Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №27

Ислоҳ нет

Ҳар рӯз ба мо аз қишрҳои гуногӯни мардум номаҳои зиёде мерасанд. Ин номаҳо бозгӯйкунандаи вазъият ва ҳолати нависандагони он мебошад. Бархе занг мезананду бо сад оҳу фиғон мегуянд ман наметавонам навишта вале бояд ин дардамро гуям ва шумо онро расонаӣ кунед. Бархе бо садо ба мо чунон шикоятҳое менамоянд,ки аз шунидани онҳо дилҳоямон реш мегарданд, ки наход ин ҳолат дар кишваре бо номи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад. Чунон мардум дар вазъият ва ҳолатҳои сангине қарор доранд, ки хобу роҳатро аз сари мо берун намуда аст. Агар мо ҳар рӯз чанд матлабҳои “номаҳо аз ноҳияҳо…”ро нашр намоем боз ҳам чизе аз ин шикоятҳои фарвони мардумро натавонистаем расидагӣ карда. Мо як расона ҳастем ва то имконоти доштаамон метавонем ин хидматро анҷом диҳем. Дигар суханро ба дарозо намебарем ва мепардозем ба ончи имкони нашри номаҳои ба мо расида дар ин қисмати 27 ум.

Қубодиён Ҷ.Утқара Назаров

Ассалому алайкум акаи Мухаммадикболи Садриддин умедворам сиҳату саломат ҳастед.

Ман  аз н.Кубодиён ҷамоати Утақара Назаров дехаи Бошқала ба фикрам шинохтед аз Шумо мо миннатдорем, ки дарди дили моро гуфтед ва моро хело хушҳол кардед модарам то ҳол дар ҳар як сари дастархон ва ҷои намоз дар хаки Шумо ва аҳлу оилаатон дуъо мекунанд,ки хамавакт сиҳату саломат бошед дар сари мо мазлумон.

Ба шумо як хабар доштам агар имконияташ бошад нашр мекардед дар бораи ҷиноятҳои Генерал Бузмаков Аламшозода Абдурраҳмон.

Мо дар ҷамоати Утақара Назаров ду миллат зиндагонӣ мекунем Узбекҳо ва Тоҷикҳо яъне Тоҷикони Ғарм Дуто деҳа як Ҷамоат дорад Бошқалъа ва Камароб зани Бузмаков аз деҳаи Камароб аст.  Бузмаков зуд-зуд ба ин деҳа омаду рафт мекунад! Хусурбачаҳои Бузмаков муовини ВКД ҳаммаашон наркобизнес мебошанд!

 Рӯйи рост ба ҳамма наша мефурӯшанд ягон кас ягон чиз намегуяд чортояш ҳаминхел корҳоро мекунанд номҳояшон якум Балаҷон Дуюм Умедҷон Сеюм Ҷамшед Чорум Амир! Агар хато накунам соли 2014 ё 2015 буд як занакро дар ҳамон деҳа бераҳмона куштанд.

 Яъне Балаҷон ва Ҷамшед ҳардуяшон.  Дар болои қишлоқамон як боғи зардолу доранд вақтҳои шом дар ҳамон боғ наша зада мешинанд дар ҳамон вақт як занаки дигар деҳа бо духтари 13 солааш аз кор ба хона рафта истода буданд, ки ин ҳарду мебинанду духтарчаи ин занро таҷовуз кардани мешаванд. Балаҷон ва Ҷамшед аз пешашон баромада модарро як мушт мезананд модар меафтад ва духтарчаро аз дасташ гирифта ба боғ медароранд либосҳои духтарро даронда таҷовуз кардани мешаванд. Дар ин вақт модари духтарча ба ҳуш омада сангро аз замин мегираду Балаҷон-ро мезанад ҳамонвақт ҳардуи онҳо духтарро монда ба модараш мечаспанд ҳамон вақт духтар модарашро монда мегурезад.  Масофа байни боғ ва қишлоқи онҳо ду километр аст духтарча ба сӯйи хонаашон давида меояд ба хонаводаашон ҳодисаро нақл мекунад, ҳаммаи ҳамсояҳо ва хонаводаашон доду вой карда ба боғ мераванд, мебинанд ки ҳардуи онҳо занакро то дараҷае бераҳмона латукӯб карда ба бераҳмтарин ҳолат ӯро куштаанд. Бовар кунед ҳамон вақт овоза шуда буд, агар нақл кунам дилатон аз зиндаги мемонад.  Занакро таҷовуз карда баъди таҷовуз шикамашро бо чуби дарахт даронда рудаҳояшро дар сараш печондаанд. Ин ҳодисаро хонаводаи зан яъне хусураш бо чашмонаш мебинад ва аз болои келинаш ҳардуи ин хусурбачаҳоро мегирад яъне Балаҷон ва Ҷамшед қариб 5-6 нафар мебинанд ки ҳардуи онҳо занро куштаанд ин ҳодиса дарҳол овоза шуд дар тамоми Қубодиён.

