«Бузҳо, беморхонаҳо, зиндонҳо ва як тоҷик аз Берлин…»
Панҷ нома. Панҷ фарёд. Аз Нуробод, Вахш, Берлин, Рӯдакӣ ва Хуҷанд-панҷ кунҷи Тоҷикистон ва як тоҷик аз Аврупо, ки ҳама як чизро мегӯянд: вақти бедорӣ расидааст.
Ин шумораи 293-юми «Номаҳо аз ноҳияҳо» аст- боз як шоҳиди зиндаи он ки мардум хомӯш нестанд.
Аз Нуробод навиштаанд дар бораи «бузҳо». Бузҳое, ки дигар на чорпо, балки одам шудаанд: бузҳои ба гуноҳ афтода, бузҳои бо пул баромада, бузҳои бо чоплусӣ боло рафта. Ҳар як «буз» мансаб дорад, мошин дорад, аммо виҷдон надорад. Муаллиф менависад:
«Ҳукумате, ки мо дорем, дигар ҳукумати мардум нест -ҳукумати ғорат, зӯргӯӣ ва як хонавода аст. Ба охир наздик аст, оқибати фарзандонатонро андеша кунед.»
Аз Вахш нома расид дар бораи ҷиноятҳои навбатии Қурбони Бех ва Барот, ду бародар, ки ноҳияро ба як амлоки шахсии худ табдил додаанд. Муаллиф мегӯяд:
«Номаи маро на ба Эмомалӣ, балки ба мардуми Тоҷикистон бирасонед. Зеро Эмомалӣ гӯш надорад, вале мардум дилашон бедор мешавад.»
Аз ноҳияи Рӯдакӣ номаи табибон аст-аз одамоне, ки ҷонро наҷот медиҳанд, аммо имрӯз худ дар зери зулм мемиранд.
Онҳо навиштаанд, ки барои «сафари кории Пешво» маҷбуранд 120 ҳазор сомонӣ «гул» ҷамъ кунанд ва ҳар рӯз мисли роҳрӯбу коргари коммуналӣ кӯчаҳоро тоза кунанд.
«Пешво меояд, вале беморон мемиранд,»-менависад яке аз табибон.
Аз Берлин Як табаи тоҷики Афғонистон,ки ҳоло дар Берлин ба сар мебарад бо як пешниҳоде ба тамоми тоҷикҳо рӯ овардааст Ӯ пешниҳод кардааст, ки ҳамаи тоҷикони ҷаҳон барои наҷоти миллат як роҳро пеш бигиранд. Ва «Ислоҳ» ин даъватро ба гӯши ҳар тоҷик мерасонад.
Аз Хуҷанд номаи зиндоние расидааст, ки аз дохили панҷара менависад:
«Дар ин ҷо ҳама мунтазири афв ҳастанд. Вале Раҳмонов танҳо барои худ ва худиҳо афв дорад-барои мардуми одди не.»
Дар ин шумора, садоҳои пароканда аз деҳаву шаҳрҳо, зиндонҳо ва муҳоҷират ба ҳам мепайванданд.
Мо ҳар ҳафта мебинем, ки ҳақиқатро на рӯзномаҳои давлатӣ, балки номаҳои мардум менависанд.
Шумораи 293- боз як саҳифаи хом, вале оташин дар таърихи як миллатест, ки ҳанӯз менависад…
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман барномаҳои шуморо мебинам,мутаассифона аз Нуробод, аз Сафедчашма Самсолиқи собиқ кам менависанд. Вазъият дар умум дар ҳама ҷои кишвари азизамон як аст. Ҳамон зулме дар Ғарм ҳаст, дар Нуробод ҳам ҳаст. Ҳамоне инҷост дар Панҷакент ва Исфараву Восеъу Муминобод ва Ҳисору Шаҳринаву Душанбеву Хуҷанду Бохтару Кулоб ҳам ҳамон аст. Танҳо номҳои бузҳо ва золимон фарқ мекунад.
Мехоҳам дар мавриди чанд бузҳои орангутан нависам.
