Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№72

Ислоҳ нет

       Коре, ки дар ин ду, се моҳи ахир, мақомоти Тоҷикистон дар нисбати «Ислоҳ» анҷом дод, яъне одамҳоро маҷбур кард, ки дар барномаҳои мо ширкат карда моро танқиду ҳукуматро тавсиф кунад, дурусту дақиқ натиҷаи манфӣ бор овард. Натиҷаи манфӣ ба ҳукуматиҳову натиҷаи мусбат барои мо. Онҳо моро дар саросари кишар реклама карданд, рекламаи ройгон. Дасташон дард накунад. Матлаби аввали ин нашри барнома гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад.

Дар ҳақиқат шумораи хонандаву бинанда ва табъан, ки муаллифони моро ҳам ин рекламаи мақомот ба маротиб зиёд кард ва муаллифон масоил ва мушкилотеро матраҳ мекунанд, боз ҳам сабаби русиёҳии Эмомалӣ Раҳмонов, авлоди носерам ва мақомоти корношояму дузди вай мешавад.

 Дар қисмати анҷоми ин шумора як номае аз корманди пешини ҳукумат мунташир шудааст, ки аз ҷумла дар бораи паёмади намози ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикобдӣ ҳарф задааст:             

                               Шаҳристон

    Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар ҳақиқат ҳоло шояд дар тамоми Тоҷикистон мисли Шаҳристон «Ислоҳ.ТВ» ва Муҳаммадиқбол тамошобин надошта бошад ва шумо як шахси бисёр  ҳам маъруф шудед ва ба воситаи барномаҳои Шумо халқи Шаҳристон фаҳмид, ки неруҳои оппозитсиони тоҷик ва бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз фаъолият дорад ва ҳоло ҳам Эмомтапаку ҳукумат аз ин ҳизб сахт дар тарсу ҳарос аст.

   Мардуми Шаҳристон ба шумо сахт эътиқод пайдо карданд. Чунки шуниданду диданд, ки дар барномаҳоятон воқеият ва ончиро,ки ҳаст мегуед.

Дар мо ҳаромхурӣ ва ҳаромхурҳо хеле зиёд шудаанд. Ин муаллимҳоро, ки ба барномаҳои шумо маҷбурӣ бароварда истодаанд, ки гап зананд, ягонтоаш, бовар кунед ихтиёрӣ баромад намекунад.

 Як нафар бо номи Зоир Отаев ҳам чанд навбат дар пахши мустақими «Минбари муҳоҷир» баромад карда хеле гапҳои дуруғ зад.

 Зоир Отаев аз даври мактаб буз буд. То ҳол бо ҳамсинфонаш шарик намешавад. Доктор Абдурасул аз коргарҳояш пора мегирад. Соли гузашта коррупсия омад.30 000 сомонӣ ҷамъ карда дод. Ин порахури ашаддӣ сум намегирам мегуяд, ки рост мегуяд. Барои онки суми пораро ба воситаи Нигинаи ҳамшираи шафқат мегирад.  

Хешовандони Эмоматапак чарогоҳҳои халқро, ки дар куҳҳо ҷой доранд аз худ карда сетка кашида истодаанд. Даъвои халқро касе намепурсад.  

Дар куҳ ВКД лагер сохта истодааст. ГАИ бо мошинҳои боркаш бор мефиристад. Ақалан суми заправка намедиҳад ба ронандаҳо.

Ин хонуми сардухтур худашро зиёд таъриф мекунад. Вай шавҳар дорад. Аммо бо як ҷавоне, ки баробари фарзандҳояш ҳаст ишқварзӣ мекунад.

 Агар як руз ҳоким мешудам Шаҳристонро тоза мекардам.  

Сохтмони мактаби 19 –ро бо ҳашар буд карданд. Муаллимҳо аз дигар мактабҳо рафта кор карданд. Интернат, маркази ҷарроҳӣ, мактаби деҳаи Кенгкул ҳамааш бо ҳашар буд шуд. Пиёдравҳои кучаҳои марказро тоҷирон брусчатка заданд. Бечораҳо 6кв магазин доранд. Ба сари онҳо бор карданд, маҷбур сохтанд. Вақте Умар Ёқубзода ҳокими ноҳия  шуд камтар обод кард. Ҳокими ҳозира то ҳол ягон навигарӣ накардааст.

