Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №276

Ислоҳ нет

Худро нодида мегиранд, вале ҳатман арзу шикояти шуморо, ки Ислоҳ чоп кард тафтишу баррасӣ мекунанд. Мо барои ин иддиоямон далелҳои зиёд дорем. Вале, мутаассифона, дар ин охирҳо аз Мастчоҳ, Исфара, Спитамен, Ашт, Панҷакент, Ҳисор, Файзобод, Восеъ, Панҷ, Ховалинг ба мо номаҳо камтар мерасанд. Барои онки мо ин режимро ба кайфари аъмолаш бирасонем, бо мо ва ҳамроҳи мо бошед ва ҳамроҳиатонро тавассути навиштани номаҳо таъйид кунед.

Бубинед, ки дар номаи зер сокинони як ҷамоат аз ноҳияи Рӯдакӣ роҷеъ ба таъсир ва натиҷаи кори «Ислоҳ» чи мегӯянд?

                                             Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз деҳаи Гулистони ҷамоти деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам. Ман як се моҳ пеш нома навишта баъзе ҳолатҳоро зикр намуа будам. Номаи моро нашр кардед, ташаккур бар шумо. Нашри нома натиҷа дод.

Раиси ҷамоати Лоҳурро баъди нашри он нома аз вазифа гирифтанд. Ин барои мардуми мо хеле хурсандӣ овард. Ҳозир дар бораи раисони маҳаллаҳо кор карда истодаанд. Бародар ин шо Аллоҳ беҳбудӣ ҳаст. Ин шо Аллоҳ, бовар дорам, ки бузҳо ҳам майдамайда бузиро бас мекунанд.

Аммо, чи хеле гуфтам ҳанӯз раисони маҳаллаҳо мондаанд. Ҳамон ҳаромхурҳое, ки як камбағал туй мекунад бузӣ мекунанд, мераванд дуюм дегро меқапанд, аксу навор мегиранд, штрафшон мекунанд ва ҳамроҳи масъули танзим даромадашонро попалам мекунанд. Ин бузҳо ҳар бегаҳ баъди намозои шом вохӯрӣ доранд.

Номҳои бузҳоро як бори дигар эълон мекунам. Агар ин номаи моро як бори дигар дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷо кунед, бисёр кори хайре барои мардуми ҷамоати мо мекунед.

Раиси маҳаллаи мо Алимхонов Ҳошим бузи калон аст, ки аз совхозамон мебошад. Қишлоқи мо калон аст.

Дуюм раиси маҳалламон Шарипов Аҳмад аст, як додараш Шарипов Латиф, додари дигараш Шарипов Умед, инҳо ҳама се акаву додаранд. Баъд Файзалиев Фарҳод, Файзалиев Муҳинбек, Юнусов Ёқуб ва Расулов Маҳмадсаид. Номи ин бузҳоро як бори дигар эълон мекардем шояд, ки шарм мекарданд дар назди халқ, дар назди мардум ва бузиро бас мекарданд.

Ҳозир раисони маҳаллаҳоямон пули мактаб ҷамъ карда истодаанд. Ҳар ду моҳ пас, се моҳ пас, панҷ моҳ пас, пули роҳ ҷамъ мекунанд. Як ду- се камаз санг мерезем. Сумро ҷамъ мекунанд 15-20.000 сомонӣ. Ду -се камаз санг мерезанд, ба 500-600 сомонӣ шебен мерезанд, боқимондаи сум намедонем куҷо мешавад? Хулоса, як росту дурӯғ роҳро сиёҳ мекунанд, як камтар санг мепартоянд. Ҳатто муҳоҷирбачаҳо аз Русия сум ҷамъ мекунанду мефиристанд ба инҳо.

Раиси маҳаллаамон Алимхонов Ҳошим зиёда аз бист сол мешавад, ки мардуми моро фиреб мекунад.