Аммо ҳардуи онҳо яъне Балаҷон ва Ҷамшед-ро ягон кор накарданду як камбағали бечораро барои  мардумро хомӯш кунондан турма карданд ин касе ки турма шуд номаш Аюб мебоша. Ин Аюб худаш 6 моҳ шуд аз турма баромаданашро боз чихеле ки рафта ӯро рози кунониданд, ки аз ҷойи мо рафта гуноҳро ба гардан бигир мо оилаи туро нигоҳу бин мекунем гуён Аюб -ро рози кунониданд. Аюб ҳамаи корро ман карда гуфта ӯро турма карданд хешу табори ин зан хело даво дав кардан ки келини моро ин накуштааст ва духтарчаҳам ба суд гуфт ки модарамро ин мард накушта буд. Аммо ягон кас гӯш накард. Инҳо то Генералний Прокуратура ариза навиштанд, ки мо бо чашмонамон дидем ки келини моро ду нафар куштанд яъне Ҷамшед ва Балаҷон хусурбачаҳои Аламшозода Абдурраҳмон муовини вазири корҳои дохилӣ. Лекин ягон натиҷа надоду Аюб турма шуда рафт.

 Ин нақшаву ин корҳоро  анаҳамин Бузмаков шахсан худаш тарҳрезӣ карда будааст, барои ҳамин ин хусурбачаҳо то ҳол дар озодиянд. Агар бовар накунед ҳамма медонад имконият дошта бошед як комисия ташкил кунед раванд ба қишлоқ касоне, ки бо чашмҳояшон дидаанд ҳодисаро то ҳол зинда ҳастанд ва агар натарсанд аз ҷонашон ҳамаро мегуянд.  

Ҷиноятҳои Бузмаков дар Қубодиён бениҳоят зиёд аст, ки бовар намекунед. Агар ин халқи тарсончак нотарсида бароянду гуянду нависанд чандин китоб мешавад.

Ман як дақиқаҳам хомӯш намеистам акаи Муҳаммадиқбол чизеро ки пайдо кардам норезондаву ночаконда менависам ин халқи тарсончак бинанду фаҳманд, ки киҳо чикор карда истодаанд.

Ҳамсари ман аз мардуми ғарм мебошад. Худоро шукр зиндагонии хубе дорем. Ҳамсарам ба ман як сирро фош кард тақрибан 3 ё 4 сол шуд медонистааст ин Генерал Бузмаков дар як моҳ як бор ба қишлоқ меомадааст фақат шабона меомадааст ягонкас намедонистааст омада рафтанашро ба ғайр аз хонаводаи занаш ҳатто мақомоти Қубодиён хабар намеёфтааст. Мо як ҳамсоя қишлоқ дорем номаш Подстанция дар он ҷо як ҷодугар занак зиндаги мекунад пеши ҳамин омада мерафтааст.  Ба назди ин ҷодугар ҳарбори омадагиаш ҳар касро суратҳояшонро меовардааст ки ҳаминҳоро чашмонашонро кӯр кун, ки маро чашми дидан надоранд гуфта як туморе карда медодааст туморро гирифта боз ҳамон шаб мерафтааст ин сирро яке аз наздикони он зани ҷодугар ба ҳамсари ман нақл карда аст ва ин корро тез тез анҷом медодааст.

