Дар тамоми умури идории мамлакат корҳо тавре пеш рафта истодааст, ки манфиат ва суди онро танҳо ҳамин қишр ё гурӯҳи соҳибмансабҳо мебаранду тамом.
«Кучаҳоямонро мо худамон бо ёрдами фарзандони дар ғарибӣ буда мумфарш кунем, пулҳоро худамон созем, таъмири трансформатор ё сими қувваи барқро, мактабу боғчаро худамон кунем ба мо ин давлат чӣ лозим? Мо халқи Арабхона умуман розӣ нестем аз ин хел давлатдорӣ. Мо пушаймонем, ки дар вақташ мо инро тарафдорӣ кардем».
Дар мактаб директори мактаб аз талаба ва муаллимҳо пул мегирад, дар милиса сардори милиса аз зердастон, зердастон аз мардум, масалан, сардори ГАИ ҳар саҳар доля мегирад, вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии посте, ки гаишник меистад, нарх муқаррар кардааст. ГАИшник ҳатман аз ронандаҳо. Ва, ҳамин тавр раиси ҷамоат, раиси маҳалла, раиси воҳиди кишоварзӣ, котиби идораи ҷамоат ва то ба боло. Гуё додани ришват дар кишвари мо қонунӣ шудагӣ. Агар надодеду надиҳед, бо ҳазору як баҳона меоянду мегиранд. Мисоли равшани инро муаллифе аз Ашт навиштааст:
Ашт
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулли азиз ва муборизи воқеии роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бароятон як маълумот мефиристам. Ин маълумотро ба ман, ки алҳол дар Қазоқистон ҳастам ва ба тиҷорат машғулам ҳамдеҳаҳоям фиристода бисёр хоҳиш намуданд, ки ба «Ислоҳ» бирасонам.
Ин ҳамдеҳаҳо гуфтанд, ки дар айни замон участковийи ҷамоат, ки Нозиров Ҳабибулло ном доштааст мардумро бисёр азият карда истодааст. Кори ин участковий фақат бо ҳар баҳона ҷарима кардан ва аз сокинон пул кандан аст гуфтанд. Ҳудаву беҳуда ягон баҳона ҳатман ёфта пул мекунад. Масалан дар ҳар ҷо, ки мардум ҷамъ шаванд, дар тӯй, дар ягон маросими дигар, азодорӣ ва ё ҳатто намози ҷумъа ин участковий якҷо бо кормандони уголовний розиск омада мардумро бозпурсӣ карда, телефонашро гирифта, налоги заминро супоридӣ ё не, квитансияи свет, хулоса ҳар баҳона пеш оварда ҷарима карда пул мегиранд. Онҳо дар байни аҳолӣ чоплусу бузу хабаркашҳои худро доранд ва инҳо зуд хабар мерасонанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Онҳо, ки дар деҳаанду ин маълумотро расониданд, гуфтанд, ки ба ҳисоби ин кор фақат бо расонаӣ кардан тавассути «Ислоҳ» мешавад расид. Инҳо аз расонаӣ шудани чунин аъмоли ғайриқонунӣ ва ҷинояткоронаашон сахт метарсидаанд.
Хоҳиши мо аз шумо ин аст ки зудтар ин номаи моро чоп кунед ва аъмоли ҷинояткоронаи Нозиров Ҳабибуллои нозири минтақавии ҷамоат ва кормандони уголовний розиски Аштро ба мардум расонед. Расонед, ки ин нафарон ба хотири нафси бади худашон обрӯи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро чи тавр мерезонанд ва низ маросими тӯю азои мардумро ба танашон заҳр мегардонанд.
Боқӣ, дар амони Аллоҳ бошед.
Кулоб
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Кулобам. Аввалан шуморо ба ин мақоми пурмасъулият роҳбари ҳаракати «Ислоҳотхоҳон» табрик мегуям. Мо, кулобиҳо ташкили ҳаракати «Ислоҳотхоҳон»-ро ҷонибдорӣ мекунем. Муваффақ бошеду коре барои давлату миллат анҷом диҳед.
Аз шумо ду талаб дорам. Ин дуро дар сохтани давлати нав, давлати оянда ҳатман ташкил кунед:
Якум,
Баъд аз синфи 10, синфи 11 соли технология эълон шавад ва аз мотоцикл сар карда то грузовой омузонида шаҳодатномаи ронандагӣ бе пул дода шавад. Баъд аз мактаб як сол ба омухтани омодагии ҳарбӣ раванд.
6 моҳи аввал фақат приём ёд мегиранд.
