Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №56”

Ислоҳ нет

Дар ин навбати нашри “Номаҳо…” ҳам мардуми кишвар аз мушкилоту муаммоҳои зиндагии худ мегуянд. Дар ҳақиқат аз чашми мардум чизе пинҳон намемонад. Масалан яке аз масъалаҳои доғе, ки дар даврони истиқлол ва ҳукумати Раҳмонов роҳи ҳалли худро пайдо намекунад, фурӯши замин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аст. Фурӯши замин як “кормушка”и асосии раисони ноҳия мебошад. Ин масъала дар яке аз ин номаҳо зикр шудааст.

Ҳамчунин дар ин барнома шумо бо чеҳраи воқеии яке аз ин мансабдорон, муовини раиси ноҳияи Зафаробод каме ҳам бошад, шинос мешавед:

                                         Хуҷанд

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ҳоло бознишаста шудаам.Чандин сол дар ҳукумати ноҳия кор кардаам. Қарзи имонӣ ва виҷдонии худ медонам, ки роҷеъ ба ин масъала суҳбат кунам, вагарна худро наметавонам,ки бибахшам. Ҳоло, чандин сол мешавад, ки барои пур кардани бюҷет ва ҷамъоварии андоз заминҳоро фурӯхта истодаанд. Заминҳои обӣ, корам, киштбоб, заминҳои чарогоҳу куҳу пушта, заминҳои лалмӣ, заминҳои паҳлуи наҳру дарёҳо, ки дар онҷо сохтмони иморат номумкин аст, замини гаражу идораҳои колхозҳои собиқу ғайраву ғайраҳоро. Ин як сиёсате аст, ки аз марказ, аз худи Душанбе идора ва ҷорӣ шуда аст.

Дар ин миён нафарони маъмур дар ин соҳа, маслан заминсози ҷамоат,  раиси ҷамоат, раиси хоҷагии деҳқонӣ, кумитаи замини ноҳия, прокурор, милиса, раиси ноҳия ва боз чанд нафари дигар аз ин ҳисоб даромадҳои калонеро соҳиб шуда истодаанд.

Шумо як бор ба кормандони Кумитаи замини ноҳияҳо ва ҷамоатҳо мутаваҷҷеҳ бишавед, ки аксарияташон суд шудаву делои ҷиноятӣ доранд ва ё пул дода делоҳоро харида аз нав ба ин вазифаҳо омадаанд.

Албатта, вақте замин санадгузорӣ карда мешавад, андози давлат ҳам супорида мешавад. Вале манзури ман аз ин гуфтаҳо чӣ аст? Дар ҳукумат ҳама медонад, ки ин як иқдоми маҷбурӣ аст ва тибқи қонунҳое, ки ҳоло амал мекунад, аз ҷумла Қонуни асосӣ замин моликияти истисноии давлат ва хариду фурӯш намешавад ва аз тарафи дигар сохти хонаву дигар иншоот ва умуман додани участкаи наздиҳавлигӣ аз замини обӣ мамнуъ аст. Вале ҳоло фурӯши замин ба як манбаъи даромади ҳангуфти мақомот табдил шудааст. Аммо, бояд як чизро бигуям, ки ҳукумат ин корро карда истодааст, ки боз чанд соли пас, бо як фармон ё қарору қонуни хос ҳамаи ин заминҳоро ба давлат бармегардонанд. Ин кори ҳукумат ба ин маъно аст,ки “заминро касе гирифта куҷое намебарад ва ду сол ё се сол пас  ё шояд панҷ сол пас як тағйирот дар қонун дароварда тамоми он қарорҳоро бекор мешавад ва замин аз нав ба ихтиёри давлат баргардонида мешавад. Ва,ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки баъди боз чанд соли дигар аз нав ба фурӯши замин даст зананд”.

Хулоса, заминфурушӣ ба як бизнеси пурдаромад табдил шудааст, ки дар болои ин бизнес худи Раҳмонов меистад. Як мисол меорам барои шумо. Раиси имрӯзаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло хеле аз қарорҳои раиси пешина дар мавриди ҷудо кардан ва додани заминро ба даҳҳо нафар аз соинони ин ноҳия бекор кард. Касе чизе гуфта наметавонад. Баъзе тоҷироне ҳастанд, ки барои гирифтани сертификат садҳазор доллар ҳам сарф кардаанд.

                                           Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар бораи як ҳодисаи мудҳиш бароятон мехоҳам бигуям.

Кароматулло Абдуллозода Исматулло, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе кор мекард. Дар як садамаи нақлиётӣ кӯдакеро зада кушт ва аз кор барканор шуд. Агар нафари дигар ин ҷиноятро содир мекард, ҳатман сол мегирифт. Аммо Кароматулло Абдуллозода, писари Исмату Абдуллозода, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аст ки аз номи Исмати дулик ӯро мешиносанд ва Исмати дулик яке аз спонсорҳои хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонов ва махсусан чорабиниҳои пурзарқу барқи Азизмоҳ аст.