Боз як ҷинояти дигари Бузмаков дар ҳамин қишлоқ як Ҳоҷи Фарҳод гуфтани шахс аст бисёр пулдор аст дар Свердловский област магазин доштааст лекин дар ҳақиқатан ҳам пулдор аст. Ҳар сол дар деҳа дар моҳи Рамазон 2 камаз орду равған хайр мекард.  Ва ман ин хайрҳояшро бо чашми худам дидаам. Чи бизнесе мекард дар Россия мекард. Лекин аз деҳа то маркази ноҳия 7 километр роҳҳо беҳад вайрона буд соли 2010 ё ин ки 2012 буд аниқ намедонам ҳамин Ҳоҷӣ Фарҳод хост ки ҳамин 7 километр роҳҳо-ро аз ҳисоби худ асфалтпӯш кунад аммо ҳукумати ноҳия ба ӯ гуфт ки агар асфалт кардани боши пулатро бар ҳисоби ноҳия гузарон мо худамон мекунем. Ба ин таклифи ҳукумат Фарҳод розӣ нашуд ва гуфт ки ман худам мекунам медонист, ки ҳукумат фиреб мекунад.

Ҳукумат бар ӯ иҷоза надод, то ин ки асфалтпӯш куниро шурӯъ кунанд. Баъди ин Ҳоҷӣ Фарҳод рафт ба Русия ва чандсоли дигар наомад ба қишлоқ. Инро хусурбачаҳои Бузмаков ба Бузмаков мерасонанд, ки дар қишлоқамон як бизнесмени боқувват дорем гуфта Бузмаков инро фаҳмида пурсуҷӯ мекунад мебинад, ки дар ҳақиқатан ҳам пулдор аст ва дар нақшаи подстава меафтад ва соли 2015 ё 2016 буд ки гап-гап шуд як додари Ҳоҷи Фарҳод номашро аниқ намедонам Фаррух буд ё Наҷиб бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ яъне ҲНИТ дар Германия ҳамкори мекардааст гуфта дар розиск медиҳанду аз Русия оварда маҳкам мекунанд ин корро 100% Бузмаков мекунад. Баъди ин кор Ҳоҷӣ Фарҳод ҳамин қадар даводав карда додарашро баровардани шуд натавонист. Ӯро 25 сол доданд яъне додари Фарҳод-ро. Баъди ин кор Ҳоҷӣ Фарҳод ба Тоҷикистон омада натавонист ки чикор кунаду додарашро барорад назди чандин нафарҳо рафта чиқадаре пул хоҳед медиҳам аммо додарамро раҳо кунанд вале ҳеҷ кас ба гардан нагирифт баъдан хусурбачаи Бузмаков Балаҷон ба Фарҳод мегуяд агар хоҳи ман ба язнаам мегуям шояд бо ягон роҳ мебаровардагист. Фарҳод ба ҳама кор рози буд барои баровардани додараш ва Фарҳодро Балаҷон ба назди Бузмаков мебарад вазъиятро мефаҳмонад. Бузмаков мегуяд ки илоҷаш ҳаст камтар сабр кун тақрибан 2 ё 3 сол гузарад баъд ягон илоҷ мекунем мегуяд.  Фарҳод розӣ мешаваду як илтимос дорам агар илоҷаш бошад то 2-3 сола ҳамин корро кунед. Бузмаков мегуяд чи хоҳиш дори Фарҳод мегуяд то бароварданама додарамро азоб надиҳед дар зиндон чанд суме ки даркор бошад медиҳам ба ин пешниҳод Бузмаков розӣ мешавад ва мегуяд ман ставкаи турмаро мефаҳмам баъд ба ту мегуям ҳамон қадар пул дода меисти. Фарҳод рози мешавад ва баъди чанд рӯзе ба Фарҳод мегуянд, ки ҳар моҳ 200 ҳазор рубл дода исти додаратро ягонкас намерасад ва бо хурду хурок таъмин мекунемаш.  Фарҳод розӣ шуда ба россия бар мегардад ва мо фаҳмидем, ки дар ҳақиқатан ҳам ҳар моҳ ба Бузмаков 200 ҳазор рубли мегузаронидааст ва додараш дар зиндон ба мисли хонаи худаш зиндаги мекунад. Аз байн 3 соли гуфтагиашон расид соли 2019 Ҳоҷӣ Фарҳод аз Россия меояд ва назди Бузмаков рафта мегуяд, ки ака ина аз байн ҳамон 3 соли гуфтагиатон гузашт чикор кунем, акнун барорем додарамро. Бузмаков мегуяд ки пули беҳад калон даркор аст барои баровардани додарат. Фарҳод розӣ шуда мегуяд чандсум даркорай ё чикор кардан даркор аст? Бузмаков нақшаашро мефаҳмонад мегуяд ӯ бояд коре куни ки овозаат то президента рафта расад.  Бузмаков мегуяд давлатро обод кардан лозим Фарҳод розӣ мешавад ва мегуяд чикор кунам ака Бузмаков мегуяд роҳ соз кун боғчаи бачагон мактаб соз кун Фарҳод розӣ шуда сохтмонро аввал аз Душанбе оғоз мекунад ва дар Душанбе дар як сағерахона боғча сохта медиҳад.  Пас аз он ин бо президент ба кадом ноҳияе меравад пеш аз рафтанашон чандто салдат ва милисаҳо мераванд ҳамаи ҳаминҳоро масрафашро Фарҳод медиҳад. Бузмаков ба ҳаммаи генералҳо мегуяд ки ман як шогирд дорам ҳамин шогирдам ҳаммаи масрафҳоро пардохт мекунад.  Фарҳод баъд ба қишлоқ меояду обод кардани қошлоқро шуруъ мекунад, роҳҳои қишлоқро обод кард аз қишлоқ то марказ бо дарунҳои қишлоқ ва баъд дар ноҳия як маъориф сохт дар қишлоқ як мактаб сохт ва дар назди ноҳия як парчами калон сохт. Баъди ин корҳо Бузмаков барои лентабури ба ноҳия худи президент-ро якчанд моҳ пеш овард.  Ҳамаи ин биноҳоро президент боз кард дид, ки ин як соҳибкори нағз будааст пас аз он додари бе гуноҳ зиндоншудаашро бо фармони худди президент озод карданд.  Ҳаммаи ин сохтумонҳояшро ба ҳисоби давлат гузарониданд ва боз як чанд нақшаи дигар ҳам доданд ҳамин корҳоро мекуни гуфта маҷбур аст акун онҳоро иҷро кунад.

