Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №36

Ислоҳ нет

Чанд мавриде, ки дар ин бахши «Номаҳо….» ишора ва зикр шудааст, гувоҳи он аст ки мардум аз ин режими номардуми ва ҳукумати як авлоду як маҳал хаста шудаасту мунтазири як ҷарақа, як донаи кибрит аст ки даргираду ҳамаи онҳоро ба коми оташ бикашанд. Ин номаҳоро хонда мебинед, ки ҳатто Нуриддини тракторист, бародари тагтаррафтаи Эмомалӣ Раҳмонов барои паст кардани шиддати нафси ҳайвонии худ чи тавр як зани шавҳару фарзанддорро ба никоҳи худ медарорад. Аз ин номаҳо огоҳ мешавед, ки Раҳматуллои бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто пули мардикорро намедиҳад, дар ҳоле, ки миллионҳо долларро аз ҳисоби ин мардум дуздидаву соҳиби сарвату давлати калон шудааст.

Мардум бидуни кадом тарсу ҳарос ва ошкорову нотарсона изҳори ақаида карда истодаанд, ки Рустами Эмомалӣ сазовори мақоми раиси шаҳри Душанбе нест ва вай набояд дар чунин масъулиятҳо мансуб бишавад. Мо, ин шо Аллоҳ,бо ин мардум, ки оқибат сарнавишти худашро ба дасти худаш хоҳад гирифт ифтихор хоҳем кард ва аз ҳамаи шумо даъват мекунам, ки аз ирсоли нома ба «Ислоҳ» ва дар миён гузоштани масъала ва мушкилоти худ кутаҳӣ накунед:

               Данғара

 Бо арзи сипосу эҳтиром бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол!

 Шумо барои бедории ин миллат, барои бозгашти ҷуръату ҷасорат ба ин мардум заҳамоти фаровоне мекашед.

 Имрӯз мехоҳам дар бораи Нуриддин, бародари бузурги Раҳмонови хоин ба шумо маълумот диҳам. Бале, ҳамон Нуриддини тракторист, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, агарчи дар урфи мо дар бораи мурдаҳо гапи нохуб намезананд, аммо ман воқеиятро мегӯям, воқеияти талхро.

Ман пештар ба шумо аз зиштиҳо, дуздиҳо ва подстваҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ҳикоят карда будам. Раиси пешинаи ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев бо амр ва дастури Нуриддин, бародари Раҳмонови хоин аз сафи муаллимаҳои ҷавони мактабҳои миёнаи ноҳия чанд дастаи бозингарони тениси руи миз ва волейбол ташкил кард. Албатта, ин кор  аввалан ба хотири кайфу маишат ва маъшуқабозии Нуриддин ва сониян ҳарчи бештар ба ӯ наздик шудан сурат мегирифт то ба ин васила тавонад ба мансабҳои болотаре даст пайдо кунад.

Худи Сайдалиев Маҳмадулло, ки 18 сол раисии нохияи Данғараро, яъне то вафот кардани ин бародари хоини Раҳмонов ба душ дошт. Ҳамин ки Нуриддин вафот кард, ӯро аз кор ронданд ва писари Нуриддин- Раҳмонов Исломро дар Данғара ба курсии раисии ноҳия нишонданд. Инро ҳам бигуям, ки номи асосии Нуриддин Хайриддин аст.

Шералиева Меҳрӣ ба унвони  омӯзгори фанни биология дар  литсейи ноҳияи Данғара фаъолит мекард. Шавҳари ин муаллима Абдукарим ном дошта ҳарду ҳам соҳиби як писар буданд. Шавҳари муаллима  Шералиева Меҳрӣ ҳар сол мисли дигар муҳоҷирон ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба Русия мерафт.

