Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №130

Ислоҳ нет

    Сукути сангин ва бетафовутии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин ҳама иттиҳомот ва туҳмату буҳтон, ки дар Русия алайҳи тоҷикҳо бо шиддат идома дорад, касро ба ҳайрат меандозад. Чаро Раҳмонов ва ҳукумати вай чизе намегуянд? Чаро бар даҳон об гирифтаанд? Чунки мо медонем, ки Раҳмонов дар баробари Русия ва русҳо ҳамеша муттаҳам аст ва чизе гуфта наметавонад. Ин нуктаро дар ин навиштаи зер ҳам,  ки муаллифаш нахостааст,ки аз вай зикр бишавад, таъкид кардааст:

                          Душанбе

Ассалому алайкум бародар  арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Баъд аз ҳодисаи ахир дар Маскав дар ҳақиқат вазъияти муҳоҷирони корӣ дар Русия бисёр ҳам бад шуда истодааст. Ман чи гуфтаниям? Ман гуфтаниям, ки ҳануз омилони ҳодисаи шоми 22 март дар толори мусиқии “Crocus City Hall” дар наздикии шаҳри Маскав дастгир нашуда буданд, ки мақомоти Русия се нафар тоҷикро ба ҳайси содиркунандаҳои ин ҷиноят эълон карданд. Аммо маълум шуд, ки ин се нафар ҳатто дар маҳалли ҳодиса ҳузур надоштаанд. Яке аз онҳо дар Самара қарор  дошта ва дуи дигар ҳануз 26 ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон омада будаанд.

Ҳоло нафари нуҳуме, ки гуё дар ин ҳодиса даст доштааст, низ шахсе будааст, ки ба ҳангоми вуқуи он бо пулис баҳсу даъво карда ва барои ин амалаш дастгир ва бо айби авбошӣ барои 15 шабонарӯз маҳкум шудааст. Ҳамин тавр аксарияти коршиносони ҳирфаӣ ва мутахассис бар инки инҷо як амали террористӣ ба амал омадааст ва омилони он тоҷикҳо ҳастанд бовар накарданд ва бархурду баррасиҳо аз он мегуяд, ки ин як сенарияи таҳия ва ба иҷрогузоштаи худи мақомоти Русия аст.

  Аммо паёмади сангину ваҳшатноки онро ҳамоно муҳоҷирони тоҷик, ки барои пайдои ризқу рузӣ Русияро интихоб кардаанд, дар ҷисму ҷони худ эҳсос карда истодаанд. Ба назар мерасад ин ҳодисаи хунин алайҳи тоҷикҳо нигаронида шудааст ва ҳоло дар Русия тоҷик ба бадтарин вазиъияту ҳолат гирифтор шудааст.

Мақомоти вилояти Свердловск расман аз тоҷикҳо хостанд, ки шабона берун набароянд. Тоҷикҳои таксист дигар наметавонанд кор кунанд, чун ба мошини онҳо савор намешаванд. Ҳатто донишҷуёни тоҷики шаҳрҳои Русияро дар фурудгоҳҳо намемонанд, ки вориди ин кишвар бишаванд ва садҳо муҳоҷирро аз фурудгоҳҳо ба ватан депорт карданд. Хабарҳо дар бораи мавриди лату куб қарор гирифтан ва ҳатто кушта шудани тоҷикҳо баъди ин ҳодиса зиёд нашр шуданд.

 Худи ҳамин факт, ки хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тоҷикҳои гуё дар ин ҳодиса дастдоштаро бо шадидтарин, фаҷеътарин шева заданду гушашро буриданду ҳатто якеашро задазада куштанд  ва ин ҳамаро намоишкорона ва ошкоро забту навор кардаву пахш намуданд, касро на танҳо мутааҷҷиб, балки ба шакку шубҳа мебарад.

  Чаро ин ҳамаро ошкоро намоиш доданд? Оё дар ҳақиқат ин амали террористӣ кори дасти ДОИШ аст ва ё СРУ ва ё КГБ (ФСБ)? Аммо чаро тоҷикҳо абзор ва асбоби иҷрои ин саҳна шуданд? Дар ҳоле, ки тоҷикҳо беҳуқуқтарин ва беҳимоятарин қувваи кории хориҷӣ ва он ҳам бениҳоят арзонтарин дар Русия аст. Сангинтарин ва пасттарин корҳоро онҳо иҷро мекунанд.

Магар муҳоҷирони тоҷик барои Русия чи кори бад кардаанд?  Магар ҳукумати Русия бо муҳоҷирҳои тоҷик проблема дорад? Албатта, ки надорад.

Пас бо кӣ? Бо Раҳмонов? Зоҳиран бо Раҳмонов ҳам русҳо ва Путин кадом проблемае надоранд. Раҳмонов арусаки дастнишондаи худи русҳо аст ва то ба ҳол дар доираи манофеи онҳо бозӣ карда ва мекунад.               

Вале як нафари дохили Дастгоҳи иҷроияи президент, нафари наздик ба Асадулло Қимматович Раҳмонов(Сумбулоғо) гуфт, ки баъди суҳбати телефонии байни Путин ва Раҳмонов ба дунболи ин ҳодиса Раҳмонов шабуруз арақ мезанад ва ҳамеша пиён аст.

