Дар қазияи 90 кг тилло ва 15 млн $ бародари Р.Раҳимзода ва Юсуф Раҳмон даст дорад

Ислоҳ нет

Моҳи ноябри соли гузашта Прокурори генералии Тоҷикистон аз боздошти  90 кило тилло ва 15 млн,доллари амрикоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод.

Вақте ин маводди қочоқӣ дастгир шуд, дарҳол худи Генпрокурор Юсуф Раҳмон ба Президент хабарро расонид, ки «Подшоҳи олам дуздро дастгир кардам». Ва худи ҳамон рӯз Маҳмадалиро (корманди Хадамоти гумрук дар Панҷи поён) бо язнааш ба маҳкама кашиданд.

Ҳамчунон ду коргари гумруки фурудгоҳ  ва ду коргари гумруки Панҷи поён дар сарҳади Афғонистонро бо гирифтани санксия  зиндонӣ кард. Маҳмадалӣ бо додару язнааш соҳиби  ширкати “ҶДММ Сафариён” як ширкати хизматрасонӣ ҳастанд ва борҳо, ба гуфте 24 маротибаи дигар аз тариқи фурудгоҳи Душанбе ба Дубай тиллоро интиқол дода будаанд. Аммо ин маротиба ба даст афтоданд. Вақте санҷиш мекунанд, мефаҳманд, ки тилло аз тариқи гузаргоҳи Панҷи поёни сарҳади Афғонистон ворид шудааст. Ва дар гумрук қайд шудааст. Ва бо декларатсияи гумрукӣ нишонаи тронзити байналмилалӣ сабт карда шуда ва мушояъат -сопровожденийи ин бор аз ҷониби як корманди «уголовник»-и  шуъбаи милисаи ноҳияи Ҷайҳун бо фармони сардори шӯъбаи милиса Солеҳов Неъмат сурат гирифтааст.

Қабл аз онки ба тафсилоти ин қазия бипардозем, лозим донистем инҷо ҳукми додгоҳи Душанберо дар ин бора биоварем, ки хабаргузориҳо нашр кардаанд:

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Назаров Субҳиддин Розакович, Сафаров Муҳамадалӣ Давлатович, Сафаров Фирдавсӣ Давлатович, Саидов Ҳасан Асадуллоевич, Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич, Аслонов Зариф Юсупович ва Одназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,

Ба Назаров Субҳиддин Розакович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,

Ба Сафаров Муҳаммадалӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (моҳ), бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр, 

Ба Сафаров Фирдавсӣ Давлатович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,

Ба Саидов Ҳасан Асадуллоевич бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,

Ба Раҳмонов Меҳрубон Нахимович бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр,

Ба Сайфуллоев Қурбоналӣ Нуралиевич бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,

Ба Аслонов Зариф Юсупович бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ, 

Ба Одиназода Қудбиддин Назрӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ,

Ба Шарипов Маҳмадризо Зарифович бо моддаи 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқомати маҳкумшуда, бо нигоҳ доштани 30 фоизи музди меҳнаташ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Далелҳои шайъӣ 89 кг 343 гр 52 млг. металли қимматбаҳои тилло ва асъори хориҷӣ 13 489 539 риоли ШАС ва 200 000 фунт стерлинги ШБК, ки дар Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисии муовини раиси суди шаҳри Душанбе – Бобохонзода Асомуддин баррасӣ гардид.

Инро бояд тазаккур диҳем,ки Солеҳов Неъмат, сардори милисаи ноҳия ҳамдеҳаи  вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Ҳамро буда ба воситаи додари ҳамин вазир -Раҳмонқул Раҳимов( Раҳмоналӣ Раҳимзода) ,ки дар мақоми сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқваронкун (қочоқ)ӣ Хадамоти гумрук кор мекунад, ба ин вазифа расидааст. Солеҳов Неъмат дар як муддати кутоҳ  сардори милиса таъин карда шуд. Танҳо ба хотири тиллоро роҳбаладӣ кардан ӯро сардори шуъбаи милиса монданд. Вагарна лоиқи ин вазифа аслан набуд.