6 моҳи дигар тамоми намуди силоҳро меомузанд. Ва бо ҳамин бояд хизмати ҳарбии ҳатмӣ тамом шавад. Яъне уҳдадории ҳарбӣ бо муҳлати як сол. Вале баъд аз ин касе хоҳишманд бошад контракт баста ба хизмат меравад ва ба ӯ ҳар моҳ маош дода мешавад.
Дуюм, пешниҳодам барои духтарҳо. Духтарҳо ҳам бояд бо хости худашон интихоб куннад: мактаб, духтур, милиса, зиндон, скорая помощь, гаишник, ҳамаи ин бояд мардонаву занона ҷудо бошад. Мисол бемор агар скорая занг зад, агар бемор зан бошад, бояд ба бемор ёрирасонӣ аз тарафи занҳо бошад. Агар ҷинояткор зан бошад, бояд милисаи зан равад. Мошинҳои дар ҳукумат кор мекардагӣ бояд занонаву мардонааш номерҳояш фарқ кунад. Мошинҳои шахсӣ ранги номерҳояш занона ва мардона буданаш фарқ кунад. Баъд мо метавонем бо дили пур занҳоямонро ба ронандагӣ иҷозат диҳем ё барои ҳукумат кор кардан розӣ шавем.
Вахш
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Бародар агар илоҷаш бошад, номаи маро қабул кунед. Ман ба шумо аз ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш менависам, яъне пештара совхози Вахш.
Дар номаҳои пешина чанд бор ба шумо аз Вахш навиштанд. Лекин аз ҷамоати совхози Вахш ҳеҷ кас нанавишт. Акнун ман ҳамаашро ба шумо менависам.
Бародар, бовар кунед дар совхози Вахш «чунон бесоҳибӣ ва бардак аст ки то бас гуфтана».
Якум: дар худи маркази совхози Вахш кучаҳо кандагиву титупит аст. Мегуӣ инҷо роҳи танк ва ДТ-75 аст. Латокҳои бари кучаҳо пури ғаждиву мусоранд. Ҳатто кучаи худи ҷамоати совхози Вахш ба ҳамин минвол аст.
Дуввум: ҳамаи идораҳои лозимиро фурӯхта нобуд карданд. Ҳатто замини идораи ҷамоъати совхозро фурӯхтанд. Дар ҳақиқат ин ҳама як даҳшат аст. Ягон чизу моли давлатӣ намонд дар совхоз.
Сеюм: дар совхози Вахш ончунон заминҳои обиро барои сохтмони хона ва участкаи наздиҳавлигӣ бераҳмона фурухтанд, ки дигар заминҳои обӣ боқӣ намонд. Дар гирду атрофи совхоз пури деҳаҳои нав шуд. Фардо мардум ҷойи кишту кор надорад, куҷо равад. Тақсими замини обӣ номумкин аст, ку, аммо чаро касе контрол намекунад? Дар бисёрии ин деҳаҳои нав мактаб мавҷуд нест. Ҳамаи кудакони ин деҳаҳои нав ба мактаби сентри совхоз меоянд. Дар тобистони гарм, дар баҳору тирамоҳи пур аз борон ва дар зимистони қаҳратун. Як хелаш то 3 километр дур аст ва кӯдакҳо барои рафту баргашт дар як рӯз 6 километрро тай мекунанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо дар «Номаҳои № 255» гуфта будед, ки дар «70 гектара» мактаб нест. Ин гапатон сад дар сад дуруст аст. Аз онҷо ҳам кудакҳо барои хонданӣ ба сентр меоянд. Акнун ман ба шумо мегуям, ки нисбати ин кудакон дар мактаби сентр чи рафтори бад мекунанд. Дар мактаби сентр қариб, ки ҷой нест ба кудакон. Ва дар ин ҳолат ба суи падару модари кудакон директори мактаби 17 ё ки муаллимаҳо мегӯянд, ки «брен дар деҳаҳои хутон мактаб созен, дар инҷа ҷой нест дигар». Яъне намёк барои пул аст. «Пула бти агар хап мекунанд, ё ки ягон шиносай, тағаҳай дошта бошӣ ҳалуш мекунанд».
Ин мактаби марказ чунон ҷазир аст, ки то бас гуфтан. Дарҳои синфхонаҳо шикастагӣ, қариб ҳамаи партаҳо шикастагӣ, таъмир надорад ва аз ҳама дардовараш рафтори дағалона ва беодобона нисбати талабагон.
