Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №42

Ислоҳ нет

Тарсу ваҳшате, ки Ислоҳ дар ин авохир дар мағзу қалби мақомоти қудратии Тоҷикистон эҷод кардааст, онҳоро то ба сарҳади расвоӣ пеш бурдааст. Шумо дар ин нашри «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба ин гуфтаи мо, ки бар пояи навиштаи худи мардум таҳия шудааст, эътимод ҳосил мекунед. Дар яке аз масҷидҳои ҷумъахонии Исфара  қаҳрамон ё чуноне худи чоркуҳиҳо навиштаанд, тема-мавъизаи имомхатиб ман ва устод Муҳиддин Кабирӣ будаем. Ҳамчунин дар ноҳияи Восеъ деҳаҳоҳои як ҷамоатро зери озору фишор қарор дода хона бахонаи онҳоро кофтукоб доранд, ки кадоме аз онҳо бо “Ислоҳ” суҳбат мекардааст ва ҳатто баъди соати 10 дар баъзе аз қишлоқҳои ин ноҳия “комендантский час” -қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд.

Тамоми телефонҳои муаллимони як матбаи миёнаро дар шаҳри Бохтар кашида гирифтаанд, то бубинанд, ки нафари бо “Ислоҳ” робита дошта кӣ аст?

Албатта, хонандаи закӣ пай бурд, ки иллати ин ҳама тарсу ваҳшат таҳкиму тарвиҷи алоқа ва робита миёни мо ва мардум аст. Инки мардум беш аз пеш ба мо муроҷиат мекунанд  рашку ҳасодати Раҳмонову дору дастаашро бармеангезад. Барои ҳамин, мо ҳарчи бо ҳам наздиктар ва қаринтар бишавем, аз ҷиноятҳои инҳо бигӯем, роҳи чораи халосӣ аз инҳоро бо ҳам дар миён бигзорем, ин шо Аллоҳ, муваффақ хоҳем шуд:  

                            Дӯстӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман сокини ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстӣ ҳастам. Ман аз норасоии об,  раиси ҷамоат ва раиси ноҳия шикоят дорам.

  Раиси ноҳияи мо Нишонзода Даврон мебошад. Нишонзода Даврон аз гапзанияш одами бо савод метобад. Таълимоти хуби динӣ дорад, аммо амал намекунад. Пешина раисони ин ноҳия через як одам қабул мекарданд. Ин рӯи рост ва бидуни посредник қабул мекунад.
Раиси ҷамоати Навзамин Аминов Сӯҳроб аст.

    Аминов Сӯҳроб чандин сол аст ки раиси ҷамоат мебошад. Дар ҷамоат ҳар сол 3-4 замини назди ҳавлигиро обу лой мекунад. Корҳояш хеле қафо рафта буд, ки Президент ба ноҳия омад. Аз фурсат истифода бурда падари Сӯҳроб дар шаъни Президент шеър хонд. Президент ҳиммат карда як конверт дод. Намедонам дар дохили конверт чӣ буд. Донистагиҳо мегӯянд, ки 1 пачка 200сомона буд. Аммо ман аниқ намедонум. Баъди ҳамин шеърхонии падари Сӯҳроб ба президент, корҳои Сӯҳроб боз хуб шуд. Падари Сӯҳроб Ҷурабой Аминов аст. Худо раҳмат кунад, одами оқил, нотиқ, шеърдон ва шоиртабиат буд.
Дар ҷамоати мо, ки қариб 8 ҳазор аҳолӣ дорад, 3 мактаб фаъолият мекунад.  Мактабҳои рақами 32, 33 ва 38. Директори мактаби 33 Зокиров Рустам қариб 20 сол мешавад дар ин вазифа кор мекунад.

Дар байн 5-6моҳ директориро барои хок пошидан ба чашми мардуму қонун ба як байчаи худаш дода, боз аз нав директор мешавад. Муаллиму муаллимаҳоро рӯи рост аз оча ҳақорат мекунад. «Бухоҳӣ кор кун нахоҳӣ бура» мегуфтааст. Орде, ки барои мактаб меояд, ба магазини Сироҷиддин Камолов фароварда обу лой мекунад. Дар мактабҳо норасоии мизу курсӣ вуҷуд дорад.

  Об ба ҷамоати Навзамин аз канали калони обрасонӣ, ки сарбандаш дар охири ноҳияи Хуросон аст, меояд. Канали калонро дарёи Вахш шуст. То моҳи апрел об набуд. Бисёри деҳқониҳо бино бар сабаби норасоии об ҳосили кам дод.
Дар тарафи шарқии дарё деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷойгир аст. Дар он тараф шебензаводҳо ҳаст. Намедонам ин шебензавод аз кӣ аст. Дар сангҳои дарё тиллову нуқра бисёр аст, калон- калон дар рӯи санг метобад. Барои сангро аз дарё гирифтан маҷрои дарёро ба тарафи канали ҷамоати Навзамин равона кардагӣ буд. Охир оқибат каналро дарё шуст. 3- 4 сол шуд. Об гоҳ ҳаст, гоҳ нест. Боз як шебензавод дар ҳамон тарафи шарқии дарё ҳаст. Вай ҳам маҷрои обро ба тарафи ҷамоати мо равон кардагӣ аст. Дар натиҷаи ин қариб 15- 20 гектар заминро шуста рафт. Ҳамаи раисоне, ки ба ноҳия таъин мешаванд, меоянду мегӯянд: ҳал мекунем. Намедонам кай ҳал мешавад. Дарё 20 гектор заминро хӯрду ин шрекҳо кай маҷрои оби дарёро мегирифта бошанд?