Имомхатиби ноҳия аз Масчо аст. Абдусамади падари у зиёда аз 20 сол имомхатиби мо буд. Одами хеле бо савод аст, подставааш карданд. Гуё, ки аз хонааш китоби ҳархела ёфтанду ронданд. Ин фарзандаш аз гапи амният як қадам берун намебарояд. Сандуқи хайрияро бурда дар бонк месупоранд. Сафар ба ҳаҷи умра дошта бошӣ 2000 сомон ҳукумат талаб мекунад, вале барои чи? Номаълум.

Ду бачаи ҷавони намозхонро бурда зиндон карданд. Якеаш гуё бо мухолифин  мулоқот мекардааст. Панҷ сол гирифт. Якеаш дар масҷид одоби намозро ёд дода истода будааст, ки аз камера дида қапида бурда тюрма карданд.

  Дар ноҳияамон як муаллима дорем, Умрӣ ном дорад, нафақахур. Вай инсони ҳақиқатгӯй аст. Аз ягон инсон наметарсад. Вақте президент ё Қофлонбой меояд муаллимаро маҳкам мекунад, ё дар пеши хонааш охрана мемонад, то инки ҳақиқатро дар пеши халқ гап назанад. Ин муаллимаро Қофлонбой, раиси вилояти Суғд мешиносад. Ҳатто дар қабули раиси вилоят номнависаш намекунанд, роҳ намедиҳанду девонааш мегуянд. 

                                  Фархор

 Салому алайкум акаи Муҳаммадиқбол! Ташаккур ба шумо, ки навиштаи пешинаи маро чоп кардед. Суҳбати имрӯзаи ман боз дар бораи Ибодов Сайбурҳон аст. Дилшоди писари Ибодов Сайбурҳон ҳамоне, ки дар Кумитаи замин кор мекунад як зани шавҳардорро таҷовуз кардааст, аммо мақомоти ноҳияи Фархор ягон чорабинӣ намекунанд. 

Он зани шавҳардор аз мағозаи Дилшод Ибодов як маблағи ночиз қарздор мешавад. Ибодов Дилшод бар ивази ин қарз тули 3 моҳ ба он зан дастдарозӣ мекунад. Як руз шавҳари зан аз куҷое гуш бо хабар мешавад, ки занаш ба вай хиёнат карда истодааст. Дилшод пай мебарад, ки шавҳари он зан дарак ёфтааст. Як шаб меояду он занро кордча мезанад. Ин зан ҳам  намемирад. Дилшод ба зан мегуяд, ки ин корро дар сари шавҳарат бизан, то вақте ҳастам ба ту ёрӣ мерасонам. Кормандони милитсияи Фархор ин занро бозпурсӣ мекунанд. Зан мегуяд, ки бо шавҳарам зиндагиямон хуб набуд. Маро шавҳари худам кордча зад. Шавҳари бечораашро бурданду ба 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ба худам мегуфтам, ки чаро кормандони мақомоти Фархор инро нигоҳ намекунад. Баъд фаҳмидам, ки дар пушти Ибодов Сайбурҳон СС.Ятимови махуф меистодааст. Кадоме ҳамроҳаш ягон ҷангу ҷангҷол кунад ё гапашон гурезад, таҳдид мекардааст, ки ту барои ин гапу корат ҷавоб медиҳӣ.

  Ибодов Сайбурҳон дар бозори ҷамоати Ғайрат қассоб ва духтур мебошад. Кадоме ба бозор гушт медарорад мегуяд аввал ҳақи маро медиҳӣ, баъд савдо мекунӣ. Агар надиҳӣ ман иҷозат намедиҳам, ки ту савдо кунӣ. Ин қассобҳо ҳама безор шудаанд, аз дасти ин оилаи ҳаромхур.

 Боз як хабар дигар. Дар маҳаллаи онҳо як шайхи араб хост як мактаби дигар бисозад. Дар сохтмони он Ибодов Сайбурҳонро наафри мутасадӣ, хулоса хуҷаин монданд.

  Он шайхи бечора гуфтаст, ки агар пуле, ки ба номи инҳо гузаронидам дар дигар ҷо буд, ду мактаб месохтанд. То ҳоло ин мактабро насохтанд. Мегуяд он пул тамом шуд. Мепурсанд, ки ин қадар пул куҷо шуд? Мегуяд шумо мардуми нохонда аз куҷо расходи сохтумонро медонед.  

