Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №32

Ислоҳ нет

   Чуноне аз қироати номаҳо бароятон маълум мешавад ба тадриҷ харитаи навоҳӣ ва шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар барномаи «Номаҳо….» бузургтару комилтар мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо ирсоли номаҳо на фақат  мушкилоти худро дар миён мегузорнад, ҳамчунин ҳамовозӣ ва ҳамроҳиву ҳамфикрии худашон бо мо ва мо бо худашонро ба намоиш мегузоранд, ки бидуни шакку шубҳа чунин риволи кор ва густариш пайдо кардани он ва амиқтар рафтани ин равиш рашку ҳасодати Раҳмонови диктатор  ва дору дастаи ӯро ба вуҷуд меорад. Онҳо мисли саги девона ва сузанхурда шудаанд. Намедонанд, ки чи кор кунанд. Вақти қироати номаҳо худатон бештар ба ин ҳарфҳои мо муътақид мешавед:                                    

                                       Душанбе

   Салом, Муҳаммадиқбол бародар ва муборизи воқеӣ! Шумо, дар ҳақиқат ҳоло ба як умеду ба як рамзи мубориза бадал ёфтаед. Баъди чопи «Номаи боз»-и шумо, ки аз нақшаҳои шуми ин ҳукумати палиди маҳаллӣ -оилавӣ пардабардорӣ кардед, дар ин идора «срочно» ҳамаи маълумоти будагиро ҷамъ ва сипас пок карданд аз компютерҳо.

Дар қатъ гаштани барномаи “Минбари муҳоҷир” мақомот комёбии худашонро мебинанду ба роҳбарияти кишвар “рапорт” додаанд, ки мо аввал барномаҳояшонро қатъ мекунему баъд худашро меоварем. Аммо, боз ҳам нафароне, аз дохили худашон ба Шумо маълумотҳо равон мекунанд. Ҳозир инҳо бар ин назаранд, ки Кабириро оранду Муҳаммадиқболро “убрат” кунанд. Тарс дар он аст ки агар Муҳаммадиқболро оранд тамоми “цепочкаи данный тияндаҳоро” муайян мекунанду баъд..тамом… п…. Аммо инҳо ягон нақшаи мушаххас надоранду раҳгуманд. Ҳама мақомотҳо мехоҳанд худашон бар зидди Шумо “результат” нишон диҳанд.    

  Шумо зарбаҳоро дар барномаҳоятон хуб сар кардеду боз намедонем чаро, камтар қафо рафтед? Барномаҳои сохтаатон дар бораи “Наркокартел”-и тоҷикӣ бисёр таъсир кардагӣ буд. Як нафар аз дӯстонамон дар дастгоҳ гуфт, ки Зоир ба Раҳмонов гуфтааст, ки ман аз наркотик ҷудо шудан наметавонам, мафия маро мекушад. Гуфтааст, ки он тарафаш Қазоқистон, он тарафаш Русия, он тарафаш то Италия рафтагӣ аст. Чи тавр метавонам аз бозӣ бароям? Ҳамчунин намекат кардааст, ки чанд миллионро барои корҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ додааст. Вай гуфтааст, ки соли оянда тамоми маъракаи ҷашни таҷлил аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқӣ -демократиро бар уҳда мегирад. Гуё Раҳмонов гуфта бошад, ки коре кун, ки буяш берун набарояд.

  Шумо, ҳар илоҷе карда бояд барномаҳоятонро идома диҳед. Ошкоро бигӯед, ки мақомот аз ман хафа нашавед. Рустам, Озода, Зоир, Ҳасан, Исмоил, Юсуф Рахмон-Прокуратураи генералӣ, Рамазон Раҳимзода-МВД, СС.Ятимов-КГБ ва дигару дигаратон. Ин одамҳои худатон ҳастанд, ки занг мезананду маълумот мефиристанд.  Муовинҳоятон, сардони Раёсату сардорони шуъбаҳоятон мефиристанд. Худатон худатонро мефурӯшеду боз аз ман шикваву шикоят мекунаед. Мо дар инҷо аз куҷо медонем, ки дар круги Рустам, дар ҷогаҳи Озода, дар бизнеси наркотики Зоиру дигару дигар киҳо “қуш”-у ҳамроҳанд. Ман аз куҷо донам, ки бо Шералӣ Кабиров, асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон кӣ ҳамроҳ асту чи тавр вай тавонистааст, ки Ҳасан ва худи Раҳмоновро ба миллионҳо доллар кидат кунад. Ба мо гуфтанд, ки имрӯзу фардо тафтишоташ муайян мекунад, дар ин гурӯҳи Шералӣ киҳо ҳастанду чи гапо ҳаст ва чи тавр Шералӣ мимо ба миллионҳо доллар “откат” кардааст.  