Раиси Идораи таъмини оби Ҷамоати Навзамин Шукуров Зафар мебошад. Бо лақаби Зафари кал. Бародарзодаи генерал Тағойхон Шукуров аст. Дар вақти ҷанг Хоҷакамандир хеле барои куштанаш ҳаракат кардааст, аммо натавонистааст. Бо Сӯҳроб Аминов чап аст. Ҷамоати Навзамин аз ду деҳа Пахтакор ва Умед иборат аст.  Деҳаи Умед бо насоси калон обрасонӣ мешавад. Насоси калони обрасониро Зафари кал ба кор дарорад Сӯҳроб омада мекушад.  Сӯҳроб насосро ба кор дарорад, Зафари кал мекушад. Хуллас деҳаи Умед хуб  обрасонӣ намешавад ва ҳолати мардум ҳамин аст.
Раиси ҷамоат Аминов Сӯҳроб чанд бор муаллимҳои мактабҳоро бурда, дар асри 21, асри техника ва технология ба қопчаҳо хок пур карда ранги Лаку Пак байни канали об ва дарёро маҳкам карду боз дарё онро шуста бурд. Аз халқи ҷамоат сум барои сарбанд гуфта ҷамъ кард. Намедонем он сумҳо куҷо рафт. Чанд бор маҳкам мекунад боз шуста меравад. На МЧС, на дигар мақомоти дахлдор аҳамият медиҳанд. Раиси ноҳия чанд бор омад, аз дасташ ягон чиз наомад. Маҷлис карда ба мардум гуфт, ки 5- 6 пиронсол рафта аз раисони шебензавод илтимос кунед, ки пеши маҷрои обро кушоянд.
Як сокини ҳамин ҷамоат, ки хоҷагии деҳқонӣ дорад, аз ҷояш хесту ба раиси ноҳия гуфт, вақте шумо раиси як ноҳия, ки шуморо президент ба ин мақом мондааст, аз дастатон чизеҳам наомад, ба гапи мо гӯш мекунад?
Бечора раиси ноҳия а, и, у гуфта маҷлисро ҷамъбаст карду рафт. Маълум аст,ки зураш ба соҳиби шебензавод намерасад ва аниқ аз кадом хусурбача ва ё ба гуфти шумо домодҳои бе шумори пешво будагист. Аз ҳамон дигар ба ин ҷамоат наомадааст.
Айни ҳол оби дарёи Вахш лабрез аст, об ба ҷамоати Навзамин баромада истодааст. Баъди 15-20 август оби дарё боз паст мешавад. Аниқ ба ҷамоат об намеравад. Барои он ки канали оби ҷамоат аз дарё 2-2,5 метр баланд аст.
Сӯҳроб Аминов дар ҷамоат заминфурӯшӣ мекунад. Агар кораш афтад кудаки майдаро бо ному насабу отчествааш мегуяд. Агар корат афтад қавоқошро ранге мекунад, ки падарашро кушта бошӣ. Маблағе, ки барои камбизоатҳо ҷудо мешавад ба мардум намедиҳад. Шахсоне, ки муҳтоҷи замин аст, овораву саргардон мекунад вале доляшро диҳӣ корат ҳал. Як вақтҳо худаш ҳам директори мактаби 32 буд. Ҳозир бачааш дар ҳамин мактаб синфи 11-ро хатм кард. Роҳбари синфи бачааш гуфааст, ки бачат бе тартиб асту намехонад. Ба муаллим гуфтааст, ки шумо худатон дарс намедиҳед. Қонуни масъулияти падарону модар куҷо рафт?
Бечора  муаллим ба зӯр ба нафақа баромаду дигар кор накард. Муаллими фанни физика буд. Ба ҷои ин муаллим як бачаи ҷавон 29-30сола омад. Ба шунидани ман, ин бача ба савод буд. Ӯзбек аст, ӯзбаки тоза ҳам нест. Хуни тоҷикӣ ҳам дорад. Ин бача ҳам 3-4 моҳ кор карду намедонум бо кӣ соз нагирифт, мактабро партофта ба Россия рафт. Аслан халқи ин ҷамоат тоҷикҳо ва узбакҳо аст. Вақте ки як раиси ҷамоат ҳамин хел ба муаллими калонсол дағалона рафтор мекунад, кадом муаллими ҷавон кор мекунад? Баъд норасоии кадр ба вуҷуд намеояд?

                          Душанбе

    Бародари азиз салом.

  Саҳар хабар расониданд, ки вазъи Бузургмеҳр Ёровро дар зиндон бисёр ҳам бад карда истодаанд. Як нафар аз «дубак»-ҳои шинос гуфт, ки чанд рӯзи пеш ончунон зери мушту лагат гирифтаанд, ки садои доду фарёдашро дигарҳо ҳам шунидаанд.  Фармон сад дар сад аз Юсуф Раҳмон аст. Гуфтааст бо «и к….оча Прокурори Генералӣ шидани бдаст».