Ва ҳар сол маҷбуран ба талабагон либоси пастсифати синтетикии бо нархи гарон оварда мефурушанд. Барояшон мегуӣ, ки либоси мактабӣ аз тарафи мактаб маҷбурӣ нест, инро дар Радиои Озодӣ кормандони Вазорати маориф гуфтанд вале чаро шумо ин корро мекунед, дар ҷавоб нотарсида мегӯянд, ки «мода фарқ надора, ки кӣ чи гуфт, мора фармон ай болоҳай, брен қати боло хутон ҳал кунен, брен маорифи Вахша гап занен».
Дар шӯъбаи маорифи Вахш бошад саг соҳибашро намеёбад.
Дигар ба куҷо шикоят кунем ба ғайр аз «Ислоҳ»?
Чорум: мо чихел, ки гуфтем дар совхози Вахш аҳолӣ хеле зиёд шудааст аммо як кӯдакистон ё садик ҳасту тамом.
Панҷум: як бемор хона аст. Мегуӣ аз давраи ҷанги 1941-45 мондааст. Чунон ҷазир ва бетаъмир аст, ки табъат намегирад, ки дароӣ. Марҳамат, биёянд, хабар гиранд. Дар зимистон бошад дар ин беморхона касалиҳо аз хонаи худшон ҳезуму тапаку ангишт оварда дар печка алов мекунанд. Трубаҳои печкаро аз тиреза баровардаанд. «Дуд меброя ва ҳамай палатаҳо трезаҳош шкофи печка доран, ҳамай ин корҳора ай руи бе барқӣ мекунанд». Агар ба ин гапҳои ман бовар надоранд ,биёянд, комиссия ташкил кардда бисанҷанд, як калимаи гапҳоямон дурӯғ нест.
Шашум: дар совхози Вахш барҳои арақфуршии бе литсензия пур шудааст. Ҳатто дар хонаҳояшон мефурушанд. Аз ин корҳо участковийи минтақа сад дар сад бо хабар аст, «лекин ягонташа ягон чиз намега, чунки ё ҳақи участковира мета, ё ки таға доран»
Ҳафтум: дар давраи шуравӣ дар маркази ноҳия автовокзали калон амал мекард. Айни ҳол ин автовокзалро фурухтанд. Мо аз ин автовокзал бо воситаи автобус ва микроавтобус ба совхози Вахш меомадем. Айни ҳол бошад на вокзал аст, на автобус, на маршрутка. Ин аз чӣ далолат мекунад. Ин аз он далолат мекунад, ки ноҳия бесоҳиб ва мардум бесоҳиб аст. Ҳама мардум аз саҳар таксиҳоро интизор мешаванд. Лекин роҳкирои ин таксиҳо беҳад гарон аст, аммо мардум илоҷи дигар надоранд. Бо ин гаронӣ ҳаррӯз ё ба кори давлату Донишкадаву кори худ мераванду меоянд.
Ҳаштум: мо дар совхози Вахш ҳастем, аммо гуё, ки дар шаҳри Душанбе, дар ошёнаи10 зиндагӣ мекунем. Медонед барои чи? Аз бечарогоҳ буданамон. Аз дасти ин бечарогоҳӣ гову мол карда наметавонем. Дар ҳоле, ки дар қишлоқ зиндагӣ карда гову мол надоштан ин ҳам гуноҳ аст ва ҳам ҷабр ба худи ҳамон оила. Барои он бечарогоҳ шудем, ки ҳамаро оилаи пешво ва оилаи Қурбони бех монополия карда гирифтанд.
Дар совхози Вахш заҳбурҳо хеле зиёданд, беҳисоб, канал ҳам ҳаст, аммо ин заҳбурҳоро ҳам монополия карда гирифтанд. Шахсан Бароти бародари Қурбони бехи раиси ноҳияи Вахш. Пеш, ки инҳо наёмада буданд, дар ин ҷоҳо мо дар Дуканала гову моламонро мечаронидем. Ҳозир бошад Дуканаларо нимашро Файзи Мурод заводи пахта кард, нимашро Бароти бародари Қурбони бех комилан аз худ карда аст, марҳамат биёед тафтиш кунед дурӯғ аст!.
Мо чанд бор ба инҳо гуфтем, ки охир лаби канал тибқи қонун 20 метр партови канал аст. Аммо ба мо Барот бо ҷиянҳои раис гуфтанд, ки «шумо чи ба хутон проблема мехоҳен»?