 Путин дар ин суҳбати телефонӣ Раҳмоновро гапҳои сахт зада, таҳқир карда ва таҳти фишор қарор додааст.

 Ин нафар гуфт, ки ҳам гушбуриву ҳам куштору ҳам ин ҳамаро ошкоро намоиш додан аслан ба Эмомалӣ Раҳмонов нигаронида шудааст. Путин бо мардуми одӣ чи кор дорад. Ин ҳама таҳқирҳои оммавии тоҷикҳо на фақат нишонаи қадру эътибори Раҳмонов дар назди Путин, балки аломати нафрату хашму ғазаби Путин болои Раҳмонов аст. Раҳмонов ба вузуҳ дарк кард, ки ин бозӣ ҳадафмандона аст ва ин моҷаро ва тавтиаи сиёсӣ тибқи нақша сурат мегирад ва ҳадафи асосиаш ҳам Раҳмонов аст. Оё дар воқеъ ба Раҳмонов дахл дорад? Раҳмонов чи кор кардааст, ки Путин чап гирифтааст? Ва барои вай шуда як халқи томро дар чашми ҷаҳониён ва бахусус мардуми Русия сипсиёҳ кард?

    Вазъияти руҳиву равониаш сахт безеб шудааст. Ҳолаш гирифта аст. Путин ултиматум мондааст. Ултиматуми сахт мондааст.

«Именно худат дар мобилизатсияи мо шарик мешавӣ. Солдату силоҳу ғизои онҳоро таъмин мекунӣ».

  Путин гуфтааст, ки «ранги Тотористон мешавӣ. Бояд баромад карда эълон кунӣ, ки моро дар ҳайати Русия бигир, мисли Луганску Донеск. Мо ба Русия даромадан мехоҳем».

Путин ошкоро ултиматум мондаву угрожат кардааст, ки «ман ҳамин хел мекунам, ки ягон тоҷикро дар руи дунё дигар қабул намекунанд, дар куҷое, ки тоҷикро мебинанд шарахатса мекунанд»- гуфтааст,Путин.

 Путин гуфтааст, ки ин манам, ки ту ва ҳукумати ту руи по истодааст. Ва аз он суҳбатҳояш, ки тарафи Путин гуфта буд «ту моро уважат намекунӣ» ва ҳамчунн аз ҳодисаи «самолету летчикҳо ёдовар шуда сахт таҳдид кардааст».

 Ин нафари наздики Сумбулоғо гуфт, ки дар даруни кабинет калааш дам арақ зада истодааст. Дар даруни оила ҳама корҳо ҷиғелу безеб. Мисли онки Путин конкретно ултиматум мондааст:.

«Ман туро то ин вақт нигоҳ мекардам, набошаад барвақт чапаат мекарданд. Ман туро нигоҳ мекардам, даркор шавад дар 2 секунд гумат мекунам. Револютсияро худам ташкил мекунамат. Ман дар инҷо мотами миллӣ эълон мекунам, ту дар онҷо бо зану бачаат Навруз ҷашн мегирӣ, маст мешавию консерт баргузор мекуни. Ман дар ту уваженийро нишон медиҳам.

  Ҳодисаи самолету летчикҳоро гушрасаш кардааст.

Он вақт Путин президент набуд.  Парида омад. Дар фурудгоҳи Душанбе истоду берун нарафт.Раҳмоновро фарёд кард. Ду соат ҳақоратшапаш кард. Раҳмонов аз даруни самолети Путин дастури раҳоии лётчикҳоро содир кард».

 Аммо ин дафъа каллағафсро Путин сахт гирифтааст. Гуфтааст ман  агар дастгириат накунам як руз намеистӣ: « Ба умеди Рустам нашав. Рустам пустама намемонӣ»  гуфтааст. Ин дафъа конкретно гуфтааст.  

 Иллати хашму ғазаби Путин дар нисбати Раҳмонов чи бошад, маълум нест.

Ин ба сафарҳои ахири Раҳмонов ба Қатар ва муомилаҳое миёни вай бо роҳбарияти ин кишвар ва Толибону Ансоруллоҳ бошад, ки русҳоро дар беруни ин раванд қарор додааст ва ё марбут ба корхонаи банду басти паҳподи Абобили сохти Эрон дар Тоҷикистон   бошад, ё инки то иллати ин хашму ғазаби Птуин то  ҳол ба ЕврАзес шомил нашудани Тоҷикистон бошад, маълум нест. Эрон коргоҳи банду басти Абобилро дар Тоҷикистон дар асл барои русҳо сохта буд. Ин паҳподҳоро тавассути Тоҷикистон бояд бибаранд.

 Ба назар мерасад, ки Раҳмонов дар суҳбатҳои пешинааш бо Путин ваъдаи кумаки сарбоз-ҷони зинда кардааст. Аммо ин ваъдаашро иҷро намекунад ва ҳоло аз пушти Раҳмонов шуда акнун халқ дар азоб аст.

Раҳмонов ҳамеша тоҷикро дар назди Русия сарафканда ва қарздор нигоҳ медорад. Чунки уро русҳо руи кор овардаанд.