Аҷибаш ин ки 5-6 нафари бечораро маҳкам карданду аз ташкилкунандагону роҳбарони ин амалиёт ҳеҷ гапе нест. Яъне сардори милиса Солеҳов Неъмат, сардори  гумрук Сафаралӣ, ҷияни қудои  Ҳасан Асадуллозода, сардори КПП заставаи Панҷи поён -Абдулфаттоҳ  ва Салмон Салимов ва генерал Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ва қудои хоҳари президент мебошад дар озодианд. Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ аст.Бояд зикр намоем,ки қаблан Раҳмонқул Раҳимов буд, баъдан Раҳмон Раҳимов, феълан Раҳмоналӣ Раҳимзода кардааст ному насабашро.  Аз ин хешу таборӣ бо хоҳари президент Раҳмоналӣ Раҳимзода сардори Раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкунии Хадамоти гумрук  ва ду писараш яке дар ВКД (6-отдели вилояти Суғд) ва писари дуввумиаш домоди хоҳари Пешво ёрдамчии прокурори ноҳияи Рудакӣ мебошад. Ва тамоми БЕСПРЕДЕЛӢ-ро мекунад. Раҳмонқул Раҳимови додари вазири дохилӣ бошад аз касе тарс надорад. Вай дар ҳама амалиёти қочоқӣ ҳатман даст дорад. Ва «доля»-хӯр аст. Фурӯши вазифаҳои болоии МВД ба воситаи ӯ сурат мегирад. Ӯ доляро мегираду акаи вазираш фармони таъинотро содир мекунад. Ҳатто номерҳои 0101-0007-1111 ба фармони ӯ 3000 доллар фурӯхта мешавад. Қариб 60-70 нафар аз ҷияну хешу таборҳояшон дар ниҳодҳои МВД дар вазифаҳои муовини сардор, сардори  шуъба ва Раёсат кор мекунанд. Чандин хонаву дача дар вилояти Суғду Душанбе дорад. 4 ҳавлӣ ва 6 квартира дар Душанбе, ки ҳамааш гаронбаҳо мебошанд. Сардори Хадамоти Гумрук генерал лейтенант Хуршед Каримзода аз тарс ба ӯ чизе гуфта наметавонад. Охир бародараш вазири дохила писараш домоди хоҳари “пешво” ва ёрдамчии прокурори ноҳияи Рудакӣ. Крышаҳояш хело қавиянд.

Оё ба ин музди маош мумкин аст соҳиби ин қадар моликият ва ё мошинҳои 70-100.000 ҳазор долларӣ шудан?.

Муҳаммадалӣ Раҳимзода додари дигари вазири дохила соли таваллудаш 1966 Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг. Муҳаммадалӣ Раҳимзода  ҳамчунон як дузду ғоратгари хело моҳири дигаре мебошад.(Ислоҳ досияи сиёҳи ин бародари ВКД Рамазон Раҳимзодаро дар ҳоли омода намудан ҳаст)

Шодӣ Ҳафизов-сардори УБОП-и МВД  домоди вазири дохилӣ, язнаи Раҳмонқул Раҳимзода аст. Шодӣ  Ҳафизов барои Раҳмонқул мисли ғуломи тапа таёр аст. Аз вазир не, аз Раҳмонқул метарсад ва ҳамаи амри ӯро бе чуну чаро иҷро мекунад. Масалан делоҳои касро мазҳабӣ, ифротӣ ё шиа, салафӣ, наҳзатӣ гуфта маҳкам мекунад. Ва пулро гирифта сипас Шодиро мегӯяд, ки раҳояш кун, ки салафӣ  ва ё шиъа ё наҳзатӣ набудааст. Ҳолдонҳо дар мавриди даромади Раҳмонқул Раҳимзода мегӯянд, ки дар моҳ беш аз се миллион доллар пайдо мекунад. Ин маблағ аз тиҷорат не ,танҳо аз пора,гузаронидани молҳои қочоқӣ,вазифа фурӯшӣ аст. Тиҷоратҳои калонҳаҷми дар хориҷи кишвар ҳам доштааст.