 Ягон роҳи гурез надорад чиқадаре ки хоҳанд акнун ин Фарҳодро истифода мебаранд. Боз мо фаҳмидем, ки баъди озодкардани додараш Ҳоҷи Фарҳод як супермаркет ва як ресторан доштааст ба Бузмаков дода будааст дигар илоҷ нест додарашро баровард.

Дар Свердловск чанд соҳибкор ё ин ки пулдоре ҳаст ҳар моҳ ба Бузмаков доля медиҳанд ҳаммааш ба дараҷае тарсидаги ҳастанд, ки мабодо падстава карда мороҳам набаранд гуфта бар сари ин ғармиҳои қишлоқ Бузмаков ба воситаи хусурбачаҳояш зулм карда истодааст.

Бар сари мо бошад хусурбачаҳои Эмомалӣ Раҳмон яъне Муҳиб, Раҳматулло через Шӯҳрату Аъзам. Ин ша’а Аллоҳ ин зулмҳояшон дер давом намекунад.

Боз хелло маълумотҳои зиёде дар бораи Бузмаков ҳаст ин шо Аллоҳ пайдо карда ҳатман менависам.

Шахсан худам кор карда истодаам дар бораи ин золимон. Ин шо Аллоҳ боз дар бораи замначалникҳои Қубодиён ва суди Қубодиён маълумотҳо ҳатман равон мекунам. Чандин духтаронро таҷовуз карданд ва то ҳол аз чандин касон бо роҳи фиребу қаллобӣ пул кор карда истодаанд ҳаммаашро мерасонам ба шумо.

Номҳо:

Зани кушта шуда; Насибахон

Ҷодугар; Ойкиз

Замначалникҳо;

1. Камолиддин

2. Ҳоким

3. Дилшод

Суд

1. Назариён

2. Толиб

Мо бо шумо ҳастем ва Ин шо Аллоҳ то охир бо шумо муборизаро давом медиҳем Муҳаммадиқболи Садриддин Аллоҳ нигаҳбонтон бошад

Мо интизори барномаҳои шумо ҳастем!