 Дар ҳар сурат ин нафари  наздик ба Сумбулоғо гуфт, ки «Чи гапе ҳаст, ки сахт нороҳат ва арақ бисёр хурда истодааст. Ба бачааш ҳам гуфтаст, ки дигар орзу накун»

                           Истаравшан

Ассаламу алейкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу! Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман яке аз сокинони шаҳри Истаравшан мебошам. Сабаб навиштани  нома ба шумо ин танҳо ҳақро гуфтан аст. Ман хоини Ватан нестам, баракс тарафдори осудагии Ватану кишварам ҳастам.

    Яке аз наворҳои шумо суханронии муаллимаи гимназияи №1 Майсара Ҳасановаро дидам ва хеле асабҳоям хароб ва хашмгин шудам. Ба хулосае омадам, ки ба шумо нома нависам. Ва хостам тариқи ин нома ба муаллима Майсара Ҳасанова ҷавоб диҳам. Муаллима Майсара Ҳасанова шумо ҳамчун як зан, як модар, як тарбиятгар занҳоро бесавод номида истодаед, барои чи ба муҳоҷирати меҳнатӣ  мераванд гуфта истодаед? Магар барои занҳо ҳавас аст? Муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан? Аз Ватану Модар дур, аз наздикон дур будан? Аз маҷбурӣ мераванд, ба хотири ҳамон фарзандҳояшонро хонондан, ба хотири ба шумо барин муаллимаҳо музди маош додан. Шумо дар бораи кадом ободии шаҳр гап зада истодаед? Магар ҳамон Пешвои таърифкардаи шумо обод карда истодааст? Ҳамон ободии шумо гуфта гузаштаро худи мардуми тоҷик обод карда истодааст. Ҳамон шахсоне, ки шумо бесавод номида истодаед,  берун аз Ватан кор карда маблағ мефиристанд. Ҳама мисли шумо муаллимаи бе виҷдон, бе номус ва порагир мебуд, мисли шумо зиндагӣ мекард, муҳоҷир намешуд, тарафдории Пешво мекард. Таҳсил сар нашуда либосҳои бесифатро барои ҳар як хонанда маҷбуран мефурушед. Ҳастанд хонандаҳое, ки аз як оила 4-нафаранд маҷбур мекунед, то ин ки либоси мактабӣ харанд. Таҳсил сар нашуда маҷбур мекунед, то ин ки китоб харанд. Барои китоб, барои журнали синф, барои ҷилди журнали синф ва ҳоказо маблағ ҷамъ мекунед, барои газета маблағ ҷамъ мекунед. Аммо намепурсед, ки барои хонандагони ибтидоӣ газета чи лозим? Ҳоло номи худашро пурра навишта наметавонад маҷбуран газета мехаронед. Боз онҳо газетаро бо навбат бояд хонаашон баранд. То ба дасти дигарҳо газета мерасад, порапора мешавад. Барои шикасту рехти мактаб маблағ ҷамъ мекунед, канӣ ободии Пешвои шумо? Мактабро Пешво таъмир карда истодааст? Ё ин ки худи хонандагон? Боз ғайр аз пули таъмири мактаб хонандагоне, ки аз оилаҳои мансабдоранд бисёртар маблағ мегиред, маблағҳое, ки шумо ҷамъ мекунед, чанд мактаб таъмир мешавад. Вақте мактабро тафтиш мекунанд, барои тафтиш меоянд директори мактаб обед мекунонад, меҳмон мекунад ҳамон комиссияҳоро. Аз муаллимаҳо пул ҷамъ мекунад. Шумо муаллимаҳо аз хонандагони мактаб ҷамъ мекунед. Барои телевизор маблағ ҷамъ мекунанд баъзе муаллимаҳо. Барои хонандагони мактаб чи лозим телевизор? Дар хона телевизор доранд. Онҳо барои дарсхонӣ мераванд, на телевизор дидан. Муаллимаҳое, ки ҳастанд худашон саводи кофӣ надоранд. Таълим ба дарачаи нол. Маоши шуморо Пешво медиҳад? Пас, чаро аз хонандагон ҳар моҳ маблағ талаб мекунед? Аз қафои шумо барин порахур, бе номусҳо мардуми тоҷик муҳоҷир шуданд, ғулом шуданд. Ман ҳамчун як зан ва як сокини шаҳри Истаравшан аз ҳамон Пешвои шумон безорам. Мардум ҳама дар азобанду аз зулму ситами ин авлод хомушанд. Шумо ҳамон афсонаи бузаки ҷингалапое, ки нақл кардед. Рафта ба хонандагони мактабатон нақл кунед. Мардуми бо нангу номуси Истаравшан ё дар зиндонанду ё дар таги хок, ё берун аз Ватан. Дигар мардуми Истаравшан бенангу номус шудаанд, ё ин ки аз тарсу зулму ситам хомушанд. Тақрибан як ҳафта пеш барои тафтиш аз Душанбе комиссия омадааст дар мактабҳо. Ба хотири китоби дарсӣ надоштани хонандагон 500 сомонӣ ҷарима. Ин ҳақиқат аст. Дар МТМУ 1 ба номи Горкий рух додааст. Директори мактаб Ноил ном дорад. Чаро муаллимонро неву хонандагони мактабро ҷарима карданд? Пас китоби дарсӣ надорад муаллима чи тавр дарс мегузарад? Тафтиш намекунад? Руз аз руз хонандагони мактаб беномус ва зинокор шуданд, шумо муаллимаҳо пеши ин роҳи бадро гиред хуб мешуд.

