Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №291

Ислоҳ нет

Хеле аз қонуну қоидаҳо, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, бо зиндагӣ ва воқеиятҳои имрӯза мувофиқат намекунад. Ин қонунҳо тавреву тарзе таҳия ва ба иҷро гузошта мешаванд, ки бештар манфиатҳои синфи ҳокимро ҳимоят мекунанд. Албатта, ин масъала ва мавзӯъи тулонӣ аст, ки инҷо аз он намегӯем. Як нафар аз номанависон аз он шикоят кардааст, ки вай бояд алимент бипардозад, аммо имкон ва тавон надорад. Чунки бекор аст. Акнун, ки аз пули алимент қарздор аст қонун иҷозаи сафар ба Русияро барояш намедиҳад, ки раваду кор кунад ва аз қарзи алимент халос шавад. Номаи аввали ин шумора дар ҳамин масъала аст, ки аз Хуҷанд омадааст.

Номаҳои баъдӣ аз Душанбе, Маскав ва Турсунзода аст. Номаи Душанбе чи гуна аз куштори Саидаъзам мутаассир шудани як муллоеро, ки ба хонаи Раҳмонов равуо доштааст ва фарзандони Раҳмонов муридҳои нобуриди ӯ будаанд, ҳикоят мекунад.

Хоҳаре аз Маскав мегӯяд, ки бо вуҷуди онки дар Маскав азоб дорад, аммо омодааст, ки дар роҳи мубориза дар канори мардон қарор бигирад.

Номаи аз Турсунзода аз онки чи гуна раиси ин шаҳр замини маркази шаҳрро бар ивази 1.000.000 доллар ба домсозҳо фурӯхтааст, нақл мекунад.

                    Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад, ки бо роҳандозии барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба хеле аз мушкилоти мардум расидагӣ кардаед. Номаҳои мардум чоп мешаванд ва мақомот маҷбур аст барои таҳқиқи онҳо дастбакор шаванд. Ин нома аз шаҳри Хуҷанд фиристода мешавад. Бигзор ному насаби ман пеши худи шумо маҳфуз бимонад. Номаамро чоп вале номамро пинҳон доред.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳодисае рух дод, ки агар онро сабт мекарданд, метавонист беҳтарин саҳнаи як филми траги-комедӣ шавад, филми воқеие дар бораи адолати гумшуда. Мард ҳатто агар кор надошта бошад ва зани ҷудо шудааш шавҳар карда бошад ҳам алимент месупорад. Ҳамон 700-800 сомониро насупоред ҳукми зиндон мегиред.

  Ин хел қонун дар ягон гӯшаи дунё нест. Чаро, ки зан шавҳари дигар кардааст ва шавҳари пешинааш бекор ва расман дар шумори бекорон аст, ҳуҷҷат дорад.  Мантиқ дар куҷо? Ин чи гуна қонун ва қонунбароӣ ва ин чи гуна адолат аст? Мардонро ҳама тарафа чмо кардаанд! Россия коркунӣ меравам гӯяд, судя мегӯяд, ки «не, мо туро розыск медиҳем. Ту бояд пули алиментатро супорӣ, баъд меравӣ». Дар ғайри сурат мегуяд судя мо ҳабс мекунем, дар маҳбас кор карда месупорӣ. Ва ҳамин тавр ӯро таҳдид мекунад. Ин тамоман девонагӣ аст. Аламовар боз ин аст ки ин зани ҷудошуда ва шавҳари ҳозира рашк мекунанд ва кудакро нишон намедиҳанд. Вақте вазъиятро ба судя мефаҳмонад, судя ягон чи намегуяд.

Бовар кунед, ки Тоҷикистон ба як ботлоқзор бадал шудааст.

Ин марди бекор ва аз зиндагии душвор хасташуд бо умеди дарёфти адолат назди судя меояд ва бо самимият мегӯяд:

— «Ҷаноби судя, ман кор надорам. Алиментро аз куҷо диҳам? Ман худам нон ёфта наметавонам.»