                                       Ванҷ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол! Ман мехостам ин номаро ба шумо бирасонам. Нома аз ҷамоати деҳоти Язгулом ва шумо онро бо садои баланд ба тамоми мардуми Тоҷикисон ва ба ҳукуматдорони он бирасонед. Дар ҷамоати деҳоти Язгуломи Ванҷ як қонуни нав ҷорӣ карда шуд. Агар ҷавон зан бигирад бояд ҳатман консерт бикунад. Агар консерт накард дар туяш мебаранду маҳкамаш мекунанд ё 8 000 сомонӣ ҷарима мешавад. Мо маҷбур ҳастем, ки ба туямон ҳофиз даъват кунем. Нархи арзони ҳофизҳо 5000 смонӣ аст. Мо намехоҳем, ки консерт барпо кунем, аммо моро маҷбурамон мекунанд. Мо ҳайрони зор мондем, ки бо ин ҳукумату ҳукуматдорон чи кор кунем.

Охир, ҳукумат чи кор дорад, ки ман маъракаи туямро бе ҳофиз мегузаронам ё бо ҳофизу консерт? Мақсади ин кори масъулони ноҳияву ҷамоатро нафаҳмидем. Мо, мехоҳем, ки танзим риоят бишавад, туйи камхарҷ дошта бошем, аммо маҷбур карда истодаанд, ки дар туямон консерт барпо кунем.

  Аз шумо хоҳиш мекунем номаи моро  дар Ислоҳ.ТВ қироат кунед то дигарон ҳам  бохабар бошанд. 

                              Ёвон  

  Салом устод! Мо аз деҳаи Фурқати ноҳияи Ёвон ҳастем

Хостем ба шумо дар бораи Тоҷиддинов Рустам, бузи қишлоқ, бузи началники ГАИ ва бузи амният нависем.

Тоҷиддинов Рустам бачаҳои қишлоқ, кадоме, ки барои мисол вақти техосмотри мошинаш тамом шуда бошад ё ин ки надошта бошадро мефурӯшад. Тоҷиддинов Рустам соҳиби 3 зан аст.

Ӯ духтарони деҳаро бо бачаҳои амният мебарад. Дар вақташ опели сиёҳ дошт, ҳоло бошад Мерседеси серий гирифтааст. Ин ҳама аз ҳисоби бузиаш мебошад. Бовар кунед дар рӯяш нур надорад, ба мисли писари Марями гурсухта.

Писари Рустами буз номаш Сӯҳроб мебошад. Пеш аз карантин ё каронавирус молҳои қишлоқро дуздид. Зиёда аз 20 сар гову моли мардуми камбағалро дуздид. Мардум ариза карданд. Қапиданд,1 ё 1.5 сол шишт. Бубинед, ки барои як дуздии ночиз баъзеҳоро панҷ-шаш сол мешинонанд вале бачаи ин буз, ки беш аз 20 сари гови мардумро дуздиду обу лой кард якуним сол шишту ба озодӣ баромад. Албатта, бузии падарашро ба инобат гирифтанд. Ба ҷабрдидаҳо ваъда кардааст, ки пулашонро бар мегардонад, аммо то ҳол ба касе як дирам ҳам барнагардонидааст. Ҳозир дар Роғун кор мекунад аммо ба мисли падараш буз аст.

Тоҷиддинов Рустам чанд хонаҳои занҳои шавҳардорро ҳаром кардааст, қариб кори ҳамарузааш ҳамин…

Рустами буз бо як духтар отношения дошт. Баъди чанд вақт писараш Сӯҳроб бо ҳамин духтар шинос шуд. Падару писар бо як духтар.

Вақте писараш як шаб ба хонаи духтар меравад, онҳоро дар хона падари духтар меқапад ва ӯ духтарашро маҷбурӣ ба Сӯҳроб медиҳад.

Аруси Рустам ҳозир келинаш шудааст. Э, Рустами бузи даюси зинокор. Ин корҳоятро бас кун. Агар ин корҳоятро бас накардӣ дар мактуби оянда аз духтарат сар мекунем ва аз ин ҳам зиёдтар, мегуем.

Давлатов Фарҳод директори мактаби 35-и деҳаи Фурқат агар ин номаро гӯш кунӣ аввал аз болои омӯзгорон ва талабагон назорат бар, ки дар мактаб духтарон бероҳа шуда истодаанд.