Ҷойи зисти мо дар 201ум дивизия наздик, дар полигон наздик аст. Онҷо тақрибан 20000 -25000 гектар замин ҳаст. Аз ҳамон ҳисоб суми заминҳо ҷамъ мекунанд.

Халқ, як, ду одам рафтанд пеши генерали 201 дивизия. Вай урус аст. Рафтанду гуфтанд, ки заминҳои моро поймол мекунӣ, гандумҳои моро алов мезанӣ дар ватқи учений. Вале дар 201 дивизия гуфтанд, ки мо ба калла намегирем «мода суми шумо вапше даркор нест. То ҳозира суми шуморо мо нагирифтем, хулоса мо ягон кор карда наметавонем. Территорияи мояй агар учений бошад учений мекунем агар поймол кардан бошад поймол мекунем, куҷое траншея даркор шуд  транше меканем, окоп даркор шуд окоп меканем, ягон хел ҷавобгӯ нестем. То ҳозира мо ягон капек аз халқ нагирифтем».

Вале ин бадбахти ҳаромхӯри раиси маҳалла зиёда аз бист сол шуд суми халқро мегирад, на квитансия медиҳад, на ягон чӣ.

Боз аз мо камтар болотор военнийҳо- армия миноборони Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ана дар онҷо дар ҳақиқат бригадир аст, аммо аз онҷо ҳам аз мардум сум мегирад. Дар заминҳои ҳудуди 201 дивизия бригадир нест, вале бо фанду фиреб аз мардум пул мегирад.

 Чи хеле гуфтам баъди нашри номаи мо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» раиси ҷамоатамон Пиров Абдуллоро аз вазифа гирифтанд. Ҳамин раисони маҳалла-бузҳои қишлоқро ҳам мегирифтанд беҳтарин мешуд. Хеле қишлоқ пеш мерафт, инҳо монеъи пешаравии мо ҳастанд.

Раиси маҳаллаамон Алимхонов Ҳошим зиёда аз бист сол мешавад, ки раиси маҳалла аст. Ҳудуди мо Гули сой ном дорад ва ончуноне гуфтам дар бари территория полигони дивизияи 201-и Русия аст. Он 20 25 ҳазор геаткр замин дар ихтиёри ҳамонҳо аст. Ба онҳо ягон сум даркор нест ва генералашон ҳам чанд бор ба мардум гуфт, ки ба мо суми шумо даркор нест, мо аз шумо пул талаб намекунем, намегирем. Онҳо суми халқро намегиранд. Чанд бор халқ рафт, аммо сум нагирифтанд.

Гап дар инҷо аст ки он заминҳоро мардум кишту кор мекунанд, гандуму ҷав мекоранд.

Русҳо рӯирост гуфтанду гуфта истодаанд, ки агар мо ученний гузаронем заминҳо зери по мешавад, оташ мегирад, хандақ мекобем. Вале мо аз шумо пул намегирем. Мардум мегӯяд, ки шумо бо танку тӯп кишти моро нобуд мекунед.

 Аммо, дар ин миён раиси маҳалла ҳар сол мардумро фиреб дода пул барои ин заминҳо ҷамъ мекунад ва на ба русҳо медиҳад, балки ба кисаи худаш мезанад. Аммо барои инки гӯйё ба генерали 201 пул медиҳам гуфта ҳама вақт пул ҷамъоварӣ мекунад. Хулоса, халқро фиреб карда гаштаст ин ҳама сол, ин магар ҷиноят нест?.

Худи Алимхонов Ҳошим дар территорияи армияи Миноборони Тоҷикистон замин дорад ва дар ҳамон заминҳо на самом деле бригадир аст. Суми мардуми дар онҷо замин доштаро мегирад. Гӯё ба Миноборон медиҳад. Мардумро фиреб мекунад. 201 дивизия дар тарафи Лоҳур база дорад ва онҷо ҳам замин аст. Аз мардуми онҷо низ сум мегирад ва халқи онҷоро ҳам фиреб мекунад. Аммо ягон ҳодиса ба сари заминҳо шуд, ҳеҷ коре аз дасташ намеояд.