 Боз мегардем ба сари қиссаи дастаҳои бозингарони тениси руи миз ва волейболбозон,ки аз ҳисоби муаллимаҳои ҷавони мактабҳои миёнаи ноҳияи Данғара ба хотири ором кардани шаҳвати бародари Раҳмонови хоин ташкил шуда буд. Кайҳо боз Нуриддин Шералиева Меҳриро таги чашм карда буд. Ин бор бародари ӯро раиси ҷамоат таъин ва худи муаллимаро аз ҳисоби хобгоҳи муаллимон соҳиби хона кард, ҳамзамон як қитъаи замин барои дар оянда сохтани хонаи замонавӣ ба муаллима туҳфа карда шуд. Дертар муаллима соҳиби сексия ҳам шуд. Нуриддин зани шавҳардори мусалмонро бо додани пулу молу ришва ба доми худ дароварда зиндагии пасипардагиро идома медод. Шавҳари муаллима баъди чанде аз сафари муҳоҷират ба ватан баргашт зани никоҳии худро дар никоҳи Нуриддини ҳайвон дид. Давутозҳои зиёде кард, аммо натиҷа надод. Ба хонаи хусуру хушдоманаш рафта доду фарёд кард,  аммо аллакай кор аз кор гузашта буд. Зани ҳалоли худро аз никохи дуруғини Нуриддин бароварда натавонист. Бародари муаллима, ки раиси ҷамоат шуда буд, аз ҳисоби фурӯши замин соҳиби миллионҳо доллар шуд, чунки пуштибонаш Нуриддин бародари Раҳмонови хоин буд. Шавҳари муаллима аз аламу дарди зиёд ба касалии руҳӣ гирифтор шуда боз ба Русия рафт. Ростӣ, дигар намедонам дар Русия бо ӯ чи шуду чи гузашт. Муллимаро дар литсейи марказии Данғара ба унвони ҷонишини директор таъин карданд. Директор ҳам мешуд лекин имкон надошт, чунки директор ҳамкурси Раҳмонови хоин буд. Ӯро аз мансабаш дур кардан осон набуд.

Муаллима Шералиева Меҳрӣ дар қитъаи замини аз Нуриддин туҳфа гирифта хонаи ду ошёна бо тамоми шароити замонавӣ бино кард. Дар атрофи ин хона хонае мисли ин хона бо ҳашамат набуд. Муаллима аллакай соҳиби мошини тамғаи Ҳундай- саната гашта буд. Дар тамоми мақомоти ноҳияи Данғара гапзан шуд. Дар маҳаллае, ки аслан трансформатор надошт, бо амри Нуриддин як трансформатори нав насб гардид. Гапаш мисли лезва мегузашт, зеро ӯ соҳиби шавҳару хонаву дари ҳалол буд, ба доми фанду фиреби Нуриддин бародари Раҳмонови хоин даромада Нуриддинро ба унвони шавҳари дуюми худ қабул кард. 

Бародари гироми Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз забони бевоситаи нафаре иншо шудааст, ки дар кооперативи истеҳсолии “Раҳмонҷон” кор ва фаъолият карда аст. Аз замони шунидани дастдарозии Нуриддин бародари Раҳмонови хоин  ба домони Манижа Давлатова  мехостам ин номаро ба шумо ирсол намоям. Нуриддин гирифтори даюсие буд, ки номи оноро “любовь замуженная женшина” мегуфтанд. Зани ҳалоли худро гузошта ба домани занони шавҳардор дастдарозӣ мекард. Ин итоби худованди интиқомгир аст, ки ба зудӣ домани Раҳмонови хоинро низ мисли бародараш бадасти шармандагӣ хоҳад кашид.

Дӯсти гиромӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, баъди нашри ин матлаб қиссаи зани дуюми Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилиро бароятон ирсол хоҳам кард, ки аз Данғара аст. Боқӣ аз Худованд бароятон орзуи муваффақият дорам.  

                      Ҷалолиддини Балхӣ

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман чандин сол омӯзгор будам, вале бо маоши муаллимӣ нашуд, маҷбур шудам муҳоҷир бишавам.