Бубинед, ки одамони давлат чи гуна мардумро таҳдид мекунанд. Мо ба онҳо гуфтем, ки мо дар инҷо, дар лабҳои каналҳо солҳо гову моламонро мечаронидем касе ба мо кордор набуд, чаро шумо инҷойҳоро захватит карда гирифтаед? Мо танҳо мехоҳем, ки пушти завод ва лаби каналро ҳуй кунед, ин тарафи Дуканаларо ҳам бикушоед, то ки мардум гову молашро тавонад чаронад. Мо дар ин совхози Вахш дар куҷо гову моламонро чаронем? Дигар ҳамаҷо зайнит. Ба мо мегӯянд, ки «уш праблемай шумо аст раҳта биёв». Боз ҷиянҳои Қурбони бех ошкоро мегӯянд: «Агар хоста боши делои хоини миллат мезанемт мераи дар турма гову молта мечаронӣ»
Бародар Муҳаммадиқбол! Дидед бесоҳибиро? Комилан бесоҳибӣ аст. Мегуӣ, ки давлат нест дар ин ноҳия. Ин ноҳия танҳо ҷои мафияву авбошиву бандитизм шудааст!
Қабодиён
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар омӯзгор аз ноҳияи Қубодиён мебошам.
Чи хеле ки вазири маорифи ҷумҳурӣ гуфт мактабҳо бепулан ва ягон хел таъмир пулт гуфтанӣ гап нест. Аммо, бародар бовар кунед, ки ин вазорати маориф тамоман дурӯғ мегӯяд. Таъмирпулӣ гирифта мешавад, сару либос ҳам ҳамаашро мактаб мефурӯшад, «фора нафора мегирӣ, пула месупорӣ, калонай- майдаай мегирӣ, тамом фармон аз боло аст».
Дар ру ба руи идораи милисаи Қубодиён як бинои сеқабата ҳаст. Дар онҷо ба номаш коргоҳи дузандагӣ фаъолият мекунад, сару либоси мактабӣ медузанд. Аммо дар он коргоҳ ягон чи вуҷуд надорад. Сардори коргоҳ ду зан аз вилояти Суғд омада гуё, ки коргоҳ кушодагианд. Вале дар онҷо ягон истеҳсолот нест. Ҳамаашро аз бозор оварда ба болояш пул монда ба халқи бечора ва ба мактабҳо маҷбурӣ мефурушанд. Аз фоидаи инҳо роҳбарони ноҳия ҳақ доранд.
Мегузарем ба мактабҳо. Аз ҳамон маоше, ки медиҳанд ҳар моҳ аз 350 то400 сомониашро мегардонанд: пули газета, пули рушди ноҳия, пули проверкаву комисия, пули военкомат, пули рушди мактаб, пули пора ба молияи район. Хулоса ҳар моҳ ба ҳамин зайл аст.
Ба ғайр аз ин маҷбур мекунанд ва мо аз талабаҳо боз пул ҷамъ мекунем.
Як рӯз мо ба директор Ҳаитов Эркин гуфтем, ки « муалим мо безор шудем аз пул талбӣ». Вай бо овози баланд ба сарамон дод зада гуфт «маъқул нест ма аризата навис бра Русия».
Мо, омӯзгорон чи кор кунем? Падару модарон фикр мекунанд, ки мо муаллимон фақат пул мепурсем.
Мактабҳо тамоман бесавод шуда истодаанд.Чунки ҳозир муаллимҳое меоянд,ки саводи кофӣ надоранд. Муаллимҳо конспект надоранд. Ҳама чиро аз руи телефон нигоҳ карда ба доска навишта ба талабаҳо медиханд. Худи онҳо ягон чиро намедонанд. Аз муаллимае пурсидам, ки ин хелаш ҳам мешудааст? Вай хандиду гуфт «ҳозир ҳамачи мешавад, вақтама гузаронида мешинам, ма сарама вайрон карда намеистам, ман ҳеҷ қадре на дар назди ҳукумат дорам ва на дар назди вазорати маориф ва на дар назди талабаҳо». Ҳозир таълим дар мактабҳои Ватан ҳамин тавр аст.
Худаш мо, муаллимҳо, як пули ночиз мегирем. Худо накарда ягон маърака шавад, тамом- ҳама бояд сару либоси як хела то попушӣ то руймол ба бар кунанд. Фавран аз ҳукумат тайёр, давида омада маҷлис баргузор мекунанд: «ҳама бояд рафта аз фалон одам як хел сару либос мегиред» гуфта, то хатто номнавис карда баёнот ҳам мегиранд. Пурсида мешавад, ки ин чи тарзи зиндагии маҷбурӣ ва ин чи тарзи давлатдорӣ?