Розиқов Эраҷ аз деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашма чандсолаҳо шуд, ки мардумро мефурушад.Ҷавонҳое, ки риш доранд, ҷавононе, ки пешдаро ва як каме фарқкунанда ва бонуфуз дар маъракаҳову масҷид ҳастанд ба амният меравад «ачот» месупорад. Дар куҷое як мусалмони ҳақиқӣ ҳаст, салафӣ гуфта тӯҳмат задаву бӯҳтон баста ба мақомот мерасонад. Шиканҷаву азоб рӯзторӯз бисёртар шуда истодааст.
Маҳмадхоҷаев Некруз аз деҳаи Офтобрӯя, Абдулҳаев Камолиддин аз деҳаи Кабутиён, Шукуров Абубакр ду ном дорад- Теша раиси маҳалла буд, ки дар ҳоли ҳозир фақат куни амниятиҳоро мелесаду мегардад, бузи пешипеш. Тамоми ҷавонҳоро мефурӯшад.
Ҷумъа Мирзоев аз деҳаи Кабутиён -штатний буз аст, удостворения дорад, ҳар моҳ давлат маошаш медиҳад.
Даёнов Кабут аз деҳаи Офтобрӯ, ки мардуми Сафедчашма ба доду фиғон омадаанд аз дасти ин козёлҳоои одамфуруш. Як қисми ҷавонҳо аз пушти инҳо тюрма шуданд.
Козёлҳои калон Ривоҷов Қутбуддин аз деҳаи Фаркак, шестёркаи участкавой. Маҷидов Эмомалӣ, Сунъатов Шеравлиё, Асроров Аброриддин аз деҳаи Кабутиён. Халқ аз дасти ин бузҳо ягонгап задан наметавонанд дар ҷамоати Сафедчашма, Самсолиқи пешина.
Маҳмадов Сарабег Давлатбекович ин шахс дар деҳаи фаркаки 75 хочагӣ зиндагӣ мекунанд, масҷидро бо фармони ҳаминҳо маҳкам карданд ва шарм нокарда грифтанд мактабаш карданд. Ин кор дақиқан бо фармони Абдулҳаев Шодихуҷа Маҳмадхоҷаев Талабшо ва Маҳмадхоҷаев Асохуҷа яъне бо ҳамкории ана ҳамин бузҳо сурат гирифт. Халқ аз амалҳои нопоки инҳо безор шидаанд, талабоҳои мактаби рақами 37ро оварданд ба ин масҷид ва дар инҷо онҳоро гузоштанд, ҳамай талабаҳои синфи 9ум хон ба сардарду подард грифтор шудаанд. Ҳама медонанд,ки ҳамин Сарабег духтари акай худашро угай гуфта бо ӯ дастдарозӣ кард мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пора грифтанд ва озодаш карданд бар ивази ду сар гов аз ӯ ситонданд ва аслан ба ин амали таҷовуз ба номус ҳеҷ делои ҷиноятӣ накушоданд. Феълан масҷиди деҳаи Фаркаки Сафедчашма ба мактаб табдил шудааст ҳама ончи дар масҷид буд бурда партофтанд. Синфхонаҳои мактаби № 37 комилан холиянд. Хело зулм ба сари халқ оварданд, инҳо ислоҳ ношаванда мебошанд танҳо роҳи ягона сарнагунии ин режими тоҷиккуш ва тоҷик зулмкун асту тамом. Ҳарчи фикр мекунем дигар роҳе барои мо боқӣ намондаанд.
Вахш
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу саломат бошед Миннатдорам, ки номаи маро чоп кардед. Ҳоло меоем ба сари масъалаи асосӣ, ки бароятон матраҳ мекунам.
Ман ба Президенти Тоҷикистон нома равон кардам, ки онро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо»№ 282 чоп кардед. Дар он нома аз беадолатӣ ва бераҳмиҳои Барот дар робита ба заминфурушиҳояш ва дар лаби каналу заҳбурҳо сохтмони ғайриқонунӣ бунёд намуданҳояш навишта будам, ки шумо чоп кардед ва ҳама онро диду хонд.