Писари дуюми Исмати дулик Раҳматулло ном дорад. Дар милисаи Ваҳдат кор мекунад. Муовини сардори милиса оид ба корҳои фаврӣ мебошад. Вайро бо номерҳои қалбакӣ дар мошини шасияш дастгир мекунанд. Бо “статя” аз кор барканор мекунанд

Писари сеюми Исмати дулик Амонулло Абдуллозода аст. Муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Душанбе мебошад. Ин се нафар аз зани аввали Исмати дуликанд.

 Наврӯз  Абдуллозода аз зани дувумаш мебошад. Дар гумрук, дар терминали шаҳри Душанбе кор мекунад. Худи Исмати дулик зани хурдии марҳум Мирзоҷагаро гирифтагӣ аст. Парвина ном дорад. Ӯро пеши Исмати дулик меоранд. Дулик мегуяд, ки биё зани ман шав. Парвина мегуяд, ки ман 100 000 доллар қарздорам. Дулик мегуяд, ки 100.000 доллар барои ман проблема нест. Супориш медиҳад ба Каримҷон, ки 10 дақиқа вақт дорӣ, 100-то гиру ба фалон адрес биёр. Каримҷон 100 -ро оварда пеши Исмати дулик монданиӣ мешавад,ки Исмат мегӯяд:- “эй,Карим пеши Янгата монед”.

   Исматулло ба Парвина мегӯяд,ки ягон шоферат диҳам? Парвина мегӯяд, ки ман мошини Карола  дорам, ҳуҷҷати ронандагӣ доред? Бале, дорам. Дулик боз супориш медиҳад. Мошини Лексусро ба номи янгаат аформит кунед. Парвинаро мегӯяд, ки дигар чи проблема дорӣ, гап зан! Парвинаҷон мегӯяд, ки тамом.Исмати дулик ба Парвина мегӯяд, ки рафта қарзҳоятро бидеҳ, пагоҳ ё рӯзи дигар биё никоҳ мекунем.

  Хулоса, Исматулло тамом кардааст ба фукавату фуказалин.Парвина духтарча мезояд. Парвинаро дар Маскав ба таври сунъӣ бордор мекунанд.

     Бародари азиз Муҳаммадиқбол ин номаро бихонеду гуед, ки давом дорад. Чунки ҳоло гапҳои мегуфтанӣ дар бораи Исмати дулику бачаҳову духтарҳояш хеле зиёд аст..

                                           Бохтар

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Шумо пештар ҳам чанд навиштаи маро чоп намуда будед. Ҳоло ҳам як чизи дигар бароятон навиштам. Ин бор масъалаи бозгардонидани қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро мехоҳам гап занам.

Ман роҳеро пешниҳод менамоям, ки дар муддати 2 моҳ қарзҳои хориҷӣ баргардонида мешаванд. Магар чунин имкон дорад, ки қарзе, ки беш аз сӣ сол ҷамъ шудааст,дар ду моҳ баргардонд? 

   Хеле оддӣ ман як оилаи “бузургро” медонам, ки баъзе аъзоёнаш аз қарзи хориҷии Тоҷикистон дида маблағи зиёдтар доранд. Боварӣ дорам бо он суръате , ки ВКД ва судҳои Тоҷикистон “хоинон”-ро ҷустуҷу, молашонро мусодира ва ҳукмашонро мебароранд дар як моҳ маблағ ҷамъшуда дар як моҳи дигар Тоҷикистон пурра аз қарз озод хоҳад шуд.

Ин оилаи бузург, ки асосан қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ҳамин оила истифода кардааст,оилаи худи Раҳмонов мебошад. Ҳар кадоме аз инҳо, аз худи Эмом

тапак сар карда то Азизмову Озодаву Таҳминаву Фирузаву Рухшонаву Парвинаву Фарзонаву Зарина ва то Рустаму то Сомон ва то Исмоили дастбахайр, камкам даст ба ҷайб баранд, ин қарзҳо барвақт соф мешавад. Ҳоло агар боз Ҳасану Шамсуллову Зоиру Зарифбеку Рамзу Ҷамолиддину Ашраф ва ахиран Сафар як каме гумпомош кунанд, бовар кунед,ин қарзҳо кайҳо адо ва ба сифр баробар мешавад.

 Ман ин пешниҳодро ҳам барои Раҳмонов ва ҳам асосан барои инқилобчиҳо матраҳ кардам, ки ин гуна роҳи баргардонидани қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ба инобат бигиранд. Тамоми сарвату дороиҳои ин оила аз ҳисоби ғорату яғмои мардум аст ва агар ин қарзҳоро баргардонанд, намемуранд, дев дар банди дилашон намезанад ва агар муранд ҳам ҳеҷ гапе нест. Дар кори хайр мурдааанд. Мардум ёдашон мекунад.