Хулоса, вақте тиллоро бо ин нафарон дастгир мекунанд Ҳасан Асадуллоев Генпрокурорро мегӯяд, ки хомуш кун ин қазияро. Бачаҳоро ҷавб деҳ. Ӯ мегӯяд,ки ман ҳамаашро ба Президент расонидаам, дигар озод карда наметавонам. Ҳасан мегӯяд:  «ин хел бошад,чихеле мекунӣ, ин кори ту. Сафаралиро -сардори Гумрук,ки хеши ман аст, умуман аз бозӣ барор, точка, гапи зиёд назан».

Генпрокурор азбаски ҳамаро ба Президент хабар додаам мегӯяд, дигар қафо гашта наметавонам. Вай дар балои дусара мемонад. Хулоса делои ин бачаҳоро нимкола карда ба суд мефиристонаду хап карда мешинад.

Касе ба президент хабар медиҳад, ки 6 бечораро зиндонӣ карданду  сардорону роҳбарони ин қазияро умуман намепурсанд. Президент аз Генпрокурор мепурсад, ки ин 6 кудакро зиндон кардӣ, роҳбаронашон канӣ? Чаро сардори милисаро, сардори гумрукро маҳкам накардӣ? Ё ин тилло аз кист, зуд роҳбарашро ёфта маҳкам кун!

“Генпрокурор Юсуф Раҳмон якбора дар бало мемонад. Чи кор карданашро намедонад. Дарҳол рӯзи баррасӣ шудани делои 6 одами аввал, сардори милисаро маҳкам мекунад. Мехоҳад  ӯро ҳамчун ташкилкунандаи ҳамин кор нишон диҳад. Вале ин дуруст намебиёяд.Чунки гумруку сарҳад дар итоати  милиса нестанд. Баъд командири сарҳадбон Абдулфаттоҳро оварда дар ИВС-и милисахона маҳкам мекунад. Вале Сафаралӣ ва Раҳмонқул Раҳимовро умуман кордор намешавад. Аммо аҷоибиву ғароибии қазия инҷост. Сафаралӣ  сардори гумрук аст. Ҳасан дастгирӣ мекунад. Гунаҳгори асосӣ. Чаро? Агар Сафаралӣ нахоҳад ягон амалиёт рух намедиҳад. Агар Сафаралиро маҳкам кунанд, албатта  мегӯяд, ки маро Раҳмонқул Раҳимов  фармон дод, ки бо сарҳаду дигарҳо худат маслиҳат куну тилло ҳар вақте омад раҳнамоӣ кун.”

«50.000 доллар ҳақи шумою сарҳад, ҳамаро тинҷ карда ба дасти сардори милиса Солеҳов Неъмат супор халос, хизмати ту ҳамин, он тарафаш кори ман. Ман, ки борро нақапам, кӣ меқапад? Ҳеҷ кас қудрат надорад. Худам роҳбари қочоқ, акаам вазири МВД.Генпрокурор дӯстам, якҷоя дар Суғд медуздидем»

Хулоса Сафаралиро фармон медиҳад. Дарҳол розӣ мешавад. Ин гуна сармояи калон Раҳмонқул Раҳимзода, ки гуфт, дигар ҷойи тарс нест. Ва бо сарҳад машварат карда мунтазам ду-се маротиба тилло ворид карда ба дасти Солеҳов Неъмат медиҳаду пулро ба киса мезанад. Тасодуфан бори бистучаҳорум ба даст меафтанд. Акнун худатон фикр намоед,ки дар 23 маротиба чи қадар тило қочоқ шуда ва Раҳмонқул Раҳимзода ва ин мафия чи қадар маблағ ба даст овардаанд.  Вақте Солеҳов Неъматро маҳкам мекунанд, Раҳмонқул ба акааш мегӯяд, кор расво мешавад, сири ман фош мешавад, ягон кор кардан лозим. Генпрокурор мегуяд ман бояд ташкилкунандаи ин корро ёфта маҳкам кунам. Вале Ҳасан пуштибонӣ мекунад. Яъне Сафаралии сардори гумрукро наметавонам биёрам. Солеҳов Неъматро пурсанд, албатта Раҳмонқулро мефӯрушад. Сафаралӣ Неъматро ҳам агар бурда пурсанд, албатта Раҳмонқулро мефурӯшад. Бо Генпрокурор маслиҳат мекунам ва Абдулфаттоҳ, сардори заставаи сарҳадиро оварда дар ИВС-и милиса маҳкам мекунам. Ба сараш бор кунанд,ки гӯяд, ман ташкилкунанда ҳастам.

