, бо имзои Озода Раҳмонова. Ба ғайр аз мудири маориф дигар ягон кас ҳақ надорад бикшояд. Як одам, ки номашро наметавонам гуфт, дар мактуб навишта будааст, ки равед аз тамоми мактабҳо 5 сомонӣ сари ҳар талаба ҷамъ кунед. Ин гап 4 ё 5 сол пештар буд. Дар дар Қубодиён 56 муассисаи таълимиӣ-мактаб ҳаст. Аммо ҳозир маблағ даҳ баробар боло шудааст. Фикр кунед, ки аз ин ҳама мактабҳо ин қадр маблағ ҷамъ шавад чи маблағи калоне мешавад? Дар ҳар як мактаб камаш 500 хонанда ҳисоб кунед, ку чи қадар маблағ мешавад? Худи мудири маориф гуфтааст, ки дар ҷонамон заданд, аз сумҷамъкунӣ. Охир супориш додаанд, бояд иҷро намоем. Дигар намедонем ба баҳонаи чӣ мо аз талабаҳо сум ҷамъ кунем? Меҳмони омадагиро як тараф мекунем, мактуб меояд мактубро як тараф мекунем, боз меҳмонҳо меоянд. Охир ин меҳмонҳо меоянд, то обедпулиро аз омузгор ҷамъ мекунанд. Агар ҷамъ накуниву надиҳӣ чап меқапанд, сахт проверка мекунанд. Гуноҳ надошта бошӣ ҳам гунаҳкорат мекунанд: «сума ҷам мекнан мегиран мераван, охи ҳаминам шид давлатдорӣ? Мулими бечора руз то бегаҳ дар мактаб кор мекунад 800 сомонӣ маош мегирад:- 35 сомонӣ обунаи газет, 25 сомонӣ барои рушди ноҳия. Охи балоту бзана ба и давлатдорӣ. Ту 800 сомонира киҷоша барои рушди ноҳия мегирен, охи ойлик баланд боша 4 ё 5 ҳазор сомонӣ, майли айсарту мона рушди ноҳиятон. Оли ин ҳама буд нашида ай сари ҳар як зандор 50 ҳазор рубл ҷам доран дар Қубодиён. Оли гуфтиян кора касе надодай маҷбурӣ мегирем. Охи ободи мактаба ободӣ қишлоқ сохтани мактабҳо ҳамара мардум куна бачаи Майрами гурсухта хукворе дам кардай чи кор мекнад? Бугу Худо ҷунша бгира. Одами бе номуси беор шарма намедонӣ, ба чашми мардум чи хел нигоҳ мекнӣ? Бас бдагист хокпошӣ ба чашми миллат»!
Гулистон (Қайроққум)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол
Дар шаҳри Гулистон истиқомат мекардам бо чор фарзандам. Шавҳарам соли 2018 беному нишон гум шуд, ӯ ба муҳоҷират рафта буд. Фарзандонам дар гимназияи 1 мехонданд. Онҷо як безеб мактаб. Талабаҳояш одоб надорад. Ҳар сол пули ремонт мечинанд ва мактаб ба таъмир кардагӣ монанд намешавад. Директори ин мактаб Домуллоева, намедонем куҷоро нигоҳ мекунад. Комиссия биёяд намоишнома тайёр, худи мактаб идеал. Чунки пул аз омӯзгорону талабаҳо ҷамъ карда медиҳанд. Як талабаро миёнаш ё сутунмуҳраашро ҳамсинфон зада шикастанд, вале аз ҷавобгарӣ озод шуд, ҷазо нагирифт, на падару на модар. Нозиров Шавкат ва Рухшона Содиқова одамони бевиҷдонанд. Дар зоҳир худро одамони нағз нағз нишон метиҳанд аммо дар асл шайтон.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода буд. Ягон муроҷиатамро дида намебаромад. Мудири маориф ҳамеша мегуяд, ки «ха мо мебинем», ба ҳамин тамом.