                                          Муминобод

 Ба номи Аллоҳи бахшояндаву бениҳоят меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман қариб тули 3 сол мешавад, ки барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунам ва дар тӯли ин муддат танҳо як нома аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон Муминобод тамошо кардам. Муддати ин солҳо, ки дар Русия қарор доштам, фикр мекардам, ки зулму ситам ба он ҷо нарасидааст. Вале мутаассифона хато кардам. Ман барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунам ва  ҳар як  барномаи шуморо лайк ва поделится мекунам. Ва бо бародар Салмон Холиқов ҳам як бор ҳамсӯҳбат шудаам. Аммо мутаассифона бо Шумо муяссар нагаштааст. Ман ин рӯзро бесаброна интизор ҳастам, то якбор бо шумо суҳбат кунам. Инро ба он хотир мегӯям,ки мардум аз гузоштани лайк ва поделится кардани барномаҳо натарсанд. Ман вақте ба Тоҷикистон рафтам аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омадам ва ягон гапу чап набуд. Танҳо телефонамро бо худ набурдам, тамом!
   Мегузарем ба маълумотҳои Вилояти Хатлон, ноҳияи Муминобод ҷамоати деҳоти Шаҳрак деҳаи Буйдоқобод. Ин деҳа дар байни чаҳор кӯҳ ҷойгир буда аз Чилдухтароне, ки ба ҳама маълум аст як кӯҳ ҷудо мекунад. Дар болои ҳамин кӯҳ дар охири соли 2018 ва аввали соли 2019 бо фармони Ге(й)нерал Прокурори ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон, ки инҷо ҷои падариаш будааст, нақшаи обод кардани инҷоро дод. Иҷрои ин фармонро ба ӯҳдаи ҷиянаш Салимов Дилшод гузошта аз ӯ мехоҳад сараввал роҳҳои автомобилгардро таъмир намуда баъдан ба сохтмони бино ва бисеткаҳо ва умуман ҳар он чи ки дар нақшаашон доштанд, бипардозанд. Дар инҷо аввал мардуми деҳотро ба кор гирифтанд, онҳоро кор фармуда баъдан нисфи пули онҳоро дод ва нисфи дигари пулҳоро баъдан медиҳам гуфта ҳамин хел мардумро фиреб карда мегашт. Дилшод соли 1984 дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст ва даврони мактабхониашро ҳам дар ҳамин деҳа гузаронида аст. Ба гуфти шахсоне, ки ӯро мешинохтанд ӯ бисёр босавод буд ва дар даврони мактабхониаш бисёр фаъол буд. Падараш Азиз ном дорад ва 3 бародари дигар дорад. Иброҳим, Исмоил ва Навруз. Падари Дилшод Салимов Азиз дар шаҳри Бохтар болотар аз маркази шаҳр дар назди дарё зиндагӣ мекунад. Ӯ бо падараш ва авлоди падараш муносибати хуб намекунад. Барои он ки падараш зани дуюм дорад ва бо модари Дилшод он қадар ҳам рафту о намекунад. Барои ҳамин модараш ба ӯ мегӯяд, ки ба хешовандони падараш кӯмак накунад. Яке аз шахсиятҳои ки дар ҳамин кӯҳ кор кардааст ба ман чунин гуфт, ки Дилшод дар як ҳафта як бор бо мошинҳои гуногун ба инҷо меомад ва аз рафти кор дидан мекард. Ҳама вақт дар бараш 2 одам буд. Номи яке аз онҳо Сӯҳроб буд, ки қади миёна ва шикам дошт. Ҳоло онҳо бо ҳам кор намекунанд. Барои он ки Дилшод ӯро низ фиреб кардааст. Дилшод дар Бохтар хонаи заминӣ ва дар ҳамон ҳавлӣ каме болотар боз як хонаи дуошёна дорад. Боз дар шаҳр ҳам дар якчанд ҷо дар хонаҳои 4 ошёна ва ё баланд ошиёна хонаҳо дорад ва ба иҷора медиҳад. Боз нонвохйона ҳам дорад. Ин ҷавон гуфт, ки ба фикрам акааш Иброҳим ба нонвойхона машғул аст. Боз дар Душанбе ҳам 3 хона дорад, ки ҳар кадомаш валлоҳ аз 1млн кам нест. Якеи онҳо дар маҳаллаи 104 рӯ бар руи бинои Миллано Мода. Ин бино ба фикрам 16 ошёна ҳаст гуфт ин ҷавон. Хона дар 5ум ошёна ҳаст. 2 хонааш дар назди бозори Меҳргон аст. Афсус ки номи кучаҳоро намедонам ва ягон бор он тараф нарафтаам гуфт он ҷавон.

