Ин навбати нашри «номаҳо…» ғайриодӣ аст. Танҳо номаи як нафар инсони дилсӯз ва бовиҷдонеро дар бар мегирад. Номаи ин нафар ончунон табии ва инъикоскунандаи воқеияти талхи кишвар буд, ки натавонистем онро ихтисор кунем. Худи муаллиф ҳам инро хоҳиш кардааст, ки номаашро комилан ба дасти чоп бидиҳем. Мо, ҳам ба ин қарор расидем, ки ин номаро ба унвони нашри 55ум алоҳида ва комил мунташир созем:
Салому алейкум бародари гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад!
Ҳамчуноне ба ҳамагон маълум аст дар саросари Тоҷикистон ва хориҷ аз он айни замон ягон расонае ба мисли «Ислоҳ» маъруфу машҳур нест ва Шумо ҳоло сербинандатарину ҷолибтарин расонаро роҳбарӣ мекунед.
Ман ҳам хостам аз ин минбари баланди “МИЛЛӢ” як муроҷиате дошта бошам ва бовар дорам номаи ман ба гуши шунаванда ва алалхусус ба гуши раиси ҷумҳур -президент мерасад. Илтимос, бародар, ҳамаи ин суханҳои маро беқайчӣ дар барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо” нашр кунед!
“Муроҷиат ба Президент Эмомалӣ Раҳмон! “
Ҷаноби президент!!! Шумо дар чандин маҷлисҳо ва вохуриҳоятон бо мардум аз норасоии кадрҳо, мутахассисҳо ҳарф мезанед, доимо ба маориф ва донишомӯзии ҷавонон таъкид мекунед, аммо чаро дар ҳукумате, ки шумо идора мекунед сатҳи донишомузӣ ба таври рекордӣ паст рафта истодааст. Намедонам, ки шумо огоҳ ҳастед ё нестед. Дар як сол ҳазорон ҷавон донишкадаву донишгоҳҳоро хатм мекунанд. Вале баъди хатми донишгоҳ 90℅ ба дигар кору бор машғул мешаванд ва ё ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Инҷо ду сабаб дорад. Якум бесаводии ҷавони донишгоҳро бо пул ва пора хатм карда ва дуввум набуди ҷойи кору маоши муносиб.
Чаро мутахассисони ҷавон ва низ кордидаву кордонро қадр намекунед ва маҷбур месозед, ки аз кишвар баромада раванд?
Дар соҳаи маориф, тиб, саноат ва соири соҳаҳо мутахассисони бе пушту паноҳ, шахсоне, ки «криша» надоранд, наметавонанд ба мансабҳои боло расанд.
Чаро дар ҳукумати шумо вазифаҳо танҳо ба хешу табори мансабдор мерасад? Чаро вазифаро ҳамчун мероси падарӣ забт карда мегиред?
Ҷаноби Президент, ман ҳамчун як ҷавони тоҷик, хамчун як мутахассис, ки солҳои зиёд дар ҳукумати шумо ва идораву корхонаҳои саноатии давлатӣ кор кардаам гуфтаниам, ба чи сабаб шумо ин қадар спектаклбозиҳову найрангбозиҳову дар чашми мардум хок пошиҳову фиребгариҳоро дӯст медоред?
Муҳтарам президент! Ман дар даври студентӣ аз дасти шумо туҳфа гирифта будам. Ман варзишгар будам, аз он лиҳоз шуморо то солҳои 2015-16 эҳтиром мекардам.
Пас аз он солҳо сиëсати шумо обру ва шаъну шарафи шуморо дар сартосари ҷумҳурӣ паст карда барбод дод.
Ман ҳам яке аз шахсоне будам, ки фақат аз шумо тарафдорӣ мекардам. Пас аз он корҳое, ки ба чашми сар дидаму шоҳиди он гаштам, бовар кунед, дилам аз шумо ва давлату ҳукумататон ях гашт. Ман ба чашми сар дидам, ки тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ, мансабдорону вазифадорон ба халқу миллату давлат чигуна хиëнат мекунанд. Қасам бар зоти поки Худо, валлоҳӣ биллоҳӣ, таллоҳӣ мехоҳам ба шумо расонам, ки мардум аз шумо безор шудаанд, инро агар намедонистед бояд бидонед. Ба Худо қасам, он касоне, ки гапи маро инкор мекунанд, онҳо чоплусанд ва подхалим ҳастанд.