Лекин на гапе аз Президенти Тоҷикистон асту на гап аз Дастгоҳи Президент ва на гап аз прокуратураву на гап аз амният, ин корҳо дар совхози Вахш дар раҳи Дружба ру ба руи заводи Файзи Мурод ва ё ки рӯ ба руи деҳаи Дуканала, солҳои дароз аст ки мо на ҳол дорем на рузи хуб аз дасти ин авбошони раиси ноҳияи Вахш, чи Барот бошад ва чи Қурбони бех бошад, ва на ҷои ариза кардан дорему на ҷои шикоят. Чунки ба ҳама маълум шудааст, ки об аз боло лой аст ва назараш ҳам ба пастӣ намерасад. Барои ҳамин номаи маро ин дафъа на ба Президенти Тоҷикистон расонед, балки ба тамоми мардуми Тоҷикистон расонед. Илтимос ин номаи дуввуми маро ҳам чоп кунед.
Чунки мо дар қафас мондаем. Агар тамоми мардуми Тоҷикистон аз як оила, яъне аз авлоди Эмомалӣ шикоят кунад, мо мардуми ноҳияи Вахш аз ду оила шикоят мекунем: -ҳам аз Президенти Тоҷикистон бо авлодаш ва ҳам аз раиси ноҳияи Вахш Қурбони бех бо Бароти бародару авлоди золиму монополисти вай.
Чандин сол аст ки дар колхози Москва мардум комилан бе замину бе чарогоҳ аст. Айнан ҳамин корҳо дар совхози Вахши мо ҳам вуҷуд дорад:-чарогоҳҳо ишғол карда шудааст, заминҳо фурӯхта мешавад, аммо ягон мақомоти боло аниқтараш мақомоти давлатӣ ба доди мо на расиду на мерасад. Ҳатто амнияти давлатӣ бозичаи дасти Бароту Қурбони бех шудааст, ки шумо медонед инро. Масалан, ҳар нафар, ки раиси амният дар ноҳияи Вахш таъин мешавад, Барот ва ё ки Қурбони бех ба ӯ зуд молу мулк медиҳанд, гуё, ки дастгирӣ аз тарафи ноҳия, сахт греташ мекунанд. То аз қафояшон хабари нохуш на нависанд. Масалан барояш 10-15 гектар замин барои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо мекунанд. Лекин ин амниятӣ ҳаргиз хоҷагии деҳқонӣ ташкил намекунад, аммо ин заминро ба иҷора -аренда месупорад. Аз пули иҷораи солонааш тақрибан 60-70-80 ҳазор сомонӣ мегирад, ки нархро, албатта вобаста ба ҷову макон муқаррар мекунад ва замини амниятиро ҳеҷ кас кордор ҳам намешавад. Арендатор чизе форадаш кишт мекунад:- беда мака, тарбуз, харбуза, хулоса чизе хоҳад ҳамонро кишту кор мекунад, чунки ин деҳқони арендаторро кришааш амниятӣ аст ва дар ивазаш амниятӣ ба Қурбони бех ва бародараш Барот комилан кордор намешавад. Баракс дар бари Қурбони бех бо раиси вилоят чухт аст ва ин корҳоро намебинад, чунки ба кисаи ин ҳам хушру мерасад. Барои ҳамин аст ки 100-ҳо гектарро Қурбони бех бо Барот дар колхози Москва ва совхози Вахш аз худ кардаанд ва оромона гашту гузор карда гаштаанд. Барои ҳамин аст ки Барот 10-ҳо гектар замини обиро чи дар марказ бошад ва чи аз марказ берун ба мардум фурухт. Дар он заминҳо хона андохтанду ҳоло хонасозӣ идома дорад. Ин заминҳои обиро бо санаду ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ғайриобӣ гузаронида бекор карданд ва фурухтанд. Ва, тавассути аризаҳои ташкилнамудаашон замини манзили зист ҳуҷҷат карданд. Ин кор бештар дар давраи раисии Барот сурат гирифт. Мо ин корҳоро бо чашми сар мебинем. Мебинем,ки чи гуна ҳам қонунҳоро таги по карда истодаанд ва ҳам ояндаи мардумро ба нобудӣ ва номуайянӣ расонида истодаанд. Чанде аз наздикони худи ман дар ҳокимяти Вахш кор мекунанд ва аз ин ҷиноятҳои Қурбони беху Бароталӣ Юсупов бародараш дар вақташ задаанд.
Савол пеш меояд, ки оё ин давлати Тоҷикистон дузду ғоратгар аст ё инки барои нафароне мисли Қурбони беху бародараш иҷозат додааст, ки ҳамаро тозанд?