                                     Ҳамадонӣ

Бародар Муҳаммадиқбол салом. Ин номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» гузоред. Шахсан худи ман ба паспортни столи ноҳияи Ҳамадонӣ барои паспорт гирифтан рафтам. Дар паспортни стол як шахс бо номи Сайвалӣ бо либоси одӣ нишаста буд. Одамони зиёде дар даҳлезу долон навбат нишастаанд. Аммо ин Сайвалӣ «тағабозӣ» карда одамони худашро беочеред қабул мекунад. Шахсан худи ман онҷо ҳузур доштам. Ман паспортамро гум карда будам, барои ҳамин ба утоқи кори  масъули мизи шиносномадиҳии ноҳия рафтам. Вақте навбати ман расид 440 сомонӣ супоридам. Ин гуна ҳаромхурӣ дар инҷо як кори маъмулӣ шудааст. Ин одам чанд сол аст ки дар паспортний стол кор мекунад. Барои загран-паспорти хориҷӣ аз 1200 то 1500 сомонӣ мегирад.

Устод, хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро ҳатман дар «Номаҳо…» нашр кунед, то ба дигарҳо ҳам ибрат шавад, ки аз ҷурму ҷинояти ин ҳаромхурони ҳақимардумхур нотарсида нависанд.

   Мо бесбарона бозгашти сарбаландонаи шуморо интизор ҳастем. Инҳо ватани моро ба вайрона бадал кардаанд, обод намекунанд. Шумо бармегардед ва бо ҳам обод мекунем.

                                       Зафаробод

  Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Зафарободиҳо зиёд дар барномаҳои Шумо гап мезананд. Маълум аст ки онҳоро фармон медиҳанд, ки  даромада ба тарафдори аз Эмомтапак гап зананд. Ин бор ҳамон раиси ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиевро қабул кунед ва пурсед, ки ту дар кабинет ҳастӣ, яъне аз утоқи кориат бо ман гап мезанӣ ё аз ҷои дигар?

Агар тасдиқ кард, пас, бигуед, ки берун, гирди бинои ҷамоатро нишон деҳ, ки онҷо дарахт ҳаст ва агар ҳаст чанд бех дарахт? Баъд бинед, ки чанд дарахти буридагӣ ҳаст ва пурсед, ки дарахтҳоро чаро буридед? Ку, бубинем чи ҷавоб медиҳад? Он дарахтҳоро раиси пешинаи ҷамоат буриду фурухт. Инҳо то ҳамин дараҷа гадо ҳастанд, ки дарахтҳои ҷамоатро фурухтанд. Бачаи худораҳматии Шафоат, ки номаш Камолиддин аст он дарахтҳоро харид.

Ва гуед, ки ин бинои нави ҷамоат аст . Бинои пешинии ҷамоатро ба як бойи ҷамоат пинҳонӣ ҳуҷҷат карда фурухтед. Маблағи онро ба куҷо сарф намудед ва ба чанд сомонӣ фурухтед? Бинои ҷамоатро ба Акмал Ҳоҷимуродов фурухтед. Боғчи бачагонаи аз давраи союз мондаро ҳам ба бачаи калонии Акмал Ҳоҷимуродов фурухтед. Вай ҳоло ин биноро гирифта ошхона ва боз ҷойи қиморбозӣ ташкил кардааст. Номи писари Ҳоҷимуродов Аҳтам аст.

                                    Восеъ

 Салом устод Муҳаммадиқбол! Дар яке аз барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» нафаре шикоят кард аз Восеъ, ки пахтаҳои моро ширкати Фароз бепул гирифта истодааст. Ин гап 100% дуруст аст. На фақат бепул гирифта истодааст, балки маҷбур карда истодааст, ки ҳама пахтаҳояшро маҳз ба ҳамин ширкат бурда диҳад. Намегузоранд, ки ба дигар ҷо бисупорем.

   Қурбон Мирзоалиев хост, ки сари килои пахта 8 сомонӣ ба мардум дода бихарад. Рафтанд Мирзоалиевро чизе нагуфтанд вале пахтаҳои мардумро қапида худашонро штраф карданд. Ҳоло пахтаҳоро бурда дар Котон, дар ҷойи пешинаи ширкати «Самар».ки аз раҳматӣ Самараддини Фазлиддин буд супорида истодаем.

Яке аз хешовандони Қурбон Мирзоалиев гуфт, ки уро одамҳои Фароз ба хонааш рафта таҳдид кардаанд, ки «бҷқ, бишин, ки набошам, тюрмат мекнем, дигар вапше лезит наку».