  Ташаккур бародар Муҳаммадиқбол, барои нашри ин пешниҳоди банда!

                                     Муъминобод

   Салом алейкум акаи Муҳаммадиқбол! Ман як сокини ноҳияи Муъминобод мебошам. Дар ноҳияи Муъминобод як ҳафта боз нерӯи барқ хомӯш аст аз соатҳои 10 то 16.

Раисаи ин ноҳия Лутфия Шарифзода (духтари Адолат Раҳмоноваи машҳур) бисёр инсони бад ва ҷоҳилу худонотарс аст. Дар як маҷлис мардуми ноҳияро ҷамъ карда мардҳоро гуфтааст, ки занҳоятонро фаҳмонед, ки писар зоянд, духтар назоянд. Писар зоянд, ки писарҳо хизмат кунанд. Гуфтааст, ки мо барои он светҳоро кушта истодаем, ки секс бисёртар кунед, то ки писар бисёр шавад дар ноҳия.

 Дар як маҷлиси дигар як муллоро аз ҷояш хезонида хеле таънаву маломат ва таҳқир карда гуфтааст, ки ту Худоро дидаӣ, ту кай ба дузаху биҳишт рафта омадӣ, ки ба мардум таълим медиҳӣ? Ва муллоро дар байни мардум дар хиҷолат монда боз гуфтааст, ки Ҷаноби олӣ фармон додааст, ки дигар мардумро аз масҷид рафтан нигоҳ доред. Ба масҷид наҳзатиҳо мераванд гуфтааст, Шарифзода. Одами нормалний гуфтааст пайи ободии зиндагиаш мешавад, дигар масид намеравад. Бале, ин зани ифритаи хокдардаҳан духтари ҳамон Адолат Раҳмонова аст ки дар солҳои аввали истиқлол дар турсиаш ранги сурх рехта гуфта буд, ки ӯро дар майдони Шаҳидон қапида ба ҳамин ҳол расониданд..

Аммо ин ифрита ё Афрадита  ба корҳои ободонӣ аслан аҳамият намедиҳад. Дар ноҳияи Муъминобод як роҳ тарафи деҳаи Лангар меравад. Аз Чашмасор то Лангар 8 км роҳ аст, ки бисёр харобу фарсуда шудааст. Лоиҳаи таъмиру навсозии ин роҳ як сол шуд, ки гузаштааст, вале то ҳол сохтмони он сар нашудааст.

                              Масчоҳ

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман боз қаламу коғаз гирифта барои шумо менависам. Шумо чанд матлаби навиштаи моро чоп карда будед. Аммо, намедонам,ки чаро чандтои дигарашро чоп накардед. Фикр кардам ин пулдорҳои серсуми мо шуморо ҳам хариданд ва хеле ноумед ҳам шуда будам. Аммо ин чанд рӯз, ки набераам аз хориҷа омад, боз яке дар дилам шуълае дамид, ки аз будани вай истифода карда бо комютераш ба шумо нависам. Хулоса, ин номаро ман дикта кардаму набераам, ки баргашту ба Амрико рафт китобат кард:

 Гарчанде Давлати Шуравӣ мардуми Масчоҳро дар  дашти Дилварзин  муҳоҷир  карда  буд вале обанбори Фарҳод канали  калони Тоҷикистонро  бунёд  карда  то  маркази  ноҳия шаҳраки Бустон  оварда  расонд, ки об бо ҳаракати  худаш ба  шаҳраки Бустон  омада  мерасад. Ва аз  онҷо бо насосҳои обкаш ба собиқ Совхозтехникум ва  собиқ колхози  Карл Маркс ва Етумчуқӣ об пурра  таъмин  мешуд.