 То ҷое аз вазорати хориҷаи Тоҷикистон маълумот ба дасти мо расид, ҳоло ин вазорат қасд дорад, ки тавассути сафорати Тоҷикистон дар Фаронса дидору мулоқоти Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистонро бо вазорати адлияи Фаронса ташкил кунанд. Бояд сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Фаронса расман дархости ҳамчунин дидору мулоқотеро кунад ва аз рӯи шунидаи мо мехоҳанд ин мулоқот дар Фаронса дар нимаҳои моҳи сентябр сурат бигирад. Хуб, ин маълумотро нашр мекунед ё не, ихтиёратон. Аммо маълум аст,ки ҳадафи ин сафар чӣ ва кӣ аст? Даҳони шуморо бастан ва дастгир кардану овардан ба Тоҷикистон аст. Шумо дар ҳақиқат ҷони инҳоро ба лабашон овардаед, васвосу девона кардаед. Барои ҳамин фақат барои онки даҳани шуморо бибанданд, ҳозир талоши вохӯрӣ карда истодаанд. Шумо набояд сокит бошед….

                                            Ёвон

 Салом домулло Муҳаммадиқбол! Дар шумораи пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи Маҳмуд Шарифзода, прокурори ноҳияи мо навишта будед, ки сабаби асосии барканории вай аз ин вазифа надодани «доля» ба Прокурори генералӣ аст. Бовар мекунед, ки барои имзои як участкаи наздиҳавлигӣ «шапка»-и прокурор 18000 сомонӣ буд. Аммо ман ба шумо як маълумоти дигарро мерасонам, ки дар Ёвон на фақақт прокурор, балки аз худи раиси ноҳия-намояндаи раиси ҷумҳурӣ сар карда то раиси ҷамоату участковий ва корманди вус-мизи ҳарбӣ порагиру порахуранд. Медонед сабабаш чӣ аст? Барои онки ягонтои инҳо дар ин вазифаҳо бепул наомадаанд, ҳамаашон вазифаҳояшонро харидагианд. Худи ҳамин раиси ноҳия дар як ҷамъомаде ё дар кадом маъракае мегуяд, ки ин мардуми Ёвон бисёр ҳам пасту далбаёб, табармусулмони беспантовий будаанд. Бо инҳо кору муомила сахт душвор аст. Хуллас, аз кадом коре, ки буд нашудааст, сахт шикоят мекунад. Дар ҳоле, ки ман аз як рафиқам, ки дар амният кор мекунад, шунида будам, ки ҳамин нафар барои онки раиси ноҳия таъин шавад ба «боло» 1миллиону 750 ҳазор сомонӣ наздики 200.000 доллар дода будааст.  Ин гапзании ӯро кадоме ба навор гирифтааст. Вақте ба вай амният эрод мегиранду мегуянд, ки пас чаро болои сари ин мардум меистӣ, мегуяд, ки бимонед ман хароҷоти кардаамро пас бигирам, ақалан пули худамро гирам аз вазифа меравам. Вақте донишгоҳро хатм карда хостам дар амнияти Ёвон ба кор дароям рӯирост гуфтанд, ки 65000 сомонӣ биёр, корат мегирем. Аммо гуфтанд, ки баъди се сол кабинет мегирӣ. Сардори амният руирост ҳамин гапро гуфт. Як паспортний стол, ки тобеъи ШВКД-и ноҳия Шомиддин Ҳасанов аст ба 150.000 сомонӣ вазифаашро харидагӣ аст. Раиси идораи ЗАГС-и ноҳия 100.000 сомонӣ нарх дорад.

  Дар бораи Прокурори генералӣ инро мехоҳам бигуям, ки як писари тағои ман ҳуқушиносиро буд кард. Вай дар Прокуратураи генералӣ таҷрибаомузиро гузаронидааст. Ба Юсуф Раҳмон медарояд 300.000 сомонӣ мепурсад. Мегӯяд, ки агар пулро бегоҳ овардӣ саҳар фармони корат имзо мешавад

                                      Чоркуҳ  
       Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол!