Инҳо изо накашида, шарм накарда боз ором мегарданд. Гуё, ки мо ҳеҷ чизро на мебинем ва на мешунавем. Боз аз худ миннатдор ҳам мекунанд, ки ба мардум участка ва замин барои манзил доданд. Охир мо мардуми ҳамин маҳалла аз даврони шуравӣ инҷо ҳастем, кур нестем. Шумо бидуни ба ҳисоб гирифтани оянда ва фақат ба хотири ба киссаи худ пул кор крадан ин корро карда истодаед.
Ин ҷинояти заминфурӯшӣ то ба кай давом мекарда бошад?
Бародар Муҳаммадиқбол, илтимос ин номаи маро ба тамоми мардуми Тоҷикистон расон. Бубинанд, ки дар Вахш чи қонуншиканиҳо ва чи ояндасӯзиҳоро мақомоти давлатӣ анҷом дода истодаанд. Аммо на дастгоҳи иҷрояи президент, на прокуратураи вилояту ноҳия ва на генералӣ ва ҳеҷ нишодҳои танобкаш аслан таваҷҷӯҳе надоранд.
Берлин
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ин матлабро метавонед нашр кунед метавонед нашр накунед. Ихтиёр ба худи шумо аст. Вале нашр кунед беҳтар аст, чун мехоҳам бародарони тоҷикистонӣ роҷеъ ба муҳтавои он фикру назарҳояшонро бигӯянд. Манзур аз ин навишта он аст ки мо-тоҷикҳои рӯи дунё бояд дар андеша ва фикри ояндаи худ бошем.
Ман дар хориҷ аз ватанам ҳастам, дар яке аз кишварҳои арупоӣ. Мисли ман миллионҳо тоҷики Афғонистон гурезаву овора ва дар орзуи дарёфти корти паноҳандагӣ аст. Ҳамчуноне шумо ва мисли шумо ҳазорҳо ҳазор ҳаммилати ман аз Тоҷикистон, ки дар хориҷаанд. Чаро мо дар ватани худ зиндагӣ карда наметавонем? Бале, имрӯзи мо тоҷикҳо хуб нест. Ва бояд роҳи ҳалл биҷӯем. Ин матлабро чунин сарлавҳа гузоштам «Миллат бо ҳувият зинда аст»
«Ҳувият барои як миллат мисли падар барои як хонавода аст. Ҳар хонаводе, ки аз падари худ дурӣ ҷӯяд, дар қадами аввал бесарпаноҳ мешавад, дар қадами дувум идора ва иттиҳод дар он аз байн меравад, ва дар қадами севум зери таъсири истеъморгарон ва ғосибон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, ниҳоят нест мегардад ё ба ғуломони қавмҳои дигар табдил меёбад.
Аз ин рӯ, дӯстони гиромӣ, тоҷик будан барои мо танҳо як ном нест.Тоҷик будан-яъне муттаҳид сохтани миллат, якрангӣ, қуввати шикастнопазирии миллӣ ва ҳифзи сарзамину миллати аҷдодӣ аст.
Ҳар қавме, ки дар қадами аввал худшиносии мардумии худро ҳифз мекунад, пирӯз мешавад. Ин ҳаққи табиъӣ ва машрӯъ аст ва иртиботе бо масъалаҳои мазҳабӣ надорад.
Ин як асоси ҳувият барои зинда мондани ҳар миллат аст. Пас, мо бояд ифтихор кунем, ки тоҷик ҳастем.
Маънои тоҷик будан-зинда нигоҳ доштани миллат ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аст.
Ҷангҳои башар дар тамоми таърих, пеш ва пас аз ислом, ҳамеша бар асоси ҳувият ва тамаддун будааст. Ба таърихи инсоният назар афканед-ҳар империя бо хун шакл гирифта ва бо хун суқут кардааст.
Аз ин рӯ, ҳувият барои як миллат як арзиши табиӣ аст: ҳар миллате, ки ҳувияти худро ҳифз кунад, миллат ва сарзамини худро нигоҳ медорад ва зиндагии худро идома медиҳад. Ҳар қавм аз адреси ҳувияти худ вориди майдон мешавад ва ба шакли низомии худ як артиши ҳувиятӣ ва динӣ месозад, ки бо он сарзамину номусашро ҳимоят мекунад.