Вазорати КХ ҶТ- Дипломати Ховалингӣ

Сафарзода Баходур Давлат

Сардори сарраёсати консулии Вазорати корхои хоричӣ аз Ховалинг мебошад. Сарраёсати консулиро ба мини Ховалинг табдил додааст. Ҳама ҷоиҳои даромаддори ВКХ мардуми Ховалинг мешинанд, консулиро ба монанди корхонаи шахсияш кардааст.  Ҳама консулҳо дар хориҷ аз кишварро бо пешниходи хаминкас аз Ховалинг мемонанд. Мисол ҷиянаш Умед консул дар Олмон, ҷияни дуввумаш Саидмуродов Азизулло корманди консулӣ дар Москва ҷияни сеюмаш Дӯстов Толиб корманди сарраёсати консули. Инро низ бояд қайд намоем,ки Сарраёсати консулӣ аз ҷониби Озода Эмомалӣ назорат мешавад. Дар ҳоле вазири корхои хориҷи ҷаноби Сироҷиддини Муҳриддин бояд роҳбарӣ кунаду интихоб намояд. Баҳодур Сафарзода ба назди Озода рафта Озодаро боварикунонида аст, ки танҳо ман бо Ховалингиҳо корро пеш бурда метавонам ва ҳама вақт дар хориҷи кишвар мо дар хидмати шумо ҳастем. Агар ҳар коре дар кишвар сурат гирад мутмаин бошед,ки ҳама консулгариҳои кишвар бе чуну чаро дар хидмати ҳеҷ касе аз оила не танҳо шумо хоҳанд буд. Ана бо ин ваъдаҳо  Баҳодур Сафарзода Консулии Вазорати хориҷӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишварро ба Ховалинг табдил додааст. Маблағи пулии хуб ҳам ба Озодаи Эмомалӣ моҳона медиҳад.

Баҳодур Сафарзода соли 1979 дар Ховалинг таваллуд шуда ихтисосаш ҳуқуқшинос аст. Ӯ солҳои 2009-2013 консул дар Тошкант буд. Дақиқан дар он солҳои муносиботи бади Тоҷикистону Узбекистон , аз хисоби виза додан ба узбекҳо дар Ховалинг Қасри бо ҳашамате  сохт ва пули зиёде ҳам ба даст оварда буду онро ба Озодаи Эмомалӣ дод. Пас аз Узбекистон ӯро солхои 2013-2016 сардори раёсати персонализация монданд ва баъдан Озода сахт дастгириш карду солҳои 2016-2018 генконсул дар Дубай кор кард. Аз соли  2018 инчониб Сардори Сарраёсати Консулии Вазорати Корхои Хориҷӣ мебошад. Инро низ бояд зикр намоем,ки яке аз корҳои сердаромади дигараш Аз Афғонҳои бечора барои визаи Тоҷикистон аз 1000 то 1500 доллар мегирад. Муфассал дар мавриди тиҷоратҳо, хонаҳо, коррупсиянер буданаш ва дигар корҳояш ҳатман менависем, то ӯро хубтар шиносанд. Мо дипломатҳо ба ҷой онки аз вазирамон хоҳиш намоем, аммо медонем аз дасташ чизе намеояд. Акнун маҷбурем аз “Ислоҳ” хоҳиш намоем,ки пеши роҳи ин Ховалингии гушнаро гиред.

Ваҳдат

Асалому алайкум писарам Муҳаммадиқбол номай моро бихонед лутфан нома аз шаҳри Ваҳдат ҷамоати Абдулло Абдулвосиев