  Аз  тарафи ҷамоати Оббурдон ва ҷамоати Масчоҳ ба минтақаи  боло  бо воситаи 1ва2 ва 3 канал об то Такалин  ҳозира ҷамоати  Суѓдиён  об таъмин  мешуд, ки ҳаҷми  умумии оби  канали Тоҷикистон  аз 45 то 48 кубро ташкил медод. Мардуми Масчоҳ  чулу  даштҳоро обёрӣ   мекарданд. Ва бар замми  ин  поёноби  ҳамин  киштзорҳо ба заҳбурҳо ҷорӣ мешуд ва ҷумҳурии ҳамсоя- Узбакистон  аз он истифода  мебурд. Баъди пош хурдани  шуравӣ  роҳбарияти  вилояти  Суғд  аз  ҳақи  мардуми  Масчоҳ  истифода  бурда ва бо  баъзе чоплусакони Масчоҳ  обфуруширо ба давлати  Узбакистон аз канали  калони  Тоҷикистон бо  воситаҳои  обпартоҳое, ки  ба  Узбакистон  ҷорӣ  мешаванд, сар карданд. Бо пули  ҳангуфт мефурӯшанд ва меҳнаткаши Масчоҳро дар ҳолати ногувор  мондаанд. Мисоли оддиаш  ҳамин, ки каналро  тоза  ва  таъмир  накарда  обро  сар дода  ва  дар  назди  мардум  бо  ченакҳои  худ  обро  чен карда нишон медиҳанд,ки  30  ё ки  35  куба  об  ғунҷоиши  канал  аст ва ҳамин қадар об ҳоло дар канал ҷорӣ аст. Аммо канале, ки дар  давраи  шурави  48  куба ғунҷоиши  об  дошт ва ҳоло 10 то 15 куба об фарқият мекунад ва фарқияташро, ки ҳақи мардуми Масчоҳ аст мефурӯшанд. Аз сари обанбор Узбакистон аз руи ченаку мизони муқарраргардида об мегирад, вале бар изофа аз ҳақи масчоиҳо обро ба Узбакистон мефурӯшанд.

 Гарчанде, инҳо дар канал 30 ва 35 куба об ҳаст мегуянд аммо дар асл ин қадар об нест. Чунки зери канал қабати лой такшин шудааст. Боз ба ин қонеъ нашуда дарвозаҳои обпартоҳое,ки ба Узбакистон   ҷорӣ мешаванд,  монанди  элак  сурох ҳастанд, ки на кам аз 4 то 5 куба об ҷорӣ мешаванд, ки ин ҳам аз ҳамон ҳисоб ба Узбакистон фурӯхта мешавад. Ба ин ҳама қонеъ  нашуда садамаи барқиро  баҳона  карда насосҳоеро,ки ба  минтақаҳои боло об мекашанд  хомӯш мекунанд,ба хотири онки об  аз  канали  калон ҷори нашавад, чун ин канал 3 об партои калон дорад,ки ба Узбакистон ҷорӣ мешавад, кубаҳои иловагӣ зам карда  дарвозаҳоро бардошта дар як вақти рӯзона маблағ кор мекунанд. Шабона бошад  аз  чашми мардум  пинҳон  карда то саҳар кубаҳои дилхоҳи худро  ба  Узбакистон  мефурӯшанд.

  Мардуми  аз канал  поин  будаи Масчоҳ  заминҳояшон аз  об  таъмин  мебошад. Барои он ки об худаш ҷорӣ мешавад, аммо мардуми аз канал боло буда, ки бо  насосҳои обкаш бо об  таъмин мешаванд аз  об таъмин  нестанд ва  баъзеашон   умуман  обро  намебинанд. Хулоса, баъд аз  шуравӣ ин  канал  ҳаҷмаш  на  хурд шудааст ва на калон, лекин 45 ва 48  куб  об  нею 20 ва 25  куба  об   меғунҷонанд.

Мутахасисони  оби  Вилояти  Суғд  ва ноҳияи  Масчоҳ ва бизнеси  обфурӯшии  худро давом дода  истодаанд. Ва мардуми  меҳнаткаш  бошанд бо  роҳҳои  чоҳковӣ бо хароҷотҳои  зиёд  заминҳояшонро  бо об  таъмин намуда ягон  фоида  ба даст  намеоранд. Чоряккори феодализм  беҳтар  буд  нисбат ба  ин давлате, ки нисбати   мардуми  меҳнаткашаш  ғамхорӣ  намекунад. Ва аҳолии аз канали калон поинбуда боз як мушкилии дигар доранд. Аз  хонаҳои онҳо об  ҷорӣ  мешавад, хонаҳои мардумро заҳ ё зак зер кардагӣ. Барои  он   ки  ин  канал  аз  давраи  шуравӣ  сохта  шудааст  ва  то  имрӯз   ягон бор  таъмир   нашудааст  ва хонаҳои  моро  шурӣ зер кардааст,ки шароити зиндагӣ  кардан  аз байн рафтааст ва мо  мардуми  Масчоҳ  хавотирем, ки  рӯзе  нашавад ин  канал  канда шуда  хонаҳои  мо  зери  об монанд. Заҳбурҳоро ҳам  аз  давраи  шуравӣ  то  ҳозира тоза  накардаанд. Заҳбурҳо васеъ шуда  ва  заминҳои  корамро  вайрон  карда   истодаанд. Мо  мардуми  Масчоҳ аз  ноҳия  сар карда  то  ҷумҳурӣ  арзу  шикояти  худро  карда будем  ва  карда  истодаем. Вале  ба   доди  мо  ягон кас  намерасад.