Судя, ки бояд рамзи адолат ва инсоф бошад, ба ҷои тафтиш ва ҳамдардӣ мегӯяд:

-«Аз додарону хоҳаронат гир, аз онҳо талаб кун ва ё қарз бигир аз шиносҳоят, вале пул бояд диҳӣ!»

Ин ҷавоб на танҳо ғайриинсонӣ аст, балки мухолифи қонун ва ахлоқи судӣ мебошад. Қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон равшан менависанд, ки аҳолии бекор, бемор ё дар шароити вазнин қарордошта набояд бо ҷазои зиндон барои алимент таъқиб шаванд. Дар чунин ҳолат суд вазифадор аст имкони кори ӯро таҳқиқ кунад, ё ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат намояд, то барои таъмини кӯдак роҳи дигар ёбад.

Аммо судя, ки бояд ҳимоятгари ҳақ бошад, ба як «қасосгиранда» табдил ёфтааст. Вақте ки мегӯяд «агар супорида натавонӣ, ба маҳбас меравӣ-онҷо кор карда месупорӣ», вай қонунро мисли шохаи чӯбӣ мешиканад.

Оё ин аст адолат? Оё суд барои кӯмак ба мардум аст ё барои пур кардани зиндонҳо? Суди беинсоф, модари беинсоф, қонуни беинсоф

Ҳатто вақте ки зани ҷудошуда шавҳари дигар мегирад, боз судя ҳамон шавҳари пешинаро маҷбур мекунад, ки алимент диҳад. Ин дигар на адолат аст, на дин, на виҷдон, на қонун. Дар ҳеҷ кишвари мутамаддин чунин муносибат вуҷуд надорад. Дар Аврупо ва Амрико пас аз издивоҷи нав — масъулияти таъмини кӯдак ба оилаи нав мегузарад. Вале дар Тоҷикистон мард гӯё «банди якумраи алимент» мешавад. Боз такрор ҳам шавад мегӯям, ки банда расман дар қайди ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчун бекор сабти ном шудаам.

Бадтар аз ҳама-вақте ки зани ҷудошуда аз рашк кӯдакро ба падари ҳақиқияш намедиҳад, суд хомӯш аст. Дар ҳоле ки моддаи 63-и Қонуни оила равшан мегӯяд:

«Кӯдак ҳуқуқ дорад бо ҳар ду волидон, новобаста аз ҷудоӣ, робита дошта бошад ва падар ҳақ дорад кӯдакашро бубинад.»

Аммо судя, ки бояд татбиқкунандаи қонун бошад, гӯё қонунро фаромӯш кардааст.

Чаро вақте зан қонунро вайрон мекунад, суд хомӯш аст?

Ва вақте мард аз нотавонӣ менолад, ӯро таҳқир ва маҳкум мекунанд ва ҳатто ба зиндон мефиристад?

Ин на қонун аст ин беадолатии расмии ҷомеаи мо аст. Судяҳое, ки қонунро зери по мегузоранд, бояд худ ҷавоб диҳанд, на марди бечора.

Мо мардоне дорем, ки дар зери фишори чунин судҳо аз Ватан гурехтанд, ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафтанд ва боз онҳоро бо баҳонаи «розыск» таъқиб мекунанд. Чаро? Барои он ки пул надоранд? Барои он ки муҳтоҷи кӯмаканд, на ҷазо?

То вақте ки чунин судяҳо дар курсӣ нишастаанд, на адолат мемонад, на оила, на виҷдон.