Раиси ҷамоат Абдулло Абдуллоев пештар корманди  кумитаи замини манзили зисти дар шаҳри Ваҳдат кор мекард кормандони мубориза бо коррупсия 5 соли пеш бо гирифтани ришва дасгираш намуданд муддати 3 сол дар зиндон буд . Пас аз иваз шудани раиси шаҳр ӯро аз зиндон озод намуданд ва дар ҷамоати Абдулло Абдуллоев раис шуда ба кор гузоштанд. Писарам Муҳаммадиқбол дар ҷамоати мо тамоми ҷавононеки синашон ба хизмати ҳарби расидааст вайени билети нигодни карда метиянд бар ивази аз 4 то 10  ҳазор сомонӣ.  Аммо мавсими даъвати ҳарби саршуд боз падарони ҷавононро даъват мекунанд бо ҳамроҳи амниятиҳо боз пул талаб мекунанд. Дар ҷамоати мо пора хури дар ҷои аввал меистад, як справкаи оилавиро то 20 сомонӣ пул талаб мекунанд . Дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ раиси ҷамоат аз ҳар деҳа аз мулоҳои деҳа аз ду то панҷ ҳазор сомонӣ мегирад мегуяд ё ду сарбоз метед ё пул то хоҳишашон иҷро шудан. Боз бадбахтии дигар ин аст,ки  дарҳои масҷидро мебанданд ва мардумро маҷбур мекунанд, тавассути котиби раиси ҷамоати Абдулло Абдулвосиев Ҳикматулло, ин шахс бисёр нафси калон дорад барои як справка то 250 сомонӣ пул талаб мекунад. Ин Ҳикматулло як хислати дигари бадаш ин аст,ки  дар даруни деҳаҳо мегардад агар ягонкас дар ҳавлиаш сохтумон карда истода бошад дарҳол рафта учасковиро равон мекнанд барой тафтиши иҷозати сохтумон доштанатон. Масалан сертификат доред гуфта меояд ва рӯйи рост пора талаб мекунанд. Охир наход дар ватани худамон натавонем дар ҳавлии худамон иморат созем. Дар як хона чор панҷ оила зиндагонӣ мекунем. Бачаҳо ба Русия мераванд барои кор кардану зиндагониро беҳбуд намудан, то иморате созанд. Пули мефиристодаи бачаҳомон дар додани пора меравад. Боз иморат тамом шуда аст ва ё не як баҳонаи дигар кати меоянд боз пул талаб мекунанд. Охир мо магар ғулом ҳастем барои ин мақомот? Ин чи зиндагонӣ аст намедонем. Ба куҷо равем мо умрамон аз 70 сола гузашт ҳеҷ рӯзгори хуберо надидем. На фарзандонамон осуда, на мо пиру кампирҳо. Охир 43 сол кор кардам натиҷааш ҳамин 120 сомон нафақа ва фарзандонамонро ба сери намебинем, поямон бар лаби гур расидаст. Охир ин чӣ зулм аст? Бар зами ин дар деҳаи Шарифободи ин ҷамоат директори пешинааш ними ҳавлии мактабро ҳуҷат карда ҳоло бошад бачааш зиндаги мекунад, деҳа мактабаш майда аст. Худованд ин золимонро хору ҷазир кунад писарам илтимос ин номаи мо мазлумони ноумед аз зиндагонии хубро нашр намоед, то инки дигарон бидонанд ки ин дунё абади нест. Акнун мо ҳарчи буд дар умри худамон дидем. Охир ин ҷавонон чиро интизор бошанд бо ин ҳолат ман ҳеҷ ақлам намегирад.

Исфара

Акаи Муҳаммадиқбол хуб ҳастед ман дар мавриди корманди корҳои дохили шаҳри Исфара дар бораи чанд Ҷинояткорияшон мехоҳам чанд маълумот диҳам. 

Номи сардорашонро аниқ накардам лекин аз Ворух аст. Бо яке дигараш Азим коргари 6ум отдел аз худи Исфара бисер сокинонро зулм мекунад бачаҳоро шантаж мекунад. Геракати подстава карда бисер бачаҳоро шинондаги ҳаст. Чанд духтарора тарсонда ба мошинаш маҷбур савор карда бурда таҷовуз кардаги ҳаст. Бечораҳо аз тарс хап карда гаштанд. Солеҳзода Ҷамшед ба наздики  қори Абдурауфро [Яҳё Рашидӣ] дар паспорт  постава карда шинонд. Қазияи подстава чунин аст ба ресторани Райҳон,ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст  даъват мекунад қориро коргари рестаран мегӯянд маро хонед Қорӣ мегуяд охир инҷо мумкин нест лекин бисер зора мекунад хулас қори розӣ мешавад  дар вақти хондан мебиёянду сиёмка карда дастгир мекунанд. Баъд мебаранду бисёр азоб медиҳанд мегӯянд гуноҳоро ба гардан гир мо туро авф мекунем. Ту гуки ман салафи ман наворҳои Муҳаммадиқболро тамошо мекунам лайк мемонам. Намедонам худи қори лайк монда буд ёки инҳо худашон сохтанд хулосаки бисер азобаш доданд маҷбураш карданд чигунаеки дар сӯд шоҳиди зинда будам судя аз қорӣ пурсид,ки ҳамаи ҳамин чизеки дар дело ҳаст асос дорад? Қорӣ дар ҷавоб гуфт аз ман 1 ҷумла мепурсиданд 10 ҷумла аз худашон қуш карда менавистанд. қориро маҷбур карданд ба зидди дигаро показания деҳ. Ҳамроҳи қори ду нафар бе гуноҳро Искандар ва Абдусамеъро зиндон карданд.  Гуноҳи онҳо ҳамин будааст,ки ҳамроҳи қорӣ  бо телефон ҷандбор сӯҳбат карда будаанд. Хулоса ба ҳар сеяшон  5 соли зиндон ҳукм содир намуданд. Ман аслан пештар қориро намешинохтам баъд аз забони чанд нафар шунидам,ки қории Муратаб(комили қуръон)  будаст чихелеки чанд нафар аз ҳам маҳалаҳояш дар суд шоҳиди доданд. Хулоса ҷиноятҳои милисаҳо мо бисер аст, хоссатан  ин Ҷамшедро агар аз шантажу подстава  бачаҳои бегуноҳ даст  накашад ҳама ҷиноятҳояшро ном ба ном  ба Ислоҳ мефиристем. Инчунин кормандони Амният Прокуратура Корҳои дохилаи Исфара қарор дошта агар зулмҳои шумо ҳаминхеле рафта истодааст идома пайдо кунад, ҳама ҷиноятҳоятонро ба “Ислоҳ”менависем.