Ман, аз Чоркуҳ ҳастам. Инҷо мехоҳам нисбати Шаропов Лайсиддин боз маълумот диҳам. Лайсиддин бозори Чоркуҳро ба хусурбачааш ҳуҷҷат карда дод. Ба Афсиёҳхуҷа. Лайсиддин худаш дар назди бригадаи№3 беш аз 1 гектар замини давлатро шахси кардагӣ аст. Абдуи Кабут ҳам мисли Лайсиддин мардумро азоб дода истодааст. Аҳрори зард баъди онки дар “Ислоҳ” дар борааш гуфтед 10 рӯз Чоркуҳ наомад. Вай баъди ҳаҷ кардан омад. Аммо дар рӯзи корӣ маърака кард. Дар маъракааш, раиси шаҳр, КГБ, милиса, суд ва прокурор иштирок карданд. Нагуфтанд, ки қонуни танзимро вайрон кард. Барои онки Аҳрор инҳоро бо пул даҳонашонро духтааст. Вай дар як ҷо лоф задааст, ки фақат якто духие, ки ба началники милиса савғо меорад 300 доллар арзиш дорад. Вай ҳамин милисаҳоро кормит карда мегардад. Вай дар Исфара бо як духтари касалии СПИД хоб карда ин касалиро қапидагӣ аст. Инро милисаҳои Исфара медонанд. Аҳрори зард ба дараҷаҳо қиморбоз аст. Вай чандин исфарагиро дар Налчик бо ҳамин қимор бехонаву дар кардагӣ аст. Вай сахт зинокор аст. Ҳатто бо ноболиғон хобу хез мекунад. Вақте барномаи шумо нашр шуд Аҳрор як –ду одамро дар бораи шумо пурсида гуфтагӣ, ки вай хоини давлат аст, ман фалон мекунам. Ин одамҳо мегуянд, ки фалонашро хурда наметавонӣ. Бираваду ҳоли Фатҳиддини амакашро бинад, оянда ҳолаш аз ин бадтар мешавад.

 Баъд аз ҷанги бо қирғиз помош омад. Дар амбор Афросиёҳ буд. Коргарони ҷамоат –одамҳои Лайсиддин орд, сементу чубу тахтаро фурӯхтанд. Инро ҳамаи халқ шоҳид аст. Дар ҷамоат як корманди военкомат ҳаст Ҳомид ном дорад. Як беномус аст. Аз ҳама одамҳое, ки бачаи призивник доранд беибо пул мегирад. Вақте Шаропов Бадриддин раиси ҷамоат буд Ҳомидро бо пора дастгир карданд. Аммо халос шуду то ҳоло ҳамин корро давом медиҳад.
   Вақте орд дар бозор 320 сомонӣ нарх дошт, коргарони ҷамоат бо нархи 270 сомонӣ орди помошро фурӯхтанд аз склад.

 Як бародари Лайсидин дар Русия аст. Ҳоҷӣ Зарбод ном дорад. Бо мақомоти Тоҷикистон кор мекунад. Чоркуҳиҳоро ба КГБ мефурӯшад. Ҳоло муҳоҷирон Чоркуҳ норасида аллакай милисаҳо медонад, ки фалонӣ аз Русия бо сум омад. Лайсидин дар назди фермаи ҷамоати Чоркуҳ беш аз 50 сотих замини давлатро забт карда гирифта ҳамом сохта аст. Додараш бошад дар Русия кораш мардумро фурӯхтан аст.

Лайсидин пеш аз раис шудан бо КГБ кор мекард. Одамҳоро мефурӯхт. Даҳҳову садҳои наҳзатиҳо ва муллоҳову муллобачаҳоро фурӯхтааст. Мардуми бузурги Чоркуҳ сахт бономус буданд. Аммо ҳозир мисли заъифҳо шудаанд. Ҳатто аз гуфтани ҳақиқат метарсанд. Инҷо номи чанде аз онҳоро  меоварам ва огоҳӣ медиҳам, ки даст аз фурӯшофурӯши одамҳо бардоред. Аз Аллоҳ ғофил нашавед. Ин Раҳмонов меравад. Шумо бо ин мардум мемонед. Шумо намонед, авлодатон мемонад, Пас, чи тавр зиндагӣ мекунед?
  Неъмат Олимов, Раҳматов Оятуллоҳ, Ҷураев Халил, Абду Кабут, Ҳомид, Ахтамов, Абулайс, мо шуморо огоҳ карда истодаем. Боз як чизи дигар. Шумо фикр мекунед ҳама чизро бо пул мешавад, хариду ҳал кард?  Аммо “Ислоҳ”-ро намешавад. Чем ба одамҳо пул ваъда кардан, ки ҳамин ба “Ислоҳ” навиштагиҳоро биёбанд, раву ба оилаҳои фақиру бечора ёрдам кун. Гапҳои мегуфта зиёд аст. Оҳиста-оҳиста ҳамаашро ҳикоят хоҳем кард.