Вале ӯ ба гардан намегирад. Мегӯяд, ки одамони асосии ин кор Сафаралӣ ва Раҳмонқул буданд. Ҳар шаб аз УБОП сардораш Шодӣ Ҳафиззода, шогирду ғулом ва язнаи Раҳмонқул Раҳимов 4 нафар ниқобпӯш рафта дар ИВС Абдулфаттоҳро дар барқ мемонанду сахт азобу шиканҷа медиҳанд. Ва мегӯянд, ки мемурӣ ё ба гардан мегирӣ. Абдулфаттоҳ ба ҷон омада раги дасташро мебурад, то ки бимирад. Бародараш ба Прокуратура  шикоят  мекунад. Ҷавоб мегиранд, ки роҳбари мо худаш инро мехоҳад. Бо Раҳмонқул Раҳимов маслиҳат карданд, ки агар Абдуфаттоҳ ба гардан гирад, он гоҳ Раҳмонқул ва Сафаралӣ аз об соф мебароянд. Аз ин лиҳоз Абдулфаттоҳоро ҳар шаб мурданӣ мезананд. Абдулфаттоҳ аз Муъминобод ва як инсони хуб аст. Вале ин золимонро, ин номардонро  мисли Ҳасан, мисли Сафаралӣ ва мисли Раҳмон…бин,ки аз Худо наметарсанд,чи корҳое намекунанд.

Аз бачаҳои Муъминобод як кас даромада Абдулфаттоҳро мебинад. Абдулфаттоҳ ба ӯ мегӯяд, ки инҳо маро мекушанд. Бисёр азоб дорам. Ба аъзои баданам 6 бор барқ монданд. Мегӯянд, ки ба ҷойи Сафаралӣ ту ба кала гир.

О,Ҷаноб ин чи кораст?! Домоду қудоҳои худат бас набуд,ки боз қудои хоҳарату Ҳасани хусурбачаат даст  ба чунин корҳо мезананд?

Раҳмонқул Раҳимов  худаш золим,одамкуш буд,боз шумо пушту паноҳаш шудед! Чаро ҳамаро мебинеду беадолатии хешу табори худатонро не?!

P.S: Хонандаи азиз! Шумо худатон пай бурдед, ки киҳо дар воқеъ дар дуздии тилло ва миллионҳо доллар шариканду вале  дар ҷойи онҳо дигарон азоби зиндон кашида истодаанд…..Чунин аст  Тоҷикистон, ки дар ҳақиқат барои баъзеҳо ҷаннат асту  барои боқӣ ҷаҳаннам.

Таҳқиқоти “Ислоҳ” идома дорад,бо пайдо шудани ҷузъиёти бештаре дар ин қазия ҳатман онро тақдиматон менамоем. Бо “Ислоҳ” бошед,то решаи коррупсия ва фасоди молиро аз кишвари азизамон барчинем. Ончи дар матлаб омадааст мумкин аст “Пешво” надонад. Худо кунад наздиконаш ба ӯ расонанду ҷинояткорон ва қочоқчиёни дар “Хадамоти гумрук” ва ВКД нишаста ҷазои муносиб гиранд. Вале дар гумон аст,чун писари Раҳмонқул домоди хоҳари “пешво” аст,медонед,ки домод шудед тамом дасту пойи “пешво” баста аст дигар….

Share This Article