Ман бо мардум кор кардам. Ҳатто дар идораҳо раисону мансабдорон аз шумо безор шудаанд. Ин айб нест ба шумо? Шумо шарм намекунед? Шумо медонед, ки ҳар боре, ки ба ноҳияҳо сафар мекунед ҳамаи он мардумро маҷбур ҷамъ карда мебаранд аз идораҳо, маорифу бемористону дигару дигарҳояш, то раисони маҳаллаҳо.
Ман шахсан безор шуда будам. Аз ҷумла вақте охирон бор дар НБО Роғун рафта будед, моро маҷбур бурданд. Ҳатто сардори руирост гуфт, ки «ин пирсаг заибать кардай».
Шумо шарм намекунед, ки мардумро ба пешвопарастӣ маҷбур мекунед? Ин айбу шарм нест? Шумо инсон ҳастед? Номус доред шумо? Ҳисси мардиву мардонагӣ доред шумо? Чаро шумо мефахред аз кунлесии чаҳор чоплус? Чаро дар саросари кишвар раҳ ба раҳ, дарахт ба дарахт, санг ба санг, ҳатто то дару тирезахои туалетҳо пешво- Эмомалӣ Раҳмон менависанд? Шоири бузурги тоҷик чунин гуфтааст:
Номи худ дар санги хоро сабт кардан шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт!
Бовар кунед, ҷаноби президент, шумо обу руи миллати тоҷикро дар замин задед. Дар Русия саг қадр дораду тоҷик не. Дар худи Тоҷикистон бошад саги мансабдор қадр дораду мардуми одди не!
Шуруъ мекунем аз як спектакле, ки дар корхонаи алюминийи тоҷик гузашт
Вақте шумо омадед чаро дар корхона бо мардуми оддӣ, бо коргарҳо аз ҳолу аҳволи онҳо ва корхона пурсон нашудед? Чаро бо худ савол накардед, ки кӣ ин корхонаро ба ин ҳол овард? Ҷои шарму нанг аст ки ҳукумати Ленину Сталин дар Тоҷикистон барои миллати тоҷик корхона сохт, вале шумо бошед пешвои миллат, падари миллат, намедонам дигар чи бигуям может ещё модари миллат… онро вайрону валангор кардед ва мардумро бе ҷои кор кардеду дар ташвиш андохтеду саргардони Русия кардед. 13.000 кас инҷо кор мекард. Ҳоло чанд кас кор мекунад? Магар шумо намедонед, ки дар даруни ин завод корхонаҳои Ҳасани додарарусатон аз ҳисоби барқи арзони он кор мекунад? Ин дуздиҳое, ки шумову хешу таборатон дар ин корхона карда истодаед, ҳисобу китоб надорад.
Ҳангоми сафарҳоятон бо он шахсоне, ки пешакӣ тайёрӣ мебинанд, бо онҳо спектаклбозӣ мекунед, аз аҳволу аз воқеияти мардум мегурезед, худатон ва миллату давлату ояндаи мардумро фиреб мекунед.
Чаро дар корхонаи алюминийи тоҷик охраникҳояш якҷо бо амнияти завод шабу рӯз дуздӣ мекунанд? Онҳоро кӣ кришовать мекунад? Аз намози шом то субҳ дар дохили завод дуздии руирост идома дорад? Аз Кулобоу аз Бохтару ким ба куҷо омаданд, барои меҳнати ҳалол не. Онҳо маошҳояшон 800-1000 сомонӣ аст. Аз Қӯрғонтеппа ба велик меоянд Регар, баъди як сол ба мерседес рафта дар Душанбе хона мехарад. Ин пул аз куҷо? Маълум, ки аз дуздиҳояшон аст.
Ҳамаи раисону калонҳо бохабаранд, ҳатто то мудири кулли корхона ҳамаашон дузданд. Чаро дар заводи алюминий аз маоши коргарон 10-15 сомонӣ барои обунаи газетаи «Минбари халқ»-нашрия Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, мегиранд?