Кучаҳоямонро мо худамон бо ёрдами фарзандони дар ғарибӣ буда мумфарш кунем, пулҳоро худамон созем, таъмири трансформатор ё сими қувваи барқро, мактабу боғчаро худамон кунем ба мо ин давлат чӣ лозим аст дигар? Мо халқи Арабхона умуман розӣ нестем аз ин хел давлатдорӣ. Мо пушаймонем, ки дар вақташ мо инро тарафдорӣ кардем.
Шукри Худо, ки дар Русия, дар вилояти Липецк фарзандони мо рафта кору фаъолият ва моро дастгирӣ мекунанд. Набошад намедонем ҳоли мо чи мешуд? Хуб карданд, ки аз ин ватан куч бастанду рафтанд. Ҳоло зиндагиашон хело беҳтар шудааст ва моро низ онҳо дастгирии молиявӣ мекунанд.
Ба ҳамон коргоҳи дузандагӣ, ки ҳоло бонуҳои хуҷандӣ роҳбарӣ мкунанд, аз ҳисоби давлат чандсад ҳазор сомонӣ сарф шуда аст. Ва ҳамин тариқ ҳуҷҷат кардагианд, чи қадар коргар дорем ва чи қадар мошинаҳои дарздӯзӣ дорем, аммо бовар кунед, ки ҳамаи инҳо дар рӯи коғазанд, дар асл чизе вуҷуд надорад. Ин дурӯғи рӯирост аст. Сохторҳо бохабаранд, аммо хомушанд.
Агар ягон кас ягон гап занад хоҳ раиси ҷамоат, хоҳ раиси ноҳия ё ҳатто раиси маҳалла, касе набошад, бо як овоз чунин мегӯянд: «Ту ба пешниҳодҳои Ҷаноб муқобил ҳастӣ? Ин супориши Ҷаноб аст, бояд бе чуну чаро ичро шавад». Магар ҷаноб аз ин корҳо бо хабар аст?
Нуробод
Ассалому алайкум домуллои муҷоҳид ва муборизи ҷонбаркаф Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ташкили ҳаракати «Ислоҳотхоҳон»-ро табрику муборак карда, эълон мекунам, ки ман аз соати шунидани ин хабар ба аъзогии он пайвастам. Ман аз деҳаи Шербегиён ҳастам. Аксарияти шербегиёниҳо бо шумоянд. Мо, мунтазир будем, ки як чунин ҳаракати муҷоҳидону муборизони воқеъӣ ташкил карда мешавад.
Умедворам, бо кушодашавии намояндагии ҳаракат дар Гурҷистон, Молдавия, Қазоқистон, Покистону Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳо шумораи аъзоёни нави он аз 500000 нафар зиёдтар мегардад.
Бе ҳеҷ шакку шубҳа боварӣ дорам, ки мудирияти намояндагиҳо низ чун шумо дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳои гузошта шуда, содиқона амал мекунанд. Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ки бо ҳукумати Тоҷикистон робитаи хело ҳам хуб доранд кушодани намояндагӣ мушкилтар аст, вале дар шароити сиёсии имрӯзаи ҷаҳонӣ шумо бо заҳмату машаққат ин қадар кори мушкилтаринро ба пеш бурда истодаед.
Дар дунё дар ҳар сад солаҳои гузашта инқилобу табаддулотҳо ва сарнагунсозии ҳукумати подшоҳиву диктаторӣ дида мешавад ва шояд ташкили Ҳаракати навини шумо оғози марҳилаи инқилобии бисёр мамлакатҳо гардад. Ҳоло ман навори филми бисёрсериягиӣ «Зодагони Инқилоб», «Рождённые Революцией»-ро тамошо карда истодаам ва пеши назарам омада истодааст, ки бо Тоҷикистону Туркманистон, Русияву Белорусия чунин кор мешавад.
Ман аз шумо хоҳиш дорам, ки дар Афғонистон ва шаҳрҳои он намояндагиҳои худро ташкил ва фаъол созед. Ман омодаам, ки биравам ва намояндаи шумо дар онҷо бишавам.
Дар ин набарди сиёсӣ шахсан ба шумо, дӯсти гиромӣ, сидқан муваффақиятҳову пирӯзиҳоро таманно дорам.
Нест бод, режими диктатор ! Зинда бод инқилоби тамоми тоҷикони муҳоҷиру паноҳанда!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракатуҳу.
Бародари шумо, С.Қ.