Бародар, ин номаи маро нашр кунед, то мардум ва мақомоти кишвар донанд ин қаллобро ва ҷавоб диҳад ба ин кирдорҳояш.

 Ман мардумро намефаҳмам, ки барои чи наменависад. Аммо шумо чоп кунед, чунки боз нафарони аз раиси маҳалла ҷабрдида ин шо Аллоҳ, ки мехонанд менависанд ва касони дигар ҳам пайдо мешаванду шикоят мекунад.

Дар ҳоли ҳозир боз суми мактаб ҷамъ карда истодаанд. Гӯё се синфхонаи иловагӣ бояд бисозанд. Агар кадоме, ки фарзанди якумхон дорад ва ҳуҷҷате даркор шавад, меравад мегӯянд, ки ту аввал суми мактабро супор, синфхонаи иловагӣ сохта истодаем- 500 сомонӣ супор. Боз 100сомонии дигар барои трансформатор супор, чанд сомонии дигар, аз рӯи ҳимматат барои ободонӣ супор, сад сомонӣ барои газет супор ана баъд ман ҳуҷҷат барои синфи якумхонатро медиҳам. Мардум дигар ҳисобаш гум, метарсанд, тарсончак шудагианд. Чунки аз амният метарсонанд. Агар гап бигардонӣ нисбати ҳамон бузҳо, ҳатман бо ту ягон проблема мешавад. Бо ҳазор туҳматҳои сохта ту салафӣ, ту бо Муҳаммадиқбол гап мезанӣ гуфта таҳдидат мекунад. Охир инҳо худашон мардумро бар зидди ҳукумат ва пешво карда истодаанд.

 Боз як проблемаи дигар доранд ин раисони маҳаллаи мо. Аз кадом сохторе, ки қишлоқи мо меоянд,фарқ надорад сохтор, пожарний, налог санэмидемстансия  кадомеаш, ки набошад агар ҳамон бигӯяд, ки маро 5 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда диҳед ин раисони тарсуи буз халқро маҷбур мекунанд, ки сари хонае 20 ё 50 сомонӣ партоед мо он пулро диҳем. Мардумро тарсондагианд, мардум дигар сарро хам мекунаду бо ду дасти адаб модари Рустамро дашном карда пул медиҳанд. Куҷое меравӣ раисони маҳалла сум мегиранд.

Боз ҳар як куча ба худаш отделно сумҷамъкун дорад, як одамро вобаста кардагианд. Бовар кунед, ҳамон одамоҳе, ки сум ҷамъ мекунанд ҳамонҳо ҳам мехуранд, намедонам ягон чанд сомонӣ. Агар як мошин сангро 500 сомонӣ харанд ё шебенро отчет медиҳанд 1000 сомонӣ.

Охир халқ ҳаррӯз аз куҷо меёбад. Вазъияти Русия безеб, дар Тоҷикистон кор нест. Як хел бечораи нафақахӯр дусад сомонӣ нафақа мегирад, ин чӣ мешавад.

нҷо дар бораи як масъалаи дигар гуфтаниам. Дар ҷойи мо як электрики дигар пайдо шудааст. Ҳар ду сол пас счетчикҳоро иваз кунед ин намешавад гуфта сари мардумро гаранг мекунад.

Як пломбаи 5 — 10 сомониро дар сесад сомонӣ зада истодааст. Тоҷиддин ном дорад. Лично як шиноси наздикамро дар 900 сомонӣ тобондор кард. Хонаи ин электрик дар тарафҳои Кулоб аст.

Вақте нав омада буд як футболки тунукаки даҳсомонӣ мепушид. Ҳозир мошини уро бин каттагии уро бин. Бубин, ки бо чи ҳиллаву найранг аз халқ сум мегирад, бизнеси уро бинед аз мардум бо ҳар роҳ пул кандан аст.