   Гап сари барномаи «Госпереворот», ки дар он ҷо ба Бузургмеҳр вазифаи Прокурори Генералӣ пешбинӣ буд. Очахакои ин золимоя…… Ие ай кавми Лутда расвоҳан. Ахир бачара мекшан. Бузургмеҳр дар доираи нақшаҳои инҳо, ки бояд зидди Наҳзат нишондод диҳад, нагирифтааст.

  Бояд Бузургмеҳр бар зидди Наҳзат нишондод медод. Се рӯз муҳлаташ додаанд, ки вақте ба гуфтаи мо намекунӣ ё додаратро бо хоҳарат меравему меоварем ва дар пеши чашмонат азоб дода съемка карда ба Кабирӣ роҳӣ мекунем.

  Боз як чизи дигарро расониданиям. Президент гуфтааст, ки барои чи хоинон маълумот оиди ғайб задани муовини Ҳасани Ориёнбонкро пайдо карда ва кино карда ба мардум пешниҳод мекунанд? Аз куҷо он маълумотро дастрас мекунанд? Прокурори Генералӣ бинобар он ки тафтишотро ӯ пеш мебарад, гуфтааст, ки тамоми маълумотҳояшон дуруғу бофта, мақсади Кабирӣ ва  Муҳаммадиқбол танҳо просмотрҳои зиёду лайкҳост, ки дар ивазаш маблағҳо мегиранд аз Ютубу интернет. 

  Боз як чизи дигар. Ба воситаи Аюби оқипадари блогер маълумотҳои дуруғ паҳн карда истодаанд, ки чандин нафарро мақомот дастгир кардааст, ки гуё ба картаи Ислоҳ пул гузарондаанд. Ин як дуруғи бузург аст ки мардум тарсанду накунанд.

Устод, ҳозир инҳо дар фикри он ҳастанд, ки чи гуна сафари Аврупояшон барои боздошту истирдоди шумо бобарор анҷом ёбад. Тамоми мақомот ва дастгоҳ дар бораи ҳамин фикр карда нақша кашида истодаанд.

                                Восеъ

  Ассалому алейкум бародар Мухаммадиқбол! Аз ҷамоати Миралии Маҳмадалӣ бароятон менависам. Баъд аз нашри барномаҳо дар бораи Ҳерка, Рустам ва Саймукаррам мардуми қишлоқро безор кардаанд. Илтимос ин номаҳои моро бо мақомоти болоӣ  расонед, чунки ин милисаҳо моро ба дод оварданд. Ба мисли роҳзанҳо ба хонаҳо зада даромада як то ба як то кофта истодаанд. Баъди соати 10 шаб карантин эълон кардаанд. Началники милиса майор Иброҳимзода Амонулло, намедонам ин гушнаи хунхор  аз куҷо омадаст. Мисли бандитҳо, баъди соати 10 ҳар касеро бинад бурда мешикананд.

Намедонем чи кор кунем, ба куҷо равем. Ҳамаи  бачаҳои деҳаро бурда пурсида истодаанд, ки бо “Ислоҳ” ҳамкорӣ дорӣ, тамошо мекунӣ ва аз як лаб ҳамаро тарс дода истодаанд. Ман ба онҳо гуфтаниям, ки бисёр накобед, ёфта наметавонед, худатонро ғам надиҳед.

 Ба мардуми деҳа гуфтанимя, ки аслан натарсед, инҳо беақлу бесаводанд.

Барои як паспорт як нафарро се моҳ медавонанд.

  Бовар кунед, ки қишлоқ пур аз бангӣ шудааст. Милисаҳои худашон ҳамачиро медонанд, аммо пул гирифта ҷавоб медиҳанд. Вале, милисаҳо бачаҳои бегуноҳро ғам медиҳанд. Бангиҳо тамоми бачаҳои қишлоқро ҷавонҳоро ба ин касалӣ мубтало кардаанд.

 Мо аз мақомот хоҳиш мекунем, ки ин корҳо бас карда шавад. Мардуми бегуноҳро ғам надиҳед. Ҷангиев бас кун, ҳармхур! Ҳамаи ҷиноятҳоятро медонем. Ба ту охирон бор муроҷиат мекунем. Ин Гуловҳо як ҳаромхуранд. 30 сол мешавад ин мактабро мехуранд. Мактабро, бовар кунед, шахсӣ кардаанд, ба мисли хонаи худашон. Гуфтанд, ки мактаб ба номи Гулов Саймукаррам шудаст. Як дӯсти наздикам гуфт, ки чанде пеш як комиссия омадааст. Аз як талаби синфи 6 мепусанд. Вай мегӯяд, ки мактаб ба номи Гулов Саймукаррам аст. Баъд аз баромадани комиссия муаллим талабаро мезанад. Мегуяд, чаро ин хел гуфтӣ? Талаба мегуяд, ки ман аз куҷо донам, ҳама ҳамин хел мегуянд. Ин Гулов Саймукаррам аз мастиаш чанд уборчистаро аз шавҳарҳояш ҷудо кард. Ин беимонро як бор раиси ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ монданд, дар ҷамоат кор карда натавонист. Боз бо ҳамин зинокорӣ ба дасти мақомот афтод. 