Ва барои обфурушӣ бошад  ба  давлати  ҳамсоя  ҳам навиштем, аммо инаш ҳам бе  натиҷа. Барои  онки дар  биснеси  об  тамоми  мақомотҳо  қушанд ва аз ин сабаб ба доди  мардуми  Масчоҳ ягон кас  намерасад. Ман ба мардуми Масчоҳ   гуфтаниам, ки «ҳой  мардум,  аз  хоби  гарон хезед ва якҷоя  аз  як  гиребон  сар барорем ва  ҳақу ҳуқуқи  худамонро талаб кунем, агар  накунем  рӯзҳои  бадтар  моёнро  интизор аст”.

Баъди Шуравӣ дар ноҳияи Масчоҳ  чи ободи  кардаанд,ки  моён  мардуми Масчоҳ  баҳра  бурда  бошем. Масалан  дар  ноҳия  як  беморхонаи аз  давраи  шуравӣ  сохтагӣ ҳаст,ки  ҳар сол берун ва дарунашро рангу  бор карда  ва  беморонро  қабул  карда  истодаанд,албатта, аз ноилоҷӣ.

Имрӯз  мардуми  Масчох  ба  беморхонаи  замонавӣ ва поликлиникаҳо эҳтиёҷ дорад ва дар  ҷамоатҳо  бошад ба  бунгоҳҳои  тиббӣ  ва мошини  ёрии таъҷилӣ. Барои  чи бошад  ки  ин  камбудиҳои  халқи  Масчоҳро  ба  инобат  намегиранд. Ҳол  онки раисон  зодаи  ин ноҳия  мебошанд. Сабаб  дар чи бошад, ки  инҳо  хунук  назарӣ  мекунанд  ба  халқи худ  ва  ба  диёри  худашон. Масалан  агар  ягон  бемори  вазнин  шуда  монад  дар  Масчоҳ  барои  беморхонаи вилоятӣ   бурдани ин  бемор  бояд  монанди  таксӣ  заказ  кардан даркор  ки  аз  вилоят  ба   ноҳия  мошини  ёрии  таъҷилӣ  фиристанд, ки  беморро ба  вилоят  бурда расонанд. Оё  ин  шармандагӣ  нест  барои як давлати  соҳибистиқлол, ки ҳарсол  чандин  идҳои  бо дабдаба  ҷанш  мегиранд, ки бо як расходи  ин  идатон  дар  ноҳияи  Масчоҳ 10-то  беморхонаи  замонавӣ месозед. Ва  моён  мардуми Масчоҳ аввалаш  ба  раисони худи  ноҳия  гуфтанӣ  ҳастем, ки  шумоён  оё куру  кар ҳастед, ки  ин  камбудиҳои  халқи худро  ба  мақомотҳои  болоӣ  намерасонед, ё ки  ин  вазифаро  харида манфиатҳои  худатонро буд  мекунед ва шумоён фикри бемор шудани фарзандонатон ва хешу  табори худатонро  намекунед. Дуюм ба Раҳмон Шарипович гуфтанӣ  ҳастем, ки  моён  мардуми  Масчоҳ қавми  Фиравн  нестем,ки  ба  ин ҳайкалҳои  сохтаи  ту  саҷда кунем ё ки зор бошем  ва ту  омада  дар ин  ноҳия  дар  гирди  ин ҳайкалҳоят  рақсу  бозӣ  карда  кун  ҷунбонӣ кунем. Ва  моён  ба  омадани  ту  ва  дигар  раисонат  эҳтиёҷ  надорем ва  мехоҳем ки ту  ҳамчун Президент камбудиҳои  ноҳияи  моёнро  наомада  бартараф  кунӣ. Монанди  беморхона,бунгоҳои  тиббӣ  ва  мошинҳои ёрии таъҷилӣ бидиҳ  ва  чуноне,ки  Данғараи  худатро обод  карда истодаӣ ноҳияи  Масчоҳро ҳам  ҳаминхел  ободкунӣ.