                                             Екатеринбург

Бародари азиз Муҳаммадиқбол салом! Ман корманди собиқи ВКД ҳастам. Феълан дар муҳоҷиратам. Дар Русия дар як фирма “муҳофиз” ҳастам. Ҳаминҷо нафақаи русӣ мегирам. Агар шумо хабарҳоро аз Тоҷикистон ҳамеша пайгирӣ карда истода бошеду бовар дорам мекунед, чанд соли ахир як масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ ин кӯдакдуздӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳозир, махсусан толибаҳои синфҳои болоӣ-духтарони қадрас нопадид ва бепаю по шуда истодаанд. Танҳо аз Регар-Турсунзода дар ду моҳи ахир 15 духтарбача беному нишон шудааст.

 Ҳозир дар “обработка”-и мақомот дар ин бора ширкати “Фароз” ва чанд нафар аз кормандони КДАМ қарор доранд. Ин кормандони “Фароз” якҷо бо кормандони қушунҳои сарҳадии амният ба қочоқи одамон ва ба наркотик сахт сару кор доранд.

Чанде аз занҳову духтарҳоро аз Сурия оварданд. Онҳоро дар Варзоб нигоҳ медоранд. Лабаратория ба лаборатория гардонида истодаанд. Баъди ташхису таобат онҳоро ба Афғонистон интиқол медиҳанд. Дар Афғонистон бо гуруҳи оамҳое, ки ба қочоқи одамон машғуланд, иртибот доранд. Ин духтарҳову ҷавонзанҳоро ба онҳо бо маблағҳои калон мефурӯшанд. Инҳо дар онҷо ба фоҳишагӣ ҷалб карда мешаванд. Чунки онҳоро аз онҷо ба Дубай ва Туркия мебаранд. Баъзе калонсолҳояшонро аъзои баданашонро гирифта мефурушанд. Духтарҳои калонсолро “запчаст” мекунанд.  Чун,ки фармон чунин аст ин аз Сурия ва Ироқ омадаҳоро ислоҳ карда намешавад бояд бо ҳар шакле “бе зарар” гардонида шаванд.

  Ҳозир дар тамоми шаҳрҳо ва ҳатто гоҳо деҳаҳо кудакҳо гум шуда истодаанд. Онҳоро барои аъзои баданашон медузданд. Аз ҳисоби фурӯши аъзои бадан ва ҷалб кардани духтарҳо ба фоҳшагӣ ба Дубаю ба Туркия солона 200 миллион доллар ин ширкат ва ҳамроҳонаш даромад доранд. Хоҳиши мо аз шумо ин аст ки тавассути барномаҳоятон ба мардум эълон кунеду огоҳашон намоед, ки кудакону духтарони худро беназорат намонанд. Духтарҳои аз синфи 8 боло сахт эҳтиёт кунанд. Дар аксарият отдел милисаи шаҳру ноҳияҳо акси духтарҳову кудакҳои нопадидшуда хеле зиёд дар тахтаи гумшуда аст. Боз зиёд шуда истодааст. Милисаҳо худашон медонанд, ки инҷо кор “нито” аст вале ба зоҳир кофтукоб мекунанд, аммо дар асл медонанд, ки ҳиҷ коре аз дасташон барнамеояд. Чунки ин қочоқкунандаҳо дар худи оилаи Раҳмонов пайвастаанд.