Қурбон Мирзоалиев яке аз одамони наздики Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои 1992 буд. Аммо ҳоло нафси аждаҳоии Оила на рафиқ ва на шинос мешиносад. Фароз ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомомалӣ Раҳмонов ,яъне шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст.

Ройгон гирифтани пахта одамҳоро ба ҳадде ноумед кардааст, ки якхелҳо ҳатто аз поля начинда истоданд. Мегуяд мечинам, чи кораш мекунам? Мардум дар азоб аст. Бояд ба кудакҳо формаи мактабӣ мехараданд, инҳо намонданд. Гуфтанд пахтаро мечинӣ оварда инҷо месупорӣ аммо насия, сумаш маълум нест. Фароз шахсан иҷозат надодааст, ки пахтаро чинанду баранду ба дигарҷо бифурушанд. «Пахтаро месупоред дар Котон -ҷои пешини пахтазавод. Онҷо меистад, амбор мешавад, баъд, ки нархаш маълум шавад мо ба шумо пулашро медиҳем».

 Яъне мардумро чени копеек намегиранд, признават намекунанд. Ин ба он монанд аст ки говатро дар бозор мемониву мебуроӣ меравӣ, кай вақт, баъд яке онҳо гуянд ки ҳамин нарх говатро медиҳӣ, баъд медиҳиву меравӣ. Инҳо ҳаминхели карда истодаанд.

Дар хонаи баъзе аз одамҳо пахтаи порсола нигоҳ дошта шудааст. Мардум ба ин умед, ки соли оянда нархаш болотар мешавад, нигоҳ дошта буданд. Ҳоло акнун нмедонанд, ки чи кор кунанд. Дар ҳақиқат даҳшат аст.

 камбағал ҷонаш дар нуки биниаш. Фароз гуфтааст, ки мо худамон лично мехарем. Ҳозир дар сари ҳар поворот милиса мондагианд.

 Он шоир, ки қапиданаш (Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони байналмилалии Сино) пахта бизнес буд. Пахтаҳояшро аз Восеъу Фархору Ҳамадониву дигар ҷо мегирифту Русия мезад меомад. Инҳо онҳоро махкам  карданд. Яъне «мо худмон» мегирем. Дигар маълум нест, ки ҳоли мардум чӣ мешавад. Аллакай чандин касон гуфта истодаанд, ки соли дигар намекунем: «юнучқаш мекунем меравад, ин азоби холӣ чи даркор».  

Чандин сол аст ки пахтаи вилояти Суғд дар дасти Ҳасан Асадуллозодаи бародарзани Эмомтапак аст. Инҷоро ҳам ягон касро намегузоранд, ки бихарад. Ҷамшед Абдулови масчоӣ буд, ки дар Зафаробод корхонаи коркарди пахта кушода пахтаи мардумро мехарид. Ӯро ҳам як бало карда заводашро кашида гирифтанду худашро зиндон карданд. Баъд тамоми дороиҳояшро ба инҳо доду ҳуй хурду рафт хориҷа.

Ҳоло маълум нест, ки тақдири Абдухалил Холиқзода чӣ хоҳад шуд.

Тамоми пахтаи вилояти пешини Қурғонтеппаву, Вахш  дар дасти Зоири домоди калонии Эмоматапак ва амаки Шамсулло Соҳибов аст. Пахтаи навоҳии Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ дар дасти ҳоҷӣ Раҳматулло, бародарзани дигари Эмомтапак аст.

Акнун як камтар дар ноҳияҳои вилояти пешини Кулоб дар дасти ин Оила набуд, ки онро ҳам тасарруф ва ғасб карданд. Аз мардуми Кулоб андеша мекарданд, метарсиданд, ҳозир инҷо ва ин мардумро ҳам мурғ карданд ба Худо гап занша мешикананд.

                                     Душанбе

  Салом бародар арҷманд Муҳаммадиқбол! Ман як марди қариб 40 сола ҳастам, ки дар зиндагиям бисёр ноҳақиҳоро дидаам. Соҳиби чанд маълумотам, собиқадор дар сохтори давлатӣ ҳам кор кардаам, дар бахши ғайридавлатӣ, ширкатҳои ҶДММ муҳосиб шуда кор кардаам.

 Дар шаҳри Душанбе дар сохторҳои давлатӣ фаъолият карда будам. Донишгоҳро аъло хатм намудам. Ҳануз соле, ки дар курси дуюм мехондам дар корҳои  ҷамъиятии донишгоҳ масъулиятҳоеро бароям вогузор карда буданд. Дар корҳои ҳуҷҷатгузории устодон кумак мекардам ва дар масъалаҳои сиёсӣ низ фаъолият менамудам.