Аммо ин навбат сахттар буд. Вақте аз район комиссия бидуни хабари пешакӣ, бедарак омад, ин беимон раиси ҷамоат буд. Дар кабинеташ боз як каси дигар буд, ки номашро гирифтан лозим нест, аврат аст, рӯбарӯи сурати президент, пешвояшон истода зино карда истодааст. Дар ҳамин ҳол ба даст афтод. Ин бор хеле даводав карда халос хурд. Аммо ман ба қонунҳои Тоҷикистон ҳайронам, ки чаро инро чизе нагуфт. Ин номард боз як муаллимаро зани дуюм кардааст. Номаш Соҷида Шарифова. Ин муаллима ягон маротиба шавҳар накарда буд.  Аммо чаро мақомот хомушанд.Қонун зани дуюмро манъ кардааст.

 Гулов Рустам ҳаррӯз аз талабаҳо сум ҷамъ мекунад .Муаллимҳо безор шуданд аз ин ҳаромхурҳо. Дар мактаб тамоман интизом нест. Фарошҳоро ба мисли ғулом кардаанд, тамоми намуди ҳақоратро мекунанд.

  Намедонем фарзандонамонро ба куҷо равон кунем, ки савод гиранд. Дар мактаб кадри басавод намондааст аз дасти инҳо. Ин директор ҳам як зинокор аст. Аммо аз занаш метарсад. Пинҳонӣ мекунад. Агар роҳро мумфарш накард, тамоми сирҳояшро дар “Ислоҳ” фош мекунем. Мошинашро фурушаду роҳро соз кунад. Як бузи ҳамсинф дорад. Дар масҷид имом мебошад. Мулло Маҳмадвалӣ. Ин мулло Маҳмадвалӣ домоди худораҳматии махсуми Маҳмадӣ аст. Ин мулло як бузи тайёр аст. Ду зан дорад. Зани дуюмаш духтари мулло Маҳмадӣ аст. Аҷоиб инки ин дузанагӣ барои бузҳои мақомот гуноҳ ҳисобида намешавад. Ин муллоро дилаш зад намурд, сагҷон будаст. Муллоҳои бонангу номус дар қишлоқ бисёранд. Аммо ин мулло,к и ягон мактаби динӣ нахондааст. Як вақтҳо аз масҷид сураш карда буданд. Мо, ба ин мулло гуфтанием, ки худат аз ин кор барову рав, бо хубӣ набошад шармандаат мекунем.

Як нафари дигар Муҳаммад Орифзода, ин шахс муаллими одӣ буд. Дар туйҳо барандагӣ мекард, саводаш хуб аст. Ман росташро мегуям одами хуб буд, то вақте ки набераи Қурбоналӣ Мирзоалиевро ба писараш дод. Бо Мирзоалиев қудо шуд. Набераи Мирзоалиев дар дасти писари Орифзода аст. Баъди ин яке қанот бароварда парид. Мазаи нонро ба серӣ дид. Мирзоалиев инро бурда дар маорифи ноҳияи Восеъ монд. Ва ин ҳаромхуриро сар кард. Маориф аз худаш шуд. Ин бо Гуловҳо кор мекард. Мактаби мо боз бесоҳиб монд. Аммо мо фикр мекардем, ки ин мактаби моро акнун обод мекунад. Не, афсус ҳама чиз ҷазиртар шуд. Халқ бояд донад, ки ин Орифзода ҳам як ҳаромхур аст. Мо, медонем, ки бо чандин муаллима бо ин ваъда, ки ба кор мегирад, ҳамхоба шудааст. Муаллимаҳои шавҳару бачадор. Ҳозир ин ҳаромхур боз калонтар шуда дар маорифи вилоят кор мекунад. Дар онҷо ҳам ҳамин корҳояшро идома дода истодааст. Ба ҳар се писараш мошин харида дод. Дар Душанбе дар маркази шаҳр як сеҳуҷрагӣ. Ин пулҳо аз куҷо? Падару модарашро ба ҳаҷ роҳӣ кард.Охир бубинед қудо шави боло равӣ дигар.

 Дар бораи нафари дигар бо номи Нурмаҳмад ба шумо гуфтаниям. Ин касифи буз ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиро ҷазир кард. Ин дузди рушод аст. Тамоми маҳалларо ба дод оварда буд. Ин худашро корманди облава нишон дода шабона ба хонаи мардум зада медаромад, барои сарбозшикор. Ин бузичаро зани дуюмашро ман мешиносам. Инро як лата карда буд. Ба ҷуз ин боз бо чанд каси дигар отнашени дорад. Зани дуюмаш ӯро хеле хурд. Аз вазифа гирифтанаш. Боз ба кумитаи замини ноҳияи Темурмалик рафт, онҷоро ҳам ҷазир кард. Аммо як ҳафта пеш ӯро аз ҷойи кораш бо наручник бурданд. Барои гуноҳони ин 20 сол кам аст. Гуё 3 гектар замини обиро ба мардум фурӯхта пулашро хурдааст. Аз онки Нурмаҳмадро қапиданд дар қишлоқ ҳама хурсанд аст. Ҳама мегуянд, ки ин ҳаромхур оқибат ба даст афтид. Лекин мо аз мақомот хоҳиш мекунем парвандаро ҷиддӣ бинанд. Бояд гунаҳгор ҷазояшро гирад. Ман ба мақомот гуфтаниям, ки ҳамаи ин номаро ман дар танҳои навиштам. Мардуми бегуноҳро ҷабр накунед.