Дар охир мехоҳам хитоб кунам! Пракурореки 5 ҳазор долар аз наздикони қорӣ Абдурауф гирифтию гуфти ман озод мекнам аммо фиреб карди пулро баргардонда бо хубӣ деҳ!  Агар барнагардони ин дафъа ном ва фамилия ва ончи медонем дар қазияҳои дигаре анҷом додаӣ ҳамаашро ба “Ислоҳ” менависем!  Аз Худо тарсед рӯзе ин Раҳмонов меравад ба ҳама ҷиноятҳоятон ҷавоб мегӯед!

Панҷакент

Ассаломуалайкум  устоди дину фарханг Мухаммадикболи Садриддин мехохам хабари муҳимро ба “Ислоҳ” расонам. Ин нома аз Ш. Панчакент Ҷамоати  Моғиён мебошад мавсими даъвати баҳории наваскарон дар мо идома дорад.  Раиси Ҷамоат Истамов Икром мебошад, номбурда бо зердастонаш ва нозири минтақавӣ яъне участкови баъзе  рӯз 5 кас баъзе рӯз 6 кас якчоя дар ба дари мардум мегарданд. Писари  касе бемор аст ё якаписар мебошад ё дар ягон донишгоҳ мехонад. Бубинанд камтар бе пушту паноҳанд дар ҳол падари ин номбурдаҳоро маҷбур ба идораш бурда грузитро сар мекунанд. Ана медони  фарзандат бо террористҳо ҳамроҳ шудаст, фарзандат бо “Ислоҳ” гап задааст, фарзандат лайк мондаст гуфта гапҳои дуруғро ба сари волидони он ҷавонписарон бор карда ва ё дигар туҳматро бор  карда аз ҳар як нафар аз 3000 ҳазор то 5000 ҳазор сомонӣ мегиранд. Устод Мухаммадиқбол инҳо ба халқу ватан фойдашон номерасад, танҳо  ба ришва гири овора ҳастанд. Хоҳиш мекунам ин номаро дар барномаи номаҳоятон ҷой диҳед!

Нуробод

Салому алекум ва раҳматуллоҳ. Ман …..(исму насаби нома навис дар “Ислоҳ” маҳфуз аст)   аз ноҳияи Нуробод Ҷамоати Изатулло Ҳалимов мебошам. Пас аз барномаи карда будед дар мавриди раиси ҷамоат боз дубора ин Эраҷ Наимов раиси чамоат таъин шудааст.  Мардуми ҷамоати Изатулло Ҳалимов рӯз надоранд. Хоссатан қишлоки Истон, ба номи Гирдоб як замин ҳаст, мардумро маҷбур дорад, ки 250 сомонӣ ҷамъ кунед, ки раиси ноҳия ва раиси ҷамоат картошка мекоранд дар Гирдоб. Охир дар қишлоқи Истон 130 хочагӣ зиндагонӣ мекунад.  Бо фармони раиси ҷамоати Изатулло Ҳалимов Эрач Наимов сари ҳар марди зандор 250 сомонӣ бояд маҷбури пардохт кунанд. Охир ҳадди ақал сари хочаги мешуд боз мегуфтем дарди ба хайр аст. Охир дар ҳар хона ба камиш ду ё се марди  ҳамсардор зиндагонӣ мекунад. Ин зулм аст барои мо ва тоқатфарсо аст бароямон.