  Агар милиция кофту коб мекард меёф кудакон ва духтарони гумшударо. Дуруғ мегуянд наёфтем. Милиция аз қазия бо хабар аст вале ба шумо намегуянд фарзандатон куҷост дар куҷо нигоҳдорӣ мешавад. Вақтҳои ахир ҳатто маълумоти нопадидшавиро ҳам дигар эълон накарда истодаанд. Вазорати дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 -709 кудак мафқудуласар шудааст. Аз ин шумора 470 нафар ёфт шуда аммо сарнавишти 239 нафарашон то ҳоло номаълум аст.

                        Ғарм

Номи ман ……аз ноҳияи Ғарм –Рашти имрӯза ҳастам. Лозим донистам дар бораи худам каме маълумот диҳам. Солҳои 90, айни оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати имрӯза минтакаи Қаротегинро дар муҳосираи тулонӣ қарор дода бо онҳо “вовчико”-и ғармӣ гуфта меҷангиду мекушту таҷовуз мекард, ғоратгарӣ ва ба таври зурӣ амволи мардумро ба тороҷ бурдан, ба авҷи аълои худ расида буд. Он вақтҳо талабаи мактаб будам ва ҳамаро бо ду чашми сар медидам. Дар вақти ҳуҷумҳои ваҳшиёнаи аз тарафи Фронти халқӣ  Сангак ва гуруҳи Файзалӣ  ба деҳаҳои ноҳияи Ғарм, мо мактаббачагони синфҳои болоӣ барои ҳифзи ҷонамон аз субҳ то шаб дар куҳҳои баланд паноҳ   мебурдем. Чунки фармон шуда буд, ки дар Ғарм вовчики мардина намонад.  Яке аз ин рӯзҳо аз рӯзҳои шумтарин буд ки ҳаёти мани навраси мактабхонро  380дараҷа тағйир дод.

 Он рӯзи шум буд, ки ман дар майдон по гузоштам. Тақрибан соли 1995 буда бошад, Худо хубтар медонад. Мисли ҳаррӯза аз тарси он ки напаронандамон, ба куҳ паноҳ бурда будем. Бегоҳ ба хона баргаштем. Ончи дидам боварнокарданӣ буд. Аз хоҳаронам пурсидам, ки чи шудааст, ки ҳамаатон гиря мекунед: “апаамонро  салдатҳо қапида бурданд, бо ҳамроҳи худашон”. Ҳама мотам зада  шуда будем. Дар ҳаёт аввалин маротиба гиряҳои падарамро дидам, ки мисли як кудаке бе ихтиёр мегиристу  мегирист. Модарам бошад аз гиряи бисёр оби чашмонаш хушк шуда буданд, танҳо сараш бисёр дард мекард. Панҷто хохари хурдсоли  ман аз тарс то  ҳол меларзиданду аз гапзанӣ  монда  буданд. Илоҷе  кардему  бо пулу моли зиёд апаамонро харидем, аз киллерҳои Фронти халкӣ. Фардояш аз модарам пурсон кардам. Гуфт саҳар пас аз рафтани шумо ба куҳ салдатҳо ҳуҷум карданд  ва қишлоқро дар муҳосира гирифтанд, апаат  успети гурехтан накард. Аз нимароҳ вай ва чанд духтари ҷавонро боздошт карда ва бо худ оварданд ба чойхонаи қишлоқамон. Апаи маро ду салдати лақай, ки маст ҳам будаанд, ба хона оварданд ва апаамро аз падар ва модарам хостанд. Падарам ба онҳо ҷавоби рад дод, модарам ҳам. Он ду нафар ба хашм омада бо дашномҳои қабеҳ ба тарафи модарам тир аз автомат кушоданд. Падарамро таҳдиди ба куштан карданд. Он нохалафони ҳаромӣ аз риши сафеди зебои падарам гирифта кордро ба гулуяш монданд, то падарам розигиашро диҳад, ҳануз ҳам падарам мардонавор аз духтараш дифоъ мекард ва парвои надошт, ки ҳозир сарашро аз танаш ҷудо мекунанд. Падарамро, ки аз зери гулуяш каме хун ҷорӣ шуда буд, ҳамоно мегуфт, духтари ман шавҳар дорад, чи хел зани ту мешавад? Он лақай аз Регар буд, ки гуфт шавҳарашро биоваред то уро бикушам ва духтаратонро хоҳед ё нахоҳед ба ман медиҳед. Апаамонро гирифта бурданд, он ду лақай ба чойхонаи қишлоқамон, ки онҷоро барои худашон ҷои хоб карда буданд. Аммо баъд аз нисфирӯзӣ ба идораи ҷамоъатамон омаданд.