  Ин нома аз деҳаи Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумо ирсол мешавад. Давлатбеков Дилшод Қурбонназарович дар қушунҳои сарҳадии ноҳияи Панҷи поён кор мекунад. Вай наркобизнес аст. Мардуми деҳаро азобу шиканҷа медиҳад. Намемонад, ки мардум дар бозор савдо кунанд. Дуконҳои фурӯши маҳсулоти хурокаро маҳкам кард. Дуконҳои шахсӣ доштем, аз дастамон зада гирифт. Ин одам бо ҳамроҳии падараш наркотик мефӯрушад. «Криша»-и Дилшод Давлатбеков Рустами Эмомалӣ аст. Ҳар моҳ худаш ҷудо, падараш ҷудо мошин иваз мекунанд. Рақами давлатии мошинҳояшон ҳам крутой 5555. Як рақами мошинашон 10 ҳазор сомонӣ мистад. Нархҳои мошинҳояшон ҳам аз 30.000 доллар кам нест. Як кудаки ҳамсояро бо мошин зада кушт. Аммо дастгир накарданд. Дар гардани як камбағал бо туҳмат бор карданд. Одами камбағал дар зиндон шиштааст. Дар мошинаш духтарҳои ноболиғ ва арусҳои шавҳарҳояшон дар муҳоҷират бударо савор карда ва бо онҳо зинокорӣ мекунад. Толибаи мактабро нодухтар кард. Падару модари духтар ба милиса доданд. Аммо пул дода   милисаро хомӯш кард, худашро харид. То ҳоло падару модари он духтари бечра намедонанд чи кор кунанд. Мардум намедонад ба кӣ шикоят кунад. Дилшод Давлатбеков дар гумруки фурудгоҳи Душанбе бо Исмат Абдуллозодаи “дулик” кор мекард. Онҳо наркотик мегузаронанд. Ин давлат тамоман бесоҳиб аст. Рӯирост ҷиноят содир мекунанд, касе кордор намешавад.

                      Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаи ман дар бораи Ашуров Мурод ва Ҷалилов Эмин мебошад. Полковник Эмин Ҷалилов, як мақомдори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ва Мурод Ашӯров ёрдамчии ӯ мебошад. Шумо дар яке аз барномаи «Номаҳо…» дар бораи бедодгариҳои ин ду нафар дар Хуҷанд, навиша будед.

 Ашуроф Мурод дар шаҳри Хуҷанд дар минтақаи бозори Панҷшанбе кор мекунад.

Дар онҷо як гузаргоҳи зеризаминӣ-подземний ход ҳаст, ки ҳоҷатхона дорад.

Пеш аз он ки Ашӯров Мурод инҷоро аз они худ кунад, инҷо дар дасти бачаи амаки вай буд. Вақте Мурод ҷавон буд дар дари он ҳоҷатхона пулчинак буд. Вай он солҳо орзу дошт, ки бо кадом роҳе набошад ҳамин подземний подвалро аз они худ кунад. Як сол дар ҳоҷатхона пулчинӣ кард. Бисёр мехост, ки бо Ҷалилов Эмин ҳамсуҳбат шавад. Дар ҳар ҳол ин орзуҳояш амалӣ шуданд. Медонед бо кадом роҳ? Ӯ роҳи ноҳақро интихоб кард. Бо Эмин Ҷалилов вохурӣ кард. Кабинети Эмин Ҷалилов рафту гуфт, ки шумо ба ман ранги додоям ҳастед. Ҳарчи ки бифармоед иҷро мекунам.

  Эмин гуфт чи мехоҳӣ, ту не мактабро пура хондагиӣ, не диплом дорӣ, ман туро ба сарам мезанам. Мурод гуфт, ки не. Ман ҳоло шуморо хеле шод мекунам, аз кор ва ёрии додагиатон пушаймон намешавед.

  Эмин мегуяд, ки гуш мекунам, бигӯ. ки чи мехоҳӣ? Мурод гуфт, ки медонед дар куҷо пули хушру метавонем ба даст биёрем? Намедонам, мегуяд Эмин.

Якумин ҷойи пулкоркунӣ ин подземний ходи бозори Панҷшанбе, дуюм мошини хидматии худи Шумо. Агар инҳоро гирифта ба ман диҳед 70%-и даромад  аз они шумо.

-О,ту хеле умний будӣ. Ту ба ман писанд омадӣ! Хуб, чи кор кардан даркор, мепурсад Эмин Ҷалилов.

-Ҳамон подземнийро гирифта диҳед. Ман худам далше корро мебинам. Шумо фақат чойи кабуд ва шашликчаро хурда ҳаловат карда шинед.