Ҳам ҷои ханда аст, ҳам ҷои гиря. Ҳизби халқӣ-демократӣ чи хел демократӣ аст ки аз мардум маҷбур пул меситонанд. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи эксперти саноатӣ ба хулосае омадам, ки чаро заводи алюминий дар ҳоли мурам ë на мурам кор карда истодааст, вале чаро хомушаш намекунанд? Дар тамоми дунë агар корхона ба чунин аҳвол гирифтор бошад ӯро фавран аз кор боз медоранд, чунки истеҳсоли алюминиюм 100℅ аз қувваи барқ вобаста аст. Бояд, ки даромади истеҳсолот харҷи неруи барқро пушонад.
Агар пули барқро напушонад, албатта, ки ӯро аз кор бекор мекунанд .Ин магар як тасмими мантиқӣ аст.
Вале аз сабабе, ки дар Тоҷикистон нисфи қувваи барқи аҳолиро ба корхонаи алюминий тақрибан бепул медиҳанд. Мардум бе барқ зиндагӣ мекунанд. Шумо фақат фикри худатонро мекунеду халос. Худо ҳамаатонро хору залил гардонад, ҳаромхурҳо. Дар ҳамаи ин гуноҳҳо ҷаноби президент гунаҳкор аст ки хешу таборошро мисли саги гушна аз занҷир сар додаст, ки дигар контрол карданашон наметавонад.
Корхонаи алюминийи тоҷик ин як моликияти давлат буд. Чаро инро бо як қарор ҳамроҳ бо Роғун ба моликияти хусусӣ табдил гардонид?
Муҳтарам президент, ин ҳақу ҳуқуқро ба шумо кӣ дод? Чаро аз мансабатон суистифода мекунед? Манфиати10 млн шаҳрвандро аз манфиати худатон пасттар медонед? Бас кунед бедодгариатонро. Ҷони мардумро ба лаб расонидед! Шумо ва аҳлу авлодатон амнияти кишварро дар хатар мондаед.
Як бор мисли шоҳони одил, ки дар таърих буданд, ба раияти худатон назар кунед, шарм намекунед? Чаро ин ҳама одамони бесаводу бемаърифатро сари вазифаҳои дараҷаи байналмилалӣ мемонед. Як бор бингаред, ягон вазиру кабиру хоку балоятон ҳатто ба забони модарии тоҷикӣ озодона суҳбат карда наметавонанд, ин ҷои шарму хиҷолат нест?
Дар маҷлисҳо ҳатто салому алейкро аз болои варақ мехонанд, ин шарм нест магар? Чаро Рустами Эмомалӣ вақти суханрониаш дар маъракаи кушодашавии бозиҳои Гранпри дар Тоҷикистон ҳамон чор даҳан гапро, ки ба коғазу варақ ниëз надошт, аз руи варақ хонд?
Чаро дар Тоҷикистон як нафар дар чанд мансаб кор мекунад? Оë дигар одаму дигар кадр нест? Наход, ки дар як Душанбеи калон дигар ягон одам набошад,ки вазифаи раиси шаҳрро иҷро карда тавонад? Чаро Рустами Эмомалӣ ҳам раиси шахр ва ҳам раиси Маҷлисӣ миллӣ аст? Ин дар кадом қонун дуруст мегирад? Ë раиси шаҳр бошад, ë раиси парламент. Монед ягон одами дигар дар яктоаш кор кунад.
Муҳтарам ҷаноби президент! Чаро амниятиҳо телефони одамҳоро аз дасташон гирифта ба саҳифаҳои мухолифин даромада лайк мегузоранд ва баъдан соҳибони онҳоро подстава карда ба доми худ мекашанд. Ва бо ин роҳ ҳатто ба комиссариати ҳарбӣ одам ҷамъ мекунанд. Мегуянд агар бачаат аз Русия наояд мо шуморо зиндон мекунем. Ин чи гапу кор аст? Ин чи гуна давлатдорӣ аст? Шарм намекунед? Ин қадар мардуми бегуноҳро бо ҳар хел гуноҳҳои сохта бурда шинондед. Шумо фикр доред, ки мардум намедонад? Ҳама медонанд!