Пасон бо воситаи поредникҳое, ки бо таҷовузгарони  Фронти халқӣ Сангаку Файзалӣ ва духтари Рустами Абдураҳим робита хуб доштанд, пули зиёдеро ба командирҳои хунхорашон, ки кулобӣ буданд додему апаамонро харидорем. Агар онҳо терорист набуданд, пас,  инҳоро кӣ мешавад гуфт? Ҳол онки духтари  шавҳардореро, ки чор моҳ пештар шавҳар карда буд, ба зурии силоҳ аз худ кардан мехостанд. Магар мешавад, ки чунин режими ғосибро эътироф кард?

Ин ҳама таҷовузкориҳо, амалкардҳои режими терористии Раҳмонов маро ба  майдон кашид, то аз номуси модару хоҳарам дифоъ намоям. Ягона роҳе, ки дар ихтиёр  доштам, пайвастан ба қувваҳои мусаллаҳи муҷоҳидин буд. 

 Баъди чанд муддате аз хона  фирор намуда ба Қувваҳои мусаллаҳи дифоъии муҷоҳидин пайвастам, то интиқоми апаамро аз ин ваҳшиҳои наркоман бигирам.   

Ҳатто бо чашмпушӣ аз пешравиҳои Қувваҳои мусаллаҳи муҷоҳидин, ки аксарияти  минтақаҳоро дар зери тасарруфи худ дароварда буданд, тақрибан ба пирузии комил наздик шуда буданд,

 Ин режими ҳиллагар ба хотири аз байн нарафтан, роҳи гуфтушунид, пасон роҳи сулҳи байни тоҷиконро пеш гирифт. Роҳбарони муҷоҳидин ризо ба он шуданд, то қатлу куштор хотима ёбад. Афсус, ин ҳиллае беш набудааст, ки ҳамаи муҷоҳидинро ба дом андохт.

 Аз соли 1997 худи ман аз Қувваҳои Мусаллаҳ даст кашида робитаамро қатъ кардам. Шуруъ кардам ба деҳқонӣ. Соли 2000 ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта соли 2008  шаҳрвандии Русияро соҳиб гаштам. Бе ягон мамониъа, озодона мегаштам. 

 Албатта, гоҳо вақте ки ба Душанбе меомадам баъзан таҳқир мекарданд дар аэропорт. Пул мегирифтанду дашном медоданд, ки фалонизан шумо ғармиҳо террористу вовчик ҳастед, мо ҳамоно сабру таҳаммул мекардем. То он рӯзе, ки ба Тоҷикистон баргаштам барои дидорбинии хонавода. Як ё ду моҳ нашуда буд, ба ном Сорбон, корманди амният, ки худаш аз Данғара буд,  дар ба дари ҳар хона рафта руйхати мардонро мегирифт.  Фасли зимистони буд, ки барои бастани об рафта будам. Дар бозгашт дар беруни дарвоза ду нафарро дидам, интизори ман буданд. Сорбон ба тарафи ман як нигоҳи таҳқиромез карду ҷудо аз дигарон номамро алоҳида навишт, ба фикрам, ки 20000сомонӣ навишт.  

Фардо буд, ки раиси қишлоқамон ба хона омаду ба ман фаҳмонд, ки фардо субҳ ба Кумитаи Амният равам, ки ба ман коре доранд. Рафтам он ҷову мунтазир мондам дар зери арча. Баъди ним соат буд, ки ҳамон Сорбони данғарагӣ аз амният баромаду маро ба дигар ҷониб бурда, ба таҳқир ва дашном додан шуруъ намуд. Ман аз таҳқирҳояш асабонӣ шуда бо овози баланд ба ӯ бархурд намудам. Аввалин саволаш ин буд, ки чандто яроқ дорӣ? Ман гуфтам ҳеҷ, ягонто. Ӯ ба ман гуфт ту то оринҷат пур аз хун ҳастӣ. Ман гуфтам, агар чунин ҳам бошад, ҳол он ки ин гуфтаҳои ту бедалел ҳастанд. Пас, оштии миллӣ ва  сулҳи байни ду гурӯҳ чи маънӣ дорад? Ӯ ба ман гуфт, ки ту ба ин авфи умумӣ  шомил намешавӣ. Чунки ту як террорист ҳастӣ!