  -Онҷо дар дасти кист?

   -Дар дасти амакбачаам.

   -Хуб, кори осон будааст, ку? Набошад, биё ту аз пагоҳ ба ман шофёр ва ёрдамчӣ мешавӣ, оҳиста-оҳиста мегирем. Ба хубӣ надиҳад, бо зӯрӣ мегирем.

  Ҳамин тавр тули ду сол кор кард ва ниҳоят ба зӯрӣ кашида гирифт. Ҳам подземка ва ҳам сехи истеҳсоли сарпуш-кришкаи бонка бо номи Кошонаро аз они худ кард.

Ҳоло дидед, ки қонундор чи тавр кор мекардааст? Ҳозир онҷоро ба иҷора додагӣ. Ҳар моҳ 500 доллар мегирад. Аз  кори он подземний Эмин Ҷалилов хеле хурсанду розӣ аст.

 Номи бачаи амаки Мурод Мухтор аст-Ашӯров Мухтор. Ӯ хеле одами хоксор аст. Айни замон дар Русия мебошад. Онҷо чанд корхона дорад, ки тоҷикҳову узбекҳоро ба кор гирифтааст. Дар инҷо дар деҳаи Қарачқум –Ҷаҳонзеби имрӯза ҳам10 гектар боғи ангур дорад. Барои ҳамин Мурод Мухтори писари амаки худро чашми дидан надорад. Мурод аз сабаби ҳасуду бахилӣ ӯро зиёд ғам дод. Вай намедонад, ки чормағз оқибат ба сари худаш мешиканад.

         Ҷалолиддин Балхӣ ё Колхозобод

   Салом, домулло Муҳаммадиқбол! Мехостам дар эфири мустақиматон суҳбат кунам. Ман  роҷеъ ба як нафар ҳаромхури колхозободӣ мехоҳам дар ин барнома суҳбат кунам. Ин ҳаромхур ҳоҷӣ Раҳматуллои бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Ман як муҳоҷири 16-сола ҳастам аз Колхозобод. Дар Колхозобод ман дар майдон (стадион)-и нав ба сифати электрик кор мекардам. Корҳои мо насби разетка, плафон, включател ва гузаронидани симу ноқилҳо буд. Аз ин хобгоҳ ба ин хобгоҳ кабел гузаронидем, тақрибан дар масофаи 73 метр. Кори мо 6000 сомонӣ арзиш дошт ва ба ҳамин нарх гапзанон карда будем. Корфармои асосии мо ҳамин ҳоҷӣ Раҳматулло буд. Рафтем бригадирро гуфтем, ки маблағи кори моро пардохт намояд. Бригадир 400 сомонӣ дод ва чанд рӯзи дигар куҷое рафту гумбод шуд. 18 маротиби пеши ҳоҷӣ Неъмат рафтем. Гуфт, ки ман кор надорам, кордор ҳам намешавам, худатон решат кунед. Хулоса боқимондаи пулҳои моро надодааст, ин ҳоҷӣ Неъмат, ки одами ҳоҷӣ Раҳматулло асту «ғузапая» лақаб дорад. Илтимос, аз Шумо, ки дар барноматон ин масъаларо бардоред, то ки пули кори моро ҳоҷӣ Раҳматулло бидиҳад. Наход, ки бо ин ҳама пулу молу сарвату давлат рӯзаш ба ҳамин 6 ҳазорӣ чанд мардикор монда бошад? Э, шарму ҳаё кунед, ҳаромхурҳои ҳақимардумхур.

                                  Душанбе

  Дар тамоми давраи раисии Маҳмадсаид Убайдуллоев ягон бор мавриди одамдуздӣ дар Душанбе набуд. Дуздии Шуҳрат Исматуллоев дуюм ҳолати одамрабоӣ дар моҳи июн аст. Як устоди Донишгоҳ Исмоил Раҳмоновро полковник Акмал Юсуфзода дар Душанбе муовини генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП, язнаи вазири корҳои дохилӣ бурда кушту дар дарёи Зарафшон андохт.  Муовини Ҳасан Асадуллозодаро гуё гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дуздидааст. Ва, ин гурӯҳро гуё кофта истодаанд. Як нафари онҳоро дар Молдова пайдо кардаанд. Маълум мешавад, ки ин Рустами Эмомалӣ умуман  ягон чиро контрол карда наметавонад. Дар кадом сохторе кор кард, баъди вай аксарияташро бурда зиндон карданд. Ё он сохтор бомжу банкрот шуд.