  Он вақтҳо вақтҳо Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъолият мекард. Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон амри маъруф мекарданд, нав машҳур шуда буданд. Ҷавонон бисёр гуш мекарданд, ман ҳам аз шариат бохабар шудам. Баъд дар ҳамон вақти донишҷу буданам интихоботи президентӣ сар шуд. Аз ҳамаи ҳизбҳо дар интихобот номзади худашонро гузоштанд. Дар ҳар мактабу донишгоҳҳо қутиҳои овоздиҳӣ гузошта буданд. Маро барои ҳисобу китоб вобаста карданд. Аз ҳама овози бисёрро Ҳизби Наҳзати Ислом гирифта буд. ҲХДТ дар ҷои сеюм баъди ҳизби комунист буд.

 Хеши наздикам дар амният кор мекард. Ҳамон шаб ба хона меҳмонӣ омада буд. Аз ҳолати кор вай ҳам хабардор буд. Гуфтам чи мешавад, гуфт,ки “ҳиҷчӣ боз ҳамон Барзаговро мемонанд. Интихобот дуруғ аст. Ин ради галочка аст, интихобот афсона аст.” Вай гуфт як чиро мегуям махфӣ монад. Гуфт, ки Ҳоҷӣ Мирзову Эшони Нуриддинҷон ва дигар домуллоҳоро даҳанашонро суд мекунанд, дигар баромад карда наметавонанд. Барои он ки ҳама ҷавонон ру ба Ислом овардаанд. Бояд чанд масълаи шариатиро дар ҷавонон қатъ кунанд, ба мисоли риш, сатр, ҳаҷ, сабақ гирифтан, намоз дар ҷои кор хондан, бастани масҷидҳои хурд, манъи амрҳои маъруф дар туйҳо ва манъи ба дигар давлатҳои исломи хондани улуми динӣ.

  Ростӣ акаи Муҳаммадиқбол зиқ шудам, вақте ки инро фаҳмидам. Ҳозир ҳамаи ин нақшаҳояшон амалӣ шуданд.

  Баъд ман дар мақомоти давлатӣ кор даромадам, бе ягон таға. Кадоме намедонист то 10 ҳазор доллар пора медод, баъд мутахассиси пешбар мегирифтанаш. Дигар вазифаҳо нархи худашонро дорад. Дар комиссяҳои давлатӣ намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ ҳам ҳаст, ки чанд фоизи пораро ӯ соҳиб мешуд. Баъд розигӣ медод ва сипас  аз ҷониби намояндаи шуъбаи кадри корхона бо имзои Раис қарорашро барои таъин кардан дар кор пешниҳод мекарданд.

    Ман намедонистам дар ин корхона чунин ноҳақӣ ҳаст. Сардори шуъбаи корхона гуфт шумо  хизматчии давлатӣ шудед, рафта худатонро дар Ҳизби Халқии Демократӣ аъзо кунед. Ман гуфтам аъзои ҳизб шудан ин маҷбурӣ нест. Ман метавонам дар ягон ҳизб аъзо нашавам, ин хилофи қонун ва озодии шаҳрвандӣ аст. Ба ман чунин гуфт «и фармон ай болоҳай агар кадоме, ки нахоҳад вазифара холӣ кунад».

 Маоши мо он вақт 800 сомонӣ буд. Модарам бемор шуда буд, суме надоштам, ки табобаташ кунам. Маҷбурӣ рафта маро аъзои ҳизби ХХДТ карданд. Баъд як ҳуҷҷати сурх доданд ва гуфтанд рафта ба қайд монед маблағашро муайян мекунанду баъд аз маошат чанд% гирифтан мегиранд. Ман ягон кор накардаму аз кор худамро озод кардам ва рафта дар як ширкати сохтмонии ҶДММ кор кардам. Маоши нағз мегирифтам. Баъдан дар тендерҳои давлатии сармоягузорӣ иштирок мекардам ҳамчун намоянда. Дар Агентии хариди давлатӣ, кор, мол ва хизматрасонии назди ҳукумат тендерҳо баргузор мегардид. Мақсади тендер яъне озмун дар ин буд, ки кадом ширкате, ки бо нархи арзон корро мегирифт, ҳамон ширкат ғолиб мебаромад ва баъд рафта сохтмон мекард. Инҷо ноомади кор ҳамин аст ки агар хоҳӣ тендерро гирӣ гарчанде, ки аз ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ дуруст бошӣ, ё маблағи кам ҳам пешниҳод кунӣ, ҳама корат тибқи талабот бошад вале 10 фоиз аз маблағи ҷудогардидаро бояд ба раиси ҳаромхур супорӣ, баъд тендерро бароятон медиҳад. Агар гап дар бораи маблағи 100 миллион равад он вақт ин ширкатчаҳое, ки мо кор мекардем, буридани тендерро дар шаби хобашон мебинанд. Ин пулҳо «соҳиб» доранд ва соҳибашон ҳам ҳатман ширкатиҳои худи оилаи Эмомамалӣ Раҳмонов  аст.