Ҷаҳон имрӯз ҷаҳони зӯргӯӣ ва ишғолгарӣ аст, зеро табиати инсонҳо бар асоси нафс ва ҳирси ҳукмронӣ сохта шудааст, на бар асоси арзишҳо.
Агар инсон бар асоси арзишҳо зиндагӣ мекард, пас чаро бародар бародарашро мекушад?
Зеро инсон аз рӯи нафси худ амал мекунад ва аз ҳар арзиш-хоҳ динӣ бошад, хоҳ фарҳангӣ-барои мақсадҳои нафсонии худ истифода мебарад.
Имрӯз мебинем, ки истеъморгарони ҷаҳон метавонанд барои як гурӯҳи мардум дин, мазҳаб ва ҳатто ҳувият эҷод кунанд,то онҳоро идора кунанд. Пас, дар асл ин нафси инсон аст, ки бо пул харидуфурӯш мешавад ва ба шаклҳои қавмӣ ё ҷаҳонӣ таҷассум меёбад.
Ҷангҳои инсонӣ дар тӯли таърих асосан барои ҳукмронии қавмӣ ва густариши тамаддуни қавмӣ буданд-яъне паҳн кардани ҳудуди қавм ба қимати нобудии дигарон.
Таҷрибаи гузашта-аз ҷумла он чи баъд аз ҷанг бо Шӯравӣ рӯй дод, вақте артиши муқовимат ба ҳукуматҳои он замон таслим шуд ва бо вуҷуди ваъдаҳо ба мардуми тоҷик раҳм нашуд-бояд дарси ибрат бошад.
Майдони сиёсӣ ва ҷуғрофии мо дар нуқтаи таниш қарор дорад. Дар ҷаҳони имрӯз, ки низоми чандқутбӣ шакл гирифта ва Амрико низ бо роҳи ниёбатӣ ба рақибони худ ворид мешавад, минтақаҳои исломӣ-бахусус Афғонистон- ҳамчун саҳнаи ин моҷароҳои ниёбатӣ интихоб шудаанд. Дар Осиёи Марказӣ ва Ироқ низ омодагӣ барои ин навбатсозӣ дида мешавад.
Кишвари мо ҳам аз берун майдони истеъморгарон ва ҳам аз дохил аз ҷониби қавмҳои ишғолгар зери фишор қарор дорад. Дар чунин шароит ва бо чунин қудратҳои манфиатҷӯ, поёнии ваҳдати воқеӣ ғайриимкон менамояд.
Мардуми Эронӣ метавонанд дар доираи як давлат ба таври миллӣ муттаҳид бошанд, зеро он кишвар миллитар аст ва қавмҳои он ҳамсозии фарҳангӣ доранд.
Мо тоҷикон дар чунин саҳнаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ танҳо як роҳ дорем:аз адреси ҳувияти худ вориди майдон шавем ва миллати худро аз назари ҳувият муттаҳид созем.
Боқӣ худо ҳофиз!
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол, хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» ва ҳамсафонатон. Бароятон саломатӣ ва пирузӣ хоҳонам
Ман ҳамчун як хизматчии давлатии нохияи Рудакӣ, корманди соҳаи тиб мебошам. Мехоҳам аз озору азияти омад омади президент каме ҳам бошад бигӯям.