   Хулоса Дилшод мардуми ин деҳаро фиреб мекунад. Ҳатто талабагони мактабро суботники гуфта ба онҷо бурда кор мефармуданд. Чарогоҳҳои мардуми деҳотро гирифанд. Як нафар буд дар бари ҳамин кӯҳ як ферма дошт ва ӯ як нафари беозор ва бо меҳнати ҳалол нон ба даст меовард. Номаш Меҳрубон. Мардуми деҳаи Буйдоқобод ва деҳаҳои ҳамсоя ӯро бо номи Меҳрубони зард мешиносанд. Замин ва чарогоҳҳои ӯро ҳам бо фармони Юсфу Раҳмон гирифтанд ва ферма сохтанд. Аммо оҳи дили ин писар яъне Меҳрубони зард гирифт. Дар шабҳои баҳорӣ тарма фаромада фермаро зер кард ва тамоми чорвоҳо ҳалок шуданд. Ба гуфтаи ин шахс дар даруни ин ферма як намуди говҳое буданд, ки фарбеҳу калон ва бисёр сер шир. Хулоса Дилшод тахминан 3 сол дар инҷо кор кард. Аммо аз дасташ чизе наомад. Ҳамаи пулҳое, ки барои ободонии инҷо ҷудо шуда буд аз ҷониби Юсуф Раҳмон ӯ ба манфиати худаш истифода бурд.
Ҳатто тағои худашро ҳам фиреб карда мегашт. Билохира Юсуф Раҳмон Дилшодро аз онҷо дафъ кард ва дар муддати як сол ё зиёдтар инҷоро “обод кард”. Дар болои кӯҳ кабкҳо, товус ва якчанд хел ҳайвоноти кӯҳи ва парандаҳо нигоҳубин мешаванд. Баъди дафъ кардани Дилшод Юсуф Раҳмон амаки Дилшод Салимов Сафаро ҳамчун бригадир ба кор гирифт. Тамоми ӯҳдадорӣ ва нигоҳубин ба дӯши ӯ аст. Сафар як марди тахминан 65 ё 67 сола буда бисёр крисса аст. Як буз ва як золим аст. Вақте чорвои мардуми деҳот ба ин заминҳо медарояд, ӯ дар ҳол ба боло хабар медиҳад ва аз он ҷо омада мебардоранд ва сари ҳар чорво зиёда аз 2ҳазор то 5ҳазор ва аз ин ҳам зиёд талаб мекунанд. Валлоҳ дурӯғ нест. Тамоми мардуми деҳоти Буйдоқобод ва деҳаҳои ҳамсоя аз ин огоҳанд. Аз деҳаҳои ҳамсоя Хуҷашаҳриёр, Синҷӣ ва Навобод. Ман ба ин шахс суол додам, ки метавонӣ аз ҷабр дидаҳо ягон  мисол биёри. Ӯ гуфт. Бале
1.Муродов Асад муаллим ва истиқоматкунандаи деҳаи Буйдоқобод аст. Муаллими фанҳои география, экология ва химия. Вақте ки говҳои ӯро бурданд ӯ ба сари ҳар говаш пули калон дод. На камтар аз 2500 сомонӣ. Аммо он муаллимро тарсониданд, барои ҳамин ӯ чиқадар пул доданашро нагуфт. Ва ӯ бисёр кашокаш кард. Қариб буд, ки суд мешуд. Валлоҳ агар бовар намекунед аз тамоми мардуми деҳот пурсед.
2. Ҷӯрахон хонааш дар поёни мактаби деҳа ҷойгир буда касбаш деҳқонӣ ва асалпарварӣ аст. Як марди беозор, ба касе зарараш намерасад ва нарасидааст то имрӯз. Ӯро ҳам ҷарима карданд. Бори аввал 5ҳазор дод ва бори дуюм 2 фляг асал дода говҳояшро гирифт.
Ба монанди инҳо бисёр аст. Ин деҳа қариб ду қисмат аст боло ва поён. Оби деҳаи боло аз ҳамин кӯҳ меомад. Обро ҳам гирифтанд. Мардуми деҳоти боло бе об мондаанд ва ҳатто зироат карда наметавонанд аз беобӣ. Ин мардуми бечора аз ҳамин ҳисоб 30% зиндагиашонро пеш мебурданд. Як хитоби мардуми деҳот ба ин Сафари кали буз.
Ту худат кӣ будӣ? Нони хурдан надоштӣ. Оё аз ҳамин деҳа набудӣ, оё мо ҳамсоя набудем, мо ба ту чи душманӣ кардем? Валлоҳ ин Юсуф Раҳмон доимо сари қудрат нест, рузе меравад ва ин шо Аллоҳ он рӯз дер нест. Аммо мо ва ту мемонем. Чаро ду бародари ту бо меҳнати ҳалол кор мекунанду нони ҳалол мехӯранд ва рӯзи онҳо ҳам гузашта истодааст, магар аз ту намегузарад?
Баъдан ман дар бораи ин Сафар пурсидам, хостам донам ки ӯ кист. Ва ӯ гуфт.
Салимов Сафар дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст ва се бародар дорад: Азиз падари Дилшоди золим, Шариф, ки ӯ дар дохили ноҳияи Муминобод зиндагӣ мекунад ва Назар, ки ӯ сокини ҳамин деҳа аст. Шариф ва Назар нисбати ин ду бародаронашон зиндагии пастар доранд, аммо инсонҳои беозор ва ҳатто фоидаи ин бародари дар деҳа будааш ба мардум мерасад. Асосан дар инҷо аввал бародари хурдии Сафар Назарро бригадир монда будаанд ва худаш акааш Сафарро барои кумак ба ӯ даъват кард. Вақте ки Сафар дид, инҷо чунин ҷои лойдор аст ҳатто бародари худашро тӯҳмат ба дуздӣ карда ба Юсуф Раҳмон  мегуфтааст ва ӯро сиёҳ карда хулоса ӯро ронд. Ва Сафар худаш дар инҷо монд. Баъдан пурсидам мактаб доред? Ӯ гуфт бале, аммо аҳволи ин мактабро мебинӣ шарми инсон меояд. Аз ҷои он ки дар болои як кӯҳ дача ва дискотекаҳо сохтан намешуд, ки мактаб ва медпункт (дорухона ё беморхонаи хурд) созед. Бовар кунед роҳҳои мумфарш ва дискотека да болои кӯҳ. Оё ин ба мардум чи фоида меорад. Тахминан як сол бештар вақти кушодашавии инҷо ҳатто ин харкала “Пешвои миллат” омада буд. Мардуми деҳотро роҳ надоданд. Танҳо худи ба худи буд. Бовар кунед миллионҳо сомонӣ дар инҷо сарф шудааст. Мактаби ҳалол надорад, ҳатто фермаҳои болои кӯҳ аз ин мактаб зеботаранд. Ман шахсан худам аз ин мактаб дидан кардам ва ба навор гирифтам ва ба шумо мефиристам.