Бародари азиз! Агар имкон ва илоҷ доред ин навиштаи маро дар гӯшаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Чунки ин садо бояд ба гӯшҳои ҳамон судяҳо расад, ба гӯши ҳукумат ва ба гӯши қонунбарорҳои ҳукумат ҳам расад, то бидонанд, ки мардум дигар хомӯш нестанд. Ин садо садои танҳо як ман нест. Ман бовар дорам, ки мисли ман садҳову ҳазорҳо мардони тоҷиканд, ки бо чунин тақдири талх рӯбарӯянд ва ба маҳзи надодани алимент ҳатто мардикории Русия рафта наметавонанд. Дар ҳоле, ки дар ватан ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. Ин чи хел зиндагӣ аст. Шумо шароит диҳед, ки ман тавонам, ки Русия биравам ва аз онҷо ҳамин пули алименти сабилмондаро месупорам.

Қонун бояд адолат кунад, на қасос!

                               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман намегӯям, ки кӣ ҳастам. Чанд сол пеш падару модарам аз Кулоб кучиданду Душанбе омаданд. Падарам милиса буд. Дар солҳои ҷанг ба Фронти халқӣ аъзо шуд. Аз одамони наздики Саидшо Шамол аст.

Хулоса, ки мо дигар шаҳрӣ шудем. Падарам бо муллоҳову муллобачаҳо таваҷҷуҳ ва ихлос дошт ва онҳоро ёрдам мекард. Шогирди яке аз муллоҳои шиноси падарам, ҳоло муллои калоншавандаҳо, аз ҷумла оилаи президент Раҳмонов шудааст ва бо ман равуо дорад. Вай Ислоҳро мехонад ва барномаҳои шуморо тамошо мекунад. Барномаи шуморо дар бораи марҳум Саидаъзам Раҳмонов тамошо кардааст. Баъди гуфтани вай дар бораи он барнома ва худи Саидаъзам, ки бо ин муллои шиноси ман ҳам шинос будааст, ман ҳам он барномаро тамошо кардам. Бовар кунед, ки ин барномаи шумо ончунон нафрати ин шиноси муллои маро овардааст, ки то бас гуфтан.

Вай аз қавли устодаш, ки ба хонаи Раҳмонов равуо дорад гуфт, ки бисёр ҳам зиқ ва хафа буд. Гуфтааст, ки инҳо бениҳоят беимонанд. Инҳо гуфта он мулло СС.Ятимов ва кормандони амниятро дар назар дорад. «Наход барои риш як нафар ҷавонро зада кушӣ» гуфтааст.

Ин мулло гуфтааст, ки ҳиҷ пояш намекашад, ки ба хонаи бачаҳои Раҳмонов равад. Ӯро мебурдаанд, ки фалониро бихон, ё кадом масъалаи диниро, ки пеш меомадааст, ҳал мекардааст. Ин мулло гуфтааст, ки Азизмову Фируза намоз мехонанд вале худи Раҳмонов, агарчи чанд бор зиёрати хонаи худо кард, ягон бор саҷда накардааст. Мулло гуфтааст, ки натиҷаи сиёсати душманонаи худи Раҳмонов аст ки амниятиҳо Саидаъзами ҷавонро куштанд.

«Вақте Раҳмонов мегӯяд, ки рӯзаатонро хуреду зардолу чинед, вақте Раҳмонов мегӯяд, ки ҳаҷ нарав, пули ҳаҷро барои роҳ, мактаб ва Роғун гузарон, вақте Раҳмонов ришу ҳиҷобро манъ мекунад, вақте Раҳмонов омӯзиши динӣ барои кудаконро ҷиноят медонад, ҷавони то 18 сола масҷид рафтанаш манъ аст, мавъизаи муллоҳоро манъ  кард, оқибаташ ҳамин мешавад. Ин таҳқирро дар ҳақи мардуми мусалмони тоҷик ҳеҷ роҳбаре накардааст. Раҳмонов ба дараҷае таҳқир кард, ки имомҳои масҷид аз пайғамбари худо намегӯянд, аз чорёри босафо намегуянд, аз саҳобаҳо  намегӯянд ва наузу биллоҳ дар хонаи Худо аз Раҳмонов, аз Паёми Раҳмонов, аз китобҳои Раҳмонов мегуянд. Имомҳои масҷидҳои мардум ҳамаро фаромуш карданд, магар инки фақат Раҳмонов гӯянд».