Як муаллимаро волидайн омада ба асабаш расид. Вай тоб наовард, доду бедод кард. Хуллас, он муаллимаро дело карданд. Ва дар ниҳоят муаллимаро аз кор сур карданд, тамоман бегуноҳ. Дар ин кор директор Содиқзода ва прокуратура даст доранд.
Моҳи октябр хонандагони мактаби 1 ва 14-ро отдели милиса бурданд, чунки як бачаро аз пушти як духтар корд зада буданд. Дело шуд, условный доданаш. Бояд ҳама директорони мактабҳоро иваз кунанд. Дар мактаби 1,14 в агимназия ҳолатҳои пулҷамъкунӣ беҳад бисёр аст. Як муаллима дар вақти омадан аз дарс дар даруни маршруткаи 66 мегӯяд, ки комиссия биёяд, пул медиҳем. Илоҷ надорем. Директор сари касӣ аз ҳама мегирад. Директори мактаби 14 Норматова ва директори гимназия Домуллоева мебошанд.
Ман дидам инҷо истода намешавад маҷбур кудаконамро аз гимназия гирифтам рафтам Русия. Адолат нест. На милиса, на прокурор ва на ҳукумати Гулистон аз рӯи инсофу адолат кор намекунанд.
Гимназия 80 сомонӣ соли гузашта гирифта буд барои ремонт. Боз маҷбур крад, ки барои форма, рузнома, галстук пул диҳем. Шумо ҳамин 80 сомониро ба сари 700 талаба занед, чи мешавад. Ҳар сол. Агар ин пулро ду сол ҷамъ оварӣ мактаб неву қаср мешавад. Аммо ин пулро бухгалтер, завуч ва директор мегиранд.
Бародар, мо дигар ҷое барои арзу шикоят надорем, ба ғайр аз Ислоҳ. Илтимос нашр кунед.
Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-Колхозободи пешина ҳастам ва бароятон аз Маскав менависам, чунки дар муҳоҷиратам. Ин ноҳияи мо баъди Данғара дуюмин ноҳияи кадрҳои ҳукумати Раҳмонов аст. Ҳасани ишкамба, Исмати дулик, Азизмои газетхонаку додаронаш ва чандин нафарони дигар аз ҳаминҷоанд, ки имрӯз тақдиру сарнавишти давлат ва халқро дар даст доранд. Аммо дар инҷо ягон қонун нест, риоят намешавад. Инҷо қонуни ҷангал ҳукмрон аст. Тамоми заминҳои ноҳияи мо то коргоҳи пахтатозакуниву чарогоҳҳову куҳҳову каналу дигар дар дасти ҳоҷӣ Раҳматуллои додари Азизмои газетхонак аст.
Инҷо ман дар бораи як нафар аз ҳамин нафарони тақдирсози ноҳия гап мезанам, дурусттараш дар бораи бачаи вай. Ин одам Сироҷ Гулмуродов, хоҳарзодаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ки бо номи Сироҷи налог машҳур аст. Дар ҳақиқат ин одам чандин сол раиси идораи нозироти андози Ҷалолиддин Балхӣ ва сипас раиси Раёсати нозироти бузургтарин вилояти Тоҷикисон-Хатлон шуда буд. Ҳоло ҳам бо номи Сироҷи налог ҳама ном мегиранд.