Инро низ бояд расонем,ки Раиси ҷамоат Наимов Эраҷ бо чанд корманди ҷамоат ва муовини раиси ноҳия ва  участкови омада маҷлис карданд.  Эраҷ Наимов дар маҷлисаш гуфт: “аз раиси ҷамоат шикоят карден ба Мухаммадиқбол чи шиден? Зурен мардакен брен да ҳукмати Нуробод шикоят кунен.  Занако борин Мухаммадикболда нанависен.  Ман занг задм ҳамаша Муҳаммадиқбол ба ман гуфт,ки кӣ шикоят кардай аз Истон. Бдонен ҳамат да чорни спискаен, лишни кадоме ҳамидафа шикоят кунад капаш дуд кадагияй. Бдонен ин  гапои ма мегум мара ай боло меган бра мачлис кун мардма буфаҳмон ки ҷарастшона меброрем. Так что  чихели мегум ҳамухел букунен. Медонен раиси ШВКД  Саидзода Комил кӣ ҳаст? Дигар гапи зиёдати намегумту бфаҳмен худту.”

 Боз як масалаи дигар, як ҳавзаст, дар ҳамин қишлоқи Истонай 200 сомонӣ барои ин ҳавз ҷамъ бояд кунем будаст, то  пеши ҳавза бетон кунему маҳкам кунем. Мехоҳанд  обро пулаки кунанд ва дар ҳоле дар сарбонгаҳи обем.  Ин Наимов Эраҷ Валоҳи қасам на танҳо дар Истон инхли мекунад, дар ҳамаи қишлоқҳо мардума чоншона да қуртуқшон оварда аст. Охир куҷост  қонуни ҳукмати Рахмонов ва чаро шаҳрвандони кишварро, хоссатан мардуми куҳистон,ки ба зур зиндагонии худашонро пайдо мекунанд ба ин ҳолат мерасонанд мақомоташ вале касе назорат намекунад:

Дар охир  аз мардуми Нуробод дар умум ва аз сокинони  ҷамоати Изатулло Ҳалимов хоҳиш мекунам натарсед ҳукмат намебинад,ки шумо менависед дарду азобҳое бар сармон оварда истодаанд ин золимон. Илтимос ин ҳаромхурҳора ба “Ислоҳ” у Муҳаммадиқбол нависед, то инхели зулм бар сари мо нашавад дигар. Эй  мардум худтон дида истодаед,ки дар ҷамоати мо дигар мардҳо намондаанд аз дасти ин золимоне Раҳмонов бар сари мо таъин карда. Чанд марде мондааст дар ҷамоати Иззатулло Ҳалимов ё  кормандони давлатиянд ва боварам кунед унҳо ҳамаш дар қатори занакҳоанд.  Охирон хоҳиши ман аз мардуми Нуробод ин аст,ки  чи ҷинояте шуд аз тарафи ҳар мақомдорони ҳукумати ноҳия ҳатман нависед ба “Ислоҳ” ,агар сахт метарсен ба бачаҳое дар Русия буда нависед, то онҳо ба “Ислоҳ” навиштаи шуморо фиристанд. Ман аз дохили ҷамоат навишта истодаам ва ҳеҷ кас пайдоям накардааст ва танҳо тарс медиҳанд ин номардҳо. Аллоҳ шоҳид аст имрӯзҳо дар Нуробод ҳамон солҳои 1992-96 умро дида истодаам. Чихеле даромада буданд қир карда буданд мардҳоро ва занҳоро таҷовуз карда буданд. Ҳоло бо шакли дигар ин корро карда истодаанд бо мардуми мо. Валлоҳи ин дурӯғ нест ва ончи мебинам онро гуфта истодаам. Аз задан рупакимон кардагиянд, дардмона ба куҷо гуем дигар? Худоро шукр шумо ҳастеду дардамонро ба шумо мегуем ва садои моро ба ҳама мерасонед. Дуъогуем ҳарчи тезтар баргардеду ин режими золим равад, ки хаста шудаем….

Share This Article