 Ба шумо аз ҳар ноҳияе, ки нома мефиристанд дар ҳамааш раисони маҳалла ва муллохои шикампарвар вуҷуд дорад. Алҳамдуллилоҳ, ки да ин деҳа ин хел нест. Раиси қишлоқ Нуров Барот ва ҳам директори муассиса аст. Бисёр одами хуб, раҳмдил ва аз Аллоҳ метарсидагӣ аст. Ва имоми масҷид бошад номаш шарт нест одами хуб аст. Асосан масҷиди деҳа панҷвақта буда имоми доимӣ надорад. Инаш набошад дигараш баромада мехонад. Се масъаларо мехоҳам алоҳида қайд намоям:

1.Вазъи Динӣ:
Дар деҳа дин озод нест. Як ҷавон нақл кард, ки вақте ман талабаи мактаб будам инҷо як одам буд, номаш Сафар, риши дароз дошт. Дар маркази деҳа осиёб дошт. Тахминан солҳои 2009 ё 2010 риши ӯро тарошиданд. Масҷид ба ҷавонони то синни 18 ва муаллимони мактаб мумкин нест. Омӯхтани арабӣ ва таълими динӣ умуман мумкин нест. Аммо чорабиниҳои миллӣ ки пешворо хуш меояд мумкин ва ҳатто ҷоиз аст.
2.Вазъи Маориф:
Мактаби деҳа рақами 16 аст. Бисёр мактаби кӯҳна аст. Ҳатто падарм дар ин мактаб таҳсил карда аст. Аз ӯ пурсидам падарат чанд сола аст. Ӯ гуфт 67 сола. Худатон тахмин кунед, ки мактаб чи қадар кӯҳна аст. Ин ҷавон гуфт вақте солҳои 2015 ва 2016 буд гап гап пайдо шуд, ки бояд мактаби нав сохта шавад. Аммо бо гузашти 8-9 сол мактаб нашуд. Медонед чаро?
Пуле, ки барои ободонии мактаб ҷудо шуда буд дар кӯҳ барои кайфияти Юсуф Раҳмон ва қудоаш Пешоби миллат сарф намуданд.
Боз суол додам, ки муаллимонашон чигунаанд, оё савод доранд. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки бале. Ҳамон муаллимоне,ки солманд ва кадри пешина мебошанд, босаводанд. Аммо вақте, ки баҳо барои чаҳор як мешавад директори муассиса Шарифов Сайамон талабагони мактабро ба хонааш бурда дар корҳои деҳқонӣ аз ҷумла нарм кардани бехи дарахтон, дарав ва ба монанди инҳо кор мефармояд. Ва баъдан баҳояшонро мегузорад. Ин ҷавон гуфт, ки намехостам номи ӯро гирам аммо ман ҳис карда истодаам ки заволи ин ҳукумати золим қариб аст  ва дар ҳукумати нав ин гуна корҳо бояд набошанд ва ба касе барои ингуна рафтор, кирдор ва корупсия раҳм карда нашавад.
3.Қувваи барқ:
Ин ҷавон, ки 28 сол дошт гуфт, аз соле, ки худамро мешиносам дар деҳа свет нест. Солҳои пешин хубтар буд, ки шабҳои зимистон аз соатҳои 17:00 ва 18:00 то соати 22:00 ва субҳ аз соати 5 то 8 и саҳар қувваи барқро медоданд. Яъне 7 то 8 соат. Ҳозир дар 24 соат танҳо 3 ё 4 соат медиҳанд.

 Дар соли 2023 аз сабаби он ки дар поёни деҳа дарёи Ёхсу мегузарад ва дар онҷо заводҳо барои коркарди тилло кор мекунанд, то моҳи январи соли 2024 қувваи барқ 24 соат буд. Аммо вақте дар пойтахт лимит карданд дар инҷо ҳам сар шуд.  