 Огоҳӣ ба ҷамоату милиса! Раведу дуздҳову ҳақимардумхурҳоро қапед, бангиҳову баригаҳоро қапед. Аз дуздҳову баригаҳо барои хобонидани делоҳояшон чанд пулӣ гирифтанатонро медонем. Хубаш мардумро ғам надиҳед. Ҳар бегоҳ дар назди заправка бангиҳову милисаҳо барои чӣ ҷамъ мешавед?

  Инҳо, ин милисаву ҷамоат худашон муттҳам ва шариканд бо дуздҳову бангиҳо.

 Ҳамаи милисаҳо, худашон “Ислоҳ.нет”ро тамошо мекунанд, мехонанд, вале мардуми бечораро ғам медиҳанд, ки нахонед, надароед ва агар даромада тамошо кардед, ба ҷавобгарӣ кашида мешавед.

Бародар Муҳаммадиқбол! Шумо моро дуруст фаҳмед ва ин номаи моро ҳарчи зудтар чоп кунед, чопи ин беҳад зарур аст. Мо дар ҷамоати Миралии Маҳмадалии ноҳияи Восеъ рӯз надорем. Тамоми хонаҳоро якто ба якто гашта истодаанд. Барои барномаҳои қаблии шумо.

Хоҳиши ман аз мақомот ин аст ки мардуми бегуноҳро камтар ғам диҳанд. Ман худам ин номаҳоро аз даруни ҷамоат равон кардам. Мардум бегуноҳанд. Дар қишлоқ ҳозир комендантский час эълон кардаанд. Ба гуфтаи худашон пас аз соати 10 касеро қапанд, отдел мебаранд. Илтитмос, ака, ҳарчи зудтар чоп кунед!

                                     Вахш

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ман аз ноҳияи Вахш, дехаи Дустӣ (Пемка) мебошам.

Хостам як шикояти мардуми ин деҳаро ба шумо расонам. Ин мардум дасташон намерасад, ки ба ягон мақомот арзу шикоят кунанд.

Хулоса, раиси совхози мо Дустиев Мирзоалӣ ном дорад. Мо дар ин деҳаи Дустӣ аз соли 1999 истиқомат мекунем. Ин раис Дустиев Мирзоалӣ хонаҳову заминҳои деҳаи Дӯстиро ба номи худ кардааст. Ҳар чизе, ки барои фоидаи ин совхоз буд, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ ва  техникаҳоро ҳамаашонро оҳанпора карда зиёда аз 100 тона фурӯхт. Ба чандин гектар  замин ва хонаҳои моро ба хешу табораш гузарондааст. Хонаи ман дар номи писараш будааст. Номи писараш Файзиддини Мирзоалӣ. Ин раис худаш қишлоқи Дӯстӣ омада гуфт, ки ҳар як хонадор омада 20 ҳазор сомонӣ супорад хонаашро ба номаш мекунам, набошад дар хонаи худаш иҷорашин мемонам. Ин беимонҳо раҳме ба мардум надоранд. Чи тавр ин қадар хонаҳоро ба номи худашон кардааст, ҳеҷ кас намедонад. Охир раиси ноҳия Қурбон Юсупов чаро ин ҳамаро намебинад ? Охир хонат сӯзад Қурбони бех кам кам назорат кун ноҳияи раиси мекардаатро.

 Ин суханҳо ҳақиқат дорад. Илтимос, илтимос, илтимос ин суханҳоро нашр  кунед ва дар видеоҳо -Ютуб гузоред то ба мо ягон кас кумак кунад. Мо дар Русия ҳастем, муҳоҷири корӣ. Илтимос,ҳ амин қадар фаҳмонида тавонистем.

                                            Исфара

 Бароятон аз Чоркуҳ менависем. Дар бораи як ҳодиса ва чанде аз бузҳо навиштаниам. Дар бораи Шарипов Лайсиддин, Абдураҳмон Абду кабут ва Муҳибхон гуфтаниам. Инҳо се чор каса шуданд ва як нафарро заданд. Инҳо ба сари мардуми бечора зулм мекунанд.

Аз аллоҳ наметарсанд. Ӯро лату куб карданд, дар бемористон хоб рафт. Ӯро, баъд Лайс бо шиносҳояш уговорит кард, ки ариза накунад. Миёнадаро як номарди дигар, номаш Муҳибхон бо лақаби Митхун. Ин як подхолими милисаҳо. Вечно аз номи Шодӣ Ҳафиз гап мезанад. Дар шаҳри Краснодар мардумро кор мефармуд, аммо сумашонро намедод. Аз Тоҷикистон милисаҳо меомад, ин кормит мекард. Шукри Аллоҳ, ки ӯро дар Русия тюрма ва баъд депорт карданд. Ин як зинокор, як кормиткуни милисаҳо мебошад.