  Наход дар як шаҳри чени куни мурғ надонӣ чи гап? Ҷураат главный уголовники Республика, бачаи амакиат Прокурор дар ноҳияи калонтарини Душанбе.

Худат ҳам ягон бесоҳиб нестӣ, бачаи Президент. Нафари дуввум дар ҳукумат. Наход гапатро ягон мақомот нагирад. Бовар кунед, мардум уже тарсида аст, метарсад берун барояд. Амният таъмин нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коре аз дасташ барнамеояд. Баъди аз Агентии мубориза бо коррупсия рафтанаш ҳамаи кормандони онро маҳкам карданд, ки ягогтои онҳо беиҷозати раис ягон қадам намемонд. Дар ҳама корҳои зишти к…ву к…с..иҳо худи Рустам якум аст. Малъун шаҳрро ҷазир кард.

    Ягон кас аз Рустам наметарсад, дар к…шон задагиянд. Дар шаҳр умуман танзиму тартиб нест. Мошинро любой хел ҳай мекунанд, дар любой ҷо мемонанд, колона карда мегарданд.

  Дар даври Убайдуллоев дар центр нағма кардагиро фуз мемонд. Ҳоло архитектураи шаҳр ҷазир, раҳҳои мошингард нест, танг, ифлос, мусорҳо саривақт тоза карда намешавад. Гушаҳои шаҳр бӯ гирифтааст. Сумро медиҳанд дар любой ҷо любой чи сохта истодаанд. Бовар кунед баландошёнаҳоро чунон бетартибона ва зич сохта истодаанд, ки роҳ барои даромади «Скори» ё мошини ёрии таъҷилӣ намондааст.

  Дар шахр дуздӣ, таҷовуз, ғорат, савдои наркотик ва истеъмоли он, одамдуздӣ, педофилия, проститусия, умуман любой чи ва любой ҳодисаи ҷиноӣ шуда истодааст. Ҳар рӯз ҷанги байни мактабҳо, кордчазанӣ. Духтури болницаи Истиқлолро як маршруткачӣ ва кондуктори ноболиғаш чуноне заданд, ки ҳаром мурд. Маршруткачӣ як пачка сум дод, муфатиш полний аз бозӣ баровардаш. Ноболиғро маҳкам карданд, ки ӯ ҳам имрӯзу фардо мебарояд. Ана, мардак доктор, як умр дар хизмати миллату давлат буд, мекушандаш, як нафар сухане намегуяд. Сад дар сад маршруткачӣ дар лату кубу куштор қӯш аст. Умуман як бесоҳибӣ. Баъд, як чизи дигарро гуфтаниам. Дар рабудани муовини Ҳасани Ориёнбонк  автомашинаи Хундаи сиёҳ, ки рақами қафояш аз амнияту рақами пешаш аз МВД будааст, истифода шудааст. Аҷоиб, ки ин ду рақам ҳарду ба мақомот тааллуқ дорад, ягон одами оддӣ наметавонад дар пушт рақами КГБ ва дар пеш рақами МВД-ро зада гардад.

 Чаро ин мошинро ягон камераҳои шаҳри бехатари МВД надид??? Ягон нафар дар Тоҷикистон дилу гурдаи ин гуна корро кардан надорад. Баъди чанд рӯзи рабудани муовини Ориёнбонк мошини невидимкаеро нишон доданду рӯзи пас нафареро, ки дар сар кепка, дар руй маска ва дар чашмҳояш очки, боз сурати ӯро гуё нохост нафаре гирифтааст. Барои ҷустуҷуи рабудашуда фақат чор- панҷ кормандони ГАИро шабҳо дар роҳҳо мебинед тамом. Ягон амалиёти махсус нест. Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки дар куни ҳамаи авлоди Президент жучок занед. 