Сабри мардум лабрез шудааст. Ногуфта намонад, ки як занро дар истгоҳи мошинҳо дар назди корхонаи алюминийи тоҷик ними шаб дидам. Модар чунон ба алам гиря дошт, ки бовар кунед, дили кас реш- реш мешуд. Аз он модар пурсидам, чи шуд ба шумо, чаро гиря доред? Модар гуфт, ки бачаам дар хизмат аст чанд рӯза ҷавобаш доданд, ба хона омада истодааст. Ман гуфтам, нағз ку, чаро гиря доред, гуфт,ки ҳар боре биëяд нисфи дороии хонаро ба худ мебарад.
Ӯра командирҳояш ҳар чиз заказ мекардаанд, агар набиëрӣ капаат сухтагӣ. Мегуяд модар, ки ҳатто аз банк қарз гирифтам ва ба командирҳояш аз бозор ба 1000 сомонӣ ҳар чиз харидам. Ҳол бошад ман пул надорам. Аз ҳама ҳамсояҳоямон қарздорам, намедонам чи кор кунам. Модар крановшик будааст. 600 сомонӣ маош мегирифтааст. Ин ҳикояти соли 2016 буд.
Дар Тоҷикистон бесаводтарин ва фиребгартарин гурӯҳи кормандони давлатӣ метавон гуфт, ки90℅ милиса ва ГАИ мебошад. Инҳо аксарияташ фарқи права аз техталонро намераванд. Ҳамин гуна бесаводҳо нозири тартиботу риояти қоида дар роҳҳоянд ва дар давлат кор мекунанд. Онҳо номи ҳукумату давлати Тоҷикистонро паст кардаанд.
Мардуми Тоҷикистон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд:
“ҳукуматӣ ва халқи оддӣ”
Ҳар лаҳзаву ҳар соат бо ҳар баҳонаву воситае фишор меоранд ба мардумӣ оддӣ. Ин кор оқибати бад дар пеш дорад. Тамоми кишвар дар фасод ғарқшудаву шино карда истодааст. Тамоми ҷо хешутаборбозӣ. Амнияту милиса бо ҳар роҳу восита хуни мардумро макида пул кор мекунанд, гаиҳо дар сари роҳҳо талбандагӣ мекунанд. Магар ин шарм нест? Бе пора пеши духтур рафта наметаонӣ. Раиси шаҳрҳову ноҳияҳову маҳалҳо ҳатто ба тоҷикӣ озод суҳбат карданд наметавонанд, ба русӣ тем более.
Боз мегуянд, ки шумо мухолифҳоро гуш накунед. Охир чаро дар давлат ягон инсон ранги ҳамин мухолифони ҳукумати Раҳмон сухандону бофарҳанг нест, ки мо онҳоро гуш кунем?
Як президент 24 соат дар телевизиону радио баромад мекунад. Аз пушти ҳамин баромадҳои дилбазану якнавохти президент қариб 90℅ мардуми Тоҷикистон ба афғонию туркӣ гап мезанад. Мардум ҳама вақт тарафдори ҳақ ҳаст. Мухолифони Раҳмон гапи ҳақро мезананд, тарафдору тамошобин доранд. Дар Тоҷикистон, ки ҳаст, ки тамошобин дошта бошад, ба ғайр аз Аббоси ғармӣ ва чучи кулобӣ?
Боз як хел блогерҳо пайдо шудаанд, ки бар зидди мухолифони ҳукумати Раҳмон гап мезананд. Бубинед,ки шуморо чи хелӣ одамҳо пуштибониву тарафдорӣ мекунанд? Шармам меояд. Ин хел одамҳо шуморо шарманда ва шармсор мекунанд. Дигар одами гапдону босавод набуд дар кишвар, ки вазири алоқа шавад? Наход Бег Сабур вазири алоқа бошад? Абукамол мегуяд. Шарманда.