Аз ҳамаи мардуми Чоркуҳ хоҳиш мекунам, хусусан одамоне, ки магазин доред, пул надиҳед, ҳар як моҳ мебиёяд пул мегирад.
Ин охирин огоҳӣ ба Зафар. Набошад пулҳои аз одамҳо гирифтаатро чоп мекунем. Ин шо Аллоҳ ин Раҳмонови шайтон меравад, он вақт мардум шуморо буз мекашад.

 Шаропов Лайсидин! Ин огоҳӣ аз номи мардум  барои ту аст. Ба ту ва Оятулло Раҳматов аст, дигар ҷойи идораи совхозро нагиред.

  Шумо фикр мекунед, ки ҳамаро бо пул мехаред? Ин шумо барои пул ҳама чизатонро мефурӯшед. Аммо фикр накунед  ин шо Аллох харида намешад Аҳрор хуб гапҳоятро фикр карда зан, ки як рӯз видеоят мебарояд дар кафе Райҳон. Албатта ишораамро худат фаҳмидӣ. Нусрат бо лақаби Ло, Ҳукмӣ бо лақаби жук қадаматонро дониста монед. Жук ту як беномус ҳастӣ, агар росту дуруст нагаштӣ ҳамаи корҳоят, киҳоро фурӯхтанатро мардум мехонаду мефаҳмад. Розидинов Парвизи КГБ ин барои ту хуб огоҳӣ аст. Туро ҳам дар инҷо менависем. Абду кабут агар боз як бор дигар омадӣ ба марказ боз ҳамон ранги урус видеоятро мепартоем. Ҳоҷиҳои пулдор хуб гуш кунед. Ин қадар ба ин милисаҳову ба КГБ надиҳетон. Вагарна номи якояки шумо ва пулҳои додаи шуморо дар “Ислоҳ” мебарорем. Ин милисаҳо ва кгбеҳои омада як рӯз мераванд, вале боз мо мемонему шумо.

Акаи Муҳаммадиқбол, мо мардуми асили Чоркуҳ аз Аллоҳи меҳрубон  таманнои дорем, ки шуморо барои ин ҳама хидматҳоятон барои миллат ҳифзу ҳимоят намояд.

                 Чоркуҳ

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ҳамин рӯз дар намози ҷумъа тема фақат дар бораи “Ислоҳ.ТВ” ва “Паём.ТВ” буд. Барои чи ин масъаларо хабар додам? Ончи ки шумо заҳмат мекашед, бар ҳадар нарафта истодааст, натиҷа дода истодааст. Заҳмату меҳнати шумо ба фоидаи миллат аст. Албатта, ин хеле хушҳолкунанда аст ки то имрӯз имомхатиб номи шумо ва Кабириро ошкоро намегирифт. Дар ин намози ҷумъа (28.07.2023 )имомхатиб такрор ба такрор номи шуморо мегирифт ва мегуфт, ки ба суханони инҳоя гуш накунед, ин асту он аст. Ростӣ, то ба имрӯз дар намозҳо фақат номи Раҳмонови алайҳилаънаро мегирифт, аммо ин бор мо, мардуми намозхон дарк намудем, ки инҳо сахт дар тарсу ҳарос афтодаанд, То имрӯз тарсу ҳароси инҳоро ҳис накарда будам. Барои ҳамин, ба ҳамин шаклу тарз муборизаро идома диҳед, Ин шо Аллоҳ, рӯзҳои хубро дар пеш дорем.