 Рустам ва рафиқонаш фақат дар фикри айшу ишрат ва маишати худанд. Рӯзи иди Қурбон сокинони шаҳр барои дуо кардан ба қабристони болои Водонасос рафтанӣ буданд, аммо нашуд, натавонистанд. Дар рӯи раҳи қабристон Шуҳрати ширкати «Авесто групп»-ширкати мутааллиқ ба худи Рустам як ҳавлии бадвоҳимае сохта роҳро бастааст, ки хонаи худи Рустаму падараш дар назди он қуттии гугирд ба назар мерасад.

Тамоми мардуми мурдадорҳо то кудаки гаҳвораи Шуҳрати Авесто групп ва Рустамро навохтанду дуоҳои бад карданд. Ҳозир агар ягон камбағал деворашро сафед кунад, аз участковый  сар када то Прокурор ба сараш меравад, ки аз кӣ иҷозат пурсидӣ. Аммо ин чи вазъу ҳол аст дар рӯи роҳи мардум ҳавлӣ сохта онро мебандад, касе намепусад, ки инҷо чи гап аст? Чунки дар пушташ Рустам аст ва Рустам иҷозат додааст.

Ҳоло акнун ин нафар, ки ҳеҷ мушкили Душанберо ҳал накарда баракс боиси ваҳму воҳима ва харобии пойтахт шудааст, бояд Президент шавад акнун худатон хулоса кунед,ки пас аз президентии Рустам дар Тоҷикистон чӣ гап мешавад. 

                        Екатеринбург

  Ассалому алайкум Муҳаммаиқболи Садриддин, муборизи воқеии роҳи ҳақ ва адолат! 

 Ман, бо тақозои замона, ё беҳтараш бигӯям аз дасти ҷабру зулми Эмомалӣ Раҳмонов аз гуфтани ному насаби худам парҳез мекунам. Умедворам, ҳам шумо ва ҳам ҳаводорони «Ислоҳ» сабаби ин кори маро мефаҳманд. Рутбаи низомии ман майёр аст. Вале 7 соли пеш ба нафақа баромада. Ҳоло дар Русия ҳастам. Ҳамроҳи оилаам. Инҷо нафақаи русӣ мегирам. Ман ҳанӯз аз давраи шуравӣ дар «пожарний» кор мекардам. Солҳои ҷанг аз тарафи Фронти халқӣ ҷанг кардаам. Ҳоло, худо шоҳид 100% пушаймонам. Худо маро бубахшад! Ман чи мехоҳам бигӯям? Ман гуфтаниям, ки барномаҳои шуморо дар муҳоҷират ҳама тамошо мекунанд. Бачаҳо чандкасӣ шуда тамошо мекунанд. Ман як чизро пай бурдам, ки тавассути барномаҳои шумо мардум хеле бедору ҳушёр шуда истодаанд. Аммо инро фаҳмидам, мумкин хато кунам, ки шумоҳо-оппозитсия дар умеди мардумеду мардум дар умеди шумо. Аммо дар дарун Раҳмонов кори худро карда истодааст. Халқро «душняк» кардааст. Тоҷикистонро ба як тюрмаи калон табдил кардааст. Ман чи гуфтаниям? Ман гуфтаниям, ки Шумо Тоҷикистон биёеду пеш дароед, мо аз паси шумо. Бо аз он дуриҳо истода гуфтан чизе иваз намешавад. Ман мефаҳмам, ки шумо биёед дошта зиндон мекунанд. Вале бояд як роҳашро ёфт, ки мардум қувваи пешбарандаро дар дохил ва дар пеши чашмаш бинаду бовар кунад. Мардум муштоқ ва интизори як роҳбар ва қуввае аст ,ки аз пасаш биравад. Аз Раҳмонову олу авлоди дуздаш безор шудагианд. Сахт безор шудагианд. Ба хестану митинг кардану чаппа кардани Раҳмонов тайёранд

Раҳмонову командааш фақат воҳимаи хушку холианд. Мардум тарафдори онҳо нест. Барои ҳамин ҲНИТ-ро бастанду террористӣ эълон карданд. Чунки халқ дар ҳақиқат тарафдор буд.