Шиноси наздикамро омад гуфтааст, ки «счочикат куҳна, бояд алиш кунӣ». Ба гардан намегирад, иваз намекунад. Мегуяд нав аст, ду сол пеш харида будам.

  Мегӯяд «ин випускҳои пешина, ин дигар ба кор намеравад». Хулоса электрик мегирад счетчикро мегирад акт мекунад « как брак» корношоям. Ин шинос ҳам суми светро се моҳ намесупорад. Вақте ки суми светро намесупорӣ счетчике, ки акт шудааст трайной  ҳисоб мекардаанд. Ана он бечораро трайной, панҷвайной ҳисоб  мекунанд 900 сомониашро мегиранд. Мегӯяд ин ҳисобкунакҳои нав аз Зоири домоди ҷаноб аст ва бояд счочикатро аз нав кунӣ. Бо номи домоди ҷаноб мардумро тарс медиҳад. Охир ин чи ҳукумату ҳукуматдорӣ ҳаст?

Ин Тоҷиддин чандин нафарҳоро ҳамин хел азобу ғам дода пулҳои онҳоро гирифтааст. Ин номард халқро сахт ғам дода истодааст.

 Як чизи дигарро дар бораи Алимхонов Ҳошим нагуфтам. Ин раиси маҳалла аз заминҳои ҳамворӣ сари гектар 500 сомонӣ мегирад аз  онҳое, ки дар сари пуштаву тепаанду бо гову асп ҷуфт мекунанд 250 -300 мегирад. Онҷо ҳазор ҳазор гектар замин аст. Аз сокинони ду деҳаи Гули сой ва Қосимобод ин пулҳоро мегирад. Вале касе нампурсад, ки ин пулҳоро барои чӣ мегирад?

Шояд органҳои танобкаши ҳукумат ин масъаларо мебинанд?

                               Роғун

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Роғун менависам. Чандин сол аст ки Раҳмонов сохтмони Роғунро барои худ ба як асбоби реклама ва тарғибу ташвиқ табдил кардааст.

Ҳар замоне, ки Раҳмон эҳсоси паст шудани рейтингашро дар байни мардум мекунад, дарав нақши президенти мардумиро мебозад. Барои Раҳмонов саҳна барои бозидан, ин Роғун аст. Намедонем ба вай инро кӣ гуфтааст, аммо Раҳмонов фикр мекунад, ки мардум ҳамон мардуми солҳои баъди ҷанги шаҳрвандианд ва иттиҳодро дар Роғун мебинад. Мардум Роғунро дар фалон ҷояшон задагианд ва сабаб маҳз ҳамин Раҳмонов аст. Чаро? Чунки Роғун ҳоло ба кор надаромада чандин миллион доллар қарздор аст. Чунки Роғун ба кор надаромада аллакай Раҳмонов барқи онро ба Узбекистону Афғонистону Қазоқистон шартнома баста ба фурӯш гузоштааст. Ҳатто нархи содироте, ки Раҳмонов ба Узбекистон мекунад аз нархи барои аҳолии кишвар мефурухтааш арзонтар аст. Раҳмонов як кв.соат неруи барқро ба масҷиду магазину дигар ҷойҳо наздики 10 сент(9.2) муқаррар кард. Ин нарх дар ягон гӯшаи дунё нест. Дар ҳоле, ки арзонтарин қувваи барқ ин қувваи барқе аст ки неругоҳи обӣ истеҳсол мекунад.

Ин дафъа вақте Роғун омад, то ҳамаи мардумро мутаваҷҷеҳи сохтмони он кунад, Сарвазирро ҳам барои иҷрои нақш якҷо кард. Ваъдаҳои нав, ки соли 2027 мардум бо барқ таъмин мегардаду Роғун ҳам ба итмом мерасад, маҳз барои ором нигох доштани мардум то интихобот. Аммо инҷо ҳам боз ғиромбозӣ карда истодааст. Пеш, дар кадоме аз суханрониҳояш гуфта буд, ки моҳи майи соли 2027 свет доимӣ мешавад. Он вақт халқ хандида гуфта буд, ки ҳар сол дар май свет домӣ мешавад, агар мегуфтӣ, январ ё феврал, маъно дошт. Вале ин бор гуфт, ки сентябри соли 2027 свет доимӣ мешавад. Яъне чуноне имсол мардум дар фасли тобистон ҳам аз азоби бебарқӣ бенасиб набуд, на фақат тирамоҳу зимистони 2025, 2026 зимистону тобистону тирамоҳи 2027 ҳам ин азоб болои мардум меистад. Чунки моҳи май гуфта буд, ҳоло мегӯяд, ки моҳи сентябр.