Хонандагони азиз! Мо ончизе, ки  дар  канали  ютубии  Ислоҳ  расонаӣ  мекунем, ҳамааш  ҳақиқати худро  дорад. Барои  онки  мо  мардуми Масчоҳ  як  одати  нағз  дорем. Камбуди  худамонро  то  ҳади  имкон  дар  миқёси  ноҳияи  худамон ҳал мекунем.Агар  нашавад  баъд  аз  ноҳия  берун  муроҷиат  мекунем. Мо  халқи ҷабрдидаи Масчоҳ аз  дасти  ин  мақомоти  ҳаромхури порахури  бевиҷдони  беинсоф   ба  дод омадаем  ва  бо  тамоми  далелҳое, ки  дар  дастамон  барои  қонуншиканиҳои  инҳо буд, то Президент муроҷиат  кардаем  ва карда  истодаем. Вале  ягон  натиҷа  надод. Барои ҳамин  мо-  халқи  Масчоҳ  ба хулосае  омадем, ки кору киродори ин ҳаромхурони бе инсофро  тариқи канали ютубии  “Ислоҳ”  расонаӣ  кунем, то падару  модаронашон ва  фарзандонашон  донанд, ки  инҳо барои вазифа  шуда,  барои  пулу  моли  ҳаром шуда  ба  милати худ  ва ба халқи худ ва ба  давлати худ  чи корҳои  ғайриқонунӣ  карда  исдодаанд. Ва шояд  баъди  хондани  фарзанду  падару модарон ин ҳаромхурони порахур каме  бошад ҳам аз  ин роҳҳои бади худ    даст кашанд.Ва ончизе  ки  мо-  расонаӣ  карда  истодаем  ҳамааш бо  факту  далел  мебошад  ва  мо  ҳамаи  инро  аввал ба  мақомотҳои дахлдори  Тоҷикистон  маълум ва муроҷиат карда будем ва  мақомоти Тоҷикистон  ягон  чора  надиданд.Ва мо-  мардуми Масчоҳ  барои  шаъну  шарафи  ин  мақомотҳоро паст кардан  расонаӣ  накарда  истодаем. Мо ончизе,ки  расонаӣ карда истодаем  ҳақ ва рост мебошанд.

                                            Шаҳристон

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин нома дар бораи Нарзӣ- духтури дандон аст ӯ сардухтури поликлиника аст. Охирон навореро,ки дар  бораи Шахристон дидем хеле хандаовар  буд. Кори ин Нарзӣ қарта бозӣ аст рӯзи дароз мо шоҳиди ҳолем.

Пешқадамони Шаҳристон, ки интернет  медароянд ба мардум дуруғ мегуянд. Масалан муаллима Ғоибова.Ш просто супер. Шиштаву аз оянда гап мезанад. Агар ҷанобатон омаданӣ бошад ками камаш 500 нафар духтарро маҷбур мекунед ҳамаашон як хел либоси атлас харад, як хел макияж кунад ва пеши ҷаноб бароянду пешобағалҳоро дамонида пойкубиву дастафшонӣ кунанд. Рад карда наметавонед. Доказат дорем. Ҳар сол ҳамин хел, ин корро такрор мекунед, якҷо бо коргарони бахши фарҳанг. Барои Шумо пофиг. Духтарҳо аз куҷо барои либоси атлас пул мегиранд вале маҷбур аст ки харад ва дар назди дузанда бараду дузонад. Ин дузандаҳо ҳам айни момент нархи се-чор пираҳанро аз як курта талаб мекунанд. Модари азиз, ба  ҷойи ин корҳоят фарзандатро тарбия кун.

  Дар ёд доред, ки писаратон дар Амонатбонк кор мекард. Давоми чанд сол аз картаҳои нафақаи мардум пул дуздид. Чанд сум дуздидро худатон хуб медонед. Барои ҳамин аввал оилаи худ ва махсусан духтарҳои худатонро тарбияи хуб диҳед, ки дар ин навбат дар бораи онҳо муфассал гап мезанем.

Доктор Бурҳон Ҷамлов «герой»-и ноҳия шудед.

 Ранги Танген яке пайдо шудеду боз ғайбатон зад. Зан надорам гуфтед. Дар хонаатон зани марди ҳамсоя зиндагӣ дорад чи? Аз любой операция аз 1000сомонӣ сар карда мегиред. Ҳозир доходатон боз зур шудагӣ, ё нодуруст мегуям? Тамоми ноҳяи медонад, ки шумо як бесаводед, дуруст гап зада наметавонед, боз баромада аз ободиву хушбахтӣ лоф мезанед. Бо медсестраҳо зинокориву фаҳшо меунед , мо ном ба ном ва ҳама ҳолатҳоро бо факту далел метавонем ба “Ислоҳ” супорем.

  Боз як нафари дигар, ки худро муаллим гуфта ба бинандаҳо шинос кард, ин Меҳровари амният буд. Бо падару модарат чанд моҳ шуд зиндагӣ дорӣ? Дар Помир мегаштӣ ку?! Як духтарро бадном кардӣ, ӯро гирифтиву гуё зан кардӣ, аммо чанде   нагузашта ҷавоб додӣ. 3-4 зан дориву боз худат дар бораи оила ва оиладорӣ гап мезанӣ. Беҳтар аст падару модаратро обеспечит кун. Рав як очаатро хабар бигир. Як умр таҳти фишор. Бобоятро нигоҳубин кард. Гузаштанд. Номаъқул кардӣ, ки муаллимҳо 2000 сомонӣ маош гиранд. Аз ҳама зиёд 900 ё 1000 сомонӣ мегиранд. Агар бачаву бародари «расиян» надошта бошанд, аз гушнагӣ мемуранд. Инҷо ҳама ту барин лох нест. Кудаку пиронсолҳоро ту задагиӣ. Зани ҳомила меравад дар пеши УЗИ ё анализ дар назди касаат  ками камаш 30 минут ждат мекунад. Медсестраҳо, агар пул надиҳӣ, дар руи кат ҷон диҳӣ, ки нигоҳат намекунанд.