Хулоса, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин зулми Юсуф Раҳмон бисёр зиёд аст. Мардум ҷои чарогоҳ надоранд. Об нест. Обро гирифт. Мардумро зулм карда истодаанд. Валлоҳ чизе навистам ҳамааш ҳақиқат аст.  
 Ман,феълан дар Русия ҳастам. Чи хеле ки шумо мубориза бурда истодаед, ман ҳам мубориза бурда истодаам. Аммо пинҳонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Чандин ҷавонҳоро бедор кардам. Онҳо ҳам инқилоб ро интизоранд. Доимо ба онҳо мегӯям, ки агар мурам ҳам бе ормон мемурам. Зеро каме ҳам бошад як чанд нафарро аз парастиши як муҷассама манъ ва тоғут будани уро фаҳмонидам. Ман хондагӣ ҳастам. Аммо диплом нагирифтам. Чунки бисёр ноҳақӣ карданд. Дар ин бора як номаи алоҳида карда мефиристам. Бо бародар Салмон Холиқов ду бор ҳамсӯҳбат шудаам ва бесаброна бо Шумо дар барномаи Минбари муҳоҷир ҳамсӯҳбат шуданро интизорем. Бачаҳо бисёр мехоҳанд бо Шумо ҳамсӯҳбат шаванд. Боварӣ дорам, ки агар он касоне, ки тарафдорӣ аз шумо мекунанд, як- ду бор бо Шумо ҳамсӯҳбат шаванд, тарс аз онҳо дур мешавад.
                                     Турсунзода

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ шуморо дар паноҳаш ҳифз кунад. Нома аз деҳаи Зарнисори ҷамоати Қаратоғи Турсунзода. Мехоҳам дар бораи як шахсе, ки пур аз ҷиноят аст маълумот диҳам. Ин одам Одил Буриев аст. Дар деҳаи Зарнисор таваллуд шудааст. Падараш Маҳмуд ном дорад, ки аз дунё гузаштааст. Як бародар дошт, ки дар ҷавониаш ба ҷавори ҳақ пайваст. Модараш дар бозор савдо мекард: қанд ва мевафурушӣ мекард. Одил дар донишгоҳи Душанбе мехонд. Маълумоти олӣ дорад. Баъди хатми донишгоҳ дар қисми ҳарбии Қамбар ба кор пардохт. Ду ё се моҳ кор кард. Сипас ба бозори Регар омад ва бо модараш ба савдо машғул шуд. Баъд дар идораи ҷамоати Қаратоғ ба кор омаду чанд вақт пас масъули танзим шуд. Ягон касро руи хотир намекард. Қаратоғ калонтарин ҷамоат дар ноҳияи Турсунзода аст ва ҳудуди 20 деҳа дорад:

Ҳаким, Лавичае, Шурхок, Налбек, Гулбута, Норобот, Қаратоғ, Арши Муминобод, Батош, Олтинҷилав, Шунук, Жданов,  Куйбишев, Комунна. Комунна 2, Зарнисор, Қамбар, Аҳорун, Кадучи, Ракасов, Андре, Чинор ва ғайра.

Дар ҳамин хел ҷойи калон Одил Буриев кор мекард дар танзим. Аз соли 2011 то 2015 кор кард. Баъд дар ҷойи вай касе омад. Як ё ду моҳ кор карда буд, ки боз аз нав Одил Буриев омад дар ҷойи вай. Мегуянд, амак ё тағояш уро худ кришават мекардааст. Чандин гектар заминҳои корам дорад.

 Чандин хонаву квартираҳо дорад. Инсонҳои камбағалро барои маъракаву маросимҳояшон хеле зиёд туҳмату ғорат карда аст. Барои як иҷозатномаи туй ранги саг тала мекард. Бечора туйдор мисли дарахт меларзд дар пеши Одил, худашро бечораву гунаҳгор ҳис мекард одами туйдор. Ман чандин бор шоҳиди ин ҳолатҳо будам.
Ин Одил Буриев ғайр аз кори танзим бо наркобарон бо номи Ана кор мекард. Бо Ана чунон наздик буд,  ки мардум мегуфт Одил бухгалтери Ана аст. Касе пеши Ана медаромад, Одил гапзанӣ намемонд, дар мобайни гап медаромад. Одил Буриев ҳаҷи умра ҳам кардааст,  бо пули пораву наркотик.Вай ҳамаро бо нашаву бангу чарсу героину чакида таъмин мекард. Борҳои вай дар деҳаи Зарнисор дар чойхонаи Амак хушӣ, дар назди қабристони кудакон, дар назди дукони гуштфурушии Зубайди қассоб аст. Борҳои Одилро бачаҳои Амаки хушича мефурушанд. Ин амаки хушича чор бача дорад. Се бачааш чандборӣ шишта баромаданд. Бо ҳаргуна ҷурм: дуздӣ, ғорат ва маводи мухаддир. Ду ва се борӣ шиштанд. Охирон бор фарзанди хурдияш як сол шуд, баромад. Бо ҷурми покушени шишта буд, аммо амнистия шуд. Номаш Ҷамшед. Бачаи калонии Амаки хушича Хушназар ном дорад. Аз ягон чи ру намегардонад. Наркотик мезанад. Як ду рафиқаш гуфт, ки ҳозир укол мезадааст. Чакидаро бо оби ҷушомада омехта карда мехурдааст, сахт кайф мекардааст. Борҳои Одил Буриевро мефурухт. Бисёртар наша мефурухт дар қутии гугирд.