Чоркуҳ

Ассаломуалайкум ва рахматуллоҳи ва баракотаҳу акаи Муҳаммадиқбол шумо хуб хастед? Ман як мухлиси шумо аз дехаи Чоркуҳ мебошам ва дар муҳочират қарор дорам. Пас аз иди Қурбон  аз Чоркуҳ баргаштам ва он чиро ки бо чашми сарам дидам хостам тариқи барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо”и Ислоҳ пешкаши мардум намоям. Дар Чоркуҳ ба  намози иди қурбон мерафтам дидам ки дар дари масҷид милисаҳо як чавонеро ки 28 сола буд вале майда ҷуса буд намегузоштанд вориди масчид шавад.  Инҷо байни мардум ва милисаҳо як каме кашокаш шуд ва як корманди чамоат Набиев Салмон омада иқрор кард, ки охир ӯ  дар ҳақиқат 28 сола мебошад, инро милисаҳо шунида баъдан иҷозат доданд, то вориди масҷид шавад. Аммо имомхатиби масҷиди ҷомеъ ба номи Хоҷа устози Валӣ Раҳмонов Абдурақиб инро дар намози ҷумъаи пас аз иди қурбон  тамоман дигар хел шарҳ медихаду боз мардумро гунаҳкор мекунад. Ман ин баромади ӯро навор кардам ба шумо равон мекунам бубинед ин Абдурақиби дуруя чи тавр ба чашми мардум хок мепошад. Мо намозгузорони масҷиди ҷомеъ ба номи Хоҷа устози Валӣ Тариқи барномаи “Ислоҳ” ба Раҳмонов Абдурақиб таъкид менамоем, ки чоплусиву лесакиҳояшро нисбати Раҳмонови пешвояш ва ҳукумат бас намояд, вагарна ҳамаи сиру асрорашро чи тавр ранги шиъаҳо сиға барин барои як ҳафта зан гириашро хусусан бо Ояхон духтари Атохони духтурро ба зани гирифтанашу байнашон чи корҳое мегузарад ҳатман ночаконда пешкаши мардум менамоем.  Охир масҷид ҷои суханони Худову Расул аст. Ин чоплус лаззати намози чумъаро бо таърифу лесакиҳои пешвояш ва паст задани ҲНИТ бо коми мо намозгузорон талх намудааст. Таъкиди мо барои Рахмонову кумитаи амнияташ ин аст, ки мо мардуми бо нанги Чоркуҳ ва кулли Тоҷикистон пайрави ҲНИТ будем ва мемонем бо ин хокпошихоятон ва сиëҳ кардани ҲНИТ шумо наметавонед ақидаи моро дигар кунед. Раҳмонов ба хотир биёр Интихоботи  соли 2010 ро чи тавр ҲНИТ 79 % дарсади овозҳоро соҳиб шуду ту ба таҳлука афтода аз ҳамон рӯз аз пайи нобуд кардани ин ҳизб ва мардони шуҷоъи ин ҳизб шуди! Барои ту ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон хақиқатро мегуям, ки ана ҳамон 79 дарсади мардум шояд боз зиëд шуда бошанд. Боварии комил дорам дар тули ин 7 8 соли набуди ҲНИТ мардум боз муштоқтари ин ҳизб шудаанд. Аллоҳ шоҳид аст ин мардум дигар илоҷе надоранд ва ҳар рӯзу ҳар дақиқа марги ту палидро интизоранд.  Гумон накун ки ин ҳама пешвозгириҳои маҷбуриву қарсакзаниҳои мардум самимиянд, онҳо дар лаб хандаву дар дил оҳи чонкохе доранду дар интизори фурсати муносиб!

               Шаҳритус

Ассалому алейкум, устод Муҳаммадиқбол! Ман як сокини Шаҳритус мебошам. Мехоҳам аз камбудиҳои ноҳия бигӯям. Вале мехоҳам шахсияти ман ошкор нашавад. Дар ноҳияи мо барқро аз соати 2 то 6 -и бегоҳ хомӯш мекунанд. Дар ягон баланд ошёнаҳо об нест, канализатсия кор намекунад. Аз дасти кормандони БДА ва ВКД ҳама ба дод омадааст. Коррупсия дар ҳар як қадам ҳаст. Зулми мақомдорон дар болои мо хеле зиёд, хусусан ба узбекзабонон. Роҳҳо умуман таъмир надоранд. Дар 30 соли истиқлолият ҳамагӣ 4 километр, ҳатто камтар таъмир шудааст, он ҳам дар маркази ноҳия. Аз дасти ин Ҳоҷии “номард бошм зинда бошм” ягон одам наметавонад соҳибкорӣ кунад. Як ӯзбекро, ки дар ҳукумат кор мекард, кадри хуб буд раиси ҷамоати  Худойназар  Холматов монданд. Аммо ӯро барои резултат подстава карданду маҳкам карданд. Дар мактабҳо кадр намерасад, дарс намедиҳанд. Хусусан дар литсеи давлатии рақами 1, мактаби Макаренко, рақами 4, мактаби рақами 1 дар як рӯз 2 ё 3 соат дарс аст тамом. Вазорати маориф умуман назорат  намекунад. Бародар як чизро бояд ба шумо бигуям, ки дар шабакаи Телеграм аз номи шумо канал кушода мардумро фиреб ва дастгир карда истодаанд.Инро ҳам ба мардум мерасонидед, ки эҳтиёт бошанд

                       Кушониён
Салом бародар! Ман аз Кушониён менависам.

Муҳтоҷова Ризқиниссо, директори мактаби 39, ҷамоати Сарвати Истиқлол аст,  писарашро гӯё барои сӯҳбат бо мухолифони давлат амният бурдааст.Падараш худаш корманди амният аст. Мегуянд, ки ӯро аз дасти корманди амният бо пули калон подподписка харида овардааст.