Ин Сироҷ дар Гогол зиндагӣ мекунд. Як километр аз марказ болотар. Ду зан дорад. Як бача дорад бо номи Бобо. Беҳад беспредел. Бо ду мошин ва бо командааш мегарданд. Мақсад
Бобо 25- 26 сола аст. Бобо дар бозори нави колхозобод, ки Шамсуллои домоди Ҷаноб сохтааст дар якум этаж магазини калон дорад, ки дар он телевизору холодилнику дигар асбоби рӯзгор, техника, маслан стиралний машина, антеннаи параболӣ, микровалновка, газ, хулоса техникаи рузгор мефурушад. Дар магазини калонаш ҳамроҳи модараш мешинад. Ин бача аз зани дуюми Сироҷи налог аст. Бобо дар Колхозобод бо мошини мерседеси обёмнийи мокрий асфалт мегардад. Ягон кас бо вай, масалан ягон таксист, барои риоя накардани қоидаи роҳ эрод гирад, тамом мефарояд, таёқшап мекунад. Дар мошинаш таёқ дорад ва фарқ надорад, ки он нафар ҷавон калонсол ва ҳатто марди куҳансол ҳам бошад. Инҷо як ҳодисаи чанд рӯз пеш рухдодаро нақл мекунам.
31 май соли 2025 як писарбачаи синфи 10ро, ки аз маҳаллаи «Аэропорт»-и Колхозобод мешавад, зад. Ин наврас падар надорад. Модараш шояд 35-38 сола. Бева. Ва ин бача як бобои пир дорад. Писарро мезанад, аммо баъди задану маъюб кардан беморхонаи ноҳия неву рост ба бемористн Қурған мебарад. Он бача Баҳодур ном дорад. Он бача чанд қабурғааш мешиканад, сару руяш кафидагӣ. Вале ба Бобои бачаи Сироҷ чизе нашуд. Сардори уголовний розиски ноҳия Шерхан ном дорад. Агар ин корро нохоста ягон камбағал мекрад, бовар кунед ин Шерхан капаашро дуд медод. Аммо инро ягон кас ягон чи нагуфт. Ин бачаро дар пеши чашми ҳамин милисаҳо мезанад. Ҳатто халос намекунанд.
Мабодо агар ба сари бачаи Сироҷ ягон кас зӯрӣ кунад, инҳо –милисаҳо, мақсад нигоҳ мекунанд, ки ту ягон попитка кунӣ, туро мебардоранду мебаранд, вале уро ҳиҷчи намегуянд. Началник милисаи ноҳия аз Чапаеви худамон аст. Кадом одами наздики Ҳасани ишкамба.
Ин бачаи Сироҷи налог чунон беспредел аст ки бихоҳад любой духтарро дар қади кӯча гап партофта рӯрисот ба мошинаш бор карда мебарад. Чи коре форадашон мекунанд. Ҳатто агар он духтар наварус ва шавҳардор бошад ҳам ин корро мекунад, аммо ягон кас ягон кор карда наметавонад. Агар ягон кас ягон кор, масалан пеши роҳи вайро гирифтанӣ шавад, худи Сироҷ меояду тарафи бачаашро мегирад.
Бовар кунед, ки инҷо як рӯзи сиёҳ аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Душанбе-пойтахти Тоҷикистони азиз менависам. Боздошти Исмати Дулик барои бисёриҳо бисёр ҳам неожиданний буд. Дулик наздиктарин одами Ҳасан Асадуллозода ва ҳамдеҳаву ҳамсояи хонаводаи Азизмову Ҳасан дар Чапаеви Колхозобод мебошад ва инҳо аз давраи бачагӣ бо ҳам дӯст буданд. Ҳозир, баъди дастгир кардани Исмат хеле аз сумдорҳо, Шералӣ Кабир вазири саноат (Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон) ва Хуршеди Мирзо, диркетори инноватсия (Авестогрупп) Комил Мирзоалӣ, раиси Роҳи оҳан ва боз дигар пулдорҳое, ки манбаъи андухти боигариашон аз ҳисоби пулҳои давлат, яъне аз ҳисоби дуздӣ ва талаву тороҷи бюҷет аст талхакаф шудаанд. Онҳо хавф доранд, ки агар бо Исмати дулик чунин муносибат карда шуд ҳатман ба сари онҳо ҳам ин бало меояд.