Бачаи дигариаш Суҳроб, сеюминаш. Ин доғи судӣ надорад. Шиштагӣ не. Борҳои Одилро ҳамин Суҳроб қабул мекарду мефурухт. Ин хонаи чанд камбағалро сухту қарздор кард. Беҳад муғамбир аст. Суҳроб айни ҳол дар Русия аст. Хушназар нашаро аз Шаҳринав, аз ҷамоати Ленинград ё ҷамоати совхоз меорад. Як худаш меравад. Бо телефон алоқа карда пулро зери дарахт ё ки зери санг мемонад ва боз бо ҳамин тариқа нашаву чарсу бангро мегирад.
Хушназар занҳои шавҳардорро бероҳа мекард. Шавҳаронашон дар муҳоҷират, келинчакҳои тоқаро шаб рафта ба роҳи маҷбурӣ таҷовуз мекунад. Даже ҳамсояҳояшро чунин мекунад. Боз ба дустонаш нақл мекардааст, ки аксари ин занҳоро ман мешиносам. Чандеяшро пурсидам чунин будааст. Агар ман ошкор кунам ин Хушназарро шавҳарони он занҳо медонед чикораш мекунанд. Як хели ин занҳо занҳои инсонҳои баобру ҳастанд. Чандин бачаҳоро нашакаш кардаас. Чакидаро дар қутии вазелин мефурушад. Вақте Аннаро як қапиданд ин Одил гурехта Русия омад. Аммо кришаҳояш корро ҳал карданд, албатта, бо пули хеле калон. Даже замину хонаҳояшро фурухт. Ҳозир дар хонаи падарияш зиндагӣ мекунад. Боз дар идораи ЗАГС-и Турсунзода ба кор даромад. Ин ҳукумат куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Значит пул бошад Озодаву Пешворо мехариву муттаҳам мекунӣ.
 Ман дар охир ба ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳоям муроҷиат карда гуфтаниям, ки то кай мо хапу тарсу мегардем? Ин ҳукумати фасодзада кист,  ки мо сабру тоқат мекунем. Мо инсон ҳастем, Эй мардуми ҷамоати Қаратоғ. Пеш мо чи хел будему ҳозир чи хел шудем? Бас будагист. Гап занед ва ҳаракат кунед. Эй мардуми Аҳорун! Ба сари шумо чи гузашт, гуед ҳамин Раҳмонов буд, ки падару бародарони шумо ба қатл расиданд.Б а мисли дигар ноҳияҳо шумо ҳам нависед. Ман узбекзабонам мумкин аст дар навиштани калимаҳо ғалат карда бошам , илтимос номаи моро нашр кунед!


              Ҷалолиддини балхӣ-Колхозобод

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ҷалолиддини балхӣ, ҷамоати  Маданият дар бораи Фахриддин Шертанақулов. гуфтаниям. Ин шахс облавачӣ аст. Дар ҷони ҳамаи қишлоқ задагӣ аст. Аз мардум пул мегирад, аз ҳама. Хонаи ҳама меояду аз оча ҳақорат мекунад. Нафари дигариаш Тулқин, дар ҷамоат танзим кор мекунад.  Ин ҳам облава мекунад. Бачаҳои худи инҳо ҳамаашон дар Русия кор мекунанд. Аммо аз падарону  модарони мардум суми калон мегирад. Ставкааш 5000 сомон. Ҳозир вес ҷамоат аз пушти облава шуданд. Якуним моҳ зиёд аст ки тамоман барқ нест.

Баҳор омад барои обёрии замин об нест. Насосро пайваст кардан намешавад, свет нест. Коргарони давлат ҳамаашон бо пули коррупсионӣ зиндагӣ мекунанд.

  Ба ҳамин наздики участковийи Гулистон омада дар масҷид 10 нафарро қапид, дар намоз, ки 18 сола набуданд. Аз ҳар кадоме аз онҳо 200 сомонӣ гирифт. Дигар барои ифтор кардан ва ба мардум нон додан ҳам бояд сум диҳем. Вагарна ба отдели Ҷалолиддини балхӣ даъват мекунанд, ҳақорату таҳқир ва дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Ин ҷамоат мардумонаш узбекзабон. Дар отдел узбак гуфта масхараамон мекунанд. То 5000 надиҳӣ ҳарруз фарёд мекунанд. Ҳозир бисёрии мардум Узбакистон кучида рафта истодаанд. Ман кучидан намехоҳам. Ҳаминҷо ба дунё омдаам, ватанам Тоҷикистон аст. Вале агар ин хел зулм идома кунад, ҳеҷ кас намемонад дар ин ватан. Ҳозир масҷидамон толко бегоҳ таробеҳхонӣ меравед. Боз одам назар ба солҳои пештар 50% кам. Як вақт участковий дари масҷид истода паспортҳоро мебинад. Наход дар қишлоқи худамон бо шиноснома гардем. Ман узбекзабонам агар ғалат навишта бошам ислоҳаш кунед!

Share This Article