 Писари ӯ чунин номус ва ақлро надорад, ки аз ҳақ дифоъ кунад. Ӯ як тупой буд дар мактаб ва ҳам падараш корманди амният аст ба ӯ чи лозим мухолифон. Аммо мардум мегӯянд шояд писари ӯро подстава карда бошанд. Барои онки онҳо бо оилаи Хоркашевҳо авлоди Набимуҳаммад -полвон аниқтараш бо писарони амакаш дар қишлоқ муносибати бад доранд. Шояд онҳо ин корро карда бошанд бо ягон шиносашон дар амният. Зеро инҳо зуд -зуд ҷанг мекунанд бо ҳам. Инҳо (Хоркашевҳо) ҳам мусичаи бегуноҳ нестанд. Баланд напаред ки афтиданаш дардовар мешавад.
Директорро баъди нашри мақолаи амнияти Кушониён аз вазорат омада санҷиш гузарондаанд. 1ҳафта аз кор баромад, боз ба кор баргашт. Тамоми телефонҳои омӯзгорони мактабро 1ҳафта бурда дар амнияти Бохтар нигоҳ доштанд. Аммо ягон маълумотро наёфтаанд. Инҳо гӯсфандони кари амниятӣ фикр кардаанд, мардум беақланд. Омӯзгорон аз ҳар хонандагон имсол 60 сомонӣ пули таъмир ҷамъ карданд. Аммо чаро худи омӯзгорон боз синфҳояшонро таъмир мекунанд. Солҳои пеш барои хонандагони поёнӣ таъом медоданд. Қариб 10 сол мешавад ягон нони қоқ намедиҳанд. Куҷо шуд пешрафти маориф ва озуқаворӣ. Дар ин муассисаи таълимӣ қариб, ки ҳамаи омӯзгорон занон мебошанд.  Мардон партофта ба дигар кор рафтаанд ё ба Русия. Якчанд омӯзгорони пиронсол дорад бо собиқаи хуби кор. Онҳо, агар худое накарда, корро бас кунанд, мактаб номаш мемонад,тамом.

 Аз вазорати маориф дархост мекунем зуд-зуд дар муассисаҳои таълимии кишвар аттестатсияи омӯзгорон гузаронида шавад: аз рӯи психология, педагогика, ва фанҳои шахсии ҳар омӯзгор. Касони бе маҳорату бе илмро пеш кунед аз кор то дар дарсҳо ба хонандагон даврони ҷавонӣ ва туяшонро нақл накунанд. Маоши омӯзгоронро бардоред.1 400 сомонӣ ин чи аст? Шармандагӣ! Камаш бояд 4000 сомонӣ бошад. Аз фанҳои химия, биология, риёзӣ, физика омузгорон қариб дар ҳамаи мактабҳо намерасад. Валлоҳӣ қасам, бо чашмонам дидаам. Омӯ згорони зан ва мардро дар мактабҳои ҷумҳурӣ, ки ҳатто 50 фоиз аз ихтисоси худ маълумот надоранд. Вазъият дар Донишгоҳҳо низ чунин аст.

  Назди мактаби 39 як заправка ҷойгир аст. Тибқи қонун он дар назди мактаб ва хонаҳои истиқоматӣ набояд қарор дошта бошад. Заминҳои паҳлуи ин заправка пеш пахтакорӣ мешуд, ҳосили беҳтарин дошт. Зеро аз назди дарё мегузарад. Ҳамаи ин заминҳо аз тарафи раиси ҷамоат ва раиси ноҳия фурӯхта шуданд ва бисёре аз ин заминҳоро ба одамоне фурӯхтанд, ки пул доданд. Баъзан нафарон 40 ё 45 сола шудаанд дар навбати заминанд. Ин заминҳоро одамони пулдор барои наберагони худ хариданд. Кормандони амниятӣ ва суду прокуратура гирифта баъзеяшон ба дигарон фурӯхтанд. Баъди нашри ин маълумот ҳатто Президент дар як баромадаш номи раиси ноҳияро гирифта ӯро танқид кард ва гуфт зидди онҳо делои ҷиноятӣ кушода шававду тафтиш шавад аммо ягон хабари ба суд кашидани ягон раиси ноҳия барои заминфурӯшӣ набаромад. Фармонҳои ин ҷаноб чунон вазне доранд, ки ҳатто шамол онҳоро бурд ба фаромушӣ. Манро ёдам ҳаст дар солҳои баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ барқ доштем аммо ҳоло баъди ин қадар нерӯгоҳҳои нав сохтан барқ надорем.

  Вақте шикоят мекунанд мегӯянд дар ин територия дарвозиҳо зиндагӣ мекунанд ва дашном мекарданд. Мегуфтанд шумо дар черный список ҳастед. Як сабабаш ин аст ки аз ин деҳаҳо чанд нафар ба ҷанги Сурия рафта буд. Сабаби дигараш шояд маҳалгароӣ ва кинаи ин нодидаҳо бошад. Аммо дар ин деҳаҳо аслан мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз Кӯлоб, Хуҷанд, Вахиё,  Ванҷ, Ғарм, аммо бештарашон мардуми Дарвоз мебошанд. Ҳамаи мардум солҳои 1960 то 1970 бо пешниҳоди академик Бобоҷон Ғафуров ба инҷо оварда шудаанд. Акнун мебинем пас аз нашри ин нома чи мешавад.

Исфара

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи вабаракотуҳу.

ДАР ИСФАРА ДАР ҶАМОАТҲО ЧАРОҒРО ХОМӮШ КАРДАН ШУРӮЪ ШУДААСТ.

Аз санаи 17.07.2023 то кунун чароғро хомӯш карда истодааст. Дар ҷамоат бо навбат маҳалла ба маҳалла. Ҳатто дар шаҳр свет хомӯшкуни рафта истодааст.

Дар шаҳр як соат дар рӯз ва дар ҷамоатҳо бошад баъди намози шом соатҳои 20:00 то 20:30 барқро хомӯш карда истодааст. Охир ин чи рӯзу рӯзгор аст, на дар замистон барқ дорем ва дар тобистони гармӣ ҳам ҳоламон бе барқӣ.

Share This Article