Ман, қариб 30 сол дар умури дохила кор кардам. Руҳияи мардумро медонам. Бояд шумо-қувваҳои оппозитсионӣ ташаббусро ба даст гиред ва мардумро аз ин азобу уқубат раҳо кунед.

  Боқӣ ба шумо барори кор мехоҳам.

                                     Душанбе

   Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол! Пеш аз ҳама ташаккур мегӯям, ки дар шумораи пешина номаи мо, як гурӯҳ кормандони КДАМ-ро чоп кардед. Мо, тибқи ваъда ҳамкрӣ бо шуморо идома медиҳем. Ба шумо ин навбат низ чанд маълумотеро расонидан мехоҳем, чун ба воситаи минбари шумо мардум аз вазъият огоҳ мешаванд.

Чанд вақт пештар дар қасри Миллат Эмомалӣ бо иштироки СС..Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Мансур Умаров, Рустами герчик, Ҳасан Асадуллозода,  Бег Сабур, Зоир Соҳибов, Озодаи Раҳмон, Таҳмина ҷаласаи махсус гузаронд. Гап дар бораи мустаҳкам ва сахт кардани режими диктатории Раҳмонов мерафт. Эмомалӣ гапро аз ин оғоз мекунад, ки ҳар касе сар бардошт дар қабри хунук хобидааст ва дар болои қабраш як ваҷаб сабза баромадааст. Ятимовро хезонда мегуяд, ҳар касе зиди Эмомалӣ Раҳмонов мехезад фикр кунад, ки зидди тамоми давлати руи дунё мехезад. Ва боз мегуяд: «Барои умрбод ҳукмронӣ кардани оилаи ман ҳар чизе аз дастат меояд, амалӣ кун. Зиндон мекунӣ, мекушӣ чи коре мекунӣ, кун. Чи вазорат ва кумитае дар республика ҳаст, зери контроли КДАМ гир.  Мақомдорони баландрутбаро дар мақомот аз шахсони наздик ва хешу ақрабоят ба кор гир ва дониста гир. Насли ман прездентиро бояд идома диҳанд ва ман иҷозат медиҳам, ки насли ту КДАМ-ро идома диҳад».

Ва боз Рамазон Раҳимзодаро хезонида мегуяд «молодёжро дар ихтиёри ту супоридам ва барои онки миллат аз ман битарсад  ҳар коре аз дастат барбиёяд амалӣ кун».  

Ана акнун фаҳмидед, ки Эмомалӣ то чи дараҷа барои ҳимояту ҳифзи мансабу курсии худ ба мақомоти қудратӣ фармон медиҳад. Як вақтҳо, дар рӯзҳои наврузии соли  ё 2021 Эмомалӣ Ятимовро ба қасри Миллат фарёд карда ба сараш бо қаҳр дод зада мегуяд,  ки ин чи гап аст ки аз дохили КДАМ аз корҳои ман ба мухолифон хабар медиҳанд ва мухолифин то рахти хоби ман ҳама чизро медонанд. Азбаски Ятимов хело шайтон ва рубоҳи маккор аст барои онки Эмомалиро ором кунад,  зуд чунин пешниҳод мекунад, ки «ман як нақшаи хело ҳам хуб дорам. Нақша аз он иборат аст ки агар шумо хуб диққат дода бошед ҳар вақте дар расонаҳо номи Эмомалиро мегиранд 5 дақиқа вақт меравад ва бояд мардум номи Эмомалиро бо шикаст нагиранд ва ин тавр талаффуз кунанд: Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ва дар ҳолати ба шикаст гирифтани номи шумо ҷаноби олӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.»

 Шояд ин гап дар назари шумо хандаовар ва номумкин бошад аммо ба наздикӣ ҳамин гуна муроҷиаткуниҳоро қонунӣ  мекунанд ва дар конститутсия медароранд. Бале, 15 сол пеш ҳеҷ нафаре бовар надошт, ки масҷидҳоро маҳкам, азону сатру ҳиҷобро манъ мекунанд. Аммо мутаассифона айни ҳол мо ин корҳоро бо чашми сар дида истодааем. Ва мо кормандони КДАМ аз ин ҳама қонуну дастурҳои ноадолатона хаста шудаем.

Share This Article