Дар назар аст дар санаи 15 ноябр президент ба ноҳияи Рудакӣ ба ҷамоати деҳоти Роҳатӣ сафар кунад. Аммо ин сафар не, балки як зулм ва озору азияту ташвишу сарсону саргардонии як ҷамоа шуда истодааст, боиси норозигии мардум шуда истодааст. Мо кормандони тибро ҳарруз ба ҷамоати деҳоти Роҳатӣ мебаранд, то ки гирду атрофи он корхонаву ташкилоте, ки президент сафар мекунад, рӯбучин ва тоза кунем. Моро аз пагоҳирӯзӣ то нисфи шаб сарсону саргардон карда гушнаву ташна нигоҳ медоранд. Магар дар ноҳия корхонаи хоҷагии комуналӣ вучуд надорад? Магар ноҳия тавони тозаву озода кардани гирду атрофи иншооти ба истифода медодагиро надорад? Ростӣ, тааҷчуб овар аст ки соҳибкор биноро созад, баъди сохтани соҳибкор кормандони ноҳия корҳои шинонидани гулу бутаҳоро анҷҷом диҳанд ва тозаву рубучин кунанд, пас мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чи кор мекарда бошад? Ба фикри шахсии ман агар чунин сарсону саргардониҳои беохиру бемаъно дар сафарҳои президент бошад хоҳиш мекунем тағйироте ворид кунанд, чунки 2 моҳ пеш аз сафари президент мардумро сарсону саргардон мекунанд. Ба сари ҳар як корхонаву ташкилот як супорише медиҳанд. Ба мо кормандони соҳаи тибб харидории гул ба 120 ҳазор сомониро супориш кардаанд. Ба сардухтури мо -главврач Ҳикматуллозода Абдуғаффори раиси ноҳия супориш додааст, ки ин маблағро дар фалон число оварда супор. Ростиӣ,сафари президент як дарди сар шуда аст барои мо.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародари муборизи рҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Намедонам ин номаи ман ба дасти Шумо мерасад ё не. Соли саввум аст ки шиштагиам. Гуноҳи ман бо моддаи 307. Лайк мондаму поделитсия кардам. Ҳозир дар усиленнийи Хуҷанд ҳастам. Ман аз Истаравшан. Ранги ман дар ин зиндони низомаш пурзӯри шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар, садҳо гӯем ҳам хато намекунем. Маро аз Русия гапзанон карда оварданд. Гуфтанд, ки ариза навису узр хоҳ туро озод мекунанд. Ман ба номи вазири дохила ариза кардам. Омадам, аммо маро 6 солу 6 моҳ доданд. Наздик 6 моҳ дар СИЗОи Хуҷанд будам. СИЗО мушкилоти худро дорад, ки ногуфтанӣ. Чанд адад камераҳои беҳтар дорад, ки барои онҷо ҷой гирифтан бояд камаш 200 доллар диҳӣ. Ҳатто матрасу болишт дар онҷо нарх дорад. Барои свиданкаи дарозмуддат аз 800 то 1000 сомонӣ медиҳӣ. Об надорад. Бо соат об медиҳад. Бӯю таф.
Дар зиндон шароит фарқ мекунад. Оббозӣ хурокпазӣ беҳтар. Аммо инҷо ҳам барои 307 -хоинҳои ватан, тарафдорони Муҳаммадиқбол хуб нест. Инҷо ҳама шуморо хуб мешиносанд. Гоҳо дар инҷо ҳам аз телефони назоратчиҳо барномаҳои шуморо мебинем. Пул ҷамъ мекунему медиҳем, телефонашро медиҳад.
Вақте ман омадам инҷо ҳама интизори амнистия буданд. Маро мегуфтанд, ки бахтат баландӣ кард, зуд мебароӣ. Гапгап буд, ки бахшида ба қабули сисолагии Конститусия дар соли 2024 афви золотой мекунад. Кормандони зиндон ҳам ҳамин хел мегуфтанд. Аммо нашуд. Ҳоло ҳам инҷо ҳама ба умед. Инҷо чихеле гушна нону ташна об хоб мебинад ҳама амнистя хоб мебинад. Ҳозир ҳам зиндониҳо боз ба ҳамин умед, ки рӯзи 6 ноябр фармони Президент мебарояд, рӯзи 16 ноябр мебарояд худро тасалло дода гаштаанд. Аммо ман умедамро кандам. Аммо инҷо зиндониҳо чандин сол нишаста мегӯянд, ки 10 соли ахир зиндонҳо то ин андоза пури одам набуд. Барои ҳама чиз проблема. Зекҳо зиёд. Барои свиданкаву дачка ҳамеша навбат.
Агар ин номаи ман қироат шавад, мо огоҳ мешавем. Ва, сипас ман ба шумо бисёртар менависам.
Аммо, як чизро ба шумо мегӯям. Дар ин зиндон тарафдорону мухлисони шумо хеле зиёданду ҳама интизори амалкарде аз ҷониби шумо пойда шиштанд.