  Ба наздикӣ ҳама кудакҳо аз духтар гузашт. Барои мактаб ҳамаашро ройгон нависта  вале аз ҳама 200 сомонӣ гирифтед. Ку он ҳама лофу газоф, ки дар 100 % гуфта нависад хаққи дасти духтурро мепурсед. Духтурҳо маош намегиранд ё онҳо гадоянд? Писаратон келинатонро зада рӯз нишон намедиҳад. Шумо аз кадом ҳолу рӯзи мардуми ноҳия таъриф карда истодаед? Сафсатагуиро бас кунед. Ҳама ҷо бардак. Заминҳои обӣ лалмӣ шуданд. Сел ояд барои гузаштани мардум пул нест. Кормандони амният корашон ҳар рӯз духтарбозӣ, аммо шумо аз тарс гап намезанед.

Началники милиса подполковник Муродов Вафоҷон духтари 22 соларо зани дуюм ё сеюм кардааст, ҳама хап карда гаштаед. Далше ҳамин тавр равад Тоҷикистон обод не, барбод меравад.Дар мавриди ин гавркии раиси КДАМи Шаҳристон Кенҷаев Дилшод ончунон маълумотҳо дорем,ки расвогӣ аз ҳад мегузарад. Мо ҳам ором нахоҳем нишаст дар муқобили ин зулмҳои шумо дар Шаҳристон.

                             Зафаробод   

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо,аз Зафаробод дар бораи Малоҳат Абдусаломова, муовини раиси ноҳия, ки дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» бо шумо суҳбат кард, маълумот мефиристем.

 Аз шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод аст. Малоҳат Абдусаломова, муовини раиси ноҳия аст. Шавҳараш Абдулатиф ном дорад. Духтараш Мадина, мутваллиди соли 1996, писараш Абдулазиз соли 1998 ба дунё омадааст. Писари саввумаш Парвиз ном дорад. Падараш Абдусаттор ва модараш Хадича ном доранд. Хоҳаронаш Маликаву Муҳаббат, Дилором ва Муқаддас, бародараш Абдумалик мебошанд.

Аҳли хонаводааш инсонҳои хубанд. Мактабро бо баҳои аъло хондаанд. Аз ин оила ҳамсояҳо розианд. 

Аммо падараш Абдусаломов Абдусаттор, инсони хело зираку босавод, ки дар чанд ҷой кор кардааст, вақти дар ферма кор карданаш даст ба дуздт задааст. Вай аз замони шуравӣ то ба ин вақт фаъолият кардааст. Дар фермаи шаҳраки Ҳамид Алиев кор карда флягҳои алюминийи ин фермаро 10 адад, бочкаҳои калони 100 литра:-4 дона ва ҳамин тавр бочкаҳо аммо 500литра: 2 дона ба сирқат бурдааст. Аробаҳои майдаи ширкашонаки ферма 3 дона, бочкаи 3-тонагӣ бо 2- чарх, прицеп,50- дона зиёдтар арматураи диаметарон 10-15 ва дарозиаш 5-6 метри ин фермаро ҳам фурӯхтааст. 30 дона трубаҳои алюминийи 6 метра, ки барои об овардан ба оғили говҳо истифода бояд мешуд ва ҳамааш нав будро низ бар манфиати шахсиаш фурӯхтааст.

Листи тунука паҳноияш 2-метр, дарозиаш 3 метр, ғафсиаш 1см 10дона. Ҳамаи ин корҳоро мо шоҳид ҳастем, чун он солҳо дар ферма кор мекардем. Баъди гум шуданашон баъзе аз ин чизҳоро дар хонаи Абдусаломов Абдусаттор дидам. Шунида будам, ки чанд сар гови ҳамкоранамон ва фермаро ҳам гирифта будааст. Дар даромади шаҳраки Ҳамид Алиев мешинад,ки инҷо хонаи 2-юмаш аст. Агар возеҳтар бигуем ин замин замини корпорация буд. Бо тағабозӣ гирифт ин заминро. Кадом учасковийи нав ба шаҳрак ояд, ҳатман шинос мешавад ва ҳамчун хеш мешавад. 

Ва, ҳоло дар бораи худи Абдусаломова Малоҳат. Вай муаллима ва сипас директор  дар мактаби 5- ба номи Ҳабибулло Нозимов шуд. Бо раиси пешинаи ноҳия Қудратулло «отношения» доштааст.