Чанд рӯз пеш як барномаро дар «Ислоҳ» нигоҳ кардам. Як бародар аз ноҳияи Айнӣ, муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Рӯзибой Раҳимзода. Мардак марди бо маърифат ва ба савод метофт. Маълум буд, ки инсони аҳли илму маърифат аст, вале…… Чуноне, ки мегуянд:
Аз тақозои замону гардиши чархи фалак,
Хукро гуфтам тағою хирсро гуфтам амак.
Он мард ҳам бояд ягон ҷо кор кунад, зиндагиашро пеш барад. Барои ҳамин маҷбур аст ки бисёр вақтҳо 2+2=5 гуяд. Номаш Рузибой. Акаи Рузибой хаста набошед. Шумо медонед, ки дар Айнӣ чанд корхонаву конҳо ба истифода дода шудааст ва онҳоро кӣ истифода мебарад? Дар кадоме аз онҳо ҳиссаи давлати Тоҷикистон ақалн 40% аст?
Чаро дар Бадахшон ва дигар минтақаҳо коркарди сангҳои қимиатбаҳо ва тиллоро ба мардум намедиҳанд? Моликияти давлат мегуянд. Вале чаро барои наздикони президент иҷозат будааст, ки кони ангиштро канда бурда фурӯшан, ё ки тилло, ё ки санги мармар, ё ки дигар сангҳои қимматбаҳоро? Фақат нагуед, ки онҳо налог месупоранд. Ин хел посух надиҳед, чунки ман аз шумо хубтар медонам, ки як копеек ҳам намедиҳед. Мардум ин чизҳоро мебинанд. Баъд идеологияи мардум чи мешавад? Идеологияи мардумро ҳукумати Раҳмон вайрон карда истодааст, на мухолифони ҳукумати Раҳмон!
Дар ҳар маҳаллаву кучаву тангкуча як -ду одами камбағали бегуноҳро амният ва милитсия бурда маҳкам мекунад. Дар ин ҳолат идеологияи мардум чи хел мешавад?
Шумо оë медонед, ки ба идеологияи мардум агар нигоҳ кунем, дар Тоҷикистон суд ва милитсия умуман вучуд надорад, бовар намекунед? Назар кунед ба фактҳо! Чаро, ки дар Тоҷикистон чи воқеаҳое, ки рух диҳад, одамон ба Рустами Эмомалӣ, ба Озода, ба Эмомалӣ президент муроҷиат мекунанд. Чаро ба Юсуф Раҳмон не, ба Рамазон Раҳимзода не? Чаро? Чунки даже любой бомж медонад, ки дар Тоҷикистон вазоратҳо кор намекунанд. Онҳо ҳамчун як нақши ради галочкиро бозӣ мекунанд.
Хулосаи гап ин ки биёед ин ҷиноятҳоятонро бас кунед, як ҷо шавем, миллату Ватанро обод кунем. Пеши раҳи ҷинояткоронро гиред. Ҷиноятро, ки содир мекунад? Албатта, ки камбағал не. Ҳамон мансабдорони ҳукумати Раҳмонов. Камбағал ҷиноят содир намекунад. Агарки кунад ҳам тагашро чуқур ковед, кори дасти кадом мансабдор аст ё ки бо милитсия кор мекунад. Пополам 50/50. Чандин дуздбачахҳоро медонам, ки мегӯянд бо милитсияҳо кор мекунам:- 50/50.
Ҳамин хабаре, ки дар Русия 270 кило героини як тоҷик дастгир карданд, фикр мекунед, ки ин миқдори бузург, ки даҳҳо миллион доллар ва миллиардҳо рубл арзиш дорад, бори кадом тоҷики кашталканда аст?
Вазорати корҳои дохилӣ, муроҷиат ба шумо!
Мард бошед, аз Худо тарсед ва бо нони ҳалол фарзандҳоятонро хуронед. Хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи он 99℅дузду ҷинояткороне, ки ба ном милитсия ҳастанд, рутбаву погон доранд, либоси милиса ба бар доранд, гиред. Медонам, ки вазири дохилӣ номусу шараф надорад. Барои аҳамин аз генералҳо хоҳиш мекунам, ки аз ҳадди адлу инсоф нагузаред. Медонед ки чаро дар Тоҷикистон рутба қадру қиммат надорад? Барои он ки ягон шахс ба меҳнат рутбаи полковник ё ки генералиро ба даст наовардаанд.