 Саволи дигараш ин буд чанд кудак дорӣ? Ба кудаконат дарсҳои динӣ ва алифбои арабӣ меомузонӣ? Гуфтам, бале фақат сураҳои намозро. Мисли саги девона, бо таҳқиру дашномҳои қабеҳ, фалонизан, ту худат ку як террорист, боз мехоҳӣ, ки онҳо ҳам террорист шаванд. Ман гуфтам астағфируллоҳ гуй, ту мусулмон ҳастӣ ё не?

   Ман пурсидам. Сорбони данғарагӣ гуфт ба ту чи рабте дорад фалониоча? Дар ҷавоб гуфт то 18 сола шудани онҳо на ту, на занат, на бибиашон, ҳеҷ кас ҳақ надорад, тибқи қонун ба онҳо ҳатто алифро нишон диҳад. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки Худою Расул дигар чи мегуянд?  

Ӯ дар ғазаб омада гуфт:- ҳо фалонизан, ҳозир бурда дар подвал дар фалонат бутилка мезанам, ту медонӣ  барои чи гуноҳат дар инҷоӣ ва ба кӣ гап зада истодаӣ? Ончи Худо мегуяд муҳим нест, чунки қонуни Тоҷикистон дигар чиз мегуяд. Шарикҳоятро бигу, ки ҳо буданд ҳамроҳат. Ман гуфтам ҳама буданд, ҳамчуноне, ки мардуми минтақаи Кулоб бархоста буданд, мардуми Ғарм ҳам ҳамагӣ хеста буданд. Агар мехоҳед, ки бидонӣ, пас, ҳама бояд тюрма ё кушта шаванд, аз нигоҳи шумо. Дигар саволҳои бешумори таҳқиромез медоду пай дар пай дашном мекард, ки   дар куҷо илми диниамро гирифтаам. Ман гуфтам, ки таҳсилкарда нестам, фақат сураҳои намозамро медонам. Устодат кист, пурсид аз ман?  Ман гуфтам, ки майда будем дар пеши ҳар кас вақт мешуд сураҳои намозро мегузарондем. Пурсид, ки ҳозира имоми масҷиди Кишлоқатон  чи?  Вай як фалонизан ҳаст. Боз пурсид, ки дар мадрасаи Домулло Ҳикматулло чи? Гуфтам не, таҳсил нокардаам. Гуфт набошад бо мо ҳамкорӣ  мекунӣ ва ҳақи моро ҳам пардохт мекунӣ.  Вагарна медонӣ, ки ҳолат чӣ мешавад, пушаймон аз он мешавӣ, ки аз модар зоида шудӣ. Хулласи калом, дар охир 5000 сомонӣ додаму халос шудам. Ана инро мегуянд, сиёсати хирадмандонаи Ҷаноб, ки дар сари мардум ба ҷуз азоб дигар чизе боқӣ нагузоштааст. Худи ҳозир мехоҳанд, ки ман омада ариза нависаму аз кардаи худ пушаймон шавам. Мегуянд, ки дар барномаи Гуруҳи 24 баромад кардаам ва овози худи ман сабт шудааст, изҳори пушаймонӣ кардани ман, маро аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот медиҳад. 

Ман мехоҳам саволе бидиҳам ба ҳамон ҳукуматдорон. 

Бо кадом гуноҳ, бо кадом, ҷурм, манро муттаҳам ба ҷиноят мекунед? Оё барои миллат ягон чи боқӣ мондааст, ки ба хотири он баромада  бахшиш бипурсам, аз ҳукумате, ки ба ҷуз аз хорию зорӣ, гадоию дар ба дарӣ барои миллат чизе боқӣ на гузоштааст. Мамлакат ва миллатро ба хоки сиёҳ кашондеду ҳукуматравоӣ мекунеду порахуриро дар авҷи аъло расонидаед. Ва боз Шумо бахшояндаю мо гунаҳгор, вой бар  ҳоли шумо қавми гадои мардум озори гушнапурзури получи нодида.

                                  Душанбе

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман ному насабамро намегӯям. Ин маълумотеро ҳам, ки мефиристам, метавонед чоп кунед ,метавонед чоп накунед. Хоҳиши худи шумо. Аммо бароятон як чизро мехоҳам бигӯям.