  Бо одамҳои даркорӣ ҳаракат мекунад, ки ошно бишавад. Дар хона шеф худаш аст. Абдусаломова пештар героин бизнес мекардааст. Аз Тоҷикистон ба Узбекистон мекашондааст. Пости ГАИ ва кормандони милиса шиносаш будаанд, 2-3 маротиба ба дасти милиса ҳам  афтода вале боз ҳал кардааст.

 Шавҳараш узбек Абдулатиф ном дорад. Хонаводаи Абдулатиф ба Узбекистон кучида рафта буданд

Далел дар бораи бизнеси героини муовини раиси ноҳия. Дар муддати кутоҳ участка харида обод карда ҳама тарафа худашро гирифт. Магазини калон дорад. Дар ҳар сурат соҳиби состояние аст ки бо пули маош дар дунё сохта намешавад. Аз ҳамон пулҳои маводи мухаддир вазифа ҳам хариду феълан даврон дорад. Агар боз ҳам лозим шавад аз дигар паҳлуҳои зиндагонии ин муаллима ба шумо маълумот мефиристем.

                                                       Исфара

   Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Устод ва ходими мардуми тоҷик домулло Муҳаммадиқбол!

  Ман аз мардони деҳаи Сурхи Исфара шикоят дорам. Мо тоҷирони Сурх ва Исфара бозорҳои Русияро тариқи сухофрукт забт кардаем. Лекин оянда чи мешавад намедонем. Ҳамаи мо дар Русия, дар деҳа фақат падару модарҳо мондагианд.

Ҳолати таълиму тарбия бисёр бад аст. Гузаштагони мо бисёр бо савод ва бо маърифат буданд. Чанде аз онҳоро бо моддаи 307 зиндон карданд, аммо ҳеҷ кас ба расонаҳо хабар намедиҳад. Ҳама сокит. Мисле, ки ҳеҷ ҳодисае нашудааст. Пора медиҳанд.Улуми исломӣ тамоман аз байн бурда шуд, тадриси қуръонро хоб мебинед. Амаки Камолидин Шариповро бурданду панҷ сол доданд. Ҳама хомуш.

Чаро аз Чоркуҳ ва аз худи шаҳр аз ҷурму ҷинояти ин ҳаромхуронро менависанд, аммо шумо мардуми Сурх хомушед. Ё болои шумо зулм нест, ё шумо дар зери султаи ҳамин тоғути диктотур розӣ ҳастед ва худро озоду хушбахт меҳисобед?

Эй ҷавонҳо чашмонатонро бикшоед, бедор бошед, сиёсат омӯзед, барномаҳои «Ислоҳ.тв»-ро тамошо кунед. Агар мо худамон талош барои ислоҳи ҷумҳуриамон накунем фардо ангушти пушаймонӣ мегазем. Аз Аллоҳ битарсед. Оянда бисёр бадтар мешавад. Ахлоқи моро аз байн бурда истодаанд, покии занон аз байн меравад, дини шумо аз байн рафта истодааст. Ҷавонҳо ҳеҷ аз дин хабар надоранд, никоҳу талоқ, ҳарому ҳалолро намедонанд. Муллову домуллоҳо ҳатто аз насиҳат кардани мардум метарсанд. Эй мардуми азизи Сурх, ин чи рӯзест?  Инро бидонед, ки дар бисёрии ҷой мушкилро пул ҳал намекунад. Фахр накунед, ки ман пул дорам, бо пул ҳамааш ҳал мешавад. Не хато мекунед. Бо пул ҳал мешуд Низомхон Ҷураев гуреза намешуд, бо пул ҳал мешуд Зайд Саид ҳабс намешуд. Ман тарс аз он дорам, ки дар байни мо фаҳшо ва зино паҳн мешавад. Духтари солиму боиффат намеёбем баъд аз куҷо келин мекунем?

Биёед барои мубориза ба «Ислоҳ» кумак кунед. Як руз мешавад, ки пушаймон мешавед. Раҳмонови алайҳилаъна ҳатман дари манзилатонро тақ-тақ мекунад, мисли кайк мемакад, мисли кана хунатонро мехурад, дигар дер мешавад. Мо бисёр миллионерҳо дорем. Аммо намедонем, ки онҳо кумак мекарда бошанд. Натарсед,ба дунё як бор меоем, бандаи бошарафу боғурури аллоҳ бояд бошем. Мурдан дар роҳи Аллоҳ шараф аст. Дину диёнатамонро таҳқиру помол мекунад ин Раҳмонови алайҳилаъна. Мардуми азизи Сурх, Аллоҳ ҳифзатон кунад. Шуҷоъ бошед. Бо муборизони роҳи Аллоҳ бипайвандед.

  Афроде мисли Нозири Юлдошев, бузиро бас кунед. Ҳама чиз ҳадду марз дорад.

Share This Article