Ин мулло, ки баъди ҳодисаи куштори Саидаъзам сахт хашмгину оташин шудааст, ба шогирдаш, ки дӯсти хонаводагии мост гуфтааст, ки ҳарчизе Муҳаммадиқбол мегӯяд ҳамааш рост аст. Вай гуфтааст, ки Раҳмонов гуё ба хотири Рустам ҷавонҳоро ба ҳукумат ҷалб карда истодааст. Аммо ин ҷавонҳо, ки меоянд аз дину оин тамоман бехабаранд. Фақат барои он оварда истодааст, ки ба сину соли Рустам мувофиқ кунад. Онҳо на донишманд ва на огоҳанд. Аз тарафи дигар он ҷавонҳоро аз худаш миннатдор мекунад ва талош мекунад, ки то омадани Рустам онҳо корро ёд гиранд. Мехоҳад онҳоро ботаҷриба кунад.

Аммо ин Рустам бештар ба кайфу сафо машғул аст. Барои ҳамин Раҳмонов нисбати вай дилпур нест.

Ин хабарҳо, ки Рустам синаи кадом духтарро кадом вақте пепелнитса кардааст, ба худи Раҳмонов ҳам расидааст. Кадом вақте ин гап дар хонаашон баҳс мешавад.

 Хулоса, гуфт, он мулло, ки устодаш аз куштори Саидаъзам сахт нороҳату андӯҳгин буд ва мегуфт, ки дар ҳар намозаш дуъо мекунад, ки ҳарчи зудтар Раҳмонов ва ҳукуматаш несту нобуд шавад.

                           Маскав

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман як хоҳари ғариби шумо дар мулки муҳоҷират ҳастам. Ҷони ман фидои ватанам ва мисли шумо мардони ғаюр бишавад. Барномаатонро дидам. Дар охири барномаатон худамро дошта натавонистам, гиря кардам.

Хитоб ба мардум кардед. Гуфтед вақти амал аст. Ҳамаи гапҳоятон рост аст.

«Ма чикор кунам барой ватанм ба гуфти шумо? Ма метонум ҳаму занҷири ғуломира бшканм, насиб, ин шо Аллоҳ, пирӯзӣ насиби шумо ва халқи тоҷик мешавад».

Муҳоҷириву ғуломӣ азоб аст. Аммо дар ватан моро иҷозаи сатр намедиҳанд, мардони моро намегузоранд, ки риш бимонанд, сунати пайғамбарро иҷро кунанд, балки барои риш одамҳоро мекушанд, инҳо талош карда истодаанд, ки моро аз дин ва аз Аллоҳ дур кунанд.

Ман як хоҳари кучаки шумо дар шаҳри ғарибӣ дар обшежит бо ду кудак зиндагӣ дорам. Шавҳарам ҳам ҳаминҷост.

 Тоҷикистон азобу проблема инҷо ҳам азобу проблема. Хуб, ин насибу тақдири ман будааст. Амм сад бор шукри Худо, ки инҷо шиками худамону кудаконамон сер аст. Дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан беҳад душвор бо кудакҳо. Инҷо ҳам дар аввал кудакҳо тезтез касал мешуданд, то ба ҳавои инҷо мутобиқ шудани онҳо сахт азоб кашидем.

Дар Тоҷикистон ҳам хона надоштем, дар онҷо ҳам иҷора мешиштем дар инҷо ҳам..

Як бародари наздикам дар Германия аст. Гуфтам барои кори мубориази Ислоҳ 50 доллар гузаронад. Гуфтам ту онҷо гузарон, ман аз инҷо ба наздикони ту мефиристам. Гуфт газаронидам ва ман ҳам ба наздикони вай фиристодам. Бародар чи хизмате, ки аз дастам меояд омадаам, ки барои шумо ва барои наҷоти миллату ватанам иҷро мекунам. Шумо бигӯед, ки «ма чикор кунем барои шумо ва ватанм»?