 Ин спектаклҳоро дар ин чанд сол, светмурӣ афсона мешавад гуфта буд, ҳамаи мардуми тоҷик хуб медонад.

Хайруллои раиси ГЭСи Роғун баъди нашри барномаҳои Ислоҳ оиди махинатсия  ва камбудиҳояш хавотир буд ва хела даводав кард, ки то ба Раҳмонов расонанд, ки гуфтаҳо ҳамааш туҳматанд.

Раҳмонов амр додааст, ки нисбати Хайрулло маълумотҳоро ҷамъ кунанд. Раҳмонов гуфтаст, ки то 2027 ба Хайруллоро нарасед, ки боз ягон касро дар ҷояш монем то ӯ ҳамаро аз худ мекунад, хело вақт даркор. Ҳамаро буд кунад, баъд фикрашро мекунем мисли Исмати Дулик.

  Хайрулло имкониятҳояшро истифода бурда, камбудиҳояшро тоза дорад. Айни замон духтари Хайрулло Фарзона бо шавҳараш Курбонов Сулаймон, ки ёрдамчии сафири Тоҷикистон дар ИМА аст, ба Тоҷикистон омадаанд ва тағйир додани он нақшаҳоеро, ки дар барномаҳои Ислоҳ ифшо шуда буд, яъне Хайрулло бояд бо баҳонаи табобат аз Тоҷикистон ба ИМА раваду дигар наоядро дида истодаанд. Бояд Хайрулло любим путём ҳуй хурад. Хайрулло гуфтаст, ки Раҳмонов ягон одамеро, ки истифода бурд, просто так сар намедиҳад. Он қадар миллиардҳоеро, ки через Роғун мо баровардем, бояд гапаш набарояд.  

Хайрулло дар дастгоҳи Президент одамҳои наздики худро дорад, ки уро аз ҳар хатар хабардор мекунад.

 Бародари домоди Хайрулло, Қурбонов Маҳмуд сардори шуъбаи молияи Дастгоҳи Президент аст. Ҳамсари Хайрулло, аммаи Қурбонов Сулаймони домоди Хайрулло   мебошад. Яъне чанд тарафа хешанд.

 Хайрулло гуфтааст, ки то 2035 мардум умеди свети Роғунро накунанд. Ин гапҳо ҳамааш афсона аст.

                                       Турсунзода

 Ассалому алайкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Барои ташкили ҳаракати Ислоҳотхоҳон шуморо табрик мекунам. Аз шумо мехоҳам пурсам, ки барои шомили Ислоҳотхоҳон чи кор бояд кард?

 Бародари азиз ин номаро аз ноҳияи Турсунзода мефиристам. Аз аллоҳи бузург таманно дорам, ки ҳарчи зудтар моро ба як ватани боадлу соҳиби истиқлоли воқеӣ бирасонад.
Бародар ба номи худо чунон хаста шудем, ки дар дасти ин бешарафҳо мардуми мо ҳар рӯз меноланду 1000 арзу шикоят байни худ мекунем дар ин ғарибӣ. Дар кори вазнини муҳоҷират хаста нашудем вале аз ин лаънатиҳо ба дод омадем.