Рустами Эмомалӣ то кунун автомат Калашниковро дар дасташ қапидагӣ нест, лекин рутбаи генералӣ дорад. Баъди якчунин даҳшат дигар обру мемонад ба генералҳо?
Чаро ҷавонҳо аз хизмат саркашӣ мекунанд? Магар ин ватан танҳо ватани бачаи деҳқону бачаи камбағалҳост? Дуруст аст ки баъзе раисони маҳалла писаронашонро хизмат роҳӣ карданд, лекин чаро раисони ноҳияҳо, писарони мансабдорон хизмат намекунанд? Писари кадом прокурор ё ки сардори милитсия ё ки раисони ноҳияву шаҳрҳо дар сафи артиши миллӣ қарор надоранд? Писари судя, налог, кумитаи замину гумрук дар сафи артиш нест.
Ҳамаи Ватанро шумо медуздеду мехуред! Бояд, ки аввал писарони шумо хизмат кунанд. Ду сол не, 4 солӣ бояд хизмат кунанд, сонӣ мардуми одӣ 1солӣ хизмат кунанд. Ҷаноби президент, вақте дар суҳбат мегузаред, бовар кунед худатонро аз ҳазрати Хизру аз Анушервони Одилу аз Саъдии шерозӣ ва Луқмони Ҳаким донишмандтар мешуморед. Ман ба шумо гуфтаниам:
Эй, ки аз одамгарӣ моро насиҳат мекунӣ,
Худ агар одам шавӣ олам гулистон мешавад!
Шумо, ҷаноби президент, дар мавзуи дину ислом ҳарф мезанед ва даъво мекунед, ки мусулмон ҳастед ва боз шуморо кадом журнали аҳмақе шомили 500 мусалмони бонуфӯзи олам ҳам гуфтааст, охир ин чи дурӯғ ва таҳқир ба ин дин аст?. Аммо ман ба шумо чунин гуфтаниам:
Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Ман мухолифи президент будани шумо нестам, ман мухолифи сиёсатҳои шумо ва мухолифи дуздиҳои шумо, хешу таборбозии шумо ҳастам, ки болои миллати ман зулм мекунанд. Ислоҳ шавед, контрол кунед, талаб кунед аз вазирону ҷазиронатон. Ҳамаи роҳбарони мақомоти қудратиатонро аз кор сур кунед ва шахсони босаводу шоистаро ба кор гиреду давлатро обод кунед, на ин ки баракс. Давлатро клет кардед, ба қафо рафтода истодаед. Агар аз пешравию ободонӣ гап занед, мегуянд Тоҷикистон обод шудааст. Намебинед чи хел домҳои зебои баландошёна сохтанд. Охир э,бесаводҳои аблаҳ, он домҳо барои бизнеси худи авлоду асҳобу ҳамон ҳаромхурҳоест, ки Тоҷикистонро медузданду мехуранд, байни худ хариду фурӯш мекунанд. Акнун тибқи маълумотҳои охири ба мо расида бачаву духтару домодҳо ва қудою андаҳо бо додарарсуҳо тамом шуд. Шунидем,ки худи Азизмои ҳамсари Президент ба домсозӣ дар Душанбе шуъ кардааст. Худи ин элита ва наздикони “Ҷаноб” дар домҳои 300-400 ва ниммиллион долларии элитний зиндагӣ мекунанд. Ку,барои мардуми оддӣ хона созанд? Ана он вақт мешавад гуфт, ки ободиву пешрафт шуда истодааст.
Ps: Бале хонандаи гиромӣ умедворам фаҳмидед, ки барои чӣ ин номаро дар нашри як матлаби “номаҳо аз ноҳияҳо ба ислоҳ.нет” ҷой додем. Тақрибан ҳама дардҳои миллат ва мардумро дар ин нома дидем ва ончи навиштааст дарбаргирандаи ҳолати ҳама кишвар аст. Дар оянда низ агар чунин номаҳо ба мо расанд дар матлаби алоҳида онро махсус нашр хоҳем кард.