 Хизматҳое, ки фикр мекунед, онро мардҳо боял кунанд, бифармоед, ман иҷро мекунам. Чи хизмате бошад бо ҷону дил омодаам.

Турсунзода  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Турсунзода ҳастам ва дар бораи раиси ин шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва ҷиноятҳои вай гап дорам. Дар бораи бозори ин шаҳр, ки дар гузашта аз дасти бозоркоми пешина, ки Мелиқул ном дошта як нафар шахсияти дар ҷумҳурӣ маълум харида буд. Он вақт ин бозор ба 500 ҳазор доллар савдо шуда буд.

Баъд чи гапеву ҳодисае шуд, ки ҳукумати шаҳри Турсунзода ин бозорро пас гирифт. Аз ин бозор давлат фоидаи калон мегирифт. Онҷо чандин магазину дигар нуқтаҳои савдо амал мекард. Вале дертар дар микрорайони 5ум бозори нав кушоданд.

Бозори пешинаро, ки бозори стадион мегуфтанд, чунки онҷо пештар стадион буд Ҳасани хусурбачаи президент чапа кард.

   Парвиз Акрамзода раиси шаҳри  Турсунзада ин бозорро ба домсозҳо -акаву додар Суҳроб ва Соиб ба маблағи 1.000.000 миллион доллар фурухт. Акнун дар ҷойи ин бозор ин домсоҳо биноҳои баландошёна сохта истодаанд. Ин як ҷинояти нобахшидании Парвизи раис и шаҳр аст.

Ҷинояти дигари Парвиз Акрамзода ин аст як хеши наздик дорад бо номи Шокири домсоз. Парвиз ба ин одам аввал ҷои бини Госстандартро фурухт. Шокир дом сохту фурухт ба мардум. Баъди ҷойи Госстандарт ҷойи типографияро, ки дар назди бинои налог буд сипас бино ва замини садикро фурухт. Дар ҷойи типография ва сдик-боғчаи кудакон Шокир бом бардошту фурухт.

Бигзор, агар ин гапҳои ман дуруст набошад, Ҳабибулло Воҳидов, Прокурори генералӣ ва Сулаймон Султонзода, раиси Агентии зиддикоррупсия гурӯҳ ташкил намуда тафтиш кунанд ва бисанҷанд. Оё Парвиз Акрамзода ҳақ дошт, ки ин ҳама иншооти давлатиро чапаву валангор ва ба замин яксон намуда замини онҳоро, ки дар маркази ноҳия аст ва чандин гектарро ташкил медиҳад фурушад?

Як нафар гуфт, ки Ҷамшеди архитектори шаҳр гуфтааст, ки ман дастури раиси шаҳрро иҷро кардаам ва инро ҳама медонад. Вале ҳама медонад, ки Ҷамшед дар ҷиноятҳои заминфурушӣ ва додани қарори домсозӣ бо раиси шаҳр шарик аст. Ин Парвиз ва архитектор он қадар дар Турсунзода ҷиноят содир кардаанд, ки онҳоро 20 соли тюрма кардан ҳам кам аст.

Ман ба халқи Турсунзода ҳушдор медиҳам, ки аз новостройка хона нахаранд, чунки ягонтои онҳо сифат надоранд. Агар замин 5 ё 6 бал ларзад ҳамаи ин домҳо чапа мешаванд, ранги Туркия. Ба ман ин гапро прораби домсоз гуфт

  Парвиз Акрамзода вақту соаташ меояд, барои ин ҳама ҷҷиноятҳоят ҷавоб медиҳӣ. Ҳама сокинони Турсунзода туро дуъои бад карда истодаанд. Худо хоҳад дуъои мардум туро мегирад.

 

 

Share This Article