  Ҳоло мегузарем ба ширкати ҶСК «Тоҷикгидро электромонтаж», ки ҳамаи озмунҳои давлатии сармоягузориро, ки гап дар маблағи миллионҳо доллар меравад, мебурад. Ин ширкат феълан дар Роғун кор карда истодааст.  

  Ҳамаи ширкатҳо аз ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» безор шудагианд. Чунки ягонтоашро «ход» намедиҳад. Яъне, ки самташ бояд дар системаи электрикӣ фаъолият кунад аммо тендерҳо дар самти Роҳсозӣ, Нақб, Сохтмони Мактабҳо, Қубурҳои обгузар, Хариди мол, Системаи АЙТӢ ва ғайраро монополия карда гирифтааст. Ин ҶСК аз они Оила аст.

  Маблағ аз ҷониби бонкҳои абарқудрате, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷудо карда мешавад. Бонки ҷаҳонӣ, аврупоӣ, исломӣ ва Осиёии Рушд, ки инҳо ба проектҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов грантия медиҳад, қарз медиҳанд.  Вале аксарияти маблағ дар кисаи инҳо мераванд.

  Ин ширкат дар миёни ширкатҳои мушобеҳ дар Осиёи марказӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар корхонааш 40 то сервер аст ки ҳатто ягон ширкатҳои алоқа ба монанди Мегафон, Билайн ва ғайра ин қадар сервер надоранд.

 Хонаву дару кату кути баъзе аз роҳбаронашро мебинӣ, афсонавӣ аст. Ба қарибӣ Барқи Тоҷикро мегираду номи худашро мезанад. Ба шакли кутоҳ ҶСК ТГЭМ Тоҷикгдроэлектромонтаж. Тамоми сохтмонҳои стратегӣ дар дасти ҳаминҳо аст. Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷрояи Президент дар дасти ҳаминҳо аст.
 

  Як масъалаи доғи дигари ҷомеаи кишварро мехоҳам инҷо, барои шумо ва шунавандаву тамошобину хонандаҳоятон бигӯям. Роҷеъ ба КДАМ ва муллоҳову домуллоҳо аст. Домуллоҳо аз дасти КДАМ рӯз надоранд.

  Дар ҳар як масҷидҳои намози ҷумъахонӣ коғаз дар дасташон медиҳанд, дар бораи сиёсат гап занед, мухолифҳо ҳамааш ҷангандозанд, фақат шуморо сиёҳ мекунанд. Дар вақти рӯзҳои ид ба домуллоҳо мегуянд, ки Ҷанобро таъриф кунед. Дар ҳақаш ва аҳлу оилааш, барои сулҳу суботу тинҷӣ оварданаш дуо кунед. Баъди намоз кормандони амният меоянду аз камераҳои назоратӣ диск карда мавъизаи имрузаро мегиранд. Хулоса запсро мегиранд, ки Ҷанобро таъриф карда ё не.

  Баъди намози ид мо ба як хонаи эшон рафтем, рафиқи наздик буд. Қории мураттаб. Дарс медод. Баъди сахтгирӣ ин Эшон дигар дарс надод. Нақл кард, ки   «ҳафтаи гузашта амният ба сарма омадай, ки ту чаро дарси дин медиҳӣ». Гуфтааст, ки ман аввал дарс медодам ҳозир,ки қонун баромад, дигар дарс намедиҳам. Қориӣ гуфт, ки «ҳамроҳи амният се -чор кудак ҳам буд. Гуфт, не ту ҳаминҳоро дарс додагиӣ. Ин кудакҳоро ман якум бор мебинам, инҳо кӣ ҳастанд, ман инҳоро намешиносам».