Шумо хуб медонед, ки баъди имзои Созишномаи сулҳ ва ба Тоҷикистон бозгашта омадани роҳбарияти оппозитсион ҳукумат нақшаи аз байн бурдани оппозицияро дошт. 80 фоиз, аз ҷумла, кормандони собиқи мақомот ҳам чунин мегуянд, ки устод Нуриро ба воситаи додани заҳри махсус аз байн бурданду дигарҳоро бо дигар роҳҳо. 

Ҳамин тавр замоне расид, ки навбат ба Абдулло Назар, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расид. Генерал Назаров аз ҳисоби саҳмияи 30%- оппозитсион вориди ҳукумат шуда ва то ба ин мақом боло рафта буд. Инҳо мебоист лидерҳои ин вилоятро сарбанест мекарданд. Барои ин даҳҳо бор нақшаву барномаҳо кашида буданд, ки чи тавр онҳоро ҷисман аз байн бибаранд. Аввали нақша ҳамин аз байн бурдани онҳо буд. Вале дар қисмати дигари нақша аз байн бардоштани Абдулло Назар ҳам дохил карда шуд.

 Нақшаро дар он шабу рӯз кормандони махсуси разведкаи КДАМ хуб кашиданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки срочно нақша бояд шуруъ шавад. Барои он, ки мебоист Абдулло Назаров баъди ин мансаби баланд, бознишаста ва нафақахур мешуд. Ҳамин тавр ба воситаи агентура ва омилони нуфузии худ дар байни лидерҳои бадахшонӣ нисбати Абдулло Назар бадбиниву адоват ва душманӣ ҷо карданд. Инҷо баҳс бар сари фураҳое мерафт, ки аз они Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов буд ва аз он тарафи марз сигарет меовард ба таври қочоқӣ. Ин мошинҳоро Толиб Айёмбеков ва одамонаш “ контрол ва сопровождат” мекарданд. Чи хеле мешавад, ки вақти гузаронидани онҳо аз сарҳад чи баҳсе пеш меояд. Абдулло Назаров, раиси КДАм ва ҳамин тавр масъули назорати сарҳад аст.

Ба Абдулло Назаров аз КДАМ амр шуд, ки шахсан ба он ҷое биравад, ки баъдан ӯро дар ҳамонҷо куштанд. Дар роҳи бозгашт ӯро куштанд.

Мақсади ҳукумат дар он буд, ки бо як тир чанд фохтак занад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба баҳонаи қатли генерал Назаров ба вилояти Бадахшон армия дохил карда чи қадр одамҳоро,аз ҷумла нафарони барои худашон номақбулро куштанд. Мардумро тарс доданд. Генерал Абдулло Назаровро қурбонӣ карданд.

 То ҳозира ба бачаҳои Абдулло Назаров ягон вазифаи хуб намедиҳанд. Як бачааш дар Суғд прокурор аст, номаш Парвиз. Бечораро фақат вазифаҳои пасту бенатиҷа медиҳанд. Бачаи дигариаш Зафар ном дорад. Як замон кор мекард, гирифтанаш, дигар бекор аст. Куштори Абдулло Назаров як нақша ва як тактикаи ин режими зиддимилливу зиддимардумӣ буд. Абдулло Назаровро ба дасти лидерҳои бадахшӣ куштанд. Сонӣ ба баҳонаи куштор корманди баландрутбаи давлат онҳоро қир ва қатли омм карданд ва то ҳамин ҳоло ҳам «чистка»-и бадахшониҳо идома дорад. Санги мақбараи Мамадбоқирро кандан кори дасти ҳамин Раҳмонву Ятимов аст, ки боз мабодо ба зиёратгоҳи мардумӣ табдил нашвад.

  Инро ҳам бигӯям,ки шофери Абдулло Назаров Далер ном дошт. Аз рӯи маълумотҳо ҳоло шофёри Ҳасани Ориёнбонку бачаи Ҳасан аст. Бинобар хабарҳо Далер  дар куштори Абдулло Назаров даст дорад. Ин ронандаи хонаводагии Ҳасан аст. Аммо ҷойи ҳайрат ин аст ки бо МузаффариАшӯриён, вазири адлия ва қудои Зоир Соҳибови домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов ҳам робитаи хуб дорад. Марҳамат ончи навиштаам онро пурсед ва санҷеду донед,ки инҳо аз оғоз чи гӯна нақшаҳо доштанд бар алайҳи мухолифон ва ҲНИТ.

Share This Article