Комил Мирзоалиеви Роҳи оҳан, сахт тайёрӣ медид, ки дар ҷойи Дулик меояд ва гӯё гапзанон ҳам шуда будааст. Аммо тираш хок хурд. Ин навбат ҳам намонданд.
Ба гуфтаи кормандони Роҳи оҳан беҳтарин давра ин давраи Ҳукумов Амонулло будаст. Як нафари онҳо гуфт, ки Ҳукумов ҳам мебурду мехӯрд ва ҳам боз ба кормандони худ кӯмакҳои зиёд мекард. Ҳозир бошад ҳила маош медиҳанд ба мо- коргарони Роҳи оҳан.
Худи Комил ҳам безор шудааст. Ба яке аз дӯстонаш гуфтааст, ки кор дар инҷо тамоман душвор шуда истодааст. Ягон рӯзе нест, ки харҷи ин Оила ва боз харҷҳои дигар ба гарданат бор нашавад. Моҳи март ба наздики чор миллион дарахту буттаву гулҳои ороишӣ овардам барои Душанбе. Ҳозир боз ба сарам супоришҳои нав бор карданд. Аз ин корҳои ободонӣ тамоман безор шудем, ба ҷонамон зад.
Раҳмонов ҳамаи вазорату идораҳоро дар «самообеспечение» мондааст. Гуфтааст, ки «ба умеди бюҷету ҳукумат нашавен, ёвен роҳтона, пеш барен..»
Роҳи оҳан ҳам чунин ҳол дорад. Чи ҷашн, ё меҳмон ,ё озмун, ё чизе дигаре шавад, дарав ҳар як Вазорату идораҳоро ягон чизи ба гарданашон мезананд. Хоҳ чемпионати дзюдо боша хоҳозмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» расходҳо ва ва маблағи ҷоизаҳо дар гардани Роҳи оҳан, аэропорт ва сохторҳои дигар.
Сари Исмати Дулика ҳамин расходҳои зиёдатӣ ва маҷбурӣ хурд. Раҳмонов дигар рӯирост тамоми расходҳои меҳмонҳову нишастҳову дигару дигарро, ягон ҷашн, ягон сохтмонро ба сари вазору кумита ва махусан Роҳи оҳан ва аэропорт бор мекунад.
Раҳмонов ин корро барои он мекунад, ки ин пулҳоро аз ҳисоби буҷҷа списат карда худ бигирад ва аз тарафи дигар қасдаш ин аст ки ҳеҷ кас сумдори калон нашавад ва яке мисли Дулик шуданд, дигар ҳатман зиндон мешаванд ва агар Раҳмонов бихоҳад онҳо баъди пурра маблағҳоро ба Раҳмонов додан, яъне пулҳои дуздидаашон дар озодӣ мегарданд. Масалан Амонулло Ҳукумов қариб 20 миллион доллар пулу дигар чизҳо доду ҳоло дар озодӣ аст ва ё Рустам Холиқов ва ё Муродалӣ Алимардон ва ё Тоҷиддин Пиров. Раҳмонов тарс дорад, ки яке сумдори калон шаванд дар фикри қудрат афтанд ва бар зидди ҳукумат мехезанд.
Бисёрр фоидаи идораи Роҳи оҳан ва фурудгоҳ ба маросимҳои расмии Раҳмонов ҳатто оилавиаш, барои духтарону домодҳояш харҷ мешавад. Аммо
Раҳмонов ягон дирҳам аз Фароз, Авесто групп, Исмоили Пингвин, Зоири мундуқ дигар фондҳои оилааш расход намекунад. Гап -гап аст, ки Раҳмонов баъди Исмати Дулик Комили Роҳи оҳанро ҳам мегирад ва шояд маҳкам ҳам мекунад. Зоири домоди калонии Ҷаноб роҳ кофта истодааст, ки бо Комил Мирзоалиев чи хел зарба занад. Талош дорад, ки то омадани Рустам ӯро аз кор гирад. Гуфти русҳо «поживем,увидим»…