   Эшони қорӣ гуфт, ки «баъд амният куртаи кудакҳоро боло кард. Танашон пайи задагии ба монанди химча ё тасма».

  Маҷбур кард, ки «э домуллои салафӣ агар ба кала нагирӣ, маҷбурат мекунем, ба кала мегирӣ ,баъд дар ахбори васоити омма мепартоему шарманада мешавӣ». Эшон ба дилаш мегуяд, ки агар ба задан маҷбурам кунанд ҳам ба кала намегирам.

  Ҳамон замон амният ба тарафи кудакҳо мегардаду мегуяд, ки домулло шуморо зад, кудакҳо гуфтаанд, ки бале. Домулло ҳайрон мешаваду ба кудакҳо мегуяд, ки «э бачаҳо шумо киен, фарзандони киен?»

  Амният дар ҷавоб  мегуяд, ки «корт чияй, агар задана ба кала нагирӣ медонӣ чи мешавад аҳволат? Бо ҳамроҳи кудакҳо ғайр аз задан боз бачабозӣ мекардед гуфта статяи педофил мезанем, панҷ сол маҳбас мешавӣ. Амният ба тарафи кудакҳо гашт. Онҳо дар ҷавоб бале гуфтанд.

  Эшон гуфт ман дар шок афтодам. Боз амниятӣ ба ман гуфт «задана ба кала мегирӣ, баъд мо туро ҷарима мекунем ва ҷавобат медиҳем».

  Хуллас бечораи эшони Қорӣ заданро ба кала мегираду 20 ҳазор сомонӣ ҷаримааш мекунанд.
Дар масъалаи домуллоҳои ду зан ҳам аҳвол хеле бад аст. Баъзе аз ин муллову домулло тули 30-40 сол шудааст, ки бо ду зан зиндагӣ мекунанд, соҳиби набераву абера шудаанд. Амниятиҳо ё участковий тез- тез омада медароянду мегуянд, ки домулло созӣ, хубӣ! Гуфтем, ку як тафтиш кунем бо сеюм зана нагирифта бошед. Ба ҳамон баҳона ягон сум мекананду мераванд.

  Бародар Муҳаммадибол намедонам шумо дар бораи намози ҷанозаи домулло Ҳикматулло ягон хабар доред ё не?

    Домулло Ҳикматуллои тоҷикободӣ, худо раҳматашон кунад, вақте бемор буда ба Эшони Абдулвоҷид васият мекунад, ки ҷанозаи маро ту мехонӣ.

   Дар он ҷаноза қариб тамоми уламоҳои дин иштирок карда буданд, сар карда аз муфтӣ -Саид Мукаррам. Баъди ҷаноза Муфтиро қаҳраш кард, ки ман муфтӣ омадам дигар касро пешнамоз карданд, обуруи ман як тин шуд. Аз ҳамон вақт Эшони Абдулвоҷидро сахт ғам доданд, дигар тоқат накард, набардошту Русия омад. Амният гуфт агар ба ватан барнагардӣ, зиндон мешавӣ. Бо тамоми фарзандҳояш   гашта омад. Феълан мисли домашни арест аст ҳеҷ ҷо баромада наметавонад. Сабабгори асосӣ ҳамин Саид Мукаррам аст.  

 Бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар ин васат боз барои кор дар мақомот даъват шудам. Онҷо чанд сол кор кардам. Аллоҳ шоҳид аст хизматчиҳои давлатӣ то ҳозира баъзеаш аз хона хурок меоранду дар корхона мехуранд. Ҳатто роҳпулӣ намеёбанд. Картошкаи обҷушон бо камтар намак ва нон мебиёранд. Баъзеяш руза мегирад, маошашон намерасад, аз бонкҳо қарздоранд. Вале агар фаҳманд, ки дар ҷои кор намоз мехонад ё намози ҷумъа меравад руйхат мекунанду пинҳонӣ ба амният месупоранд. Баъд ба ҳар роҳу восита бо статя сур мекунанд.

 Бародар Муҳаммадиқбол! Дар дарун ҳукуматиҳое ҳастанд, ки тарафдори Шумоянд. Шахсоне ҳастанд, ки дар дарунанд, баъд якҷо бо мардум мехезанд: «ҳозир лахчаи алов истодагияй, як аланга мезана ай даруншон. Ҳо меган, ку ҳавзи об ҷам мешавад ҷам мешава баъд яке ҳуй мехура. Ҳама ай дасти ин авлод безор шидагияй»

Share This Article