 Ман худам дар шаҳри Маскав кору фаъолият мекунам. Кори хуб ёфтаму ҷиянам ва писари холаамро ба кор дъват кардам. Он ду кас, ки пули билети ҳавопаймо надоштанд, аз бонк қарз гирифта билет гирифтанд. Ман пеш аз қарз гирифтан гуфтам равед фурудгоҳи Душанбе ва ному фамилияатонро санҷед, ки боз запрет надошта бошед, ё ки депорт нашуда бошед. Онҳо рафта 2 борӣ санҷиданд, ки тоза. Билет гирифтанд. Аммо баъди омадан дар фурудгоҳи Жуковский 5 рӯз руи пол хоб карда ба сабабҳои номаълум бар гардонида шуданд.
Бо ин гапам ман чи гуфтаниям? Ин ду камбағали зану кудакдор бекор чи кор мекунанд? Бо болои ин қарзи ин бонк. Ин ҳукумати мо каме фикр мекарда бошад. Ин давлати мо ягон сиёсати дипломатии хуб наход надошта бошад? Пешво дорем наход сиёсати хуб надошта бошад. 30 сол зиёд аст ки мардуми Тоҷикистон дар ғарибӣ бо ин мушкилот дасту панҷа нарм мекунад.  
Ин якум муаммо буд.

 Дуюм муаммо ин аст ки бародар ман айни ҳол дар Москва да Рублёвка дар як посёлка дар дачаи як одам мансабдори Крмел, як бой кор мекунем-8 кас. 5 кас аз Узбекистон, 3 кас аз Тоҷикистон, дар як объекти калон.

Соҳиби ин дача,ки дар Кремл кор мекунад, рӯзҳои якшанбе омада шашлик карда бо мо се-чор соат мешинад. Ин одам Тоҷикистон бисёр рафта будааст, Раҳмоновро хушрӯ мешиносад. Мегӯяд, ки ин Раҳмонов беҳад шахси бесавод, тарсончак, белафзу бедин аст. Мегӯяд, ки Раҳмонов аз сиёсат хело дур аст. Барои тахту курсиаш даркор бошад занашро, духтарашро, ватанашро медиҳад.

Хулоса, хеле гапҳои пасту баланд зад ва таҳқир кард. Рости гап ман аз ҳамроҳони узбекам шарм кардам ва гуфтам, ки ин ҳама гапҳоятон дуруст нест.

  Тарафи ман нигоҳ карда хандид. Гуфт ман Тоҷикистонро ба мисли панҷ панҷаам медонам. Раҳмонов ҳаррӯз чи кор мекунад, чи мехурад, куҷо меравад, чи мегӯяд дар мо ҳаст.

  Баъд ӯ се наворро ба мо нишон дод. Дар як аз он наворҳо дар вақти хурокхурӣ Рустам касеро дашном медод. Ман рости гап бовар накардам, аммо наворро дида чи хел бовар намекунӣ? Гуфт, ки камераи майда дар тугмаи хизматгор аст, сабт мекунад ва мефиристад. Чаҳор хизматгори Рустам бо инҳо кор мекардааст. Боз дар байни муҳофизҳои Раҳмонов одамонашон кор мекардаанд. Хулоса, тамоми қадами Раҳмонов зери назари Русия будааст.

Шояд, гумон кунед, ки ман афсона нақл мекунам. Аммо ихтиёр ба худатон аст ки бовар мекунед ё не? Вақте ман дар сари таом ҳақорати Рустамро дидам шок шудам. Албатта, аз ҳақорати Рустам не, аз гирифтани навор, ки чи гуна дар хонаи вай коргарҳо барои Русия шпионӣ мекардаанд.

Ин мансабдори Кремлшин боз гуфт, ки Раҳмоновро мефорад, ки ӯро Русия ҳамеша назорат ва муҳофизат кунад.

Сипас ман гуфтам, ки хуб аҳволи ҳамаи диктаторҳо ҳамин хел аст. Гуфт, ки не. Диктаторҳое ҳастанд, ки барои ватану миллаташон хело корҳои бузург карданд. Ман гуфтам, ки чи хел? Масалан Лукашенко чи кор кард? Гуфт, ки аҳолии Белорусия баробари Тоҷикистон лекин ранги Точикистон мигрант надорад. Гуфт, ки бале, Лукашенко мансабро дуст медорад вале чашмгушна нест, гадотабъ нест, барои пулу мол боигарӣ он қадар аҳамият намедиҳад. Ранги Раҳмонов ҳамаро монополия накардааст, авлоду маҳалбозӣ намекунад, мансабфурӯшӣ намекунад. Агар Раҳмонов ранги Лукашенко хизмат мекард бо Сомонайр парвоз мекард, барои роскоши худаш дар сад миллион доллар самолёт намехарид.

Баъд дар бораи Сапармурод Ниёзову Гурбонгули Бердимуҳаммедов ва Ислом Каримов гап зад, бо факту далел.

Гуфт, ки Раҳмонов куҷо наравад ӯро хушрӯ мешиносанд, ки вай чи кор мекунад ва чикора аст, тамоми давлатҳо медонанд.

Фақад мехоҳад, ки вайро ҳимоят кунанд. Аз оппозитсия сахт метарсад. Мехоҳад, ки ӯро аз террористҳои нобуда ҳимоят кунанд. Аз Афғонистон ва Толибон беҳад метарсад. Ба корҳои Толибон сахт лезит мекунад. Оқибат ӯро ҳамин Толибон фалон мекунанд, гуфт.
Гуфт, ки президентҳои дигар давлатҳо обрӯ доранд, аммо Раҳмонов обрӯ надорад. Чунки гуфт ин руси мансабдор Раҳмонов Тоҷикистонро ба як ширкати хусусии оилааш табдил кардааст. Вагарна Тоҷикистон мебоист хеле пеш мерафт.

Муаммои сеюм ин аст ки имсол фарзанди сеюми ман мебоист мактаб мерафт. Лекин метириска надошт. Ба ҷамоат рафт оилаам. Ӯро намондаанд, ки вориди бино шавад. Гуфтаанд, ки сатратро аз сарат гир ва муносибати дағалона кардаанд. Аммо бо ҷангу ҷангҷол медарояд. Одаме, ки шаҳоатнома-метирка медиҳад гуфтааст, ки 1400 смонӣ мешавад. Ҳамаашро ҳал мекунем,х удамон туғрӣ мекунем.

Ҳамсари ман гуфтааст, ки  «ман шароити ин пула додан надорам». Ин одам ба ҳамсарам гапҳои ҳархела зада гуфтааст, ки ҳамаи корҳоро худам ҳал мекунам, шумо 2000 сомонӣ диҳед. Ҳамсарам дашном карда аз наздаш берун шудааст. Ин ҳодисаро ҳамон лаҳза занг зада хабар дод. Ман гуфтам вай чи ном дорад, намедонам гуфт. Метиристкаро бародарам худаш дуруст кард, лекин ман равам адаби он коргари ҷамоатро ҳатман медиҳам.

   Аз пули свет ҳам якмоҳааш нодода буд. Як мардаки калон мебиёяду мегуяд, ки «чиба пули сивета насупордӣ». Зани ман ҳам тарафаш дурушт ҷавоб медиҳад.

Бародар барои пули барқро додан карта бояд гирӣ, бонк равӣ, барои карта. Карта надоранд. Ҳамсари ман 10 бор зиёд рафт бонк барои карта.

Як ҳодисаи дигарро дар охир гуфтаниам. Ҳамсари ман бозор барои хариди продукта меравад. Милисаҳо сатратро каш гуфта дастдарозӣ карда сатри ҳамсарамро мекашанд. Зани ман мегираду аз нав мепушад.

Дар байни бозор милисаҳо бо ҳамсарам мешаванд ҷангҷу ҷангҷол.

Ягон мард шарик нашуд, гуфт занам, ки маро аз чанги ин милисаҳо халос кунад.

 То ин андоза беномусиву даюсӣ мардҳои моро фаро гирифтааст.

Share This Article